Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Матлубаи Мирзоюнус,
доктори илмҳои филологӣ.
АСКАР ҲАКИМ ВА МАСЪАЛАҲОИ ТАҲҚИҚИ
ШЕЪРИ МУОСИРИ ТОҶИКӢ
Истеъдод, пеш аз ҳама, заҳмат аст ва инсони соҳибҳунар, бешак, заҳматкаши фидокорест, ки ҳама умр пайи инкишоф додани лаёқати худ ранҷ мекашад. Шавқи офаридан бисёр касонро ончунон побанд мекунад, ки барои ба даст овардани зулфи сухан солҳо шабзиндадорӣ мекунанд. Ағлаб дар чандин риштаи суханварӣ – шеър, наср, осори саҳнавӣ, публисистика, нақди адабӣ, тарҷумонӣ ва ҳоказо ҳунар меозмоянд ва пирӯз ҳам мешаванд. Яке аз чунин ашхоси пурҳунар ва муваффақ устод Аскар Ҳаким ҳастанд, ки бо зарофати хос гуфтаанд: «миёни шоирон беҳтарин мунаққид ва миёни муҳаққиқон беҳтарин шоирам». Он нукта бебаҳс аст, ки миёни шоирон ва мунаққидон эшон ҷойгоҳи рафеъ пайдо карда, солҳост, ки ин мавқеъро нигоҳ медоранд. Мунаққиде, ки дар коргоҳи шоирӣ обутоб ёфтааст, воқеан шеърро беҳтар аз дигарон дарк мекунад ва сараву сақат, ҳусну қубҳи онро дақиқтар муайян менамояд. Хоса, агар шоири ростин бошад. Албатта, ҳатто ашъори беҳтарин шоир ҳам сарбасар иборат аз шоҳбайт нест.
Ҳатто дар девони ғазалиёти нобиғагоне чун Ҳофизу Камол, Саъдиву Ҷомӣ абёте ё ғазалҳое мавҷуданд, ки чун шоҳкорӣ пазируфта шудаанд, аммо ашъоре низ ҷой доранд, ки ҷозибаи аввалиҳоро надоранд. Ба ин маънӣ, агар шоире бо як байт ё як шеъраш дар дили мардум ҷой ёфта бошад, пас рисолати худро дар ин адабиёти чандҳазорсолаи мо ва дар миёни чандин ҳазор шоир анҷом додааст. Масалан, ёдоварӣ аз мисраъҳои «Дар миёни куҳсорон сахтҷонам зодаанд», «Гесуи занона дошт борон», «Қишлоқаки ман бӯи чапотӣ дорад», «Лолаҳо дар ёлаҳо машъал шуданд», «Модар фаришта буд, вале болу пар надошт», «Дӯстон, аз якдигар душмантарошӣ то ба кай», «Гургони биёбонӣ гаштанд хиёбонӣ» ва садҳо намунаҳои дигар кофист, ки ба гӯяндагонашон шуҳрат овардаанд. Ба ҳамин маънӣ, як шеъри «Имони саг»-и Аскар Ҳаким низ далели боҳирест, ки ӯро ба унвони шоири баркамол бишиносанд. Манзумае, ки дар он сухан аз вафодории саг ва носипосии инсон меравад, бо он ки ин мавзӯъ дар адабиёт нав нест, ногузир хонандаро чунон ба риққат меорад ва ба андеша мебарад, ки манзараи аз тири туфанги соҳиби ҷоҳил дар зери пои ӯ ба ҳалокат расидани саги бовафо ва ба ҷисми саги беҷон дубора тир задани инсон солҳо дар пеши назар боқӣ мемонад ва гаштаву баргашта барои андешидан ангеза медиҳад. Ин аст асолати сухан ва ин аст рисолати суханвар. Бинобар ин, қавли нависандаи олмонӣ Ҳерман Ҳессе комилан дуруст ба назар менамояд, ки гуфта буд: «Шеър мумкин аст, дар ниҳоят кӯшише бошад барои тарҳи ақидае, вале инчунин чанге ба дил намезанад, балки шеър танҳо замоне зиндааст ва асар мениҳад, ки ба воқеъ шеър бошад, яъне тамсилҳое падид оварад» (2, с. 135). Тамсиле, ки Аскар Ҳаким дар ин шеър офаридааст, воқеан мондагор аст.
Аскар Ҳакимро муҳаққиқонон барҳақ «шоири донишманду тавоно, мунаққиди хушзавқу нозуксанҷ, мутарҷими мумтозу забардаст» (4, ҷ.7, с. 262) номидаанд. Аммо дар ин мақола сухан аз ҳунари шоирӣ ва мутарҷимӣ нест, сухан аз таҳқиқи амиқи шеър аст, ки дар ин ҷода низ устод Аскар Ҳаким дар миёни ҳампешагон гӯи сабқат рабудаанд. Албатта, тавфиқи эшон, агар аз як тараф, мабнӣ бар донишҳои назария ва амалияи шеър бошад, аз ҷониби дигар, ҳамон истеъдоди нодир аст, ки ба шарофати заҳмати мунтазам меваҳои хубе ба бор овардааст. Бисёр адабиётшиносони насли мо мисли шоир ва мунаққиди хушзавқ Муҳаммадалии Аҷамӣ (муаллифи китобҳои арзишманди нақд «Тафаккур ва ҳис дар шеър», «Гулдони ҳафтранг» ва «Аз калима то шеър»), метавонанд тасдиқ кунанд, ки аз китоби «Шеър ва замон» зиёд баҳра бардоштаанд. «Нақд, пажӯҳиш фанни аҷиб аст, розҳои печида ва шигарфе дар худ дорад, ҷарақаи аввалини онро дар вуҷуди ман устод Аскар Ҳаким равшан сохта буд», - навишта буд ин шоир ва мунаққиди равоншод (1, ҷ. 7, с. 344).
Дар ҳақиқат, замоне ки ин китоб («Шеър ва замон» (1978) интишор ёфт, роҷеъ ба дигаргуниҳои куллии шеъри муосир мо мақолоти ангуштшуморе доштем, ки бо шеъри замон ва бурду бохти он моро ошно мекард. Аммо бо чунин диду назари густарда ва амиқрав вуруд омадан ба шеъри замон ва бо сабке ширину шевову муассир аз ҷараёнҳои шеъри нав сухан гуфтан барои адабпажӯҳони ҷавон воқеан мактаби хуби омӯзиш буд. Бахусус, ки муаллифи ин китоб аз мактаби илмии донишгоҳи номдори Маскав − МГУ ба номи Ломоносов баҳравар шуда ва ҳамон ҷо рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Ворисияти таърихӣ ва навпардозиҳои шоирона» (1974) дифоъ намуда буд.
Дар ин китоб, ки бунёди онро масъалаи анъана ва навоварӣ ташкил медиҳад, суннат ва навпардозӣ дар шеър ба сифати қонуниятҳои объективии инкишофи бадеӣ шинохта шуда, собит мешавад, ки навоварии асил танҳо аз шаклофаринӣ иборат нест. Муаллиф андешаи И.Бехерро дар бораи он ки «Санъати нав ҳеч гоҳ аз офариниши шаклҳои тоза оғоз намегардад, санъати нав ҳамеша бо инсони нав зода мешавад», комилан дуруст мешуморад ва аз ҳамин чашмандоз ба масъалаи мавриди таҳқиқи худ назар меандозад. Бинобар ин, танҳо бо иваз кардани шаклҳои шеърӣ – жанр, композитсия, бадеият, забону услуб маҳдуд шудан, ба андешаи ӯ, кори дуруст нест. Навоварӣ, воқеан бояд баробар дар шаклу мазмун зуҳур кунад. Аз ин нуқтаи назар, арӯзшиканӣ, яъне шикастани қолабҳои арӯз ва дахолат ба вазни шеъри классикӣ ҳаргиз маънии навовариро надорад ва онҳое, ки таъсири Маяковскийро танҳо аз назари бозёфтҳои шаклӣ пазируфтаанд, муваффақ нашуданд. Дар шеъри нав ба ғайр аз шаклҳои нави шеърӣ бояд инсони замони нав бо андешаву афкори ҷадид зуҳур кунад. Ҳақ ба ҷониби муаллиф аст, ки мегӯяд: «Кӯшиши дар шеър ифода кардани муҳимтарин зиддияти замон, фароху пурдомана ба тасвир гирифтани воқеияти зиндагонӣ ба инъикоси ҳазороҳанги андешаю эҳсосот, ифодаи нутқи саршори ҳиссиёту ҳаяҷони одамӣ, истифодаи тамоми ғановат ва қудрати сухани шоиронаро талаб дошт, ки дар айни ҳол ба таркиб, темп, ритм, интонатсияи шеър таъсир нагузаронида намонд. Хулосаи калом, бойшавии мазмуну мундариҷаи шеър ба афзудани имконияти услуби шеър, интонатсия ва ритми он сабаб шуд» (5, с. 22). Ин аст, ки таҳқиқи поэтикаи шеърро муаллиф бар ҳамин мабно дуруст ва маҳсулнок меҳисобад.
Агар сухан дар бораи анвои шеър равад, мусаллам аст, ки навъҳои нави шеърӣ, бешак, бо воситаҳои шаклофарине, мисли ритму вазн, синтаксису интонатсия, луғату банду пораи шеърӣ дар иртибот мебошанд. Бинобар ин, «анвои тозаи шеъри муосирро ҳамчун натиҷаи кӯшиши ифодаи мутаносиби шаклу мундариҷа, ки нисбатан ба талаботи қатъии анвои шеъри классик ба қонуниятҳои бештар табиӣ сохтани асари бадеӣ такя дорад, маънидод бояд кард. Беҳтарин асарҳои ин майлони адабӣ бо пурғунҷоишии образҳо, пуррагии маънавии калимот, ташкили дилхоҳи овозии шеър, такрорҳо ва аз ҷиҳати пурмаъноии мисраъҳо фарқ карда меистанд» (5, с. 24)
Ин диду назар, ки дар бахшҳои китоби «Шеър ва замон», аз ҷумла ва махсусан дар «Шеъри инсон», «Сухан ва образ», «Таҳаввули арӯз», «Аз ғазал то шеъри озод» таҷассум ва ташреҳ ёфтанд ва қавонину назарияи шинохти шеърро дар замони муосир тайид намуданд, минбаъд ба сифати таҳкурсии таълифоти дигари муаллиф дар шеършиносӣ хидмат карданд. Ҷолиб он нукта аст, ки Аскар Ҳаким ба унвони адабиётшинос ғолибан ба як риштаи он – шинохти шеъри муосири тоҷик содиқ монда, то имрӯз перомуни матолиби гуногуни он ба умқу паҳно роҳ паймудааст. Дар таълифоти дигари ӯ, ки пас аз «Шеър ва замон» интишор ёфтаанд, аз ҷумла: «Дар қаламрави сухан»(1982), «Творцы созвучий» (1982), «Испытание поэзией» (1988), «Видовые особенности лирической поэзии (на материале таджикской лирической поэзии второй половины ХХ века» (2017), «Сухан аз шеъру адаб» (2017), «Маҷмӯаи осор» иборат аз ҳафт ҷилд (1917), «Анвои шеъри ғиноӣ (нимаи дувуми садаи ХХ)» (2020) паҳлуҳои мухталифи шеъри имрӯзи тоҷикӣ ба миён кашида шудаанд. Агар ба соли нашри ин китобҳо мутаваҷҷеҳ шавем, чунин ба мушоҳида меояд, ки муаллиф аз соли 1988 то 2017, яъне қариб сӣ сол зоҳиран аз кори таҳқиқ дур будааст. Аммо дар ин давра низ Аскар Ҳаким аз ин шуғл барканор набуд, зеро фаъолият дар вазифаҳои сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1980-1991), раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ( 1991-2003), ходими калон ва сарходими Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012 то имрӯз) водор намудааст, ки ҳамеша ба ҷараёни адабии давр ворид бошад, ба тамоюлҳои он баҳо диҳад ва шеъри ҳамқаламонро доварӣ намояд. Он нукта низ қобили таъкид аст, ки се китоби таҳқиқи Аскар Ҳаким ба забони русӣ ва аз миён яке аз онҳо бо номи «Творцы созвучий» дар шаҳри Москва ба табъ расидааст, ки барои адабиётшиносии тоҷик падидаи бас гуворост, зеро интишори асар дар Русия ва ба забони русӣ имкон медиҳад, ки тамоми аҳли адаби собиқ кишвари шӯравӣ аз ҷараёнҳои адабиёти муосири тоҷик бохабар шаванд. Яъне беҳтарин василаи тарғиби адабиёти миллӣ ба забонҳои дигар нашр шудани он мебошад, ки Аскар Ҳаким ин василаро дарёфтааст.
Дар китоби «Дар қаламави сухан» муаллиф бештар барои бозкушоии чеҳраҳои адабии шоиру нависандагони тоҷик саъй намудааст. Дар ин китоб ӯ дар бораи эҷодиёти Мирсаид Миршакар, Раҳим Ҷалил, Муъмин Қаноат, Аминҷон Шукӯҳӣ, Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор маълумот дода, ашъори хубу муассири онҳоро мавриди таҳқиқу таҳлили густурда қарор медиҳад. Чунонки худи муаллиф дар пешгуфтор қайд мекунад, меъёри интихоб ва барангезандаи таҳқиқ барои ӯ асари хуб будааст. Аммо нақди Аскар Ҳаким, хушбахтона, нақди тавсифӣ ва ситоишӣ нест. Дар он дар баробари дастовардҳо навоқиси адибон низ нишон дода мешавад. Барои мунаққид кӣ будан ва дар кадом мартаба будани шоир муҳим нест. Чунончи, ӯ дар бораи афзунии оҳанги дардҳои шахсӣ дар осори Гулрухсор ва Бозор Собир андеша ронда, ба хулоса меояд, ки «ба ин ду шоир, ки ба истеъдоди иҷтимоан фаъолашон шубҳае нест, зарур аст, ки худро аз ин дардмандию ҳасратсароӣ ҳар чи зудтар халос кунанд» (6, с. 24). Дар чандин мақолаи ин китоб, ки сухан дар бораи шеъри Лоиқ Шералӣ меравад, мунаққид аз «нобарории баъзе ҷустӯҷӯҳои ӯ» сухан меронад. Дар мусоҳибае, ки таҳти унвони «Дар қаламрави сухан» бо устод Лоиқ анҷом додааст, хонанда зуд эҳсос мекунад, ки мусоҳибон аз назари дониш ва фаҳмиши шеър ҳамсанг ҳастанд. Зимнан, мо суҳбати рӯзноманигоронро бо шоирон зиёд хондаем, ки дар ин навъи мусоҳибаҳо маъмулан яке пурсандаву дигаре посухгӯ ҳастанд. Аммо дар мусоҳибаҳои Аскар Ҳаким суҳбат тахассусист, яъне ҳарду ҷониб андешаҳои ҳамдигарро такмил медиҳанд ва ҳарду ҳам ҳамсуҳбати басо хубу фозиланд.
Дар «Маҷмӯаи осор», ки аз ҳафт ҷилд мураттаб шудааст, ҷилдҳои якуму дувум китобҳои шеър, ҷилди севум - тадқиқоти илмии «Вежигаҳои анвои шеъри ғиноӣ (дар мисоли шеъри ғиноии тоҷикии нимаи дуюми садаи ХХ», ҷилди чаҳорум - рисолаву мақолаҳо роҷеъ ба равандҳои шеъри муосир ва танқиди адабӣ, ҷилди панҷум – очеркҳои портретии адибон, мақолаву тақризҳо, пешгуфтору охирсуханҳо, мусоҳибаву мунозираҳо, ҷилди шашӯм - тарҷумаҳо («Дӯзах»-и Алигери Данте, «Хазинадори тамбовӣ»-и Михаил Лермонтов, ашъори Геворг Эмин, Ярослав Смеляков, Емилиан Буков, Мухтор Шаханов, Муҳаммад Алӣ, Карло Каладзе, Васил Биков «Сотников», намоишномаи А.Коломиетс) ва ҷилди ҳафтум - ёддоштҳои Аскар Ҳаким «Гуфтор дар бораи худ», рисолаву мақола ва тақризҳои муҳаққиқонро дар бораи эҷодиёти адиб фаро гирифтаанд.
Монографияи «Анвои шеъри ғиноӣ (нимаи дувуми садаи ХХ)», ки дар шакли рисолаи докторӣ соли 2017 ба дифоъ расид, муаллифро сазовори унвони илмии доктори илмҳои филологӣ гардонид. Ин монография ба забони русӣ низ таҳти унвони «Видовые особенности лирической поэзии (на материале таджикской лирической поэзии второй половины ХХ века» интишор ёфт ва ахиран баъди таҳриру бознигарӣ соли гузашта бори дигар ба табъ расид. Дар китоб муаллиф ашъори ғиноии нимаи дувуми асри ХХ-ро аз назари илмиву таърихӣ, мавзуъӣ, зебоишинохтиву сохторӣ, сабку забон ва дар маҷмуъ - поэтика ба доираи баҳсу баррасӣ кашида, дар заминаи таснифот панҷ навъи онро муайян мекунад: шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ, шеъри ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ, шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ, шеъри ғиноии шахсиятӣ, шеъри ғиноии ҳикоятӣ. Ҳақ ба ҷониби академик А.Раҳмонзода аст, ки мегӯяд: «Дар атрофи шеъри ғиноии муосири тоҷик ва навъҳои он аз ҷониби донишмандони адабиёт ва муҳаққиқон осори зиёде таълиф шуда бошад ҳам, дар адабиётшиносии имрӯза асари алоҳидаву комиле ба мисли рисолаи устод Аскар Ҳаким «Анвои шеъри ғиноӣ (нимаи дувуми сада ХХ)» мавҷуд нест» (11, с. 5) Дар муқаддимаи ин асар ба ғайр аз зарурати таҳқиқи мавзуъ, дараҷаи омӯхта шудани он ва заминаҳои назариву методологии таҳқиқ як масъалаи хеле муҳим - истифодаи истилоҳоти марбут ба мавзуъ аст, ки дар адабиётшиносии шӯравии тоҷик воқеан ҳам реша бар истилоҳоти русӣ ва ғарбӣ дошта, на ҳамеша барои ифодаи матолиби адабиёти тоҷик созгор будааст. Бо дарки он нукта, ки истилоҳи «қаҳрамони лирикӣ» гоҳе бо «ман»-и шоир тавъам ва гоҳи дигар тамоман аз ӯ ҷудост, Аскар Ҳаким пешниҳод менамояд, ки ба ҷои он истилоҳи «шахсияти ғиноӣ» истифода шавад. Гузашта аз ин истифодаи истилоҳҳои «фарди шеър», «шахсияти шоир», «муаллиф», «ровӣ», «ман»-и ғиноӣ», «қаҳрамони шеъри ғиноии ривоятӣ» ва мисли ин ҳам вобаста ба қаринаи асар мувофиқи мақсад дониста мешавад. Шарҳи вожаи «қаҳрамон» ва мавридҳои корбурди он муаллифро ба хулосаи дуруст мерасонад, ки истилоҳи «шахсият» ба ҷои «қаҳрамон» мувофиқтар аст. Ҳамин тариқ, шахсияти ғиноӣ ба ҷои қаҳрамони ғиноӣ, шахс ба ҷои субъект ва шайъ ба ҷои объект дар ин асар ба кор меравад. Мо бо натиҷаи илмии муаллиф комилан ҳамназарем, ки мегӯяд: «Агар адабиётшиносии ҳамрешаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон на аз истилоҳҳои гуногун, балки ягона истифода кунанд, барои баррасии масъалаҳои илмӣ мадад карда, тавофуқе дар илми муштараки форсӣ-тоҷикӣ ба бор хоҳад овард, ки ин ниёз мавҷуд аст» (11, с. 33)
Дар ин рисола масъалаҳои муҳими шеъри муосир, аз ҷумла вежагиҳои ҷинсии осори ғиноӣ, анвои шеъри ғиноӣ, ки бо шахсияти ғиноӣ иртибот дорад, таносуби нигоҳи дарунгаро ва бурунгаро дар шеър, амиқрафти оҳангҳои фалсафӣ, андешаҳои шахсии отифӣ, ғановатмандии воситаҳои бадеии тасвир, вусъат ёфтани унсурҳои ҷаҳони воқеӣ дар шеър ва ҳоказо ба миён гузошта шудаанд.
Тарҳи рисола мутобиқ ба аҳдофи муаллиф рехта шуда, ҳар бахши он яке аз вазифаҳои нависандаро бо риояи пайдарпайии мантиқӣ равшан мекунад ва натиҷаҳое, ки ба даст меоянд, азбаски дар матни асар бо мисолу намунаҳои зиёде муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, бидуни шакку шубҳа пазируфта мешаванд. Низоми кори муҳаққиқ вобаста ба замони зиндагии адибон сурат гирифтааст, ки барои давра ба давра ошкор кардани таҳаввули шеър имкон фароҳам меорад. Ҳар боби рисола аз ашъори устод Мирзо Турсунзода ва хусусиятҳои шеъри ӯ шурӯъ шуда, бо таҳлили намунаҳои шеъри Фарзона поён мепазирад. Дар ҳар бахши асар ба тариқи хронологӣ – аз насли бузургсол то насли ҷавонтар тағйироти сифатии шеъри ғиноӣ ба мушоҳида гирифта мешавад ва ин ҳадаф на танҳо насл ба наслу давра ба давра, балки ба тариқи инфиродӣ бо таҳқиқи хусусиятҳои сабки фардии ҳар шоир сурат мегирад.
Дар боби аввали асари монографӣ сухан дар бораи шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ рафтааст, ва муаллиф дар мисоли осори Мирзо Турсунзодаву Аминҷон Шукуҳӣ, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ, Гулназар, Гулрухсор ва Фарзона вежагиҳои ифодаи андешаҳои отифии ин шоиронро ба таҳқиқ мегирад ва хусусиятҳои фарқкунандаи ҳар кадоми онҳоро муайян мекунад. Ҳини таҳқиқ муаллиф ба шеъри ҳар кадоме аз ин шоирон аз рӯйи муносибати онҳо ба шаъй, ки дар тасвир, андеша, эҳсосот ва тасассурот зуҳур меёбад, муроҷиат намуда, бурунгаро ва ё дарунгаро будани нигоҳи онҳоро месанҷад. Муаллиф батадриҷ рушд ёфтани шеъри ғиноии андешаҳои отифии дарунгароро дар шеъри шоирони насли нав Фарзона, Сиёвуш, Адиба, Суруш ва дигарон таъкид менамояд.
Дар боби дувум сухан дар бораи шеъри ғиноии андешаҳои отифии тасвирӣ дар нимаи дувуми садаи ХХ меравад. Дар ин навъи шеър суннати ташхисонидани ашёву авзои табиат барои ибрози андешаву ҳиссиёту таассуроти шоир ба кор меравад. Унсурҳои олами ҳастӣ аз ҷаҳони андешаву эҳсоси шоир гузашта, аз як чизи муқаррарӣ ба тасвир ва самбули шоирона табдил меёбанд. Дар мисоли чунин тасвирҳои шоирона: замин, рӯд, кӯҳ, дарахт дар ашъори Мирзо Турсунзода, пардаҳои тиреза дар шеъри Аминҷон Шукӯҳӣ, гулфуруш дар шеъри Ғаффор Мирзо, қуи сафеди Муъмин Қаноат, писарбачаи яғнобии Қутбӣ Киром, симои модари Лоиқ Шералӣ, тасвири аспи Бозор Собир, васфи баҳори Фарзона Аскар Ҳаким на танҳо мавқеи ғоявию бадеии шоирон, балки имконоти онҳо дар ифодаи матолиби шоирона хеле мудаллал ва муфассал баррасӣ мешавад.
Боби севум ба шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ ихтисос ёфтааст. Дар ин навъи шеър олами ашё истиқлол пайдо мекунад ва маъноро дар худ таҷассум менамояд. Навъи маъмулии шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ шеъри манзара мебошад. Ҳини тасвири манзара - замину осмон, абру борон, мурғу моҳӣ, фаслҳои сол, биноҳову хиёбонҳо шоир унсурҳои онро дар меҳвари шеър қарор дода, ғояи худро барҷастатар ифода мекунад. Тасвири манзара ва унсурҳои он, масалан, қуллаи кӯҳ, хазонрез, чашмаву ҷуйборҳо, ниҳоли бодом ва ғайра дар ашъори шоирон собит мекунад, ки ин аносир ба самбулҳои шеърӣ табдил ёфта, бо равияи эҷодии шоир пайванд доранд ва ғояву ҷаҳоншиносии ӯро инъикос мекунанд.
Дар боби чаҳорум шеъри ғиноии шахсиятӣ ба таҳқиқ кашида мешавад. Дар ин навъи шеърҳо инсон, ашё ва воқеа мақоми аввалдараҷа доранд. Амал дар онҳо хеле мӯҷаз аст ва ғолибан бо ҳиссиёти шоир марбут мебошад. Таҳлили шеърҳои Мирзо Турсунзода дар бораи В.Маяковский, Зулфия, Ғафур Ғулом, Расул Ҳамзатов, ашъори Муъмин Қаноат, дар бораи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Осимӣ, Лоиқ, Олҷас Сулаймонов, шеърҳои Қутбӣ Киром дар бораи Сергей Есенин, Лоиқ дар бораи Борбад, Абуабдулло Рудакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Аҳмади Дониш ва ашъори ҳамгуни Бозор Собиру Фарзона ба он андеша водор мекунад, ки ағлаби ашъори ғиноии шахсиятӣ дар бораи аҳли илму адабу фарҳанг ва бузургони таърихи мозиву муосир ба қалам омадаанд.
Дар боби охирини асар шеъри ғиноии ҳикоятӣ дар маърази таваҷҷуҳи муаллиф қарор мегирад. Дар ин навъи шеър ашъёву воқеа ва шахсият дар ҳоли сокин ва ё ҳаракат қарор доранд. Вежагии ин навъи шеър дар он ифода меёбад, ки ҳикоят унсури асосии он аст, ҳарчанд ки эҳсосу андеша мақоми аввалдараҷа доранд. Дар асоси таҳқиқи ашъори шоирони нимаи дувуми садаи ХХ муаллиф собит мекунад, ки «ҳеч навъи бадеӣ дар шакли сирф худӣ зоҳир намешавад, дар шеъри ғиноии ҳикоятӣ ҳам аносири идроки ҳамосии воқеият ҷой дошта метавонад, вале ҳангоми баёни он ки ба воситаи забон, сабк ва сувари хаёл сурат мегирад, шакли комили ғиноӣ пайдо мекунад» (11, с. 507). Яъне имкон дорад, ки дар осори ғиноӣ унсурҳои ҳамоса ва дар осори ҳамосӣ - вежагиҳои анвои ғиноӣ ворид шаванд.
Як вежагии муҳими ин асар дар он ифода меёбад, ки ҷанбаи назарии қавӣ бо таҳлилҳои амалии ҳирфаӣ даромехта, ҳунари наққодиву назарияпардозии муаллифро ба ваҷҳи аҳсант падид овардаанд. Феҳрасти адабиёт ҳам муштамил қариб ба чаҳорсад асари бадеиву илмӣ аст, ки баргирифта аз адабиёти классикиву муосир, адабпажӯҳии Шарқу Ғарб, таълифоти ҳамзабонон ва таҷрибаҳои суханварони ҷаҳон мебошад.
Чунин вусъату густардагии назар на танҳо дар ин чанд китоби нақд, балки дар ёддошту хотироти муаллиф, дар тасвири чеҳраҳои адабии назму насри тоҷик ва ҷаҳон, дар мусоҳибаву мунозираҳои ӯ низ ба мушоҳида меояд ва ҳамроҳ бо ашъори дилпазиру тарҷумаҳои ҳунармандона симои Аскар Ҳакимро ба унвони яке аз равшантарин чеҳраҳои фарҳангии ҷомеаи муосир мешиносонад.
Пайнавишт: