Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Мубоҳиса дар атрофи шеъри муосир, ки ба манзури кушодани чигунагии пайванди шеър бо зиндагӣ ва дарёфтани хусусиятҳои шаҳрвандии он оғоз шуда буд ва акнун, баъди якуним сол, бо суҳбати мунаққидону шоирон дар гирди мизи мунаввар ба анҷом мерасад. Мубоҳиса чиро нишон дод, кадом хусусиятҳои умдаи назми муосирро кашф кард, пайванди шеърро бо зиндагӣ дар чӣ гуна мустаҳкамӣ дарёфт ва оҳанги шаҳрвандии шеърамонро дар чӣ поя дид?
Вақте ки дар бораи шеър ва зиндагӣ сухан меронем, ба ҳар дуи онҳо назари фарохе андохта, муҳимтарин ҷиҳатҳои пайвандашонро нишон додан лозим аст. Албатта, ҷои шубҳа нест, ки шеър ба зиндагӣ бо воситаи симои инсон таъсир мекунад. Чунки дар симои инсон таассурот ва андешаҳои вай, ормони зебошиносии замон аз ҳама хубтар инъикос мегардад. Бинобар ин ҳам, оид ба пайванди шеър бо зиндагӣ сухан ронда, зарур аст, ки ба ғайр аз инъикоси хусусиятҳои муҳимтарини зиндагии муосир дар бораи инсоне, ки ин зиндагиро месозад, андеша ронда шавад. Дар шеър тарзи тасвири инсон, ифодаи ҳиссиёт ва таассурот, баёни фикру ақидаҳои ӯ хеле гуногун аст. Бо вуҷуди ин, инъикоси гуногуни хулқу атвори инсонро дар назми ҳар давра таҳлил карда, симои умумият пайдо намудаи онро ба даст овардан мумкин аст. Ин симои умумият дошта, ки дар асарҳои ғиноӣ онро бештар қаҳрамони шеъри ғиноӣ мегӯянд, дар назми муосири тоҷик ормони ахлоқию зебошиносии замонро дар худ инъикос карда, ҳозираро дар инкишофи муттасил мебинад ва тарҳи ҷаҳони имрӯзаро дар худ аён мекунад.
Ҳар насли шоирон ба зиндагӣ бо чашми худ менигарад ва онро аз рӯи таҷрибаи ҳаётию эҷодии худ тасвир мекунад. Ҳоло дар назми муосири тоҷик се насли шоирон кору эҷод мекунанд. Симои фардӣ ва маҳорати эҷодии онҳо, бешубҳа, мувофиқи талаботи замони ба адабиёт дохил шуданашон сурат гирифтааст ва аз ин рӯ, нигоҳи ин се насл ба воқеият ва зиндагӣ аз ҳамдигар фарқ дорад. Агар ба насли аввал Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода ва дигаронро дохил кардан мумкин бошад, симои фардии онҳо асосан дар солҳои сиюму чиҳилум шакл гирифтааст, ки ба давраи музаффариятҳои сохти сотсиалистӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ пурқуввату мустаҳкам шудани ҷумҳурии ҷавони мо рост меояд. Ва табиист, ки дар шеърҳои онҳо ҳарорати ситоиши зафарҳо ва бунёдкории инсон ҳамчун хусусияти доимӣ ба назар мерасад.
Насли дуюми шоирони муосири тоҷик мавқеи худро дар адабиёт дар солҳои панҷоҳум муайян кард, ки Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Гулчеҳра, Файзулло Ансорӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ва дигарон намояндагони он мебошанд. Давраи ба арсаи адабиёт қадам ниҳодани онҳо даврае буд, ки халқи шӯравӣ пас аз ғалаба ба фашизм харобиҳои ҷангро барҳам зада, хоҷагии худро аз нав барқарор мекард ва дар ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ ҳисса мегузошт.
Насли сеюми шоирони муосири тоҷик пешу қафо дар охири солҳои панҷоҳ ва аввали шаст ба адабиёт дохил шуданд, ки инҳо Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ, Бозор Собир, Салимшо Ҳалимшо, Мастон ва дигарон мебошанд. Солҳои шаст ва ҳафтод давраест, ки мавқеи шахс дар ҷамъият афзуд, худшиносии инсон амиқ рафт. Муборизаи байни ҷаҳони сотсиалистӣ ва ҷаҳони капиталистӣ тезутунд гашта, муборизаи ғоявӣ дар ин давра мавқеи аввалдараҷа пайдо кард. Ва ин хусусият ба такомули эҷодии шоирони насли сеюм таъсир накарда намонд.
Тафриқаи наслӣ ва дарёфти хусусиятҳое, ки дар замони такомули эҷодии онҳо дида мешавад, ба мисли ҳамаи тафриқаҳо як андоза шартист. Шояд ин ё он хусусияти ҷудогона ба як ё ду давра ва як ё ду насл ба тарзи муштарак мансуб бошад, аммо ин ҷо маҳз ҳамон хусусиятҳои нисбатан барҷаста ба назар гирифта шудааст.
Мақсад аз ин гуфтаҳо он чизро қайд кардан аст, ки дар мубоҳиса таҷрибаи эҷодии ҳар се насли шоирон бояд мавриди мулоҳиза қарор мегирифт ва аз ҳамин бояд пайванди бо зиндагӣ доштаи шеъри имрӯзаи мо таҳлил ва тадқиқ мешуд. Вале афсӯс, ки аз мақолаи нахустин сар карда, ин чиз сарфи назар шуд ва гуфтугӯ асосан дар атрофи эҷодиёти насли сеюм сурат гирифт.
Мақолаи якуми мубоҳиса бо вуҷуди як дараҷа хусусияти тезутунд доштан ба масъалаи пайванди шеъру зиндагӣ ва моҳияти шаҳрвандии шеъри муосир камтар дахл карда, бештар ба таҳлилҳои ҷузъӣ оид шудааст. Муаллиф дар хотимаи мақола ин кӯшиши худро як дараҷа асоснок карданӣ шуда, навиштааст, ки «... мо, чунонки дар аввали мақола хотирнишон кардем, хостем, ки фақат дар бораи як ҷиҳати алоқаи шеър бо зиндагӣ, аз ҷумла, маҳорат ва бадеият дар эҷодиёти шоирони муосир, андеша ронем. Чунки, ба назари мо, ҳалли дурусти ин масъала дар вазъияти шеъри тоҷик яке аз заминаҳои асосии инкишоф ва равнақи минбаъда ва «ба назми пуриқтидори гражданӣ» (М. Турсунзода) табдил ёфтани он мебошад».
Қайд кардан зарур аст, ки масъалаи қудрати шаҳрвандии шеър аввал мақулаи ҷаҳоншиносӣ ва баъд мақулаи бадеист. Бинобар ин, ба тадқиқи он аз назари маҳорату бадеият ва услубу жанр кӯшидан масъаларо яктарафа ба баррасӣ гузоштан аст. Вақте ки дар бораи моҳияти шаҳрвандии шеър сухан ба миён меояд, таҳлили ғоя, мазмуну муҳтаво мавқеи иҷтимоӣ ва ба дархостҳои зиндагии муосир чӣ гуна ҷавоб додани шеър аз ҳама муҳимтар аст.
Маъмулан таъкид карда мешуд, ки танқиди адабии мо ғоя ва мазмуну муҳтавои шеърро дуруст таҳлил мекунад, вале дар таҳлили хусусиятҳои бадеии он мелангад. Ин фикр ҷон дорад. Аммо маънии таҳлили ғоя ва мазмуну мӯҳтаворо дурусттар, бо тамоми ҷиддият чун таҳлиле, ки асоси назарияш равшан буда, ба асар аз мавқеи муайяни ғоявию зебошиносӣ баҳо медиҳад ва ҳақиқати ҳаётро бо ҳақиқати бадеӣ муқоиса карда метавонад, бояд фаҳмид. Вагарна таҳлили хусусиятҳои бадеии шеърро, ки аз таҳлили мундариҷаи ғоявию зебошиносии асар ҷудост, таҳлили бадеият ҳисобидан нашояд, чунонки танҳо зикри мавзӯъ ва ба тарғиби кадом ғоя навишта шудани асарро низ ҳаргиз таҳлили мазмуну мӯҳтавои асар ҳисобидан дуруст нест. Мубоҳиса нишон дод, ки аз ин ҷабҳаи таҳлил ҳам хотирҷамъ будани мо барвақт аст.
Абдунабӣ Сатторов як хусусияти муҳими шеъри муосирро дуруст қайд кардааст, ки он «бештар маъмул гардидани тарзи тафаккури эҳсоси мусалсал (ассотсиативӣ) ва номуттасил» мебошад. Ин чиз шоистаи таҳлил ва тадқиқ буд ва ҳангоми кушодани асосҳои ин хусусият яке аз роҳҳои таҳлили пайванди шеър бо зиндагӣ муайян мегардид. Мулоҳиза меравад, ин сифатест, ки маҳз замони инқилоби илмию техникӣ ба шеър ворид кард. Тафаккури инсони муосир фарох ва қобилияти эҳсоси мусалсали ӯ афзудааст. Вай метавонад, ки миёни ашё ва ҳодисаҳои аз ҳам дур ба зудӣ як монандӣ ва робитаро пайдо кунад.
Ин хусусият дар эҷодиёти Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ, Бозор Собир ба назар мерасад. Дар ин ҷо боз як чизро зикр бояд кард, ки аз назари аксари мубоҳисачиён дар канор монд. Дар рафти мубоҳиса ба достон қариб эътиборе дода нашуд. Оё дар мубоҳиса дар бораи ҷараёни шеъри имрӯз аз достон сухан нарондан мумкин аст? Ҳол он ки таҷрибаи қисме аз достонсароёни тоҷик на фақат дар адабиёти мо, балки дар миқёси умумииттифоқ ҳам эътироф шудааст.
Ғайр аз ин достон, бо махсусияти шакл ва мундариҷаи худ ҳамеша асоси мустаҳками ҳаётиро талаб мекунад ва аз ин ҷиҳат бо зиндагӣ бештар пайвастааст. Ангезаи башарие, ки дар достон зарур аст, имкон медиҳад, ки дар асоси маводи муҳими ҳаётӣ характерҳои қавӣ ва тасвири ҳолатҳои шадид ба даст оварда шавад. Барои амиқтар нишон додани пайванди шеър бо зиндагӣ ва моҳияти шаҳрвандии он таҳлили достон маводи фаровоне дода метавонист.
Мақсади ин қайдҳо аз мубоҳиса фақат камбудӣ ҷустан нест. Манфиате, ки мубоҳиса барои таҳлилу тадқиқ ва аён кардани вазъи шеърамон овард, маълум аст ва он дар аксари мақолаҳо қайд шудааст. Мақсади мо баробари зикри дастовардҳои мубоҳиса қайд кардани масъалаҳоест, ки мавриди гуфтугӯ қарор гирифтани онҳо аз ҳама заруртар буд.
Аксари муаллифон ба ҷои таҳлилу тадқиқи муҳимтарин хусусиятҳои ҷараёни шеъри имрӯз бештар ба танқиди ашъори ҷудогона машғул шуданд. Хусусан муаллифони мақолаҳои «Чанд андеша», «Шеър машъал аст», «Замини барӯманди шеър», «Розҳои маҳрамона ё сурудҳои замонӣ» худро аз ин рӯҳия халос карда натавониста, баррасии худро дар атрофи шеърҳои ҷудогона ва масъалаҳои ҷузъӣ ба анҷом расонданд. Дуруст аст, ки дар ин мақолаҳо оид ба шеърҳои ҷудогона нақдҳои хубе ҳаст, вале азбаски онҳо вазъи шеъри муосирро як андоза бошад ҳам пеши назар намеоранд, маҳдуд мемонанд.
Мақолаҳои Абдураҳмон Абдуманнонов «Сухан аз қаҳрамони ғаноӣ» (ғиноӣ, на ғаноӣ, зеро ғано сарват аст, ғино лаҳну оҳанг, ки сифати шеър аст – А. Ҳ.) Ҳамроқул Шодиқулов «Ду мавзӯи муҳими шеъри имрӯз», Абдухолиқ Набиев «Шеър гар эъҷоз бошад» ва Фотеҳ Абдулло «Барои шеъри шоистаи замон» аз ҷиҳати он ки ҷараёни шеъри муосирро каме мукаммалтар ба андеша гирифтаанд, ҷолиби диққатанд. Ҳарчанд ки ин ҷо ҳам муаллифон гоҳо ба айбҷӯиҳои ҷузъӣ рағбат зоҳир мекунанд, аммо онҳо аксаран кӯшиш кардаанд, ки мавзӯи интихобкардаашонро то қадри ҳол дар ҷараёни инкишофи шеъри муосир баррасӣ намоянд. Аз онҳо кӯшиши Абдураҳмон Абдуманнонов, ки симои маънавии қаҳрамони ғиноии шеъри муосирро ба андеша мегирад, қобили қайд аст. Махсусан, он чиз шоистаи тақдир аст, ки ӯ оид ба қаҳрамони ғиноии назми муосир сухан ронда, мехоҳад, хусусиятҳои типии ин қаҳрамонро нишон диҳад ва менависад: «Одатан ҳангоми таҳлили характери персонажҳои асарҳои эпикӣ дар бораи характерҳои типӣ сухан меронанд, вале нисбат ба қаҳрамонҳои ғаноии ашъори ғаноӣ ин истилоҳро ҷоиз намедонанд. Магар дар намунаҳои болоӣ мисолҳои барҷастаи инъикоси дунёи маънавии инсони муосири советиро намебинем? Магар қаҳрамони ғаноии намунаҳои боло типи инсони имрӯзи советӣ нестанд? Агар ҳамин тавр намешуд, дар бораи ифодаи «шаҳомати кулл дар сурати ҷузъ» сухан ҳам намерафт». Ин ҷо ҳаминро гуфтан даркор аст, ки ҳарчанд дар танқиду адабиётшиносии тоҷик дар бораи қаҳрамони ғиноӣ чун дар бораи яке аз роҳҳои таъмимӣ кунонидани хулқу атвори инсон сухан нарафта бошад ҳам, ин масъала дар танқиду адабиётшиносии халқҳои дигар кайҳо мавриди андеша қарор гирифта буд. Чунончи адабиётшиноси машҳури рус Л. Тимофеев дар баҳсе, ки аввали солҳои шастум, роҷеъ ба қаҳрамони ғиноӣ барпо шуда буд, ширкат варзида, дар бораи ин қаҳрамон чун дар бораи симои таъмимии бадеӣ ва ҷомеъ сухан рондааст. Баъд аз он ин фикр дар тадқиқотҳои минбаъда тақвият ёфта, ҷиҳаҳои тоза ва махсусиятнокии он ба андеша гирифта шуд.
Ба ин тарафи масъала диққат кардани маллиф аз он гувоҳӣ медиҳад, ки танқиди тоҷикро ҳам зарур аст, ки дар ин бора фикр кунад ва тарзу усулҳои таҷассуми хулқу атвори таъмимиро дар симои қаҳрамони ғиноии назми муосири мо муайян намояд.
Мубоҳисачиён дар баҳо додан ба хусусиятҳои шеъри муосир фикрҳои гуногун доранд, ки табиист. Масалан, Абдураҳмон Абдуманнонов «умумигӯӣ яке аз нуқсонҳои умдаи шеъри имрӯз, махсусан, лирика аст» гӯяд, Раҳим Мусулмонқулов баръакси он менависад: «Баъзе рафиқон солҳои охир ба шеърҳои умумӣ бо ҷиддияти том дарафтодаанд. Ба фикри мо, ин ҷо эҳтиёҷ ба бонги хатар нест, зеро аз як тараф ҳоло дар муҳити адабии мо шеърҳои умумӣ ҳеҷ мавқее надошта бошанд, аз тарафи дигар доираи он торафт маҳдуд шуда истодааст. Ҳоло хонанда соҳиби фазлу завқи салим аст, чизи носараро худ дур мекунад». Мубоҳиса нишон дод, ки шеъри умумӣ дар назми мо кам нест ва ҳар чи зудтар пешгирӣ кардани он яке аз вазифаҳои бетаъхири танқид аст. Ба замми ин, танқид на ин ки мунтазири «фазлу завқи салим»-и хонанда бояд истад, ки он кай чизи носараро худ дур мекунад, балки баръакс вай бояд аз хонанда пештар монеи роҳи ин гуна шеърҳо гардад, то ба ин восита барои тарбия ва такомули завқи бадеии ӯ кӯмак расонад.
Дар замони инқилоби илмию техникӣ баъзе хусусиятҳои шеър, аз ҷумла, фарохии робитаноки эҳсос ва тафаккур, шиддати азими ҳиссиёт, қувваи барангезандаи таассурот аҳамияти махсус пайдо кард. Вале моҳияти шеър ҳамчун як соҳаи ҳунар доимо устувор аст, ки он тасвири бадеии ҳаёт, ҳиссиёт ва таассурот аст. Аз ин рӯ, вай барои тадқиқи худ низ қонуниятҳои махсус талаб мекунад, ки табиаташ тақозо дорад. Ин ҳақиқати маъмулро барои он таъкид бояд кард, ки дар баъзе мақолаҳо муаллифон аз шеър хусусиятеро, ки ба завқи шахсии онҳо бештар наздик аст, талаб карданд, ки ба табиати он рост намеояд. Ин ҷо мо талаби муаллифони мақолаҳои «Чанд андеша» ва «Шеър машъал аст»-ро дар назар дорем. Муаллифони мақолаи «Чанд андеша» аз шеър «мазмунҳои фалсафӣ» ва муаллифи мақолаи дуюм «дониш» мехоҳанд. Дар назари аввал чунин менамояд, ки шеъри ҳақиқӣ бояд мазмуни фалсафӣ дошта бошад, ба дониши хонанда чизе биафзояд. Ин чиз худ ба худ боиси эътироз нест, вале тарзе ки муаллифон аз шоирон талаб мекунанд, ба табиати шеър ҳеҷ мувофиқ намеояд. Масалан, онҳо менависанд: «агар шоир шеъри комил ва ҳақиқӣ навиштанӣ бошад, онро бояд ба мантиқи фалсафӣ устувор кунад», «танҳо фикри тозаи фалсафӣ сазовори ба хотир супурдан ва ҳифз намудан аст» ва ё аҷибтар аз ҳама «истифода бурдани мазмунҳои фалсафӣ дар шеър ба хоҳиши шахсии худи шоир ва ё хонандагонаш вобастагӣ надорад...». Пурсида мешавад, ки ин чиз ба хоҳиши шоир ва хонанда вобаста набошад, пас ба чӣ вобаста аст? Ё мазмуни фалсафӣ шабаҳест, ки ба иродаи худ ҳар ҷой, ки хоҳад, пайдо мешаваду аз шоир ва хонанда вобастагӣ надорад? Ҳол он ки кори огоҳонаи шоир ва ҳамчунин талаботи хонанда аз рукнҳои асосии талаботи замон ва шеър аст.
Муаллифи «Шеър машъал аст» дархости худро чунин изҳор медорад: «Шамси Қайс гуфта буд: «Шоир - олим аст, яъне доно». Аммо ба ин илова метавон кард, ки масъулияти шоир назар ба олим бештар аст, зеро олим вазифадор аст, ки соҳаи конкретии ин ё он илми конкретиро хуб донад, вале аз адиб талаб карда мешавад, ки ба замми дониши илми назарӣ боз тамоми соҳаҳои ҳаётро ба дараҷаи аъло донад». Аммо худи муаллиф ҳам бояд мусаллам бар он бошад, ки на фақат шоир, балки бузургтарин фарзанди таърих ҳам ба ин талабот ҷавоб дода наметавонад.
Оё ба шеър ва зиёда аз ин ба шеъри ғиноӣ бо меъёри чӣ қадар дониш доданаш ба хонанда руҷӯъ кардан мумкин аст? Агар ҳол ин тавр аст, мо ба рӯи қариб тамоми мероси шеърии инсоният бояд хати бутлон кашем. Чунин тамоюли ғалат ба иваз кардани қонуниятҳои як навъи маърифати инсонӣ ба навъи дигари он, дар айни ҳол ҳунар ва илм мебарад. Маърифати шеър, маърифати дил ва ҳиссиёт, маърифати маънавист.
Як нуқси дигаре, ки вақтҳои охир дар танқид ва дар мубоҳиса ҳам ба назар расид, ин аст: мунаққидон аксаран дар нақши омӯзгори шоир арзи вуҷуд карда, ҳарчи мехоҳанд ба ӯ таълим медиҳанд ва ё ҳатто барои ин ё он асар «ресепт» (нусха) ҳам пешниҳод мекунанд. Дур наравем. Муаллифони мақолаи «Чанд андеша» ба шеъри Гулрухсор эрод гирифта навиштаанд: «Давраи кӯдакӣ бояд тавре тасвир меёфт, ки ҳамчун замина, парвозҳои ояндаи шоирони моро таъмин мекард», албатта, ин тавр шавад хуб аст, вале мунаққид ҳақ надорад, ки ба шоир маҳз ҳамин тавр навис гӯяд ва зиёда аз ин, ба муаллифон ҳам шояд маълум бошад, ки ин фақат як усули тасвир аст. Ё худ як шеъри Лоиқ ба ин тарз мавриди нуктагирии онҳо шудааст: «Лоиқ... агар масъалаи ишқи аввалро оптимистона ҳал мекард, беҳтар буд». Муаллифи «Шеър машъал аст» ба шеъри «Зарафшон меравад сӯи Бухоро» эрод гирифта, ба шоир чунин анҷом ёфтани шеърро гӯшзад мекунад: «агар шеър бо рӯҳияи оптимистона анҷом меёфт, яъне ба шукӯҳу абадияти Рӯдакӣ ва қисмати безаволи ӯ (туфайли дохили ганҷинаи маънавии халқҳо гардидани осораш) ишора мегардид, образ ҳаматарафа мукаммал мегашт ва шеър ҳусни мақтаъ пайдо карда, ғояи он ҳаётӣ ва ибратбахш мешуд». Кори мунаққид нишон додани нуқси шеър, тарафи дигараш кори шоир аст.
Дар мубоҳиса баробари баёни андешаҳои салим, ки таҳлилу тадқиқи минбаъдаи онҳо ба намудор кардани вазъи шеъри муосир кӯмак мекунанд, фикрҳои баҳсталаб ва носаҳеҳ низ пеш ронда шуданд. Имрӯз мубоҳиса ҷамъбаст карда мешавад. Худ аз худ саволе ба миён меояд, ки вазъи шеъри имрӯз чӣ гуна аст ва аз мубоҳиса чӣ муроде ҳосил шуд. Ба ақидаи аксарияти иштирокчиёни баҳс, ки онро Ҳамроқул Шодиқулов ҳам таъкид кардааст, мубоҳиса муфид буд, «назари мунаққидон ба маҷрои умумии шеъри муосир мусбат аст ва аз он ки яке зиёдтар ва дуюмӣ камтар дар он камбуиҳо дидааст, аз талабот ва завқи эстетикии онҳо бармеояд».
Мубоҳиса баробари то андозае ба андеша гирифтани муҳимтарин хусусиятҳои шеъри имрӯз нишон дод, ки вақти ба танқиди шеърамон ҳам назари танқидӣ ва мубоҳисавӣ андохтан расидааст. Инро беҳбуди кор мехоҳад.
соли 1976
[1]* Сухане дар ҷамъбасти мубоҳисаи маҷаллаи «Садои Шарқ» оид ба рӯҳияи граждании шеър.