На афғонему на турку на таторем,

Чаманзодему аз як шохсорем.

Тамизи рангу бӯ бар мо ҳаром аст,

Ки мо парвардаи як навбаҳорем.

  Ин фармудаи яке аз бузургтарин чеҳраҳои шеъри форсӣ дар қарни 20, Аллома Муҳаммад Иқбол аст. Манзури ман аз иқтибоси ин суханон ишора ба ҳавзаи бузурги фарҳангиест, ки дар Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омада, агар ҳам аз ҷониби халқҳо ва забонҳои гуногун эҷод шуда бошад, рӯҳи ягона дорад. Худ зуҳури Муҳаммад Иқбол дар замоне ва дар кишваре, ки забони форсӣ дар он фақат яке аз забонҳои роиҷ ва барои ин нобиға забони омӯхта (ғайри модарӣ) буд, сирри бузургест, ки дар «Асрори худӣ» нуҳуфта аст. «Паёми машриқ», ки аз ин кишвар бархост, на танҳо ба сарзамине, ки ба он равона шуда буд – Афғонистон – расид, балки дар гӯши ҳамаи аҳли фарҳанги Осиёи Марказӣ нишаст ва дар кишвари мағриб низ танин андохт. Ин аст тасдиқи рӯҳи умумибашарии шеъру адаб.

Дар қарни бист соҳибони забону адаби форсӣ, тоҷикон, афғонҳо, эрониён рӯ ба ҷониби Покистон, ба номи Муҳаммад Иқбол сари таъзим фуруд меоваранд, ки имконоти беҳудуди забону шеъри ҳазорсолаашонро дар гунҷоиши маъниҳои амиқи фалсафӣ, андешаҳои тозаи башардӯстӣ, оҳангҳои баланди сиёсӣ ва иҷтимоӣ бо инъикоси нозуктарин ҷилваҳои табиат нишон дод.

Қарни бист барои машриқзамин даврони шикасту бозсозиҳои бузурги таърихӣ буд, ки чархҳои оҳанинаш ба рӯи синаҳои аҳли адаб гузар мекард. Аммо тазод ин ҷост, ки даврони пурфоҷиа чеҳраҳои дурахшони адабӣ ба вуҷуд меоварад, ки қудрати тасвири фоҷиа ва ба ояндагон боқӣ гузоштани онро дошта бошанд. Муҳимтарин арзишҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва озодиву истиқлол, ки дар муборизаи халқҳои кишварҳои мо дар нимаи аввали қарни 20 ҳадафҳои сиёсӣ буданд, аз тариқи шуаро худро ба арсаи таърих оварданд, ки Маликушшуаро Баҳор, Орифи Қазвинӣ, Фаррухии Яздӣ дар Эрон, Маҳмуди Тарзӣ, Абулалии Мустағнӣ, Халиллулоҳи Халилӣ дар Афғонистон, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ дар Тоҷикистон ва Муҳаммад Иқбол дар Покистон аз пешравони онҳо буданд. Шуаро дар даҳаҳои аввали ин аср маърифатнок кардани мардумро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеа медонистанд, ки албатта дар ҳар кишвар хусусияти худро дошт, вале моҳиятан ҷараёне буд, ки расидан ба озодӣ ва истиқлолро дар роҳи маорифпарварӣ ҷустуҷӯ мекард. Ашъоре, ки дар тарғиби илму дониш гуфта шуданд, хидмати замони худро ба ҷо оварданд ва ишқ ба саводу маърифатро дар дили мардум бедор карданд. Мухотабони ин ашъор тӯдаҳои бесавод ва камсавод буданд ва бадеҳист, ки шоирон на ҳама ва на ҳамеша сатҳи баланди шеърро нигаҳдорӣ карда метавонистанд ва ба ҷои он ки мардумро ба дараҷаи худ бардоранд, ба сатҳи онон фуруд меомаданд. Шуарое чун Муҳаммад Иқбол, Маликушшуаро Баҳор, Халилуллоҳи Халилӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, ки илму ирфонро чун талаботи азалӣ ва василаи асосии камолоти маънавии инсон дарк карда буданд, онро бо сухану бофти тоза ба қалам кашиданд ва дар ин ришта ашъори олӣ ва мондагор гуфтанд.

Маърифат дарвозаҳои ҷаҳонро ба рӯи мардум боз мекунад, то ки ҳамдигарро бишносанд. Шуарои маорифпарвар низ дар тарғиби ғояҳои худ на фақат ба хазинаи дониши гузаштаи халқи хеш, балки ба мероси умумии бузургони башар рӯй меоварданд, афкори ононро ба мардум пешниҳод мекарданд, дар ситоиши онҳо шеър мегуфтанд. Дар адабиёти маорифпарварӣ тарбияти дурусти ҷавонон ва озодиву баробарии ҳуқуқи занон мавқеи калон дошт. Афкори фалсафии Волтер, Руссо, Дидро, Ҳуго ва бузургони дигар тарҷума шуда, дар кишварҳои мо ба чоп мерасиданд. Адибони Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон бештар ба афкори маорифпарваронаи хирадмандони ҷаҳонӣ муроҷиат мекарданд. Дар Ҳинду Покистон Муҳаммад Иқбол ба ёрии дониши амиқи фалсафии худ моҳияти таълимоти онҳоро ба риштаи назм мекашид, суҳбати ононро меорост, ҳамчунонки дар «Паёми Машриқ» кардааст ва на танҳо аз забони худ, балки ба забони таълимоти бузургоне чун Толстой, Кант, Ҳегел дар бораи иҷтимову сиёсат ва фалсафа суҳбат мекард ва хулоса мегирифт, ки вақт барои мубориза ва бархостани халқи муздур расида аст. Пешвои ҳаракати мардуми бостон ба Фарҳоди кӯҳкан мегӯяд:

 

Даври парвизӣ гузашт, эй куштаи Парвиз хез,

Неъмати гумгаштаи худро зи Хусрав бозгир.

 

Мубориза барои озодӣ ва истиқлол, ки дар Афғонистон дар шакли сар фуруд наовардан дар муқобили истеъмори хориҷӣ, дар Эрон ба номи инқилоби машрута, дар Тоҷикистон ба сурати инқилоби Октябр ва ҳаракати зиддимустамликаӣ дар Ҳинду Покистон ҷарраён дошт, мавзӯе буд, ки дар ашъори шуарои ин кишварҳо эҷоди ҳамоҳангӣ мекард. Абулалии Мустағнӣ дар Афғонистон бар зидди истеъмор садо дармедод:

 

Дар хонаи мо чанд бувад хонахудо ғайр?

З-ин нанг бимиреду ба ин ор бибинед.

Бастанд якояк ҳамаро даст ба гардан,

Чун чора наҷӯед ба ночор бибинед.

 

Дар Эрон ин байтҳои Маликушшуаро Баҳор вирди забонҳо буд:

Ман нагӯм, ки маро аз қафас озод кунед,

Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.

Ҷабри бедод кунад умри ҷавонон кӯтоҳ,

Эй бузургони Ватан, баҳри Худо дод кунед.

 

Садои дили пурхун ва кину ситези Садриддин Айнӣ алайҳи амирони Бухоро баланд мешуд:

 

Хоҳам ин хонаи бедоду ситам вайрон бод,

Хоҳам ин маҳкамаи ҷабр мазористон бод.

 

Ва дар Ҳинду Покистон даъвати Муҳаммад Иқбол ба гӯш мерасид ва фикрҳоро ба таҳрик меовард:

 

Гуфтанд ҷаҳони мо оё ба ту месозад?

Гуфтам, ки намесозад! Гуфтанд, ки барҳам зан!

 

Шеъри мухолифат бо замон ва эътироз ба сохти иҷтимоӣ, ки оҳанги инқилобӣ дошт, бевосита барои мардум гуфта шуда буд ва аз доираи маҳфилҳо берун омада, бо тӯдаи мардум мепайваст ва доираи интишору таъсири худро фарохтар менамуд. Матбуот, ки дар ин давра як ҷузъи муҳими ҳаёти иҷтимоӣ мешуд, низ ба ин кор мадад мекард. Шуарои дигар ниёзи ҷомеаро аз шеър дармеёфтанд ва бештар ба мафоҳиме рӯй меоварданд, ки моҳияти шаҳрвандӣ ва оҳанги иҷтимоии онҳо қавӣ буд.

Инқилоби сусиёлистӣ, ки дар даҳаи дувуми асри 20 дар Русия ба вуқӯъ пайваст ва баъдан ба Осиёи Миёна таҳмил гашт, дар аввал аз рӯи мақсадаш, ки барҳам задани сохти истеъмор ва баробарии иҷтимоӣ додан ба мардум буд, аз ҷониби шуарои мутараққии ин кишварҳо хуш пазируфта ва ба роҳбарони он шеърҳову қасидаҳо навишта шуд. Даъват ба инқилоб ва бархостан аз хоби гарон дар ашъори Муҳаммад Иқбол баланд садо дод. Ӯ дар шеъри «Аз хоби гарон хез», ки бардошти рӯҳӣ аз инқилоби Русия дошт, дар солҳои бисти қарни бистум мардуми шарқро ба бедорӣ даъват мекард:

 

Фарёд зи Афрангу диловезии афранг,

Фарёд зи шириниву парвизии афранг.

Олам ҳама вайрона зи чингизии афранг,

Меъмори ҳарам! Боз ба таъмири ҷаҳон хез,

Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез!

 

Таърих гардишҳои ғайричашмдошт, вале барҳақ доштааст. Инқилоби Русия, ки дар аввали қарн боиси пуштибонии шуарои мутараққии Осиёи Марказӣ гашта, ба муборизаҳои озодихоҳонаи ин сарзамин такони бузург дод, дар охири қарн рамзи дастдарозӣ ва истеъмор шуд, то ин ки ҳамон шеъри Муҳаммад Иқбол «Аз хоби гарон хез», ки бо илҳом аз инқилоб гуфта шуда буд, баъди ҳафтод сол барои дарҳам шикастани як давлати абарқудрат, ки он инқилоб сохта буд, дар майдонҳои Тоҷикистон боз аз нав танин андохт.

Дар солҳои аввал дар партави дастовардҳои ин инқилоб, аз он аздастдодаҳое, ки низ кам набуданд, сухан гуфта намешуд, махсусан, дар Тоҷикистон, зеро ки, аввалан, матбуот озод набуд, сониян, адабиёти мухолифат баҳои ҷон дошт. Дар кишваре ва замоне, ки хомӯш будан ва ё фаъолона ҷонибдорӣ накардан аз сохти шӯравӣ басе сарҳоро ба бод дод, аз кадом мухолифат сухан гуфтан мумкин буд?

Вале аздастдодаҳо оқибати мудҳиш ва фоҷиабор доштанд, ки дар охири аср тақрибан тоқатшикан шуда буданд. Дар фосилаи даҳ сол ду бор дигар шудани алифбо дар охири солҳои бист, аз алифбои арабӣ гузаштан ба лотинӣ ва дар охири солҳои сӣ аз лотинӣ гузаштан ба алифбои сириллик, тоҷиконро на танҳо аз мероси маънавишон ҷудо кард, балки аз бародарони ҳамзабон, ҳамфарҳангу ҳамдинашон дур андохт. Хусусияти миллӣ кам-кам аз байн мерафт, забон мекоҳид, бохабарӣ аз фарҳанги гузашта ночиз мешуд, тарҳи инсоне ба вуҷуд меомад, ки миллат надошт, инсоне буд аз асли худ кандаву ба васли дигаре норасида. Гӯё инсони ягонаи шӯравӣ эҷод мегашт, ки шиносномаи ӯ миллаташ набуда, тарзи давлатдориаш буд. Сиёсати дурӯяи давлатӣ, инсони дурӯя месохт. Шуарои кишварҳои ҳамсоя, ки давлати шӯроҳоро пуштибони озодӣ ва истиқлол ситоиш карда буданд, дигар ба эъломияҳои сулҳдӯстонаи он бовар надоштанд ва ҷои истиқболро инқилоб гирифт. Баъд аз вуруди артиши шӯравӣ ба хоки Афғонистон ҳеҷ ҷои шак ва шубҳае дар дурӯягии сиёсати ин мамлакат намонд. Устод Халилуллои Халилӣ дар канори оворагони афғон дар Покистон паноҳ ҷуст ва марсияи «Баҳори хунин»-ро навишт:

 

Дареғо, ҷамъи бедардон ба дарди мо нафаҳмиданд,

Мусалмонон ба ҳоли зори мо диданду хандиданд.

Дареғо, урватулвусқои ишқангези имонро,

Ба поси хотири кофардилоне чанд бибриданд.

Ба бунгоҳи милал даъвогарони сулҳу озодӣ,

Ба номи мо бисоте чанд густарданду бигзиданд.

Дурӯғе чанд афзуданду лофе чанд бинвиштанд,

Ду-се сатри музаввир дар хилоли сафҳа печиданд.

Зи овози ҳақиқат гӯши худро пунба бинҳоданд,

Ба оҳанги ситамкорони гетӣ пой кӯбиданд.

 

Гумони қавӣ меравад, ки ин гуна ашъори танқидӣ аз сиёсати истилогаронаи кишвари абарқудрат дар осори шуарои дигари Афғонистон ва Эрону Покистон низ буд. Аммо мо аз онҳо бо сабаби дар он замон сахт баста будани дарҳои кишвар хабаре надоштем. Ин орӣ аз ҳодиса будан боз як бори дигар собит мекунад, ки сиёсат то чӣ андоза ноустувор, беэътимод, дурӯя аст ва шоиронро ҳушдор медиҳад, ки дар баробари ҳунари ҷовидони худ ҳамеша рӯй ба арзишҳои ҷовидонии адаб дошта бошанд.

Яке аз арзишҳои бобақо, ки дар шеъри форсии кишварҳои мо умумӣ аст, шинохти ирфонии оламу одам аст. Дар асл ирфон буд, ки бо пайванд додани инсон ба ҷовидон ва кашф кардани қудрати илоҳӣ дар ӯ, ба шеър мазмунҳои таҳтонӣ бахшид ва болҳои осмонӣ бахшида, онро байни ҳунарҳои дигар оламгир кард. Ин мероси бузург, ки аз Саноиву Аттор оғоз шуда, то Муҳаммад Иқбол мерасад, дар кишварҳои ҳамфарҳанг Афғонистон, Эрон ва Покистон дастрас ва роиҷ буда, аммо, мутаассифона, дар Тоҷикистон баъд аз инқилоби Октябр бар асари тасаллути сиёсати коммунистӣ ҷои истифода надошт ва шеъри муосири тоҷик то солҳои охир аз шодобтарин сарчашмаи шӯру ҳаяҷон, шавқу мастӣ ва ақлу ишқи ҷовидон барканор монд, ҳол он ки дар Афғонистон Халилуллоҳи Халилӣ, дар Эрон Муҳаммад Ҳусайни Шаҳриёр, дар Покистон Муҳаммад Иқбол аз сарчашмаи ирфон нӯш карданд, шеъри худро рӯҳу таровати тоза доданд, инсонро, ки вакили офаридгори оламҳост, ба тамоми гаронмоягиаш ва бо лаҳну оҳанги наве, ки дархӯри замону ҷовидон аст, ситоиш карданд. Ин халоъ акнун дар шеъри муосири тоҷик шурӯъ ба пур шудан мекунад. Намунаҳое, ки аз осори шуарои ирфонӣ, чун Аттору Саноӣ ва махсусан, Мавлоно Ҷалоллудини Балхӣ дар солҳои охир ба табъ расид, баъзе аз шуаро ва махсусан, шуарои ҷавони тоҷикро ба худ сахт мутаваҷҷеҳ сохт ва ҳоло яке аз сарчашмаҳои таровиши тозаи ашъори онон гаштааст. Нақши шинохти ирфонии олам, ишқ ва муҳаббат, ақлу хиради инсон, агар дар ашъори шоирони солманду миёнсол, мисли Муъмин Қаноат ва Лоиқ ба назар мерасад, дар шуарои насли ҷавон, дар ашъори Доро Наҷот ва Фарзона мушоҳида мешавад, ки баъзан ин нақш бевосита аз Мавлоно Ҷалоллуддини Балхӣ омадааст ва гоҳи дигар ба воситаи таъсири Муҳаммад Иқбол зуҳур кардааст. Вале ин рӯйоварӣ ба ҳар васила, ки бошад, ба шеър жарфои маънӣ ва асолати сабку сухан бахшида, онро ба маҳсули ягонаи ҳавзаи фарҳанги шеъри форсизабонон қарин сохтааст.

Истиқболи байналмилалӣ аз оҳангҳои ирфонӣ, ки дар шуарои мо ба назар мерасад, на фақат дар маъниву мазмун аст, балки дар шаклу анвоъи шеър ҳам пайдост. Масалан, ривоҷи дубораи дубайтӣ дар шеъри Афғонистон дар осори устод Хилилуллоҳ Халилӣ ва дар Тоҷикистон дар эҷодиёти Лоиқ бе таъсир аз дубайтиҳои Муҳаммад Иқбол нест, ки ин ду шоир дар зери таъсири онҳо андешаҳои фалсафиву ирфонии худро дар он ҷой додаанд.

Анвои шеъри классик, аз ҷумла рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ ва ғазал барои шуарои мо умумӣ аст, вале дар ҳар кишвару ҳар шоир баста ба вежагии истеъдоди ӯ ва сабке, ки пеш гирифтааст, низ фарқ дорад. Масалан, дар Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон бештар сабки хуросонӣ доман густарда аст ва дар Ҳинду Покистон сабки ироқӣ. Вале ҳар гоҳ, ки шоири муқтадире ба вуҷуд омад, ӯ новобаста ба он, ки дар ин ё он ҳавзаи фарҳангӣ кадом сабк роиҷтар аст, таъсири файзбахши худро мегузорад. Ғазали Муҳаммад Иқбол, баробари дубайтиҳояш, ба ҳамаи ҳавзаҳои фарҳангии шеъри форсизабонон таъсиргузор буд. Дар аввали нимаи дуюми асри 20, дар Тоҷикистон, баъд аз устод Лоҳутӣ, ғазал мавқеи қаблии худро аз даст медод. Вале ду омили муҳим: аввал, дар солҳои 50 то 70 ба табъ расидани асарҳои Муҳаммад Иқбол, бо намунаҳои ғазал, ки бо рӯҳи тозаашон ва бо ҷустуҷӯҳои навини шеър ҳамоҳанг буд, шоиронро барои аз сари нав рӯй овардан ба ғазал такон дод. Сониян, нашри мунтахаби девони Соиби Табрезӣ ин таконро такрор ва пурдавомтар кард. Ғазалҳои Муҳаммад Иқбол ва Соиби Табрезӣ ба василаи шоироне, ки мафоҳиму сухан ва тасвири шеърро дар қолабҳои суннатӣ тоза кардан мехостанд, мавриди истиқбол қарор гирифтанд ва ҳатто баъзе аз шоирон, аз ҷумла Лоиқро, ки аз ҷодаи шеъри нав равон буд, водор сохт, ки роҳи шеъри суннатӣ (куҳан ва муташаххис)-ро низ дунбол кунад ва ғазал ҳам бигӯяд. Пайравии Лоиқ аз ғазалҳои Соиб аз солҳои ҳафтодум мушоҳида шуд, вале аз ғазалҳои Иқбол аз солҳои аввали эҷодиёташ – солҳои шастум - ба назар мерасад, яъне, ӯ аз Иқбол ба Соиб роҳ ҷуста аст. Соиб аз онҳост, ки Иқбол дар баробари об хӯрдан аз сарчашмаи шеъри Носири Хусраву Мавлавӣ ва Ҳофизу Бедил, аз сарчашмаи шеъри ӯ низ шодоб гаштааст, аз ин рӯ, бадеҳист, ки шеъри Иқбол ба рӯҳи шуарое, ки дар солҳои шаст дар Тоҷикистон дар паи тозаҷӯӣ буданд, бо мафоҳими тозаи фалсафа ва шахсияти инсон бештар ҳамоҳангӣ мекард. Ҳарчанд таъсир ва умумияте, ки Муҳаммад Иқбол дар шеъри форсӣ эҷод кард, фақат дар шакли дубайтӣ ва ғазал маҳдуд шуда, соири мафоҳим ва диду бофти бадеиро фаро мегирад, бо вуҷуди ин мисоле аз таъсири ғазали ӯро меоварем, ки сарчашмаи умумият собит шавад. Муҳаммад Иқбол ғазале дорад, ки дар ситези ҷони нолон ва ғамгусори ӯ бо муҳити бегонаи шавқ ва ноғамгусор бо тазоду муқобала хеле устодона нигориш шуда, бар шахсияти ҳассосу дардошнояш меафзояд:

 

Ҷонам даровехт бо рӯзгорон,

Ҷӯест нолон дар кӯҳсорон.

Пайдо ситезад, пинҳон ситезад,

Нопойдоре, бо пойдорон.

Ин кӯҳу саҳро, ин дашту дарё

Не роздорон, не ғамгусорон.

Бегонаи шавқ, бегонаи шавқ,

Ин ҷӯйборон, ин обшорон.

Фарёди бесӯз, фарёди бесӯз,

Бонги ҳазорон дар шохсорон.

Доғе, ки сӯзад, дар синаи ман,

Ин доғ кам сӯхт дар лолазорон.

Маҳфил надорад, соқӣ надорад,

Талхе, ки созад, бо беқаророн».

Дар ғазали Лоиқ на фақат ҳамин вазну қофия, балки таъбирҳо низ иқтибос шудаанд, ки аломати сахт зери таъсир мондани ӯст. Ғазали Лоиқ ҳам агарчи ба сари худ хуб аст, аммо мартабаи ғазали Иқбол аз назари мафоҳим баланду аз лиҳози ҳунар матин ва бадеътар аст. Мафоҳиме, ки ғазали Иқбол дар бар дорад, бештар улвианд ва ғазали Лоиқ заминитар аст. Бархӯрди тазоди эҳсосот дар Иқбол шадид ва дар Лоиқ оромтар аст, ки аз байти аввал пайдост.

Иқбол «Ҷонам даровехт бо рӯзгорон» ва Лоиқ «Ҷонам чӣ хоҳад аз рӯзгорон» мегӯяд, ки аз ҳамин мисраъ оҳанги давоми шеър, дар шеъри аввал оҳанги мубориза бо рӯзгор ва дар шеъри дувум оҳанги хоҳиш аз рӯзгор ба гӯш мерасад. Ғазали Иқбол бо истиораи худ хеле бадеъ аст, ки ҷони худро ба ҷӯи нолон ва зиндагиро ба кӯҳсорон, ки пойдори ноғамгусор аст, монанд мекунад. Хоҳиши Лоиқ аз зиндагӣ ба ин шакл зоҳир мешавад, ки камтар тасвирӣ ва бештар зикрӣ аст:

 

Ҷонам чӣ хоҳад аз рӯзгорон,

Навбатгузорӣ бо ҳақгузорон.

Бо сӯзи пинҳон ёд оварам ман,

Аз ашки ёрон, дар рӯзи борон.

Бо худ ситезам, бе худ ситезам,

Коре надорам бо кинадорон.

Чун тангчашмон дунё наҷӯям,

Қисмат кунам дил, бо дилфигорон.

Дар синаи ман ҷӯшад ҳамеша,

Сад корзоре бе корзорон.

Одам ғанимат, ҳар дам ғанимат,

Эй ҳамнасибон, эй ҳамҷаворон.

 

Дар байни ғазалҳои Лоиқ боз ин гуна монандиҳоро пайдо кардан мумкин аст, аммо моҳияти масъала дар ин аст, ки шоири тоҷик низ мекӯшад то аз он дидгоҳе, ки аллома Иқбол ба оламу одам менигарад, назар андозад, аммо ин дидгоҳ дастрасии фалсафии соҳибназарашро мехоҳад. Таъсири файзбахши Иқбол дар шеъри нимаи дувуми асри 20-уми тоҷик муҳимтар ва густардатар аз монандиҳои зоҳирӣ аст. Он аз лиҳози мафоҳим асосан дар шинохти мавқеи навини инсон дар ҷаҳони имрӯз, эътиқоду маънавиёти вай намоён аст. Аз назари сабк, дар таровати образҳо ва ё маънидоди тозаи образҳои анъанавӣ ва дар фасоҳату балоғати сухан ҳувайдо мешавад. Ин умумиятро, ки аз чашмаҳои таҳтонии шеъри Иқбол об мехӯрад, дар осори Муъмин Қаноат метавон дид. Дилбастагии Муъмин Қаноат ба анвоъи шеъри классики арӯзӣ ва махсусан, оҳангнок гуфтани шеър ва асолату матонати сухан, аз сифатҳоест, ки шеъри ӯро бо шеъри Иқбол наздик мекунад.

Аз ин лиҳоз агар ба достонҳо ва маснавиҳои Қаноат, масалан, ба « Гаҳвораи Сино » назар дӯхта шавад, хусусияти сабки маснавиҳои Иқбол, махсусан, «Ҷовиднома»-ро ба хубӣ дарёфтан мумкин мумкин аст. Иқбол бузургу тавоност ва ҳар шоире аз ӯ чизеро меҷӯяд, ки дархӯри мақсадҳои эҷодиаш бошад, ҳамчунонки Муъмин Қаноат дар шеъри «Хиёбони Иқбол» мегӯяд:

 

«Яке офтобу яке соя ҷӯяд,

Барояд чу хуршеди тобони Иқбол».

 

Ошноӣ бо осори Иқбол аз нимаи дувуми солҳои панҷоҳ ба баъд фаро расид. Миршакар аввалин бор дар Тоҷикистон намунаи ашъори ӯро ба чоп расонд. Шеърҳои худи ӯ низ сифатҳои тозаи фалсафӣ ва ҳикматписандӣ пайдо кард, ки қаблан ба назар намерасид. Истилоҳоте, ки дар шеъри Иқбол барои ифодаи афкори ирфонӣ ва фалсафии ӯ бештар истифода мешуданд, монанди ишқ, орзу, ҷустуҷӯ, амал, мавҷ, дарё, сӯзу соз, замину макон, махсусан, дар шеърҳои солҳои 70 то 80-уми Миршакар ҳам, на фақат ба маънии луғавӣ, балки барои ифодаи маъниҳои фалсафии ҳикматписанд ба кор рафтанд:

 

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,

Зиндагиро орзу ширин намуд. –

 

гуфтани Миршакар бешубҳа маҳсули илҳом аз Иқбол аст, ки ӯ орзуро ба ин маънӣ ва даҳҳо рангу тобиши гуногун тавсиф кардааст. Миршакар, ки дар асл шоири ҳамосагӯй ва ашъори ҳаҷман бузург аст, зери таъсири Иқбол, ки дар дубайтиҳо, қитъаҳо ва байтҳо низ афкори ҳикматписанду фалсафии худро ҷойгузин мекард, ба шеърҳои кӯтоҳ рӯй овард. Масалан, аз ашъори «Дил ҷаҳони орзуст» , «Офариданд туро», «Наззораам доим ба пеш» он умумияти мазмунӣ намудор аст, ки бо таъсири Муҳаммад Иқбол дар шеъри қарни 20-уми форсӣ доман паҳн кардааст. Аз ин шеърҳо «Наззораам доим ба пеш» дар ҷавоби мисраи шоири маъруфи афғон Бориқ Шафеӣ «Мавҷ шав, аз худ баро, Бар дӯши тӯфон сайр кун» гуфта шудааст, ки дар ин мисраъ ва дар тамоми эҷодиёти Бориқ Шафеӣ ҳам оҳанги ошнои Аллома Иқбол ба гӯш мерасад. Агар шеъри барномавӣ маъмулан мақсаду мароми шоирро аз кори эҷод ифода кунад, пас мароми шоирии Бориқ Шафеӣ, ки дар шеъри барномавии «Ман»-и ӯ баён шудааст, дар зери таъсири файзбахши Аллома Иқбол сурат гирифтааст. Дар ин шеър қариб ҳамаи таъбирот ва образҳо – чашм, ҷустуҷӯҳо, рангу бӯҳо, офтоби орзуҳо, ҳастӣ, баҳри нопайдоканор, мавҷи беқарор, ахтари шабзиндадор ва ғайра, ки аз таъбироту образҳои асосии шеъри Иқбол ҳастанд, барои бозгӯии ҳамон маъниҳову мазмунҳо ва бо ҳамон услуб, ки ин аллома дошт, ба кор рафтаанд. Ду банди аввалро нақл мекунем:

 

Киям ман? Нури чашми ҷустуҷӯҳо,

Киям ман? Сурмасози рангу бӯҳо.

Дилам зебопарасти базми базми ҳусн аст,

Равонам офтоби орзуҳо.

Ду чашми равшани ҳастистам ман.

Киям ман? Баҳри нопайдоканоре

Дил андар сина мавҷи беқароре

Ба оғӯши фурӯғи гавҳари ишқ,

Ҳарифи ахтари шабзиндадоре

Гар ин гавҳар набошад, нестам ман».

 

Шеъри Бориқ Шафеӣ бо таъсирбардорӣ аз маъниву мазмун ва диду бофти шеъри Муҳаммад Иқбол суруда шудааст. Ва ин ҳолат дар саросари эҷодиёташ ҳис мешавад. Вале дар шеърҳои «Бархез», «Баҳори орзу», «Бархез тӯфон ту астӣ» махсусан, ба ҳадди аъло намудор аст ва умумият, ба ҳам қаробат доштан, мароми эҷодии ду шоирро, ки нерӯи инсон, инқилобу озодӣ, баробариву истиқлолро ситоиш мекунанд, нишон медиҳад.

Даромехтагии оҳангҳо дар эҷодиёти шуарои кишварҳои мо на танҳо дар мавзӯъҳо ва мазмунҳои умумӣ, балки дар мавзӯъҳое, ки дар онҳо ба ҳамдигар баҳс мекунанд, низ зоҳир мешавад. Муҳаммад Иқбол дар аввали қарн барои қувват бахшидани таълимоти исломии худ аз ҳамаи чизи ғайри арабӣ даъват ба фаромӯшӣ мекард, ки ин маънӣ дар силсилаи ашъори «Забури Аҷам» ва «Армуғони Ҳиҷоз»-и ӯ пайдост. Вале дар нимаи дувуми қарни бист дар Эрон ва Афғонистону Тоҷикистон иштиёқ ба таърихи аҷамӣ пурзӯр мешавад, ки дар осори Аҳмади Шомлу, Ахавони Солис, Нодири Нодирпур дар Эрон, Халилуллоҳи Халилӣ, Абдулҳақи Орзу, Бориқ Шафеӣ дар Афғонистон ва Муъмин Қаноат, Лоиқ ва Салимшоҳ Ҳалимшоҳ дар Тоҷикистон нақши барҷастае дорад ва ҳоло мавзӯест, ки дар байни эҷодиёти шуарои кишварҳои мо ҳамоҳангӣ ба вуҷуд меоварад.

Умумияти дигаре, ки аз ин татаббӯъ ва ё мунозираҳо ба миён меояд, дар мавзӯи инсон ва қисмати ӯ дар рӯи замин аст. Ин мавзӯъ дар шеъри классик ва муосири мо асосан ба ду тариқ тасвир мешавад, ки яке назари инсони инқилобгар, тавоно ва фармонравои қисмати худ, дигаре инсони мутеъ, нотавону бандаи тақдирро муҷассам менамояд. Баъзан дар эҷодиёти як шоир баста ба ҳолатҳои гуногуни рӯҳӣ ва ё дигаргунии назари ӯ ба мавқеи инсон, аз ҳардуи ин тарзи тасвир истифода мешавад.

Мирсаид Миршакар яке аз шеърҳои худ «Мағрур наям»-ро ҳамчун назира ба як рубоии устод Халилуллоҳи Халилӣ навишта аст, ки аз лиҳози шинохти моҳияти инсон, ба он мубоҳиса ва муқобила мекунад.

 

Эй ғарра ба ин, ки даҳр фармонбари туст,

В-ин моҳу ситораву фалак чокари туст.

Тарсам, ки туро чокари худ пиндоранд,

Он мӯрчагон, ки ризқашон пайкари туст.

 

Мебинем, ки дар ин ҷо сухан аз инсони нотавону мутеъ нест, сухан аз инсонест, ки моҳу ситораву фалак чокару даҳр фармонбардори ӯст, аммо сухан аз ин аст, ки ӯ ба ин фармонравоӣ ғарра нашавад, ки фардо оқибати кор чунин хоҳад шуд, ки шоир мегӯяд ва аз он гурез нест. Дар айни ҳол Миршакар оҳанги мубоҳиса бо ин рубоиро дорад, ки мегӯяд:

 

 

Ман одамаму ғурур дорам, лекин

Мағрур наям, ки даҳр фармонбари ман,

Як ҷаъбаи устухонаму косаи хун

Дар сина ниҳон дили умедовари ман.

Муштоқи ҳаётаму сарояндаи ишқ,

Пур аз маи орзу бувад соғари ман,

То зинда манам, талош дорам, ки шавад,

Ин моҳу ситораву фалак чокари ман,

Бигзор, ки чокарам бихонад паси марг,

Мӯре, ки шавад рӯзии ӯ пайкари ман.

Таърихи шеър нишон медиҳад, ки дар замонҳои сахту душвор ва шикастҳои иҷтимоӣ, давраҳои фаҷеъ, вақте ки мардум аз беҳбуди авзои ҷомеа ноумед мешаванд, дар шеър, ки аз анвои эҳсосии адабиёт аст, оҳанги мадад хостан аз қувваи мовароӣ, такя овардан ба Худованд, таҳкими имону эътиқод бештар ба гӯш мерасад. Бешубҳа, баъзан ин ҳолат баста ба авзои рӯҳии фарди шоир ҳам рух медиҳад, вале замони фоҷиаҳои иҷтимоӣ низ то як андоза ҳамин ҳолатро доранд. Вақте ки инсон худро дар бартараф кардани мушкилот нотавон мебинад, аз дину имону Худованд мадад меҷӯяд, то шахсияти ноқиси худро ба камолот бирасонад ва ба ин роҳ аз буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ раҳоӣ ёбад. Дар ин айём шуаро бештар ба маърифати илоҳӣ, дарёфти Қуръону ҷавҳари ислом машғул мешаванд, ки камолоти маънавиро ба даст оваранд. Дар солҳои охир бар асари ҷангҳои дохилии бародаркушу истиқлолталабии Афғонистону Тоҷикистон, махсусан, аз бовари мардум ба ояндаи амн ва обод сохтан коста шуда, дар рӯҳияи шуаро оҳанги яъсу ноумедӣ боло гирифт. Онҳо ислоҳи ин вазъро дигар аз қудрати инсонӣ берун дониста, ба тавфиқи Худованд умед бастанд. Устод Халилӣ дар ашъори солҳои охир, масалан, дар дубайтиҳояш, ки дар ғурбат офарида шудаанд, мегӯяд:

 

Илоҳо, ҳар чӣ шоён аст, он кун.

Намегӯям чунин кун ё чунон кун.

Чӣ донад банда асрори худоӣ,

Худоё, ҳар чӣ мезебад, ҳамон кун...

 

Худовандо, ба тифли мо бибахшой.

Ба ин лабташнагон раҳме бифармой.

Ту гови шохзан бисёр дорӣ,

Ба гови ширдеҳ, ё Раб, бияфзой!

 

Дар ин замона шуаро бештар ба китоби илоҳӣ – Қуръони азиммушаън руҷӯъ мекунанд, табобати касолати замони худро аз он меҷӯянд ва аксар ба ин ақида мерасанд, ки дар такомули шахсияти инсон бояд кӯшид.

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи шуаро ба имону эътиқод ва таълими ислому ирфон з-он сабаб аст, ки солҳои тӯлонӣ ин соҳаҳои маърифати инсонӣ дар қафаси маҳдудияти сахте буданд ва имкони густардагӣ надоштанд. Адабиёт, ҳамчун қисмати мафкураи ҷамъиятӣ, даҳрӣ буд, ҳоло баъд аз истиқлол дар натиҷаи даст ёфтан ба таълимоти ислом он ташнагии чандинсола шодоб мешавад, шуаро ин таълимотро барои камолоти маънавии инсон ба кор меандозанд. Ҳоло он хусусияте, ки Абдулғафури Орзу, шоири Афғонистон дар шеъри худ қайд мекунад ва мегӯяд: «Шеъри касоне, ки аз ислом илҳом мегиранд ва ҳадиси Қуръонро низ дар шеърашон меоваранд ва касоне, ки ҷавҳари шеърашон ислом аст, аммо ҳадису Қуръон дар сурудаҳояшон бозтобе намеёбад» дар шеъри тоҷик низ ба зуҳур меояд, ки мисолашро дар шуарои нисбатан ҷавонсоли тоҷик пайдо мекунем. Инкишофи ин равия дар солҳои охир, дастрас шудани осори шуарои сӯфия, махсусан, Ҷалоллудини Румӣ, яъне ба ҳуруфи сирилик чоп шудани онҳо низ таъсири файзбахше кард. Ва дар бархе аз шуарои мардуми мо, ки исломӣ ҳастанд, новобаста ба авзои сиёсиву иҷтимоии кишварҳоямон, чароғи ислом дар замирашон равшан буда, ба эҷодиёташон нур меафканад. Осори Муҳаммад Иқбол, Муҳаммад Ҳусайни Шаҳриёр, Халилуллоҳи Халилӣ аз ин шӯъла дурахшон аст, ки гӯшаҳои қалби муслиминро равшан дошта, онҳоро барои расидан ба маърифату камолоти инсонӣ роҳ менамояд:

 

Ба табобате, ки донӣ, бифирист дарди ишқам

Ба илоҷи бетабибиву давои бедавоӣ.

Ба хулуси хилвати шаб, ки барор сар зи хобам,

Ба сафои асфиёву ба валои авлиёӣ.

Дари боргоҳи нозам бикушо ба рух, ки он ҷо,

На ниёзи худфурӯшӣ, на намози худнамоӣ.

Чи мақоми кибриёӣ, ки фақири хоксораш,

Сари сарварӣ барорад ба мақоми кибриёӣ.

Ман агарчи бандагиро ба Худо расонда бошам,

Ҳама бандаам, Худоё, ба ту мерасад худоӣ.

Ба каманди худ, ки сайди дили ошиқони мискин

Бинавоз аз он асирӣ, бираҳон аз он раҳоӣ.

Ба ситорае саҳар кун раҳи водии шаби ман,

Ки сапеда сар барорам ба диёри рӯшноӣ.

 

Ҳоло авзои Тоҷикистон аз ҷиҳати иҷтимоу маънавиёт сахт беҳбуд мехоҳад, бинобар ин тамҳиди ислом дар шуарои тоҷик ҳам ниёзи иҷтимоӣ аст ва ҳам эҳтиёҷи маънавии ҳар шоир, ки мехоҳад дар такомули шахсият саҳме бигузорад ва ин азм ба ҳар сурат, гоҳе ба дуо, гоҳе ба хоҳишу орзу ба забон меояд.

Дар ояҳои 31 ва 32-и сураи «Сод»-и Қуръони маҷид бо ишора ба ҳазрати Сулаймон омада аст, ки «Он гоҳ, ки ба ҳангоми аср аспони тезравро, ки истода буданд, ба ӯ арза карданд, гуфт: ман дӯстии ин аспонро бар ёди Парвардигор баргузидам, то офтоб дар пардаи ғуруб пӯшида шуд» ва дар зимни ин қиссаест, ки ҳазрати Сулаймон дар машғулӣ ба аспоне, ки ба ӯ ҳадя шуда буданд, намози асрро қазо мекунад ва аз Худованд илтиҷо менамояд, ки хуршеди ғурубкардаро бозгардонад, то ӯ намози хешро адо бикунад ва Худованд ин илтиҷоро ба ҷо меоварад. Ва банда ҳам ба хоҳишу орзуе, ки меҳри ғуруб карда, бадар ояд ва боз ба сари мо нурафшон бошад, ин рубоиро гуфтаам, ки хотимаи суханам хоҳад буд:

 

Яктост Худо, яке Худои ман ҳам.

Шояд, ки варо бувад ризои ман ҳам.

Эй меҳри ғурубкарда, оё як шаб

Вопас бадар оӣ ба дуои ман ҳам.

Соли 1996