Аз садои сухани ишқ надидам хуштар,

Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд. –

  ин сухани Ҳофиз, монанди худи ишқ, айни ҳақиқат ва ҷовидонист. Ва ин сухани ишқ, агар самимонаву содиқона ва бо отифату шоирона гуфта шуда бошад, махсусан, дар шеър, болотар аз он сухане нахоҳад буд.

Зеботарин мавҷуди рӯи замин инсони ошиқ аст, агар ӯ набуд, зебоие дар рӯи замин набуд, вуҷуди ӯст, ки зиндагиро маъно медиҳад, чашмони ӯст, ки ҳамаро зебо мебинад ва дили ӯст, ки ба ҳама ишқ меварзад. Инсони ошиқ аст, ки зебоӣ офаридаасту онро азиз медорад. Инсон будан ошиқ будан аст. Ба ин маънӣ ривояти ҳикматноке ҳаст. Шайхе дар масҷид вазъ мегуфт. Рустоие даромад ва пурсид, ки оё хари ман ин ҷо нест? Шайх гуфт, ҳоло бибош, ва маъвизаи худро давом дод. Чун ба ҷое расид, ки аз мақоми ишқ дар ҳастии инсон сухан мегуфт, аз ҳозирин суол кард, ки оё дар байни шумо касе ҳаст, ки ошиқ нашуда бошад? Яке бархост, ки манам. Шайх ба рустоӣ гуфт, инак ин хари туст, бигиру бирав!

Ишқ дар назари аҳли дил ҳар навъе, ки бошад, хоҳ маҷозӣ, яъне ишқи табиии инсон ба инсон ва хоҳ намозӣ, яъне ишқи рӯҳонии инсон ба Худованд, аз инсон Инсон месозад ва ҳар қадаре, ки мавҷуди мабҳаси ишқ дар мақоми олитар бошад, ишқ ҳамон қадар олитар, сӯзандатару созандатар аст.

 

Ишқ ҳақиқист, маҷозӣ магир,

Ин думи шерест, ба бозӣ магир. –

 

мегӯяд Низомӣ, ки дар ҳар ду маврид, ҳам ба ишқи намозӣ дуруст асту ҳам ба ишқи маҷозӣ. Ин ҳар ду дар зоти худ яке ҳастанд, танҳо дар мартабат фарқ мекунанд, ки яке дигареро ба зинаи олитар мебарорад.

Ишқ ҷавониву пирӣ надорад. «Любви все возрасты покорны» (Ҳамаи синну сол чокари ишқанд) мегӯяд шоири шаҳири рус Александр Пушкин дар қарни ХIХ милодӣ, ки айни онро ҳафтсад сол қабл аз ӯ шайх Аттор гуфтааст:

 

Ошиқиро чи ҷавон, чи пирмард,

Ишқ бар ҳар дил, ки зад, таъсир кард.

 

Ишқ дар як замон ҳам ҷавониву камолот ва ҳам шукуфоии инсон аст. Ишқ ҷавониро ба камолот мерасонад ва камолотро ҳамеша ҷавону шукуфо нигоҳ медорад. Ашъори ошиқона ҳамин маъниро дар сурату намоҳои гуногун ба ҷилва оварда, ҷавонони ошиқро сӯйи камолот савқ медиҳад ва баркамолҳоро ба сӯйи ҷавонию шукуфоӣ.

Ашъори ошиқона… чун ба асли масъала биандешем, шеъре нест, ки агар асил бошад, ошиқона набошад. Зеро шеър худ ишқ аст, новобаста ба он ки дар чӣ мавзӯе гуфта мешавад, зеро омили асосие, ки ба гуфтани ин ё он шеър вомедорад, аз асароте сарчашма мегирад, ки ба ишқ бастагӣ дорад. Ва ҳатто, дар мавриде, ки муҳтавои шеър нафрин бошад ҳам, зеро дар ин ҳолат низ такони асосӣ аз муҳаббат аст, ки шоирро водор кардааст ба хотири гиромидошти муҳаббате, ки дар муқобили он нафрат қарор дорад, бо нафрин сухан гӯяд, то зимни он ишқро азизу мондагор маънӣ кунад. Ва ба замми ин ҳама гуфтани шеър худ тақозои ишқ аст, тақозои ишқи сухан, тақозои бо сухан офаридани зебоӣ, зеро ҳар асаре, ки ошиқонаву ҳунармандона офарида мешавад, дар зоти худ зебост.

Ман бо чунин андешаҳо ин маҷмӯаи ашъори «Афсонаҳои ошиқӣ»-ро, ки асосан аз навиштаҳои шуарои садаи бисти тоҷик мунтахаб шудааст, сафҳагардон мекунам. Фазои шеъри тоҷикӣ дар садаи бист нисбат ба фазои шеъри Эрон тафовутҳое дошт, ки бар асари дигаргун будани авзои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, ки дар гузашта муштаракан як адабиёти ҷаҳоншумул офарида буданд, ба амал омада буд. Шеъри тоҷикӣ, монанди шеъри ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, асосан дар чаҳорчӯби дастурҳои реализми сусиёлистӣ эҷод мешуд, ки талабҳои худро дошт. Вале ҳар гуна талаби қаблӣ ба адабиёт ва хосса шеър, ки аз ҳассостарин навъи адабиёт аст, новобаста ба он ки чӣ ҳусну қубҳе дорад, ба зоти он мухолиф буда, маҳдуд ва камранг кардани он аст, ки, мутаассифона, дар баъзе маврид дар шеъри садаи бисти тоҷикӣ ҳам асари худро гузошта буд. Зеро меъёр ва улгуҳои адабӣ дар асоси таҷрибаи бадеӣ бояд муайян шаванд, на баръакс, ки адабиёт мутобиқи талабҳои қаблии онҳо эҷод гардад.

Ҳар асари адабиёт, хоҳ рубоӣ бошад, ки аз чаҳор мисраъ иборат аст ва хоҳ маснавӣ, монанди «Шоҳнома», ки аз шаст ҳазор байт мураттаб шудааст, бо қавонине эҷод мешавад, ки маҳз махсуси он асар аст. Нотакрорӣ яке аз сифатҳои ҳамешагии адабиёти асил аст. Шеъри ғиноӣ, ки шеъри шеърҳост, ва махсусан, шеъри ғиноии ошиқона, ки шеъри шеъри ғиноист, аз ҳамин навъ аст, зеро дар он ҳама чиз тару тоза ва нотакрор бояд бошад, аз муҳтаво, таассурот ва ҳолати ғиноӣ то тарзи ифодаву баёни он. Ин маҷмӯаи ашъори ғиноии ошиқона низ ба андозае тибқи ҳамин гуна талабот мунтахаб шудааст.

Адабиёти садаи бисти тоҷик қабл аз истиқлоли Тоҷикистон адабиёти советии тоҷик ном дошт, ки аз устод Садриддин Айнӣ оғоз шудааст. Маҷмӯаи мазкур ҳам асосан аз рӯйи ҳамин даврабандӣ мураттаб гаштааст, ба ҷуз он ки пеш аз устод Айнӣ ғазале аз Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, ки як қисмати охири умрро дар ин замон гузаронидааст, оварда шудааст.

Маълум аст, ки адабиёти садаи бисти тоҷик то замони эҷоди асарҳои устод Айнӣ, асосан ба сабки суннатии дар бисёр маврид куҳнаву муқаллидона иншо мешуд. Адабиёти нав ва махсусан, насри бадеӣ, ки аз назари муҳтаво, забону баён ва сабк тозагӣ дошт, аз устод Айнӣ шурӯъ шуд. Устод Айнӣ дар шеър ҳам ибтикороти тозае аз худ нишон дод. Ӯ аввалин бор дар шеъри форсии тоҷикӣ дар соли 1918 милодӣ дар шеъри «Суруди озодӣ» (ё «Марши ҳуррият»)-и худ рукни баҳрҳои гуногуни арӯзро ба иқтизои мазмун ба ҳам омехта, онҳоро дарозу кӯтоҳ кард ва тартиби қофияро ҳам дар қолаби мураббаъ ба тарзи нав овард, ки ҳоло яке аз хасоиси шохиси шеъри нимоӣ маҳсуб мешавад. Аммо тозакории ӯ дар наср ба маротиб бештару муаассир буда, самти тозаи рушду нумуви насри нави тоҷикро дар садаи бист муайян намуд. Шеъри устод Айнӣ, аз ҷумла ошиқонаҳои ӯ ҳам, асосан дар сабк ва қолабҳои шеъри суннатии куҳан, бо андаке гароиш ба забони мардум эҷод шудаанд.

Дар нимаи аввали садаи бист ошиқонаҳои устод Абулқосим Лоҳутӣ, ки баъди ҳиҷраташ аз Эрон як муддат дар Тоҷикистон ба сар мебурд, аз лиҳози муҳтаво, ифодаи таассуроти ошиқона, маҳорат ва ҳунари шоирона дар дараҷаи баландтарин буданд, ки ӯ сазоворона саромади шеъри нави тоҷик шинохта шудааст. Аммо ӯ ҳам аз ҷабри мубаллиғони кӯтоҳандеши ба ном реализми сусиёлистӣ дар шеър эмин намонд. Масалан, яке аз таронаҳои ошиқонаи ӯ «Хуршеди ман», ки чунин байт дошт:

 

Дур аз рухат сарои дард аст хонаи ман,

Хуршеди ман куҷоӣ? Сард аст хонаи ман. –

 

мавриди интиқод қарор гирифта, шоир айбдор карда мешуд, ки ӯ чӣ тавр дар ин мулки хушбахти шӯроҳо «сард аст хонаи ман» ва «хуршеди ман куҷоӣ» мегӯяд ва боз аз ҳамин гуна эроду музахрафоти дигар… Аз ҳамин як мисол ҳам чигунагии сиёсати замон нисбат ба адабиёт сароҳатан падидор аст. Аммо, ба ҳар ҳол, шуарои тоҷик дар он замони носозгорӣ бо ашъори ошиқона, шеърҳое мегуфтанд, ки ин эҳсосоти наҷиби инсониро бо он воқеияте, ки дорад, баён кардааст. Дар баробари ин иқрор бояд кард, ки суруру шодмонии ишқ бештар ва дарду ранҷаш камтар ба қалам оварда шудааст, зеро инсони шӯравӣ дар ишқ ҳам ҳамеша хушбахту шод бояд мебуд.

Шеъри ошиқона баъд аз устод Лоҳутӣ дар эҷодиёти Пайрав Сулаймонӣ бо шеваи нав, ки дар баъзе ҳолатҳо пайравӣ аз ҷараёнҳои тозаи шеъри русии замони аввали инқилоб дошт, ба гӯш мерасад. Ҳабиб Юсуфӣ ҳам аз зумраи шоирони навгаро буд, вале, мутаасифона, ҳар ду хеле ҷавон даргузаштанд, Пайрав аз беморӣ, Юсуфӣ дар ҷанги меҳанӣ (солҳои 1941-1945 м.) қурбон шуд. Ошиқонаҳои Боқӣ Раҳимзода сабукболу парвозӣ буда, ҷо-ҷо оҳанги шӯхиомез ҳам доштанд, ки аз хислати худи шоир бармеомад.

Аксари шеърҳои Мирзо Турсунзода маҳсули ангезиши ҳиссиёт аз ягон воқеа, шайъ ва ё ҳолати рӯҳии ӯ буда, нуқтаи оғози муайян доранд. Аз ин рӯ, мутаносибии вазъи шахсияти ғиноӣ бо воқеияте, ки ӯро фаро мегирад, на аз рӯи нақшаи пешакӣ, балки ҳар дафъа бо тарзи дигаре, бо нишон додани чигунагии ин муносибат ба даст меояд, ки аломати табиӣ ва ба тақозои ҳол гуфта шудани шеър мебошад. Шахсияти ғиноӣ дар ашъори ошиқонаи Мирзо Турсунзода иҷтимоан фаъол аст, ӯ ошиқи нозукхаёлест, ки аз ҷудоии маҳбуба маҳзун мешавад ва онро, ҳамчунонки дар шеъри «Ситора наздик» аст, бо лаҳни дилнишине бозгӯ мекунад. Дар ин шеъри андешаҳои отифии тасвирӣ, ки розу ниёзи шахсияти ғиноӣ дар атрофи маҳбубаи монанди ситора дурахшон, валекин дур, мечархад, аносири олами ҳастӣ, аз ҷумла, кӯҳ, қулла, бом, маҳ, осмон, рӯд, кабк ҳузур доранд, ки ҳар яке аз ин ё он ҷиҳат барои шайъию мусаввар ва маҳсус баён намудани таассуроти ошиқонаи ғиноӣ истифода шудаанд.

Ин сифат дар ашъори Аминҷон Шукӯҳӣ боз густардатар гашт. Дар шеъри ӯ ҷаҳони ҳастӣ ҳамеша дар баробари ҷаҳони рӯҳии ошиқона вуҷуд дорад, бинобар ин, ҷаҳони шахсияти ғиноии ошиқ ҳодисаву воқеа, азобу изтироб, шодиву хурсандӣ, хуллас, зуҳуроти мухталифи ҷаҳони берунаро низ фаро мегирад. Шеърҳои ошиқонаи Аминҷон Шукӯҳӣ, ки аз солҳои панҷоҳуми қарни гузашта ба табъ мерасиданд, дар матни умумии ашъори ғиноии ошиқонаи он солҳо ғайричашмдошт ба назар меомаданд, зеро аксари ошиқонаи он солҳо бештар тасаввурию хаёлпардозона буда, камтар заминаи воқеиву ашёвӣ доштанд.

Шеъри Муъмин Қаноат, аз ҷумла, ошиқонаҳояш ҳам, бо фазову муҳити муайян, бо тасвиркориву баёни ҳиссиётманди пурҳаяҷон ва асолати сабку забон суруда мешаванд. Ӯ дилбастаи хушоҳангии шеър, ҷиноси вожаҳо ва тасвирҳои зебост. Дар шеъри ӯ андешамандии ҳиссиётангез ва тасвиркории ашёвӣ хеле хуб ба ҳам корбаст шуда, дар онҳо ин ё он зуҳури табиат ва ё шайъ воситаи ифшои розу ниёзи шахсияти ғиноии шеър қарор мегирад. Баъзан андешаҳои отифии шахсияти шеър ба воситаи намодҳое баён карда мешаванд, ки дар саросари шеър ҳузур доранд. Дар натиҷа ҳиссиёт, таассуроту андешаҳои отифӣ на фақат ба тариқи баёнӣ зикр, балки бештар ба воситаи рамзу маҷоз ва ташбеҳу истиораҳо маҳсус, бо назокату зебоӣ ва шиддату тазодаш тасвиру ифода мегарданд.

Шеъри Қутбӣ Киром бо эҳсосоти ошиқонаи гарму сӯзон, тасвирҳои пуробу ранг, баёни пурпару бол ва муболиғаву иғроқҳояш мутамайиз мебошад. Дар шеъри ӯ эҳсосоту таассуроти ошиқона ҳам суварнигорона ва ҳам гоҳе баёнӣ ба қалам меояд, аммо бо самимияти амиқ ва ҳиссиёти баландаш ба дил менишинад.

Лоиқ Шералӣ шоирест, ки дар шеъри садаи бисти тоҷик бештар аз ҳама ашъори ишқӣ сурудааст ва табиист, ки онҳо гуногунтарин андешаву эҳсосот ва лаҳазоти ошиқонаро фаро гирифтаанд. Дар онҳо шодиву сармастиҳо ва ҳам андӯҳу дилшикастагиҳои ошиқона бо самимият, муассир, бо тасвири собит ва ё сайёр, ташбеҳу тавсиф ва монанди ин орояҳои бадеъ ифода мешаванд. Шеъри ӯ аз назари истифодаи захираи луғавии забон, вожаҳои тоза ва дастнахӯрда, санъатҳои бадеӣ, маҳорат ва сабки баён мутамайиз мебошад. Лоиқ дар сурудани ашъори ошиқона баъзан аз «Девони Шамси Табрезӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ истиқбол карда, оламу одамро ба меъёри ишқ андозаву маърифат менамояд.

Эҳсосоти ошиқона дар шеъри Бозор Собир муътадил ба қалам меояд, вай оромона, батааннӣ, изҳори муҳаббат карда, ба вазъи ошиқонаи худ аз муҳити атрофаш ҳамоҳангӣ меҷӯяд. Аз ин рӯ, дар шеъраш ҷузъиёти олами ашё, тасвиркорӣ бештар аз дигарон ба назар мерасад. Ошиқонаҳояш тару тоза ва нарму латифанд.

Доро Наҷот нахуст дар қолабҳои маъмулӣ шеър мегуфт, пасон шеъри нимоӣ ва ҳоло асосан шеъри сафед мегӯяд. Баъзе ошиқонаҳое, ки дар ин навъ гуфтааст, дар ниҳояти хубиянд, ки ҳиссиёту таассуроти ғиноии ишқиро бо маҷозу истиораҳои тоза ифода намудаанд. Дар шеъри ӯ беш аз ҳама вожаҳои куҳан, ки аз истифода канор монда, тозагии худро нигоҳ доштаанд, аз нав ба шеър ворид карда мешаванд. Ӯ мубтакири таркибҳои тару тозаи бадеъ аст.

Фарзонаи Хуҷандӣ чеҳраи тобноки насли ҷавонтари шоирон аст, ки ба ин мунтахаб дохил шудааст. Шеъри ӯ, махсусан, ошиқонаҳояш, отифитарин шеъри муосири тоҷик аст. Эҳсосоти ошиқонаи ӯ саршори самимият ва меҳрубонист. Анвои гуногуни шеъри ғиноӣ бо махсусиятҳои зотии худ беш аз ҳама дар эҷодиёти Фарзона ба зуҳур омада, ӯро яке аз ғиноитарин шоирони муосир муаррифӣ менамояд. Шеъри ӯ дар ҳама қолабҳо, ҳам дар суннатӣ ҳамчун ғазалу рубоиву дубайтӣ ва ҳам дар шеъри наву сапед, дар ниҳояти хубӣ гуфта шуда, эҳсосоти ошиқонаро бо камоли назокат, покиву иффат ва пардадорӣ баён менамояд. Ишқ дар ашъори ӯ бештар хаёлпардозона, тасаввуриву осмонӣ ба зуҳур меояд, ки солҳои охир ҳавои маънавияти Мавлоноро дорад.

Ашъори Адибаи Хуҷандӣ, ки насли аз Фарзона ҳам ҷавонтарро муаррифӣ менамояд, аксаран дубӯъдӣ мебошад, ки сарчашмаи ҳиссиёту таассуроти ошиқонаро ҳам дар ҷаҳони воқеият ва ҳам дар олами хаёлот мебинад. Дар ҳар ду ҳолат ҳам эҳсосоташ тозаву муассир аст.

Ин андешаи мухтасарест, ки муаллифи сарсухан аз ошноии собиқ бо эҷодиёти ин шоирон ва ҳоло аз мутолиаи ин мунтахаб дар дил дорад. Аммо ӯро як ҳиссиёти таассуфовари дигар раҳо намекунад, ки бо сабаби дар вазну қофия нуқсони гуногун доштан як силсила навиштаҳои ошиқонае, ки аз назари муҳтаво, шакл ва забону баён хубанд, ба ин мунтахаб дохил карда нашуданд. Аммо ин кор дуруст ҳам ҳаст, зеро дар ашъори шоирони Эрону Афғонистон, ки мо, тоҷикон бо эшон дар шеър ҳамзабону ҳамсуннат ҳастем, ин гуна нуқсон ҷой надоранд. Сабаби чунин нуқсони шеъри муосири тоҷик дар чист?

Маълум аст, ки қавонини вазни арӯзу қофия дар шеъри форсии тоҷикӣ бар хатти форсӣ гузошта шудааст. Аммо халқи тоҷик дар садаи бист маҷбур шуд, ки хатти худро ду дафъа дигар кунад, соли 1929 милодӣ аз хатти форсӣ ба лотинӣ ва соли 1940 аз лотинӣ ба сирилик гузарад. Алифбои сирилики тоҷикӣ бар форсӣ тафовути сахте дорад. Масалан, дар алифбои форсӣ се ҳарф аст, ки садои «с»-ро мерасонад – ص، س، ث, вале алифбои сирилик барои ин се ҳарф як ҳарфи «с» дорад. Калимаҳои нафас, қисас, абас дар форсӣ бо се ҳарфи гуногун, вале дар сирилики тоҷикӣ бо як ҳарфи «с» навишта мешаванд. Ҳамин тариқ, дар хатти форсӣ се ҳарфи «т» – ت ، ط ، ة дар сирилик як «т», дар хатти форсӣ чаҳор ҳарф – ز، ذ ، ظ ، ض садои «з»-ро расонанд, дар сирилик онҳо бо як ҳарфи «з» навишта мешаванд. Бинобар ин, шоироне, ки хатти форсиро аз бар накардаанд, калимаҳои бо ин ҳарфҳои гуногун тамомшавандаро, ки дар сирилик бо як ҳарф тамом мешаванд, ноогоҳона аз асли онҳо ба ҳам қофия мебанданд, ки дуруст нест. Вақте ки ин ашъор ба хатти форсӣ баргардон мешаванд, нуқс аён мегардад. Ҳашву сактаҳои қабеҳ дар вазни арӯз ҳам аз боиси ҳамин тафовути алифбои сирилики тоҷикӣ бар хатти форсӣ сар мезанад. Дар алифбои сирилик барои ифодаи се навъи «вов», ки дар форсӣ ҳаст, як ҳарфи «у» ва ҳарфи ی ва «зер», ки бо ҳаракат ифода мешавад, агар ин ҳарфҳо дар байни калима омада бошанд, як ҳарфи «и» мавҷуд аст. Дар натиҷа шоирони аз тарзи навишти форсии ин калимаҳо бехабар, масалан, калимаҳои бино – дидавар ва бино – иморатро, ки дар форсӣ навишти гуногун яке бо ی ва дигаре бидуни он, вале дар сирилики тоҷикӣ дар ҳар ду ҳолат бо як ҳарфи «и» навишта мешавад, барғалат ҳамвазн меоранд. Ё дар бисёр ҳолат ҳиҷоеро, ки бо ی (йот) тамом мешавад, кӯтоҳ меоранд. Дар ин мунтахаб дар се маврид дар шеъри Лоиқ Шералӣ дар мисраъҳои «Ҷавонӣ бенишон гузашт», «Дар ҷаҳони фонӣ як дам бефаноӣ доштӣ», «Ту қадри шеър агар донӣ, хуб мефаҳмӣ», ҳамин гуна заҳф, сакта дар истифодаи калимаҳои «ҷавонӣ», «фонӣ», «донӣ», ки ҳиҷои охир ба ҷойи ҳиҷои кӯтоҳ омадааст, дида мешавад. Ё дар шеъри «Ишқнома»-и Гулрухсор Сафиева дар мисраи «шайтону эзиди манӣ» ҳиҷои дуюми калимаи эзиди, ки кӯтоҳ мебошад, бо кашиши нораво ба ҷойи ҳиҷои дароз оварда шудааст. Ё, масалан, калимаҳои ҳофиз-ро бо чиз, худ-ро бо суд қофия мекунанд, ки на аз ҷиҳати вазн дуруст асту на аз ҷиҳати қофия. Мутаассифона, инҳирофоти дигари вазнӣ ҳам дар шеъри шоирони муосири тоҷик ба назар мерасад, ки ин, аввалан, натиҷаи таълими дуруст ва амиқ надоштани ин фанҳо дар донишгоҳҳо ва, сониян, худомӯзӣ накардани шоирон мебошад. Агар ин нуқсон набуд, виростор имкони фарохтари интихоб дошт ва ин маҷмӯаи ашъори ошиқона нисбат ба он ки ҳаст, хеле пурмуҳтавову сармоядортар аз чоп дармеомад.

Аммо ба ҳар ҳол, мо дар даст маҷмӯаи ашъори ошиқонаро дорем, ки дар он ҷаҳони розу ниёз, сӯзу соз, талхии фироқу ширинии висол, сарафрозию сарафкандагии инсони ошиқ, ки мавриди муҳаббати ӯ аз инсони заминӣ то Офаридгори оламҳоро фаро мегирад, ба тасвир омадааст. Ин ҷаҳон гоҳе хаёливу гоҳе воқеист, ки шоирон ҳам дар он гоҳ бо маъшуқи хаёливу гоҳ бо маъшуқи воқеӣ ишқ меварзанд, ки дар ҳар ду ҳолат ҳам зебову муаассир аст, зеро аз хаёл то воқеият ва аз воқеият то хаёл дар олами ишқ як қадам роҳ аст ва хаёл аст, ки шоирро ба висол мерасонад ва висол аст, ки ӯро ба хаёл мебарад.

 

[1] Сарсухани маҷмӯаи ашъори ошиқона, ки дар нашриёти «Нигоҳ»-и Эрон бо номи «Афсонаҳои ошиқӣ» аз ашъори шоирони муосири тоҷик мураттаб шуда, соли 2014 ба табъ расидааст.