Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Мо дар бораи адабиёте, ки баъд аз Анҷумани даҳумамон ба нашр расид, суҳбат мекунем. Ман таъкид ба рӯи «ба нашр расид» барои он мекунам, ки асарҳои эҷодшуда, вале чопнашуда, яқинан аз асарҳои чопшуда бештаранд. Аз ин рӯ, ба назар чунин мерасад, ки кори маърӯзачӣ осон бошад. Аммо ин тавр нест ва ин чанд сабаб дорад.
Аввалан, сохти ҷомеа дигар шуда, баробари он баъзе меъёрҳои шинохти адабиёт, ки, мутаассифона, бештар эҷоди сиёсати замон ва замони сиёсат буданд, аҳамияти худро костанд ва ё гум карданд. Акнун меъёрҳои тозаи таҳқиқи адабиёт заруранд. Ин кори танҳо муҳаққиқони адабиёт нест, кори ҳар эҷодкор аст, зеро меъёри адабиёт аввал дар асари бадеӣ зоҳир мешавад.
Ҳоло дидгоҳи адиб ба зиндагӣ тағйир мехӯрад.
Вақти шиорзанӣ кайҳо гузаштааст, вақти андешаҳои амиқ ва дарёфти ҳақиқат аст, дигар хушҳолиҳои содалавҳонаи кӯдакона, зоҳирандешии бетааммуқи шоирона ҳам арзиш надорад. Оё мо пас аз он ки солҳо дар бораи гулгулшукуфии миллат ва абадияти давлати тоҷик сухан гуфта, дар як он аз марази маҳалгароию ҷоҳталабӣ қариб аз байн рафтани давлати тоҷиконро дидем, ҳақ дорем, ки мисли пешин ба зиндагӣ аз дидгоҳи хушбоваронаи фармуда нигоҳ кунем.
Бинобар ин, ҳоло сухан кардан дар бораи адабиёт, масъулияти адиб ва дидгоҳи тозаи эҷодкор амалест сахт мушкил. Зеро меъёрҳо дар даврони шакл гирифтан ва дидгоҳҳои эҷодӣ дар ҳоли пайдо шудан ҳастанд. Кори адабиёт хеле нозук ва фардист ва таҳқиқу тадқиқаш аз он нозук ва фардитар бояд бошад, дар ин кор таҳсин ва ё танқиди дастаҷамъона манфиат нахоҳад дошт, зеро дар ҳар ду ҳолат он на амиқу мутахассисона, балки сатҳию авомона ва баъзан бадтар аз он муғризона хоҳад буд.
Бинобар ин, Садорати Иттифоқи нависандагон дар давоми фаъолияти худ мекӯшид, ки оид ба авзои адабиёт ҷаласаҳо гузаронида, мутахассисону адибонро барои баррасии масъалаҳои умдаи адабиёт ҷалб кунад. Ҳамин тариқ, дар ҷаласаҳои Садорати ИН масъалаҳои «Равандҳои шеър ва худогоҳии шоир» – маърӯзаи Аскар Ҳаким, «Насри солҳои охир» – маърӯзаи Абдулҳамиди Самад ва «Масъалаҳои инкишофи драматургияи муосири тоҷик» – маърӯзаи Низом Нурҷонов баррасӣ шуданд, ки аз рӯи ақидаи аъзои садорат дар сатҳи баланди шинохти адабиёт ва танқид гузаштанд.
Имрӯз ҳаёти адабии мо махсусан, рафтори дурандешона, одилона ва ғамхоронаро ба адабиёту адибон тақозо мекунад, зеро ҷомеа дар натиҷаи ҷангҳои ҳамватанӣ дар қутбҳои гуногуни ақидавӣ рафтааст, ки адибон ҳам аз он мустасно нестанд. Дар ин ҳолат табиист, ки онҳо дар бораи ҳодисаҳои имрӯз ва иштироккунандагонаш назарҳои мухталиф доранд, ки ҳақиқати онро танҳо замон муайян хоҳад кард. Дар ин ҳолат кӯшиши аз замон пештар рафтан маҳсули хуб нахоҳад дод. Валекин мо аз ихтилофи назарҳо, ки ба ақидаи ҳар адиб ҳақиқат аз ӯст, чизи гаронбаҳотар ва муқаддастаре дорем, ки ба хотири он аз ихтилофи назарҳо даргузашта, бояд ба иттиҳоди назарҳо бирасем, ки он ваҳдату ягонагии Тоҷикистони азизи мост.
Адибон харобӣ ва фоҷиаҳои солҳои охир, ҷангҳои бародаркушӣ ва ватансӯзиро фаромӯш карда наметавонанд. Ин комилан табиист. Акси садои ин фоҷиаҳо эҳтимол солҳои сол дар эҷодиёти адибон шунида шавад, аммо на ба қасди аз нав барангехтани мардум, балки ба хотир ва муроди бахшоиши ҳамагонӣ, бародарӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми азияткашидаи Тоҷикистон.
Дарди мо дар адабиёт танҳо барои дармон аст. Азобу уқубат дар адабиёти чанд соли охир аз мавзӯъҳои асосист, вале дард аз дарде, ки 15-20 сол қабл аз ин ҷой дошт, дигаргун аст. Агар он солҳо адиб «ман дард дорам» гӯён даст бар сина зада, ифтихор мекарду таъсири дардаш камтар буд, зеро дар асарҳо нисбат ба дард вонамуд сохтани дардмандӣ бештар ҷой дошт, акнун хусусият, моҳият ва амиқии дард аз дарди пешина фарқ дорад, зеро ин дарди иҷтимоист, ки дармон мехоҳад.
Фарёди ин дард дар эҷодиёти қариб тамоми шоирони тоҷик ба гӯш мерасад. Мо онро дар шеъру достонҳои М. Қаноат, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Бозор Собир, Гулрухсор, Низом Қосим, Ҳадиса, Зиё Абдулло, Шаҳрия, Доро Наҷот, Зулфия Атоӣ ва дигарон баралло бармало ва таъсирбахш мешунавем.
Дар ашъори ин шоирон, аз ҷумла М. Қаноат, шеъри иҷтимоъ мушаххасан дарк шуда, дар онҳо шахсияти шоир акс андохта, аз инсони воқеӣ менолад, аз ин рӯ, шеърҳо шеваи нотакрорӣ касб мекунанд, ки яке аз талабҳои асосии шеър ва шоирист. Шоир дар ин ҳолат дарди иҷтимоъро чунон аз худ мекунад, ки дар байни ӯ ва ҷомеа фосила намемонад ва дарди замон дарди ӯ мешавад.
Як мурғи хушпаём дар ин ошён намонд,
Тифли ҳуҷастапой дар ин остон намонд.
Ҷамъе ба дашту хайли азизон ба Рашт рафт,
Дар водии биҳишт ба ҷуз посбон намонд.
Ин садои дардест, ки дар дили М. Қаноат аст ва дар ашъору достони «Ҳамосаи дод», ки дар ин солҳо ба чоп расид, ба гӯш мерасад. Дар он ашъор ифода тару тоза, услуб корхӯрда, сухан асолат ва истеҳком дорад, ки дасти қавии суханвар эҳсос мешавад.
Азбаски достони тозаи М. Қаноат «Ҳамосаи дод» ҳоло дар Тоҷикистон ба чоп нарасидааст, банда аз баррасии он худдорӣ мекунам, вале чанд ғазале, ки ӯ дар ин ҷо ба табъ расонд, бо гаронбории маънӣ ва асолати сабку сухан мумтозанд.
Назари амиқ, сидқӣ ва бадеъ мавзӯи иҷтимоъро шеър мегардонад, муҳим он аст, ки шоир бо чӣ дарду шодие онро ба забон меорад, ки хонандаро бо худ ҳамдил месозад. Агар хонанда ҳамдил нашавад, яъне онро дар дилу ҷони худ ҳис накунад, шеър ҳам нахоҳад буд.
Шоир танқиди нуқсони иҷтимоиро барои рафъи он, барои сохтани ҷомеаи адолатнок истифода кунад, он шеър ҳамдилии хонандаро ба вуҷуд меорад. Лоиқ ба ин хотир менависад:
Бубин ту хасро, шуда Сикандар,
бубин магасро шуда Самандар,
Ба расми ино алайҳи оно, куҷост тобо, куҷо тавоно?
Ҳама разолат шуда рисолат,
ҳама фалокат шуда кафолат,
Ки корд акнун расида то бун, ба мағзи ҷоно,
ба устухоно...
Баробари танқиди нуқсҳо ва шикоят аз беадолатиҳои замони пурошӯб, ки дар ашъори зери унвони «Дар забон ғами миллат» чоп шуда, аз ҷумла, дар шеъри «Ману ту» ҳастанд, Лоиқ бо имзо шудани Созишномаи сулҳи ниҳоӣ бо мухолифин ашъоре гуфт, ки дар онҳо умеди зиндагии осоишта ба гӯш мерасад. Дар яке аз ғазалҳояш мехонем:
Сулҳи деринтизори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Як силсила шуарои тоҷик дар солҳои охир хуб дарёфтанд, ки шеъри иҷтимоъ ҳам на танҳо дар мавзӯю муҳтаво, балки дар сабку нигориш ҳам фардӣ бояд бошад. Ин дарк онҳоро ба ҷодаи ҷустуҷӯи сабку суратнигории тоза равона сохт, ки махсусан Гулназар, Камол Насрулло, Алимуҳаммад Муродӣ, Фарзона, Раҳмат Назрӣ, Сиёвуш, Абдулқодири Раҳим аз ин роҳ бо ҷиддият пеш мераванд. Ашъори иҷтимоии онон рангу бӯ ва суратҳои тозаи хотирнишин дорад.
Мо ифодаи маънои нав, нигоҳи хос ва услуби тозаро, масалан, дар шеъри «Азон»-и Гулназар мушоҳида мекунем. Ӯ менависад:
Эй офтоб, эй муаззини сафедриш,
Ту аз манораи куҳҳои Помир
Бархон азони рӯшноӣ.
То саф кашем бо дили рӯшан
Бо хутбаи вафою ошноӣ...
Таърихи замони бозсозӣ ва истиқлоли мо хуншор аст. Ашъоре, ки дар бораи фоҷиаи мардум, хароб шудани кишвар, пулҳои шикастаю хонаҳои сӯхтаю валангор гуфта шудаанд, дар китоби шеъри замон ҷой доранд. Бозор Собир фоҷиаи Вахшу Кӯлобро дар сурати пулҳои харобшуда, ки дар оби чашми ятимон шикастаанд, яъне бо рамзу маҷози пургунҷоиш хеле шоирона ба қалам медиҳад.
Хунҳои гарм аз муҳаббати ҳамхунӣ(?) рехта,
Пулҳои хешу таборӣ
Дар обҳои чашми ятимон шикастаанд,
Кӯлобам аз миёна ба ғафлат ҷудо шуда,
Шояд, ки то ба рӯзи қиёмат ҷудо шуда.
Пулҳо намондаанд ба ғайр аз пули сирот
Ҳайҳот, ҳайҳот.
К. Насрулло ин гуна таъсири амиқро ба воситаи истифодаи суратҳои анъанавӣ ба мазмуни анъанавиашон ҳам ба даст меорад, вале ӯ он суратҳоро дар фазои дигаре ҷой медиҳад. Масалан, ин тавр:
Ин сол дигар ҳаргиз нахоҳад гузашт,
Ин сол ақрабест, ки дар шиками худ
ақраби дигареро мепарварад.
Дар ин ҷо сурати анъанавии ақраб бо ҳамон мазмуни дарду шиканҷаоварияш, аммо дар фазои дигар истифода шудааст ва аз ин рӯ, нав ва таъсираш ҳам амиқу тоза аст. Ин далели он аст, ки нигоҳи тоза ба суратҳои куҳан ҳам мазмуни тоза ато карда метавонад.
Дар шеър ва махсусан, шеъри ғиноӣ ё ба таъбир лирикӣ, масъалаҳои иҷтимоии замон ба воситаи суратҳо ифода мешаванд ва ё ба воситаи ифодаи пуртаъсири эҳсосоти қаҳрамони лирикӣ, муфради ғиноӣ. Роҳи дуюм дар эҷодиёти шоирони дилбастаи сабки анъанавӣ бештар ба назар мерасад, ки дар ҳолати амиқ, асил аз дил ҷӯшидани эҳсосот таъсираш аз шеъри суратнигорона камтар нест. Ин роҳ бештар ба У. Раҷаб, С. Ҳалимшо, Ҳақназар Ғоиб, Н. Ниёзӣ, Озод Аминзода, Алӣ Бобоҷон, С. Маъмур, Салими Хатлонӣ, А. Баҳорӣ, Муҳаммад Ғоиб, А. Раҳматзод, Ҷ. Каримзода, Н. Оташ, Ҳ. Нозирӣ, Ҳоҷӣ Мурод, Муҳтарам, Ҳайрат Шанбезода, Назрӣ Яздон, Норинисо, Ҷумъа Қувват, Нуқра Суннатова, Акбари Абдулло ва ба шоирони ӯзбекамон Улмас Ҷамол ва М. Ҷӯра дилхуш афтодааст, ки намунаи хубашро аз ашъори Ҳақназар Ғоиб мисол меорам:
Эй қавми пароканда, дар ин дам ба ҳам оед,
Шуд хонаи мо хонаи мотам, ба ҳам оед,
Эй дар ғами миллатбудагони раҳи ғафлат,
Бо хотири чашмони пур аз нам ба ҳам оед.
Шеъри иҷтимоии замон на фақат аз роҳи тасвир ва ё гуфтани дарду шиканҷа, балки аз роҳи тасвири орзую умеди рангин низ ба даст меояд.
Дар як силсила ашъори Гулрухсор интизорӣ, умед ба рӯзгори хуш ҳаст, аммо азбаски кай ба ин умед расидан маълум нест, сухан пурдард аст.
Дар сарам чатри барфу борон аст,
Дар танам ҷони хаста гирён аст.
Рӯзгорам
Шаби шабистон (?) аст,
Навбаҳорам
Ҳама зимистон аст,
Эй Худо,
Кай баҳор меояд?!
Рӯҳи иҷтимоии замон, ки дар ашъори ин солҳо асосан ба воситаи таассуроти муфради ғиноӣ, тасвирҳои ҳамосӣ дар ашъори ғиноӣ ба назар мерасид, дар насри давраи байнианҷуманӣ ҳам ҷой дошт ва бештар ба воситаи тасвири объективӣ, яъне ҳамосӣ ба қалам меомад. Аз асарҳои «Умеди ягона», «Дили гумҷӯ» ва «Қиссаи Нодир»-и нависандаи машҳур А. Баҳорӣ, ки дар ин давра ба табъ расиданд, охиринаш – «Қиссаи Нодир» бевосита ба масъалаҳои иҷтимоии солҳои навад бахшида шудааст.
Дар ин қисса воқеаҳои нохушу фалокатбор аз назари нависанда, ки ровии объективист, дидаву ба тасвир кашида мешаванд. Онҳо ба мо шиносанд, бинобар ин мо зуд ба доираи масъала ва ҳодисаҳо кашида шуда, баробари нависанда фикр меронем, сабабҳои вуқӯи онҳоро меҷӯем. Масъалаҳои майдондорӣ, маҳалгароӣ, баҳси мумтозии маҳалле бар маҳалли дигаре, ки асоси миллат ва давлатро рахна менамоянд, ҳеҷ яки моро ором намегузорад. Азму талоши қаҳрамони асосии асар Нодир хонандаро ба таҳрик меоварад, ки дар бораи ҳукумату ҳукуматдорӣ амиқан андеша мекунад. Ҳукуматдории нодуруст, ки гурӯҳҳои муфтхӯр, судҷӯ, ғоратгарро ба миён меорад, дар чанд боби романи «Садама»-и Саттор Турсун, ки нав ба чоп расидааст, низ мавриди мулоҳиза қарор гирифтааст.
Авзои ноҷӯри сиёсиву иҷтимоӣ, ки онро метавон сабабҳои сар задани ҷанги ҳамватанӣ ва оқибатҳои он номид, на фақат дар назму наср, балки дар жанрҳои дигар, аз ҷумла дар драматургия ҳам инъикоси худро ёфт. Зеро ин ҷанг ва оқибатҳои он ба тақдири ҳама на танҳо адибон, балки ба тамоми мардум таъсир кард. Аз ин ҷиҳат рӯй овардан ба он рӯй овардан ба сарнавишти мардум аст ва мавзӯе, ки ба қисмати халқ вобастааст, муҳимтарин масъалаҳои ҳастии ӯро дар як марҳилаи таърихан муҳим дар худ таҷассум карданаш мумкин мебошад. Бинобар ин, дар ин бора ба вуҷуд омадани намоишномаҳои «Истиқлол»-и А. Қаҳҳорӣ, «Исёни майитҳои бекафан»-и Ш. Солеҳ, «Офат»-и М. Хоҷаев, «Нардбони осмон»-и А. Ҳамдам, «Ман қотилам», «Куҷо равонем?»-и Н. Абдуллоев, «Шумо ҳоло барои куштани ман фурсат меёбед»-и М. Сурӯш, «Тарс»-и Нур Табаров ва чанди дигар, ки сарнавишти мардуми тоҷикро дар ҳамон солҳои мудҳиши ҷангҳои ҳамватанӣ ва ё каме пештару каме пасонтар ба тасвир гирифтаанд, аз мақсади муаллифон, ки азм кардаанд, бар жарфои сарнавишти халқ назари тааммуқ дӯзанд, дарак медиҳанд. Муаллифон дар ин намоишномаҳо дастовардҳои арзишманди гуногуне доранд, ки қисме ба маводу мавзӯъ, офариниши образҳои ҷолиб дахл дошта, қисме ба забону услуб ва хусусиятҳои саҳнавии онон вобаста аст.
Масалан, «Истиқлол»-и А. Қаҳҳорӣ роман-намоишнома буда, аз се песа: «Гардиши фалак», «Доғ» ва «Фирор» иборат аст, ки ба як мавзӯъ, воқеаҳои солҳои навад бахшида шудааст. Ин падидаи тозаест ва ба эътибори он маводи фаровоне, монанди баҳсҳои демократҳою ғайридемократҳои солҳои аввали навад сар карда то фирори Президент, ташкили ҳукумати муросои миллӣ, пайдо шудани дастаҳои ҷанговарон ва воқеаҳои баъд аз он, ки муаллиф дар он овардааст, қобили қайд аст. Намоишномаҳои «Исёни майитҳои бекафан»-и Ш. Солеҳ, ки фоҷиаи ҷанги бародаркушро ба саҳна мекашад, дар устухонбандӣ ва суҷаи шадиду фаъол бурди назаррас дорад. Муаллиф хусусиятҳои саҳна ва талаби асари драматургиро, ки воқеаро бояд бо амал нишон диҳад, хуб медонад ва ба иҷро мерасонад. Ҳамин гуна хусусиятҳо дар асарҳои «Ман қотилам» ва «Куҷо равонем?»-и Н. Абдуллоев низ бараллоина бармало намудор аст. Ин ду муаллиф, ки ҳам адиб ва ҳам актёру режиссёранд, дар саҳнавӣ сохтани асар, ки диққати тамошобинро як лаҳза раҳо намекунад, маҳорати бебаҳсе доранд.
Камбудиҳои асарҳои драмавие, ки дар масъалаҳои доғи замон навишта шудаанд, ба наздикӣ дар маҷлиси ба ин мавзӯъ бахшидаи садорати ИН баён гаштанд, ки чандтои онро хулосатан зикр мекунам. Дар ин асарҳо муҳокимаҳои сиёсию иҷтимоӣ бештар буда, таҳлил ва ҷамъбастҳои бадеӣ каманд, мавзӯъ бештар на ба воситаи амалу воқеа, балки аз роҳи муколама баён мегардад. Ин нуқсҳо имкон намедиҳанд, ки характерҳои амиқ ва пурқуввати бадеӣ офарида шаванд.
Назари танқидӣ ва таҳсинӣ ба иҷтимои замон дар ҳар жанру намуде, ки бошад, бояд дар асоси тасвири ҳодисаю воқеа ва андешаю таассурот баён карда шавад, на аз роҳи «офарин» ва ё «нафринхонӣ»-и урён, ки заминаи ҳиссӣ ва воқеӣ надорад. Агар ин тавр аст, он на чун асари бадеӣ, балки дар сатҳи шиор мемонад.
Шеър ва махсусан, шеъри ғиноӣ, агар аз анъанаи шеъри беҳиссиёт ва безаминаи солҳои пешин таъсир гирад, аз дарди шиорзанӣ халос шуданаш мушкилтар аст, ки қисмати калони шеъри имрӯз ҳамин гуна касолат дорад. Вале умед бар он аст, ки дар натиҷаи дарёфти асолати шеър ва канораҷӯӣ аз суханҳои бебунёд шоирон тавонанд, ки худро аз ҷараёни суханбофии барҳадар берун кашанд. Ин нуқс дар ҳамаи жанрҳо ҳаст ва зуҳураш шаклан фарқ кунад ҳам, моҳиятан як аст. Масалан, он дар шеъри ғиноӣ асосан дар суханҳои урён ва безаминаи муфради ғиноӣ зуҳур кунад, дар наср дар он ки нависанда мавзӯъ ва масъаларо на ба воситаи тасвири ҳодисаю воқеа ва андешаю таассурот, балки ба воситаи танҳо сухани ровӣ ва ё ин ё он қаҳрамон нишон доданӣ мешавад, аён мегардад. Дар драматургия ҳам ҳамин тавр, муаллиф ба ҷои нишон додани воқеа ва задухӯрди қаҳрамонҳо ба гапгузаронии онон саргарм мешавад. Вале азбаски дар асоси наср ва драматургия аксаран ҳодисаю воқеа ҷой дорад, муаллифони ин ду намуд, ба ин дард нисбат ба шоирон камтар гирифторанд.
Дар шеър ҷои ҳодисаю воқеаро, агар шеъри ғиноӣ бошад, образу образнокӣ ва ҳиссиёту таассуроти амиқ мегирад ва онро аз урёну шиор шудан наҷот мебахшад. Бад-ин васила рӯҳи иҷтимои замон дар шеъри ғиноӣ дар пирояи бадеӣ тасвир мешавад. Агар даҳ-понздаҳ сол пеш аз ин аз озодӣ танҳо ба маънои ҳама озодему озодии мо ҷовидона монанди офтоб дурахшон аст, барин суханҳо мегуфта бошем, дар солҳои ҷанги бародаркушӣ шоир Раҳмат Назрӣ аз воқеияти замон сухан гуфта, дар бораи шаҳидони фиребхӯрдаи роҳи озодӣ дар шеъри «Нур дар гӯр» чунин менависад:
Сутхони шумо ба гӯр нур афшонад
Бо ёди чароғи мурдаи озодӣ.
Фоҷиаи халқи мо бузург буд, дар ин бузургтарин фоҷиа хурдтарин умед ҳам ба дил қуввату рӯшноӣ мебахшад. Инсон ба умед зиндааст ва шоир инро бисёр қавӣ гуфтааст, ки ҳатто устухони мурдагон ба умеди озодӣ нур меафшонад ва боз дар шеъри дигараш навиштааст:
Дареғо, Ховарон хуршеди худ дар Бохтар бохт,
Намози шом дорам ман дуои бомдодаш.
Шоирон дар тасвири дирӯз ва имрӯз таъбирҳои тоза ёфта, аз муҷаррадгӯӣ канора меҷӯянд. Масалан, С. Маъмур барои ифодаи дирӯзи осуда ва имрӯзи пур аз ҳодиса рамзҳои нишонраси лонаи парасту ва хонаи занбӯрро истифода карда, мақсадро шоирона ва хотирнишон баён менамояд.
Дӣ гар ба кунҷи айвон буд лонаи парасту,
Имрӯз дар паси дар занбӯр лона дорад.
Авзои ноҳамвори сиёсӣ ва пурнуқсони иҷтимоӣ решаҳои гуногуне дорад, ки шуаро ба он ишораҳо мекарданду мекунанд. Яке аз онҳо, бешубҳа, беалоқагӣ ба авзои ҷамъиятӣ ва дарунхолигии насли имрӯз аст, ки худро ба машғулиятҳои фасодкунандаи шахсият овора медорад. Низом Қосим онро дар насли худ дида, ба заҳрханд мегӯяд:
Хандаи гул зи мо намеояд,
Оҳи булбул зи мо намеояд.
Шиша гаштем аз шаробхурӣ,
Ғайри қул-қул зи мо намеояд.
Назари адиб ба рӯҳи иҷтимои замон бетафовут буда наметавонад, он ҳатман баҳое дорад. Дар шеър ин баҳо аён ба назар мерасад, зеро муфради ғиноӣ, ки аксаран сухан аз номи ӯст, бо шахси шоир қаробати наздике дорад ва шеър, ки бозгӯи таассуроти ӯст, баҳои шоирро низ ифода мекунад. Дар наср, агар ин баҳо аз номи ровӣ ва ё ин, ё он қаҳрамон ба забон оварда нашавад, онро худи интихоби ҷузъиёт ва воқеа баён менамояд.
Баҳои адиб ба авзои замон, танқиди норасоиҳои он бо сабку усулҳои гуногун дар асарҳои А. Самад, У. Кӯҳзод, К. Мирзоев, И. Насриддин, М. Хоҷаев, С. Зардон равшан ба назар мерасад. Ин танқид дар баъзе асарҳои У. Кӯҳзод оҳанги публисистӣ дошта, дар баъзеи дигар, масалан, дар ҳикояи «Очаи бачаҳо» аз зимни сухани ровӣ бармеояд. Худ аз субҳ то шом як лаҳза ором нагирифта ба ин ё он кор машғул шудани очаи бачаҳо, зан, модар дилро чунон ба танг меорад, ки «бас» гӯён фарёд задани кас меояд. На дар сухани ровӣ, на дар рӯзи муқаррарии очаи бачаҳо фазое барои дам рост кардан нест. Ин худ баҳои сахтест ба иҷтимои замон, ки сухани дигаре лозим надорад.
Очаи бачаҳо озоди бандист, ӯ аз рӯи қонунҳои ҷамъият озод, аммо бандии ташвиш ва азобу уқубати рӯзгор аст. Вале қаҳрамони повести «Маҳбус»-и А. Самад «Фил» дар байни бандиён озод аст, зеро ҳукми ӯ бар атрофиёнаш равост. Масъалаи озодиро, озодии иҷтимоиро ду нависанда аз ду дидгоҳ мебинад, яке маҳбусиро дар байни озодон ва дигаре озодиро дар байни маҳбусон ва баҳои адиб ба иҷтимои замон аз интихоби худи ҳамин дидгоҳ маълум аст. Қаҳрамони асосии «Маҳбус»-и А. Самад, ки лақаби «Фил» дорад, ҳангоми аввалин бор аз маҳбас берун ба кор, ба шаҳр рафтан ба мошин савор мешавад ва мегӯяд: «Ба касе ҷонаш азизу ширин бошад, то ман ҳастам, дигар ин ҷо нашинад!». Ин як ҷумла ҳукмравоии ӯро ба маҳбусон ва озодиашро, ки аз ҳисоби маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодии дигарон аст, баён мекунад. Ин ҷо озодии «Очаи бачаҳо»-и У. Кӯҳзод ва маҳбусии «Фил»-и А. Самадро муқоиса карда, қонуниятеро метавон дарёфт: Очаи бачаҳо бо маҳбусии худ, яъне банди ташвиши рӯзгор буданаш фазои озоди дигаронро фарохтар мекунад, аммо Фил бо маҳбусии худ фазои озодии нисбиеро, ки дар байни маҳбусон аст, тангтар месозад. Аз ин назар, чӣ гуна шахсият ва чӣ баҳо доштани маҳбусӣ ва озодии ин ду қаҳрамон аён мешавад. Бубинед, бо ду роҳи мухолиф – роҳи аввал ба воситаи амали мусбати қаҳрамони мусбат – очаи бачаҳо ва роҳи дуюм бо амали манфии қаҳрамони манфӣ – Фил ду адиб ба дарёфти иҷтимоии замон меравад. Моҳияти фалсафии ин асарҳоро дар чигунагӣ ва то чӣ андоза дар ҷомеа нисбӣ будани озодию маҳбусӣ бояд ҷуст. Дар ин ҷо ҳамин қадар бар ин нукта меафзоям, ки А. Самад зиндагии маҳбусон, хулқу атвори персонажҳоро хеле хуб омӯхта, асаре офаридааст, ки баробари во намудани як зиндагии аз чашми ҷомеа пинҳон масъалаи фалсафӣ ва ҷовидони озодӣ ва асоратро дар мисоли ҳаёти маҳбусон амиқ ба тасвир гирифтааст.
Муносибати шахс бо ҷомеа, бо шахс низ аз масъалаҳои муҳимест, ки аҳамияти фалсафӣ дошта, барои дарёфти чигунагии рӯҳи иҷтимои замон хидмат мекунад. Ин масъала асосан бо ду роҳ ба қалам кашида мешавад, аз роҳи рафтан аз масъалаи иҷтимоӣ ба шахсӣ ва ё аз роҳи рафтан аз масъалаи шахсӣ ба иҷтимоӣ. Ба назари ман, чигунагии равишҳо аҳамияти баробар доранд, моҳият дар таҳқиқи амиқ ва ҳамаҷонибаи масъала аст.
Нависандагон Ф. Ниёзӣ дар қиссаҳои «Пахта ва гул» ва «Фоҷиаи Боғистон», М. Хоҷаев дар романи «Кӯҳ беварта нест», И. Насриддин дар қиссаи «Як рӯзи хазонрез» бо воситаи тасвири амали иҷтимоӣ ба масъалаҳои маънавиёти шахс, ҷои ӯ дар ҷомеа ва хонавода, муборизаи куҳна ва нав сар фурӯ бурда, адибон Сайф Раҳимзод дар қиссаи «Таронаҳо ва тавбаҳо», К. Мирзоев «Нишони зиндагӣ», Насим Раҷаб «Ишқи духтари яҳудӣ», Бахтиёр Ҷумъа «Чашми рашк» аз роҳи таҳқиқи масъалаҳои шахсӣ ва шахсият ба тааммуқи иҷтимои замон мерасанд.
Дар қиссаи «Пахта ва гул»-и устоди шодравон Ф. Ниёзӣ раиси колхоз Мустафоев бо сабаби офат маҷбур мешавад, ки ба ҷои пахта гул корад, аммо котиби кумитаи ҳизбии ноҳия ва вилоят ба ин кор сахт муқобил ҳастанд. Масъала истеҳсолӣ ва ҷамъиятист, вале дар ҳалли он на фақат мавқеъ ва симои ҷамъиятӣ, балки ботин ва шахсияти қаҳрамонҳо низ зоҳир мешавад.
Қаҳрамонони романи «Кӯҳ бе варта нест»-и М. Хоҷаев, ки сохтмончиёни истгоҳи барқанд, аз ҷумла Саидбек ва Ато Муродов чеҳраи воқеии худро, ки яке сиришти ҳамидаи инсонӣ дораду дигаре ботини зишту палид, дар саҳнаи сохтмон, яъне дар майдони иҷтимоъ нишон медиҳанд. Чинугагии шахсиятҳои иҷтимоии онҳо шахсияти фардӣ, хонаводагиашонро муайян менамояд. Аз ин назар қиссаи «Як рӯзи хазонрез»-и И. Насриддин низ ҷолиби диққат аст, зеро муаллиф мекӯшад, нишон диҳад, ки дар ниқоби чеҳраи мусбати ҷамъиятии инсон, дар айни ҳол котиби кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист Раҳим Қурбонов, чӣ гуна шахсияти манфур пинҳон мебошад.
Моҳияти фалсафии ин тарзи тасвири инсон дар он аст, ки инсон дар як вақт наметавонад ҳам хуб бошаду ҳам бад, инсон наметавонад зиндагии дубаҳра ба сар барад, дар фаъолияти ҷамъиятӣ бад бошаду дар зиндагии шахсӣ хуб ва ё баръакс. Инсон бо ду сиришт ва ду сарнавишт зиста наметавонад, ҳатман яке аз он бояд ноасил бошад ва фош гардад. Агар сиришт асилу хуб аст, шахсият ба ҷомеа ва мардум таъсири файзбахше мерасонад, дунё аз ӯ рангинтар ва инсонҳо ҳалимтар мегарданд. Қаҳрамонҳои қиссаи «Таронаҳо ва тавбаҳо»-и Сайф Раҳимзод аз ҳамин қабиланд ва аз олами орзуву армон ва хаёлҳо ба ҷаҳони зиндагии воқеӣ менигаранд ва ё ворид мешаванд. Хугара – қаҳрамони асосии қисса дар муносибаташ бар зиндагӣ ҳамин гуна аст, сиришти ӯ раҳнамои зиндагии ӯст, ҳар коре, ки мекунад, танҳо ба тақозои сиришташ аст. Ӯ аз қабили инсонҳоест, ки ба касе бадӣ намекунад, балки наметавонад бикунад ва бад кардан ба дигаронро бад кардан ба худ медонад. Зиндагии ботинию зоҳирии Хугара зиндагиест ба сӯи камолоти маънавию ахлоқии инсон.
Сабку забони шоирона, андешаҳои пурҳикмат ва рангомезиҳои ҳиссиёт, дар қисса, ҳама аз партави шахсияти Хугара мебошад, ки зодаи бардоштҳои нависандаи нозукхаёл Сайф Раҳимзод аст аз зиндагии воқеӣ ва ормонӣ.
Дар ду асари Саидалии Саид, ки ба наздикӣ ӯро ба узвияти ИН қабул кардем, дар қиссаҳои «Вопасин парвози лошахӯр» ва «Ману шабҳои маҳтобӣ» қалами расои нависандаи баркамол эҳсос мешавад. Махсусан, қиссаи «Вопасин парвози лошахӯр», ки тамсилист, масъалаҳои ҷовидони ишқу садоқат, хушбахтиву бадбахтӣ, бедардию ҷавонмардиро, ки ба рӯзҳои мо ҳамоҳангӣ доранд, дар мисоли ҳаёти лошахӯрону уқобон хеле моҳирона ва огоҳона ба қалам медиҳад. Ин гуна нависандагон доираи фарогирии адабиётро фарохтар менамоянд, зеро аз зиндагие менависанд, ки то ҳол ба назари мо дуру ноошност.
К. Мирзоев дар қиссаи «Нишони зиндагӣ» аз масъалаи шахсӣ, хонаводагӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ мансабталошӣ, маҳалгароӣ (қишлоқгароӣ) мерасад. Қисса дар атрофи маҷбуран ҳамхона кардани духтарандару писарандар Соҳибаю Субҳонқул сурат мегирад. Образҳои манфӣ Мӯҳриддин Ниёзов ва Суяр, ки ҳар ду ҳам аз олами маорифанд, зиндагии дурӯя мебаранд, зоҳиран хуб, ботинан хароб. Аммо дар як вақт ҳам хуб ва ҳам бад будан имкон надорад, аз ин рӯ, онҳо низ ба муҷозои ҷамъиятӣ ва ахлоқию маънавӣ мерасанд.
Азоби алим будани зиндагии дурӯяи инсон дар романи нависандаи русзабони мо Мансур Сурӯш «Чала» бисёр боварибахш, бо ҷузъиёти воқеияш ба қалам омадааст. Ин асар дар бораи яҳудиёни Бухорои аввали асри ХХ мебошад, ки барои осон кардани зиндагии сахташон исломро қабул карда, ба азоби аз он ҳам сахтари рӯҳонӣ гирифтор шудаанд – онҳоро на яҳудиён қабул доранд ва на мусулмонон. Вақте ки яҳудии чала Мурдахай вафот мекунад, тобути наъши ӯро на яҳудиёни мутаассиб ва на эшонҳои мусулмон дар қабристони худ ҷой додан мехоҳанд.
Нависанда манзараи зиндагӣ, расму анъана, маишат, одобу услуб ва азоби радди маъракагии чалаҳои Бухороро хуб тасвир мекунад. Зиндагии Моше ва Або, Пинҳос ва авлоди ӯ, Юсуфи ҷавон, ки қисмати талхи худро шинохта, аз ҷони худ даст мешӯяд, тасдиқи ин гуфтаҳост.
Ин роман асосан хуб аст, аммо ҷо-ҷо зоҳирнигорӣ эҳсос мешавад ва ба нависанда зарур аст, ки дар он ҷойҳо таҳқиқи бадеиро амиқтар барад, то романе, ки чунин масъалаи муҳими маънавию рӯҳониро ба миён гузоштааст, ба дараҷаи масъалагузориаш амиқ ва таъсирбахш бошад.
Ҳаёти иҷтимоӣ аз дигаргунсозиҳои инқилобӣ на ҳамеша бурд мекунад, баъзан он на фақат ба решаҳои маънавию ахлоқии зиндагӣ теша мезанад, балки ҳатто ба олами табиат, ҳастии инсону ҳайвону хазандагон хатари нобудшавӣ ворид месозад. Ин маънӣ дар қиссаи «Гуреза»-и У. Кӯҳзод таҷассуми бадеии худро меёбад. Нависанда қувваи бадиро дар суратҳои Саиди Чириқ, Чарминапӯш ташхис дода, Нусрати нурониро, ки таҷассуми некӣ ва адолат аст, гирифтори сарпанҷаи зулму тааддии онҳо месозад. Дахолати зӯроварона ба иҷтимоъ, ки сохти онро дигар кардааст, дар табииёт, ҳастии одам ҳам асари фоҷиабор гузашта, як одам-ду одам ва чӯҷаи ду нулу чашм болои сарро ба зуҳур овардааст. Қувваи бадии ҳаёти иҷтимоӣ, ки дар ин ашхос муҷассам шудааст, ба он дараҷаест, ки зиндагии шахсии ононро қариб нонамоён месозад.
Дар навиштаҳои гуногунжанр ва гуногунмавзӯи нависандагони маъруф Ю. Акобиров, Мутеулло Наҷмиддинов, Ибод Файзуллоев, Қодир Наимӣ, А. Яблоков, Холмурод Шарифов, ки дар ин солҳо ба табъ расиданд, ҷиҳатҳои гуногуни иҷтимои замон тасвир шуда, ба зиндагиро фарохтар фаро гирифтани адабиёт мадад кард.
Романи «Зарафшон»-и Сорбон аз доманадортарин асари насри солҳои охир аст, ки насиванда дар он ба воситаи тасвири сарнавишти шахсии қаҳрамонҳо ба нишон додани намои фарохи иҷтимои замон камар мебандад. Бешубҳа, аз роҳи сарнавишти шахсии қаҳрамонҳо, ки дар он муҳаббату нафрат, садоқату хиёнат, шарафу беномусӣ, хуллас, гуногунтарин ҳиссиёт, ангеза, қасду маром ҷой дорад, рафтан ба тадқиқи масъалаҳои иҷтимои замон асарро шавқангез мекунад. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Сорбон ба идроки иҷтимои замон ба роҳи офаридани характерҳои гуногун мерасад. Чеҳраҳои Усто Қодир ва махсусан, Шарифа дар офаридани характери миллӣ, ки асолати тоҷикӣ дошта, асрори устувории маънавии ахлоқии миллатро дар гирудорҳои нобудкунандаи таърих нишон медиҳад, дастовардҳои муҳими бадеист. Зӯрмандӣ ва ҳукмравоии ашхосе монанди Зуҳур, Қозӣ ва Қурбошӣ бо вуҷуди зимомдорони замона буданашон ҳамоҳанги замон нест, зеро мухолифи ҳикмати ҳаёти мардум аст.
Роман ниҳоят сервоқеаву серқаҳрамон аст ва ин баъзан ба нависанда имкон намедиҳад, ки ҳамаи онҳоро ба ифодаи мақсади асосиаш пурмаҳсул истифода кунад, баъзан воқеа як номбар мешаваду мантиқи пайвастагии он ба мақсади асосӣ зоҳир намегардад. Забони асар аз ҷиҳати луғат бою рангин аст, вале ноҷӯриҳои услубӣ, забонӣ ҳам ба назар расида, дар тасвири ҳолати қаҳрамонҳо ҳам номувофиқатиҳо ҷой доранд. Масалан, аз ин қабил: «... арӯс, ба ҷои он ки ба саломи шаҳ омода бошад, беҳушу беёд ба замин афтода, ба дастон чашму рӯ пӯшида буд.
- Ассалому алайкум! – одоб кард шаҳ.
Арӯс магар аз ҷавоби шаҳ хиҷолат кашид, ки як қад парид ва боз ғунчатар шуд».
Ҳоҷати исботу далел нест, ки агар инсон беҳушу беёд бошад, ихтиёри ба кафи дастон чашму рӯ пӯшидан, хиҷолат кашидан ва як қад париданро надорад. Мутаассифона, роман аз назари сабку забон ҳам таҳрир мехоҳад.
Асри ХХ барои иҷтимои мардуми тоҷик асре буд пур аз шиддати муборизаҳо, сохтанҳою барандохтанҳо, сарфарозию сарафкандагиҳо, асре буд, ки низоми чандсадсолаи зиндагиаш аз ҳам фурӯ рехт, аз нав ба тариқи тоза беқарор шуд ва боз дарҳам шикаст. Дар ин шикастану бастанҳои таърих хулқу атвор, феълу хӯй, хуллас, характери халқ зоҳир гашта, қобили ҳаёт ва худсозӣ будани он бори дигар санҷида шуд.
Ин ба нависанда мавод ва имкони фаровоне медиҳад, ки таъсири иҷтимои замонро дар сарнавишти шахс ва саҳми шахсро дар дигаргунсозии иҷтимои замон ба таҳлилу тадқиқ гирад. Ва табиист, ки нависандагони тоҷик ин корро на фақат дар асарҳои калонҳаҷм, роману қисса ва намоишномаҳои худ ба иҷро мерасонанд, балки дар ҳикоя ҳам ба ин кӯшида дастовардҳои назаррас доранд. Ҳикояҳои Саттор Турсун, Ҷонибек Акобиров, Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муҳаммадраҳими Сайдар, Абдурофеъ Рабизода, Ҳасан Муҳаммадӣ, Муҳиб Қурбон, Нозирҷон Ёдгорӣ, Марямбонуи Фарғонӣ, Партав, Неъматуллои Худойбахш яке аз ҷиҳати мавзӯу мундариҷа, ки хусусиятҳои характерноки иҷтимои замонро инъикос мекунад, бартарӣ дошта бошад, дигаре дар шакл, сохтмон, забону услуб тозаҷӯиҳо дорад. Таҳрики навҷӯӣ дар ин жанр махсусан, дар забон ва ҳикояҳои Саттор Турсун бештар эҳсос мешавад.
Дар радифи асарҳои ин муаллифон ҳикояҳои воқеӣ, саргузаштии шоирон Ғ. Мирзо ва Гулназар бо мушоҳидаҳои дақиқ, ҷузъиёти хотирнишин, таъбироти шоирона ҷои махсус ишғол мекунанд. Махсусан, ҳикояҳои «Сагвафо»-и Ғ. Мирзо ва «Ғамхар»-и Гулназар ҳикматомез ва пурғунҷоишанд.
Ҷамъият бо нуқсони худ бо ҳаҷву мазҳака хайрбод мекунад. Агар ин нукта мусаллам аст, пас ҷамъияти мо дар охири асри бист бештар дар ҳикоя ба айбу гуноҳ ва норасоиҳояш падруд мегӯяд, зеро ҳаҷв бештар дар ҳикояҳо ҷой дорад. Эҳтимол ин ҳам талаботи иҷтимоист, ки як силсила нависандагони воқеан соҳибистеъдоди ҳаҷвнавис арзи зуҳур карданд, ки Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ, Наҷмиддин Шоҳинбод, Саидаҳмади Зардон, Додохон Эгамзод, Ҳакималӣ Назаралӣ, Карим Давлат, Гурез Сафар, нависандаи рус Александр Сказков аз қабили онҳоянд.
Як худи ҳикояи Наҷмиддини Шоҳинбод «Ҳайкали кампир» далели он аст, ки ҳаҷв дар насри тоҷик сифати моҳиятан тоза, хусусияти иҷтимоӣ пайдо карда, дигар суханпарронию лафзбозиҳои сабукборро набояд ба эътибор гирад. Ҳаҷви ҳақиқӣ на дар ҳарф, балки дар зарф бояд бошад, яъне ба суханпаррониҳо қонеъ нашуда, шароит, вазъияти ҳаҷвӣ бояд эҷод кунад, вазъияти ҳаҷвӣ, ки эҷод шуд, он ҳатман ба иҷтимои замон бармехӯрад. Ин сифат дар ҳикояҳои беҳтарини адибони ҳаҷвнигорамон ҳаст, ки аломати роҳ ба сӯи камолот гирифтани он аст. Аммо баробари ин ҳамон нуқсони калони ҳаҷв, ки муаллифон, ҳатто муаллифони хуб, дар асарҳояшон вазъияти ҳаҷвӣ эҷод накарда, ҳамаи бори асарро ба дӯши суханпаррониҳои сабук мегузоранд, кам ба назар намерасад. Ҳаҷви ҷиддӣ аз ин камбудӣ ҳатман бояд халос шавад.
Адиби ҳаҷвнигор ба воситаи вазъият ва сурату амалиёти ҳаҷвии офаридааш ба зиндагӣ дахолат мекунад, яъне дахолати ӯ бовосита аст, дахолати адибони публисист росто, яъне бевосита аст, ки ҷасорат ва дили сӯзоне мехоҳад. Ҳикояҳо ва мақолаҳои зиёде, ки адиби солманди мо Раҷаб Амонов дар ин солҳо ба табъ расонидааст, шаҳодати онанд, ки ин устод дарди ҷомеаро дар дилу ҷони худ ҳис мекунад ва барои дармони он мекӯшад.
Дирӯз давоми имрӯз аст, ба он маъно, ки дирӯз таърих аст ва дар ҳаёти маънавӣ ба хизмати имрӯз мерасад.
Дирӯзи халқ дар зиндагии иҷтимоии имрӯз нақши амиқ мегузорад. Баъд аз он ки адабиёт аз маҳдудаи сиёсат як андоза озод шуд, адибон ба гӯшаҳои ноошнои таърихи халқамон рӯй оварданд.
Ин ҷо муқоисаи ҷолибе метавон кард. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам таваҷҷуҳи адибон ба таърих ва симоҳои барҷастаи таърихӣ афзуда, масалан, дар бораи Темурмалик, Муқаннаъ, Таҳмоси Хуҷандӣ, сарбардорон асарҳо офарида буданд, ки рӯҳи ватандӯстии халқро қувват бидиҳанд. Дар солҳои навад, солҳои ҷанги ҳамватанӣ, бародаркушӣ ё дақиқтараш худкушӣ дар Тоҷикистон адибон боз ба таърих рӯй оварданд, аммо ин бор ба шахсиятҳои эҷодӣ ва маънавӣ, зеро мехостанд он халои маънавиеро, ки халқро ба ҷанги бародаркушӣ овардааст, бо ҳикмати гузаштагон пур кунанд. Агар ин яке аз сабабҳои рӯйоварӣ ба таърих бошад, сабаби дигараш ба назари банда он аст, ки акнун баъд аз озодии сиёсии адабиёт ба таҳлилу ташвиқ ва офаридани асарҳо дар бораи бузургони рӯҳонии таърихамон, ки аксар ба ирфону ислому илоҳиёт вобаста буданд, имконияти бештар пайдо шуд.
Таваҷҷуҳ ба шахсиятҳои маънавии таърихӣ дар шеъру драматургия бисёртар ба назар мерасад ва ҳар адиб ба шахсияту мероси онҳо аз рӯи тақозои жанраш муносибат мекунад. Масалан, шоир дар бораи шоири куҳан шеър ё достоне эҷод карда, бад-ин васила на фақат андешаҳои ӯро, балки гуфтаниҳои худро низ вобаста ба ӯ баён менамояд ё аз асари ҷудогона ва шеваи осори ӯ истиқбол карда, шеърҳо мегӯяд. Мо истиқболро аз ғазалҳои шуарои куҳан, махсусан, аз ғазалҳои Мавлавӣ дар солҳои охир фаровонтар мебинем. Сабаби ин ба назари банда, дар он аст, ки эҷодиёти Мавлавӣ то солҳои охир дар Тоҷикистон хеле кам интишор ёфта буд, баъди чопи се-чаҳор ҷилд аз ашъори ӯ ва Шамси Табрезӣ шуаро, махсусан, ҷавонон худро ба ин дарёи беканори шеър андохтанд. Ташна худро ба дарё мезанад. Бинобар ҳоло он истиқболҳое, ки дар шеъри имрӯз аз ғазалиёти Шамс ҳастанд, истиқболҳои ташнагон буда, аз шеъри замон камтар асар доранд. Аз ин рӯ, мо ҳам ба онҳо чун ба истиқбол нигариста, давронеро мунтазир мешавем, ки ташнагон аз ин дарё шодоб шаванд, ба қаър ва сарчашмаи он расида, чашмаҳои шеъри худро бикушоянд, то ташнагии ташнагони шеъри имрӯзро шикаста тавонанд. Аз истиқбол ба сӯи истиқлол бояд рафт.
Ин нукта на фақат ба истиқбол аз ғазалҳои Шамс, балки қариб ба ҳамаи истиқболҳо аз осори классикон дахл дорад, махсусан, ба ғазалу ғазалгӯӣ, ки солҳои охир фаровон ривоҷ мегирад.
Дуруст аст, на фақат дар байни ғазалҳои насли калон балки ҷавон ҳам баъзан ғазалҳои хуб ва ё байтҳои хуб ҳастанд, масалан, монанди ин байти шоири ҷавон С. Хатлонӣ:
Ин баҳори хун, ин шаб лола-лола мерӯям,
Аз ғами дарун, аз таб, нола-нола мемӯям.
Аммо на ҳамеша ин тавр аст ва нуқси равияи ғазалгӯии мо дар ин аст, ки баъзан мазмунҳои баланди гузаштаро имрӯз ба такрор, вале ношоирона бозгӯ мекунем, ҳарфҳои берӯҳу равонро ба хотири вазну оҳанге, ки аз онҳо ва махсусан, аз шакли ғазал бармеояд, шеър мепиндорем.
Банда дар ин бора дар маҷлиси махсуси Садорат оид ба мавзӯи шеър муфассал суҳбат карда будам, ҳоло хулосатан мегӯям, ки баъзе аз мо, ки ба шаклҳои суннатӣ сабукфикрона даст мезанем, ба он на ғолиб, балки мағлуб мешавем, зеро фиреби шаклро хӯрда, суханҳои равон, вале обшуста, мазмунҳои ночизро, ки ҳатто пирояи бадеӣ надоранд, ба қалам медиҳем. Азбаски ин дард умумист, қариб ба ҳамаи мо дахл дорад ва ман, ки мисолҳояшро дар ҳамон суханронӣ оварда будам, ҳоло аз мисоловарӣ сарфи назар мекунам.
Қисмати дигари шеърҳо бевосита ба шуаро ва шахсиятҳои маънавии таърихӣ бахшида шудааст, масалан, Борбад, Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Камол, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигар шахсиятҳо, ки осорашон дар зиндагии имрӯз зинда аст. Шоираи закитабъи мо Фарзона дар бораи он гуна шахсиятҳо силсилаи махсуси ашъор навишт, ки андешааш амиқ ва суханаш бо пирояи хушобу ранг оростааст. Ӯ ғарбгароии ҷомеаро, ки шефтаи зарқу барқи он шудааст, бемаҳсул мебинад ва моро ба сарчашмаҳои худӣ, ба пос доштани арзишҳои умумибашарии худ мехонад.
Роҳи Афранг сипардиву ба ҷое нашудӣ,
Офтобат занад, ар мункири Ховар бошӣ!
Тамоюли ҷустани арзишҳои умумибашарӣ дар маънавиёти гузаштаи худ дар шеъру манзумаҳои Лоиқ, Ҳалимшо, Гулназар, Низом Қосим, Зиё Абдулло, Доро Наҷот, Сиёвуш, Муҳаммадалии Аҷамӣ бештар ба назар расида, ифодагари таваҷҷуҳи махсус ба он арзишҳои маънавиёти миллист, ки моҳияти умумибашарӣ доранд. Онҳо таърихро ба хидмати имрӯз мекашанд ва равшан нишон медиҳанд, ки арзишҳои маънавиёти миллӣ ҳаргиз маҳдудаи замонӣ надоранд. Салимшо Ҳалимшо ин корро на фақат дар шеърҳояш, балки дар мақолаҳои маърифатбахшаш ҳам иҷро мекунад.
Гулназар ба ин хотир, ки тавонад ҳамоҳангии он арзишҳоро дар замони мо барҷаста нишон диҳад, ба драматургия рӯй меорад ва намоишномаҳои «Муҳокима дар шаҳри ҳазору як шаб»-ро дар бораи Мансури Ҳаллоҷ ва «Дар ин варта киштӣ фурӯ шуд ҳазор»-ро дар бораи Имом Ғаззолӣ менависад. Ин намоишномаҳои Гулназар аз назари мавод ва муборизаи андешаҳо, ки хоси намоишномаҳои тафаккурӣ, яъне интелектуалист, ҷолиб мебошанд.
Эҳтимол дар таърихи драматургияи муосири тоҷик дар ҳеҷ даврае ин қадар асар дар бораи шахсиятҳои маънавию таърихии халқамон навишта нашуда бошад. Дар ҳамин камтар аз даҳ соли охир намоишномаҳои «Фирдавсӣ»-и М. Бахтӣ, «Дақиқӣ», «Меъроҷи Шоҳин», «Алии Сонӣ»-и С. Аюбӣ, «Оташи ашк»-и А. Сидқӣ, «Даъвати Носир»-и А. Мирхоҷа, «Мири кабир»-и М. Ғоиб, «Тири маломат»-и С. Сафар ва Қ. Киром, «Авҷу аҷзи Сомониён»-и Ҷ. Қуддус, «Кафорат» -и Ш. Қиём ва Н. Қосим ва спектаклҳои Ф. Қосимов, ба вуҷуд омаданд. Маводи ин намоишномаҳо аз рӯзгор ва осори Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Нақибхон Туғрал, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Хоҷа Ҳофиз, Шайх Аттор, Абдураҳмони Ҷомӣ гирифта шуда андешаҳое, ки муаллифон аз онҳо бармедоранд, ба масъалаҳои замон гиреҳ мехӯранд. Дар байни ин асарҳо «Фирдавсӣ»-и М. Бахтӣ аз назари ҳунари намоишноманависӣ аз ҳама бештар афзалият дорад, забону услубаш ҳам корхӯрдааст. Симои Фирдавсӣ ба дараҷае, ки мебояд муҳташаму бузургворона буда, ботини ғановатманди ӯ дар амал ва гуфтаҳояш боз мешавад. Паҳлуҳои характери қаҳрамонҳо дар мусодамаҳои гуногуни иҷтимоию маънавии замон намоён гашта, яке аз сифат ва талабҳои асосии офариниши характер, яъне серпаҳлуиро таъмин менамоянд.
Агар драматургон ба дарозои таърихи ҳазорсолаамон нигаристанд, диққати носиронро, ба ҷуз А. Сидқӣ, ки дар бораи Камоли Хуҷандӣ романи «Пайроҳаи қисмат»-ро таълиф кард, бештар таърих ва чеҳраҳои асри бист ба худ ҷалб сохт. Шодравон Ҷ. Икромӣ романи «Гули бодом»-ро аз рӯзгори Туҳфа Фозилова, Ш. Ҳаниф романҳои «Хунбаҳо»-ро аз ҳаёт ва муборизаи мардуми афғон ва «Уқоби захмӣ»-ро аз ҳаёти шоири зиндаёди ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ ба қалам оварданд. Романи «Хунбаҳо»-и Ш. Ҳаниф, ки бо тасвири зиндагии пурмашаққат, хулқу атвор, суннатҳои аҷдодӣ муборизаи имрӯзии халқи афғонро нишон медиҳад, ба эътибори маводу мавзӯи тозааш қобили таваҷҷуҳ аст.
Китоби аввали «Ҳазору як корнома»-и Р. Сафар, ки ҳолномаи ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанист, низ ба чоп расид.
Ҳеҷ шакку шубҳае нест, ки як бахши муҳими адабиёти замон адабиёти кӯдакону наврасон аст ва ба ваҷҳе адабиёти махсус ҳам ҳаст, зеро агар дигар навъи адабиёт як насли хонандаи худ, масалан ҷавонон, калонсолонро дар назар дошта бошад, ин адабиёт ду навъ хонандаро ба эътибор бояд гирад, кӯдакон ва калонсолон, яъне онҳоеро, ки низ то хондан ёд гирифтани бачаҳо асарҳоро ба онҳо мехонанд. Дар вақти қазоват ҳам ин адабиётро на бачаҳо, балки калонсолон, мову шумо, на фақат аз назари кӯдак баррасӣ мекунем, чунки дар он ҳатман назари худи мо ҳам ҳаст.
Бинобар ин масъулияти адиби бачаҳоро баъзеҳо кам гиранд ҳам, он дучандон гаронтар аст. Агар адибони бачагон бачаҳоро адабиётхон накунанд, фардо адабиёти калонсолон ҳам хонанда нахоҳад дошт.
Махсусан, шеъру достонҳои устод М. Миршакар, У. Раҷаб «Бобо чаро ризо нест?», «Мурғак ва чӯҷаҳо», «Харгӯшак», Г. Сулаймонӣ «Асад», «Гаҳворафурӯш», «Хӯса», Н. Бақозода шеърҳо аз «Алифбои дилкушо», ки дар бораи ҳарфҳо ва рақамҳоянд, Ю. Аҳмадзода «Афсонаи модарбузурги меҳрубон ва Азроили ноком», Гулназар «Аз алиф то йо ба тифли доно» - алифбои манзум, Бобо Ҳоҷӣ «Суҳбати Сору Каждум», А. Бобоҷон «Арзи пиёз», «Қоқу ва шамол», Л. Кенҷаева «Мактаби чумчуқчаҳо», «Сӯзани бибӣ» бо образҳои маҳсус, ошно, фикри ба дарки бача мувофиқ, бозёфтҳои услубӣ ва шаклию забонӣ на фақат ба бачаҳо писанд меоянд, балки калонсолон ҳам онҳоро бо завқ мехонанд. Шеърҳои М. Ҳайдаршоҳ, С. Маъмур, У. Олим, Н. Назирӣ, М. Файзалӣ, З. Атоӣ, Абдусаттори Раҳмон, М. Ғоиб, О. Азимиро низ бачаҳо бо завқ хоҳанд хонд.
Дар насри адабиёти бачаҳо қиссаю ҳикояҳои Р. Ёрмуҳаммад «Қиссаи шаҳри беҷон ё худ саргузашти духтари бофанда», «Гармсел», Н. Раҷаб «Вақте ки театр мегирист», М. Фарғонӣ «Нақши бад», Ҳ. Имомиддин «Бачаи каждум», А. Азиз «Ҳамсояҳо», «Фарзанди афсонаҳо», Б. Ҷумъа «Ручкаи тиллоӣ» аз асарҳое мебошанд, ки воқеаҳои диққатҷалбкунанда дошта ба хонанда таъсир мегузоранд ва ба ташаккули завқию ахлоқии ӯ мадад мерасонанд.
Ба адабиёти бачаҳо рӯй овардани адибони ҷавон Ш. Мӯсо, Султонмурод Ҳоҷибоев, Олимхон Исматӣ, Ҷ. Пиримов низ шоистаи ҷонибдорист.
Дар нақди адабиёти бачаҳо Ҷ. Бобокалонова, Б. Шермуҳаммадов, Азим Амин ширкат карда, дар нишон додани ҳусну қубҳи он саҳм мегузоранд.
Адабиёти бачаҳо эътибор ва ғамхории бештаре мехоҳад. Масалан, ба назари ман, аз ҷоизаҳои давлатии адабии ба номи устод Рӯдакӣ якеро ба монанди пештара ба адабиёти бачаҳо ҷудо кардан кори дуруст ва манфиатнок мебуд, зеро ин адабиёт на танҳо хидмати адабӣ мекунад, балки хонандаи адабиёти калонсолонро низ тарбия менамояд. Агар ба назари адибон дар ҳар ду сол як мукофот ҷудо кардан бисёр намояд, дар он ҳолат эҳтимол дар чаҳор сол як мукофот ҷудо кардан мумкин будагист. Дар ҳар ҳолат ба ин адабиёт муносибати махсус ва ҷудогона бояд кард.
Вазъи хароби чопи нашрияҳои даврӣ, маҷаллаву рӯзномаҳо ба жанрҳои очерку публисистика ва танқиди адабӣ таъсири сахти манфӣ расонд. Азбаски ин жанрҳо бештар аз рӯи фармоиши нашрияҳо навишта мешаванд, на фақат бо сабаби набудани фармоиш, балки ҳатто ҷои чоп онҳо кам дар кам арзи ҳастӣ карданд. Вале бо вуҷуди ин дар саҳифаҳои матбуот очерку мақолаҳои адибон дар мавзӯъҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавию ахлоқӣ ба чоп расиданд, ки очерку мақолаҳои Р. Амонов. М. Шукуров, Р. Ҳодизода, Б. Фирӯз, С. Турсун, Шодон Ҳаниф, У. Раҷаб, Р. Мардон, Ҷ. Тошматов аз ҷумлаи онҳоянд.
Авзои тарҷумаи бадеӣ ҳам аз ин беҳтар набуд. Ба истиснои тарҷумаи чанд афсонаи бачагона ва шеъру ҳикоя қариб асаре, ки тарҷумаи он ҳодисаи фараҳбахши адабӣ шуда бошад, ба назар нарасид. Тарҷумаи достони О. Сулаймонов «Эй замин, таъзим кун бар одамон!», ки аз ҷониби Н. Қосим ба ҷо оварда шудааст, воқеан тарҷумаи хуб буда, аз шеъри асл монданӣ надорад.
Мақолаҳои танқиду адабиётшиносӣ ҳам бо сабабе, ки қаблан зикр кардам, дар ин солҳо ангуштшумор буданд, ҳарчанд мақола ва китобҳои хеле муҳими олимону ноқидон рӯи чопро диданд. Аз ҷумла китобҳои М. Шукуров «Мактаби одамият», «Хуросон аст ин ҷо», А. Сайфуллоев, С. Абдуллоев «Малики адаб», А. Давронов «Пайванди замонҳо ва қисмати адабиёт», В. Самад «Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал», «Васил Василевич Фирдавсӣ ва Н. Г. Чернишевский» ва китобу мақолаҳои С. Табаров, Худоӣ Шарифов, А. Набиев, А. Афсаҳзод, А. Абдуманнонов, К. Айнӣ, Ҳ. Шодиқулов, Ю. Акбаров, М. Раҷабӣ, А. Саъдуллоев ва дигарон ба табъ расиданд, ки масъалаҳои адабиёти классикию муосир ва таъсиру робитаи адабиётҳоро ба таҳлил гирифтаанд.
Китоби устод М. Шукуров «Хуросон аст ин ҷо» дар масъалаи таҳқиқи мавқеи маънавиёт дар ҷомеа ва камолоти инсон асари мондагор ва гаронбаҳоест. Дар он муаллиф ба дирӯзи таърихӣ ва имрӯзи воқеӣ аз дидгоҳи фарохи илмию назарӣ нигариста, асосҳои маънавии рушди миллат ва тараққии ҷомеаро муайян менамояд, ки барои Тоҷикистони имрӯз ниҳоят зарур аст. Устод андешаҳои худро дар ин бора хулоса карда, аз ҷумла чунин менависад: «Бунёди консепсиони миллии тоҷикон бояд бар моҳияти маънавии инсон бошад ва ба назар гирифта шавад, ки дар кишвари мо аз замони Зардушт ва Авасто моддиёт тобеи асли маънавии одамизод дониста мешавад».
Мақолаҳои донишманди дигари мо Худоӣ Шарифов дар масъалаҳои маънавиёти таърихии халқ, ҳунари адабиёт дар гузашта ва имрӯз амиқ ва омӯзандаанд. Мақолаҳои Гулназар дар баррасии моҳияти навпардозиҳо дар шеъри имрӯз ва махсусан, мақолаи «Вожаҳоро бояд шуст» ниҳоят дақиқ ва воқеъбинона навишта шуда, муҳимтарин хусусияти тозакориҳоро дар шеър, ки дар чашми шоир хубтар аён мешаванд, хеле моҳирона нишон додааст. Ин гуна мақолаҳои Гулназар на фақат аҳамияти таҳқиқотӣ, балки барои шоирон, махсусан, ҷавонон аҳамияти амалӣ ҳам дорад.
Дар муддате, ки баъд аз Анҷумани Х нависандагони Тоҷикистон сипарӣ шуд, сарфи назар аз душвориҳо ва нобасомониҳои вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавие, ки ба сари мо омад, Раёсати Иттифоқи нависандагон ҳаддалимкон ба корҳои ташкилие мекӯшад, ки барои ба эътидол овардани муҳити маънавию эҷодӣ мусоидат кунанд. Дар мураккабтарин ва ҳассостарин лаҳзаҳо, ки тақдири халқ ва давлатамон сари як мӯй қарор дошт, дар айёме, ки Иттифоқи нависандагон ва адибони ҷудогона пайваста ба фишору таҳдидҳои маънавӣ ва ҳатто таъқибу тазйиқҳои ғоявию ҷонӣ гирифтор буданд, Иттифоқи нависандагон ба ҷонсӯзӣ ба тақдиру сарнавишти миллат моҳи июли соли 1992 маҷлиси васеи машваратии Садоратро даъват намуд. Ба он маҷлис роҳбарони ҳамонвақтаи давлату ҳукумат даъват шуданд ва шояд онҳо маҳз дар маҷлиси мо аз забони аҳли адаб бори аввал ҳақиқати талхро дар бораи вазъи маънавии ҷомеа шуниданд. Дар он маҷлис аз ҷониби Иттифоқи нависандагон дар мавзӯи «Маънавиёт ва авзои ҷомеа» маърӯза арз шуд ва дар музокира адибону олимони зиёде сухан гуфтанд.
Зиндагии мардум, вазъи маънавиву ахлоқии ҷомеа ҳеҷ гоҳ аз мадди назари адибон дур набуд. Раёсати Иттифоқи нависандагон пайваста мекӯшид, ки дар солҳои душвортарин, яъне солҳои 1992 ва 1993 диққати ҳам адибон ва ҳам дигар зиёиёни эҷодкорро ба ин масъалаҳо ҷалб намояд.
Моҳи ноябри соли 1993 Раёсати Иттифоқ вохӯрии адибон ва зиёиёни эҷодкорро бо Раиси Шӯрои Олӣ Э. Ш. Раҳмонов ташкил кард. Суҳбати ошкоро ва самимонае баргузор шуд. Ҳамчунин моҳи октябри соли 1994 дар арафаи интихоби президент ва қабули Конститутсия дар Хонаи адибон бо номзад ба президентии мамлакат Э. Ш. Раҳмонов вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар муайян ва равшан шудани мавқеи адибони мо нақши муҳим гузошт.
2-уми ноябри соли 1994 дар бинои Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ маҷлиси ҷашнии Садоратро бахшида ба 60-солагии Иттифоқи нависандагон баргузор кардем. Гузаронидани ин ҷашн хусусан дар он айём барои пос доштани хидмати устодон, ки ин иттифоқро бунёд гузоштанд ва барои рӯҳбаландии аъзо ва эътибори Иттифоқи нависандагон хеле муҳим буд.
Баъди қабули Конститутсия ва интихоби умумихалқии Президенти мамлакат вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар рӯз то рӯз рӯ ба эътидол овард. 25-уми июни соли 1997 дар бинои Иттифоқи нависандагон ба истиқболи имзои ҳуҷҷатҳои ниҳоии созишномаи миллӣ бо иштироки адибон, олимон, намояндагони ҳукуматҳои ҷумҳуриву пойтахт ба хотири пуштибонӣ аз сиёсати Президенти кишвар ҷаласаи муҳиме баргузор шуд, ки аз тариқи телевизион намоиш дода шуд.
Раёсати Иттифоқи нависандагон на танҳо дар маҷлисҳои Садорат авзои ҷомеа ва ҳолати адабиётро баррасӣ мекард, балки дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ барои мӯътадил гардонидани вазъият, барои расидан ба ваҳдати миллӣ кӯшиш ба харҷ медод.
Раёсати Иттифоқи нависандагон барои таҳкими фаъолият ва робитаҳои байналмилалии худ пайваста мекӯшид ва соли 1991 бо Кумитаи Марказии Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ Фестивали адибони ҷавони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон ва Озорбойҷонро дар шаҳри Душанбе баргузор кард. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон яке аз муассисони Созмони байналмилалии иттифоқҳои нависандагон дар Маскав мебошад.
Роҳи адабиёти мо ба адабиёти ҷаҳонӣ фарохтар шуд. Дар Эрон ҳафт маҷмӯа ашъори шоирони мо Лоиқ, Бозор Собир, Муъмин Қаноат, Гулрухсор, Аскар Ҳаким, Фарзона, Ашӯр Сафар ба табъ расид.
Муътабартарин маҷаллаи ЮНЕСКО «Имрӯзи адабиёти ҷаҳон» намунаҳои осори адибони мо Ӯрун Кӯҳзод, Гулназар, Бозор Собир, Баҳманёр, Саттор Турсун, Аскар Ҳакимро чоп кард. Ҳамчунин як китоби ашъори Гулрухсор дар Ҳуланд ва ду китоби шеърҳои нави Аскар Ҳаким дар Амрико нашр шуд, ки ин ҳама аз густариши нуфузи адабиёти тоҷик дар миқёси байналхалқӣ шаҳодат медиҳад.
Дар Раёсати Иттифоқи нависандагон дар ин муддат ҳайатҳо ва шахсиятҳои фарҳангӣ, кормандони сафоратҳо ва меҳмонои бисёре аз кишварҳои хориҷ пазируфта шуда, бо баъзеи онҳо қарордоду муоҳидаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Бо ташаббуси Раёсат соли 1996 романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода ба озмуни «Китоби сол»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон пешбарӣ шуд ва барандаи ин ҷоиза гардид.
Рӯзҳои фарҳанги пойтахти Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ва Рӯзҳои адабиёти Россия дар Тоҷикистон, ки ҳарду ҳамон сол баргузор шуданд, аҳамияти бузурги фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ доштанд. Ҳамчунонки сафири Русия дар расми анҷоми Рӯзҳо қайд кард, ҳеҷ як аз сафару мулоқотҳои ҳайатҳои расмии Русия дар Тоҷикистон ин қадар хидмати бузург барои таҳкими иртиботи дӯстӣ ва фарҳангӣ ба ҷо наоварда буд, ки ин баргузории Рӯзҳои адабиёт ба ҷо овард.
Дар як маърӯза имкон надорад, ки тамоми самтҳои инкишофи адабиёти солҳои охир ба таҳқиқ кашида шавад, барои ин тадқиқоти махсус ва муфассал зарур аст. Дар ин ҷо ба ҷараёни асосӣ, муҳтаво ва шакли адабиёти солҳои охир ишораҳо рафт. Ҳамин тариқ аз фаъолияти гуногунсоҳаи эҷодию ташкилии Иттифоқи нависандагон низ маълумоти мухтасаре дода шуд, ки ҳамаи шумо иштирокчии бевоситаи он ҳастед ва муфассал медонед.
Дар рӯ ба рӯи мо дарвозаи асри XXI аст, биёед, ба он бо дилҳои равшан, чашмони пурмеҳр ва бо илҳоми саршору нияти нек ворид мешавем.
[1]* Маърӯза дар анҷумани ХI Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, соли 1997.