Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ёдгоре, к-аз одамизод аст,
Сухан аст, он дигар ҳама бод аст.
Пеш аз ин омада, ки аввалқадами ҳастӣ сухан аст. Дар офаридгории сухан қудрати худовандист, ки инсони офарандаи онро аз тавони яздонӣ бархурдор мекунад, яъне Худованд яке аз беҳтарин сифатҳои худро, ки суханофаринист, ба инсони сухансоз бахшидааст. Муҳимтарин эҷоди инсон ҳам сухани ӯст. Сухан низ ба монанди зиндагӣ садранг ва ба навъҳои гуногун аст, ки сухани адабӣ дар ҷумлаи онон асилтарин, волотарин аст, ки умри абад дорад.
Таърихи сухани адабӣ ва абадии мо беш аз ҳазорсола аст, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бошад, акнун 60-сола мешавад. Вале ин Иттифоқ меросдори сухани адабии ҳазорсолаи тоҷик аст.
Пояи шеъру адаби мо бо пояи давлати аввали тоҷикон – Сомониён пушти ҳам рехта шуд. Пояи давлат, ки бар сиёсат буд, бо пояи шеъру адаб, ки бар сухан буд, ҳамроҳ устувор карда шуд. Ҳарчанд суханварон аз тамаркузе, ки дар давлати Сомониён доштанд, бенасиб шуданд, ҳавзаҳои адабие, ки дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Хатлон, Дарвозу Ҳисор ва ноҳияҳои дигар дар фаъолият буданд, чароғи адаби тоҷикро равшан нигоҳдорӣ карданд.
Бо хайри қисмат дар аввали асри ХХ, баъд аз ҳазор сол, давлати тоҷикон боз аз нав тарҳрезӣ мешуд. Забон ва адабиёти ягона яке аз рукнҳои асосии давлат аст ва тоҷикон маҷбур буданд, ки барои собит кардани мавҷудияти таърихии худ, дар аввали санадҳои дигар ҳуҷҷат ва ҳуҷҷатсозе пеш оваранд, ки ҳастии ононро бар ростӣ исбот кунад. Ин ҳуҷҷат «Намунаи адабиёти тоҷик» ва ин ҳуҷҷатсоз устод Садриддин Айнӣ шуд. «Намунаи адабиёти тоҷик» ҳуҷҷати давлати нави тоҷикон буд.
Бо давлати нав ҳаёти нав оғоз шуд. Адибон дар ҳамаи соҳаҳои зиндагии тоза, бунёди ҷомеаи ҷадид пешрав буданд: илм, мактабу маориф, маданияту ҳунар, матбуот қисме аз соҳаи фаъолияти онон буд. Устод Абулқосим Лоҳутӣ аввалин дастгоҳи чопро савораю пиёда, аввал то Тирмиз ва аз он ҷо ба Душанбе овард.
Зиндагии нав адабиёти худро мехост. Дар он солҳо адибоне, ки дар мактаби ҳазорсолаи адабиёти тоҷик дарс хонда буданд, ба монанди А. Фитрат, А. Ҳамдӣ, П. Сулаймонӣ, А. Мунзим ба ниёзи замони бунёдкориҳо асар меофариданд.
Шоироне, ки сарчашмаи гуфтаҳошон эҷодиёти халқ буд, ҳамчун Б. Худойдодзода, С. Вализода низ розҳои дили мардумро ба забони ӯ бозгӯӣ мекарданд.
Ин адибон ва эҷодкорони дигар дар «Ассосиатсияи Нависандагони пролетариати Тоҷикистон», ки соли 1931 таъсис ёфта буд, гирди ҳам омада, фаъолият доштанд. Баъд соли 1932 КИ ҲКТ дар асоси Қарори КМ ВКП(б) «Оид ба навсозии созмонҳои адабиву эҷодӣ» қароре қабул кард, ки дар асоси он бояд Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъсис карда мешуд. Дар ҳайати комиссияи созмондеҳ С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, С. Улуғзода, К. Тарегулов, К. Дайламӣ, М. Ҳасанӣ, М. Рустамов, Б. Азизӣ, М. Бурҳонов, Юртаев ва Саид Носиров раиси он буданд.
Анҷумани созмондеҳ 10-18-уми маи соли 1934 баргузор гашт ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро таъсис кард, ки устод Абулқосим Лоҳутӣ аввалин раиси он интихоб шуд. Ду устод С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ поягузори адабиёти навини тоҷик ва Иттифоқи нависандагони он буданд.
Иттифоқи нависандагон маркази қувваҳои адабии на фақат ҷумҳурӣ, балки эҷодкорони бисёри тоҷикро аз шаҳру ноҳияҳои давлатҳои дигар ба Тоҷикистон кашид ва маркази ҳақиқии адаби тоҷик гашт. Ин созмон барои ба ҳам овардани илму адаб ва маданияти тоҷик, ки аз пояҳои решагии давлати нави тоҷикон буд, хидмати бунёдкоронаи таърихӣ кард.
Муқаддамтарин вазифаи Иттифоқи нависандагон ривоҷу равнақ додани адабиёт аст. Яке аз василаҳои асосии ин кор баррасии асарҳо, муҳокимаи масъалаҳои эҷодист. Шоистаи ибрат аст, ки Садриддин Айнӣ, бо вуҷуди аллакай устод буданаш, дар солҳои сӣ повести нави худ «Марги судхӯр»-ро дар Иттифоқи нависандагон ба муҳокимаи ҳамқаламон гузошт. Аввалин баррасии эҷодӣ дар Иттифоқи нависандагон бо ин асари безавол оғоз шуд.
Солҳои пасин аз адибони ҷавон то маъруф, ки соҳиби асарҳои мондагор буданд, эҷоди худро дар Иттифоқи нависандагон барои баррасии ҳамқаламон меоварданд, ки аз маслиҳатҳои эҷодии дӯстон баҳра бардоранд. Аз ин рӯ, роману повест, ҳикоя ва шеъру достонҳои машҳур ва маҳбуби адибони зиндаёд: Ҷ. Икромӣ, Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, М. Раҳимӣ, М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, Ҳабиб Юсуфӣ, А. Шукӯҳӣ, А. Деҳотӣ. Ф. Муҳаммадиев ва бисёри дигарон ба номи Иттифоқи нависандагон сахт вобаста аст. Адабиёти тоҷик имрӯз назму насри овозадор дорад. Муҳокимаи адабие, ки дар охири солҳои панҷоҳ ва аввали шастум дар Иттифоқи нависандагон ва маҳфилҳо мешуданд, аз насими тозае дар шеър дарак медоданд. Ин насим аз саросари эҷодиёти шоирон Ғ. Мирзо, М. Қаноат, Қ. Киром болафшон гузашт. Баъдтар ашъори Лоиқро эҳсоси тазоднок ва ҳамаҷонибаи зиндагӣ тоза мекард, Бозор Собир дар тасвиру сухан ва мафоҳим навӣ меҷуст. Имрӯз шеърҳои Гулназар, Гулрухсор, С. Шоҳзода, Ҳ. Ғоиб, К. Насрулло, Р. Назрӣ, З. Абдулло, Н. Қосим, Н. Ниёзӣ, А. Муродӣ, С. Хатлонӣ аз ҳиссиёти пуртаъсир ва тароватнок бархӯрдоранд. А. Сафар, С. Ҳалимшоҳ, А. Озод, Н. Баҳорӣ, Ш. Ҳайрат, Ш. Ёдгорӣ, С. Маъмур, Ҷ. Каримзода, Шаҳрия, Ш. Бунёд, М. Ғоиб, Д. Наҷот, Н. Яздон, Қ. Ҳадиса, З. Атоӣ, Ҷ. Қувват, Муҳтарам С. Ҳакимзода, Ҳ. Мурод, Норинисо, З. Ибод ба лаҳну шеваҳои гуногун мекӯшанд сухани худро бигӯянд. А. Қодирӣ ва С. Султон майл ба таронагӯӣ доранд. Фарзона ва Сиёвуш марғубтарин падидаҳои тозаи шеъри имрӯзанд.
Шоирон М. Шералӣ, Мавҷудаи Ҳаким, Ҳ. Файзулло, Ғ. Сафарзода, Б. Фаррух ва дигароне, ки ҷисман аз байни мо рафтанд, бо шеър ва рӯҳашон арзи ҳастӣ мекунанд.
Дар насри кунунӣ жанрҳои калонҳаҷм – роману қисса бештар пайдо мешаванд. Дар баъзеи онон воқеанигорӣ мавқеи муҳимтар дошта бошад, дар қисми дигар таҳлили андешаҳои дарунӣ мақом дорад. Нависандагон, ки паҳлуҳои гуногуни зиндагиро ба тасвир мегиранд, дар асарҳояшон фарохои ҳаёт бештар эҳсос мешавад. Асарҳои Ю. Акобиров, С. Турсун, Сорбон, Б. Фирӯз, Кӯҳзод, М. Хоҷаев, А. Самад, Ҷ. Акобиров, К. Мирзоев, С. Раҳим, Баҳманёр манзараҳои мухталифи зиндагиро бо назари вусъатнок ва борикбин ба тасвир мекашанд. Қиссаву ҳикояҳои С. Зардон, А. Рабиев, М. Сайдар, М. Қурбон, М. Солеҳ, Қ. Абулҳусейнов таровате дар бофт ва тозагие дар андеша доранд. Аз ҷавонон Сайдалии Саид нависандаи хеле хушлаёқат ба назар мерасад, ҳикмати навиштаҳояш амиқ, услубаш рехта, забонаш фасеҳу равон аст.
Тасвири инсони замон бо тавровишҳои қалбиаш, ки имрӯз дар назму наср мавқеъ пайдо мекунад, дар аввали аср оғоз шуда буд. Дуруст аст, ки он вақт ташаккул ва такомули он бештар мавриди андеша буд. Аз ин рӯ, маорифпарварон барои усули тозаи таълим дар мактабҳо камар баста, барои бачагону ҷавонон асарҳои таълимӣ ва адабию бадеӣ таълиф мекарданд, ки устод Айнӣ дар ин ҷода ҳам дар радифи аввал буд. Адабиёти тозае бо унвони адабиёти бачагону ҷавонон ба вуҷуд меомад, ки барои ташаккули инсони нав ғизои маънавӣ медод. Иттифоқи нависандагон дар маҷлисҳои адабӣ ва анҷуманҳои худ ҳамеша аҳамияти махсусе ба инкишофи адабиёти бачагону ҷавонон доданро дархост мекард, ки тарбияи инсони комил ба ин васила ба даст меояд.
Асарҳои М. Миршакар, Пӯлод Толис, У. Раҷаб, Г. Сулаймонӣ, А. Баҳорӣ, Ҷ. Одинаев, Б. Насриддинов, Б. Оритиқов, Насим Раҷаб, А. Бобоҷон, А. Шарифӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Н. Бақозода, Р. Ёрмуҳаммад ва дигарон ин хидмати наҷибро ба ҷо меоранд.
Дром ва очерку публисистика, ки бештар зодаи замони наванд, маҳз бо пуштибонии доимии Иттифоқи нависандагон ташаккул ёфтааст. Маҷлису семинарҳои адабӣ оид ба инкишофи ин соҳаҳо анъанавӣ шуда буданд ва дар натиҷа адабиёти нави тоҷик соҳиби дромнависони касбӣ ва соҳибқаламе шуд. Ғ. Абдулло, Ф. Ансорӣ, А. Сидқӣ, М. Бахтӣ, Ш. Қиём, С. Сафар, А. Атобоев, Ҳ. Ҳамдам, С. Аюбӣ, Ҷ. Қуддус, Н. Абдулло, М. Холов, Ш. Солеҳ аз пешравони он ҳастанд.
Аз назари доғии масъалаҳое, ки дар миён мегузорад, очерку публисистика ба дром қаробат дорад ва мавзӯи худро дар дромгоҳи зиндагӣ пайдо мекунад. Агар қариб ҳамаи шоиру нависанда ба публисистика рӯй оварда бошад, қариб ҳар публисист ҳам дар жанрҳои бадеӣ чун роману қисса ва ҳикоя асар навиштааст. Ин нукта, аз ҷумла, дар эҷодиёти адибон М. Наҷмиддинов, Ҳилолиёни Аскар, Ш. Ҳаниф, Д. Раҷабӣ, Х. Шарифов, И. Насриддинов, Б. Муртазоев, А. Истад, И. Файзуллоев, Н. Табаров, М. Бобоҷон, Ҷ. Тошматов, Б. Абдураҳмонов, М. Муллоҷонов, Р. Мардон, Ғ. Ҳакимов тақвияти худро меёбад. Аксари асарҳое, ки дар ин соҳа ба қалам омадаанд, натиҷаи ташвиқ ва роҳхатҳои эҷодии Иттифоқи нависандагон мебошанд.
Асри ХХ асри иртиботи кишварҳо ва фарҳангҳост. Пешрафти техник мафҳуми дур ва дастнорасро аз байн бардошт. Ҷаҳони воқеӣ кӯчак ва ҷаҳони огоҳии инсонҳо фарох гашт. Агар дар гузашта дар адабиёти тоҷик тарҷума, ки яке аз василаҳои огоҳии мардум аз маданиятҳои дигар мебошад, асосан аз адабиёти ҳинд, юнон ва араб сурат мегирифт, ки дар асри ХХ ва, махсусан, аз солҳои сӣ ва баъд, ки ба давраи ташаккули он рост меояд, аҳамияти бузург пайдо карда, доираи он хеле васеъ шуд. Беҳтарин асарҳои адабиёти бадеии халқу кишварҳои гуногуни олам ба тоҷикӣ тарҷума шуданд. Ба замми ин қариб ҳамаи шоиру нависандагон, ки тарҷума ҳам мекарданд, ба монанди С. Улуғзода, ки дар ин кор дасти тавоно доштанд, боз тарҷумонҳои касбӣ ба камол расиданд, ки мактаби тарҷумаи тоҷикро ба вуҷуд оварданд. Дар ин мактаб номҳои Р. Ҳошим, Ҳ. Аҳрорӣ, Ш. Собир, Э. Муллоқандов, Ҷ. Азизқулов, Ш. Шариф, А. Адҳам, А. Остонова, С. Салоҳ, С. Хоҷаев сабт шудааст.
Эҷодиёти шифоҳии мардум рози дили ӯст. Ин роз рози зиндагӣ, рози дили пурмаънист. Асосгузорони адабиёти замони нав ин матлабро зуд дарёфтанд ва ба гирдоварию интишори он пардохтанд. Иттифоқи нависандагон адибонро ҳамеша ба ин кор таблиғ ва равона мекард. Аз ҷумла адибон М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ аз эҷодиёти халқ интихобҳои пурарзише таҳия карда, ба чоп расонидаанд. Баъдтар мактаби мураттаб сохтан ва омӯзиши эҷодиёти шифоҳии мардум сурат гирифта, соҳиби дастовардҳои пурарзише гашт. Дар ин соҳа хидмати Р. Амонов, В. Асрорӣ, Б. Шермуҳаммадов бузург аст.
Адибон меросдори суннатҳои аҷдоданд ва Иттифоқи онон низ ҳамеша дар паи ин кор будааст. Дар ин ҷо фақат аз дутои он ёд овардан кофист. Эҳёи ҷашни Наврӯз дар солҳои ҳукумати сиёсати яктарафа, ки суннатҳои аҷдодиро ночиз, беманфиат ва зарарнок медонист, кори осоне набуд. Ин фақат дар натиҷаи муборизаи пайгиронаи адибон ва Иттифоқи онон мумкин гашт. Гаронбаҳотарин мероси бемислу монанди мусиқии мо «Шашмақом» бо заҳмати шуаро ва оҳангсозон мураттаб сохта, ба адвор кашида шуд.
Адабиёти нави асил классикӣ мешавад, адабиёти классикӣ ҳамеша нави асил аст. Ин сифат дар натиҷаи пайванди ногусастании онон ба бор меояд. Иттифоқи нависандагон дар давоми фаъолияти шастсолаи худ масъалаҳоеро, ки ба пайванд иртибот доранд, доимо дар мадди назар доштааст. Мероси ҳазорсолаи мо аз устод Рӯдакӣ то Ҳайрат, агар аз имтиҳони замон гузашта, классикӣ шуда бошад, дар замони нав омӯзишу ташвиқ ва интишори он ба номҳои олимону адибоне, ба монанди А. Мирзоев, Ш. Ҳусейнзода, Х. Мирзозода, Н. Маъсумӣ, Р. Ҳодизода, К. Айнӣ, Х. Шарифов, А. Сатторов, А. Афсаҳзод, сахт пайванд гирифтааст. Тадқиқоти эшон барои ба зинаи баландтар фаро рафтани маданияти адабиёти нав хидмат кардаасту мекунад.
Иттифоқи нависандагон дар ташвиқу тарғиби адабиёти ҳазорсолаи худ на фақат ба воситаи омӯзиш ва интишори он, балки ба василаи баргузор кардани ҷашнҳои бузургдошти чеҳраҳои дурахшони он низ саҳм мегузорад. Бовар дорам, ки ҷашнҳои бузургдошти бузургони илму адаб: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Сино, Ҳофиз, Ҷомӣ дар ёди бисёре аз ҳозирин зиндааст. Ҳоло ба ҷашни Камоли Хуҷандӣ омодагӣ мегирем.
Дар радифи ин аз ҷашнҳои бузургдошти устодони адабиёти замони нав: Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Лоиқ ва дигарон низ бояд гуфт, ки бо фарру ҷалол ороста будем.
Худ аз худ равшан бояд бошад, ки ҷашнҳо фақат иду суханҳои идона набуда, барои таҳқиқу ташвиқ ва дарёфти моҳияти эҷодиёти адиб ва адабиёт хидмат мекунанд.
Адабиёти замони нав илми худро низ меофарад. Ин илм, ки танқиди адабию адабиётшиносист, ба аҳамияту пуштибонии махсус эҳтиёҷ дорад, то масъулияти муҳими худро, ки шинохту тарғиби адабиёти асил аст, ба ҷо оварда тавонад. Ин пешаи мушкил, вале беқадр аст. Бо вуҷуди ин олиму ноқидоне дар ин роҳ заҳмат кашида, пайваста барои ҳастӣ ва нумӯи он мекӯшанд. Иттифоқи нависандагон аз онҳо сипосгузор аст. Агар адибон на ҳама вақт ба қадри онон мерасанд, Иттифоқи нависандагон бояд бирасад, ки адабиётшиносоне мисли М. Шукуров, Н. Нурҷонов, С. Табаров, А. Сайфуллоев, Л. Демидчик, Х. Отахонова, А. Маниёзов, А. Набиев, Ҳ. Шодиқулов, А. Абдуманнонов, Ҷ. Бақозода, Ю. Акбаров, М. Раҷабӣ дар ин соҳа қалам мефарсоянд.
Ҳаҷв сухани доғ аст аз нуқсонҳои зиндагии воқеиву маънавӣ. Он дар жанрҳои гуногуни назму наср гуфта мешавад ва агар собиқаи он бо номҳои М. Аминзода, С. Ҷавҳаризода, Ҳоҷӣ Содиқ, Б. Ғанӣ вобаста бошад, имрӯзаш номҳои Б. Ҳоҷӣ, Н. Назирӣ, Б. Расо, Ф. Баҳодур, А. Маҳмадшо, Ҳ. Назаралӣ, М. Файзалӣ, Н. Шоҳинбод, Н. Асадуллоев, Д. Эгамзод, М. Пӯлодро дар бар мегирад.
Сарнаившти халқ ҳамеша сарнавишти аҷиб будааст. Дар солҳои сӣ, ки айёми бунёдкорӣ буд, адибон на танҳо бо эҷод, балки шахсан бо дасту бозуи худ дар сохтмонҳои бузург ширкат доштанд. Иттифоқи нависандагон дар ин кор дастгоҳи ташвиқгар буд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар дасти адибон қалам шамшер шуду шамшер қалам. Гурӯҳе аз онҳо дар майдонҳои ҷанг ҷовидон хуфтанд ва гурӯҳи дигар, аз қабили Ф. Ниёзӣ, А. Қаҳҳорӣ, М. Фарҳат, бо захмҳои зиёд аз он арса баргаштанд ва достони хуфтагони ҷовидро дар асарҳои мондагор бозгӯ карданд.
Тасвири он корномаи мардумӣ аз маҷоли як насл берун аст. Асарҳои пурарзиши М. Қаноат аз бузургии он шаҳодат медиҳанд. Достони «Сурӯши Сталинград»-ро Иттифоқи нависандагон дар Душанбею Москва бо иштироки адибони машҳур муҳокима карда, мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор дода буд. Асноди корномаи ҷанговарони тоҷикро Р. Сафаров ҷамъ оварда, кори судманде мекунад.
Иттифоқи нависандагон ташаббускори пайдо шудани ҳафта ва даҳаҳои адабиёту санъати халқҳои бародар буд. Дар Тоҷикистон идҳои адабиёту санъати халқҳои русу украин, ӯзбеку қазоқ, арманиву озарӣ, гурҷиву белорус ва дар кишварҳои онон ҳафтаю даҳаҳои адабиёту санъати тоҷик баргузор шуда буданд. Симпозиуми назми форсӣ, ки соли 1967 барпо шуд, барои шинохти ҳамдигарии ашъори ҳамзабонони Эрону Афғонистон хидмати пурмаҳсуле кард.
Дар Иттифоқи нависандагон на фақат адибони тоҷик маркази худро ёфтанд, балки адибони дигар низ онро хонаи худ донистанд. Тоҷикистон ва иттифоқи адибонаш барои Б.Ясенский, И. Брагинский, А. Одинсов, М. Левин, Л.Пашенко, М. Яблоков, Б. Пшеничний ва бисёри дигарон азиз буду ҳаст, зеро ному эҷодашон ба он сахт вобастааст. Асарҳои адибони ӯзбек А. Назаров, Тӯлқин, У. Ҷамол, З. Дӯстматов, Мафтун Ҷӯра, Ҷ. Пиримов, Ш. Саттор, О. Раҷабро метавон ҷузъи адабиёти тоҷик ҳисоб кард.
Дар тӯли ин шаст сол дар роҳбарият ва бахшҳои Иттифоқи нависандагон адибони бисёре кор карда, барои маркази ҳақиқии адабӣ шудани он хидмат карданд. Устодон: Лоҳутӣ, Улуғзода, Турсунзода, Қаноат аз роҳбарони дараҷаи аввали он буданд. Махсусан, номи устод Турсунзода бо номи Иттифоқ тавъамон шудааст.
Маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Помир», ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», моҳномаи «Пайванд», ки нашрияҳои Иттифоқи нависандагон мебошанд, барои такомули адабиёту фарҳанги муосири тоҷик ҳамчунон саҳме гузоштанд, ки онҳоро нирӯбахши фарҳанги тоҷик гӯем, муболиға нахоҳад шуд.
Иттифоқи нависандагон дар ташвиқу тарғиб ва чопи асарҳои адибон дар кишварҳои хориҷӣ низ хизмати назаррасе ба ҷо меорад. Пешбарии адибон ба ҷоизаҳои давлатию адабӣ, ба унвону нишонҳои давлатӣ низ ҳамеша дар мадди назари он аст. Хазинаи адабиёти тоҷик, ки шаст сол боз дар назди Иттифоқи нависандагон амал мекунад, барои беҳбуди зиндагӣ ва эҷоди адибон ҳамеша саъю талош дорад.
Иттифоқи нависандагон хонаи адибон аст, ки аз муҳаббати онон гарм аст, хонаест, ки дил мекашад, по меравад, зеро қисмати ҳар яки мо ба он пайвастааст.
Адабиёт сарнавишти мост ва Иттифоқи нависандагон хонаи сарнавишти мост. То адабиёт обод аст, ин хона обод аст. Адабиёти обод, аз зиндагии нек ва агар зиндагӣ бад аст, адабиёт аз бади он хоҳад гуфт, аммо он бадро ҳам бо нияти хайр мегӯяд, зеро мояи адабиёт хайрандешист.
Ривояте ҳаст, ки Муҳаммад Авфии Бухороӣ онро ба қалам кашидааст:
«Оварданд, ки дар рӯзгори Нӯшервони Одил ду мард биомаданд ва бар дари боргоҳи ӯ биистоданд. Яке бо овози баланд гуфт:
Бад макуну бад маяндеш, то бадат н-ояд пеш.
Дигари бихонд:
Некӣ куну некӣ андеш, то нек бинӣ беш.
Нӯшервон фармуд, то марди аввалро ҳазор динор оваранд ва марди дуввумро ду ҳазор динор доданд. Хосу надимони он ҳазрат суол карданд, ки ҳар ду калимаро як маънӣ буд, сила ва инъоми эшонро аз чӣ тафовут?
Гуфт: - Яке зикри нек кард ва дигари бадӣ гуфт».
Бигузор зиндагӣ нек бошад, то нависанда ҳам аз некӣ сухан гӯяд.
Соли 1994
[1]* Ин гузориш пас аз суханони шифоҳие, ки Аскар Ҳаким дар ҷаласаи тантанавии 60-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 2-уми ноябри соли равон дар Театри Опера ва балети ба номи Айнӣ эрод карда буд, ба дасти худи гӯянда навишта шуд. Баъзе нукта ва номҳое, ки дар ин матн ҳастанд, танҳо бо сабаби тангии фурсат дар сухани шифоҳӣ гуфта нашуда буданд.