Раҳмонзода Абдуҷаббор,

доктори илми филология, профессор, академики АМИТ,  

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба

масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.

 

НАЗАРЕ БА ШЕЪР ВА АНДЕШАИ АСКАР ҲАКИМ

 

Нашриёти “Ношир” «Маҷмӯаи осор»-и шоир ва адабиётшиноси шинохта Аскар Ҳакимро дар ҳафт ҷилд [3, 16-18] аз нашр баровард. Дар ҳар ҷилди он ашъори дар давраҳои мухталиф эҷодкардаи шоир, нақду баррасиҳои мунаққид ва мақолаву гузоришҳои адабиётшинос ҷамъ омадаанд. Махсусан дар ашъораш дунёи ниҳоят рангини инсони заҳматкашу ватандӯст тасвир ёфтааст. Нигоҳи пурвусъати адиб ҷаҳони андешаҳои қаҳрамони лирикии ӯро дар фосилаҳои замонию маконии дирӯз, имрӯз ва фардо фаро мегирад.

Шоири некусияр дар ҷилди аввал пас аз меҳрномаи муаллиф ва ишораҳои шоири шинохтаи Доғистон Расул Ҳамзатов шеъри васфиеро бо номи “Номаи фахру сипос” эҳдо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷой дода, муҳаббат ва самимияти худро ба шахсияти роҳбари маҳбуби халқ баён мекунад. Шоир нақши Роҳбари давлати тоҷиконро дар таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи суннатҳои волои пешин ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги халқ самимона тасвир карда, баъди шарҳи чанд лаҳзаи таърихии замони муосир ва руҷӯъҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат ба мардуми тоҷик хулосаҳои адиб бо чунин мисраъҳо ҷамъбаст мегарданд:

 

Баъд аз ин донистамат ҷону ҷигар,

Чун туӣ, дидам, Ватанро чорагар,

Чорасози ҷумлаи дарди Ватан,

Аз ватандорон абармарди Ватан.

Чун ту давлатмард камтар мерасад,

Гар бувад раҳ рост, раҳбар мерасад.

Дар ту ҳукму меҳр бо ҳам омада,

Ҳукм маҳкам, меҳр марҳам омада...

Номи ту бо номи тоҷик зинда бод,

Рамзи иқболи Ватан поянда бод [3, 68].

 

Шоир дар ин номаи ифтихоромези манзум, аввалан, тавассути ҳофизаи таърихии ровӣ ду фоҷеаро аз сарнавишти бузургони миллат − Рӯдакӣ ва Айнӣ пеши назар меоварад, сониян, бо тариқи гузариш руҷӯи лирикии Эмомалӣ Раҳмонро баён карда, муносибати Пешвои миллатро ба масъалаи ҳифзу ҳимояи давлатдории тоҷикон тасвир месозад ва сипас, муҳаббати халқро нисбат ба сарвараш ифода менамояд. Дар муроҷиати Сарвари давлат ба халқи тоҷик маълум мешавад, ки вай бо гузаштаи хеш ифтихор дорад, аз арзишҳои миллиаш дифоъ мекунад ва истиқлолияти давлаташро ҳифз менамояд. Ин манзумаи ифтихория ҷанбаи баланди ватандӯстона дошта, ғояи асосии онро дарки худшиносӣ ташкил медиҳад.

Дар ин ҷилд Аскар Ҳаким инчунин шеърҳоеро, ки дар даҳ маҷмӯаи пешин чоп намудааст, гулчин карда, онҳоро аз рӯи мавзӯъ ҷобаҷо гузоштааст. Дар ин шеърҳо вазъи рӯҳиву равонӣ ва дунёи отифии қаҳрамони лирикии шоир ифода ёфта, шӯру такопӯ, умеду орзу, нишоту хурсандӣ ва меҳру муҳаббаташ ба зиндагӣ бозгӯ гардидааст. Бахше аз ин шеърҳо ҷанбаи ишқӣ, ғинойӣ дошта, гурӯҳи дигар дорои заминаи нерӯманди отифию фалсафӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Махсусан, Аскар Ҳаким ба мавзӯи ишқ ва дунёи рангини ошиқон бо диди хосса назар андӯхта, ҷаҳони рангину дилкаши онҳоро самимӣ ва табиӣ тасвир месозад. Аз дидгоҳи шоир нуру зиёе, ки аз дурахши ахтарони осмон ба падид меояд, нишони ишқи бепоён аст ва ишқ меҳри одамиро устувор мегардонад. Ин ҷилд бо шеъри «Асри бист» оғоз гардида, беҳтарин шеърҳои ватандӯстонаи маҷмӯаи “Раҳнавард”-и шоирро фаро мегирад. Дар ин шеърҳо шоир ҳолати қаҳрамони лирикии худро тасвир карда, дар чаҳордевори ҳастӣ мурғи зеҳни ӯро ба таҳарруку парвоз медарорад ва ӯ бо андешаҳои рангинаш вазъи дунёи меҳрпарвари худро нисбат ба Ватан, Тоҷикистон, марзу буми он ва дунёи ҷавонӣ ифшо месозад.

Пасон, шоир олами зебо ва пур аз шодию нишоти ошиқонро тасвир карда, дар шеъру ғазалҳои “Ашки ишқ”, “Бо баҳори сабзу мурғони сафед”, ”Ба ту имшаб баҳорон...”, “Дигар кай мерасад дида ба дидор”, “Аз навбаҳори рӯят”, “Атри муҳаббат”,”Ба зери осмон як осмони дигаре хоҳам” ва ғайраҳо шӯру ишқи ҷавониро ситоиш ва васф менамояд. Мақсади асосии шоир дар ин шеърҳо ифодаи розу ниёз, дарду ҳасрат ва ғами ҳиҷрони дунёи ҷавонӣ буда, самимият ва садоқати ошиқон бо шаклу шеваи хос бозгӯ мешавад. Чунончи:

 

Ханда мекардӣ ту дар оғӯши ман,

Бо ҳавасҳою ҷавониҳои хеш.

***

Мӯйҳоят дар бару дар дӯши ман

Мавҷ мезад чун хаёли ман пареш... [3, 98].

 

Аскар Ҳаким дар дар шаш чаҳорпора, аз як тараф, симои зоҳирии маъшуқаро тасвир месозад, аз ҷониби дигар, ҳолати ҷавон ва қалби саршор аз меҳру муҳабати ӯро таҷассум мекунад, ки ҳарду дар талоши расидан ба “баҳори сабз” чун “мурғони сафед” дунболи ҳам мебошанд.

Аз маҷмӯаи “Тарозуи офтоб”, ки ба ин осор ворид шудааст, шеъри “Тоҷикистон” мазмуни баланди ватандӯстона дорад. Дар ин шеър ҳастии шахсияти ғиноиро муҳаббати Ватан ташкил медиҳад ва тамоми вуҷудашро меҳри беандоза ба сарзамини аҷдодӣ фаро гирифта, аз ситоиши манзараҳои зебою табиати форами он дил канда наметавонад:

 

Тоҷикистон, обу хокам обу хоки поки туст,

Ту маро ҳам ҷои ҷон, ҳам ҷои дил, ҳам ҷои чашм.

Ман қадам чун мениҳам, дар зери поям хоки туст,

Гарди хокатро табаррук мениҳам болои чашм,

Гар касе як гарди ту дар баҳру бар гум мекунад,

Ӯ на гарди хоки покат, балки сар гум мекунад.... [3, 246].

 

Устод Аскар Ҳаким аз пайи ин шеър пай дар пай ашъори ватандӯстонаи худро ҷой дода, сифатҳои неки мардуми тоҷик ва табиати зебои кишвари тоҷиконро бо ҳунари воло ва табъи саршор васф месозад.

Як қисми зиёди шеърҳое, ки дар ин ҷилд ворид шудаанд, шеърҳои тасвирианд. Шоир дар ин гуна ашъораш бештар бо сабки нимоӣ арзи дил намуда, ҳиссиёти фарди ғиноиро нисбат ба табиат ва ашё ифода менамояд ва ҳолати ботинии ӯро зебою дикаш васф месозад. Масалан, шеърҳои «Оҳанги шаб», “Камарбанди кӯҳистон”, “Чашми оҳу, ту маро ёд макун”, “Ду шодӣ” ва ғайраҳо аз ҳамин қабиланд. Дар ин шеърҳо баёни ҳолат ва вазъи равонӣ боз ҳам бештар эҳсос шуда, зиндагӣ бо тамоми пастию баландиҳояш тасвир мешавад. Қаҳрамони ғиноӣ диди пурвусъат ба табиату ашё дорад, аз миёни ин муҳит зиндагии осуда ва пур аз меҳру муҳаббатро орзу мекунад ва дар гирдоби пурталотум андешаҳои дилкашаш дар ҳаракату такопӯ аст. Тасвирҳои рӯъёии ашё, нолаи мурғон, анбуҳи бешазорону кӯҳсорон, оҳи дарёву рӯдхонаҳо ҳамчун сели мавҷ ба ҳам омада, инсонро ба шӯр меоваранд ва дар ӯ эҳсоси шодмониву саодатмандӣ эҷод мекунанд. Шеъри “Оғӯш” ин ҳолатро равшан ифода мекунад:

 

Меравӣ,

Рафтани ту рафтани маҳ дар гардун.

Осмонат, ки манам,

Ҳар куҷое, ки равӣ,

Натавонӣ равӣ аз ман берун [3, 492].

 

Дар ин шеъри тасвирӣ зиндагӣ бо накҳати шаҳдбораш ифода ёфта, мафҳумҳои «маҳ» бо «осмон», «ту» ва «ман» дар мисоли ошиқу маъшуқа таносуби нозук ва муносибати мутавозии мантиқиро ба вуҷуд овардааст. Ҳамин тавр, дар ҷилди якум шеърҳо дуруст интихоб шуда, дунёи шоири отифасароро хело дилкашу зебо ифода мекунанд ва гувоҳи онанд, ки устод Аскар Ҳаким ба ҷаҳони шеър бо кулбори пур омада, дар рушди назми муосири тоҷикӣ саҳми арзишманд гузоштааст.

Дар китоби дувум Аскар Ҳаким шеърҳоеро ҷойгир кардааст, ки аксарашон аз хотираву бардоштҳои зиндагии дуру наздики муаллиф интихоб гардидаанд. Дар чунин шеърҳо шоир бештар аз қолабҳои гуногуни шеъри модерн, шеъри сафед ва гоҳо шеърҳои кӯтоҳ, ки дар адабиёти имрӯзи мо ба гунаи шоиста шинохтаву пазируфта нашудааст, кор мегирад. Ҳамин тарзи тасвирро дар шеърҳои “Эъҷози парвоз”, “Шод бояд буд”, “Ба як паранда”, “Шабу фардо”, “Зимстон”, “Ду ситора”, “Гавҳорабахши эҷод”, “Гули хандону гирён”, “Кӯҳи дилҳо”, “Фосилаи шабу рӯз” ва рубоиву дубайтиҳо, ки таҳти унвони “Чамани ишқу андеша” ҷамъ омадаанд, баръало эҳсос кардан мумкин аст. Дар ин шеърҳо инчунин корбурди рамзу тамсилҳо низ ҷолиб мебошад. Гарчи корбурди ин воситаҳои тасвир нав набошад ҳам, шоир бо таъсири анъанаи адабиёти пешин кӯшидааст, ки дар корбурди санъатҳои тасвир ҳунари эҷодии хешро санҷад ва ба ин мактаб пайравӣ намояд. Аскар Ҳаким дар чунин мавридҳо ҳамеша талош варзидааст, ки ба таъбирҳои суннатӣ мазмуни нав илова намояд ва қадаме фаротар аз марзҳои шинохта бигзорад. Касрати баҳрагирӣ ва ҷовидонагии бархе аз сувар мисли «шамъу парвона» ӯро ба тааммул во медорад. Мазҳари зиндагии ин ду ба ишқ пайванди дерсолу ногусастанӣ дорад, вале суоли матраҳ барои ҳунарманд ҷанбаи омӯзандагӣ ва ибрат аст, ки равшан нест дар кадоме аз ин ду сувар боризтару равшантар аст. Чуночи, дар шеъри “Дар ишқ” мегӯяд:

 

Дар ишқ

Шамъ об мешаваду

Парвона месӯзад,

Аммо кӣ мегӯяд,

Кадоме аз инҳо

Ишқ аз дигаре бояд биомӯзад? [4, 46].

 

Дар шеърҳои кӯтоҳу мансур кор гирифтан аз сохтори забонӣ, тағйири ҷойгоҳи вожагон дар ҷумла ва сохтани саҳнаҳову фазоҳои шигифту андешабор яке аз хусусиятҳои дигари шеваи офаринандагии Аскар Ҳаким аст. Дар чунин шеърҳо шоир нахуст аз замони вуқӯи падидае хабар медиҳад ва пасон аз пайи дарёфти он шуда, манзараи дилкашеро пеши назар меоварад, ки саропо ҳиссиёти зебоист:

 

Фасли омаданат  

Фасли ошиқии гулҳо буд.

Дунё чи қадар зебо буд [4, 43].

 

Воқеияти андешаи зебоӣ қаҳрамони ғиноиро ба оянда дилгарм месозад, ба ӯ умеди дигар мебахшад. Вай ба зиндагӣ, ишқу муҳаббат боварӣ пайдо мекунад ва барои расидан ба дарки мазмуни ин таъбирҳо рӯҳан талош менамояд. Чунин таркибсозӣ ва ҷойгузинсозии калимот ба Аскар Ҳаким имкон додааст, ки сохтори шеърашро такмил диҳад ва қолабҳои навро дар таркиби он ҷой намояд. Дар банди поёни ҳамин шеър адиб ба «зебоии дунё» бовар доштанро ҷанбаи ҳамагонӣ дода, мақсадашро чунин чамъбаст мекунад:

 

 

Ва ҳоло дилам

 мутасалло хоҳад шуд,

ки шояд касе ҳаст, ки барояш

дунё зебоист.

Вагарна

 ин дунё

 дунё

Ва зиндагӣ

 зиндагӣ набуд [4, 43].

 

Адабиётшинос Комёр Обидӣ менависад, ки «зебоӣ вақте ки дар чашмони мо мутароким шавад, ба ишқ меанҷомад». Ин хусусиятро дар аксари шеърҳои Аскар Ҳаким дидан мумкин аст. Шоир дар дунёи пурэҳсоси худ зебоиро тавассути ишқ тараннум карда, арзиши ишқро барои инсон муҳим мешуморад ва онро василаи баҳамоӣ, дӯстӣ, меҳру вафо ва сидқу сафо медонад. Роҳи расидан ба ишқро шоир тавоноии бузуруг дониста, инсони ҳамзамонашро барои парастидани ин ҷавҳари ҳастӣ даъват менамояд.

Дар баъзе ғазалҳояш устод Аскар Ҳаким ишқу зебоиро ба ҳам тавъам сохта, пайванди андешаву ҳисро дар мисоли ошиқу маъшуқ бозтоб месозад. Аз 29 ғазали дафтари дуюм аксарашон маҳз ба инъикоси ҳамин мавзӯъ равона шудаанд.

 Шоир ишқу ошиқӣ, меҳру муҳаббатро ситоиш карда, лаҳазоти ширину нотакрори ҳаёт, умеду эътиқод, хушбинию хушназарии қаҳрамони ғиноиро хело зебо тасвир месозад. Дар ин гуна ғазалҳо ҳолу ҳавои шодиангез бештар ба мушоҳида расида, таркибу ибораи тоза ҳолати қаҳрамони ғиноиро дуруст ифода менамоянд Дар ғазали «Дигар ҷонам ба лаб омад...» шоир мегӯяд:

 

Дигар ҷонам ба лаб омад, ки лаб дар лаб шавад бо ту,

Талаб бо толибон бигзораду матлаб шавад бо ту…..

Фақат равшан шавад оё ба як назораат гардун,

Ки ҳар санги сияҳ ҳам дар замин кавкаб шавад бо ту

Агар дил баҳра гирад аз саводи чашми ҷодуят,

Китоби ишқ во бигзораду мактаб шавад бо ту.

Ман аз тадриси чашмонат фақат як дарс мехоҳам,

Ки омӯзад шаби ман рӯзу рӯзам шаб шавад бо ту [4, 74].

 

Дар китоб бахши бузургеро дубайтиҳову рубоиёт ташкил медиҳанд. Маҳз дар домани ин жанрҳои шеърӣ шахсияти эҷодии Аскар Ҳаким бештар равшан мегардад. Шоир дунёи андешаву афкори хешро дар дарунмояи байтҳои тараннумӣ ҷой карда, рафтору кирдори инсонҳоро якҷо бо фалсафаи зиндагиашон инъикос менамояд. Чуночи, дар рубоие мегӯяд:

 

Гар дона ба хирман надиҳӣ, хору хасӣ,

Гар лона ба мурғе надиҳӣ, худ қафасӣ.

Дар дашт, ки қатраро бувад қимати ҷон,

З-он қатра гузаштан натавонӣ, чӣ касӣ?! [4, 400].

 

Дар ҷилди дуюм инчунин достони «Нону имон», манзумаҳои «Санги ман − алмос», «Чакомаи ризои модар», «Анушервон дар додгоҳи адл» ҷойгир шудаанд, ки онҳо барои муайян кардани таҳаввули тафаккури бадеии Аскар Ҳаким ва таҳким ёфтани ҳунари адабии ӯ нақши асосӣ мебозанд. Ба андешаи мо, аз миёни осори манзуме, ки дар даврони Истиқлолият таълиф шудаанд, манзумаи «Санги ман – алмос» бо фарогирии мавзӯъ ва нигоришу биниши ҳунарӣ намунаи олии назми тоҷикӣ ба шумор меравад.

Дар ин достон шоир дар домани зиндагӣ гӯё дубора ба дунё меояд ва тавассути рӯъёву хотираи бадеӣ ба дунёи кӯдакӣ боз мегардад. Ин ёдвораҳо ва шаклгирии зеҳният дар замону макони бадеӣ боиси васеъ шудани воқеаву манзарҳои ҳаётӣ дар таркиби сужети достон шудаанд. Шоир бо ин тарзи баён гоҳо аз пайванди олами ашё, мавҷудоти табиат, шеваи зисту амали онҳо изҳори назар мекунад ва гоҳо зиндагии парандагону хазандагони табиатро ёд оварда, андешаву зеҳнашро бо ин роҳ ба ҳаракат медарорад. Бо ин тарзи тасвир манзумаи «Санги ман – алмос» оҳанг ва равиши баёни манзумаҳои «Ораши камонгир»-и Сиёвуши Касроӣ ва «Садои пойи об»-и Сипеҳриро пеши назар меоварад. Гарчанде шабоҳату ҳамсониҳо миёни ин манзумаҳо дида шаванд ҳам, дар маҷмӯъ манзумаи Аскар Ҳаким бо тарзи тасвири худ аз ин ду тафовутҳои зиёд дорад. Шоир ба бисёре аз масъалаҳои ҳаёт аз диди нав назар дӯхта, муносибати инсонро ба табиат, иҷтимоъ ва ҳаёти ҳаррӯза воқеӣ тасвир месозад. Вай ба ин хотир пос доштани «сухан» ва арҷ гузоштан ба «қалам»-ро муҳим шуморида, онҳоро воситаи баёни мақсадаш медонад ва бо самимият менависад:

 

…Дӯстдори суханам,

Сабз гардад ба кафам шохи қалам,

Баски ҳам ишқ ба шудгори хазонӣ дорам

Ва дар ин дам ки маро нест замину испор

Рӯйи марзи варақи тоза қалам меронам,

Ки баногаҳ гияҳе сабз шавад,

гандум ё ҷав рӯяд

Ва аз он қитъаи шудгори қалам, дасти кам,

Мӯр бар хонаи худ дона кашад…[4, 451-452].

 

Пас аз ин ишора шоир рӯйдодҳои солҳои охирро пеши назар оварда, одамонро бори расидан ба қадри сулҳу субот даъват менамояд ва ифротгароию аҳриманманиширо маҳкум месозад.

Дар ҷилди сеюми осор рисолаи илмии устод Аскар Ҳаким таҳти унвони «Вижагиҳои анвои шеъри ғиноӣ» ҷойгир шудааст. Қобили зикр аст, ки ҳарчанд дар атрофи шеъри ғиноии муосири тоҷик ва навъҳои он аз ҷониби донишмандони адабиёт ва муҳаққиқон осори зиёде таълиф шуда бошад ҳам, вале дар адабиётшиносии имрӯза асари алоҳидаву комиле ба мисли рисолаи устод Аскар Ҳаким мавҷуд нест. Муҳаққиқи фозил талош варзидааст, ки дар заминаи таҳқиқу ҷустуҷӯҳои анҷомшуда оид ба шеъри муосири тоҷик як асари фарогири дорои ҳамаи ҷанбаҳои назариро таълиф намояд. Мавсуф қабл аз вуруд ба масъалаи аслӣ бо диди муҳаққиқона ҷанбаҳои назарӣ ва истилоҳии масъаларо дар асоси дид ва андешаи назарияпардозони пешину муосир мавриди таҳлил қарор медиҳад. Баъдан ба шинохту нақди шеър гузашта, мушкилоти дар ин самт мавҷударо мавриди муҳокима қарор медиҳад. Ба андешаи муҳаққиқ, адабиётшиносии муосири тоҷик дар қиёс бо адабиётшиносии ҷаҳон дар бахши назарияи шеър, шеваву тарзҳои нақду таҳлили шеър каме қафо мондааст. Бинобар ин пешниҳод менамояд, ки ба нақду баррасии шеър ҷиддӣ муносибат карда шавад.

Мушкили дигаре, ки зимни нақду таҳлили шеър мунаққид эҳсос мекунад, дуруст истифода карда натавонистани истилоҳоти адабӣ дар жанрҳои ғиноӣ мебошад. Дар адабиётшиносии тоҷик замони тӯлонӣ танҳо аз истилоҳи «қаҳрамони лирикӣ» истифода мекарданд, ки он ҳам бар асари тарҷума аз адабиётшиносии рус буд. Вале бо мурури замон маълум гардид, ки дар матни як шеъри ғиноӣ гоҳо чанд чеҳра зуҳур мекунад, ки шинохти шахсият ва эҳсоси андешаи ӯ осон набуда, танҳо ҳангоми ворид гардидан ба умқи шеър ва андешаи шоир имкони муайян кардани онҳо муяссар мешавад. Ҳамин ва дигар масъалаҳои назариву методологии назми муосири тоҷик пояи таҳқиқоти устод Аскар Ҳакимро ташкил медиҳад.

Дар боби нахустини рисола «Шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ» осори шоирони насли аввал, дувум ва сеюми тоҷик интихоб шуда, дар оғози фасл доир ба хусусиятҳои шеъри ғиноӣ, шеваи шаклгирӣ ва тафовути он аз дигар анвои шеърӣ ишораҳои кӯтоҳ баён гардида, пасон бо мисолҳои мушаххас ҷанбаҳои мухталифи шеъри ғиноӣ таҳлил мешавад. Муҳаққиқ барҳақ хотирнишон месозад, ки шеъри ғиноӣ ҳарчанд инъикосгари андешаву эҳсосоти фардист, вале дар як чаҳорчӯба боқӣ намемонад, балки бо муҳити иҷтимоӣ якҷо пеш меравад.

Мавзӯи дигаре, ки рӯйи он таъкиди бештар шудааст, аз таъсири сиёсати замон берун баромада натавонистани адибони ин давра мебошад. Дар ин замон оҳанги иҷтимоӣ ва сиёсии шеър боло рафта, тасвири ҳиссу андеша заиф гардидааст. Ҳамин чиҳати масъаларо муҳаққиқ бо далелҳои равшан таҳқиқ карда, камбудиҳои назми мосири тоҷикро пай дар пай ошкор кардааст. Ба андешаи донишманд, бар асари сиёсати давр, шеър тарзи тасвири худро тағйир дод, бештар оҳанги иҷтимоӣ ва сиёсӣ касб намуд ва ба шеъри мавзӯӣ табдил ёфт. Ин ҳолат шеърро аз заминаҳои худӣ, аз суннатҳои устувору комил дур кард ва ҷанбаи тасвирию оҳанги бадеии онро заиф гардонид.

Ба андешаи пажӯҳанда, аз нимаи дуюми солҳои панҷоҳум дар шеър таҳаввулоти сифатӣ оғоз шудааст. Дар сурудаҳои устод М. Турсунзода, Ғ.Мирзо, А.Шукӯҳӣ, баъдан дар ашъори М.Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ, Бозор Собир ва Фарзона шахсияти ғиноӣ ва ё фарди ғиноӣ бештар ба баёни ҳолату ҳиссиёти ботинии инсон рӯ оварда, дунёи отифонаи ӯро зери таҳқиқи бадеӣ гирифтааст. Ин ҷиҳати масъала дар мисоли ашъори шоирони фавқуззикр ба таври густарда таҳқиқ шудааст.

Аскар Ҳаким дар рисолааш бар ин назар аст, ки шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ метавонад ақлгароёна ё ҳисгароёна бошад. Дар робита ба ин мунаққид ашъори шодравон А. Шукӯҳиро, ки ҷанбаи нерӯманди ҳисгароёна дорад, дар муқоиса бо ашъори шоирони ҳамзамонаш ба таври васеъ таҳлил менамояд.

Мавзӯи шахсияти ғиноӣ дар ашъори Ғаффор Мирзо ва Муъмин Қаноат низ аз ҷониби Аскар Ҳаким амиқу ҳамаҷониба дар пояи баҳсу пажӯҳишҳои адабиётшиносони муосири точик мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Диди муҳаққиқ дар таъйину шинохти шахсияти ғиноӣ дар шеъри муосир ниҳоят фароху доманадор аст. Масалан, зимни таҳлили ҷойгоҳи шахсияти ғиноӣ дар ашъори Ғаффор Мирзо ба унсурҳои забонии шахсияти ғиноӣ ишорат намуда, мунаққиди нуктасанҷ чунин изҳор медорад: «Ин шахсияти ғиноӣ, ки худро забони адолати мардум медонад, табиист, ки бештар ба забони мардум суҳбат мекунад «дар баъзе маврид забон ва шеваи баёни ӯ ба ширинӣ ва шевоии забони мардум мерасад»[5, 55]. Шахсияти ғиноӣ ба ақидаи донишманд дар шеъри Муъмин Қаноат, бар хилофи Ғаффор Мирзо, вижагиҳои дигар дорад. Ин шоир дар шеърҳои ғиноии хеш бештар ба ҷаҳони ашё такя карда, дунёи ботинии инсонро рангин бозтоб менамояд, ки мисолаш дар ашъори ин адиби соҳибзавқ хело зиёд аст.

Донишманд дар шинохти назарии шеъри ғиноии отифӣ, нақши тасвир дар он, инчунин масъалаи истифодаи мафҳум ва истилоҳоти шеъри ғиноӣ бо бисёр донишмандони рус ва тоҷику эронӣ ба баҳс баромада, хулосаҳои худро нисбат ба истилоҳоти шеъри муосир васеъ ва асоснок баён кардааст. Ба пиндошти мо, вақти он расидааст, ки сари ин масъала адабиётшиносон ва мунаққидони тоҷик мизи муддавар ташкил намоянд ва дар асоси заминаҳои илмӣ тарзи корбурди истилоҳоти ғиноиро дар шеъри нав муайян намоянд ва ҷойи истилоҳоти ашъори ғиноиро барои нақди адабӣ равшан созанд. Масалан, бо он ки донишманиди некназар Ризои Бароҳанӣ истилоҳи «шайъ»-ро барои шеъри ғиноии тасвирӣ авлавият медиҳад [5, 29], ҷойи баҳс нест, аммо барои назарияи шеъри тоҷикӣ корбарии мафҳуми «шайъ» мақбул ва маъмул нест. Зеро дар нақди тоҷикӣ истилоҳи «ашё» маъмул шудааст. Чунин тарзи фаҳмиши истилоҳоти ғиноӣ ҳангоми нақду баррасии шеъри муосир зиёд ба чашм мерасад. Агар мо дар доираи баҳсҳои илмӣ ин истилоҳотро ба тартиб дарорем, беҳтар аст.

Ба ақидаи Аскар Ҳаким, дар баёну инъикоси андешаҳои отифии шахсияти ғиноӣ тарзи тасвир низ нақши муҳим мебозад. Зеро дар зеҳни инсон ҷаҳони ашё, олами рангини табиат дар ҳаракату робита буда, бо ин роҳ тасвирҳо зода мешаванд. Ин тасвирҳо, ки аз ҷаҳону воқеияти айнӣ гирифта мешаванд, андешаи отифии фарди ғиноиро дилкашу ҷозиб месозанд. Дар боби дувуми рисола ҳамин ҷиҳати масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муҳаққиқ дар мисоли ашъори шоирони шинохтаи тоҷик, бахусус Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Ғоиб Сафарзода ва дигарон қувват гирифтани шеъри андешаро дар назми муосири тоҷик таҳлил карда, бо мисолҳои равшан таҳаввули онро воқеъбинона таҳқиқ менамояд.

Устод Аскар Ҳаким пажӯҳиши худро ҷамъбаст карда, ба хулосае меояд, ки «дар шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ фарди ғиноӣ на фақат эҳсосот ва андешаҳои отифии худро баён медорад, балки ба олами хориҷ рӯй оварда, аз он ашё ҷузъиётеро интихоб намуда, барои ифодаи маҳсусу малмуси он эҳсосоту андеша ба кор мебарад. Ин ашё ва ҷузъиёт заминаи воқеии шеърро муҳайё намуда, тарҳи олами ҳастиеро, ки дар он фарди ғиноӣ эҳсосу андешаву зиндагӣ мекунад, ба вуҷуд меорад»[5, 100-101]. Паҳлуҳои мухталлифи масъалаи мазкур дар асоси ашъори М. Турсунзода, А. Шукуҳӣ, Ғ. Мирзо, М. Қаноат, Б. Собир, Лоиқ ва Фарзона таҳлилу арзёбӣ гардидаанд.

Ба ақидаи устод Аскар Ҳаким, дар шеъри ғиноӣ инчунин тавсифу тасвири унсурҳои воқеияти айнӣ мақому ҷойгоҳи хосро доро мебошад. Дар чунин ашъор ҳузури фарди шеър замоне эҳсос мешавад, ки мо ба тавсифу тасвирҳои мавҷуд дар матни шеър сару кор мегирем. Аслан масъалаи тасвир дар шеър яке аз мавзӯъҳои доманадоре мебошад, ки вобаста ба он дар адабиёти классикии тоҷикӣ маводи фаровон вуҷуд дорад. Муҳаққиқи арҷманд дар доираи тадқиқоти анҷомшуда масъалаи мазкурро баррасӣ карда, аз пажӯҳандагони шеър ишораҳои кӯтоҳ оварда, дар доираи баҳсу муҳокимаронӣ доир ба услҳои тасвир ва диди шоирон ба он хулосаҳои зарурӣ пешниҳод намудааст.

Дар идомаи рисола, дар боби чаҳорум, сухан аз навъи дигари шеъри ғиноӣ, яъне шеъри ғиноии шахсиятӣ меравад. Ин мафҳумро, ки тарҷумаи комили истилоҳи русӣ мебошад, донишманд шаҳр дода, корбарии онро дар нақди адабии тоҷикӣ қобили қабул донистааст. Ба ақидаи муҳаққиқ шеъри ғиноии шахсиятӣ ашъорест, ки шоирон ба шахсиятҳои муайяну номдори замони худ бахшидаанд. Дар ин бахш таърихи таҳаввули шеъри ғиноии шахсиятӣ таҳлил шуда, мисолҳо аз адабиёти халқҳои гуногун, аз ҷумла осори адабии шоирони классик пешниҳод гардидаанд. Барои бозтобу баёни шеъри ғиноии шахсиятӣ мунаққид инчунин аз эҷодиёти шоирони муосир М. Турсунзода, Ғ. Мирзо, М. Қаноат, Қ. Киром, Л. Шералӣ, Б. Собир, Фарзона намунаҳо оварда, бо мисолҳои мушаххас таҳаввули ин навъи шеърро дар назми муосири тоҷик таҳлил намудааст.

Тадқиқи ҷанбаҳои шеъри ғиноии ҳикоятӣ мавзӯи боби панҷуми рисолаи мазкур аст. Дар адабиётшиносии рус ашъори мазкурро навъи алоҳидаи шеъри ғиноӣ шинохтаанд. Манзур аз чунин навъи шеър эътирофи унсурҳои ривоятӣ ё ҳикоятӣ дар шеъри ғиноӣ аст. Албатта дар ашъори ҳамосӣ вуҷуди ривоят ҳодисаи маъмул аст. Вале сабки ҳикоятӣ дар ашъори ғиноӣ ба андозае нест, ки битавонад, вижагиҳои ғиноӣ ё ҷанбаҳои ҳиссӣ-отифии онро аз байн бибарад.

Ба ақидаи муаллифи рисола «онҳо (яъне, аносири ривоӣ) дар ин навъи асарҳо инкишоф наёфта, сурати комили фардӣ пайдо намекунанд ва танҳо ҳамчун тарҳ монда, барои ибрози андешаву эҳсосоти муҳтавои асар мадад расонида, нақши ёридиҳанда доранд. Ба замми ин дар асарҳои навъи ғиноии ҳикоятӣ бо вуҷуди ҷой доштани нақлу ҳикоят, шахсиятҳои гуногун ҳамеша мақоми андешаву эҳсосот бештар аст» [5, 426]. Дар рисола анъанаи шеъри ғиноии ҳикоятӣ ба таври васеъ таҳқиқ шуда, ҳамзамон такъид мегардад, ки шоирон зимни эҷоди чунин навъи шеърӣ бо сабаби ёфтани қофияҳои мувофиқ бештар тарзи қофиябандии маснавиро истифода менамоянд. Ҳамзамон муаллиф доир ба тафовути шеваи баёни ривоят ё ҳикоят дар осори ҳамосӣ ва шеъри ғиноии ҳикоятӣ изҳори назар карда, дар ин навъи шеър бардошти ҷомеъи отифиву ҳиссиро муҳим мешуморад. Муҳаққиқ қувват гирифтани ин навъи шеърро ба даҳаи шастуми қарни бистум мансуб дониста, хусусиятҳои сабкиву услубӣ, бадеиву тасвирии онро дар солҳои баъдӣ то даврони Истиқлолият мавриди пажӯҳиш қарор додааст.

Дар хулосаи рисола устод Аскар Ҳаким андешаҳои назарии хешро доир ба таҳаввули шеъри муосири тоҷик дар асри ХХ ва аввали асри ХХ1 баён карда, аз нигоҳи сифатӣ ташаккул ёфтани баъзе навъҳои шеърро воқеъбинона муайян кардааст. Дар баробари ин сари истилоҳоти навъҳои шеъри муосир андеша баён карда, хусусиятҳои тасвирию бадеии онро дар муқоиса бо далелҳои илмию адабӣ дуруст ошкор намудааст.

 Рисолаи устод Аскар Ҳаким «Вижагиҳои анвои шеъри ғиноӣ» дар ҳақиқат падидаи нодири адабиётшиносии тоҷик мебошад. Нақши он дар шинохти таърихи раванди зуҳуру шаклгирии шеъри муосир, гироишҳои тозаи он ниҳоят судманду пураҳамият аст.

Дар ҷилди чаҳоруми осори устод Аскар Ҳаким маҷмӯаи мақола, пажӯҳиш, нақд ва бардоштҳои илмие, ки ин донишманди заҳматкаш солҳои 1971 то 2014 доир ба адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик таълиф кардааст, ворид шудаанд. Агар дар мақолаҳои “Тимсоли шеър ва шоир дар шеъри ғиноӣ”, “Вожа ва тасвир”, “Таҳаввули арӯз”, “Аз ғазал то шеъри озод” доир ба ҷанбаҳои назарии шеър баҳс карда бошад, дар маколаҳои “Адабиёт аз дидгоҳи замони нав”, “Адабиёт ва истиқлол”, “Уфуқҳои тозаи андеша” доир ба тамоюли рушди назми муосири тоҷик андеша ронда, дар мақолаҳои “Танқид ва ҷарааёни адабӣ”, “Масъалаҳои адабиёт масъалаҳои танқиданд” масъалаҳои умдаи нақди адабии тоҷик ва нақши он дар ташаккули адабиёт изҳори назар намудааст. Бештари ин мақолаҳо ҷанбаи баланди илмӣ, фалсафӣ ва назарӣ дошта, дар онҳо биниши муҳаққиқ доир ба бурду бохти адабиёти тоҷик дар давраҳои муайян ифода гардидааст.

Дар ҷилди панҷуми осор устод Аскар Ҳаким бештар мақолаҳеро ҷой додааст, ки хусусияти муаррифисозии чеҳраҳои адабиро доранд. Дар ин қисмат мунаққид ҷустуҷӯ ва маҳорати эҷодию адабии намояндагони наслҳои гуногуни адабиётро мавриди таҳқиқ қарор дода, хулосаҳои худро доир ба ҳар як адиб мушаххас баён менамояд. Ин мақолаҳо аз соли 1971 то соли 2015 интишор шуда, дар он муаллиф доир ба бурду бохти шоирону нависандагони тоҷик изҳори назар менамояд. Як қисми дигари осорро мусоҳибаҳо ва памфлету баҳсҳои илмиву адабии муаллиф ташкил медиҳанд. Мусоҳибаҳои Аскар Ҳаким, ки бо шоирону муҳаққиқон ва хабарнигорони нашрияҳои мухталиф сурат гирифта, дар шинохту маърифати ҷараёнҳои адабӣ, равияҳои марсуми замон, вазъи адабиву эҷодӣ, вазъияти шеъру шоир ниҳоят муҳиму зарурианд.

 Дар ин суҳбатҳо Аскар Ҳаким кӯшиш кардааст, ки боз нақди ашъор намояд ва таҳаввули назму насри тоҷикро дар давраҳои мухталиф шарҳ диҳад ва дастовардҳои адибони тоҷикро нақду баррасӣ намояд. Дар мақолаҳои “Эҷодкори саодат”, “Умри пурмаъно”, “Ҳосили таҷрибаи рӯзгор”, “Шохаи райҳон ва себҳои шукуфта”, “Хотираи Аминҷон Шукӯҳӣ”, “Сухане аз устод Лоиқ”, “Гузаштаи зинда ва рӯҳи замон” доир ба шахсияти М. Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукӯҳӣ, Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром дида дӯхта, мақоми онҳоро дар адбиёти тоҷик дуруст муайян кардааст. Корномаи илмӣ-таҳқиқии устод Аскар Ҳаким дар ҳақиқат фарогири нақдҳо, мақолаҳо, маърӯзаҳои ҷолибе мебошанд, ки барои шинохти адабиёти муосири тоҷик хидмати шоиста менамоянд.

Устод Аскар Ҳаким дар давоми умри пурбаракати хеш ба кори тарҷума низ машғул шуда, дар ин ҷодаи ниҳоят мушкил ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Ҷилди шашуми осор маҳз тарҷумаҳои шоирро дар бар гирифтааст.

Адиб ба тарҷумаи шеър сидқан машғул гардида, на танҳо дар ифодаи мазмуни асар комёб шудааст, балки дар интихоби таъбиру ибораҳои дилкаш маҳорат нишон дода, ҳар як мафҳуму калимаро ба мазмуни шеър мувофиқ корбандӣ намудааст. Бо баракати тарҷума Аскар Ҳаким тавонистааст, ки хонандаи тоҷикро бо арзишҳои фарҳангию таърихии халқҳои гуногуни олам ошно намояд ва олами бадеии шоиронашро барои муосирон муаррифӣ созад. Шоир бо ин мақсад ба тарҷумаи осори адибони шинохта, аз ҷумла офаридаҳои Алигери Данте, Михаил Юревич Лермонтов, Геворг Эмин, Ярослав Смеляков, Емилиан Буков, Мухтор Шаханов, Муҳаммад Алӣ, Карло Канадзе, Васил Биков, А. Коломиетс ва дигарон машғул шуда, хонандаи тоҷикро ба дунёи отифонаи онҳо шинос кардааст.

Шоир, махсусан қисмати “Дӯзах”-и «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Дантеро бо завқи баланд тарҷума карда, дар сиву чор суруд, ки ҳамчун боб меояд, ҷаҳони мурракаби шоирро бозгӯ сохтааст. Ин достон қиссаву ривоятҳо, устураву афсонаҳоеро, ки ба рӯзгори мардуми Итолиё алоқаманданд, дар бар гирифтааст ва дар он рӯйдодҳо ба шакли нав бо завқи баланди бадеиву фалсафӣ тасвир гардидаанд. Дар ин сарчашмаҳои адабиву таърихӣ таассуроти амиқи шоири ҳикматписанд бозтоб шуда, достони мазкур ба шахсияти адиб умри ҷовидона бахшидааст.

Аскар Ҳаким аз се қисми ин достон: “Дӯзах”, “Барзах” ва “Биҳишт” танҳо қисми “Дӯзах”-ро тарҷума карда, ба мазмуну муҳтавои он диққати ҷиддӣ дода, барои ҳар як суруд шарҳ ва луғатнома низ таҳия кардааст. Бо ин роҳ хонандаи тоҷик ба моҳияти мафҳумҳо, таъбиру ибораҳо сарфаҳм рафта, ба симою чеҳраҳои асотириву ривоятӣ, таърихиву фалсафӣ ошноӣ пайдо менамояд.

Бешак, “Дӯзах” аз тасвирҳои ҷолибу дилкаш иборат буда, дар он гунаҳкорон бо оҳу надомат андешаҳои худро баён месозанд. Шоир дар тасвири дузахи нуҳтабақа, раҳгум заданаш дар бешазори бузурги он ва тавассути раҳнамоии шоир бузурги Рум - Верҷил роҳ ёфтан ва бозтоби даҳҳо устураҳои мардуми итолиёӣ маҳорати бемисл нишон дода, бо иловаи инъикоси ишқи рӯҳонию муҳаббати афлотунӣ ва оташи фироқ аз ишқи Биатрис ба мазмуни достон “мазҳари илоҳӣ” ҳамроҳ кардааст. Ҳамин тасвири зебои ҷовидонагии ишқ достонро дар қатори шоҳкориҳои безаволи адабиёти ҷаҳонӣ ворид карда, ба он умри абадӣ бахшидааст. Аскар Ҳаким тавонитааст ҳамин паҳлуи достонро ба хонандаи тоҷик бо маҳорати баланд муаррифӣ намояд.

Устод Аскар Ҳаким достони манзуми “Хазинадорзани тамбовӣ”-и М.Ю.Лермонтовро низ бо завқи баланд тарҷума карда, ба муҳтавои он диққати ҷиддӣ дода, маҳорати манзараофаринии шоири русро ба хонандаи тоҷик равшан кардааст. Ҳамчунин Аскар Ҳаким ашъори адиби рус Яраслав Семляков, адиби арман Геворг Эминро тарҷума карда, завқи баланди ин шоирон ва ҳунари муҳокотофаринии онҳоро ба дӯстдорони шеъри ноб муаррифӣ намудааст. Баробари назм инчунин Аскар Ҳаким ба тарҷумаи наср машғул шуда, қиссаи адиби белорус Василий Биковро ба тоҷикӣ тарҷума намудааст. Ин қисса дар адабиёти сермиллати собиқ Иттиҳоди Шӯрвӣ яке аз асарҳои ниҳоят арзишманд дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, корномаи фарзандони белорусиро дар мубориза ба муқобили фашизм дар бар мегирад. Тарҷумон дар тарҷумаи асар ба комёбӣ ноил шуда, ҷаҳони ботинии қаҳрамонони асарро саҳеҳ тарҷума карда, ба таъбиру ибораҳои равониву руҳӣ эътибори хоса дода, бадеияти қиссаро пурра ба инобат гиритфтааст.

Шоир дар тарҷумаи мазҳакаи “Фариштаи ваҳшӣ”-и адиби украин А. Коломиетис низ заҳмати зиёд кашида, дар баёни ҳолату вазъияти персонажҳои мазҳака Уляна, Таня, Лида, Оля, Клава, Виля ва дигарон маҳорати баланд нишон додааст. Забони тарҷума хело сареҳ буда, қонунмандии тарҷума дар ифодаи таъбиру ибораҳо ба инобат гирифта шудааст. Бояд гуфт, ки устод Аскар Ҳаким ба сифати тарҷумон хидмати шоиста карда, дар муаррифии чеҳраҳои адбии халқҳои ба мо дӯст саҳми шоиста гузоша, хазинаи адабиёти тоҷикро бо осори адибони оламшумул ғанӣ гардонидааст.

Ҷилди ҳафтуми осори шоирро хотирот, нақд ва мақолаву очеркҳое, ки ба Аскар Ҳаким бахшида шудаанд, ташкил медиҳанд. Инчунин ҳамкасбони шоир ба шахсияти ӯ арҷ гузошта шеърҳои хешро ба васфи шоир бахшидаанд, ки қисме аз онҳо дар ин осор ҷамъ омадаанд. Дар мақолаҳои Мӯсо Диноршоев, Абдухолиқ Набиев, Ҷӯрахон Бақозода, Шоҳзамон Раҳмонов, Атахон Сайфуллоев, Сергей Сухонян, Абдусалом Самадов, Ҷумабой Ҳамроев ва дигарон шахсияти эҷодии шоир ва мақоми ӯ дар адабиёти муосири тоҷик муфассал таҳлил шуда, ҳар кадоми он барои шинохти маҳорати эҷодии Аскар Ҳаким хидамати шоиста менамояд.

Умуман, интишори осори ҳафтҷилдаи Аскар Ҳаким иқдоми хубе буда, дар шинохти ҷаҳони отифонаи адиб ва мақоми ӯ дар рушди адабиёти муосири тоҷик нақши назаррасро иҷро менамояд. Умедворем, ки хонандаи тоҷик тавассути ин осор ба шахсияти шоир шинос шуда, ба маҳорати эҷодии вай баҳои воқеӣ медиҳад.

Устод Аскар Ҳаким, дар ҳақиқат дар давоми умри пурбаракати хеш ба халқ хидмати шоиста намуда, бузургию тавоноии онро васеъ ва аз сидқи дил тараннум намудааст. Аз ин рӯ, мақоми вай дар пешрафти адабиёт ва фарҳанги тоҷик беназир мебошад.

КИТОБНОМА

  1. Жирмунский В.М.Теория литературы. Поэтика, стилистика / В.М.Жирмунский. – Ленинград: Наука, 1977. – 260 с.
  2. Лихачев Д.С. Избранное: Воспоминания/ Д.С. Лихачев. − СПб.: Logos, 1997.
  3. Ҳаким А. Вежагиҳои анвои шеъри ғиноӣ (дар мисоли шеъри ғиноии тоҷикии нимаи дуюми садаи XX) / А.Ҳаким // Маҷмӯи осор. Ҷ. 3.. – Хуҷанд: Ношир, 2016. – 492 саҳ.
  4. Ҳаким А. Маҷмӯи осор. Ҷ. 1. / А.Ҳаким. – Хуҷанд: Ношир, 2016. – 424 саҳ.
  5. Ҳаким А. Маҷмӯи осор. Ҷ. 2. / А.Ҳаким. – Хуҷанд: Ношир, 2016. – 512 саҳ.