Моро ту бибахшой, дило, кори ту кардем,

Худ ошиқи ҳар гул шудаву бори ту кардем.

Дар синаи мо будиву мо аз паси ҳар хуб

Рафтему чӣ охир ба вафодори ту кардем.

Будӣ ту хуш аз ишқи азизе ба ниҳонӣ,

Мо фош ба олам ҳама асрори ту кардем.

З-ӯ бурдани дил саҳл набуд, мо вале афсӯс,

Бар ғайр туро дода, гарон бори ту кардем.

Мо ганҷи ту бурдему ба ту ҳеҷ надодем,

На шукр аз он бахшиши  бисёри ту кардем.

Гулҷӯши чаман яксара пажмурду хазон шуд,

Чун қатъи назар аз гули рухсори ту кардем.

Ҳар мушкили сангин, ки ба раҳ буд, шуд осон,

Рафтор чу аз ҷодаи душвори ту кардем.

Осуда шудем аз ғами дил бурдани хубон,

Охир, ки ҷаҳондор нигаҳдори ту кардем?!

17.02.2024