Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
«Дар замонҳои қадим мепурсиданд: «Шумо адабиёт доред?». «Дорем». «Нақди адабӣ чӣ?». «Не». «Набошад, адабиёт надоштаед» – сухани худро бо чунин суханон сар карда буд яке аз иштирокчиёни конференсияи дар Москва барпогаштаи Ассосатсияи байналмилалии мунаққидон. Ин суханҳо масъалаи пайвастагии адабиёт ва танқидро бо як тезутундӣ ба миён мегузоранд ва аз ҳамин ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ ҳастанд.
Моҳияти танқиди адабии бадеӣ дар он аст, ки вай на танҳо вазифаи «шореҳи» адабиётро ба зимма дорад, зиёда аз ин вай барои ташаккули завқи эстетикӣ ва такомули тафаккури бадеии хонандагон хизмат мекунад. Бинобар ҳамин ҳам танқиди адабӣ ин вазифаро бояд чунон иҷро кунад, ки аз доираи мансубияташ ба адабиёту санъат берун набаромада, дар айни ҳол, заминаи илмии барҷою устувор дошта бошад. Ба ин маънӣ, танқиди адабӣ на фақат як ҳиссаи тавъамони адабиёт, балки як узви зарурии илм ҳам ҳаст.
Дар таърихи адабиёти миллатҳо танқиди адабии илмӣ доимо ба монанди адабиёт минбаре буд, ки аз он на фақат афкори пешбарандаи ҷамъият изҳор мешуд, балки вай худ дар кушодани моҳияти иҷтимоию сиёсии воқеаҳои давр аввалқадами раҳкушоён буд. Масалан, танқиди адабии рус дар асри XIX дар эҷодиёти Белинский, Чернишевский, Добролюбов маҳз ҳамин хусусиятҳоро дорад.
Танқиди адабии тоҷик, ҳарчанд дар гузаштаи худ ин гуна захираи бой ва заминаи мустаҳками реалистӣ надорад, вале бо вуҷуди ин, имрӯз дар қатори танқиди адабии дигар халқҳо бори гарон ва пуршараферо мекашад: танқиди адабӣ ташаккул ва такомули ҷараёнҳои адабиро дар худ инъикос мекунад, назарияи худшиносии онҳоро собит менамояд. Ин гуна вазифа доштани танқид ҳанӯз аз гуфтаҳои Белинский маълум аст, ки навишта буд: «… ҳар як давраи адабиёти рус назарияи худшиносие дошт, ки дар танқид ифода мегардид».
Ҳар майлони адабие, ки зуҳур мекунад, танҳо аз ҳамон рӯз ҳамчун майлон шинохта мешавад, ки асосҳояш ба қадри имкон пурра сурат гирифта, роҳу равиш ва усули ифодаи бадеии воқеиятро барои худ муайян карда бошад. Дар ҷараёни умумии адабиёт нишон додани мавқеи ҳамин гуна майлонҳо, рушду камол ва ҳусну қубҳи онҳо аз вазифаҳои танқиди адабист.
Ба масъалаҳои марказии ҳозирзамон дахл кардани танқид аз вазифаҳои асосии ӯст. Вай асарҳои навро аз ҷиҳати ҳамоҳангиашон ба замони ҳозира таҳлил карда, бурду бохти онҳоро нишон медиҳад. Яъне асарҳое дар зери назари вай қарор мегиранд, ки ҳоло дар тафаккури хонандагон ва аҳли ҷамъият нанишастаанд ва масъулияти танқид, ки бояд ҳаками ин асарҳо бошад, боз ҳам афзуда, вай дар байни алоқаи сегона – ҳаёт, адабиёт ва хонанда ҳамчун узви муҳим қарор мегирад. Ҳарчанд ки нависанда имкон дорад бе ёрии танқид ҳам ба дили хонандагони худ роҳ ёбад, аммо мунаққид дар бораи асари бадеӣ сухан ронда, ҳам ба муаллифи он ва ҳам ба хонанда муроҷиат мекунад. Шояд хусусияти хос ва ҷиҳати мушкилтарини танқид ҳам дар ҳамин бошад, ки якбора ба ду хонандаи савияашон гуногун сари кор дорад. Вай ба асар баҳо дода, афкори пешқадами табақаҳои гуногуни ҷамъиятро баён мекунад.
Бешубҳа, ин гуфтаҳо чунин маънӣ надоранд, ки танқиди адабӣ танҳо бо асарҳои алоҳида ва нависандагони ҷудогона сари кор дорад ва ба таҳлили онҳо мекӯшаду бас. Ин, бешубҳа, маҳдуд кардани вазифа, имконият ва доираи таъсиру тадқиқи он мебуд.
Мавзӯи таҳлили танқиди адабӣ ҷараёни умумии адабиёт аст. Ҷараёни адабиёт алоҳида шакл нагирифтааст, балки барои ташаккулу такомули он омилҳои мураккаб ва бисёр муҳиме, аз қабили, шуури иҷтимоӣ, таҷрибаи эстетикӣ, таърих ва маданияти мавҷудаи ҳамон халқ аҳамияти калон доранд. Ҳангоми таҳлилу баҳодиҳии асар ба танқиди адабӣ лозим меояд, ки онро дар ҷараёни умумии адабиёт дида тавонад ва ин воситаҳои таркибии ҷараёни адабиро ҳам зимнан дар назар дошта бошад.
Ин гуфтаҳо моро ба сари таърихияти тафаккури мунаққид мерасонанд. Ин хусусият дар натиҷаи дониши амиқ доштан ва ҳодисаҳои адабиро ба ҳамдигар қиёс карда, тамоюли асосии инкишофи адабиётро муайян намудан ҳосил мешавад.
Ҳоло нисбат ба танқид ва мунаққидон ҳусни таваҷҷуҳ то андозае бештар гардид. Баъзе фикрҳои бебунёде, ки гоҳо зарурати танқидро ба зери шубҳа гузошта, мавқеи онро дар инкишофу тараққии адабиёт ночиз медонистанд, аз байн бардошта шуданд.
Масъалаҳои инкишофу тараққии танқид ҷиддан ба миён гузошта шуд. Маърӯзаю музокираҳое, ки дар пленуми II Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сурат гирифтанд, вазъияти танқидро ба хубӣ нишон дода, вазифаҳои ояндаи онро низ муайян карданд.
Маърӯзаҳои Атахон Сайфуллоев «Танқид ва адабиёти имрӯз» ва Расул Ҳодизода «Танқиди адабӣ ва масъалаҳои бадеияти адабиёт» вазъи танқиди адабии тоҷикро дар панҷ соли пеш аз пленум асосан воқеъбинона инъикос карданд. Маърӯзаи Атахон Сайфуллоев бештар дар бораи принсипҳои танқиди адабӣ, пешгирии назарияҳои зарарнок ва беҳосили «дегероизатсия» (беқаҳрамонӣ) ва «фосила», меъёри баҳодиҳӣ ба баъзе марҳилаҳои таърихи адабиёти советии тоҷикро дар бар гирад, маърӯзаи Расул Ҳодизода масъалаҳои на камтар муҳими танқиди адабии бадеии моро ба миён гузошта буд.
Яқин аст, ки маҳорати адабии эҷодкор шарти бебаҳси мояи нависандагии вай аст. Тадқиқи ҳамаҷониба ва амиқи маҳорати адабӣ ва бадеиятро яке аз шартҳои инкишоф ва ҳатто мавҷудияти танқиди адабӣ донистани Расул Ҳодизода бештар аз ҳамин ҷиҳат аст. Ӯ тадқиқоти дар ин соҳа анҷомдодаи Муҳаммадҷон Шукуров, Атахон Сайфуллоевро, ки сабку услуб ва масъалаҳои бадеиятро дар асарҳои устод Айнӣ вобаста бо воқеияти тасвиршаванда ва принсипҳои эҷодкории нависанда борикбинона инъикос мекунанд, хеле заруру саривақтӣ мешуморад.
Дар ин муддат боз бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ якчанд чорабинии муҳим гузаронида шуд, ки бешубҳа, барои инкишоф ва таҳрики афкори танқидӣ хизмати босазое кард. Конференсияи илмие, ки соли 1973 таҳти унвони «Масъалаҳои асосии инкишофи насри муосири тоҷик» баргузор шуда буд, барои амиқтар рафтани танқид ёрӣ расонд.
Мақолаҳои Атахон Сайфуллоев ва Расул Ҳодизода, ки дар боло зикрашон рафт, аз ҷумлаи мақолаҳои оид ба танқиди танқиданд. Ин мақолаҳо пеш аз ҳама бисёр вазифаҳои таъхирнопазири танқидро нишон дода, диққати аҳли танқидро ба онҳо равона намуданд ва дар кори танқиди танқид хидмати босазо карданд.
Сари кор сар кафонад, гуфтаанд, якбора ба миён мондан ва ҳал кардани масъалаҳои марказии танқид, муайян сохтани роҳу равиши асосии инкишофи он кори басо мураккаб ва мушкилписанд аст.
Методология ва ҷиҳатҳои назарии танқиди мо, ки хеле кам мавриди тадқиқот қарор гирифтааст, иҷрои ин вазифаро боз ҳам душвортар мекунад. Аз ин рӯ, бори дигар мақолаи Худоӣ Шарифов «Танқиди адабӣ ва баъзе ҷиҳатҳои инкишофи он» («Маориф ва маданият», с. 1972)-ро хотиррасон кардан зарур аст. Назари амиқ ба муаллиф имкон медиҳад, ки методологияи танқидро на чун чизи яклухту шахшуда, балки дар асоси фалсафаи материалистӣ мутаҳаррику тағйирпазир ба мушоҳида гирад.
Зимнан, бояд иқрор кард, ки ҳоло дар бораи танқиди адабии тоҷик мақола навиштан ҳам осону ҳам мушкил. Аз як ҷиҳат, бешубҳа, шумораи асарҳои танқидӣ афзуда истодааст, онҳоро хонда таҳлил кардан нисбат ба мавқеъ ва усули тадқиқи муаллифон изҳори ақида кардан кори ҳавасангез аст. Вале, аз ҷиҳати дигар, гумон меравад, ки масъалаеро ба миён гузошта, онро бевосита дар заминаи адабиёти бадеӣ омӯхта, таҳлил кардан нисбат ба он, ки «ин корро ин тавр кардан даркор, онашро ин тавр» гуфтан маҳсулноктар ва мароқангезтар бошад. Манфиати кори умумӣ талаб дорад, ки мо ба ин масъала ҳам бояд пайваста машғул шавем, то бо меҳнати дастаҷамъӣ кори танқидмонро пешрав гардонем. Иҷрои мақсад махсусан, ташаббус ва дастгирии олимони адабиётшинос, мутахассисони таърихи адабиёт, мунаққидони пуртаҷрибаи моро талаб дорад.
Ҳоло дар танқиди адабии мо баробари мунаққидони соҳибтаҷрибаамон Муҳаммадҷон Шукуров, Расул Ҳодизода, Раҷаб Амонов, Атахон Сайфуллоев, Соҳиб Табаров як силсила ҷавонон, ба мисли Худоӣ Шарифов, Ҷӯрахон Бақозода, Абдунабӣ Сатторов, Ҳамроқул Шодиқулов, Юсуф Акбаров ҳар яке мувофиқи истеъдоду қудрати худ пурмаҳсул кор карда истодаанд.
Дар байни ин ду-се соли охир чандин маҷмӯаи мақолаҳою асарҳои ҷудогонаи олимон ҳам нашр шуданд, ки дар онҳо баъзе масъалаҳои марказии адабиёт, аз ҷумла, инкишофи насри реалистӣ ва сарчашмаҳои ҳаётию адабии он, халқият, бадеият ва маҳорати адабӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Аз боби танқиди адабӣ сухан ронда, ин асарҳоро, ки бештар хусусияти адабиётшиносӣ доранд, ном бурдан набояд тааҷҷубовар намояд, зеро дар илми адабиёт ҳоло як навъ синтези жанрҳо давом карда истодааст.
Чунин ҳолат ба ғайр аз натиҷаи таъсири мутақобилаи жанрҳои илмӣ буданаш, шояд боз маҳсули аз асарҳои танқидӣ таҳлили аналитикӣ талаб кардани замон бошад. Хусусияти инкишофи адабиёти муосир ҳам, ки дар он тафриқаи сирф жанрӣ он қадар мустаҳкам нест, ба ин гуна хусусият пайдо кардани танқид мусоидат менамояд.
Ин омезиш дар адабиётҳои дигар, аз ҷумла, дар адабиётшиносӣ ва танқиди адабии рус, кайҳост, ки маҳсули хуб додааст. Асари А. Метченко «Кровное, завоеванное» (Худӣ, бадастомада) яке аз намунаҳои беҳтарини ин кӯшишҳо буд, ки соли 1973 сазовори Мукофоти давлатии СССР гардид.
Ҳамин чизҳоро ба назари эътибор гирифта, мо гуфта метавонем, ки асарҳои «Диди эстетики халқ ва насри реалистӣ»-и Муҳаммадҷон Шукуров, «Аз гузашта ва ҳозираи адабиёти тоҷик»-и Расул Ҳодизода, «Ақидаҳои адабии Ленин ва адабиёти тоҷик»-и Атахон Сайфуллоев ва асари адабиётшиноси муҳтарам З. Г. Усмонова «Идроки бадеии шахсият дар адабиёти халқҳои Шарқи Шӯравӣ» муваффақияти танқиди адабӣ мебошанд. Онҳо боиси пешравии танқиди адабии мо шудаанд. Беҳуда нест, ки ин асарҳоро танқиди танқид низ ба хушӣ пазируфт.
Дар ин бора рисолаи «Навпардозиҳои наср»-и Ҷӯрахон Бақозода ва китоби дарсии Ю. Бобоев барои мактабҳои олӣ «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» аз чоп баромаданд, ки мавриди баррасии танқиди танқид гаштани худро интизоранд.
Иштиёқи адибон дар тасвири ҳаёти қаҳрамонони сохтмонҳои азим беш аз пеш афзуда, мундариҷа ва мавзӯи адабиёти муосир ҳаррангтар мешавад. Ин маводи бои зиндагӣ ва қаҳрамониҳои меҳнатӣ шакл ва услуби мувофиқи тасвирро талаб доранд. Аз ҳамин ҷост, ки дар адабиёти муосир ҷараёнҳои реалистӣ ва романтикии услуб ба назар мерасанд, ки заминаи мустаҳками ҳаётӣ доранд.
Вақте ки дар бораи авзои танқиди имрӯзаамон сухан меронем, бешубҳа, вазифаи аввалиндараҷа он аст, ки тамоюл ва роҳу равиши асосии инкишофи онро муайян намоем. Агар бо ин мақсад ба масъала чашм андозем, мебинем, ки танқиди адабии мо кӯшиш мекунад пойдоршавии реализм, принсипҳои тасвири реалистӣ ва чуқуртар реша давонидани онро дар насру назми мо дурусттар баррасӣ намояд. Ҳоло маънидоди реализм аз он фаҳмиши содалавҳона ва натуралистие, ки як вақтҳо ҳам дар танқид ва ҳам дар худи адабиёти бадеӣ ҷой дошт, дур шуда, дар танқид фаҳмиши илмии реализм чуқуртар меравад.
Азбаски таҷрибаи бадеӣ ҳамеша аз қонуну қоида, аз мафҳумҳои назарии мо фарохтару доманадортар аст, танқидро лозим меояд, ки барои ҳақиқати эҷодиёти нависандагонамонро нишон додан ҳамин мураккабиро ба назар гирад. Дар ҳамин ҳолат таҳлили асарҳои нависандагони гуногунзавқи мо аз назари иҷтимоӣ боварибахш мегардад ва танқид барои ба хонанда таъсири фаъолона гузаронидани ин асарҳо кӯмак мекунад. Дар мақолаҳои «Фардияти инсон ва моҳияти иҷтимоии характер»-и Муҳаммадҷон Шукуров, «Ленин дар адабиёти тоҷик»-и Соҳиб Табаров, «Дӯстии халқҳо - дӯстии адабиёт», «Кашфи олами инсон»-и Атахон Сайфуллоев, Лариса Демидчик, «Назаре ба насри имрӯз»-и Ҷӯрахон Бақозода ҳамин гуна фаҳмиши диалектикии инъикоси ҳаёт дар адабиёти реалистӣ ҷой дорад, ки муаллифон ҳар як мувофиқи бардошти мақолаҳояшон ба ин масъала ҳам дахл кардаанд.
Муҳаммадҷон Шукуров ба ин масъала бештар эътибор медиҳад ва дар рафти таҳлили асарҳо ҳамин «ҷанбаи фаъолонаи иҷтимоии адабиёти тоҷик»-ро яке аз сифатҳои асосии он дониста, дар айни ҳол тарзу усулҳои гуногуни тасвири реалистӣ, имкониятҳои фаровони онро дар насри муосири тоҷик нишон медиҳад. Ӯ дуруст менависад, ки «… тамоюли асосӣ дар инкишофи насри ҳозираи тоҷик ҳамоно амиқтар шудани моҳияти иҷтимоии тадқиқи бадеӣ, мукаммалтар гардидани тадқиқи ҳодисаҳо, фактҳо ва характерҳо мебошад… Инро бо тарзҳои гуногун, чи дар эҷодиёти нависандагони баркамол ва чи дар навиштаҳои насрнависони ҷавон дидан мумкин аст». Муаллиф ба ҷараёни адабӣ назари амиқ андохта, тасвири воқеъбинонаи зиндагӣ, гуногунрангии усулҳои реалистии тасвирро дар эҷодиёти нависандагони гуногунсабк Фазлиддин Муҳаммадиев, Сорбон, Мутеулло Наҷмиддинов, Саттор Турсун ва дигарон нишон медиҳад.
Дар ин мақола муаллиф ҳикояҳои Саттор Турсунро таҳлил карда, боз як нуктаи бағоят муҳимро зикр мекунад. Саттор Турсун дар ҳикояи «Ситораи корвонкуш» Назар – қаҳрамони ҳикояашро дар вопасин лаҳзаҳои умраш тасвир намуда, дар ин як муддати кӯтоҳ ба зиндагии ӯ аз оғоз то ба анҷом назар меандозад, бо тамкин ва ҳатто бераҳмии сангин мӯйсафеди ҷонбалабомадаро маҷбур мекунад, ки ҳамаи зишткориҳои дар рӯзгор содиркардаашро аз пеши назар гузаронад. Ин лаҳзаҳо пайи ҳам, ба оҳистагӣ, ҳамчунон кӯҳи гароне варо тазйиқ дода, афшурдаю поймол карда, аз хаёлаш гузаштан мегиранд. Муаллиф ҳам онҳоро болои ҳам меоварад ва дар ҳамин тарзи тасвир, ки аз хотири Назар танҳо бадкирдориҳои ӯ мегузаранд, дар оромии гуфтор ва тамкини сарди нависанда, мавқеи ӯ, баҳои ӯ ба зиндагии Назар аён мешавад. Ҳикоя ба ғайр аз ин қаҳрамони дигаре дорад, ки ҳукми халқ ба зиндагии ин «ситораи корвонкуш» аз забони ӯ баён карда мешавад ва он Тӯрон-тракторчист. Вай баъди аз олам гузаштани Назар чашмони ӯро пӯшонданӣ мешавад, вале наметавонад ва «Ё тавба! – фикр кард Тӯрон-тракторчӣ… – мегӯянд, ки чашми майит кушода монад, аломати аз дунё норозӣ буданаш аст. Боз мегӯянд, ки аксар чашми одами қалтабон… наход ҳамин гап рост бошад?» - гӯён ба фикр меравад.
Муҳаммадҷон Шукуров дар сари ин суханони Тӯрон-тракторчӣ ва ин гуна тасаввуроти халқӣ андеша карда, менависад: «Дар санҷиши моҳияти рафтор муносибату муомилаи фарди алоҳида аҳамияти калон пайдо кардани назари халқ ва меъёрҳои баҳои халқӣ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки яке аз воситаҳои амиқтар шудан ва такмил ёфтани асосҳои халқии адабиёт мебошад». Ҳамин ҷиҳати ба адабиёти бадеӣ дохил шудани ҳикмати халқ, назару тасаввуроти вай аз зиндагӣ, аз як ҷиҳат, хусусияти миллии асарро таъкид карда, онро тару тоза ва дилнишин гардонад, аз ҷиҳати дигар, «принсипҳои ахлоқӣ» дурахшонтару олитар ба назар расида, барои инкишоф ёфтан ва пойдор шудани худ ҳуқуқ пайдо мекунанд. Мунаққид дуруст қайд мекунад, ки такмили чунин ҷанбаи халқият дар асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев бештар ба назар мерасад. Дар ҳақиқат Фазлиддин Муҳаммадиев дар асарҳои худ наҷобати ҳикмати халқ, моҳияти расму одатҳои нек ва таҷрибаи ахлоқӣ ва эстетикии халқро ба хубӣ кашф мекунад ва лаҳзаҳою характерҳои пандомӯзе меофарад.
Мубоҳисае, ки идораи «Садои Шарқ» соли 1973 дар атрофи масъалаи «Қаҳрамони ҳаёт – қаҳрамони адабиёт» оғоз кард, барои тадқиқи бисёр хусусиятҳои ҷолиби диққати насри имрӯзаамон имконият фароҳам овард. Дар мақолаҳои оид ба мубоҳиса фикрҳои пухтае гуфта шуданд. Дар ин мубоҳиса тамоюли асосии наср ва махсусан, насри ҷавонон то андозае муайян гардид. Бесабаб нест, ки яке аз мубоҳисачиён Раҷаб Амонов менависад: «Дар повестҳои Сорбон, Саттор Турсун ва Муҳиддин Хоҷаев ҷузъҳо аксаран ҳамчун масолеҳи асосии иншои реалистӣ истифода шудаанд, азбаски қисми асосии ин ҷузъҳо ҳаётӣ буда, ба вазъияти тасвиршуда комилан мувофиқат мекунанд, барои мустаҳкам шудани заминаи реалистии асарҳо хизмат карда тавонистаанд».
Иштирокчиёни дигари мубоҳиса Абдухолиқ Набиев, Ҷӯра Бақозода, Юсуф Акбаров ва дигарон ҳам дар мақолаҳои худ мустаҳкамтар шудани заминаи реалистии тасвирро дар насри ҷавонон қайд кардаанд. Аз ҷумла Ҷӯра Бақозода менависад, ки «… имрӯз насрамон хеле пеш рафтааст, реализми он амиқу пурқувват гаштааст» ва ё Абдухолиқ Набиев ба чунин хулоса меояд, ки «нависандагон бештар ба олами ботинии шахс диққат дӯхта, сарманшаи талошу меҳнати мардуми советиро, ки аз талаботи маънавии он сар мезанад, ба тасвир гирифта истодаанд. Ин ҳама барои адабиёт муҳим ва зарур аст, зеро боиси мустаҳкам шудан ва амиқ рафтани реализми он мегардад». Муаллифони мақолаҳо баъди мушоҳидаҳои амиқ ба чунин хулоса омадаанд, ки дуруст аст.
Бамаврид аст қайд кунем, ки ҳоло диққати мунаққидону олимон на танҳо ба омӯзишу баррасии реализми насри муосир, балки ба реша ва пайдоишу унсурҳои он дар таҷрибаи бадеии адабиёти тоҷик ҷалб шудааст. Дар ин бобат мақолаи Шарифҷон Ҳусейнзода «Аз сарчашмаҳои тафаккури реалистӣ дар адабиёти тоҷик» ҷолиби диққат аст. Муаллиф аз адабиёти классикии мо, ки дар илми шарқшиносии рус ва Аврупо бештар ва асосан ҳамчун адабиёти романтикӣ маъруф шудааст, аз назаргоҳи наве, аз он назаргоҳе, ки ба он устод Садриддин Айнӣ нигариста, Саъдиро нависандаи реалист гуфта буд, чашм андохта, дар он унсурҳои зинда ва муҳаррики реалистиро кашф мекунад. Дар бораи хусусият ва ҷараёни ин анъана ӯ менависад: «Ин анъана пайваста ба шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданӣ дар давоми асрҳо ба тадриҷ инкишоф ёфта, ҳатто ба ҷараён ва мактаби махсус (чун равиши вуқӯъ, дабистони вуқӯъ ва ғайра) мубаддал гардида ба типҳо ва марҳилаҳо низ ҷудо шудааст. Чунин ҳодисаи адабӣ зарурати ба таври ҷиддӣ омӯхтан ва таҳқиқ намудани моҳияти афкори реалистиро дар адабиёти клаасикии форсу тоҷик, принсипҳои идеявӣ ва эстетикӣ ва роҳҳои инкишофи онро ба майдон мегузорад». Албатта, таҳлили ҳамаҷонибаи реализм дар адабиёти ҳазорсолаи тоҷик аз имконияти як ё якчанд мақола берун аст. Ин корест, ки меҳнати дастаҷамъӣ мехоҳад. Вале афсӯс, ки олимону мунаққидони мо ба ин масъала то ба ҳол камтар даст задаанд. Дар ин бобат ба ғайр аз мушоҳидаҳои академик Абдулғанӣ Мирзоев, Иосиф Брагинский, мақолаҳои Расул Ҳодизода дар бораи «Насри бадеии Аҳмади Дониш» ва Атахон Сайфуллоев «Оҳангҳои реалистӣ дар адабиёти тоинқилобӣ» чизи дигареро ном бурда наметавонем. Ногуфта намонад, ки дар асари З. Г. Усмонова «Идроки бадеии шахсият дар адабиёти халқҳои Шарқи Шӯравӣ» ҳам ин масъала вобаста ба анъанаи таҳлили психологӣ ва тадқиқи ботинии инсон гузошта мешавад. Муаллиф, вақте ки оё анъанаи таҳлили психологӣ дар адабиёти халқҳои Шарқи Шӯравӣ вуҷуд дошт, гӯён рӯирост савол мегузорад, ба он ҷавоби возеҳ надода, онро ба тадқиқи ҷузъу кулли ҳарҷонибаи як миқдор масъалаҳои масъалаҳои методологӣ вобаста мешуморад, вале агар таҳлили психологӣ, яке аз хусусиятҳои адабиёти реалистӣ буда, дар идроки бадеи шахсият мавқеи муҳим дошта бошад, пас ин чиз дар саросари асари З. Г. Усмонова таъкид шуда, дар зимни таҳлилу таҳқиқҳои муътамад ҷой гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар бораи анъанаҳои насри классикӣ солҳои охир (барои мо, бешубҳа, муҳимтаринаш анъанаи реалистии ин наср аст) баъзе андешаҳои пурқимат баён шуданд. Дар суҳбати мизи мудавваре, ки бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва идораи журнали «Дружба народов» моҳи апрели соли 1972 барпо шуда буд, И. С. Брагинский ба ин масъала бештар диққат дод ва мушоҳидаҳои худро баён кард. Ӯ анъанаҳои адабиёти классикиро ба ду қисм ҷудо карда, қисмати аввалро мансуби доираи танги хонандагон донисту қисмати сониро доираи васеи мардум ва дар бораи қисмати дуюм чунин изҳор дошт: «Дар бобати анъанаи насрии «китобҳои халқӣ» бо камоли сароҳат метавон гуфт, ки ин анъана, умуман, хусусияти прогрессивӣ ва демократиро дорост. Агар нависандагони тоҷик имрӯз аз ин мерос бебаҳра бошанд ҳам, Садриддин Айнӣ дар эҷоди бадеияш аз ин анъана илҳом мегирифт. Нависандагони ҷавон, ба восита, ба туфайли эҷодиёти адибони калонсол аз он анъана бархӯрдор мегарданд ва бинобар он ҳам дуруст баҳо додан ба мероси адабии «халқӣ», ба фикрам, хеле муҳим аст». Ин фикрҳо, бешубҳа, ҳақиқат доранд ва омӯхтани тамоюли реалистӣ дар насри классикӣ барои пурратар тасаввур кардани вазъи реализми имрӯз ёрӣ хоҳад расонд. Чунонки Атахон Сайфуллоев менависад, «адабиёти саветии тоҷик дар заминаи ҳаёти нави сотсиалистӣ ва тасвири реализми рус тараққӣ карда бошад ҳам, реализми адабиёти классикии форс-тоҷик яке аз сарчашмаҳои муҳимми инкишофи он мебошад». Мо бо ин таваҷҷуҳи худ ба омӯзиши масъалаҳои реализм дар адабиёти классикӣ ҳаргиз чунин фикреро илқо карданӣ нестем, ки ҳама бояд ба тадқиқи ин мавзӯъ пардозанд ва масъалаҳои дигар як дараҷа мавқуф гузошта шаванд. Балки ба гурӯҳи бузурги олимону адабиётшиносон, ки ба тадқиқи масъалаҳои гуногуни адабиёти классикӣ машғуланд, бори дигар ёдоварӣ карданӣ ҳастем, ки масъалаи таҳлилу тадқиқи диду тасвир ва тахайюлоти реалистӣ аз бисёр мавзӯъҳои дигари ночиз, ки мутаассифона, бисёриҳо ба онҳо саргарманд, муқаддамтар, заруртар ва ба дарди адабиёти имрӯз бештар мехӯрад.
Дар асари тадқиқотии «Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ»-и Муҳаммадҷон Шукуров масъалаи анъанаҳои насри реалистӣ, на ин ки ба таври умумӣ қабул ва ё рад карда мешавад, балки дар эҷодиёти устодони насрамон Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Сотим Улуғзода ва то асарҳои ҷавонтарин нависандагонамон ба заминаи илмӣ гузошта шуда, аз назари таҳлилу тадқиқ мегузарад. Дар тадқиқот нишон дода мешавад, ки услуби насри реалистии тоҷик маҳсули давоми ҷустуҷӯи роҳҳои тасвири реалистии инсон буда, баробари аз адабиёти халқҳои дигар ва, махсусан, адабиёти рус таъсири муайяне гирифтанаш заминаи халқияш ҳам мустаҳкам буда, аз анъанаҳои миллӣ баҳра бардоштааст. Масалан, муаллиф хусусияти услубии эҷодиёти Айниро муайян карда менависад, ки «муҳимтарин хусусиятҳои диди эстетикии халқ, ки асрҳо боз муайян мешуд, аз услуби Айнӣ нест нашудааст, балки сифатҳои наве пайдо кардааст, боз ҳам ғанитар ва қавитар гардидааст» ва ҳамин хулоса муаллифро водор мекунад, ки як нуктаи муҳими дигарро низ зикр кунад. Роли анъанаҳоро дар адабиёт на аз камбудиҳои нависандагон, балки аз рӯи комёбиҳои ҳақиқии ба даст овардаашон муайян кардан лозим аст. Танҳо дар ин сурат аҳамият ва нақши онҳо дар ҷараёни адабиёт беҳтар ва аниқтар равшан мегардад.
Дар суҳбати мизи мудаввари мазкур Масъуд Муллоҷонов маҳсули хуби тариқи устухонбандии «ҳикоят андар ҳикоят» ва «чорчӯбадор»-и классикиро дар эҷодиёти нависандагони халқҳои дигар, аз ҷумла, дар романи «Мисрӣ»-и Сергей Бородин ва «Тронка»-и Олес Гончар дид. Ба ин номгӯй боз номҳои бисёреро илова кардан мумкин аст, вале мо танҳо асари нависандаи ӯзбек Асқад Мухтор «Чинор»-ро зикр мекунем. Ин роман, ки, бешубҳа, муваффақияти адабиёти ӯзбек аст, дар шакли афсонаҳо, ҳикояҳо ва повестҳо навишта шуда, дар чаҳорчӯбаи банду басти сафарномаҳои анъанавии Шарқ аст. Нависанда маҳорати эҷодии худро дар дохили ҳамин шакли анъанавӣ ба кор андохта, ба он дигаргуниҳои тозаеро дохил мекунад, ки ба шиддати задухӯрди асар, қувват гирифтани лаҳзаҳои драмматикии он ёрӣ медиҳад. Дар ин асар махсусан, симои Очил-бобои навадучаҳорсола, ки ба таърихи маданияти халқ ва инкишофи ояндаи он шавқе дорад, қобили таваҷҷуҳ аст. Очил-бобо ҳамроҳи наберааш Азимҷон, ки дар хориҷа таваллуд шуда ба воя расидааст, ба сафар мебарояд (Пеш аз револютсия падару модари Азимҷон батрак буданд ва дар солҳои револютсия бой онҳоро фиреб дода, ҳамроҳ ба хориҷа бурдааст. Азимҷон дар он ҷо таваллуд мешавад. Ҳоло ба меҳмонии бобояш омадааст). Дар самолёт дар байни Очил-бобо, Азимҷон ва журналист чунин суҳбат оғоз мешавад. Вақте ки журналист дар бораи таърихи халқ бисёр чизҳоро нақл мекунад, Азимҷон ба Очил-бобо рӯй оварда мегӯяд:
« – Бобо, ман гумон мекардам, ки то инқилоб на танҳо дар авлоди мо, балки дар тамоми Осиёи Миёна ҷаҳолат, гадоӣ, беҳуқуқӣ ҳукмрон буд. Ҳар чӣ бошад ҳам, ман дар бисёр китобҳо ҳамин тавр хонда будам. Акнун фаҳмам, ки Олимтой падари Комила – муаллим, падари Юлдош ҳам муаллим ва ҳатто олим будааст.
– Дар мо ҳоло ҳам сабукфикроне, ки ҳама чизро одию содалавҳона нишон медиҳанд, кам нестанд, – гуфт бобо. Бале, дар байни мардум беҳуқуқӣ, нодонӣ ва қафомондагӣ буд, лекин халқ чилчароғони тафаккури инсонии худро ҳам дошт. Ва таърих ҳам имрӯз сар нашудааст. Ва одамон ҳам дар як рӯз ба хушбахтӣ нарасидаанд… Агар фақат ғуломону ҷоҳилон ба сӯи хушбахтӣ мерафтанд, онҳо дар роҳ роҳгум мешуданд».
Шакли истифода бурдаи Асқад Мухтор, ки «сафарнома» ва «ҳикоят андар ҳикоят» аст, барои ба миён гузоштани бисёр масъалаҳои муҳими зиндагии имрӯза, маданияту маишат, дигаргуншавии тафаккуру рӯҳия, ахлоқу одоб имкони хубе медиҳад.
Аммо танқиди адабӣ баъзан бисёр жанрҳои адабиро пеш аз рӯзаш «мекушад» ва ҳол он ки масъалаи бақои жанрҳо андак мураккабтар ва худи жанр бар хилофи фаҳмиши мо ҷонсахттару мутаҳарриктар аст. Имрӯз ҳар жанре, ки метавонад ба ниёзи адабии мо ҷавоб гӯяд, яъне мундариҷаи реалистиро дар худ гунҷоиш диҳад ва барои инъикоси воқеияти имрӯза монеъ нашавад, ҳуқуқи зиндагӣ дорад ва дар эҷоди бадеӣ қобили истифода шудан аст.
Дар насри мо шаклу жанрҳои анъанавӣ аз ҳама бештар дар асарҳои устод Садриддин Айнӣ тағйир ёфта, ба вазифаи ифодаи мундариҷаи реалистӣ омадааст, дар назм ин чиз дар эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода хеле маҳсулнок аст.
Дар ҳамин маврид баъзан чунин ба назар мерасад, ки танқиди адабии мо ба нависандагону шоирон таълим доданро хеле дӯст медораду худ аз адабиёт камтар меомӯзад. Адабиёт мундариҷаи иҷтимоии замон ва таҷрибаи эстетикии даврро ба хубӣ инъикос мекунад, вале бисёр мешавад, ки танқиди адабӣ ин ҳамаро кушода дода наметавонад ва ё аз ҳамдигар ҷудою беалоқа мебинад.
Олами адабиёту санъат бо вуҷуди вобастагияш аз олами мавҷуд, олами комил ва ягонааст. Танқиди реалистӣ ҳам ҳангоми таҳлили ин ё он асар онро набояд ба қисматҳо тақсим кунад, балки дар пуррагӣ, мукаммалӣ ҳамчун ҷаҳони дар худ гунҷоишёфта баррасӣ намояд. Дар ҳамин ҳолат ӯ олами бадеиро аз олами воқеии мавҷуд камтару ночизтар надониста, онҳоро ҳамчун ду олами баҳам баробар ба мушоҳида гирифта метавонад.
Дар намунаҳои беҳтарини насрамон тадқиқи психологии қаҳрамони муосир амиқтар рафта истодааст ва ин танқиди адабиро водор мекунад, ки ба масъалаи тарзу усулҳои таҳлили психологӣ ҷиддитар машғул шавад. Бешубҳа, таҳлилу тадқиқ ва тааммуқи замиру рӯҳияи инсон аз дигаргуниҳои азиме, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии мо рӯй додаст ва ин ҷараён давомдору беохир буда, дар ҳар марҳила махсусиятҳои худро дорад, набояд аз ҳам ҷудою новобаста бошад. Таҳлили психологӣ ҳамон вақт арзиш дорад, ки тақдири қаҳрамон пурғунҷоиш бошад, муҳимтарин ҳодисаҳои давру замон дар сарнавишташ инъикос ёбад, маънавиёти қаҳрамон бою ҳарранг ба қалам кашида шавад. Ба насри мо лозим аст, ки ҳангоми тасвири қаҳрамони муосир, таҳлили рӯҳия ва психологияи вай инъикоси он дигаргуниҳои азимеро, ки дар республикаи мо ба амал пайвастаанд, дар ботин, дар замир ва дар шууру тафаккури қаҳрамон нишон дода тавонад. Танқиди адабӣ ҳар дуи ин чизро қиёс карда, амиқӣ, бунёди ҳаётӣ доштани андешаҳои ботинӣ ва қалбии қаҳрамонро дармеёбад ва маҳорати адибро дар тадқиқи психологии қаҳрамон муайян мекунад.
Танқиди адабӣ амиқ рафтани таҳлили психологиро на фақат дар насри муосир дар асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев, Муҳиддин Хоҷаев, Сорбон, Саттор Турсун, балки дар назм ҳам дар эҷодиёти шоиронамон устод Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Бозор Собир ва баъзеи дигарон қайд кардааст. Чунин як мавҷи тозаеро дар равиши адабиётамон ба чӣ далел шарҳ метавон дод? Ин ҷараён, бешубҳа, аз ҳаёти мо оғоз гирифта, торафт мустаҳкамтар шудани бунёди гуманистӣ, инсонпарварии кулли адабиёти муосир ва дар навбати худ адабиётҳои миллии моро нишон медиҳад. Инкишофи ҷамъият мавқеи ҳар фардро дар зиндагӣ муайян карда, ба фард, ба ҳиссаи вай дар ҷараёни таърих баҳои муносибе медиҳад. Он ба ҳар инсон чун ба як фарди нотакрор менигарад ва дар натиҷа ҳар ҷунбише, ҳаракате дар ботини инсон барои муайян намудани мавқеи ӯ дар зиндагӣ аҳамият пайдо мекунад. Ин ҳам яке аз хусусиятҳо ва талаботи асосии адабиёти реалистист.
Баробари ин танқиди адабӣ дуруст пай бурдааст, ки бо чуқур рафтани таҳлили психологӣ, чи дар насру чи дар назм ҷаҳони маънавию ахлоқии инсони муосир эътибори махсус пайдо мекунад. Дар ин ҷараён чизи ҷолибтар аз ҳама он аст, ки адабиёт пайваста кӯшиш ба кор мебарад, ки меъёрҳои абадии ахлоқ – хайру шар, неку бад, садоқату хиёнат, дурӯғу ростро дар зимни мавҷудияти рӯзҳои мо бисанҷад.
Тадқиқи хусусиятҳои инкишофи реализм дар насри муосир ба танқиди адабӣ имкон дод, ки ба баррасии масъалаҳои муҳими адабиёт ба тадқиқи қаҳрамони имрӯз, тафаккуру рӯҳия ва фаъолиятмандии иҷтимоии ӯ машғул шавад. Танқиди адабӣ аз ин дидгоҳ ба роману повестҳои Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукӯҳӣ, ҳикояҳои Фазлиддин Муҳаммадиев, Расул Ҳодизода, повесту ҳикояҳои Сорбон, Муҳиддин Хоҷаев, Ибод Файзуллоев, Ҷумъа Одинаев, Саттор Турсун чашм андохта, онҳоро баррасӣ карда, баҳои муносиб дод.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба насри тоҷик қаҳрамонҳо ҳам аз деҳу ҳам аз шаҳр, ҳам аз колхозу ҳам аз сохтмонҳо дохил шуда, дар симои худ майлҳои асосии инкишофу пешравии ҳаёти моро инъикос мекунанд. Фаъолияти шаҳрвандии онҳо бо ҳаёти фардӣ ва ботинӣ пайваста нишон дода шудаанд. Бо вуҷуди он ки адабиёти мо ҳоло бо симои қаҳрамонҳои коргари фаъол, ки тақдираш пургунҷоиш буда, аз ҷиҳати бадеӣ муътамаду боварибахш ва бо маҳорати баланди бадеӣ офарида шуда бошад, он қадар нозидаю фахрида натавонад ҳам, дар ин роҳ кӯшишҳои ҷудогонае ба амал пайваста истодаанд. Ҳақ ба ҷониби Мирзо Турсунзодааст, ки мо то ба имрӯз «дар бораи синфи коргар ба ҷуз «Шӯроб»-и Раҳим Ҷалил романеро ном бурда наметавонем» ва эроду таъкиди Атахон Сайфуллоев ҳам ҷон дорад, ки «тадқиқи ин масъала дар маркази диққати мунаққидон низ қарор нагирифтааст. Ҳатто дар мавзӯи «Образи синфи коргар дар адабиёти тоҷик» ягон рисола ё мақолаи ҷиддие таълиф нашудааст», мегӯяд ӯ. Аммо, ҳоло аз Фазлиддин Муҳаммадиев сар карда (симои ронандагон аз ҳикояҳои «Роҳ», «Суди рафиқона» ва симои Хиромон аз романи «Палатаи кунҷакӣ»), то Юсуф Акобиров, Муҳиддин Хоҷаев, Ҷумъа Одинаев, Саттор Турсун кӯшиши барҳам задани ҳамин ақибмондагӣ ҳис карда мешавад. Лекин ин масъала ба осонӣ ҳал намешавад ва танқиди адабӣ инро бо тамоми ҷиддият ба назди нависандагону шоиронамон гузоштанаш лозим аст.
Дар адабиёт бояд симои бадеии коргари тоҷик бо тамоми хусусиятҳои миллияш ба тасвир гирифта шавад. Азбаски дар кишвари мо таърихи пайдоиши синфи коргар дуру дароз нест, вай ки деҳқони дирӯзаю меҳри хокпошию замин дар дилаш зиндааст, аз коргарони дигар халқҳо ва шаҳрҳои азими саноатӣ, ки таърихашон қадимтар аст, ба хосагӣ ва дигаргунии баъзе ҷиҳатҳои рӯҳию маънавиаш фарқ мекунад. Вале онҳо умумияти асосӣ ҳам доранд, ки бо ҷаҳонбинии комил, маънавиёти ғании худ ба зиёиёни замонамон ҳамсар будани онҳост. Масалан, Хиромон аз «Палатаи кунҷакӣ»-и Фазлиддин Муҳаммадиев, Мирзо Мурод аз қисми аввали повести «Об рӯшноӣ»-и Муҳиддин Хоҷаев аз коргароне ҳастанд, ки аз ҷиҳати савия ва эътибори дунёфаҳмияшон дар пояи хеле баланд ва мустаҳкам меистанд.
Хиромон коргарзани фаъолу поктинат, дилрабою шӯхтабиат аст. Нависанда дар ҳамон хатти инкишофи роман, ки аз дӯстдорию муҳаббати Иброҳимҷону Хиромон оғоз ёфта, хеле табиӣ ва боварибахш идома мекунад, ин ду ҷавонро ҳам дар сари кор ва ҳам дар мавриди андешаҳои ботиниашон нишон дода, мавқеи босазои ононро (махсусан, Хиромонро) дар ҳаёти ҷамъият ба маҳорату устодӣ ва бо бадеиёти реалистӣ таҷассум мекунад. Хиромон типи нави коргарзани тоҷик аст, ки баробари ҳамчун зан дилнишину боназокат будан, бори ҷамъияти имрӯзаи моро мекашад. Тадқиқи бадеии сарнавишти чунин як зан, бешубҳа, аз муваффақияти насри реалистии мост. Фазлиддин Муҳаммадиев симои Хиромонро офарида, ҳамон холигоҳро, ки насри мо дар офаридани симои коргари муосир ва махсусан, коргарзанон дошт, андаке пур кард. Таҳлили ҳамаҷонибаи роман ғоя, хусусиятҳои бадеӣ, маҳорат, устухонбандӣ ва симои қаҳрамонҳои он ҳоло дар уҳдаи танқиди адабист. Мақолаҳои Муҳаммадҷон Шукуров ва Соҳиб Табаров дар ин кор оғози хуб аст.
Чанд вақт аст, ки алоқамандона бо мавзӯи тасвири ҳаёти имрӯза ва махсусан, коргарон дар адабиёт танқиди адабӣ масъалаи инқилоби илмию техникӣ (ИИТ)-ро ба миён мегузорад. Дар мубоҳисаи зикрашрафтаи «Қаҳрамони ҳаёт - қаҳрамони адабиёт» ҳам ин чиз яке аз мавзӯъҳои асосии гуфтугӯ буд. Шубҳае нест, ки ИИТ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқии мамлакат дигаргуниҳои ба назар намоёне ворид кард. Ҳоло симои коргару бинокори тоҷикро ҳам ба тасвир гирифта, дар кору кирдор ва хислату рафтори ӯ инъикоси ин давраи ИИТ-ро ба назар нагирифтан, таъсири як ҳақиқати ҳаётро аз эътибор соқит кардан аст.
Вале чунин ба назар мерасад, ки баъзан нависандагон аз имконияти ИИТ сӯистеъмол карданӣ шаванд, гоҳи дигар танқиди адабӣ дар муайян кардани нақши ИИТ дар адабиёт муболиға мекунад. Сӯиистеъмоли масъалаи инқилоби илмию техникӣ дар он зоҳир мешавад, ки зиддиятҳои куҳнаи забонзадро нав нишон доданӣ шуда, онҳоро ба мавзӯи ИИТ мепайванданд. Ин кор боиси он мешавад, ки адабиёт аз нишон додани ҷараёнҳои амиқ ва мураккаби зиндагӣ дур шуда, онро танҳо ба ИИТ вобаста мекунад ва моҳияту мубрамии худро ночиз мегардонад. Дар ҷараёни мураккаби ҳаёти имрӯз бисёр масъалаҳо аз ҷиҳати ғоявӣ, маънавӣ ва ҳатто таърихию замонӣ дар доираи таъсири ИИТ нестанд.
Дар ҷамъият инкишофи бисёр ҷиҳатҳои иҷтимоию маънавии зиндагӣ бо масъалаҳои тараққиёт ва пешрафти техника ҳамсон нест. Адабиёт ҳам дигар ба инсон танҳо чун ба «инсони кору вазифа» нанигариста, пеш аз ҳама ба одамгарӣ, муносибату рафтораш бо одамони дигар, маънавиёташ тааммуқ карда, ба қалам медиҳад ва ба ин восита тасвири яктарафаи инсонро барҳам мезанад. Роҳи асосии инкишофи адабиёт ҳам ҳамин аст.
Дар эҷодиёти нависандагон, чи насли калонсоламон: Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ ва чи насли ҷавонтарамон: Фазлиддин Муҳаммадиев, Муҳиддин Хоҷаев, Юсуф Акобиров, Сорбон, Саттор Турсун ва дигарон назари иҷтимоӣ ба воқеаҳо пурқувваттар мешавад. Қаҳрамони асарҳо, ки аз ҷиҳати хулқу хӯ мураккаб буда, ба зиддиятҳои сахте дучор меоянд ва онҳоро на ба осонӣ бартараф мекунанд, шахсияти худро чун қаҳрамони адабиёт бузургтару пурмаънитар нишон медиҳанд.
Аз ин ҷиҳат ҷанбаи фалсафӣ, махсусан, дар назмамон, дар эҷодиёти Муъмин Қаноат, Лоиқ, Қутбӣ Киром мустаҳкаму пурқувват гардида, барои кашфи имконоти тоза дар тасвири воқеият ва таровишҳои қалбии инсон, умумияти бадеӣ додан ба онҳо ва аз онҳо мазмуни фалсафӣ бардоштан афзуда истодааст.
Достони «Сурӯши Сталинград»-и Муъмин Қаноат дар ин хусус мисоли равшан аст. Дар бораи ин достон ва асосан хусусиятҳои услубӣ ва банду басти он мақолаи Худоӣ Шарифов «Тараннуми ҳаёт» ба табъ расида буд.
Муаллиф бобҳои достонро аз ҳам ҷудо карда, ба таҳлил мегирад ва оид ба устухонбандии он мушоҳидаҳои худро баён мекунад. Ин тарзи таҳлил, ки Худоӣ Шарифов дар мақолааш истифода кардааст, ба мақсади ӯ, ки таҳлили хусусиятҳои услубӣ ва банду басти асар аст, созгор омадааст. Бунёди фалсафии достон ҳам аз назари мунаққид бар канор намемонад ва ӯ менависад: «Бузургии ҷаҳон ба ақидаи шоир, чунончи аз сурӯшҳои панҷум, шашум ва ҳафтум хулоса кардан мумкин аст, инсон буда, пояи бузургии ӯ меҳру садоқат ва ишқ аст».
Аммо чунин гумон меравад, ки ин достонро дар яклухтияш омӯхта, яъне таҳлили синтетикӣ карда, хусусиятҳои ғоявӣ ва зебошинохтии онро нишон додан ҳам на камтар маҳсулнок бояд бошад. Фақат дар ин сурат ба умқи мақсади шоир, ки кӯшиш кардааст, ба фалсафаи ҷанг, ғалабаю мағлубият, инсону замин, ҳаёту мамотро на дар доираи як ҷанг ва атрофи Сталинград, балки ба воситаи он дар тамоми кураи арз - Замин андар равад, пай бурдан мумкин аст.
Масъалаи дигаре, ки баробари таҳлили ботинии инсон дар танқиди адабӣ зуҳур мекунад, масъалаи симои қаҳрамони лирикист.
Раҷаб Амонов ва Лариса Демидчик дар яке аз тақризҳои якҷояи худ бо таассуф эътироф карда буданд, ки «адабиётшиносони мо характери қаҳрамони лирикии назмро кам тадқиқ мекунанд. То ҳол ягон тадқиқоте ба табъ нарасидааст, ки дар он таҳаввули ғоявию бадеии симои қаҳрамони лирикӣ муфассалан ба назар расида бошад, хислату хусусиятҳои он дар шароити таърихии конкрет аз таҳлили ҷиддӣ гузашта бошад, алоқаи ин қаҳрамон бо қаҳрамони лирикии назми классикию халқӣ муқаррар гардида бошад». Танқиди адабӣ дар кори ҳаррӯзаи худ аз ин истилоҳ фаровон истифода мекунад ва баъзан, мутаассифона, сарҳади ин мафҳум батамом сутурда мешавад ва агар ҳамин тавр монем, натиҷаи неке доштанаш ба гумон аст.
Истад Қосимов ба номи «Қаҳрамони лирикӣ ва андешаҳо дар бораи он» мақола ба табъ расонида кӯшиш кардааст, ки дар роҳи як андозаи муайян кардани мафҳуми ин истилоҳ ва таҳлили ин қаҳрамон дар назми солҳои сиюм ҳиссае гузорад. Гузориши масъала бад нест. Дар ин бора баҳсҳои доманадори «ифшои худӣ»-и солҳои панҷоҳум ва қаҳрамони лирикии солҳои шастум, ки дар адабиёти рус барпо шуда буданд, ба хотир оварда мешаванд. Муаллиф тарафдори истифодаи ин истилоҳ аст ва онро барои таҳлили ҷиҳатҳои гуногуни лирика манфиатнок меҳисобад, ки дуруст аст. Вале чизе дигар тааҷҷубовар аст, ки ӯ мехоҳад аз ҳар шеър тарҳ, хислат, симо ва шахсияти қаҳрамони лирикиро пайдо кунад, гӯё бо ин кор ба шеър қимате меафзуда бошад. Аз ҷумла, ӯ қасидаи машҳури устод Рӯдакӣ «Бӯи ҷӯи Мӯлиён»-ро таҳлил карда менависад: «Аз ин қасида пеш аз ҳама симои шоир ва шахсияти ӯро тасаввур мекунем» ва ё боз сонитар «... аз ин шеъри лирикӣ симои маънавии шоир-қаҳрамони лирикӣ шахсияти беҳамтои вай бо тамоми бузургӣ пеши назари кас меояд...». Он чи ки муаллиф менависад, на аз мутолиаи бевоситаи шеър, балки аз он ҳикояте, ки ба таърихи сурудани ин шеър оид аст, ба назар мерасад. Бинобар ҳамин ҳам он тасаввуротеро, ки мо дар бораи шахсияти устод Рӯдакӣ дорем ва онро аз мутолиаи мероси ба мо расида ва аз ҳикояҳои тарҷумаи ҳолаш ҳосил кардаем, ба қаҳрамони лирикӣ вобаста кардан дуруст нест. Аз ин кор қимати ин қасида на паст мешавад ва на баланд. Вай ба ҳамон дараҷае, ки ҷолибу хушоҳанг, зебою дилнишин буд, мемонад.
Фарз кардем, ки муаллифи мақола дар ҳолати боло саҳв карда, факти ҳаётии шоирро ба қаҳрамони лирикии дар шеър набуда нисбат дод, вале ин кори ӯро чӣ хел маънидод кардан мумкин аст. Ӯ симои қаҳрамони лирикии яке аз шеърҳои Лоҳутиро таҳлил карда, чунин мегӯяд: «шоир симои қаҳрамони лирикиашро хеле возеҳ ба қалам медиҳад» ва ин пораи шеърро меорад:
Акнун ин колхоз ҷои даҳто буз
Садҳо галла мепарваронад,
Ҷои чорта даст чанд ҳазорто даст
Ҳосил аз замин мерӯёнад.
Оё аз ин сатрҳо симои қаҳрамони лирикиро возеҳ дида мешавад? Гумон аст.
Бисёр вақт муаллифони ҷудогона дар баҳо додан ба асар муболиға карда, ба он чизеро, ки дар он нест, нисбат медиҳанд. Ин кор махсусан, дар тавсифи ҳамин қаҳрамони лирикӣ ва ё таҳлили «ман»-гӯиҳо дар шеър ҳис карда мешавад. Қариб аст дар «ман»-и ҳар шеър ҷумлаи оламиён ва дарду ташвишҳои оламро кашф кунем, дар «ман»-и ҳар шеър рӯҳия ва авзои замонро ҳис кунем ва шоиреро, ки дар зимни «ман»-аш ба ҷуз шахсияти маҳдуди вай чизе дигаре нест, бовар кунонем, ки ту забони рози дили ҳазоронӣ. Оё чунин шарҳ додан ва маънӣ баровардан ба манфиати кор аст?
Баръакс онҳоро аз доираи танги тафаккуру эҳсосоташон берун баровардан зарур аст. Ин ба манфиати худи онҳо ва адабиёт хоҳад буд.
Нашавад, ки дар бораи маҷмӯаи шоире сухан ронда, мисли Ҳасан Муҳаммадиев «аз тарзи фикрронии вай кас чунин тасаввуроте ҳосил мекунад, ки гӯё мабдаи илҳоми шоир дар ҳастии худи ӯ, хотирот ва ёддоштҳояш ниҳон бошад» - гуфта инро дастгирӣ кунем ва чун сифати неки ашъори шоир ва айни ҳол шоири бешубҳа, соҳибзавқ Бозор Собир ба қалам диҳем. Ҳамин ақида дар тақризи дигари ӯ «Дар ҳукми сабзаи навдамида хеле доманадор ба қалам омадааст. Ҳол он ки ҳанӯз соли 1822 А.С. Пушкин дар яке аз мақолаҳояш навишта буд «... ба шоирони мо нисбат ба ин ғояҳои маъмулиашон андаке ғояҳои дигари бузургтар доштан зарар намекард; вагарна танҳо бо хотироти ҷавонии гузарон дур рафтани адабиёти мо муҳол аст».
Муболиға ва зиддияти фикр дар як тақризи ба маҷмӯаи шеърҳои Ҳабибулло Файзулло «Дунёи ҷавонӣ» навиштаи Юсуф Акбаров низ ба назар мерасад.
Ӯ менависад: «Аз шеърҳои ошиқонаи маҷмӯа дида мешавад, ки Ҳабибулло Файзулло характерҳои лирикӣ офаридааст. Ин ҷо пеши назар ду характер, яке маҳбуба ё духтари беиродаю паймоншикан, дигаре ошиқи қавиирода ва дар раҳи паймон устувор намудор мегардад». Аввал ин ки муаллиф шоир характерҳои лирикӣ офаридааст гуфта, муболиға мекунад ва сониян, вақте ки ӯ тавсифи ин характерҳои лирикиро медиҳад, маълум мешавад, ки онҳо хеле умумӣ, обшуста ва забонзад будаанд (беиродаю паймоншикан ва қавииродаю устувор).
Фарзан, ба гапи мунаққид бовар кардем, ки шоир характерҳои лирикӣ офаридааст, духтар беиродаю паймоншикан ва ҷавон қавииродаю устувор, вале пас аз чаҳор ҷумлаи дигари мунаққид мехонем, ки «... қаҳрамони лирикии Ҳабибулло Файзулло чандон ошиқ нест, шаҳди ишқро начашида ва танҳо лофи ошиқӣ мезанаду бас». Ва пас аз ду ҷумлаи дигар мехонем: «қаҳрамони лирикии шоир қадри ишқу ошиқиро кам медонад ва баъзан ишқро масхара мекунад». Охир, кадоми ин гапҳо ҳақиқат дорад ва агар ҳақиқат дошта бошад, хонанда ба кадомаш бовар кунад?
Вазъияти тақриз ва махсусан, тақризи шеър дар танқиди адабии мо чандон хуб нест.
Як мисоли дигар, ки дар он хатои тақризнавис ҷузъӣ ва тасодуфӣ набуда, маҳсули мавқеи барғалати ӯст. Муқарриз Ҳ.Муҳаммадиев маҷмӯаи марҳум Ғоиб Сафарзода «Ошёни офтоб»-ро таҳлил карда, чунин менависад: «Ба фикрам, Ғоиб Сафарзода ва ҳамсолони ӯро навомӯзу навқалам ҳисоб кардан чандон дуруст нест, ҳарчанд ки онҳо ҳанӯз дар сари роҳанд. Вақте ки маҷмӯаи аввалини онҳоро бо маҷмӯаҳои аввалини адибони солҳои сиюм, чилум, ҳатто панҷоҳум ба адабиёт қадам гузошта муқоиса мекунем, ин тафовут аёнтар мегардад».
Шояд, аммо дар ин ҷо зарур буд, ки аввал дар бораи умуман баланд рафтани сатҳи маданияти шеъри замони нав сухан ронд, пас ҳамчун натиҷаи он дар бораи эҷодиёти шоири мавриди таҳқиқ, ки усули таърихияти танқиди адабӣ талаб дорад.
Агар дар ин ҷо сурати ҳоли тақриз як қадар ҳузнангез ба қалам омада бошад, мақсади мо ҳамин аст, ки қувваҳои фаъол ва беҳтарини худро ба ин кор сафарбар карда, ҳар чи зудтар аз ин вазъияти ногувор бароем. Танқиди адабӣ ва махсусан, тақризи он кайҳо аз иштирок накардани донишмандони боэътибори мо, ки як вақтҳо бисёр аз шоирону нависандагони маъруфи имрӯзаамонро ба адабиёт раҳнамунӣ карда, фотеҳаи нек дода буданд, гилаҳо дорад. Манфиати адабиёт ҳамкории онҳоро тақозо мекунад.
Доираи як суханронӣ имкон намедиҳад, ки дар он ҳамаи масъалаҳои танқиди адабиро ба миён гузошта, хизмати ҳамаи мунаққидони муҳтарам сипосгузорӣ карда шавад.
Муаллиф умед дорад, ки дар оянда ин корро худи мунаққидон ба зимма мегиранд ва ба нишон додани ҳиссаи якдигар дар пешравии танқиди адабӣ кӯшиш мекунанд.
Ба ғайр аз ин, қайд кардан зарур аст, он таклифу пешниҳодҳое, ки аз тарафи мунаққидон Раҷаб Амонов, Соҳиб Табаров, Раҳим Ҳошим, Лариса Демидчик ва боз чанде дигарон ба унвони танқиди адабӣ карда шуда буданд, хеле саривақтӣ, фоиданок ва ба иҷрои онҳо пардохтан муҳим аст.
Ба як кӯшиш ва ғайрати дастаҷамъӣ танқид аз доираи маҳдуди хонандагонаш ба оммаи васеъ бояд рӯй биёрад. Ба ин кор дар замони мо махсусан, телевизион ва радиоро истифода намудан ба мақсад мувофиқ аст. Агар шӯъбаҳои адабии телевизиону радио дар намоишномаю барномаҳои худ танқиди адабиро ҳамчун яке аз узвҳои адабиёт ба ҳисоб гирифта, тарғиб кунанд, барои тарбияи завқи бадеии тамошобинону шунавандагон кӯмаки хубе мешавад. Дар ин ҳолат танқиди адабӣ ҳам барои дарки асарҳо ёрӣ расонда, ҳам шавқи оммаро ба адабиёт афзунтар мегардонад.
Тамомкунандагони мактабҳои миёна аз фанҳои дақиқ ва техникӣ дониши нисбатан амиқ доранд, унсурҳои математикаи олиро меомӯзанд, вале донишашон аз фанҳои гуманитарӣ, махсусан, аз адабиёт хеле суст аст. Ин чиз ҳар сол аз имтиҳонҳои қабул ва иншоҳои тамомкунандагон маълум мешавад. Бинобар ҳамин ҳам дар мактабҳо ба таълими адабиёт аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст, ки зиёиёни ояндаамон аз масъалаҳои адабиёт ҳам бохабар бошанд.
Барои дар донишгоҳҳои олӣ муаллимони хуб тайёр кардан курсҳои факултативии танқид ҷорӣ кардан зарур аст. Дар баробари шеъру ҳикояҳо дар маҳфилҳои «Адибони ҷавон»-и донишгоҳҳо мақолаҳои танқидии донишҷӯёнро ҳам муҳокима карда, онҳоро шавқманд кардан аз манфиат холӣ нест.
Агар Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ҳам дар курс-конференсияҳои адибони ҷавони худ дар қатори намояндагони дигар жанрҳо мунаққидони ҷавонро даъват намуда, асарҳояшонро ба муҳокима мегузошт, хеле хуб мешуд.
Танқид имрӯз кори танҳо мунаққидон нест, дар он ба ғайр аз мунаққидони касбӣ оммаи васеи хонандагон ҳам иштирок мекунанд. Албатта дараҷаи илмию объективии мақолаҳои мунаққидони касбӣ аз ҳавасмандон ба маротиб фарқ мекунад ва равиши асосии танқидро ҳам маҳз асарҳои онҳо муайян менамояд, вале иштироки бештари хонандагон дар танқиди адабӣ доираи таъсир ва амали онро васеътар мекунад.
Ба маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳурӣ лозим аст, ки баробари мақолаҳои мунаққидон фикру ақидаҳои хонандагонро мунтазам чоп кунанд.
Танқиди адабӣ пешаи осон нест. Достоевский пас аз дар як мақолааш чунин сатрҳоро ба ёдгор гузоштааст. «Аз ин ду ҷузъи чопиро навиштан, даҳ ҷузъ роман навиштан осонтар буд. Ҳамин қадар меҳнат карда, ба ҳамин расидам, ки ин мақолаи зормондаро, ягон панҷ бор навишта ва боз ҳамаро хат задаю сиёҳ карда, аз дигар сохтам. Ниҳоят ба як илоҷ онро шах кардам, вале ба ҳамин дараҷа бемаза, ки дилам беҷо мешавад. Маҷбур шудам, ки чӣ қадар санадҳои пурқиматро партоям! Аз рӯи чашмдошт фақат чизҳои бемаза ва миёнахелаш монд. Расвоӣ!».
Бояд дар ёд дошт, ки ин ҳарфи қаламкаши одӣ нест, ин сухани яке аз нависандагони нобиғаи башарист ва он моро водор месозад, дарк намоем, ки танқиди адабию бадеӣ то чӣ андоза соҳаи мушкилписанд ба шумор меравад.
[1]*Маърӯза дар анҷумани 1Х Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, соли 1986.