Будамон ду Камол то якчанд,

Ду бузурге зи Исфаҳону Хуҷанд.

Дод Аллаҳ Камоли Насрулло,

То ки бошад се тан ба ҳам хурсанд.

Шарти қозӣ, ки се маротиба аст,

Он дуро ин Камол шуд пайванд.

Ҷовидон се Камол зинда бувад,

То ки ишқ асту  шеъру ҳикмату панд.

Ин дуоест, к-аз фаро омад

Бо ризойи Худойи Варҷованд.

25.12.2022