Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Дар чанд соли охир он ҳарфи бисёр маъмул, ки доимо аз минбарҳо садо медод, яъне дар мо танқид нест, дигар ба гӯш намерасад. Ин аломати шинохтан ва эътирофи танқид аст. Бешубҳа, он ибора дар вақташ ҳам на ба маънои танқид тамоман нест, балки суст аст, истифода мешуд.
Дар ин чиз, ба фикри мо, мартабаи танқидро баланд шинохтан, ҷиддияти тамоми онро дарк кардан барин як маъно ҳаст, чунки бо сустии жанрҳои дигар муросо карда шавад, сустии танқид ҳаргиз қобили муросо нест, чунки масъулияти он дар назди ҷамъият ва адабиёт бисёр бузург аст.
Хонандагон мунтазир мешаванд, ки баҳои танқидро ба ин ё он асар бидонанд. Ва зимнан бояд гуфт, ки муаллифони асарҳо ҳам ба ақидаи танқид беалоқа нестанд, чунки танқид аксаран ва асосан нисбат ба асар афкори ҷамъиятиро ба вуҷуд меоварад ва мавқеи онро дар ҷараёни адабӣ муайян менамояд. Ба ибораи дигар, ҳоло маъруфияти асар дар байни хонандагон аз баҳои мунаққид сахт вобастааст.
Ҳаёт, чунонки ба адабиёт вазифаҳои муҳимтарини ҳалталабро медиҳад, аз танқиди адабию бадеӣ ҳам ҳалли он гуна масъалаҳоро тақозо мекунад. Дар ин солҳо хеҷ асари шоистаи таваҷҷуҳ, асаре ки масъалаҳои муҳими рӯзгори моро бардошта, ба ҳаёт фаъолона мудохила карда, дар ҳаёти адабии мо ҳодисаи гуворое шуда бошад, аз назари танқид дур намондааст. Танқид ба ҳамаи онҳо фақат каме зудтар ва ё дертар баҳои сазовор дода, мавқеи онҳоро дар ҷараёни адабӣ асосан муайян намудааст.
Танқиди адабӣ ба масъалаҳое дахл кард, ки таҳқиқи онҳо дар адабиёти замонӣ аҳамияти дараҷаи аввал доштанд. Онҳо тасвири симои ҳамзамонон, фаъолиятмандии қаҳрамон ва мавқеи нависанда, имконоти реализм, ҷустуҷӯи маънавию ахлоқӣ дар шеър, инкишофи ҳуҷҷатписандӣ дар адабиёт барин масъалаҳое буданд, ки ҷиҳатҳои минбаъдаи инкишофи адабиётро дар бар мегирифтанд.
Асарҳои солҳои охири мунаққидон ва адабиётшиносон М. Шукуров, Р. Амонов, А. Сайфуллоев, Р. Ҳодизода, С. Табаров, Л. Демидчик, М. Муллоҷонов, Ҳ. Шодиқулов, Ҷ. Бақозода, А. Сатторов, ки ба ин масъалаҳо бахшида шуда буданд, хусусиятҳои асосии ҷараёни адабиро муайян карданд. Дар мақолаҳои онҳо аҳамияти ғоявӣ, хусусияти бадеӣ, мазмуну мундариҷаи асарҳо дар пайвастагӣ бо адабиёти муосир ба тадқиқ меомад.
Дар солҳои охир мақолаю тақризҳои як гурӯҳ мунаққидони тоҷик дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои «Литературная газета», «Дружба народов», «Вопросы литературы», «Литературное обозрение» ба табъ расиданд, ки масъалаҳои адабиёти замонии тоҷикро бо ҳамбастагии адабиёти халқҳои дигар тадқиқ мекарданд. Ин аломати баланд шудани савияи асарҳои танқидист. Акнун ба он муваффақ шудан зарур аст, ки асарҳои танқидии мо дар нашриётҳои умумииттифоқӣ ба шакли китобҳои алоҳида чоп шаванд.
Адабиёт дар солҳои охир ба мавзӯи замони ҳозира бештар майл мекунад. Кӯшиши он барои офаридани симои қаҳрамони ҳамзамон ва тасвири масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ фаъолтар мешавад. Аз деҳқонон ба вуҷуд омадани синфи коргар, ба пахтакори номӣ мубаддал шудани мардуми кӯҳнишин, аз хонашинӣ то пешоҳангии ҷомеа расидани занон, аз ҷумлаи ҳодисаҳои муҳими зиндагӣ буданд.
Ин ҷараён ва боз баъзеи дигар ҳамин гуна ҷараёнҳо ҳоло давом доранд, дар давраи инкишоф ва ташаккул мебошанд ва табиист, қисмати мардуме, ки онҳоро ин ҷараён фаро гирифтааст, ба монанди худи ҷараён ба охирин нуқтаи ташаккул нарасидааст. Аз ин рӯ, хулосаҳои пешакии тайёр ҳам нестанд. Дар ин маврид, ки адабиёт бо ҳодисаи дар ҷараён сари кор дорад, вай бештар ба таассуроти зинда, дарки эмотсионалии зиндагӣ такя мекунад ва аз эҳсосоти қолабӣ мегурезад. Дар ин маврид танқид, ки барои он ҳам ин ҷараёнҳо наванд ва он ба тақдири одам чӣ гуна асар гузоштани онҳоро дар адабиёту дар ҳаёт дар муқоиса месанҷад, бо адабиёт мубоҳисакунон хулосаҳои худро мебарорад.
Аз ин ҷиҳат мақолаҳое, ки аз фаъолиятмандии иҷтимоии қаҳрамон, таносуби амалиёт ва андеша дар симои ҳамзамонон, консепсияи инсон барин проблемаҳо баҳс карданд, маҳз ба он масъалаҳо мудохила доштанд, ки адабиёт ба онҳо ҷавоби тайёре надошт. Дар ин ҳолат ҳақиқат дар мубоҳисаи адабиёту танқид аён мешуд. Ва бисёр хуб аст, ки танқид дар он ҳолат худро ба сифати мураббии аз ҳама чиз огоҳ вонамуд насохта, худдонамоии нобарҷо накарда, дар тадқиқи онҳо баробари адабиёт фикру андеша мекард.
Мубоҳисае, ки дар атрофи масъалаи қаҳрамони замон ва инкишофи наср дар Москва дар шӯрои адабиёти тоҷик шуда гузашт, дар мисоли таҳлили эҷодиёти се нависандаи сабку услубашон гуногун – Юсуф Акобиров, Сорбон ва Саттор Турсун нишон дод, ки як мақсади эҷодӣ – тасвири қаҳрамони фаъолиятманд бо чӣ роҳҳои гуногун амалӣ шуданаш мумкин аст. Ҳар яки ин нависандаҳо ба ин масъалаҳо ҷавобҳои худро доштанд, ки аз муҳити муайян ва ҳодисаҳои ба тасвир гирифтаашон бармеояд. Танқид мақсад ва услуби эҷодии ҳар муаллифро ба инобат мегирифт, дар эҷоди образи инсони фаъол то чӣ андоза муваффақ шудани онҳоро муайян менамуд.
Доираи тасвири адабиёт ҳар қадар васеъ бошад, чашмандози танқид ҳамон қадар фарох мешавад. Адабиёт ҳоло мавзӯъҳои таърихиро ба хизмати имрӯз мекашад, ки танқид ҳам ба тадқиқи масъалаи таърихӣ ва замонии адабиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Дар танқиди адабиётҳои дигар ба ин масъала ақидаҳои гуногун изҳор мешаванд, ки танқиди мо ҳам истисно нест. Баъзан моҳияти замонии адабиётро фақат дар тасвири мавзӯи рӯз, офаридани симои ҳамзамонон ва ё таърихи начандон дур мебинанд. Мавзӯи рӯз барои офаридани асарҳое, ки саҳми ҳамзамононро дар таърихи имрӯзаи мамлакат нишон диҳад, меҳнат, мубориза ва орзую ниятҳои онҳоро таҷассум кунад, аҳамият ва имконоти бузурге дорад. Шубҳа нест, ки инкишофи адабиёти реалистӣ маҳз бо ҳамин роҳ давом хоҳад кард.
Аммо фаромӯш набояд кард, ки на фақат инсон, балки ҷамъияти инсонӣ ҳам танҳо бо имрӯз зинда нест. Вай ба гузаштаи худ алоқаҳои аёну ноаён, вале бисёр мустаҳкам дорад. Ҷаҳони маънавии инсони муосир бисёр фарох ва амиқ аст, дар паҳнои уфуқи он на яку ду аср, балки чандин асрҳо гунҷоиш меёбанд. Аз ин ҷиҳат, ҳамаи он чизе, ки ҷаҳони маънавии инсони замони моро фароҳам меоварад, дар доираи мубодилаи маънавии он мебошад, аҳамияти замонӣ пайдо мекунад.
Моҳияти замонӣ доштани мавзӯъҳои таърихро ошкор кардан ҳар қадар муҳим бошад, таърихро бетаҳриф ба он муносибати таърихӣ карда, ба тасвир гирифтан аз он ҳам муҳимтар аст. Усули таърихияти адабиёти реалистӣ на фақат дар он аст, ки ҷузъиёт, маишати давраи таърих, ки ба тасвир меояд, пурра ва содиқона ба қалам кашида шавад, он талаб дорад, ки бо нишон додани дигаршавии иҷтимоии воқеият пеш аз ҳама ҳаракати пешравандаи ҷамъият, такомули инсон дар маркази тасвир қарор ёбад.
Ин дурнамои инкишофи ҷамъият ва инсон дар асарҳои ба таърихи куҳан ва навин бахшидаи адибони тоҷик Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ, Юсуф Акобиров, Муҳиддин Хоҷаев ва дигарон равшан ва ба тарзҳои гуногун ба қалам кашида шудааст. Дар асарҳои онҳо, ки ин дурнамо ҳамеша дар назар дошта мешавад, мушкилӣ, задухӯрдҳое, ки дар ин роҳ ба миён меоянд, симои қаҳрамонҳои онҳоро барои зафари ғояҳои олии инсоният равшан ва мукаммалтар зоҳир менамоянд.
Танқиди адабӣ масъалаи таърихиятро дар асарҳои солҳои охир асосан дуруст ба тадқиқ гирифт ва моҳияти онро, ки дар интихоб ва тасвири муҳимтарин воқеаҳои таърих, муносибати серҷиҳатаи онҳо аён мешавад, муайян намуд, вай нишон дод, ки дар ин кор мавқеи ғоявии муаллиф бисёр муҳим аст.
Дар ҳамин ҷо мехоҳам ду ақидаи нодурустеро, ки вақтҳои охир дар танқид ривоҷ мегирад, зикр кунам. Он дар танқиди шеър бештар зоҳир мешавад.
Яке аз онҳо моҳияти ашъори гражданиро яктарафа маънидод кардани он мебошад. Баъзан чунин ба назар мерасад, ки мунаққидон шеърҳои манзара, ошиқона ва розҳои камаҳамияти худиро ба ҷумлаи ашъори шаҳрвандӣ медароранд ва мегӯянд, ки шеъри манзара касро ба табиат дилбанд кунад ва ё ҳиссиёти ошиқона касро фаро гирифта, ҳамдил созад, хизмати шаҳрвандӣ мекунад. Вале ин ба шеъри шаҳрвандӣ он қадар муносибат дорад, ки об бо равған.
Мубоҳисае, ки маҷаллаи «Садои Шарқ» (1975, №10) бо мақолаи А. Сатторов «Шеър ва зиндагӣ» оғоз карда буд, мебоист ба ин масъала диққати ҷиддӣ медод, аммо дар он ҳам ин оҳанг бисёр пасту хафиф буд.
Зиёда аз ин, дар худи мақолаи А. Сатторов моҳияти иҷтимоии шеър дар маҳорат ва бадият маънидод шуда, категорияи ғоявӣ ба категорияи эстетикӣ табдил гардидааст. Мо талаби мунаққидро барои маҳорат ва бадеияти шеър бо тамоми ҷону дил қабул дорем, аммо онҳоро чун хусусиятҳои асосии шеъри шаҳрвандӣ қаламдод карданаш ҳаргиз қобили қабул нест.
Рафтори нодуруст ба категорияи ғоявӣ касро зуд ба натиҷаи номатлуб мерасонад, чунонки ин ҳолат ба А. Сатторов дар мақолаи мазкур рух додааст. Масалан, муаллиф як рубоии шоири гузаштаро чун намунаи аъло оварда, навиштааст: «Рубоии зерин, ба назари мо, камоли ҳунар дар шеър аст. Таносуби комили лафзу маънӣ ва лаҳну оҳанг онро ба суруд, ба мусиқӣ бадал кардааст.
Кай бошаду кай бошаду кай бошаду кай,
Ман бошаму вай бошаду ҳам косаи май.
Вай аз лаби ман нӯшаду ман аз лаби вай,
Вай маст зи май гардаду ман маст зи вай.
Афсӯс, ки ин қабил рубоиву дубайтии зебою шево дар эҷодиёти бисёр шоирони муосир, ки ба гуфтани ин навъҳои шеърӣ майл доранд, ба назар намерасанд». («Садои Шарқ», 1975, №10, саҳ. 128). Ба назари мо, фирефтаи суханбозии маҳз шудани муаллиф чунон ба назар аён аст, ки шарҳу баён ҳам ҳоҷат надорад ва баръакс, бисёр ҳам хуб аст, агар ин гуна шеърҳо дар эҷодиёти шоирони мо ба назар нарасанд.
Дигар ҳолати ба ҳамин монанд дар тафсири «ман»-и лирикии шоир низ ба назар мерасад. Қисме аз мунаққидон дар ҳар «ман»-и шоир ғунҷоиши «манҳои» бисёреро мебинанд ва шоирро бовар мекунонанд, ки «ман»-и ту «ман»-и умумиҷаҳонӣ ва бисёр пурмазмун аст. Онҳо «ман»-и танҳои шоирро қариб объекти ягонаи тадқиқ қарор медиҳанд.
Дар натиҷа худҷӯиву манхониҳо ба дараҷаи ифрот расидааст, ки як зумра шоирон ба ҷуз худашон дигар касеро намебинанд. Онҳо, ба ҷои он ки ба олами дигарон ғӯта хӯранд, танҳо ба худ фурӯ мераванд ва аз ин сабаб ашъоре, ки симои мардуми дигарро ба тасвир гиранд, ками дар каманд. Мо дар ин ҷо ҳаргиз ба худ фурӯ рафтани шоирро манъ карданӣ нестем, аммо таъкид мекунем, ки ин кор он вақт натиҷаи дилхоҳ медиҳад, ки шоир дар худ дигаронро ҳам ҷо дода бошад. Дигаронро фаро гирифтан он вақт муяссар мешавад, ки шоир ба қолаби онҳо дарояд, дилу ҷони онҳоро ҳис кунад.
Ин маҳдудиятро боз А. Сатторов, вале ин дафъа дуруст таъкид карда, дар яке аз мақолаҳои ба эҷоди ҷавонон бахшидааш, чунин менависад: «Гӯиё барояшон (шоирони ҷавон – А. Ҳ.) ҳеҷ гуна олами берунае вуҷуд надорад, фақат дар ғами маҳбубаи тасаввурии худ ва пойбанди фикру хаёлоти романтиконаи мағшуше ҳастанду бас. Мисли он ки онҳо дар як холигоҳе зиндагӣ доранду аз он ҳама муборизаҳои шадиди идеологие, ки дар байни ду сохти иҷтимоӣ, ду таълимоти ба ҳам зид меравад, аз он ҳама муборизаҳое, ки мардуми дунё барои истиқлолияти миллӣ ва ҳаёти нав бурда истодаанд, бехабаранд». («Садои Шарқ», 1979, №12, саҳ. 115). А. Сатторов шеъри чандсолаи ҷавононро, ки дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба табъ расидааст, таҳлил карда, ба чунин хулоса омадааст. Агар шеъри рӯзнома, ки бояд шеъри зафарҳо ва корномаҳо бошад, чунин аст, пас аз нашрияҳои дигар чӣ гила? Танқид шоиронро ба вусъати чашмандоз ва эҳсосот бояд ташвиқ кунад ва барои ғӯта хӯрдан ба олами дигарон – офарандагони сарватҳои моддию маънавии ҷамъият ҳаракат диҳад. Ин вазифаи бечунучаро ва шаҳрвандии танқид аст.
Мубоҳисае, ки рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» дар атрофи мақолаи Атахон Сайфуллоев «Ба дараҷаи вазифаҳои баланд» ташкил кард ва дар он аксари мунаққидони номӣ иштирок доштанд, барои фаъолии эҳтиросоти шаҳрвандӣ ва мавқеи ғоявии мунаққид сурат гирифта буд. Умед аст, ки он натиҷаҳои дилхоҳ хоҳад дод. Аммо дар ин мубоҳиса, чунонки дар бисёр баҳсҳои мо мешавад, баъзеҳо ба ҷои он ки оид ба масъалаи баҳс ақида кунанд, ба ҷустани ноқисиҳои мақолаҳои дигарон машғул шуда, ба баррасии масъалаи асосӣ мададе накарданд.
Адабиёти бадеӣ ва махсусан, насри солҳои охир ба ҳуҷҷатписандӣ рӯ овард. Ба фикри мо, яке аз сабабҳои ин тамоюл дар ин аст: ҷамъияти мо шахсонеро ба камол расонд, ки муҳимтарин хусусиятҳои замонро дар худ муҷассам сохта, дар дигарсозиҳои таърихӣ ҳисса гузошта, худро ба шахсиятҳои комил мубаддал карданд, ки таърихи ҳаёт ва фаъолияти онҳо мавриди тадқиқи адабиёт шуда метавонад. Ин гуна инсон муваффақияти ҳаққонӣ ва бебаҳси ҷамъиятӣ мебошад. Танқид ҳам сари вақт ба таҳлили тамоюли ҳуҷҷатписандӣ машғул шуда, вобаста ба ҳар асар имконоти жанрӣ ва мундариҷавии онро нишон дода, мавқеи онро дар тадқиқи воқеияти давраҳои таърихӣ ва махсусан, замони нав санҷид. Истифодаи ҳуҷҷатписандӣ дар адабиёт ва тадқиқи он дар танқид давом меёбад.
Сатҳи танқиди ҷорӣ аз савияи асарҳои илмию назарӣ сахт вобаста аст. Бинобар он, дар солҳои охир ба масъалаҳои илмию назарӣ машғул шудани адабиётшиносон сабаби болоравии он шуд. Таносуби реализм ва романтизм, инкишофи реализм ва хусусиятҳои тоза пайдо кардани он, халқият, анъана ва навоварӣ аз масъалаҳое буданд, ки мавриди таваҷҷуҳ ва тадқиқи олимон ва мунаққидони мо гаштанд.
Маҷмӯаи мақолаҳои М. Шукуров «Паҳлуҳои тадқиқи бадеӣ» маҳсули хуби ба ҳам омехтани назари амиқи адабиётшиносӣ ва фикри танқидист.
Ба чоп расидани ду ҷилди «Таърихи адабиёти советии тоҷик» (ҷилди 2, «Насри солҳои сиюм» - муаллиф Лариса Демидчик ва ҷилди 4 «Насри баъди ҷанг то соли 1974» - муаллифаш Муҳаммадҷон Шукуров) барои амиқтар ва ҳаматарафа таҳлил кардани ҷараёни адабиёти муосир кумак менамояд.
Дар ҷилди дуюми таърих ташаккули инкишофи насри нави реалистии тоҷик, ҷараёни адабӣ, тағйир ёфтани ғояву мундариҷа, дигаршавии жанрию услубӣ ва воситаҳои тасвир ба тадқиқ омадааст. Дар ҷилди чорум инкишофи жанрҳои ҷудогона, эволютсияи сифатии таркиб ва сохти навъҳои адабӣ, пайдоиши шаклҳои нав, амиқ рафтани диди реалистии нависандагон ва омезиши анъанаҳои романтикии адабиёти классикӣ бо реализми сирф барин масъалаҳои муҳим таҳлил шудаанд. Муаллифони ҳар ду ҷилди таърих - Муҳаммадҷон Шукуров ва Лариса Демидчик вазъияти насри тоҷикро вобаста бо ҷараёни адабиёти умумииттифоқ таҳқиқ кардаанд.
Аммо дар нашри таърихи адабиёт аҷобате ба назар мерасад. Ҷилди якуми ин таърих қариб 15 сол боз дасти ба даст мегардаду ҳеҷ не ки ба чоп расад. Маълум мешавад, ки ба мо ҳам барои соҳиби ин таърих шудан сабру тоқати таърихӣ зарур аст.
Дар ин ҷо монографияҳоеро, ки ба шарафи 100-солагии устод Айнӣ навишта шуда, ба қалами М. Шукуров «Садриддин Айнӣ», А. Сайфуллоев «Мактаби Айнӣ» тааллуқ доштанд ва асари Раҳим Ҳошим ва Радий Фиш «Бо амри виҷдон»-ро зикр кардан зарур аст, ки дар онҳо манбаъҳои ҳаётию адабӣ, мактаби адабӣ, ташаккулу инкишофи насри реалистӣ, консепсияи қаҳрамон дар эҷодиёти Айнӣ бо назари тоза тадқиқ карда шудаанд.
Омӯзиши монографии эҷодиёти адибони ҷудогона аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар онҳо саҳми адибон дар инкишофи ин ё он навъҳои адабӣ, баланд бардоштани тафаккури бадеӣ ва мақоми асарҳое, ки баъзан дар вақташ ба таври бояду шояд муайян нашуда буд, дақиқ карда шавад. Танқиди мо дар ин соҳа аз адабиёт қарздор аст. Вай мунтазири мешавад, кай адиб ба ҳафтод ё ҳаштод дарояд, ки ба муносибати ҷашнаш саросемавор ягон асар нависад. Ва ҳол он ки тадқиқотро фақат ба муносибати ҷашн навиштан шарт нест ва дар бораи онҳое, ки эҷодиёташон ба асарҳои алоҳида меарзад, асарҳо навиштан зарур аст. Мо то ҳол дар бораи М. Қаноат, Ф. Ниёзӣ, Ф. Муҳаммадиев, Лоиқ барин адибон рисолаҳои таҳқиқотӣ надорем. Ин гуна рисолаҳо ба амиқтар фаҳмидани хусусиятҳои ҷараёни адабӣ хизмат мекунанд, чунки ҷараёни адабӣ аз пайванди эҷодиёти адибони ҷудогона ба ҳам меояд.
Силсилаи тадқиқоте, ки китобхонаи назарияи адабиёт нашр кард, аз ҷумла, асарҳои Холиқ Мирзозода, Атохон Сайфуллоев, Муҳаммадҷон Шукуров ва Ҳамроқул Шодиқулов, Юсуф Акбаров, Субҳон Давронов дар омӯзиши масъалаҳои назарӣ ба ҳамбастагии адабиёти имрӯза хизмат карданд. Навиштан ва нашри чунин силсиларо давом додан даркор аст.
Дар вақташ ҳамин гуна силсилаи «Китобхонаи мунаққид» ҳам дар назар дошта шуда буд, ки, мутаассифона, то имрӯз аз он ягон китоб ба чоп нарасидааст. Нашри чунин силсила бисёр зарур мебошад, вай такони бақуввате дар пешравии танқид хоҳад шуд.
Асарҳои дастаҷамъии аз таърихи адабиёт эҷодшуда, ба монанди ду ҷилди «Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри XI» ва «Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII-XIV» ва асарҳое, ки ба қалами муҳаққиқони алоҳида мансуб буда, аз давраҳои таърихи адабиёт ва симоҳои барҷастаи он баҳс мекунанд, барои танқиди ҷорӣ ҳам муҳиманд. Онҳо масъалаҳои гуманизм, хусусиятҳои реалистӣ ва романтикӣ, эволютсияи ҷараёнҳо, тағайюроти шаклу услуб ва жанрҳоро тадқиқ мекунанд, ки танқиди ҷорӣ ҳам аз онҳо огоҳии комил доштанаш зарур мебошад.
Дар замони нав робита, таъсири мутақобилаи адабиётҳо афзуд. Ҳоло дар инкишофи адабиёти халқҳои гуногун, ҷараёнҳои баҳаммонади ғоявию бадеӣ ба назар мерасад, ки аз назари танқиди мо ҳам дур нест. Дар беҳтарин асарҳои танқидӣ таҷрибаи ин адабиётҳо ҳамеша зимни тадқиқ ҷой дорад, ки ин ягонагиро муайян менамояд. Акнун таҳлили типологии он ҳам сар шудааст, ки дар асарҳои А. Сайфуллоев ба назар мерасад.
Ҳоло барои аз назари зебоишинхтӣ омӯхтани адабиёт низ кӯшишҳо карда мешаванд. Рисолаи Фирӯза Турсунзода «Анъанаҳои адабӣ ва прогресси санъат» маҳсули ҳамин гуна иқдом аст.
Робитаи адабиёти тоҷик бо адабиётҳои форсизабон ҳамеша қавӣ буд. Ҳоло ҳамбастагии маданию маънавӣ ва адабию бадеӣ бо кишвари Афғонистон пурзӯртар мешавад. Акнун олимону мунаққидони мо на фақат бо омӯзиши адабиёти муштараки классик, балки дар таҳлилу тадқиқи адабиёти замонӣ бояд бо ҳамдастӣ кор кунанд. Ин ба манфиати ҳар ду адабиёт ва танқиди адабӣ хоҳад буд.
Танқиду адабиётшиносӣ дар солҳои охир махсусан, барои демократизми шакл мекӯшад, яъне жанру воситаҳоеро ҷустуҷӯ мекунад, ки барои оммафаҳм шудан ва доираи васеи хонандагонро фаро гирифтанаш ёрӣ расонад. Ин иқдоми хуб аст. Вай барои расидан ба ин мақсад аз жанрҳои гуногун чеҳраи эҷодӣ, мубоҳиса, муколама, мизи мудаввар бештар истифода мекунад. Дар ин кор хизмати рӯзномаҳо, телевизиону радио ва махсусан, маҷаллаи «Садои Шарқ» калон аст.
Ҳоло ба мунаққидон зарур аст, ки ин соҳаи фаъолиятро боз ҳам васеъ ва пуртаъсир кунанд. Онҳо аз рӯи талаботи рӯзномаҳо ва телевизиону радио, ки завқу фаҳмиши доираи бузурги оммаро ба назар мегиранд, мақолаҳо нависанд, мулоқотҳо кунанд, масъалаҳои мураккабро ба содагӣ баён карда, нуфузи танқидро биафзоянд. Албатта, хусусияти мақолаҳое, ки ба воситаи рӯзнома ва телевизиону радио нашр мешаванд, аз нашрияҳои илмӣ ва матбуоти соҳавӣ фарқ мекунад, ки онро мунаққидон бояд ба инобат гиранд. Идораҳои рӯзномаҳо ва телевизиону радио низ ба кори худ мунаққидонро ҳар чӣ бештар ҷалб карда, роҳҳои тоза ба тоза ва маҳсулноки истифодаи онҳоро ҷустуҷӯ карданашон зарур аст. Ин кор, ба назари мо, дар рӯзномаҳо ва телевизиону радио рӯ ва беҳбудӣ овардааст.
Маҷаллаи «Садои Шарқ» дар бораи вазъияти назму насри панҷсолаи охир мизи мудавваре ороста, ба он дар қатори мунаққидон шоиру нависандагонро низ ҷалб кард. Суҳбати хубе барпо шуд, ки асоси илмию танқидияш мустаҳкам ва тарзи ифодааш оммафаҳм буд. Вай ин корро дар атрофи асарҳои алоҳида ҳам мекунад. Ба ин восита дар танқид шоиру нависандагон ҳам ширкат меварзанд, ки ин кори бисёр зарурист. Назари хос ва тозаи онҳо ба адабиёт барои муайян кардани хусусиятҳои эҷодиёт, усулҳои эстетикии онҳо ва рафиқони ҳамқаламашон аҳамияти махсус дорад.
Вобаста ба ҳамон мизи мудаввари маҷаллаи «Садои Шарқ» масъалаи забон ва услуби асарҳои бадеиро махсус таъкид кардан зарур аст. Дар он суҳбат услубшинос Раззоқ Ғаффоров ба он таваҷҷуҳи танқидро ҷалб карда, мулоҳизаҳои манфиатнок гуфт. Вай дар ин бора тадқиқоте ҳам бо номи «Нависанда ва забон» нашр кунонд.
Аҳамияти дурустии забон ва услуби асари бадеиро таъкид кардан чизи барзиёдист. Онҳо дуруст набошанд, асари бадеӣ ҳам нест. Аммо танқид вақтҳои охир ба ин масъала бисёр сатҳӣ назар мекунад ва дар натиҷа дар адабиёт махлутии забону услуб бештар мешавад. Мо бояд бо забону услуб ҳамчуноне муносибат кунем, ки асосгузорони адабиёти замони нав Алексей Максимович Горкий ва Садриддин Айнӣ таълим медоданд.
Танқид барои он ки аз забону услуби адабиёти бадеӣ сухан ба миён оварад, аввал худ намунаи хуби онро бояд дошта бошад. Мутаассифона, аксари асарҳои мо бо забони хароб, услуби нохуш, такрору дилбазан навишта шудаанд. Баъзан мунаққид ба забону услуби асар нукта мегирад, вале дар мақолаи худаш як олам хатоҳои забонию услубӣ, вайронии таносуб ва мантиқи сухан ба назар мерасад. Албатта, аз чунин носеҳи ғайримутасаннеҳ (таъбири Муҳаммадҷон Раҳимӣ), яъне насиҳатгари насиҳатношунида манфиат нест ва баъзан, ба назари мо, беэътиноие, ки аз тарафи шоиру нависандагон ба мақолаҳои танқидӣ зоҳир мешавад, дар ҳамин паст будани маданияти сухани асарҳои танқидист.
Масалан, дар яке аз мақолаҳо мехонем: «Забон ва тарзи баёни Саттор Турсун ва Ӯрун Кӯҳзод нисбатан пурфасоҳат ва равон аст. Онҳо ҳам аз забони адабӣ ва ҳам забони халқ калимаҳоро эҳтиёткорона интихоб намуда истифода мебаранд. Бинобар ин забони асарҳояшон як андоза пуртароват аст...Дар қиссаҳои Кӯҳзод, Сорбон ва Баҳром Фирӯз баъзан аз лиҳози композисия номавзунӣ, беалоқамандӣ ҳис мешавад». (Садои Шарқ», 1979, № 2, саҳ. 130). Акнун ба халалҳои мантиқию услубии сухан таваҷҷуҳ кунед: нисбатан пурфасоҳат дурусташ нисбатан фасоҳатнок, пурфасоҳат нисбатанро истисно мекунад; онҳо ҳам аз забони адабӣ ва ҳам забони халқ калимаҳоро эҳтиёткорона интихоб намуда истифода мебаранд – ин ба монанди он аст, ки бигӯем: ин нависанда бо забони адабӣ асар менависад, охир, нависанда ба забони адабӣ навишта бо кадом забон менависад? Боз як андоза пуртароват – як андоза пурро истисно мекунад ва хулоса, дар он ҷумлаҳо боз ду се нуқси услубӣ ҳаст.
Ин мисолро мо аз мақолаи дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуда, ки дар дурустии забону услуб яке аз беҳтарин нашрияҳост, иқтибос кардем. Дар нашрияҳои дигар ин гуна харобкориҳо пуропуранд. Муаллифи ин мақола мунаққиди ҷавон Саид Саъдизода аст. Ӯ фикрҳои ҷолиб, мушоҳидаҳои амиқ дорад. Ҳоло мо ӯро танқид карда, боз хуб медонем, ки яке аз душвортарин корҳои мо тарбияи мунаққидони ҷавон аст.
Одатан, онҳо бо роҳи аспирантура тайёр карда мешаванд, ки дуруст аст. Зеро дар давоми таҳсил онҳо имкон меёбанд, ки методология, назария, таърих ва умуман маводи фаровони адабиро омӯзанд, савияи зарурии илмӣ, танқидӣ ва адабӣ ҳосил кунанд, ки бе он мунаққид шудан ҳеҷ мумкин нест. Бинобар ин, ҷавонтарин мунаққидони мо 30-40 сола ҳастанд. Фикр мекунем, ки ин ҳолатро мактабҳои олӣ, институти забон ва адабиёт бо ҳамдастии Иттифоқи нависандагон бартараф карда, синни мунаққидони ҷавонро ҳеҷ набошад 5-10 сол ҷавонтар ва сафашонро бисёртар карданашон зарур аст.
Тақриз соҳаи камривоҷи танқиди мост. Ҳоло асарҳо тақриз нашуда намемонанд, аммо сифати онҳо беҳбудӣ мехоҳад. Аксари тақризҳо ба шакли қолабӣ ва обшуста навишта мешаванд ва табиист, ки махсусиятҳои асарро нишон дода наметавонанд. Муқарризон баъзан чунон ба таърифу тавсиф машғул мешаванд, ки дар байни шоири навқалам ва устоди сухан тафовут намемонад.
Тақриз шакли зудамали танқид аст. Вай бояд ҳаққонӣ ва дар заминаи илмӣ навишта шавад. Тақризҳои Худоӣ Шарифов, Абнунабӣ Сатторов, Абдухолиқ Набиев, Абдураҳмон Абдуманнонов, ки дар ин давра ба табъ расиданд, ҳамин гуна сифат доштанд.
Дар баъзе тақризҳо кӯшиши аз ҳисоби паст кардани аҳамияти бешакку шубҳаи як асар боло бардоштани асари дигар ҳис мешавад. Ин чиз дар тақризи ба «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» навиштаи Ю. Бобоев равшан ба зуҳур омадааст. Муаллиф менависад: «Пайравон ва шогирдони Айнӣ романҳои устодро нуктаи истинод дониста, онро идома ва инкишоф доданд... Икромӣ кӯшидааст мавзӯи романҳои Айниро аз ҷиҳати методологӣ қавитар, аз ҷиҳати материали санадҳо ботароваттар, аз ҷиҳати сохту низоъ мураккабтар ва аз ҷиҳати зебу зинати бадеӣ баркамолтар ба қалам оварад». («Садои Шарқ», 1977, № 12, саҳ. 139). Агар дар ин ҷумлаҳо аз носаҳеҳии ифодаҳое, ки ба монанди шогирдони Айнӣ романҳои устодро идома ва инкишоф доданд, Икромӣ кӯшидааст мавзӯи романҳои Айниро аз ҷиҳати методологӣ қавитар... ба қалам оварад ва дигарҳо қатъи назар кунем ҳам, бояд ба таъкид бигӯем, ки муаллиф, аввалан, дар ин ҷо муҳимтарин усули танқид-таърихиятро риоя намекунад, сониян, ин даъвоҳо исбот надоранд ва онҳоро исбот карда ҳам намешавад, зеро усули таърихияти танқид талаб дорад, ки ба ҳар асар вобаста ба муҳит ва замонаш баҳо дода шавад. Ба замми ҳамаи ин, агар хоҳед, мо ҳоло ба бузургии устод Айнӣ наздик нарасидаем, ҳол он ки аз он гузаштан, мо ҳоло зебу зинат, лафзу сухани устодро пурра фаро нагирифтаем, ҳол он ки аз ӯ баркамолтар сухан гуфтан.
Ба хизмати нависандаи барҷаста Ҷалол Икромӣ дар инкишофи анъанаҳои насри устод Айнӣ шубҳае нест, аммо онро дар он сифатҳои хосае, ки ӯ ба ин наср ворид кард, на бо роҳи паст кардани аҳамияти асарҳои Айнӣ нишон додан зарур аст.
Танқиди адабию бадеӣ дар ҳама гуна шаклу зуҳуроти худ ғояҳои мутараққиро дар адабиёт тарғиб карда, таваҷҷуҳи адабиётро ба масъалаҳои муҳими иҷтимоию ахлоқию маънавӣ равона месозад, барои ривоҷи услубҳои гуногун ва ҳаррангии адабиёт мекӯшад, тозаҷӯиҳоро дастгирӣ менамояд, ҷараёни асосии адабиётро муайян мекунад.
Танқиди адабию бадеии тоҷик дар давраи ҳисоботӣ дар намунаҳои беҳтаринаш ҳамин гуна вазифаҳои муҳимро иҷро кард.
Соли 1981
[1]* Маърӯзаи муаллиф дар анҷумани VІІІ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (9.10.1918).
дар Ин маърӯзаи муаллиф анҷумани VIII .Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (9-10. IV. 1981) мебошад.