Кароматулло Олимов

 

Ба шоири мумтози тоҷик Аскар Ҳаким

(Ба ифтихори 60-солагии зодрӯзи муборак)

 

Зистан ошиқона дар дунё

На муяссар шавад ба ҳар фарде.

Бояд эҳсосу шӯру валвалае,

Ҳиммати олию ҷавонмардӣ.

Шеър ҳам ҳосил аз гудози дил аст,

Ҳар қадар ишқ пухта, он улвист.

Шоир ар ошиқ аст, шеър расост,

Ошиқ ар шоир аст, ишқ қавист.

 

Ман туро шоире шинохтаам,

Ошиқи зиндагию ҳусни Ватан.

Ошиқе, ки зи ишқ моломол,

Шеър бар ишқи туст пироҳан.

 

Аз «Тарозуи офтоб» диҳад

Тӯшаи нур «Раҳнавард»-онро.

«Рӯзи уммед»-и сабз мебахшад,

«Баргпайванд»-и некмардонро.

 

«Санги алмос»-и туст пурҳикмат,

Рӯй овардаӣ ба сӯи Худо.

Розиям. Тоату ибодат кун,

Гесуи ёрро накарда раҳо.

 

Табъи болидаи ту ҳамчу чаман

Рангу бӯи муааттаре дорад.

Дар гулистони шеъри сабзи Ватан,

Тухми гулҳои меҳр мекорад.

 

Тарк кардӣ маликии шуаро,

Лоиқи тахти Бахт шуд Меҳмон.

Сӯи ту «...Боз мерасад хуршед»,

Мекашӣ боз бори «Шеъру замон».

 

Аскаре буда дар набарди адаб,

Гашта фармондеҳе ба истеъдод,

Ту ба шаст омадӣ ба шӯхиҳо,

Шӯхиҳои хушат муборак бод!

 

Барои Аскар Ҳаким

 

На аз таъриф мамнунӣ, *

На аз танқид маҳзунӣ, *

На чун Фарҳод дар кӯҳӣ,

На дар саҳро чу Маҷнунӣ.

Туӣ як шоири ошиқ,

Ки дорӣ реша дар эҷод,

Ба он гавҳорабахшӣ ту, *

Кунӣ қасри сухан бунёд.

Ки дар он ишқ  биншинад

Ба курсии шаҳаншоҳӣ,

Вафо пирӯз гардад бар

Бадаҳдиҳою гумроҳӣ.

Чу базми ошиқон барпо

Шавад аз баҳри дилдорон,

Дар он шоир шавад соқӣ,

Ғазал дар вай шавад гардон.

Ғами дунё равад аз сар,

Набошад фикри симу зар,

Арӯси маънӣ ояд чун

Зи ҳиммат карда пур соғар.

Муборак бод бар он дил,

Ки шуд бар ишқ ӯ манзил,

Ҳакими шоир андар он

Бисозад одами комил.

* Ишора  ба байтҳои шоир аст. Кароматулло Олимзода 3.12.2019