Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Киштинишастагонем, эй боди шурта бархез,
Бошад, ки боз бинем, дидори ошноро [17, 7].
Дар ин байт аз қарнҳои пеш калимаи «киштинишастагонем» ба ду навъ навиштаву хонда мешавад, ки яке «киштинишастагонем» ва дигаре «киштишикастагонем» мебошад.
Ин байт аз «Куллиёт»-и Ҳофиз, ки соли 2001 дар Эрон бо хатти сириллик таҳти назари Муҳаммади Борӣ омода шуда, ба нашр расидааст, иқтибос шуд. Таҳтиназардори китоб навиштааст, ки ин нусхаро дар асоси нусхаи Ҷамшед Шанбезода, ки соли 1983 дар Душанбе нашр шуда буд, омода сохта, дар айни ҳол аз «…нусхаи муҳими Ғанӣ – Қазвинӣ ва Халхолӣ дар муқобала ва таҳрири муҷаддад истифода кардааст» [17, 3]. Аммо ин байт дар «Ҳофиз» (Девон)-и Насруллоҳи Мардонӣ, ки бино бар қавли худи ӯ дар асоси «…нусхаи хаттии 827 Халхолӣ, ки мабнои кори алломаи Қазвинӣ буда ва нусхаи чопии дуктур Хонларӣ, ки бар асоси 14 нусхаи куҳан тадвин гардида ва то ҳудуде нисбат ба дигар нусах аз эътибори бештаре бархӯрдор буданд» [16, 11], омода ва чоп шудааст, дар шакли «киштишикастагонем» [16, 35] омадааст. Байти мазкур дар «Луғатномаи Деҳхудо» ҳам ҳамчун шоҳид бар таркиби «боди шурта» ва калимаи «дидор», дар ҳарду ҳолат ҳам дар шакли «киштишикастагонем» нақл шудааст.
Аз ҷониби ҳар ду гурӯҳе, ки ин байтро ба тариқи худ менависанду мехонанд, барои исботи тарзи хондану навиштани худ далелу бурҳонҳои бисёре оварда мешаванд, ки шояд баъзе аз онҳо эътиборе ҳам дошта бошанд. Азбаски то ба имрӯз як шакли он аз ҷониби ҳама пазируфта нашудааст, онҳое, ки намехоҳанд ба ин баҳс дода шаванд, бо овардани ин байт ҷони худро халос мекунанд:
Баъзе нишаста хонанд, ҷамъе шикаста хонанд,
Чун нест Хоҷа Ҳофиз, маъзур дор моро.
Вале барои баъзеҳо то ҳол ин масъала боқист ва сари ҳар вақт боиси баҳсу мунозира мешавад. Ҳоло мо ба нақли ин байт аз нусхаву чопҳои дигар ва ба радду қабули далелу бурҳонҳои ҳар дуи ин гурӯҳ машғул нашуда, фикри худро мухтасар оид ба ин масъала баён хоҳем кард, ки бар мутолиаи ботааммули девони Хоҷа Ҳофиз такя дорад. Зеро ин ягона роҳи дурусти тасҳеҳ ва ё шарҳу баёни ин ё он байте мебошад, ки мавриди баҳсу мунозира қарор мегирад; ҳама чиз дар куллияи матни эҷодиёти шоир тасҳеҳу маънидод бояд шавад.
Аз мутолиаи девони Ҳофиз ва ахборе, ки дар бораи зиндагии ӯ дар дастраси мо ҳаст, бармеояд, ки ӯ «Қуръонро бо чаҳордаҳ ривоят дар ҳифз дошт» [3, 16], ҳамчунонки худ ҳам мегӯяд:
Ишқат расад ба фарёд, ар худ ба сони Ҳофиз,
Қуръон зи бар бихонӣ дар чордаҳ ривоят [17, 58].
Дар ҳофизшиносӣ таъкиди он нукта, ки дар саросари девони Ҳофиз таъсир, партав, маъниву мазмунҳое аз Қуръон гирифта шудааст, як чизи тамоман маъмуливу такрорист, ки ҳоҷате ба боз гуфтанаш нест. Бинобар ин, яке аз муҳаққиқони барӯманди осори Ҳофиз аллома Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ дар оғози баррасии ин масъала дар яке аз рисолаҳояш менависад, ки «ҳоло ман ҳам агар ин фаслро бо ин гуна суханон оғоз кунам, ки «»-ро Ҳофиз аз сураи Қадр ахз карда… ё мисроъи «Ба Қуръоне, ки андар сина дорӣ» ё соири абётеро, ки калимаи Қуръон дар он ба кор рафта, ёдовар шавам, поёби шикебоии хонандагон аз даст хоҳад рафт. Ба вежа ки фаҳс (пажӯҳидан) ва истиқсо (тадқиқот)-и кофӣ дар ин замина ба амал омадааст» [3, 446]. Бинобар дар ҷое, ки дар ин бора пажӯҳишҳои Партави Алавӣ «Ақоид ва афкори Хоҷа (фасли «Иқтибосоти Хоҷаи Шероз аз абёти Қуръони маҷид ва ишороту аҳодису тафосир»)», Абдулҳусайни Зарринкӯб «Аз кӯчаи риндон (фасли «Суруди Зӯҳра»)», Муртазо Зарғомафар «Ҳофиз ва Қуръон, татбиқи абёти Ҳофиз бо оёти Қуръон», Тақии Пурномдориён «Гумшудаи лаби дарё (фасли «Маънӣ ва заминаҳои он дар ҷаҳони шеъри Ҳофиз»)» ва як силсила таҳқиқоти дигар ба қалам омадааст, ба тариқи хулоса гуфтан кофист, ки Ҳофиз худ гуфтааст:
Субҳхезиву саломатталабӣ, чун Ҳофиз,
Ҳар чӣ кардам, ҳама аз давлати Қуръон кардам [17, 189].
Ё дар ғазали дигараш гуфтааст:
Ҳар ганҷи саодат, ки Худо дод ба Ҳофиз,
Аз юмни дуои шабу вирди саҳарӣ буд [17, 128].
Ва ҳеҷ шакку шубҳае нест, ки ин «дуои шабу вирди саҳарӣ» ба Қуръон бастагӣ дорад. Бинобар ин, ҳамеша дар назар бояд дошт, ки замини боровари шеъри Ҳофиз шодоби Қуръон аст ва ҳангоми баррасии ашъораш онро ба эътибор бояд гирифт. Таъсиру партави маъниву мазмунҳои қуръонӣ дар осори Ҳофиз ба тарзу тариқи гуногун зуҳур мекунанд, гоҳо ояҳо ва ё таъбирҳое аз ояҳо ҳамчунонки ҳаст, иқтибос гашта, гоҳо мазмуни онҳо бозгӯ мешаванд ва гоҳо ғазал саропо аз мазмунҳои қуръониву ирфонӣ иборат бошад, гоҳи дигар як ё ду байт, бештар ё камтар ин гуна мазмунҳоро фаро мегиранд. Бинобар ин, ҳангоме ки аз маърифати шеъри Ҳофиз сухан мегӯянд, аксаран маърифати ҳамин олами рӯҳониро дар назар доранд.
Аммо маърифат, ба ақидаи инҷониб, дар баробари маълумот дар бораи тасаввуф, ҷаҳоншинохтӣ ва яке аз чаҳор дараҷаи ирфони сӯфия: шариат, тариқат, маърифат, ҳақиқат буданаш боз идрок ва илму дониш ва шинохт аз олами моддӣ ва бинишу тамизу фаҳм ҳам мебошад. Дар вожаи маърифат, агар он ба манзури ифодаи мазмуни ирфонӣ истифода шуда бошад, шинохти олами маънавӣ ва агар барои расонидани мазмуни дунявӣ ба кор рафта бошад, дарёфти олами моддӣ ҳам метавонад ҷой дошта бошад.
Олами шеъри Ҳофиз оламест дар миёни ду олам – рӯҳониву ҷисмонӣ, ки маъмулан барзахӣ ном дошта, сифатҳои ҳар ду оламро дорост. Ин махсусияти олами шеъри Ҳофизро Тақии Пурномдориён дар таҳқиқоти арзишманди хеш «Гумшудаи лаби дарё» дар фасли «Маънӣ ва заминаҳои он дар ҷаҳони шеъри Ҳофиз» чунин таъбир мекунад: «Муҳимтарин кашфи ӯ (яъне Ҳофиз – А.Ҳ.) ва асоси ҳамаи зароифи сохтории шеъри ӯ ҳамон таъсиси олами барзахӣ дар шеър аст. Яъне ҳамон оламе, ки дар «Қуръон» низ вуҷуд дорад ва ба ҳамон сабаб, ҳам имкони тафсири зоҳириро дар иртибот бо олами воқеият мумкин месозад, ва ҳам имкони тафсири рӯҳониро дар иртибот бо ботин ва олами ҳақиқат» [8, 74].
Азбаски олами барзах аз ду олам – рӯҳониву ҷисмонӣ ба ҳам омадааст, дар он метавонанд гоҳ сифатҳои олами рӯҳонӣ ва гоҳ сифатҳои олами ҷисмонӣ боло гиранд ва мавридҳое ҳам имкон доранд, ки вуҷуди ин сифатҳо ба ҳамдигар ҳамсангу баробар бошанд. Аз ин рӯ, шахсияте, ки дар шеъри Ҳофиз арзи андом мекунад, низ дар байни ҳамин ду олам зиндагӣ дорад. Ӯ, агар аз як сӯ, тамоми сифоти олами лоҳутро бо худ дошта бошад, аз сӯи дигар, ҳамаи фазилати олами носутро низ бо худ дорад, вале дар айни ҳол на тамом лоҳутӣ ҳасту на тамом носутӣ, яъне инсонест воқеӣ, ки рӯҳониву ҷисмонист ва дар ӯ гоҳо боло гирифтани сифати яке аз ин оламҳо комилан табиист. Аз ин рӯ, ин шахсият ҳар қадар мазҳари фазилатҳои олами улвии рӯҳонӣ бошад, ҳамон қадар мазҳари олами сифлии ҷисмонӣ ҳам ҳаст, ки шинохти инсон дар шеъри Ҳофиз аз даричаи ҳамин нигоҳ аст.
Дар ҳоле, ки Ҳофиз олами шеъри худро аз фазилатҳои олами рӯҳониву ҷисмонӣ, яъне барзахӣ сохтааст, ӯ ба ҳар дуи ин олам арзиш қоил аст ва шеъраш ҳам аз маърифати ҳар ду олам иборат мебошад. Аз ҷиҳати дигар, ба ақидаи мо, дунёи рӯҳ на фақат осмониву малакутист, балки дунёест, ки аз муносибати байни ду инсон ҳам ба вуҷуд омаданаш мумкин аст, зеро инсон ҳам худ аз ҳамин ду мабдаъ – моддиву маънавӣ офарида шуда, мавҷуди дубуъдист. Пас, маърифат аз шинохти баробари ҳар дуи ин олам ҳосил мешавад, бинобар он мо ин байти Ҳофизро, ки аксаран ҳамчун шинохти олами рӯҳонӣ талаққӣ мешавад, ба маънои дарёфти олами ҷисмонӣ ҳам мешиносем:
Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст,
Офарин бар нафаси дилкашу лутфи суханаш! [16, 165]
Зеро ҳамчунонки қайд карда шуд, ду олам дар шеъри Ҳофиз аз ҳам ҷудо набуда, ба ҳам тавъаманд, ки олами барзахиро ба вуҷуд овардаанд ва инсони шеъраш ҳам дар байни ҳамин ду олам – улвиву сифлӣ, яъне олами барзахӣ ба такопӯи зиндагӣ машғул аст. Бинобар он шеъри Ҳофиз ҳар қадар заминаи рӯҳониву осмонӣ дошта бошад, ҳамон қадар заминаи ҷисмониву заминӣ ҳам дорад, мисли ин байт:
Шароби талх мехоҳам, ки мардафган бувад зӯраш,
Ки то як дам биёсоям зи дунёву шару шӯраш [16, 164].
Бинобар ин ҳангоми шарҳу тафсир ва тасҳеҳи осори Ҳофиз баробари ҳар шеърро дар заминаи он баррасӣ кардан сабку мазмуни куллияи девонро низ ба эътибор бояд гирифт. Агар шеър саропо ва ё байтҳое аз он бештар дар заминаи олами маънавӣ гуфта шуда бошанд, онро бо меъёрҳои олами маънавӣ ва агар дар заминаи олами моддӣ гуфта шуда бошанд, бо меъёрҳои ин олам шарҳу тафсир бояд кард. Азбаски аксари ғазалҳои Ҳофиз аз байтҳое ба ҳам омадаанд, ки истиқлоли маънӣ доранд, дар онҳо ҳар ду навъи идрок – идроки олами маънавӣ ва моддӣ кам ё беш ва ё баробари ҳам ҷой доштанаш мумкин аст. Аз ин рӯ, мо он гоҳ ба ҳақиқати шеъри Ҳофиз мерасем, ки мазмунҳои маънавию ирфониро дар онҳо дар омезиш бо мазмунҳои заминиву нафсонӣ бубинем ва маънидод кунем. Асолати чеҳраи шоирии Ҳофиз аз ин ду дидгоҳ возеҳ намоён хоҳад шуд. Ҳофиз ба ҳамин маънӣ шоири инсони дубуъдӣ, инсони заминиву осмонӣ, инсони воқеӣ, яъне мову шумост.
Ҳоло аз ин дидгоҳ он ғазалро, ки дар он байти мавриди баҳс ҷой дорад, мехонем ва дармеёбем, ки дар ин ғазал ва махсусан, дар ҳамон байт андешаи ирфонӣ мақоми куллӣ дорад. Бинобар он барои ба умқи маънои он расидан онро дар мақоме, ки худи байт ҳаст, яъне дар мақоми ирфонӣ баррасӣ бояд кард. Ҳарчанд он байтро дар мақоми дунявӣ ҳам мешавад тафсир кард, аммо дар он ҳолат жарфои маъною мазмун ва эҳсосоти фарогиру муассири он дар назар пӯшида хоҳад монд.
Аввалан, бар сари вожаҳои «киштинишастагонем» ва «киштишикастагонем» меандешем, ки онҳо бори чӣ мазмунро мекашанд. Вожаи «киштинишастагонем» дар ин байт мафҳумеро ифода мекунад, ки мардуме дар киштӣ дар ҳолати оромӣ нишаста, боди шурта (мувофиқ)-еро интизоранд, аммо вожаи «киштишикастагонем» ҳолати мардумеро ифода менамояд, ки дар киштии шикаста ҳастанд ва ин худ бе ҳеҷ ҳарфи илова аз вазъи фоҷиавии онҳо - ғарқ шудан хабар медиҳад, зеро мардуме, ки дар киштии шикаста ҳастанд, наметавонанд ором бошанд, ба онҳо хатари ҷон таҳдид мекунад. Вожаи «киштишикастагонем» вожаи беалоқа ба ҳолат набуда, аз назари ифодаи мазмуну ҳиссиёт табу тоб ва ташдиди сахте дорад, ки онро нисбат ба «киштинишастагонем» хеле пурбор ва муассир месозад. Манзури Ҳофиз ҳам ҳамин аст, зеро сухани ӯ на аз касонест, ки дар киштӣ бо роҳату оромӣ нишаста, ба дидори ошно расиданӣ ҳастанд. Ин маъно ба матни эҷодиёти Ҳофиз ҳеҷ ошноӣ надорад, чунки барои ӯ ба дидори ошно расидан на ин гуна ба тасаввур меояд, ки дар киштӣ ба роҳат нишаста боди мувофиқ хоҳию ба дидори ошно бирасӣ, балки саъбтарин кор, пур аз ранҷу азобу уқубат ва хатарҳои ҷонбохтанӣ мебошад, ки барои инсони одӣ шояд ҳаргиз муяссар ҳам нашавад. Ин маъно дар ғазали аввали девони Ҳофиз дар ин байт чунин изҳор шудааст:
Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо [16, 5].
Ҳамчунонки мебинем, агар байти мавриди тасҳеҳро бо вожаи «киштишикастагонем» хонем, ки дар асл ҳамин тавр ҳам ҳаст, ҳар ду ин ҳолат ба ҳам шабоҳате пайдо мекунанд, зеро дар байти дуюм мисраи «шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил» низ хатари ҷонбохтанро ифода менамояд. Чунки ин сафар на сафари ҷисмонӣ, балки сафари маънавист барои расидан ба ёр ва дидори маънавӣ, ки хатарҳои муҳлике доштанаш мумкин аст. Албатта, муҳаррики ин сафар ишқ, ишқи Илоҳист ва дар ҳар мавҷи ин баҳр наҳангеву дар ҳар гирдобаш хатари ғарқ шудану аз даст додани ҷон ҳаст. Ҳамин ваҷҳ аст, ки Ҳофиз дар ғазали аввали девонаш мегӯяд:
Ало ё айюҳассоқӣ, адир каъсан ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале уфтод мушкилҳо [16, 5].
Ё дар ғазали дигараш чунин мегӯяд:
Дилам умеди фаровон ба васли рӯи ту дошт,
Вале аҷал ба раҳи умр раҳзани амал аст [16, 31].
Ҳамин тариқ, ин мушкил – сипардани роҳи ишқ ва расидан ба кӯю дидори ёр хатари ҷон дошта, ин маънӣ дар саросари девони Ҳофиз доман густардааст, ки даҳҳо мисол метавон овард. Пас, киштишикастагон кистанд ва дидори ошно чист? Пеш аз посухи ин пурсишҳо тааммуле бар девони Ҳофиз ва маъниву сурати шеъри ӯ бояд кард.
Ин киштишикастагон на онҳое ҳастанд, ки ҳамин ҳоло ба киштӣ нишастаанду сафар ба диёри ёр ихтиёр кардаанд, на, зеро тамоми девони Ҳофиз мегӯяд, ки сарнавишти инсон аз азал сиришта шудааст ва он чӣ аз азал сиришта шудааст, ногузир аст, ҳарчанд баъзан бар муқобили он исён ҳам мекунад, ҳамчунонки дар ин байт ҳаст:
Чарх барҳам занам, ар ғайри муродам гардад,
Ман на онам, ки забунӣ кашам аз чархи фалак [16, 180].
Аммо асосан муътақид бар расми азалу абад аст. Бинобар он «киштишикастагон» истиора аз бани башар, фарзандони Ҳазрати Одам аст, ки ба дидори ошно – маҳзари Ҳақ расидан мехоҳанд, вале азбаски бо васвасаи Иблис, алорағми иродати илоҳӣ, меваи мамнуъ аз дарахти маърифат хӯрда, муртакиби гуноҳ шудаанд, киштии муродашон шикаста аст:
Ҷое, ки барқи исён бар Одами Сафӣ зад,
Моро чӣ гуна зебад даъвии бегуноҳӣ [16, 292].
Аммо онҳо ошиқи Ҳазрати Ҳақ ҳастанд, бинобар ба дидори Ҳазрати Ҳақ расиданашон ҳар қадар мушкил дошта бошад, боз ҳам хоҳанд кӯшид, зеро онҳо ягонаи махлуқони Худованд ҳастанд, ки кашидани бори амонати ӯро, ки кӯҳу дарёву осмонҳо маҷоли қабул надоштанд, ихтиёран бар дӯш гирифтаанд. Ҳофиз мегӯяд:
Осмон бори амонат натавонист кашид,
Қуръаи кор ба номи мани девона заданд [16, 109].
Бори амонатро донишмандони ирфону тасаввуф, аз ҷумла, Аҳмад Алии Риҷоии Бухороӣ чунин таъбир кардаанд: «Баъзе калимаи «амонат»-ро вилоят донистаанд. Муташаръин, Қуръон ва салота ва урафои соҳибдил, онро ишқ тафсир мекунанд. Чи, амонати илоҳӣ дар ҷонҳои пок ва қулуби тобнок аст ва ишқ аст, ки хоси одамӣ аст ва дигар мавҷудот аз он бебаҳраанд» [9, 83]. Саъбтарин корест кашидани ин бор, бинобар ин, вақте ки онро бар кӯҳу дарёву осмонҳо арза карданд, онҳо аз қабули он оҷиз омаданд, одам, ки нодон буд, чӣ гуна сангин будани онро намедонист, қабул дошт. Ва мушкили дигар он ҷост, ки агар чӣ гуна сангин будани бори амонатро медонист ҳам, аз қабулаш гардан наметофт, ба ду сабаб: аввал ин ки аз азал чунин ирода шудааст, бояд қабул кунад, дуюм ин ки ӯ ягона мавҷуди худовандофаридаест, ки ишқ дорад, зеро аз хок офарида шудааст ва ишқ дар сиришти хок аст; фариштагон аз ишқ бенасиб ҳастанд, чунки аз нур офарида шудаанд. Ҳамчунонки Ҳофиз ҳам мегӯяд:
Фаришта ишқ надонад, ки чист, эй соқӣ,
Бихоҳ ҷому гулобе, ба хоки одам рез [16, 156].
Дар ин ҷо бояд ба ёд овард, ки тамоми қисмати инсон ҳамчун фарзанди Ҳазрати Одам аз азал ғайри ихтиёри ӯ сурат гирифтааст: хилқати Одам, аҳду паймони аласт, қабули бори амонат, хӯрдани меваи мамнуъ ва ронда шудан аз биҳишт, дар ҳамаи ин амалҳо заррае раъйи одам нест, зеро он ҳама аз азал дар сарнавишти одам навишта шудааст. Вале ба ҳар ҳол Ҳофиз маслиҳат мебинад, ки аз тарафи одам чунин гуфта шавад:
Гуноҳ агарчи набуд ихтиёри мо, Ҳофиз,
Ту дар тариқи адаб бош, гӯ: «Гуноҳи ман аст» [16, 36].
Маълум аст, ки Ҳофиз на танҳо ҳамчун қории одии Қуръон, балки ҳамчун муқрие, ки онро дар чордаҳ ривоят аз бар медонисту мехонд, бар нуктаҳо, ривоятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳо иҳотаи тамом дошт ва дар ашъораш, ҳамчунонки аз чанд мисоли фавқуззикр ҳам бармеояд, аз онҳо устодона фаровон истифода мекард. Тардиде нест, ки ҳангоми гуфтани байти «киштишикастагон» қиссаи машҳури қуръонии Мӯсо ва Хизр, ки дар он аз сафари дарёии ин ҳар ду ва киштӣ шикастани Хизр барои озмоиши Мӯсо ҳикоят мешавад [11, 138-141], дар ёди ӯ буруз кардааст.
Барои онҳое, ки ин қиссаро дар дастрас надоранд, мухтасаран нақл мекунем, ки рӯзе Мӯсо, ҳангоми муноҷот бо Худой, аз ӯ мепурсад, ки: « Ё Раб, ҳеҷ халқ туро ҳаст бар пушти замин, аз ман донотар?». Худой ҷавоб медиҳад, бандае дорам, ба номи Хизр, ки ӯ ба илм аз ту бештар аст. Мӯсо аз Худой хоҳиши ба сӯйи Хизр роҳнамун кардани худро мекунад. Чун Мӯсо Хизрро дар байни ду дарё меёбад, ба ӯ мегӯяд, ки ман бо ту биёям, то ту маро он илм омӯзӣ, ки туро омӯхтанд. Хизр ҷавоб медиҳад, ки ту тоқат ва сабри онро нахоҳӣ дошт. Мӯсо ҷавоб медиҳад, ки аз собирон хоҳам буд. Хизр розӣ мешавад ва аз лаби дарё мерафтанд, ки киштие падид омад, гуфтанд, мо ғарибонем, моро ба киштӣ андар нишонед. Чун нишонданд, Хизр он киштии некро дар ҷое, ки нишаста буд, ду сӯрох кард, то об ба киштӣ даромад ва боз сӯрохро дуруст кард. Мӯсо гуфт, киштиро сӯрох кардӣ, то мардумро ғарқа кунӣ? Хизр гуфт, нагуфтам, ки бо ман сабр надорӣ? Қисса кӯтоҳ, дар давоми ин сафар Хизр як ғуломро бе ҳеч гуноҳ мекушад ва дар деҳе, ки мардумаш ба онҳо дар гуруснагиашон таом надода буданд, як девори каҷро рост мекунад, ки аз ҳар дуи ин амал ҳам Мӯсо ба ҳайрат омада, изҳори норизоӣ мекунад. Пас Хизр мегӯяд, ки ту сабр натавонистӣ кардан, ҳоло аз ҳам ҷудо мешавем ва таъвили корҳое, ки ман кардам, ин аст. Он киштии дарвешон буд, ки барои таъмини нафақаи худ сохта буданд, вале дар роҳи сафар малики ғоратгаре буд, ки киштии хуби мардумро ба ғорат мегирифт, сӯрох кардам, ки киштии нуқсдорро намегирифт ва нагирифт. Ғуломро барои он куштам, ки бадхулқ буд ва падару модари некаш аз ӯ ба дод омада буданду аз Худой ба ҷойи ӯ фарзанди солеҳе мехостанд. Худой ҳоҷати онҳоро раво кард, ман ғуломро куштам, Худой онҳоро фарзанди неке дод. Он девори каҷ аз они ду ятим буд, ки зери он ганҷе буд ва Худой хост, то он ганҷ ба онҳо бирасад, рост кардам, то бар ганҷи худ бирасанд. Ин аст таъвили амалҳои ман, ки ту сабру тоқати онҳоро надоштӣ, гуфт Хизр ва аз чашми Мӯсо нопадид шуд ва ҳар қадар талаб кард, дигар пайдо нашуд.
Ба ҳамин минвол, дар қиссаву ривоятҳои диниву ирфонӣ, дар ҳар ҷое, ки аз дарёву киштиву сафари воқеиву маънавӣ суҳбат мешавад, қариб ҳамеша киштӣ киштии шикаста мебошад ва ин ба ҳамон далел аст, ки болотар арз кардем, яъне Ҳазрати Одам бо гуноҳи худ он киштии муродро шикастааст ва онҳое, ки дигар ба ин киштӣ менишинанд, киштишикастагонанд.
Ҳоло ба далелҳои аз ин ҳам қотеътар рӯй меорем. Ҳофиз, бешубҳа, аз қиссаи Мансури Ҳаллоҷ огоҳии тамом дошт, зеро дар осораш борҳо бар қиссаи ӯ ишорат мекунад, масалан:
Гуфт он ёр, к-аз ӯ гашт сари дор баланд,
Ҷурмаш он буд, ки асрор ҳувайдо мекард [16, 84]. –
ва дар бисёр ғазалҳои дигараш ҳам ҳамин гуна ишоратҳо ҳастанд. Бинобар он ӯ аз ин ҳарфҳои Ҳаллоҷ набояд бехабар бошад, «…ки дар абёте чанд ҳоли худро ба касе ташбеҳ мекунад, ки дар дарё ё дар дарёи ишқ ғӯтавар аст ва мавҷҳои азим ӯро зеру забар мекунанд» [8, 427]. Ҳамчунонки мебинем, ҳоли ошиқони Ҳазрати Ҳақ ба ҳам хеле шабоҳат дорад, дар ин ҷо ҳам дарёву мавҷҳои азим ва хатари ҷон бохтан равшан падидор аст, ки барои ба дидор расидан дар киштӣ оромона нишаста, боди шурта хостанро истисно мекунад.
Ҳамин тариқ, дар «Тазкират-ул-авлиё»-и Шайх Аттор дар бораи сӯфии маъруф Ҳасани Басрӣ (вафот соли 230 ҳ. қ.) чунин ривоят оварда шудааст, ки аз он огоҳ будани Ҳофиз тардид набояд дошта бошад, зеро ӯ на фақат бо ашъори Аттор огоҳии хуб дошта, аз он хеле татаббуъ кардааст, ки дар девонаш пайдост, балки тамоми осори Аттор ҳамеша дар маърази мутолиаи Ҳофиз қарор доштааст. «Нақл аст, ки яке аз ӯ пурсид, ки: Чӣ гунаӣ? Гуфт: Чӣ гуна бувад ҳоли қавме, ки дар дарё бошанд ва киштӣ бишканад ва ҳар касе ба тахтае бимонанд? Гуфт: Саъб бошад! Гуфт: Ҳоли ман ҳамчунон бошад» [1, 14]. Чунонки мебинем, дар ин нақл ҳам ҳоли талабгорони дидори Ҳазрати Ҳақ ба ҳоли қавме монанд аст, ки киштиашон шикаста асту ҳар яке тахтаеро доштаанд ва талоши ҷон ба саломат бурданро доранд. Акнун байти мавриди баҳсро бори дигар бо тааммул ба шакле, ки мо қабул дорем, мехонем:
Киштишикастагонем, эй боди шурта бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.
Ва мебинем, ки Ҳофиз фақат ҳамин тавр, «киштишикастагонем» гуфтанаш мумкин аст, зеро онҳое, ки киштиашон шикастаасту бо тахтапораҳо ҷон ба саломат бурданашон имкон дорад, талаби боди шурта – мувофиқ мекунанд, ки худро ба соҳил расонида тавонанд, зеро барои касоне, худро бо тахтапораҳо аз дарё ба соҳил расониданӣ ҳастанд, боди шурта мадади бузурги ҳаётбахше мекунад. Вале барои «киштинишастагон» боди шурта он аҳамияти наҷотбахшеро надорад, ки барои «киштишикастагон» дорад, зеро «киштинишастагон», ки киштиашон беосеб аст, бо кор фармудани бодбонҳои худ ба ҳар тарафе, ки хоҳанд, ҳаракат карда метавонанд. Агар баъзе гумон доранд, ки «боди шурта» ба киштии шикаставу «киштишикастагон» дархур намеояд, ин фикр ҳам тасҳеҳ мехоҳад, ҳарчанд дар болотар ҳолати киштишикастагон баён карда шуд, ки боди шуртаро лозим доштанашон аён буд, боз мисоле меорем, ки ин шубҳа ҳам аз байн равад. Имомуддини Насимӣ (770 ҳ.қ. тав.) мегӯяд:
Агарчи киштии тан бишканад, чӣ бок ӯро,
Ки боди шуртаи фазли ту бар карон андохт [7 ].
Дигар шубҳае нест, ки талаби «боди шурта» аз забони «киштишикастагон», яъне бани башар аст, ки бо гуноҳи худ роҳи расидан ба дидори Ҳазрати Ҳақро барои худ бастаанд, вале боз ҳам аз даргоҳи илоҳӣ умедвор ҳастанд, ки инояте ба онҳо ато фармояду мушкилашонро осон намояд, зеро даргоҳи илоҳӣ даргоҳи умед аст. Чунонки Ҳофиз ҳам мегӯяд:
Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал,
Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт? [16, 50]
Барои муайян намудани мавқеъ ва чандомади таъбири киштии шикаста, вожаҳои «киштишикастагон» ва «киштинишастагон» муруре бар осори гузаштагон карда шуд, ки аз устод Рӯдакӣ сар карда то Туғрал, аз ҷумла, Абулфараҷи Рунӣ, Абӯсаид Абулхайр, Хусрави Деҳлавӣ, Авҳадӣ, Анварӣ, Хоқонӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Бедил… хуллас, панҷоҳ-шаст девонро фаро мегирифт. Дар ин мурур вожаи «киштинишастагон» танҳо як бор дар осори Шайх Баҳоӣ дар «Кашкӯл» ба чашм расид, ки он ҳам ба маънои онҳое, ки гузари вақтро муоина мекунанд, истифода шудааст:
«Ва аммо ба ҷаҳон чунонкиштинишастагонем,
Ки мепиндорем сокинем аммо,
замона дарангамон намедиҳад [2]».
Аммо таъбири «киштии шикаста», «киштӣ шикаст» ба ин ё он шакли ба ҳам наздик фаровон ва «киштишикастагон» дар осори баъзеи онҳо, ки номашон ин ҷо зикр шуд, ба ҳамон маъное, ки роиҷ асту Ҳофиз ҳам ба ҳамон маъно ба кор бурдааст, дар чанд маврид ба назар расид. Ҳоло барои ба дарозо накашидани сухан фақат чанд мисоли ҷолиби онро ҳамчун намуна меорем:
Хоқонӣ гӯяд:
Ҳурмат бирафт, ҳалқаи ҳар даргаҳе накӯбам,
Киштӣ шикаст, миннати ҳар лангаре надорам [12].
Мавлавӣ гӯяд:
Гар Хизир дар баҳр киштиро шикаст,
Сад дурустӣ дар шикасти Хизр ҳаст [4].
Боз Мавлавӣ гӯяд:
Киштибони шикастагон аст,
Он баҳри карам ба бурдборӣ [5].
Абдурраҳмони Ҷомӣ гӯяд:
Манам он баҳрии киштишикаста,
Бараҳна бар сари лавҳе нишаста [18].
Ҳазини Лоҳичӣ гӯяд:
Киштишикастагонем дар вартае, ки дорад,
Тӯфони беқарорӣ баҳру канор ҳар ду [17].
Сойиби Табрезӣ гӯяд:
Овораи талабро Хизрест ҳар сиёҳӣ,
Киштишикастагонро ҳар мавҷ нохудоест [10].
Мирзо Муҳаммадтақии Ҳуҷҷатулислом гӯяд:
Ку Нӯҳ, гӯ ба дашти бало ою боз бин,
Киштишикастагони муҳити балои мо [6].
Дигар моро ҳамин қадар мемонад, хулоса кунем ва ба онҳое, ки ҷонибдори «киштинишастагон» буданд, аз худ ин байтро бигӯем:
Киштишикастагонем, сидқи каломи Хоҷа-ст,
Киштинишастаӣ гар, маъзур дор моро.
Илова: Ҳангоми навиштани ин мақола таҳқиқоти арзишманди аллома Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ «Ҳофизнома, шарҳи алфоз, эълом, мафоҳими калидӣ ва абёти душвори Ҳофиз» дар дастраси банда набуд. Инояти худовандӣ буд, ки бо сабабе ин китоб бо китоби пурбаҳои дигари ҳамин муаллиф «Зеҳну забони Ҳофиз» аз ҷониби дӯстам донишманди варзида, академики АИ Тоҷикистон Носирҷон Салимов ба банда пешниҳод шуд. Табиист, ки банда зуд китоби «Ҳофизнома»-ро, ки шарҳ аст, кушода ҳамон ғазалро, ки дар он байти мавриди баҳс ҷой дорад:
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро [13, 126]. –
хондам, то бубинам, ки ба чӣ шакле овардаанду чӣ гуна шарҳ кардаанд. Байт бо вожаи «киштишикастагонем» оварда шуда, дар давоми шарҳ чунин навишта шуда буд: «Ба ҷойи «киштишикастагонем», қироати марҷӯҳ (тарҷеҳдодашуда - А.Ҳ.), «киштинишастагонем» низ машҳур аст. Барои тафсил дар ин бора – Зеҳну забони Ҳофиз, с. 132-133»[13, 127]. Банда «Китоби зеҳну забони Ҳофиз» вирости севумро, ки дар даст буд, дар саҳифаи нишондодашуда кушодам, вале матлабро пайдо накардам. Азбаски ин вирост бо афзоиши даҳҳо мақола чоп шуда буд, сафҳаҳои дигарро ҷустам ва матлабро дар саҳифаи 146-147 пайдо карда хондам ва дидам, ки дар баъзе маврид фикрҳои мо ба ҳамдигар монанданд. Бинобар он ин шарҳу тасҳеҳро пурра меорам, ки хонандагон аз он ҳам бохабар бошанд.
«Киштишикастагонем / киштинишастагон
Киштишикастагонем, эй боди шурта бархез,
Бошад, ки боз бинем, дидори ошноро.
Баҳси киштишикастагон ва киштинишастагон марбут ба ихтилофи нусах аст, валу чун ҳадисе машҳур аст, онро дар ин мақом матраҳ мекунем.
Мухолифони шикастагон мегӯянд киштишикастагон, ки дигар дасташон аз ҳама ҷо кӯтоҳ аст ва дар ҳоли ғарқанд, чӣ маҷоли розу ниёз бо боди шурта доранд ва орзуи боз дидани дидори ошно. Дар посухашон бояд гуфт, ҳадди шикастагии киштиро аз куҷо медонед, ки то чӣ қадар аст. Мумкин аст, маҷозан зикри куллу иродаи ҷузъ шуда бошад. Чунонки ба қавли дуктур Ҳиравӣ, ҳофизшиноси номдор, агар нӯки як худнавис ё як поя аз як нардбони сепилла шикаста бошад, урфан метавон итлоқ кард, ки ин худнавис ё нардбон шикастааст. Пас, мумкин аст, киштӣ андак тараке бардошта бошад, ва лозим нест аз ҳам пошида ва ба истилоҳи имрӯз «дарбу доғон» шуда бошад. Айби қироати нишастагон ин аст, ки аслан тасвир ва таҳарруке надорад. Садои шоир аз ҷойи комилан гарм дармеояд, ки мо ҷамоати фориғбол ҳастем, ки ба қасди сайру сафар дар киштии мутмаине нишастаем ва малоле надорем ҷуз дурии дилбару дидори ошно ва мунтазирем, ки боди шурта оғози вазидан кунад. Бо ин ривоят шеър аз «шеърият» меафтад.
Яке аз дӯстони нигоранда, ки ин асарро қабл аз чоп мехонд, ин нуктаро ёдовар шуд, ки: «киштишикастагон ҳастанд, ки бар тахтапорае дар дарёи Ором орзуи вазидани боде доранд, ки ононро ба сӯйи раҳ барад» [14, 146-147].
Соли 2013
Китобнома