Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Дар анҷумани XI нависандагони Тоҷикистон Президенти мамлакат Раҳмонов Э.Ш. дар маърӯзаи барномавии худ саволе ба миён гузошта буданд: Ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстии мардумро кӣ бояд баланд бардорад?
Ва худ посух дода буданд: Шоир, нависанда, олим, рӯзноманигор.
Аз ин рӯ, Иттифоқи нависандагон тамоми фаъолияти ташкилӣ ва эҷодии худро, пеш аз ҳама, ба хидмати мустаҳкам кардани ваҳдати миллӣ, ягонагии Ватан, парвариши эҳсоси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ равона сохт.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ шаш маҷлиси Садорат гузарондааст, ки яке аз онҳо ташкилӣ буда, панҷтои дигари он масъалаҳои эҷодиро баррасӣ кардааст. Моҳи апрели соли 1998 Маҷлиси Садорат ба масъалаи «Баъзе тамоюлҳои инкишофи драматургияи муосири тоҷик» бахшида шуд. Рӯи ин матлаб профессор Низом Нурҷонов маърӯза кард. Маҷлис мавқеи драманависон ва вазифаҳои ононро дар шароити нави иқтисодии ҷомеа баррасӣ намуд. Қайд карда шуд, истиқлолият, озодандешӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносӣ дар назди мо вазифаҳои нав мегузорад, ки ҷанбаҳои драмавӣ, ахлоқӣ, ҳақиқатгӯии асарҳоямонро пурқувват кунем.
Ба шумо маълум аст, ки адабиёти мо дар замони шӯравӣ асосан аз рӯи меъёрҳои хоси иҷтимоию сиёсӣ эҷод ва таҳлил мешуд, вале дар замони нав зарурати диди тозае дар адабиёт ба миён омад. Аз ҳамин рӯ, Раёсати Иттифоқи нависандагон масъалаи «Таҳаввулоти услубӣ дар адабиёти шӯравии тоҷик»-ро дар Маҷлиси Садорат 13-уми моҳи май соли 1999 мавриди баррасӣ қарор дод. Узви Раёсат, доктори илмҳои филологӣ Худоӣ Шарифов маърӯзаи пурмуҳтавое кард. Дар марҳилаи нав ба кадом самт ва услуб эҷод шудани асарҳо мавриди баҳс қарор гирифт.
25-уми майи соли 2000 Маҷлиси Садорат ба масъалаи «Авзои адабиёти кӯдакону наврасон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов дар маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Роҳи мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд» аз 27-уми апрели соли 2000» бахшида шуд. Дастовардҳои адабиёти кӯдакону наврасон дар маърӯзаҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов, шоир Ҷӯра Ҳошимӣ, драманависи бачаҳо Азимҷон Аминов ба таври васеъ таҳлил карда шуданд.
Яке аз ҳамин гуна маҷлисҳои Садорати Иттифоқи нависандагон якҷоя бо дигар Иттифоқҳои эҷодии ҷумҳурӣ гузашт, ки он ба суханронии Президенти мамлакат Э. Ш. Раҳмонов дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат ба таърихи 20-уми марти соли 2001 таҳти унвони «Фарҳанг ҳастии миллат аст» бахшида шуда буд, ки дар он Раиси ИНТ Аскар Ҳаким маърӯза кард. Аз рӯи маърӯза дар маҷлис роҷеъ ба вазифаҳои ба миён гузошташуда тадбирҳои махсус муайян карда шуданд.
Соли гузашта маҷлиси шашуми Садорат «Равандҳои тоза дар шеъри солҳои охир»-ро баррасӣ намуд. Шоир Гулназар маърӯза кард. Музокирачиён хусусиятҳои он равандро, ки аз нигоҳи тоза, амиқрафти андеша ва тасвиркорӣ иборат аст, таъкид намуданд.
Дар маҷлисҳои Раёсат зиёда аз сад масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки онҳо масъалаҳои эҷодиву ташкилӣ буда, ба ҳаёти адабии ин давраи ҳисоботӣ дахл доранд.
Яке аз соҳаҳои фаъолияти Иттифоқи нависандагон таҷлили ҷашнҳо ва ёдбуди худи адибон низ мебошад.
Ҷашни 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода бо шукӯҳу шаҳомати хосе таҷлил гардид, иштироки Президенти мамлакат дар ҷашн ва суханронии ӯ шукӯҳу шаҳомати онро бештар гардонид. 90-солагии устод Мирзо Турсунзода дар Масква низ ботантана ҷашн гирифта шуд.
Ҷашнҳои 90-солагии шоирону нависандагони маъруфамон: Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улузода, Раҳим Ҷалил, Мирсаид Миршакар, 75-солагии Аъзам Сидқӣ, Абдумалик Баҳорӣ, шодравон Раҷаб Амонов, Холмурод Шарифов, 70-солагии Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Гулчеҳра Сулаймонова, 60-солагии шоири шодравони маъруф Лоиқ Шералӣ, драманавис Меҳмон Бахтӣ низ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ботантана гузаронида шуданд. 60-солагии адибон Кароматулло Мирзоев, Саидҷон Ҳакимзода, Ҳикмат Раҳмат, Мирзо Файзалӣ асосан дар маҳалҳо ва доираи Иттифоқи нависандагон таҷлил гардиданд. 100- солагии Пайрав Сулаймонӣ ва Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, 90-солагии Абдусалом Деҳотӣ ҳам, ки дар доираи Иттифоқи нависандагон доир гардиданд, хотирмон гузаштанд.
Бояд гуфт, ки ғайр аз ин ҳар сол 30-40 ҷашни зодрӯз ва ёдбуди адибон гузаронида шудаанд.
Пас аз Анҷумани XI адибони мо, Меҳмон Бахтӣ, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Раҳмат Назрӣ, Сафармуҳаммад Аббӣ, шодравон Сайф Раҳим сазовори Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ шуданд. Нависандаю шоирон: Аскар Ҳаким, Абдулҳамид Самадов, Гулрухсор Сафиева, Кароматулло Мирзоев, Юсуф Акобиров, Ӯрун Қӯҳзод, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Муҳаммад Ғоиб, Фарзона унвони Нависанда (Шоир)-и Халқии Тоҷикистонро гирифтанд, ки ин гувоҳи ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба адибон аст.
Бо хоҳиши Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дастгирии шахсии Президенти мамлакат Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт ва санъат аз панҷ адад ба ҳафт адад зиёд гардид.
Мукофоти адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, ки 50 сомонӣ буд, ҳоло ба 500 сомонӣ баланд бардошта шуд.
Дар тӯли панҷ сол ду бор мукофоти адабии ба номи С.Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро эълон кардем. Ба ин мукофот адибон Саидаҳмади Зардон, Доро Наҷот, шодравон Маъруф Раҷабӣ, Шаҳрия, Равшани Ёрмуҳаммад, Худоӣ Шарифов сазовор шуданд.
Президенти мамлакат, ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ҳаққи шоирону нависандагон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ҳоло ба шоиру нависандагони халқӣ аз буҷаи давлат ҳар моҳ 50 долларӣ маоши иловагӣ дода мешавад, ки гувоҳи чунин ғамхорӣ мебошад.
Соли гузашта Президенти мамлакат аз фонди худ барои табъу нашри асарҳои адибон 150 000 сомонӣ ҷудо кард, ки бо он бештар аз сӣ номгӯй китоб ба нашр расид.
Ҳамчунин аз ҷониби Президенти мамлакат барои таъмири бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки аз сохта шуданаш қариб 25 сол мегузарад, маблағи зарурӣ ҷудо карда шуд. Дар ин таъмир саҳми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Маҳмасаид Убайдуллоев ҳам ҳаст.
Бо ғамхории Раиси шаҳри Душанбе ҳаққи телефондорӣ ва рафту омади аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, дар нақлиёти ҷамъиятӣ бепул карда шуд.
Дар ин давра идораҳои зеридастии ИН, Идораи таблиғи адабиёт ва Хазинаи адабиёт кори худро ҷонноктар карданд.
Идораи таблиғи адабиёт (роҳбараш Меҳмон Бахтӣ) дар ҳолати хеле душвор қарор дошта бошад ҳам, фаъолияташро назар ба пештара вусъат дода, адибонро ба бисёр шаҳру ноҳияҳо ба вохӯрии меҳнаткашон сафарбар намуд.
Идораи Хазинаи адабиёт (сарпарасташ Абдураҳмон Абдуманнонов) дар тӯли панҷ сол ба 18 нафар стипендияи эҷодӣ дод. Ба нависандагони куҳансол, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, беморон ёрии моддӣ расонид. Ҳоло вазъияти Хазинаи адабиёт назар ба солҳои гузашта каме беҳтар шудааст.
Нашрияҳои ИН, аз ҷумла, «Адабиёт ва санъат» мушкилоти доштаи хешро рафъ намуда, ҳоло ҳафтае як маротиба дар ҳаҷми 16 саҳифа интишор мешавад, ки дастоварди бузург аст, зеро мақсади он расидан ба теъдоди солҳои аввали навади асри гузашта аст. Албатта, дар бораи муҳтавои он хеле эрод гирифтан мумкин аст, аммо худи барқарор сохтани ҳаҷми пешина ва бо теъдоди бештар аз 2000 чоп кардан шоистаи таҳсин аст, хуб кардани муҳтавои он бошад ба ҳар яки мову шумо вобаста мебошад.
Дар натиҷаи як кардани идораи маҷаллаи русизабони мо «Помир» бо «Адабиёт ва санъат», ки роҳбарии ҳар дуи он ба зиммаи Ҳ. Нозирӣ гузошта шудааст, маҷаллаи «Помир» низ аз ҳолати рукуд бароварда шуда, зери таҳрири Сергей Сухоян соли гузашта чаҳор шумора ба табъ расид. Ҳардуи ин нашрия рӯ ба ривоҷ ниҳодаанд, ки дар оянда боз ҳам беҳбуди кори онҳоро чашм дорем.
Дар давраи ҳисоботӣ маҷаллаи «Садои Шарқ» дар 16 ҷилд нашр шуд. Ва дар ин ҷилдҳо беҳтарин намунаи осори адибон 15 повесту роман, силсилаи ҳикояҳо, шеърҳо, достонҳои шоирони маъруфу ҷавон, очерку публисистика, рисолаҳои тадқиқотӣ, мақолаву тақриз ва асарҳои тарҷумавӣ ба нашр расиданд. Ин ҷо мақсад таъкиди он аст, ки махсусан дар ду-се соли охир як пешравие дар чоп ва теъдоди нашри маҷалла ба назар мерасад, ки бояд қавитар гардад, то маҷалла мавқеи пешинаи худро дар инъикоси намои адабиёти тоҷик аз нав ишғол бикунад.
Дар ин давра доираи ҳамкориҳои ИН бо дигар ташкилотҳо, созмону муассисаҳои эҷодӣ вусъатноктару самарабахштар гардидааст.
Хурсандиовар аст, ки адибони мо, масалан, Равшани Ёрмуҳаммад дар озмуни ҷумҳуриявии драманависон бо асари таърихии худ «Ҷаъфари Бармакӣ» сазовори ҷои аввал гардид.
Шоир Ҷӯрабой Ҳошимӣ, нависанда Барот Абдураҳмонов, Иноят Насриддин, Латофат Кенҷаева дар озмуни адабии Вазорати фарҳанг ба муносибати ҷашни 10-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб дониста шуданд.
Ҳаҷвнигор Ҳакималии Назаралӣ (бо тахаллуси Пирони Шодмон) бо ҳикояи «Номат дар гӯр, героин» дар озмуни «Ҷомеа ва нашъамандӣ» пирӯз гардид.
Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар солҳои баъд аз анҷумани XI адабиёти мо хеле пеш рафтааст, шоирону нависандагонамон, дромнависону публисистонамон асарҳое эҷод кардаанд, ки ҷавобгӯи талаботи замон, замони истиқлолият ва бунёдкорӣ мебошанд.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон яке аз муассисони Созмони Байналмиллалии Иттифоқҳои нависандагон дар Москва гардид. Дар Москва аз осори адибони тоҷик китобҳои «Моление о дожде», «Тисяча родников» ва «Змеиное поле» ба табъ расид. Китоби аввал ашъори шоирон Лоиқ Шералӣ, Аскар Ҳаким, Озод Аминзода, Саидалӣ Маъмурро дар бар мегирад. Китоби дуюм аз эҷодиёти адибони ҷавони Тоҷикистону Ӯзбекистон мураттаб шудааст. Инчунин бо ибтикори созмони Байналмиллалии Иттифоқҳои нависандагон нашриёти «Стилистика» китобҳои Абдулҳамид Самадов «Аспи бобом» ва Сорбон «Дашти морон» дастраси хонандагони русзабон гардиданд. Дар Маскав китоби ашъори устод М. Турсунзода низ ба табъ расид.
Лоиқ Шералӣ сазовори ҷоизаи байналмиллалии СБИН Лотос – «Нилуфар» шуд.
Марямбонуи Фарғонӣ, Шодӣ Ҳаниф сазовори мукофотҳои Созмони Байналмиллалии Иттифоқи нависандагон гардиданд. Адибони тоҷик Муъмин Қаноат, Гулрухсор сазовори ҷоизаи хазинаи адабиёти байналмиллалӣ шуданд. Достони нави Аскар Ҳаким «Санги ман – алмос» дар Созмони Байналмилалии Иттифоқҳои нависандагон бо иштироки шоиру нависандагони маъруф муҳокима карда шуд, ки натиҷаи он дар матбуот ба табъ расидааст. СБИН ба фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баҳои баланд дода, фаъолияти онро дар байни Иттифоқҳои нависандагони ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷои аввал донистааст.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамкории хешро бо Вазорати фарҳанг, Вазорати маорифи Тоҷикистон, иттифоқҳои эҷодӣ, иттиҳодияи журналистон, иттифоқҳои рассомон, оҳангсозон, кинематографистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон, Ҷамъияти ходимони театр, Агентии мубориза алайҳи маводи мухаддир, Сарраёсати сарҳадчиёни Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, Кумитаи Сулҳи Тоҷикистон, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва бисёр ҷамъиятҳои дигар вусъат дод.
Ҳар сол бо ибтикори Иттифоқи нависандагон, Кумитаи сулҳ ва Вазорати маориф дар ҷумҳурӣ Фестивали китобу мусиқӣ мегузарад, ки адибони мо дар он фаъолона иштирок мекунанд. Ин фестивал қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор шудааст.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон робитаҳои фарҳангиашро бо Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон, Афғонистон, Туркия, Амрико вусъат дод. Дар ИН бо сафирон ва намояндагони сафоратхонаҳои мазкур суҳбатҳо баргузор шуд. Дар ҳамкорӣ бо Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон чандин маҳфилҳои шеър гузаштанд.
Адибони тоҷик дар ҳамаи маъракаҳои муҳим: гузаронидани ҷашнҳо, аз ҷумла Наврӯз, Ҷашни истиқлолият, Рӯзи забони тоҷикӣ, Рӯзи мусолиҳаи миллӣ, ҷашнҳои 1100-солагии Давлати Сомониён, 10-солагии Анҷумани тоҷикони ҷаҳон, 10-солагии сессияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Хуҷанд, 2700-солагии китоби «Авесто» фаъолона иштирок доштанд.
Президенти мамлакат Э. Ш. Раҳмонов зимни суханронии худ дар анҷумани гузаштаи нависандагон чунин гуфта буд: «Яке аз вазифаҳои муҳими Иттифоқи нависандагон, пирони адабиёт тарбияи насли ҷавони адибон мебошад».
Роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чунин фармударо ба эътибор гирифта, робитаи хешро бо адибони ҷавон мустаҳкамтар ва ташкили корро беҳтар намуд, шӯъбаҳои дахлдори Иттифоқи нависандагон бо ҷавонон ва таълифоти онҳо хуб кор карданд, омӯзиш ва муҳокимаи асарҳои ҷавонон бештару беҳтар гардид ва шоистагони онҳо ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуданд.
Соли 2002 Раёсати Иттифоқи нависандагон машваратҳои адибони ҷавонро гузаронд. Ин ташаббусро роҳбарияти вилоятҳои Суғд, Хатлон, Ҳукумати шаҳри Душанбе хуб ҷонибдорӣ карданд. Онҳо хоҳиши Раёсати Иттифоқи нависандагонро ба эътибор гирифта, барои гузаронидани ин машваратҳо ва чопи асарҳои беҳтарини иштирокчиёни он маблағҳои зарурӣ ҷудо карданд.
Дар вилояти Суғд асарҳои ҷавононро адибони соҳибтаҷриба А.Самадов, А.Сидқӣ, М.Хоҷаев, Н.Ниёзӣ, Фарзона, адабиётшиносон А.Сайфуллоев ва Н.Салимов хонда, оид ба ҳусну кубҳи таълифоти адибони ҷавон Мухлиса, Матлуба, Нарзуллои Азизиён, Раънои Зоирдухт, Гулноз, Гулнора Усмонова ва дигарон андешаҳои худро баён намуданд.
Ҳамин гуна машварат дар вилояти Хатлон низ баргузор гардид. Дар он Аскар Ҳаким, А.Самадов, Ҳақназар Ғоиб, Н.Худойбахш, Зариф Ибод ва С.Сабзаев иштирок карда, таълифоти ҷавононро мавриди муҳокима қарор доданд. Машварат нишон дод, ки дар байни ҷавонони Хатлонзамин Озар ва Офоқ барин ҷавонони соҳибистеъдод ҳастанд, ки дар сатҳи хуби адабӣ кор мекунанд.
Дар машварати адибони ҷавони шаҳри Душанбе асарҳои ҷавонон: Ховари Абулҳай, Махфират Юсуфӣ, Мубашшири Акбарзод, Ҳанифаи Маҳмадохир, Муродалии Ҷаббор, Беҳрӯзи Забеҳулло, Мавлудаи Равшанёр, Робиа, Гулрухсор Холова ва дигарон аз ҷониби адибон А.Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, А.Самадов, С.Ҳалимшоҳ, Р.Ёрмуҳаммад, Ҷ.Акобиров, Ато Ҳамдам баррасӣ гаштанд. Ҳамин гуна машварат дар Бадахшон ҳам гузаронида шуд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ чандин ҳавзаи адабӣ фаъолият дорад. Бояд гуфт, ки дар ҳавзаҳои адабии Душанбе, вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон адибони маъруф, устодони пуртаҷриба ҳамроҳи ҷавонони эҷодкор фаъолият менамоянд.
Ба ғайр аз ин, дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ҳисор, Кофарниҳон низ ҳавзаҳои адабӣ ташкил шудаанд, ки онҳо бо Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ робитаи фаъоли корӣ доранд.
Машваратҳо нишон доданд, ки ҷавонони эҷодкор дар ҷодаи адабиёт бо диди тоза ва сабку шеваи ба худ хос пеш мераванд.
Ҷустуҷӯи ҳуввияти миллӣ, асли хешро дар таърихи дарозои халқ шинохтан, ки барои муайян кардани мақоми худ дар ҷомеаи башарӣ аз василаҳои муҳимтарин аст, дар шеъри ин давраи мо собиқаи пешин дорад, ки асосан ба қарни ХХ ва эҷодиёти шоироне чун М.Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Аскар Ҳаким, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона, Салимшо Ҳалимшоҳ, Ҳақназар оиб, Низом Қосим, Раҳмат Назрӣ, Муҳаммад Ғоиб, Зиё Абдулло ва дигарон оид мешавад.
Ин маъниро ҳатто донишманди эронӣ Алӣ Асғари Шеърдӯст, ки маҷмӯаи бештар аз даҳ шоири муосири тоҷикро дар Эрон ба нашр расонид, дар муқаддимаи ба ин китобҳо навиштаи худ низ борҳо бо таъкид қайд кардааст.
Достони нави Муъмин Қаноат «Ҳамосаи дод» аз асарҳои хуби солҳои охири адабиёти мост. Достон ба фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст. Дар ҳамин фоҷиа садои дили шоир, садои дили модар – Гавҳар, ки писарашро дар даруни он фоҷиа меҷӯяд, садои Мавлоно, ки ҷӯёи Меҳроби ҳақиқат аст, ба гӯш мерасад. Садои модар садои фариштаи ҳаётбахш дар арсаи ҷанг аст.
Шеъри ин давраи шоирони тоҷик дарди ҳуввият дорад ва ҳуввияти худро дар таърихи ниёгон ҷустуҷӯ мекунад. Ҳамин ҳуввияти миллӣ дар ашъори Лоиқ писанд ва мақбули ҳамагон афтодааст.
Дар ғазали «Гулфишони баҳори мо омад» Лоиқи нуқтасанҷ фариштаи оштиро, сулҳи миллати худро бо табъи саршор васф мекунад.
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Ашъори солҳои охири Лоиқ аз ташвиқи ҳамин гуна ҳуввият саршор буда, маънои ҳастии шахсияти ӯро чун фарди эҷодкор таҷассум кардааст.
Гулназар дар назми тоҷик шоирест бо азми навҷӯӣ. Ӯ андешаҳои худро доир ба шеъри нав ва тасвирӣ дар мақолаи худ «Вожаро бояд шуст» ҷой дода аст, ки он бурду бохти шоирони моро, ки шеъри наву сафед мегӯянд, баррасӣ намудааст. Ва шоир ояндаи шеъри моро бе шеъри сафед тасаввур намекунад. Худ ҳам аз сарояндагони шеъри сафед ва рӯзи сафед аст. Аз ин ҷост, ки ӯ дар шеъри «Шеъре озод дар рӯзи озодӣ» сурудааст:
Шеъри озоди маро бигзор,
То шавад хоки раҳи озодии ту.
Меҳри озоди маро бигзор,
То бичинад хорҳоро аз раҳи озодии ту.
Дар эҷоди шеърҳои нав ва тасвирӣ шоирон Гулрухсор, Фарзона, Камол Насрулло, Зиё Абдулло, Доро Наҷот, Ворис ва дигарон тавфиқ доранд. Гулрухсор дар шеъри «Аз паси парда» қисмати худ ва ҳамдиёрони худро чунин ба ҷилва овардааст. Ӯ нигоштааст:
Қисматамро чун насиба,
Чун ҷазо, чун ҷоиза
Мебарам бар шонаи шони занона ошиқона.
Фарзона шоирест, ки аз овони ҷавониаш бо шеърҳои пурэҳсоси худ, на фақат дар ҷумҳурии мо, балки дар байни шеърдӯстони форсизабон шуҳрати калон дорад. Фарзона соҳиби эҳсоси бузург ва истеъдоди худодод аст. Вай ҳам дар офариниши шеъри қадим ва ҳам ҷадид муваффақияти назаррасеро соҳиб шудааст. Дар шеъри «Паём»-и худ шоир шаҳри ҷангзада ва омадани фариштаи Оштиро хеле ва хеле ҳам таъсирбахш баён доштааст:
Дар нигоҳаш садоқати равшан,
Дар сукуташ тулӯи андеша.
Дар лабонаш табассуми шаффоф,
Мисли борони ҳидоят ба сари як гули муштоқ,
дӯст меояд.
Дар гуфтани шеъри сафед Доро Наҷот барор дорад. Дар раванди шеъри ин давраи мо ҷараёни услубие, ки дар жанрҳои суннатӣ тозагӯӣ ва тасвирсозӣ мекунад, низ ба назар мерасад. Ашъори солҳои охири яке аз шоирони беҳтарини мо Раҳмат Назрӣ ҳамин гуна аст.
Пас аз хондани азалҳои Раҳмат Назрӣ мо ба натиҷае меоем, ки дар жанрҳои қадим, хусусан дар жанрҳои ғазал ва дубайтӣ ҳам тасвиркорӣ кардан мумкин будааст. Дубайтиҳои «Хирмани моҳ»-и шоир таъсирбахшанд.
Сариштам ман сариштамро худ аз нав,
Биҳиштам ман, биҳиштамро худ аз нав,
Қаламкаш як қалам илҳом бахшид,
Навиштам сарнавиштамро худ аз нав.
Ашъори Низом Қосим, Шаҳрия, Сурӯш, Нуқраи Суннатниё, Салими Хатлонӣ, Салими Зарафшонӣ дар намунаҳои беҳтарини худ аз ҳамин гуна сифатҳои тозагӣ дар жанрҳои суннатӣ ва асолати сухан дар шаклҳои наву озод бархурдор ҳастанд. Барои намуна байти зебои тозаеро аз ғазали Шаҳрия меорам:
Ҷоно, катибаҳои диламро китоб кун,
Шаҳбайти абрувони маро интихоб кун.
Мавзӯи бедорӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар шеърҳо ва достонҳои шоирон Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб ва Сафармуҳаммад Аюбӣ мақоми асосиро ишол менамоянд, ки онҳо низ дар ду услуб шеъри нав ва шаклҳои суннатӣ гуфта шудаанд.
Бо ҳамин равия дар ашъори С.Маъмур, Зулфия Атоӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Усмон Шарифзода, Н.Ниёзӣ, Ҳадиса, Одина Мирак, Ҳоҷӣ Мурод, Ҳикмат Раҳмат, Саидҷон Ҳакимзода, Меҳринисо, Мирзо Файзалӣ, Усмон Назир, Назокат, Ситора, Абдулло Қодирӣ, Норинисо мавзӯъҳои ваҳдати миллӣ одаму одамгарӣ ва ишқу муҳаббат ба тавсиф омадаанд.
Дар даврони истиқлол ва махсусан дар солҳои охир таваҷҷуҳ ба таърих, ба асл ва решаи хеш бисёр қавӣ гардид.
Аз ҳамин ҷост, ки шоирони мо ба омӯзиши ибтидои кишвари худ, ба омӯзиши Авесто ва Ведоҳо, ба омӯзиши асотири Шарқ даст заданд. Ин омӯзиш ҳаргиз аз рӯи ҳавову ҳавас нест. Ин омӯзиш дар адабиёти мо анъанаи меросӣ дорад.
Рӯ овардани шоирон Салимшо Ҳалимшо, Муҳтарам Ҳотам, Назрӣ Яздон, Зиё Абдулло ба таҳқиқи ҷуғрофияи Авесто ва ҷаҳоншиносии он ба эҷодиёти онҳо таъсири назаррас расонд. Қасидаҳои Ҳалимшо моро ба ибтидои олам, ба ҷаҳоншиносии аҷдодамон рӯ ба рӯ месозанд.
Эҳёи ҷаҳон ба насли оянда, ба насли ҷавон иртибот дорад. Мо аз он хурсанд ҳастем, ки ба майдони адабиёти мо шоирони ҷавони боистеъдоду донишманд ворид шудаанд. Имрӯз қаламкашони ҷавон Парда Ҳабиб, Сайёд Ғаффор, Ато Мирхоҷа, Адиба, Ворис, Абдуқодири Раҳим ва дигарон шеърҳое эҷод мекунанд, ки бо сеҳри сухани худ хонандаро дар худшиносӣ ва ҳақиқатпарастӣ илҳом мебахшанд.
Чун вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат беҳтар шуд, домони мавзӯъ ва ҷустуҷӯҳои эҷодии нависандагон низ васеътар гардид. Насрнависони соҳибтаҷрибаву ҷавон боҷуръатона ба пажӯҳиши бадеии шахсияту мавзӯъҳои таърихи дуру наздик, воқиаву падидаҳои матлубу номатлуб, дарду алам, талошу пирӯзии инсонҳо дар гардишҳои сангини зиндагӣ камар бастанд. Ва дар ин марҳала роману қиссаҳо, аз ҷумла, «Девори Хуросон»-и Муҳаммадзамони Солеҳ, «Ҳафт шаҳри рӯъё»-и Юсуф Аҳмадзода, «Мунтасир»-и Аброри Зоҳир, «Захми қасос» ва «Файзи Деҳмой»-и Аъзам Сидқӣ, «Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ»-и Расул Ҳодизода, «Уқоби захмӣ», «Розҳои Шаҳнон», «Булбули гӯё» ва «Дар чорсӯи хуршед»-и Шодон Ҳаниф, «Достони писари Худо»-и Сорбон, қисми дуюми «Дар орзуи падар»-и Кароматулло Мирзоев, «Дунёи сабзи ишқ»-и Барот Абдураҳмон, «Сармаддеҳ»-и Баҳманёр, «Девона»-и Мираҳмади Амиршо ба қалам омаданд.
Муҳимтарин хусусияте, ки дар асарҳои таърихӣ ба назар мерасад, бо нигоҳи тозае нигаристан ба масъалаи мавқеи шахс дар таърих мебошад. Ҳамчунонки маълум аст, дар асарҳои асри ХХ адабиёти мо оид ба ин мавзӯъ мақоми шахс нисбат ба мақоми омма дар таърих хеле ночиз нишон дода мешуд. Акнун таносуби мавқеъҳо ба тарзи тозае ба зуҳур меояд ва он боис мешавад, ки характеристикаи қаҳрамонҳо, фаъолияти онҳо, муносибати байни табақоти ҷомеа дигаргуна тасвир гардад. Ин хусусият ба асарҳои таърихие, ки болотар номашонро зикр кардем, мансуб аст.
Талошу пайкори шахсияти дурахшони таърих Исмоили Сомонӣ ва ҳамзамонони ӯ дар романи нахустини Муҳаммадзамони Солеҳ «Девори Хуросон» ба тасвир омадааст, ки дар зимни хеш ин масъалаи муҳимро ба баррасӣ мегирад. Асар доманадор ва аз ҷиҳати ширкати қаҳрамонҳо бой ва сабки нигоришаш ғайри маъмулӣ аст. Метавон онро роман-сенария барои кино номид.
Ин масъала дар романи «Захми қасос»-и Аъзам Сидқӣ ҳам дар мисоли рӯзгори талху пурмоҷарои шоира Дилшоди Барно ба тасвир меояд. Албатта, фаъолияти адабии як тан зани соҳибистеъдод дар замони феодалӣ байни қувваҳои мухталиф ба сари худ бисёр ҷиҳатҳои муносибати шахс ва ҷомеа, фард ва таърихро нишон дода метавонад.
Воқеан як нуктаро бояд зикр кард, ки таълифи бисёр роману қисса ва шеъру достон ва асарҳои саҳнавӣ дар мавзӯъҳои таърихӣ ба шарофати ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён ба вуқӯъ пайваст ва ин бори дигар шаҳодат медиҳад, ки ҷашнҳо на фақат иду тантана ҳастанд, балки барои ба амал баровардани ин ё он ҳадаф, дар айни замон, барои худшиносии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, гиромидошти дастовардҳои таърихии халқ хидмат мекунанд. Романҳои «Ҳафт шаҳри рӯъё»-и Юсуфҷон Аҳмадзода ва «Мунтасир»-и Аброри Зоҳир низ дар ҳамин рӯҳия эҷод гаштаанд, ки бо тасвири ҷангу ҷидолҳои даврони Сомониён дар зимн воқиаҳои номатлуби солҳои охирро низ дар назар доштаанд.
Ҳамин гуна кӯшиши бо нигоҳи наве нигаристан ба чеҳраҳои таърихӣ дар романи Сорбон «Достони писари Худо», ки аз ҳаёт, ҷангу талош, бо чӣ усул сари қудрат омадан ва лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ нақл мекунад, низ ба назар мерасад.
Шояд таваҷҷуҳи нависандаи муосир ба мавзӯъҳои таърихӣ ва ё офаридани образҳо дар асоси маводи таърих аз он аст, ки дар асри гузашта устодони мо ба ин хазина аҳён-аҳён даст зада буданд. Аз ин рӯ, хонанда ташнаи донистани таърихи аҷдод ва шахсиятҳои таърихӣ монд. Ин ташнагӣ водошт, ки Расул Ҳодизода «Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ»-ро офарид ва зиндагиномаи бузургтарини шахсияти олами суфияро, ки чун образ асрҳо боз ҳусни шеъру қиссаҳост, пешкаши хонанда намонд.
Муноҷот, руҷӯъҳои ин қисса хеле муассир эҷод шудаанд, ки ҳамоно дилҳоро тасхир мекунанд.
Қиссаи Равшани Ёрмуҳаммад «Данонир» низ аз таърих сарчашма гирифта, аз сарнавишти печида, азияту нокомӣ, ғуруру муборизаи як ҳунарманди баландистеъдод ҳикоят менамояд.
Инқилоби ибтидои асри бист дар баробари дигаргун кардани сохти ҷамъиятӣ ва роҳу равиши зиндагӣ ба сари мардум фоҷиаҳое овард, ки боиси нобуд гардидани баъзе арзишҳои фарҳангӣ шуданд. Қиссаи Кӯҳзод «Қатли китобҳо» ба ҳамин мавзӯи нозуку дарднок бахшида шуда, масъулияти инсонро дар назди таърих ба андеша мегирад.
Асри гузашта, яъне асри ХХ ҳам, имрӯз барои мо таърих гашт, албатта, таърихи наздик. Як гурӯҳи нависандагони мо ба андеша ва баррасии ҳамин таърих камар бастаанд, ки дар он муносибати фарду ҷомеа ва шахсияту таърих нисбат ба таърихи куҳан соддатар нест, балки мураккабтар аст, зеро муносибати инсон бо ҷамъият ва шахсият, бо таърих дар зинаҳои болотари инкишофи ҷамъият ҳамон қадар мураккабтар мешавад. Инро мо дар мисоли асари Абдумалик Баҳорӣ «Дастовез», ки насри тахайюлӣ мебошад ва ҳам дар асарҳои дигари реалистии нависанда «Писари милиса», «Баҳси нотамом», ки воқеоти даҳшатбори замон, заминаи ба вуҷуд омадани онҳоро ба тасвир гирифтааст, равшан мебинем. Дар киссаи Саттор Турсун «Санг дар бағал ба тӯфон» сарнавишти як марди интиқомҷӯ ҳикоят шуда, хонандаро ҳушдор медиҳад, ки оқибати кинаву кудурат парваридан чӣ балоҳое ба сари фарзанди инсон меорад.
Романҳои «Уқоби захмӣ», «Розҳои Шаҳнон» ва «Булбули гӯё»-и Шодон Ҳаниф низ аз ҳамин қабиланд. Ҳамчунин асари сегонаи «Дар чорсӯи Хуршед»-и ӯ, ки тасвири ҳаёти пурфоҷиаи мардуми ба мо дӯсту ҳамҷавор Афғонистонро дар бар мегирад, ҳамин масъалаҳоро дар доираи тасвир муқаррар кардааст.
Нақшаи воқеоти солҳои охири асри гузашта дар сарнавишти қаҳрамони асари Кароматулло Мирзоев «Дар орзуи падар» Меҳрубон мавқеи асосӣ дорад.
Дар асарҳое, ки ба таърихи наздик бахшида шудаанд, як масъалаи тоза, ки дар асарҳои ба масъалаи таърихи куҳан бахшидашуда камтар ба назар мерасанд, густурдатар ба қалам меояд, ки ин муносибати шаҳр ва деҳот аст. Воқеан ҳам ин масъала дар таърихи тоҷик падидаи асрҳои охир аст, аз ин рӯ, тасвираш ҳам акнун бештар доман паҳн мекунад, ки мо онро, масалан, дар романи «Дунёи сабзи ишқ»-и Бароталӣ Абдураҳмонов, ки олами беолоиши наврасӣ, ангезаи ишқ, ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ва дар роҳи орзуҳо бо барору нобарорӣ ва муқобилату тазодҳои сангин дучор омадани ҷавононро ҳам дар деҳот ва ҳам дар шаҳр тасвир кардааст, равшан мебинем.
Аз мутоилаи китоби қиссаву ҳикояҳои Абдулҳамид Самад «Талош» ба рафтору кирдор, хӯву хислати инсонҳо дар ҳолатҳои мухталиф ошно шудан мумкин аст. Сабки нигориши қиссаи «Сарлашкар»-и ӯ бо истифодаи ҷузъиётҳои пурзарофат ҷолиб буда, нависанда махсусан дар саҳифаҳои аввали ин қисса дар тасвири характери пиразанҳо, ки ба воситаи гуфтугӯи онҳо аён карда мешавад, маҳорати комили нависандагӣ нишон медиҳад.
Гуногунии сабку нигориш дар тасвири муносибати деҳоту шаҳр, ки ҷузъи таърихи навини мо ба шумор меравад, падидаи тозаест дар насри солҳои охир ва он аз баракати қалами нависандагон Сайфи Раҳимзод (рӯҳаш шод бод!) Баҳманёр дурахши хубтар пайдо кард.
Табиист, ки дар тасвири таърихи навини мо тантанаи сулҳу ваҳдати миллӣ нақши намоён дорад. Дар тадқиқи бадеии ин мавзӯъ асарҳои Гулрухсор, Мираҳмади Амиршоҳ, Абдуғаффори Партав, Мирзо Насриддин, Салими Зарафшонфар чоп шуданд, ки қобили таваҷҷуҳ буда, моҷароҳои дохилиро аз назари шахсӣ, вале бо эътибори мабдаи иҷтимоӣ ва воқеии он ба тасвир мегиранд.
Пурқувват шудани назари таърихӣ ва иҷтимоиро мо дар жанри ҳикоя низ мушоҳида мекунем, ки ба он аз нависандагони баркамол сар карда то ҷавонони эҷодкор рӯй оварданд. Ин жанр барои офаридани хӯву хислати инсон, тасвири ҳолат, масоили зиндагӣ, ки дар як фурсати на чандон тӯлонӣ сурат мегирад, созгор буда, нашри он низ осонтар аст.
Ин солҳо ҳикоя на танҳо пеш рафтааст, балки банду басти он мустаҳкам гашта, тасвир ва навпардозиҳо дар он хеле ривоҷ ёфта, чун жанри пурғунҷоиш бой гардидааст. Адибон аз тасвирҳои қолабӣ даст кашида, бештар ба тасвири воқеии одамони одӣ, муаммоҳои рӯзгор, ҳаёту табиат, зиддиятҳои ҳаёти инсонӣ мароқ зоҳир намудаанд. Ин жанр дар эҷодиёти Сорбон, С.Турсун, М.Хоҷаев, А.Самадов, Ӯ.Кӯҳзод, Р.Ёрмуҳаммад, Ҷ.Акобиров, А.Рабиев пурқувват шуда, вусъати тоза ёфтааст. Қобили зикр аст, ки дар чор-панҷ соли охир насри ҷавонон хеле пеш рафт. Ҷавонон бештар ба таҷрибаи насли гузашта, адабиёти асили ҷаҳонӣ такя намуда, асарҳои замонавӣ эҷод мекунанд. Дар ин роҳ адибони нисбатан ҷавон Абдуғаффори Абдуҷаббор, Тоҳири Маҳмадризо, Садриддини Ҳасанзод, Диловари Мирзо, Юнус Юсуфӣ, Карим Давлат, Муҳибуллои Қурбон, Нозир Ёдгорӣ, Марямбонуи Фарғонӣ, Аюб Кенҷа, Абдуқодири Раҳим, Сипеҳри Ҳасанзод, Маҷид Салим, Зариф Ғулом, Равшан Замир, Равшани Махсумзод, Анвар Олимӣ ва дигарон бо навиштаҳои худ ба ҳикояи муосир мавзӯъ ва рангу бори тозае ворид сохтанд.
Рӯ овардани шоирони мо Ғаффор Мирзо, Гулназар, Гулрухсор, Зулфия Атоӣ, Муҳаммад Ғоиб ба наср ва махсусан, ба жанри мухтасари он ҳикоя, рӯйдоди фараҳбахш аст, зеро асарҳои чун шеър мӯъҷазу нишонрас ба қалам оварданд.
Ҳаҷву мазҳака низ бештар хусусияти иҷтимоӣ мегирад, ки он ба амиқрафти андеша ва назар шаҳодат медиҳад. Навиштаҳои адибон Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ, Наҷмиддин Шоҳинбод, Саидаҳмади Зардон, Собир Зикирзода, Холмурод Шарифов, Додохон Эгамзод, Ҳакималӣ Назаралӣ, Гурез Сафар, Карим Давлат, Сайдаҳмади Ҳасанзод, Шералӣ Мӯсоев, Маҳкам Пӯлод аз ҳамин гуна хусусият бархурдоранд, ки сазовори ҷонибдорӣ ҳастанд.
Таърих ва замони муосир, инсон ва ҷомеа, асорат ва озодӣ, ватандорӣ ва беватанӣ, адолат ва разолат аз масъалаҳое ҳастанд, ки дар дарозои таърих рангу бори нав ба нав пайдо мекунанд, вале ҳамеша моҳияти ҳастии мусбӣ ва ё манфӣ ин ё он фардро амиқан ифода менамоянд. Воқеоти муҳими таърих дар атрофи ин масъалаҳо ба вуқӯъ мепайванданд, сиришти инсонҳо низ аз рӯи муносибаташон ба ин масъалаҳо муайян мешавад. Табиист, ки дар драмаи ин давра ин гуна масъалаҳо дар маркази таваҷҷуҳ буданд.
Дар асарҳои «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-и М.Бахтӣ, «Драмаи миллат»-и С. Аюбӣ, «Тарс», «Дод чист? Бедод чист?»-и Нур Табаров, «Мусофир, ё худ ба куҷо равонаем»-и Нурулло Абдуллоев, «Фиғон аз қарнҳо», «Тахти Султон Маҳмуд»-и Шодӣ Солеҳ, «Искандар ва Спитамен»-и Барот Абдураҳмон, «Як танга тилло»-и Ато Ҳамдам характери қаҳрамонҳо дар бархӯрди ҳамин гуна масъалаҳои муҳим кушода мешаванд. «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-и М.Бахтӣ намоишномаи аз лиҳози бадеият, сабки эҷод тоза буда, корномаи Исмоили Сомониро аз рӯи осори таърихӣ, ба тарзи хуби бадеӣ ба саҳна меорад, ки он воқеаҳои таърихӣ, шахсияти Исмоили Сомонӣ бо талошҳои ватанпарастияш ҳамсадои замони мо мешавад.
Драмаҳои «Сомонхудот», «Амир Исмоил» ва чанд намоишномаи дигари Сафармуҳаммад Аюбӣ дар драматургияи тоҷик, хоса драмаи манзум, ба сабки хос эҷод шудаанд. Ӯ дар пешбурд ва такомули ин шохаи душвори адабӣ ҳиссаи сазовор гузошта, асарҳояш бо рӯҳияи саршор аз ифтихороти миллӣ ба қалам омадаанд.
Ба мавзӯи таърихӣ ва ҳам муосир даст задани драманавис Нур Табаров бесабаб нест: чи дар асари «Қиёмат» ва чи дар драмаи «Дод чист? бедод чист?» (Паёми Зардушт) ва ҳам дар фоҷиаи «Жернова» («Санги осиё») мо мебинем, ки муаллиф ба саволҳои асри нав ҷавоб меҷӯяд.
«Як танга тилло»-и Ато Ҳамдам тамошобинро дар рӯҳияи некуахлоқӣ, ҳалолкорӣ ва қадри одаму одамгарӣ тарбия намуда, хислатҳои манфур ва пастфитратии одамиро мазаммат мекунад.
Фаъолияти Нурулло Абдулло чун намоишиноманавис хеле қобили қайд аст. Ба хусус асари дар жанри фантастикаи муосир навиштан ӯ «Мусофир, ё худ ба куҷо равонаем», аз рӯи банду баст ва масъалагузорӣ ҷолиби диққат аст. Ҳарчанд дар ин мавзӯъ драмнависони кишварҳои гуногун асар эҷод карда бошанд ҳам, Нурулло Абдулло аз дидгоҳи худ аз андешаҳои солими имрӯз доир ба мавқеи инсон дар ин сайёра саҳнаҳои хотирмоне офаридааст.
Агар Нурулло Абдулло андешаҳои хешро аз номи махлуқи одамшакл изҳор дошта бошад, пас Шодӣ Солеҳ дар асари ба муносибати 1100-солагии давлатдории Сомониён навиштааш «Фиғон аз қарнҳо» воситаи баҳс ва таҳлили неку бадро пас аз марги қаҳрамонон, дар он дунё, ба қалам овардааст.
Драмнавис Султон Сафар бо ҳамкории шодравон Қутбӣ Киром бахшида ба Туғрал драмаи «Тири маломат»-ро рӯи саҳна овард, ки масъалаи ҳамеша пурфоҷиаи муносибати эҷодкор ва замони носозгорро дар бар мегирад.
Дар асарҳои драмнависон Ҷумъа Қуддус, Иноят Насриддин, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, А. Сайфуллоев, Муҳаммад Ғоиб, Тӯрахон Аҳмадхонов, Барот Абдураҳмон, Ҳикмат Раҳмат ҳамин гуна муносибати гуногунсоҳаи инсон бо ҷомеа ба тасвир омада, характери ӯ дар бархӯрдҳои шадид намоён мешавад.
Як нуктаи дигарро бояд зикр кард, ки дар солҳои охир дар эҷоди асарҳои саҳнавӣ барои кӯдакон ҳам пешравӣ эҳсос мешавад. Дар ин соҳа Азимҷон Аминов, Наримон Бақозода хизмати назаррас доранд.
Аз ҷониби драмнависон Гулназар, Равшани Ёрмуҳаммад, Низом Қосим, Ато Мирхоҷа, Мансур Суруш ва дигар адибон асарҳои пурарзише ба қалам омаданд, ки онҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанг пазируфта шудаанд.
Дар соҳаи ба саҳна гузоштани асарҳои саҳнавӣ як нуктаи номатлубро ҳам бояд қайд кард. Баъзан бо баҳонаи набудани маблағ асарҳои хуб рӯи саҳнаро намебинанд. Муаллифони корчаллон, чӣ тавре ки мо дар нашру табъи китобҳо мебинем, аз ин истифода бурда, маблағ меёбанд ё бо тариқи ошнобозӣ бо режисёрҳо асарҳои сусташонро ба саҳна мегузоранд ва ин асарҳо пас аз як ё ду намоиш аз саҳна ғайб мезананд. Ин ҳолат тамошобинро аз театр дилхунук мекунад. Ва мо мегӯем: «Театр тамошобин надорад!».
Бале, театр он гоҳ тамошобини хешро пайдо мекунад, ки агар ба театр драмнависони боистеъдод ҷалб ва асарҳои шоиста ба саҳна гузошта шаванд.
Панҷ соле, ки гузашт, дар таърихи адабиёти кӯдакону наврасон ҳам нақши неке гузошт. Ин соҳаи адабиёт низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва ба комёбиҳои назаррасе ноил шуд. Дар ин миён Абдумалик Баҳорӣ, Убайди Раҷаб, Абдулҳамиди Самад, Насими Раҷаб, Озод Аминзода, Додоҷон Раҷабӣ, Сафияи Носир, Азизи Азиз ва чанд тани дигар пурмаҳсул меҳнат карданд ва барои хонандагони хурдсоли худ асарҳои хубу хонданӣ офариданд.
Адибони маҳбуби бачаҳо Гулчеҳра Сулаймонӣ ва Акобир Шарифӣ барои китобҳояшон – «Лолаҳои дасти ман» ва «Суруди сулҳ» ба дарёфти мукофоти Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон мушарраф шуданд. Чандин нафар адибони бачаҳо барои хидматҳои арзандаашон дар адабиёт ва тарбияи маънавии насли наврас бо мукофотҳои гуногуни соҳавию давлатӣ қадршиносӣ ёфтанд.
Сатҳи шеър барои кӯдакон дар 15-20 соли охир бисёр боло рафтааст. Мақсади олитарини эҷодкори имрӯза роҳ ёфтан ба ҳавзаи умумифорсии шеър аст. Роҳ ба ин ҳавза яктост, офариниши асарест, ки ҷавобгӯи ҳамаи талаботи шеъри асили мо бошад.
Силсилаи китобҳои Наримон Бақозода ҳамчун «Алифбои дилкушо», «Иди Алифбо омад», «Мактаббозӣ» ва дигарон ба тарбияи маърифатнокӣ, донишомӯзӣ, сулҳу дӯстӣ ва ватанпарастии хонандагон бахшида шудаанд.
Шоирони маъруфи бачаҳо Абдумалик Баҳорӣ, Маҳмадалишоҳи Ҳайдаршоҳ, Бобо Ҳоҷӣ, Алӣ Бобоҷон ва Озод Аминзода шеъру достонҳои худро дар матбуоти даврӣ ба табъ расониданд ва гӯшаи адабиёти бачаҳоро обод доштанд.
Ғаффор Мирзо, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва Меҳмон Бахтӣ, ки замоне барои бачаҳо шеъру қиссаҳои хубу хонданӣ менавиштанд, дар ин давра низ як силсила шеърҳо офариданд, ки бачагони моро дар рӯҳи ватанпарварӣ, дӯст доштану муҳофизат кардани табиати кишвар ва сулҳу дӯстӣ тарбият мекунанд.
Китоби шеърҳои «Мусича ва Дурдона»-и Латофат, «Ширмаҳтоб»-и Қурбон Муҳаммадӣ, «Гулбоғи саодат» ва «Боғи анор»-и Абдусаттори Раҳмон дар ривоҷи адабиёти кӯдакону наврасон мусоидат карданд.
Як гурӯҳи шоирони мо монанди Эгами Назрулло, Анварбеки Абӯнаср, Азизи Раҳим, Шарифи Маҳмадёр ва чанд нафари дигар фаъоланд, намунаи асарҳояшон дар матбуоти даврӣ пайваста чоп мешаванд.
Дар ин давра насри адабиёти бачаҳо нисбат ба назмаш бартариҳо пайдо кард. Яке аз ин гуна китобҳо «Қиссаҳои буду набуд»-и нависандаи шинохтаи мо Равшани Ёрмуҳаммад аст, ки чор қисса ва ҳашт ҳикояи гуногунҳаҷми ӯро гирд овардааст ва муаллиф онҳоро дар солҳои гуногун, вале махсус барои бачаҳо иншо кардааст.
Қиссаҳои «Ошиқи ситорачашм» ва «Асрори боғи бобом»-и Насими Раҷаб аз воқеаҳои нохуши солҳои охир ҳикоят мекунад ва аз ҷиҳати мазмуну ғоя ҳамдигарро пурра мегардонад. Симои хонандагони мактаб – Файзалию Ҳабиба, симои Бибихалифа муаллимаи миллии тоҷик ва марди фозил – Чормағзбобо аз бозёфтҳои наву хотирнишини нависандаанд, ки барои ифодаи мақсаду мароми муаллиф нақши муҳиме мебозанд.
Гулназар ва Сафияи Носир дар эҷоди ҳикояҳои хурд –хурди ибратангез, ки таронаҳо ё минётурҳои адабиро мемонанд, маҳорат доранд. Намунаи чунин ҳикояҳо дар эҷодиёти Абдумалик Баҳорӣ, Абдулҳамиди Самад, Адаш Истад, Шодон Ҳаниф, Бахтиёри Ҷумъа, Исроили Иброҳим, Азизи Азиз ва баъзеи дигарон низ вомехӯранд.
Китоби «Ман –ошнои ту»-и Абдулҳамиди Самад ҳам аз ҳамин қабил ҳикояҳои дилнишину омӯзанда фароҳам омадааст, ки барои ин синну соли хонандагон эҷод шудаанд.
Симою бунёди кӯдакону наврасони мо дар эҷодиёти Додоҷон Раҷабӣ, Абдурофеъ Рабеъзода, Азизи Азиз, Ҳабиби Имодӣ, Ғанӣ Ҷӯразода, Тоҷинисои Султонӣ ва Маҳбуба Неъматзода низ равшан ба назар мерасанд.
Маҷиди Салим дар китоби «Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот» кӯшидааст, ки табиату хислатҳои ҷонваронро барои хонандагони хурдсоли худ шарҳу эзоҳ диҳад ва дӯстдорию ғамхории табиати зиндаро талқин намояд. Салими Зарафшонфар дар қиссаи «Ду овора» бо тасвири ҳодисаҳои даҳшатбори солҳои даргирӣ дар симои Гулнозу сагчааш Гултоз муваффақ шудааст, ки баъзе хислатҳои зишти инсонро ошкор созад ва хонандагонро ба сӯи адлу инсоф ва меҳру муҳаббат, ки аз аломатҳои асосии одамгарист, даъват кунад.
Адибони тоҷик махсусан дар қарни ХХ ба ҳаёти рӯзмара дахолати фаъолона доштанд, бо сухани худ барои ислоҳи камбудиҳою норасоиҳо, тарбияи мардум, ба рушду нумӯи ҷомеа саҳмгузорӣ мекарданд.
Симои қаҳрамони воқеӣ дар заминаи санад ва тахайюли бадеӣ ба қалам меомад, воқеият, санад ҷавҳари бадеият меёфт ва очерку мақолаҳои публисистии хонданӣ эҷод мешуд. Адибони мо имрӯз ин анъанаро давом медиҳанд.
Асарҳои Абдулҳамид Самад, Саттор Турсун, Шодон Ҳаниф, Ӯрун Кӯҳзод, Раҷаб Мардон, Холназар Муҳаббатов, Бахтиёр Муртазоев, Асадулло Саъдуллоев ва дигар қаламкашҳои ботаҷрибаю ҷавони мо гувоҳи ҷои худро дар таърихи замон, яъне рӯз, ки фардо таърихи кишвар мешавад, шинохтани адибони муосири тоҷик аст.
Очеркҳои беҳтарини ин давра чеҳраҳои илмию фарҳангии бузургони халқро ба ҷилва оварданд, ки беҳтарини онҳо очеркҳои «Одамият мадюн намонда зистан» (бахшида ба устод Мирзо Турсунзода) ва «Ёди бузургон қарз аст» (бахшида ба Бобоҷон Ғафуров)-и марҳум Мутеулло Наҷмиддинов мебошад. Дар ин равия Ҷонибек Акобиров низ очерки «Назаркардаи худованд» (дар бораи ҷангноманавис Раҳмон Сафаров)-ро навишт.
Очерку публисистикаи мо бо ду роҳ аз доираи кишвар берун баромад, яке бо роҳи нишон додани худи Тоҷикистон, табиат ва сарватҳои он ва дигаре аз тариқи ба қалам овардани мавқеи иҷтимоии он дар байни кишварҳои дигар ва алоқаҳои гуногунсоҳа.
Китобҳои «Табиати кӯҳсори Тоҷикистон»-и Холназар Муҳаббатов, ки дар Маскав, Тоҷикистон, Пориж ба табъ расиданд ва китоби «Зиндагиномаи Чжан Теян ё шоҳроҳи абрешим»-и Ато Ҳамдам ва Л.Чигрин, ки дар Хитой ба забони чинӣ чоп шуд, аз ҳамин қабил асарҳоянд.
Китобҳои очерку публисистикаи Мирзо Қосим, Раҷабалӣ Аҳмадов, Исроил Иброҳим, Муҳаммадҷон Мирзошоев ва чанде дигар, ки масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии моро дар бар гирифтаанд, аз дахолати фаъолонаи ин адибон ба зиндагӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар солҳои охир адибони мо ба навиштани хотираю ёддоштҳо рӯ оварданд. Ёддошту хотираҳо, сафарномаҳо ҳамеша қисми муҳими адабиёт буда, аҳамияти таърихию фарҳангӣ доранд. Бо кӯшиши Убайд Раҷаб, Юсуфҷон Акобиров, Шодон Ҳаниф, Сорбон, Усмонҷон Ғаффоров, Холмурод Шарифов симои як силсила шахсҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Лоиқ Шералӣ, офарида шудаанд, ки рӯзгору зиндагии онҳо дар таърихи навинамон саҳифаҳои дурахшон ба шумор мераванд.
Дар ин солҳо Собири Шоҳонӣ, Нозирҷон Ёдгорӣ, Низом Қосим низ дар жанри очерку публисистика пурмаҳсул кор карданд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Оби тоза» сазовори мукофоти аввал гардидани китоби Раҷабалӣ Аҳмадов ва дар озмуни зидди «Нашъамандӣ ва ҷомеа» сазовори ҷоизаҳо шудани очерку мақолаҳои публисистии як қатор адибони тоҷик гувоҳи ин мебошад.
Асари публисистии Худойназар Асозода «Афғонистони шоҳӣ» ва мақолаҳои Равшани Ёрмуҳаммад дар бораи Афғонистон гувоҳи фарохии доираи мавзӯи ин жанр аст. Дар асари Х.Асозода махсусан қобилияти хуби публисистӣ ва ёддоштнависии муаллиф намоён аст.
Имрӯз дар мамлакат айёми бунёдкорист. Бунёди нақби Анзоб, сохтмони шоҳроҳи бузурги аср Кӯлоб-Қулма-Қароқурум, корҳои бунёдгузорӣ дар истгоҳи азими барқии Роун ва истгоҳи барқии Сангтӯда идома меёбад. Силсилаи мақолаҳо, очеркҳои адибон аз ин сохтмонҳо таълиф гаштанд. Ин навиштаҳои адибон дар шакли китоби алоҳида мураттаб гашта, дар нашриёти «Адиб» бо номи «Роҳҳо ва ормонҳо» рӯи чоп омад.
Имрӯз ба мо, адибон, зарур аст, ки дар сохтмонҳои мамлакат бо эҷоди асарҳои худ фаъолтар ширкат дошта бошем, то таърихи навини кишварро сари вақт воқеъбинона ба қалам орем.
Адибони рус ва русзабони мо Александр Яблоков, Масъуд Муллоҷонов, Сергей Сухоян, Нисо Ҷӯраева, Мансур Суруш, Искандар Ҳамроқулов, Ҳамроқул Шодиқулов дар намудҳои гуногуни адабиёт – назм, наср, драматургия, адабиётшиносӣ пурмаҳсул кор карданд. Чунончи асарҳои «Горный стрелок», «Поражение», қиссаи «Возвращение»-и Александр Яблоков ба мавзӯи Тоҷикистон, табиати нотакрор ва ҳаёту фаъолияти одамони он бахшида шудаанд.
Нисо Ҷӯраева, ки ба ду забон – ба русӣ ва тоҷикӣ шеър менависад, шоираи ҷӯянда ва серғайрат аст. Китобҳои ӯ «Письма с войны», «Женщиной движет боль», «Я тороплюсь признаться вам в лббви» аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шоира истеъдоди худро беш аз пеш сайқал медиҳад, дар эҷодиёти ӯ баробари баёни ишқу орзуҳои наҷиби инсонӣ андешаҳои иҷтимоию фалсафӣ низ мавқеи муайян доранд.
Мансур Суруш ба адабиёти русизабони ҷумҳурӣ бо чандин маҷмӯаи ҳикояҳо ва романи «Чала» дохил шуд. Ӯ қувваи худро дар драманависӣ ҳам санҷидааст ва «Долгое, долгое эхо», «Вы меня ещё успеете убить» ва «Я на тебя не жалубсь, мой век» аз ҷумлаи драмаҳои ӯ мебошанд.
Акнун, ки чопи маҷаллаи «Помир», фаъол шуд, он соли гузашта чаҳор шумора ба табъ расид, ба ривоҷи ин адабиёт ва тарҷумаи адабиёти тоҷик ба русӣ хидмати шоиста хоҳад кард.
Асарҳои шоири маъруф Ӯлмас Ҷамол маҳбуби халқҳои ӯзбеку тоҷиканд. Очерку қиссаҳо, драма ва асарҳои публисистии Ҷамолиддин Тошматов бештар ба мавзӯъҳои дӯстии халқҳо, ҳаёту фаъолияти коргарону деҳқонон, зиёиён бахшида шудаанд. Нависандагон Сулаймон Эрматов, Эшмуҳаммад Донохонов, Муҳаммадҷон Тоштемиров шоирон Ҷамшед Пиримов, Шодӣ Сатторов, Мафтун Ҷӯра ва дигарон асарҳое эҷод кардаанд, ки орзую омоли инсони муосирро ифода карда, барои пурратар нишон додани намои ҳаёти кишвар хидмат намуданд.
Тарҷумаи бадеӣ яке аз сарчашмаҳои ғанӣ гардидани ҳар адабиёт ва воситаи муҳими тарғибу ташвиқи он мебошад. Вале ин сарчашмаи муҳим солҳои охир қариб аст, ки хушк шавад ва сабабаш маълум аст, ки музди қалам надоштани ин соҳа мебошад.
Бо вуҷуди ин, адибони тарҷумон Шариф Шараф, Ҷумъабой Азизқулов, Ҳикмат Раҳмат, Азимқул Насимов, Абдуғаффор Абдуҷаббор ва Истад Қосимзода корҳоеро ба субут расонидаанд, ки қобили қайд аст.
Дар бобати омӯзиш, таҳлил ва тадқиқи тарҷума ва алоқаҳои адабӣ ҳам кори муайяне анҷом дода шудааст.
Фаъолияти шӯрои тарҷумаи бадеӣ ва робитаҳои адабӣ дар шахси аъзои худ Ҳ. Шодиқулов, В. Самад, А. Давронов, А. Аминов дар кори ташкилию эҷодӣ қобили қайд аст. Онҳо дар кишвари худ ва кишварҳои дигар мақолаю тарҷумаҳои бисёре ба табъ расонида, дар конфронсу маҳфилҳои адабию эҷодии гуногун фаъолона ширкат доштанд.
Чанд падидаи дигарро ҳам номбар кардан лозим аст, ки аз сифатан нав шудани тарҷума ва тарҷумашиносӣ, омӯзиши робитаҳо дарак медиҳад. Аз ҷумла:
Рубоиёти Хайём, ки Усмон Назири Оташ дар 5 забон-тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ бо мифтоҳи арабӣ (форсӣ) ва бо муқаддимаи муфассал нашр сохт.
Вусъат ва сифатҳои нав пайдо кардани муносибатҳои эҷодиву илмӣ бо Эрон, тадқиқи адабиёти муосири тоҷик аз тарафи олимони Эрон (А. Шеърдӯст, А.Қазва, А.М. Гарморӯдӣ, А. Шаҳриёрӣ…), нашри осори манзуми адабиёти тоҷик ва рисолаҳои олимони тоҷик дар ин кишвар (М. Шакурӣ, Р. Амонов, М. Муллоаҳмадов, В.Самад), конфронсҳои муштарак аз падидаҳои тоза ва қобили қайданд.
Танқид ва адабиётшиносӣ асосан аз таҳқиқу нашр ва тарғиби мероси адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик иборат буд.
Дар самти таҳқиқ осори Х.Шарифов «Шоир ва шеър», «Озурдагон ва умедворон», «Савти Аҷам», ки ба нақшу ҷанбаҳои ҳунарӣ дар осори шоирон ва таҳқиқи зиндагинома ва мавқеи устод М.Қаноат бахшида шудааст, А.Сатторзода «Таърихчаи назарияи адабии форсии тоҷикӣ», «Аристотель ва афкори адабии форсу тоҷик дар асрҳои X-XV» А.Сайфуллоев таҳқиқот дар бораи Зуфархон Ҷавҳарӣ ба қалам омаданд, ки ҳар яке дар бахши худ аҳамияти илмию танқидиро доро мебошад.
Солҳои охир устод М.Шакурӣ дар пажуҳиши масоили мактабу маориф ва дурнамои он, фарҳанг, забону адаби тоҷик, ҳуввияти миллӣ, низоми омӯзишу парвариш, худогоҳӣ хидматҳои шоиста карданд. Асарҳои эшон «Хуросон аст ин ҷо», «Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ» бисёр даричаҳои мушкилоти мактабу маориф, маънавият ва роҳҳои ислоҳи онҳоро ба рӯи хонанда мекушоянд.
Тадқиқоти тозаи Х.Асозода ба пайванди қадимаи адабиёти тоҷику Афғонистон ва Эрон, падидаҳои тоза дар эҷодиёти шоирону нависандагони мамолики ҳамзабон бахшида шудаанд.
Мақола ва рисолаҳои тадқиқотии мунаққид Ҷӯрахон Бақозода, А.Давронов, Н. Салимов, А. Абдуманнонов дар мавзӯи адабиёти муосир ва классикии тоҷик ва асарҳои С. Табаров доир ба фаъолияти эҷодии Мунзим, Беҳбудӣ ва арзишҳои бадеӣ- эстетикии «Раҳбари наҷот»-и Фитрат ҳар яке масъалаҳои мубрами эҷодӣ ва илмиро мавриди таҳқиқ қарор дода, адабиётшиносиро нерӯмандтар сохтанд.
Ба нақди адабӣ таваҷҷуҳ намудани Гулназар «Лоиқе чун лоиқе», С. Ҳалимшо («Анъана ва эҳё»), Ҷ. Ҳошимӣ («Чанд сухан дар атрофи шеъри кӯдакон»), Зиё Абдулло ва дигарон низ ҷолиби диққат аст.
Аммо барои ба сатҳи солҳои пешин баромадани мавқеи танқиду адабиётшиносӣ маблағ зарур аст, яъне матбуоту нашрияҳо ҳаққи қалами муносиберо, ки заҳмати муаллиф талаб дорад, бояд бидиҳанд.
Бешубҳа, ривоҷи жанрҳои дигар ҳам бемаблағ гумон аст, дар зери мафҳуми маблағ ақаллан ҳаққ-ул-заҳмаи нависанда дар назар дошта шудааст. Ман қонунҳои иқтисоди бозор ва тариқи роҳбариро ба ҳаёти адабӣ дар кишварҳои дигар каму беш медонам, аммо, бо назардошти авзои иқтисодию иҷтимоии кишвари мо дар ин ҷо чораҳои хосе бояд андешида шаванд, ки муҳимтарини он пуштибонии давлатии адабиёт аст. Дар шароити ҳозира, ки нависанда асар офарида асосан на танҳо ҳаққи қалам намегирад, балки баръакс барои чопи асараш боз пул ҳам бояд ёфта диҳад ва баъд аз нашри асар хонанда онро бо сабаи гаронии нарх харида наметавонад, оё бе пуштибонии давлат адабиёт ривоҷ меёбад? Ҷавоб яқинан, ки манфӣ хоҳад буд. Ҳарчанд ман медонам, ки эҷодкори асил шояд ҳамаи сахтии рӯзгорро ба гардан гирифта, асари мондагор меофарад, вале он бо сабабҳое, ки дар боло гуфтам, дар вақташ ба хонанда намерасад, ҷараёни адабиро суръат намебахшад, пурқувваттар намесозад. Бешубҳа, он рӯзе нашр хоҳад шуд, ба дасти хонанда хоҳад расид, вале кай ва бо чӣ роҳ?
Бинобар ин, дар ин марҳилаи гузаштан ба иқтисоди бозор воситаҳои путибонии давлатии адабиётро бояд пайдо кард ва намунаи беҳтаринашро боз Президенти мамлакат, ки сарпарасти асили адабиёту фарҳанг ҳастанд, нишон доданд, аввалан, барои чопи теъдоди муайяни китобҳо аз фонди худ маблағғ ҷудо карданд, пасон, он китобҳо аз арзиши аслиашон хеле арзонтар ба фурӯш бароварда шуданд.
Ин ташаббуси Президенти мамлакат бояд аз ҷониби ҳамаи онҳое, ки фонд доранду маблағ, дастгирӣ карда шаванд, зеро адабиёт яке аз навъҳои бунёдии ҳунар буда, инкишофи соҳаҳои дигар ба он сахт вобаста мебошад ва ривоҷу равнақи он ба рушду нумӯи тамоми соҳаҳои фарҳанг мадад хоҳад кард, зеро адабиёт инсон месозад, бе инсонсозӣ, ҷомеасозӣ имкон надорад ва мо ҳар гуна инсон созем, ҷомеаамон ҳамон гуна хоҳад буд. Мо ҳамаамон, яқинан, дар он ақида ҳастем, ки инсони ватанпарвар, миллатдӯст, бунёдкор, одил ва ҳақиқатпеша бояд ба камол расонд, ки дар ҷомеаи шукуфову озод зиндагӣ кунем.
Соли 2003