Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Анҷумани навбатии Иттифоқи нависандагон наздик мерасад ва ман дар байни корҳоям фикр мекунам, ки агар бо дӯстони ҳамқаламам, ки баъди ин муддати дароз ҳамдигарро мебинем, ҳарф мезадам, чӣ мегуфтам? Ҷавоби ин суол ба худам ҳам он қадар дақиқ равшан нест, аммо тарҳи мавзӯи суҳбатамро мебинам ва онро мехоҳам ба миён гузорам, то якҷоя бубинем, ки ман чаро мехоҳам ин ҳарфҳоро бизанам.
Ҳоло гуфтугӯи дар байни сарвазири Бритониёи Кабир Уинстон Черчилл ва нависандаи фаронсавӣ Андре Моруа, ки дар Лондон соли 1935 воқеъ шуда буд, ба ёдам мерасад. Черчилл тақрибан чунин мегӯяд: – Ҷаноби Моруа, ҳоло вақти романнависӣ нест... Акнун танҳо як чиз зарур аст: ҳар рӯз як мақола навистан... як гапро такрор ба такрор гуфтан зарур аст, ки қувваҳои ҳарбии ҳавоии Фаронса, ки як вақтҳо дар дунё дар ҷои аввал буд, ҳоло дар ҷои чорум ё панҷум аст... Қувваҳои ҳарбии ҳавоии немис, ки умуман вуҷуд надошт, ҳоло қариб дар ҷои аввал аст... Тамом... Дигар ҳеҷ... Ва агар Шумо ҳар рӯз бо тамоми овоз ҷор зада, фаронсавиёнро водор кунед, ки ҳарфҳои Шуморо шунаванд, Шумо ба халқи худ хидмати бештару бузургтаре мекунед... Зеро дар айни ҳол ягона мавзӯе, ки фаронсавиёнро ба ташвиш орад, ҳамин бояд бошад, – хатаре, ки қувваҳои ҳарбии ҳавоии немис барои шумо дорад. Ин тайёраҳои немис кишвари шуморо нобуд карда метавонанд... Фарҳанг, адабиёт – ин ҳама олиҷаноб, аммо фарҳанг бе пуштибонии қудрат маҳкум ба ҳалокат аст.
Андре Моруа ин суҳбатро дертар ба ёд оварда, сахт таассуф мехӯрад, ки он талаби Черчиллро иҷро накард, агар мекард, шояд ба немисҳо дар осон забт кардани Фаронса халале эҷод карда метавонист.
Ман бо ин ҳарфҳо чӣ мехоҳам бигӯям? Мехоҳам бигӯям, ки муҳимтарин масъалаи ҳаёти кишвари мо чист, ки адибон имрӯз бояд ба он машғул бошанд?
Ҳоло, биёед, ба ҷумлаи охири Черчилл меандешем, ки яке аз барҷастатарин сиёсатмадор ва ҳукуматдорони қарни ХХ буд, барандаи ҷоизаи Нобел ҳам. Ҷоизаи Нобелро ӯ барои асарҳояш гирифтааст, яъне ҳар қадар сиёсатмадори бузург бошад, ҳамон қадар фарҳангии бузург ҳам ҳаст. Ӯ мегӯяд, ки фарҳанг бе пуштибонии қудрат маҳкум ба ҳалокат аст. Ин ҳарфи Черчилл, ки он вақт маънои қудрати ҳарбиро дошт, барои ҷаҳони имрӯз ҳам моҳияти худро гум накардааст, зеро мисоли онро дар сиёсати кишварҳо, махсусан, кишварҳои абарқудрат мебинем, ки адабиёташон ҳам бар адабиёти кишварҳои дигар нуфуз дорад. Маълум аст, ки расидан ба қудрати ҳарбӣ бе қудрати иқтисодӣ имкон надорад ва барои ман ҳоло ин ҷиҳати масъала муҳимтар аст, зеро ба Тоҷикистон қудратмандии иқтисодӣ барои ба даст овардани ҳадафҳои ояндааш аз ҳама бештар зарур мебошад. Ин аз муҳимтарин масъалаҳои мост.
Зиндагии башарият аз он рӯзе, ки ба қудрати оташ даст ёфт, бо суръати ҳайратоваре тараққӣ кард. Имрӯз ҳам ҳамин тавр аст, ҳеҷ соҳае бе қудрати оташ, яъне қувваи барқ, наметавонад рушд кунад. Яке аз манбаъҳои бузургтарин, арзонтарин ва безарартарини ин қувва, неруи барқи обист, ки дар кишвари мост. Шояд Офаридгор хостааст, ки қусури аз даст рафтани заминҳоямонро бо бахшидани сарчашмаи беинтиҳои обу қувваи барқ ҷуброн кунад. Бинобар ин эҳдо ва амри Худовандист, ки мо қудратмандии иқтисодии худро бо истифодаи ин сарчашма таъмин намоем. Дар ин ҷо ҳеҷ мамониат ва шакку шубҳае наметавонад садди роҳ бошад. Сохтани на танҳо Роғун, балки нирӯгоҳҳои дигари барқӣ низ воситаи асосии таъмини инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон ва тавоноии иқтисодии мост.
Дар ҷомеа масъалаҳое ҳастанд, ки ба тақдири халқу мамлакат иртиботи сарнавиштсоз мегиранд, дар ҳалли он ҳукумат бояд мухтор бошад ва иродаи худро ба амал барорад, на ин ки гӯш ба сару садои шахсу гурӯҳу гурӯҳчаҳо бидиҳад, ки як дафъа дар замони шӯравӣ дар масъалаи сохтани Роғун ҳамин хаторо карда буд. Ҳукумат аз ҷониби Президенти мамлакат таъйин ва Маҷлиси Олӣ, ки мақоми олии намояндагии мардум аст, тасдиқ мешавад, бинобар соҳибихтиёр аст, ки дар давоми ваколаташ барномаи худро озодона ба амал ҷорӣ кунад. Хушбахтона, вақте ки сохтмони НБО-и Роғун сохтмони умумихалқӣ эълон шуд, онро халқи мамлакат бо ҷону дил пазируфт ва то ҷое, ки имкон дошт, саҳми худро ҳам гузошт. Ин намунаи асили тавъамии халқу давлат, зуҳури ҳисси ягонагии миллӣ буд. Сипоси онро ҳамеша дар ёд бояд дошт.
Роҳ дар пешрафти мамлакат шояд дар мақоми дуюм бошад. Кандани нақбҳо ва сохтани роҳҳо далели он аст, ки ҳукумат муҳиммии онро ба андозаи зарурӣ дарк мекунад ва ба амал мебарорад. Онро ҳоло ҳам беҳтару бештар бояд сохт, инкишофи ҳар минтақа бо роҳаш меояд, агар роҳ хуб нест, инкишоф ҳам намеояд.
Ин чизҳое, ки мегӯям, кашфиёте нест, аммо чаро мегӯям, зеро гумон мекунем, ки ҳалли масъала дар чизҳоест, ки гӯё онҳоро намедонем, аммо ҳалли он аксаран дар амалӣ кардани донистаҳоямон аст, махсусан, дар ин маврид. Инҳо масъалаҳои иқтисодианд, ки моҳияти онҳоро соҳибтахассусон аз ман беҳтар медонанд, вале нависандагон донандаи роҳҳои ба воситаи сухани бадеиву ташвиқотӣ таблиғ кардани онҳо мебошанд, ки ҳоло рӯи сухани ман ба онҳост, зеро муҳимтарин дастоварди таърихии халқу давлати мо ба ин чизҳо пайванди решагӣ дорад, ки он подории озодиву истиқлол ва эъмори ҷомеаи мардумсолорӣ мебошад.
Халқе, ки як бор нашъаи озодии ҳақиқиро чашидааст, дигар тайёр мешавад, ки барои он ҷонбозӣ кунад. Фикр мекунам, ки халқи мо акнун ин сифатро пайдо кардааст ва ҳоло, хушбахтона, мавриди ҷонбозӣ набошад ҳам мавриди ба ҷон ҳифз ва устувортар кардани ин арзишҳои зиндагии ҷомеаи мутамаддин аст, ки қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Ду чиз аст, ки барои густариши ин арзишҳои зиндагии шоистаи инсонҳо зарур аст: аввалан, дар ҳолати фавқулода барои ҳифзи онҳо ҷонбозӣ кардан ва, сониян, дар вазъияти муътадил барои таҳкими онҳо бо дилу ҷон фаъолият кардан. Ҳоло, шукри қисмат, ки мо дар мавриди дуюм, мавриди таҳкими озодиву истиқлол ва низоми ҷомеаи мардумсолорӣ ҳастем, аммо масъулияти он аз мавриди аввал, аз ҷонбозӣ, ки дар фосилаи мухтасари вақт сурат гирифтанаш мумкин аст, камтар нест, зеро давраи дуюм заҳмати ҳамарӯзаи тӯлонӣ мехоҳад. Асли қаҳрамонӣ он аст, ки чизи як бор ба даст оварда абадан нигоҳ дошта шавад. Яқин аст, ки халқи мо дар таърих бо ҳамин сифат ёд хоҳад шуд.
Асоситарин шарти бурд дар зиндагӣ кори заруриро дар вақти зарурӣ кардан аст. Вақт, ки гузашт, он баробари бохт аст. Ҳоло, ки мо ва кишварҳои ҳамҷаворамон аз як ҷомеа ба ҷомеаи сохти дигар, ки муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиаш мутафовит аст, мегузарем, дар вақт ҷои худро дар он бояд муайян бикунем. Дар ин ҳангом мақоми ҳидоятгарии Роҳбар бузург аст, зеро ӯ на танҳо ба ташаккули афкори омма таъсир мегузорад, балки онро ба самтҳои афзалиятноки фаъолият ҷалб намуда, дар вақти зарурӣ натиҷаи дилхоҳро ба даст меорад. Агар аз ин дидгоҳ ҳоло ба вазъи ҷомеаи худ бингарем, мебинем, ки афкори омма асосан ба ҷараёни дуруст равона мешавад, аммо дар ин ҷо «аммое» ҳаст. Ин «аммо» ба таъсири ақидаҳои берунӣ тааллуқ дорад, ки Роҳбар ҳам аз ин ҷиҳат ҷомеаро ҳушдор дода, ҳамеша бо таъкид дар ин бора сухан мегӯяд.
Афкори омма намоёнгари навъи ҷаҳонбинии ӯст. Ҷаҳонбинии муосир, шакку шубҳае нест, ки дар асоси ақл ва илм устувор гашта, бо ишқу алоқа ироа ва татбиқ бояд бишавад. Ҳар кас, ҳар гурӯҳ ва ё ҳизби сиёсӣ, табиист, ки мубаллиғи ин ё он ақида аст ва ҳақ ҳам дорад, аммо он ақидаи худӣ бояд бошад, на ин ки аз берун омада, ба замми он, аз он тараф маблағгузорӣ ҳам шавад, ки хилофи қонун асту ҷиноят мебошад. То ҳол дар таърих ҳеҷ як ақидаи аз берун бо зар ё бо зӯр омада ба манфиати халқу миллати бумӣ кор накардааст, ки акнун кунад. Фикру ақидаи зиндагисоз дар жарфои муҳити ҳастии худи ҳар халқу миллат буруз ва рушд мекунад. Ин қонунияти таърихро ҳамеша дар ёд бояд дошт. Бинобар ин ҳушдори Сардори давлат дар ин бора аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа ва махсусан, зиёиён, ки адибон ҳам аз ҷумлаи ононанд, на танҳо шунидаву қабул бояд бишавад, балки ҳамарӯза ба воситаҳои гуногуни бадеиву ташвиқотӣ мавриди густариш қарор бигирад, то ба дилу ҷони ҳар фарди ҷомеа асар бигузорад.
Аммо, мутаассифона, гоҳе дар матбуот ҳарфҳое интишор мешаванд, ки агар нарм бигӯем, касро дар ҳайрат мегузоранд. Дар нашрияе хонда будам, ки рӯзноманигор ба адибе чунин суол медод: - Шумо аввал тоҷик ҳастед ё мусулмон? Ҳоло ҷавоби адибро сарфи назар мекунем, ки аз он ҳам ҳайратовартар аст ва ба худи суол меандешем.
Бояд маълум бошад, ки на фақат дини ислом, балки тамоми динҳои дигар ҳам, аз ҷумла насронӣ, калимӣ, будоӣ... як ҷузъи фарҳанги он халқу миллатанд, ки ба ин динҳо гаравидаанд, зеро мафҳуми фарҳанг ҳамаи ҷиҳатҳои ҳаёт – таърих, забону адабиёт, расму одат, тарзи зиндагӣ, суннатҳо, ҷашну сурҳо, ҳатто шаҳрдорию шаҳрсозӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад, ки моҳияти ҳастӣ ва чеҳраи ҳар халқу миллатро дар худ таҷассум менамояд. Бинобар он, фарҳанги ҳар халқ аз дини ӯ фароху густарда ва деринасолтар аст. Аз ин бармеояд, шахсияти ҳар инсони фарҳангӣ, ки дар ин муҳит шакл мегирад, аввал дорои ин хусусиятҳост, яъне араб аввал араб, эронӣ аввал эронӣ, тоҷик аввал тоҷик ва ҳамин гуна юнонӣ аввал юнонӣ, фаронсавӣ аввал фаронсавӣ, рус аввал рус аст ва баъдан, агар диндор бошад, уммати он динест, ки ба он гаравидааст. Динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ислому насроният ҳам бо фарҳанги халқҳое, ки онҳоро қабул кардаанд, агар бо рукнҳои таълимоташон мухолифати бунёдӣ надошта бошад, асосан созиш кардаанд. Пас, он суол ё аз бехабарии суолдиҳанда аст, ки муносибати дини мубини исломро бо арзишҳои волои халқу миллатҳо намедонад ё бо мақсади ниҳони дигар матраҳ мешавад ва агар ин тавр аст, он мақсад чист?
Дуруст аст, ки дар ислом на танҳо тамоми инсонҳо, новобаста аз мақому манзалаташон дар ҷомеа, балки кулли халқу миллатҳо бо ҳам баробаранд, аммо дар ҳеҷ ҷои таълимоти ислом нуктае нест, ки он бар муқобили арзишҳои воқеан асил ва мардумии халқу миллатҳо баён шуда бошад. Яке аз фазилатҳои ҷаҳонӣ шудани дини мубини ислом ҳам дар ҳамин аст, ки на фақат ба арзишҳои асили миллии халқу миллатҳо, балки ба арзишҳои диниашон ҳам арҷ гузошта, ҳатто пайғамбаронашонро, масалан, пайғамбари яҳудият Мӯсо алайҳиссалом ва пайғамбари насроният Ҳазрати Исоро аз пайғамбарони ростин шинохтааст. Пас, ин суоли иғвоангез, ки дини мубини исломро бар муқобили арзишҳои миллии халқҳо гузоштанӣ мешавад ва ё арзишҳои миллиро бар муқобили он шӯрониданист, аз куҷо маншаъ мегирад ва ба хотири чист? Агар ба хотири ҳангома аст, на ҳар мавзӯъ бозичаи дасти ҳангома аст ва дар ин маврид сухан дониста бояд гуфт, ки масъала бисёр ҳассос аст. Ин мавридест, ки ҳарфи Роҳбари халқу мамлакат дар хусуси муқаддас доштани арзишҳои волои маънавии миллӣ ва суннати ислом бе чуну чаро бояд ба ҷо оварда шавад, зеро ин ягона роҳи дурусти ҳамзистии онҳост ва гарави суботи ҷомеаи имрӯза мебошад.
Дар айни ҳол дар назар бояд дошт, ки тамоми динҳо, аз ҷумла дини мубини ислом ҳам, пеш аз ҳама, барои ба ҳам овардани мардум ва аз байн бурдани айбу гуноҳ фиристода шудааст, на барои тафриқа андохтану ҷангу куштор, ки гуноҳи бузурге буда, имрӯз ҳатто дар байни пайравони як дин ҳам вуҷуд дорад, ки на бар манфиати дину мусулмонист ва на бар манфиати бовармандиву ҷомеа.
Дар матни ин гуфтугӯ масъалаи ҷавонон, ки ягонагии имрӯз ва махсусан, ояндаи ҷомеа ба онҳо сахт марбут аст, аҳамияти фавқулода пайдо мекунад. Чаро имрӯз ва оянда мегӯям, зеро мо дар солҳои ҷанги дохилӣ шоҳиди он будем, ки ҷавонон, агар дар зери таъсири ақидаҳои номатлуб бошанд, то чӣ андоза ба ноором кардани ҷомеа кашида шуданашон мумкин ва осон аст. Бинобар ин тарбияи дурусти ғоявии онҳо на танҳо барои фардо, балки на камтар аз он, барои суботи ҷомеаи имрӯз ҳам муҳим мебошад. Ин тарбия дар асоси ақл, илм, фарҳанг, маънавият, муҳаббат ва сиёсате, ки манфиатҳои миллиро аз ҳама гуна манфиатҳои дигар боло мегузорад ва ҳозир аст, барои он ҷонбозӣ кунад, амалӣ бояд бишавад. Онҳоро дар рӯҳияе тарбият бояд кард, ки зӯроварию ифротгароӣ аломати барбарият буда, на фақат дар ҳеҷ дину оин, балки дар ҳалли ҳеҷ як масъалаи зиндагии аҳли башар набояд ҷой дошта бошад. Адибон ва тамоми аҳли матбуот ба онҳо бо муассиртарин василаҳо бояд фаҳмонанд, ки айёми ҷавониро ҳеҷ кас ва ҳеҷ қудрате наметавонад дубора баргардонад ва онҳое, ки ҷавононро ба зӯроварию ифротгароӣ ташвиқ ва ҳатто ба қурбон шудан водор мекунанд, ба қимати ҷони онҳо мақсадҳои манфиатҷӯёнаи худро ба даст меоранд. Пас, ҷавононро зарур аст, ки аввал ҳар ҳарфро дар мизони ақлу хирад бисанҷанд ва бубинанд, ки он то куҷо бар манфиати онҳо ва халқу ватани онҳост. Ҷавониро танҳо барои ба даст овардани ормонҳои олии хушбахтии халқу ватан бахшидан мумкин аст, ки онро то абад бо сипос ва номи нек ба ёд хоҳад овард.
Зиндагӣ рӯз ба рӯз дар назди эҷодкор вазифаҳои нав ба нав мегузорад. Мо, мардуми кишвари тоҷик, имрӯз дар ҷомеаи дунявӣ зиндагӣ дорем. Башарият барои ба даст овардани ин ҳақ асрҳои дуру дарози муборизаро паси сар карда, дарё-дарё хунҳо рехтааст. Имрӯз вазифаи муқаддаси мост, ки махсусан, ба ҷавонон ба чӣ ҷонбозиҳо гузошта шудани пояҳои ҷомеаи дунявиро дар кишвари худ нишон бидиҳем ва бифаҳмонем, ки он то чӣ андоза ба рушди ҳамаҷонибаи шахс мусоидат менамояд ва ба замми ин онро бо арзишҳои асили инсонӣ, аз ҷумла одамият, адолат, муҳаббат, садоқат, бовармандӣ ғанӣ гардонем, то афроди он дар инкишофи худ ба маънавияти комил бирасанд.
Адабиёт ва матбуот дар ҷавонон дар баробари шавқи омӯхтани ихтисосҳои зарурии замонавӣ, ишқ ба фарҳанг ва алоқа ба сиёсатро низ бояд парвариш бидиҳанд, зеро бефарҳангӣ агар аломати барбарият аст, беалоқагӣ ба сиёсат маънои беалоқагӣ ба ояндаи халқу ватанро дорад. Агарчи ба ҳамаи фарҳангиён сиёсатмадорӣ шарт нест, аммо ба ҳамаи сиёсатмадорон фарҳангӣ будан шарт аст, бинобар ин ҷавононе, ки рисолати худро фардо дар хидмати сиёсии халқу ватан мебинанд, аз имрӯз ба омӯхтани фарҳанг камар бастанашон зарур аст, зеро фарҳанг аст, ки сиёсатро инсонӣ мекунад. Дар сиёсати инсонӣ адолат бар разолат, озодӣ бар ғуломӣ, дӯстӣ бар душманӣ, ростӣ бар дурӯғ, покӣ бар фасод, садоқат бар хиёнат, муҳаббат бар шақоват ва ҳилм бар зулм... руҷҳон дораду пирӯз аст. Инсон худро аз ҷавонӣ бояд дар рӯҳи ҳалли мусолиматомези мухолифатҳо тарбият кунад, ки намунаи инро Роҳбари давлати тоҷикон дар муносибат бо мухолифини дохилӣ нишон дода буд.
Зӯроварӣ дар ҳар шаклу намуд ҷиноят аст, на танҳо дар соҳаҳои ҳаёти маънавию мафкуравӣ, балки дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷорат, моддию маишӣ ҳам, зеро боиси норизоии як қишри мардум шуда, вазъи ҷомеаро ноором мекунад. Ҳар кас озодона ва бехалал ба маҳсули заҳмати худ бояд соҳиб шавад, на ин ки зӯроваре бо роҳҳои аёну ноаён онро ғасб намояд. Ҳар муомила дар ҷодаи қонун ва адолат сурат бояд бигирад, халқ барҳақ мегӯяд, ки ҳар кӣ одил нест, оқил нест, зеро моли ба зӯр ба даст омада, ба зӯр хоҳад рафт. Ин мавзӯи махсуси адабиёт мебошад, зеро адабиёт маҳаки адолат ва ҳақиқат аст.
Ҳар фарде, ки ба ӯ аз ҷониби Президенти мамлакат ва ҷомеа ин ё он вазифаи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бовар карда мешавад, ният ва дасту дили худро поку муназзаҳ нигоҳ бояд дорад, баробари мардум ба хоксорию фурӯтанӣ мардумвор зиндагӣ кунад. Оё ин аз соҳаи хаёлот аст? На. Касе, ки дар ҳокимияти давлатӣ ва ё ҷамъятӣ ҳасту масъулияти худро ба пуррагӣ дарк мекунад, бояд фаҳмад, ба ӯ имкон дода шудааст, ки дар сафҳаи таърих номашро ба некӣ (Худо нигоҳ дорад аз бадӣ) сабт кунад. Барои ин саодат ва ба хотири манфиатҳои миллӣ бояд аз гуноҳу айбу фасод ва судҷӯиҳои шахсӣ, қавмию маҳаллӣ барҳазар буд. Ҷовидонро бо лаҳза иваз набояд кард. Зиндагӣ ва фаъолияти давлатию ҷамъиятии Маҳатма Гандӣ аз Ҳинд, Раймон Пуанкаре аз Фаронса...ва агар аз таърихи наздики худ бигирем, Садриддин Айнӣ, Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Ҷаббор Расулов, Абдулаҳад Қаҳҳоров тимсоли ҳамин гуна хидмати пок ба халқу ватан ҳастанд, ки имрӯз ҳам, хушбахтона, дар мисоли зиндагӣ ва фаъолияти баъзе давлатмардони мо идома дорад. Зиндагӣ ва фаъолияти онҳо шоистаи асарҳои хуби эҷодкорон аст, ки ашхосро дар рӯҳи асили ватандӯстӣ тарбият кунад.
Суботи ҷомеа гарави ягонагии ватан ва сохти давлат аст. Ҳар дуи ин чиз на фақат барои ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳаракату иттиҳодҳо, балки ҳар фарди ҷомеа дастоварди муҳимтарин буда, барои таҳкими он ҳар яки мо тамоми имкону иқтидори худро бояд бедареғ истифода кунем.
Ришелё (асри ХV11) ҳангоми таъсиси Академияи Фаронса, ки омӯзиши соҳаҳои забон, адабиёт ва танзими меъёри забони адабии фаронсавиро фаро мегирифт, ба нависандагон гуфта буд: «Одамони давлатӣ бошед». Яке аз сабабҳои он ки дар давоми ин се аср нависандагон дар Фаронса нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон мақоми баландтар дошта, ҳарфашон ҳам дар ҷомеа таъсир ва ҳамовозии бештар пайдо мекунад, дар фаъолияти ҳамин Академия ва аъзои он аст, ки аз 40 нафар иборат буда, аз беҳтаринҳои аҳли илму адаб ва фарҳанги мамлакат мунтахаб мешаванд. Муносибат байни давлат ва Академия то имрӯз дуҷониба хуб аст, ҳар ҳукумате, ки меояд, онро бо иззату икром фаро мегирад, нависандагон ҳам муҳимтарин масъалаҳои фарҳангии мамлакатро мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор медиҳанд.
Дар мо ба ҳамин монанд ду ташкилот – Иттифоқи нависандагон ва Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо амал мекунад, ки ҳайаташ аз нависандагону олимон ба ҳам омадааст. Оё моро зарур нест, ки ин қувваи бузургро барои ҳалли муҳимтарин масъалаҳои илмию фарҳангии мамлакат, ки аҳамияти давлатӣ доранд, ҳар чӣ бештару пурмаҳсултар истифода кунем? Тоҷикистони соҳибистиқлол нав давлати худро сохта, рукнҳои ҳокимияти қонунгузор, судӣ ва иҷроияро таҳким мебахшад, дар ин ҷараён пояҳои фарҳангии онро устувор кардан низ аз вазифаҳои муҳимтарини давлатӣ маҳсуб мешавад ва барои мо, аҳли илму фарҳанг, пеш аз ҳама кор дар ин масир афзалиятнок бояд ҳисобида шавад.
Ҷонибдории мо аз даъвати «одамони давлатӣ бошед», маълум бояд бошад, на ба он маъност, ки давлату давлатдоронро ба ҷову бе ҷо мадҳу ситоиш кунед (ҳарчанд ба ҷо ситоиш карданаш зарар надорад), балки ба он маъност, ки ба ҳар масъала пеш аз ҳама аз дидгоҳи манфиати давлатдории навини худ назар афканем, то заррае ҳам бошад, ба қудрати он биафзоем. Қудрат, бешубҳа, танҳо аз қудрати ҳарбию иқтисодӣ иборат нест, зеро қудрати маънавию фарҳангӣ ҳам барои ҷомеа на камтар аҳамият дорад, балки он аксаран барои расидан ба қудрати ҳарбию иқтисодӣ замина мегузорад, вале новобаста ба ин қудрати маънавию фарҳангӣ худ низ ба мақоми муътабаре дорост.
Ҳоло давлати мо қудрат дорад, сухани мо, адибону олимонро, на танҳо дар ҳудуди мамлакат, балки берун аз он ҳам интишор диҳад, ки он таъсири густардатаре хоҳад дошт, зеро имрӯз, дар ин марҳалаи таърих, мо аз давлатему давлат аз мост. Ва фақат ба худи мо, аҳли зиёву илму адаб, доштани ин ҳисси пурифтихори соҳибдавлатӣ кофӣ нест, балки мо онро дар тамоми афроди ҷомеа бояд парвариш бидиҳем.
Оё ин суханони ман ба он ақидаи маъмулу машҳур, ки адабиёт ва адиби асил на ҳамеша бо сиёсати ҳукмрони мавҷуда созгорӣ мекунад, зеро қариб тамоми асарҳои ҷовидони адабиёти ҷаҳонӣ ҳамин гунаанд, зиддият надорад ва оё маро ҳамчун адибе, ки мубаллиғи танҳо мадҳу ситоиш мебошад, нишон намедиҳад? Дар ин масъала хусусияти замонро ба эътибор бояд гирифт. Замони мо замонест, ки дигар ҳеҷ ҳукумати демократӣ мухолифини худро душман набояд ангорад ва намеангорад, дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва, хушбахтона, дар кишвари мо ҳам, ҳоло ҳамин тавр аст, зеро дигарандешони муътадил гарави саломат ва суботи ҷомеа мебошанд, албатта дигарандешони солим, на онҳое, ки бо ҳар роҳе бошад, ҳукумати мавҷударо бадном карда, ба сари қудрат омадан мехоҳанд. Дар ҳамин марҳалаи инкишофи таърих аз шакли демократии давлатдорӣ, ки бархӯрди мусолиматомезро бо ақидаҳои гуногун тақозо дорад, шакли беҳтаре мавҷуд нест, ҳарчанд онҳое, ки асосҳои ин шакли давлатдориро гузоштаанд ва онҳое, ки имрӯз онро таблиғ мекунанд, худ мегӯянд, ки ин шакли беҳтарин нест, аммо ҳоло аз ин беҳтараш ҳам нест. Пас, роҳе, ки кишвари мо дар ҷомеасозӣ пеш гирифтааст, роҳи дурусти инкишофи таърихист, дар он озодона амал кардани чанд ҳизби сиёсӣ ва дар парламент ҳам намоянда доштани онҳо далели дигарандешони солимро ҳамкор донистани давлат аст.
Адабиёт ва адиби асил (ман махсус таъкид бар рӯи асил мекунам, зеро ноасилаш аз асилаш, мутаассифона, бештар аст), аз рӯи рисолати худ, ки тарғибгари ҳақиқат, адолат, озодӣ, ватандӯстию инсонпарварӣ ҳастанд, ҳаргиз наметавонанд тарғибгари ақидаҳои носолим бошанд, бинобар ин, агар онҳо аз нуқсу камбудҳо сухан мегӯянд, ба хотири ислоҳи онҳост.
Моҳияти масъала, агар дақиқтар нигарем, барои адабиёт на дар мувофиқат ва ё номувофиқат ба ин ё он равия, таълимоту сиёсат аст, балки дар тасвиру ифодаи ҳақиқати зиндагист, ки меъёри асил ва ҷовидони адабиёт мебошад. Ҳақиқати зиндагӣ дар пешрафти зиндагист, тамоми чизе, ки бо ин пешрафт мухолифат дорад, ноасл аст, зеро ҳаёт аз рӯи тақозои сиришташ наметавонад ақибрафт кунад, ҳар қуввае, ки онро водор ба ақибрафт мекунад, муваққатӣ ва иртиҷоист, ки онро боз худи ҳаёт аз байн хоҳад бурд. Адиб ва адабиёти асил ҳамаи чизеро, ки ба пешрафти таърихии ҷомеа мухолифат дорад, наметавонад бипазирад. Дар ин ҳолат, агар нуқсе дар ҷомеа ва афроди он ҳаст, онро аз байн бояд бурд, зеро:
Ойина гар айби ту бинмуд рост,
Худ шикан, ойина шикастан хатост.
Бинобар ин, агар адибу адабиёт дар ҷое аз нуқсони зиндагӣ бо оҳанги интиқод суҳбат мекунанд, он на ҳамчун тахрибкорӣ, балки ҳамчун ҳамкорӣ дар беҳбуди авзои ҷомеа талаққӣ бояд бишавад, зеро сиёсату ҳукуматдор ва адабиёту адиб, ба василаҳои худ, ки аз ҳамдигар фарқ дошта, вале манзурашон як аст, барои хидмат ба ҷомеа фаъолият мекунанд. Оид ба ин масъала нависандаи оламшумули амрикоӣ, барандаи ҷоизаи Нобел Уилям Фолкнер, вақте ба ӯ эрод мегиранд, ки оё шумо ватандӯстии амрикоӣ надоред, ки дар асарҳоятон аксаран ҷиҳатҳои тиратарини зиндагии амрикоиро тасвир мекунед, аз ҷумла, чунин ҷавоб медиҳад, ки одилона ва айни ҳақиқат аст: «Ман ватани худро ба андозаи кофӣ дӯст медорам, ки мехоҳам камбуди онро ислоҳ кунам... Дар кишвари ман танҳо дар бораи чизи хуб навиштан маънои онро дорад, ки чизи бадро заррае ҳам ислоҳ накунӣ. Ман ба одамон аз чизи бад бояд бигӯям, то он ки онҳо ба андозаи зарурӣ ба ғазаб оянд ва ё шарм доранд, – ва онро ислоҳ карда тавонанд». Вақте ки дар яке аз кишварҳои пешрафтатарини ҷаҳон вазъ чунин аст, пас, дар кишварҳои дигар ин як амри табиӣ бояд дониста шавад.
Вале, бо вуҷуди мавҷудияти андешаҳои гуногун ва ҳатто мухолифи ҳамдигар дар ҷомеа, арзишҳое ҳастанд, ки барои ҳама тағийрнопазир ва муқаддас будани онҳо заррае ҳам баҳс надорад. Ин арзишҳо дар мо соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягонагии давлати Тоҷикистон аст, ки бо баҳои ҷонҳои фарзандони фидокори он ба даст омадааст. Ин арзишҳои волотарини башарӣ дар таърихи чандҳазорсола ба халқи мо замоне даст дод, ки кишвар дар оташи ҷанги дохилӣ месӯхт ва касе даркор буд, ки ба халқ ва нируи зиндагисозаш бовар дошта, онро муттаҳид гардонад ва ҳамчун мурғи самандар аз хокистар аз нав эҳё кунонад. Имрӯз як бор матбуоти солҳои навадро варақ занем, баъд хоҳем фаҳмид, ки дар он солҳои яъсу ноумедӣ чӣ касе моро ба фардо умед мебахшид, барои бовар кардан ба қудрат ва хиради азалии халқ даъват мекард, ҷони худро ба гарав гузошта, барои муттаҳидии мардум мекӯшид ва дар он шабони зулумот ба мо паёми нур медод. Оё мо ҳама он шабу рӯз ҳамин гуна сифатҳоро доштем? Ба ҳақ инсоф бояд дод, ки на ҳама. Бинобар набояд куфрони неъмат кунем, ҳақшинос шавем ва барои абадан нигоҳ доштани он арзишҳое, ки ба даст овардаем, бо ӯ, ки Президенти мамлакат аст, ҳамдилу ҳампаймон бошем. Он солҳои фоҷиа ба ман ҳақиқатеро ошкор намуд: халқ ба касе бовар мекунад, ки ба ӯ бовар дошта бошад.
Мегӯянд, ҳамосаҳои Ҳумер («Илиада» ва «Одиссея») Юнонро муттаҳид сохт. Ҳамин гуна хидматро «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ барои ҳувияти миллӣ ва фарҳангии Аҷам кард, бинобар ин имрӯз мутакаллимони забони форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ дар иттиҳоди як фарҳангу як забон ҳастанд, ҳарчанд дар қаламрави давлатҳои гуногунанд. Ин хидмати камтаре нест, агар бисёртар набошад, зеро давлатҳои гуногунро дар доираи як фарҳанг нигоҳ доштан нисбат ба порчаҳоро дар дохили як қаламрав якпорча кардан осону камаҳамияттар нест. Зимнан, қайд бояд кард, «Шоҳнома» ҳам дар замонаш асаре буд, ки мухолифи сиёсати ҳукумати Султон Маҳмуд буд, бинобар онро қадр накарду Фирдавсиро хор дошт, аммо имрӯз сиёсати Султон Маҳмуд мурдаасту «Шоҳнома» дар сари забону дар дилу ҷонҳост ва дар ҳар се кишвари ҳамзабон, ва махсусан, дар кишвари мо, бар асари сиёсати фарҳангпарваронаи Сардори давлати тоҷикон, ки ба арзишҳои асили ориёии аҷдодӣ арҷ мегузорад ва онро василаи худшиносии миллӣ медонад, бештар аз ҳама мавриди ташвиқу тарғиб ва гиромидошт аст. Мисоли баръакси онро дар адабиёти асри бисти аҳди шӯравӣ мебинем, баъзе асарҳое, ки аз рӯи сиёсати ҳокими замон беҳтарин маҳсуб мешуданд, ҳоло на аҳамият доранду на харидору на хонанда. Аммо асарҳое, ки шебу фарози зиндагӣ, амалу ҷаҳони ботинии инсонро воқеъбинона ва ормонҳои зиндагисози мардумро бо ҳақиқати ҳаёти ӯ тавъам таҷассум кардаанд, новобаста аз гардиши давру замону сиёсат зарур ва хонданиву маҳбуб боқӣ мондаанд.
Ё мисоли дигар аз зиндагии Садриддин Айнӣ, дар аввали қарни бист ҳукумати мустабиди аморати Бухоро ӯро барои фаъолияти фарҳангиаш, ки бо сиёсати он мухолифат дошт, ба 75 чӯб задан маҳкум кард, ки маъмулан баъди он кас зинда намемонд, яъне ин ҳиллаи шаръӣ буд барои куштан, аммо дар охири қарн Сардори давлати соҳибистиқлолу дунявии тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аввалин олитарин унвони мамлакат Қаҳрамони Тоҷикистонро ба устод Айнӣ эҳдо намуд. Ин аст намунаи бақои фарҳанг, қадршиносии он аз ҷониби давлати мардумсолор ва барқарор кардани адолати таърихӣ.
Аҳамияти адабиёту фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа рӯз ба рӯз меафзояд, зеро воситаҳои интишори он, ба монанди радиову телевизион ва синамову матбуоту интернет, ки дар замонҳои куҳан мавҷуд набуданд, доираи фарогирию таъсири онро ҳазорҳо маротиба фарохтар ва масъулияташро низ азимтар кардаанд.
Оё мо дар баробари ин воқеият ва масъулият аз тамоми имкону қудрати худ истифода мекунем? Ман намегӯям, ки мисли Ҳумеру Фирдавсӣ асарҳо биофарем, ҳар кас луқмаро ба андозаи даҳонаш бояд бигирад, аммо ба қадри тавони худ асарҳое эҷод кунем, ки барои ягонагии кишвар, ваҳдати миллӣ, суботи вазъи ҷомеа, пирӯзии ҳақиқат, адолат ва кашфу тарғиби инсоният дар инсон хидмат кунад.
Дар радифи ин вазифаҳо мавқеи сазовор пайдо кардани адабиёти навини мо, на фақат дар байни адабиёти ҳамзабононамон, балки дар миқёси адабиёти ҷаҳон масъалаест, ки дар баробари заҳмати азими тавонфарсои эҷодӣ, корҳои ташкиливу тарғибиро низ талаб дорад.
Дар қарни бист дар ҳаёти фарҳангии башар воқеияте пайдо шуд, ки «фарҳанги омма» унвон гирифт, ҳарчанд ман бештар моилам, ки онро «анфарҳанги омма», яъне зидди фарҳанги омма ном кунам, аммо он вуҷуд дорад ва наметавон сарфи назар кард. Фарҳанги омма, ки аз асарҳои сабуку камарзиш ба ҳам меояд, бо хусусияти дигари зиндагии муосир – ҷаҳонишавӣ ҳамовоӣ мекунад, зеро, ба назари ман, фарҳанги омма шакли ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳонишавӣ шакли фарҳанги омма аст. Ҳар дуи ин воқеият, ки новобаста аз иродаи мо мавҷуд аст, бештар бо сифатҳои манфӣ шинохта мешавад, махсусан, фарҳанги омма, ки он ба ҳаёти маънавӣ (ман дар айни ҳол қисмати адабии онро дар назар дорам) ва ҷаҳонишавӣ бештар ба ҳаёти моддӣ тааллуқ дошта бошад ҳам, ба ҳамдигар беиртибот нестанд, зеро онҳо дар миқёси ҷаҳон барои тавсеаи ҳамдигар мадад мерасонанд. Ҳоло вориди баҳси чигунагии фарҳанги омма ва ҷаҳонишавӣ нашуда, ҳамин қадар қайд кардан кофист: аз хусусиятҳои мусбати ҷараёни ҷаҳонишавӣ (дар ин маврид мо ҷаҳонишавии фарҳангиро дар назар дорем), аз ҷумла, монанди дар натиҷаи иртиботи фарҳангӣ ба ҳам наздик шудани халқҳо, аз ҳисоби ҳамдигар ғанитар ва ба зинаи баландтари инкишоф баромадани фарҳангҳо, дар маҳдудаи фарҳангии худ намонда, шиносондани худ ба ҷаҳон ва ҷои муносиби худро дар он пайдо кардан, пурмаҳсул истифода бояд кард.
Дар ҷаҳони муосир, ки вақту фазо рӯз ба рӯз тангу маҳдудтар мешавад, ба он маъно, ки як дастоварди фарҳангӣ дар як лаҳза аз як гӯшаи ҷаҳон то гӯшаи дигари ҷаҳон интишор ёфта метавонад, барои ба қаламрави фарҳанги ҷаҳонӣ ҳар чӣ зудтару васеътар муаррифӣ кардани дастоварди худ имкон бештар аст. Ҳамаи ин, на танҳо сад дар сад ба адабиёт вобаста аст, балки масъалаи решагии адабиёт аст. Пас, он адабиёт, ба маънои хубаш ҷаҳонӣ мешавад, ки ба ин қаламрав бо чеҳра, моҳият ва рангу бӯи хоси худ ворид шавад.
Инсон худро дар қиёс бо инсони дигар хубтар мешиносад, адабиёту адиб ҳам. Бинобар ин баробари фаро гирифтани фарҳанги худ барои тоҷик мондан дар муҳити ҷаҳонишавӣ, худро набояд аз дигарон ҷудо гирифт, балки баръакс, ба қолаби дигарон бояд даромад, масалан, рус, турк, фарангӣ, чиноӣ, ҳинду... бояд бишуд, то худро беҳтар бишиносиву бишиносонӣ. Ин корро адабиёт бо чанд восита ба ҷо оварда метавонад, масалан, агар сода карда гӯем, бо навиштани асар дар мавзӯъҳои, ба истилоҳ, хориҷӣ (ҳарчанд вақте адабиёт мавзӯъеро аз худ мекунад, он худӣ мешавад на хориҷӣ, хуб, истифодаи ин истилоҳ аз ночорист), офаридани симои намояндагони халқҳои гуногун ва ё ба воситаи тарҷумаи асарҳои адабиёти дигар ба забони худ. Дар ин ҳолат таваҷҷуҳи дуҷониба ва ё бисёрҷониба байни халқҳову адабиётҳо пайдо мешавад, ки бар манфиати ҳар яки онҳо буда, роҳи моро ҳам барои воридшавӣ ба қаламрави адабиёти ҷаҳонӣ ҳамвортар мекунад.
Дар радифи ин масъала иртиботи фарҳангие, ки дар байни се кишвари ҳамзабон – Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон мавҷуд аст, боз ҳам густардагӣ мехоҳад. Дар ин робита, албатта, забони муштараке, ки мо аз он истифода мекунем, нақши аввалдараҷа дорад. Ин як забон дар се кишвар рангу бӯи хосаи худро пайдо кардааст, ки бар зебоӣ ва ғановату махсусияти он меафзояд ва, хушбахтона, рӯз ба рӯз бар асари иртиботи ҳар чӣ бештари фарҳангӣ дорои хусусиятҳое мешавад, ки барои як забони меъёр зарур аст. Баррасии ин масъала бар дӯши забоншиносон, ба вуҷуд оварданаш бар зиммаи адибон аст.
Вале ҳоло иттифоқан дармеёбам, лаззате, ки ман аз хондани асарҳои ҳамқаламони ҳамватани худ, масалан, дар шеър аз Муъмин Қаноат, Гулназар, Фарзона, Доро Наҷот, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Рустами Ваҳҳоб, Раҳмат Назрӣ, Адибаи Хуҷандӣ, Озар... дар наср аз Ӯрун Кӯҳзод, Меҳмон Бахтӣ, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Кароматулло Мирзоев, Баҳманёр, Юнус Юсуфӣ, Анвар Мирзоҳакими Олим, Абдулқодири Раҳим... дар нақду адабиётшиносӣ аз Худоӣ Шариф, Абдуҷаббор Раҳмон, Носир Салим, Абдунабӣ Сатторзода, Умар Сафар, Матлуба Хоҷаева, Боймурод Шарифзода, Абдураҳмон Абдуманнон, Абдухолиқ Набавӣ, Ҷамолиддин Саидзода... мебарам, ҳамон гуна лаззатест, ки аз асарҳои адибони Эрону Афғонистон мебарам. Пас, фикр мекунам, ки оё хусусиятҳои забони меъёр дар забони ноби ҳар сеи ин кишвар нест, яъне агар асар ба забони ноби форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ навишта шуда бошад, дар ҳар се кишвар мафҳуму мақбул хоҳад буд. Албатта, фарқият дар забони илм ҳаст, махсусан, дар истифодаи истилоҳҳо, аммо замина ҳамон аст, ки, ба истилоҳ, дар ҳар се забон ҳаст. Аммо муроди ман танҳо меъёри забон нест, балки муқаддамтар аз он меъёри муҳтаво ва ҳунар аст, ки на танҳо адабиётҳои ҳамзабонро ба ҳам қарин мегардонад, балки ҳамаи адабиёти асилро ба ҳар забон, ки навишта шуда бошад, ба ҳамдигар иртибот медиҳад. Ин нуктаро таҷрибаи адабиёти ҷаҳон собит менамояд ва на танҳо бо тарҷума, ки василаи асосии ин иртибот аст, балки ба воситаи хондану омӯзиш ҳам, ки ҳар нависандаву шоир аз адабиётҳои дигар дорад. Дар ҳамин замина меъёри ягонаи шинохти адабиёт пайдо мешавад, ки он меъёри адабиёти ҷаҳонист.
Ба назар чунин мерасад, ки мо ба худ бештар бо чашми кам менигарем, ҳарчанд ин бад ҳам нест, зеро намегузорад, аз худ қонеъ бошем, ки қаноатмандӣ аз худ дар кори мо бадтар аз рукуд аст. Аммо ба ҳар ҳол, ҳангоме ки зарур аст, бояд дар ёд дошта бошем, ки мо ҳам адибон ва асарҳое дорем, ки дар сатҳи адабиёти ҷаҳонианд. Ҳамин гуна номҳоро аз байни онҳое, ки болотар зикр шуданд, ба осонӣ метавон пайдо кард. Масъалаи мо, мутаассифона, баъзан дар шинохт ва эътирофи одилона, оқилона ва саривақтии онҳост.
Дар ин ҷода нақди адабӣ метавонад корҳое бикунад. Дар ман сол ба сол ақидае бештар нуфуз пайдо мекунад, ки дар шинохти асари бадеӣ, махсусан, мураккабтари он, дар ҳар навъе, ки бошад – ҳамоса, ғиноӣ, дром ба нақдкунанда завқи адабиёти бадеӣ зарур аст, ки бе он на ҳусн дарёфт мешаваду на нуқс, яъне ноқид соҳибзавқ ва бигзор, камтарак бошад ҳам, эҷодкори ҳунар бошад. Ҳоло мо дар нақди шеър ҳамин гуна мисол дорем, ки аз талаботи ман болотаранд, на фақат камтарак шоир, балки шоири хуб ҳам ҳастанду ноқиди хуб ҳам. Инҳо Муҳаммадалии Аҷамӣ, Рустами Ваҳҳоб, Нуралии Нурзод мебошанд, хуб мебуд, агар дар навъҳои дигар ҳам ҳар чӣ зудтар ҳамин гуна соҳибҳунарноқидон зуҳур мекарданду парвариш меёфтанд.
На танҳо дар мо, балки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон шоиру нависандагон, ва махсусан, шоирон, фақат бо даромад аз меҳнати шоирии худ таъмини маош карда наметавонанд ва ҳатман бо ягон кор ва ё хидмати дигар ҳам машғуланд, дар ҳоле шоирӣ худ заҳматест, ки батамом бахшидани зиндагӣ, яъне тамоми вақти умрро талаб дорад. Дар натиҷа ё ба камтарин маоши зиндагӣ қаноат бояд кард, ки бештар шоир бошӣ, ва ё, мутаассифона, баръакс... Роҳи дигар хеле кам иттифоқ меафтад, ба онҳое, ки иттифоқ афтодааст, масалан, Абдураҳмони Ҷомӣ, Иоҳан Волфҳан Гӯте ва..., онҳо баргузидагони тақдиранд. Вале, ба ҳар ҳол, ишқи ин пеша бо гаронии заҳматҳову подоши ночиз ва ҳатто фоҷиавиҳояш (қисмати Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳилолӣ, Адиб Собир... -ро ба ёд оред) бисёриҳоро маҷзуб мекунад, ки дар ҳар маврид, бешубҳа, сабабҳои хоси худро дорад, ки яке аз онҳо, яқинан, умеди мондагории ном аст. Ва шояд меарзад, ба хотири он аз зиндагии пурнозу неъмат ва ғановатмандона гузашт, ин ба интихоби ҳар кас вобаста аст, вале ин ҳам ҳаст, ки зиндагӣ ба ҳар навъе бошад, мегузарад, вале ном бе маҳсули шоиста мондагор намешавад. Дар он ҷо, ки як байт ҳам метавонад ба муаллифаш номи ҷовидон бибахшад, албатта, умеду иштиёқ бештар аст, ҳамчунонки мо имрӯз намедонем, Абӯҳафси Суғдӣ чӣ касе буду чӣ зиндагие дошт, аммо медонем, ки шоир будааст ва ҳамин як байт, ки аз ӯ мондааст, номи ӯро бештар аз ҳазору сад сол боз дар забонҳо зинда нигоҳ доштааст:
Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо,
Ӯ надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо?!
Мо ҳоло дар як давраи мураккаб зиндагӣ мекунем. Давраи гузариш аз як сохти иҷтимоӣ ба сохти дигари иҷтимоӣ ҳамеша аз мушкилтарину печидатарин марҳалаҳои таърих аст. Андаррафтан ба қонунияти ташаккул ва инкишофи он на ҳамеша ба осонӣ даст медиҳад, дар ин роҳ лағзишҳое рух доданаш мумкин аст, бинобар ин дар канори сахтгирӣ, ба ҳамдигар назари бахшоиш ва меҳру муҳаббат бояд дошта бошем, ки бинои одамият ва адабиёту фарҳанг аст.
Соли 2015