Нуқраи Суннатниё

 

Шоҳи ишқ

Ба устод Аскар Ҳаким

 

Ту аскари роҳи ишқ ҳастӣ, бошӣ!

Сарбози сипоҳи ишқ ҳастӣ, бошӣ!

Дар рӯи замин намонад ар холи гуноҳ,

Ғарқе ба гуноҳи ишқ ҳастӣ, бошӣ!

Чашме набарад қарору ороми туро,

Мафтун ба нигоҳи ишқ ҳастӣ, бошӣ!

Аз ишқ ҳама ҷоҳу ҷалолат бошад,

Хуррам ба паноҳи ишқ ҳастӣ, бошӣ!

Даргоҳи карам зи ишқ обод турост,

Билло, ки ту шоҳи ишқ ҳастӣ, бошӣ!

Мебош, ки лоиқи номат бошӣ,

Сад сол зиӣ, соқу саломат бошӣ!