Шаҳноз

ПАЁМИ ШОИР

Эҳдо ба устод Аскар Ҳаким

 

Ай шаҳбози субҳи сухан, рӯй ба мо кун,

Моро зи тилисми шабаҳи шом раҳо кун.

Дил гашт асири сухани ойинаи ноз,

Бе ҳеҷ сухан қалби маро боз садо кун.

Ҳар субҳ намоям ба раҳаш панҷараҳо боз,

Ай бод, гар ин ҷо бизанад гом, сало кун!

Хуршед ба домони уфуқ хаста фурӯ шуд,

Пайдо-ш ба чашмони ману чашми Худо кун.

Ай омаданат нам-нами борони баҳорон,

Бар бодияҳо замзамаи ишқ ато кун.

Роҳест миёни ману ту, роҳи ду олам,

Бархез, давойи ҷараси қофилаҳо кун.

Бигзор, ки дар ҳаҷри ту як бор бигирям,

З-он пас ҳама зарроти маро сели фано кун.

Дар гӯш насими саҳарӣ гуфту чӣ хуш гуфт:

К-эй дӯст, дуое ба Малик-уш-шуаро кун!