Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Таърих дар марҳалаҳои сарнавиштсоз ба дӯши шахсиятҳои алоҳида иҷрои муҳимтарин вазифаҳоро мегузорад. Агар ин масъулият бо фазилатҳои шахсии фард созгор ояд, беҳтарин натиҷа ҳосил хоҳад шуд, зеро он давра дар таърихи мамлакат даврае хоҳад гашт, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа неруи ақлонӣ ва ҷисмонии худро ба ҳаракат оварда, барои дастёб шудан ба иҷрои он вазифаи бузург кӯшиш хоҳанд кард, ки дар оянда боиси рушду нумӯи онҳо хоҳад гардид ва ин падидаест, ки саҳми ин ё он халқ ба таҷрибаи таърихии инсоният номида мешавад. Дар ин маврид хурдиву бузургии халқу давлат аҳамият надорад, моҳият дар чигунагии масъалаҳо ва чӣ тарз ҳал шудани онҳост.
Аммо инкишофи таърих диалектикист, ки дар муборизаи шадиди баҳамзидҳо сурат мегирад ва халқҳоро аз санҷишҳои сахти худ гузаронида, соҳиби таҷрибае мегардонад, ки барои афзуда шудан ба дастоварди таърихи башарӣ шоиста бошад.
Охири қарни бист барои халқи тоҷик ҳамин гуна давра буд, таърих моро ба санҷиши мушкилтарин рӯ ба рӯ сохт, то бубинад, ки мо аз он чӣ гуна бармеоем ва ин масъулиятро ба дӯши ҷавонмарди он вақт чиҳилсола, Раиси Шӯрои Олии мамлакат ва ҳоло Президенти Тоҷикистони соҳибистиқлол Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов вогузошт.
Толеи мо баландӣ кард, ки ӯ соҳиби чунин фазилатҳои инсоние мисли адолату ҳимматбаландӣ, хирадмандию бузургӣ будааст. Ин фазилатҳо ба иҷрои масъулияти таърихие, ки аз ин се вазифаи тақдирсоз – муттаҳид сохтани миллат, таҳкими асосҳои давлат, эъмори ҷомеаи навин иборат буд ва бар дӯши ӯ вогузор шуд, комилан мувофиқат ва мадад карданд.
Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов дар замоне ба сари қудрат омад, ки ҳокимияти давлатӣ фалаҷ шуда, дар натиҷаи cap ба cap бархӯрдани мардуми минтақаю маҳалҳо ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда, давлату халқи тоҷик, бо он ҳама шукӯҳу шаҳомати таърихиаш хору зор ва бозичаи дасти дигарон гашта буд. Акнун шахсияти таърихӣ ва сарсупурдае зарур буд, ки парчами номуси миллиро баланд бардорад, нанги ватандории моро ангезиш диҳад, ба хотири оромии арвоҳи гузаштагон ва ҳастии бедори ояндагон, новобаста аз он ки чӣ хатаре ба сараш меояд, миллатро ба сарҷамъӣ ва ватандорӣ даъват ва раҳнамун созад.
Иҷрои ин масъулияти таърихӣ, ки бевосита аз талаботи шароити айнии замон бармеомад, бо эҳсосоти шахсии миллию ва-тандории Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ҷӯш хӯрда, ӯро водор мекард, ки воситаҳои ғайримуқаррарӣ ва далерона пайдо намуда, онҳоро дар ҳаёт татбиқ кунад. Дар ин роҳ ба ӯ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ягона мақоми қонунии давлат мусоидат намуд, ки дар он айём тамоми масъулияти таърихиро бар дӯш гирифта, барои барқарор сохтани рукнҳои асосии давлатдорӣ, таъмини қонуният ва ба даст овардани сулҳу ризояти миллӣ фаъолият кард.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, даъвати дувоздаҳум, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Хуҷанд баргузор шуд, баъд аз баррасии ҳамаҷониба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (Қонуни Асосӣ)» қабул кард, ки мувофиқи он ваколатҳои Президенти мамлакат бар дӯши Раиси Шӯрои Олӣ вогузор шуд, яъне Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ҳамзамон ба ҳайси Сардори давлати Тоҷикистон интихоб гардид. Бо назардошти шароити таърихӣ – даргирии тарафҳои муқобил, буҳрони сиёсиву иқтисодӣ, фалаҷии ҳукумат ва бо мақсади пешгирии амалҳои номатлубе ҳамчун мансабталошӣ давлати Тоҷикистон аз тариқи идораи президентӣ даст кашида, дар қаламрави худ идораи парламентии давлатдориро қабул кард.
Муҳимтарин суханҳо дар мушкилтарин лаҳзаҳо бадоҳатан гуфта мешаванд, ки хилқат ва рисолати шахси гӯяндаро равшан нишон медиҳанд ва ҳамчунонки халқ мегӯяд, онро гӯё фариштаҳо ба даҳони кас меандозанд, вале аз назари ҷомеашиносӣ онро натиҷаи дарки дурусти вазъи сиёсӣ ва муайян карда тавонистани масъалае меноманд, ки ҳалли он аз ҳама муқаддамтар мебошад.
Аввалин суханҳое, ки Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ҳамчун Сардори давлати Тоҷикистон ба забон овард, ҳамин гуна сифат дошта, хилқат ва рисолати гӯяндаашро аён сохтанд.
Ӯ мухтасар, вале моҳиятбинона сухан гуфт: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем». Ин суханон, ки баёнгари орзую умеди мардум буданд, дар дили вакилон ва тамоми мардуми кишвар амиқ ҷой гирифтанд ва аз ҳамон лаҳза Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ҳамчун паёмовари сулҳ ва наҷотбахши миллат шинохта шуд ва ин аз назари таърих чунин маъно дошт, ки халқи тоҷик ба ҷараёни муттаҳидшавии миллӣ дохил гардид, то асосҳои давлатдории навинашро гузорад.
Аммо тазод ин ҷост, ки барои таъмини сулҳ ҷанговар бояд буд, ҷанговари сулҳ, яъне барои таъмини сулҳ ба ҷабҳаи доғ бояд рафт ва ҷони худро дар баробари ҷабҳагирифтагон ба хатар бояд гузошт, ки дар фаъолияти сулҳоварии Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ин гуна ҳолатҳо борҳо ҷой доштанд. Вале, бо вуҷуди ин, заковати роҳбарӣ дар он зоҳир мешавад, ки мардумро ба ин рисолати худ бовар кунонида, аз паси худ бурда ва тамоми ҳокимияти дар даст дошта, ҳокимияти қонунгузор ва иҷроияро, ба амалӣ сохтани он вазифа раҳнамун карда тавонӣ, ки инро ҳам ӯ комилан ба анҷом расонд.
Ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия дар Тоҷикистон аз ноябри соли 1992, аз иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аз нав фаъол гашта, қарору қонунҳое қабул ва ба амал татбиқ кард, ки барои ба эътидол овардани вазъи шадиди кишвар ва баровардани он аз буҳрони сиёсию иқтисодӣ зарур буда, мардумро бовар мекунонд, ки акнун ба сари давлат сарваре омадааст, ки мақсади асосиаш пуштибонӣ аз манфиати миллат, таъмини якпорчагии ватан ва пойдории давлат мебошад. Дар ҳамон иҷлосия зери роҳбарии ӯ қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» далели ғамхорӣ аз халқи азиятдида ва дурусту сиёсатмадорона шинохтани авзои ҷомеа буд, ки ба гурезагони иҷбории бехонумоншуда ҳифзи иҷтимоии ҳуқуқӣ кафолат дода, ҳукумати ҷумҳуриро вазифадор мекард, ки барои аз ҳисоби давлат ба маҳалли доимии истиқомат баргардонидани онҳо, барқарор сохтани хонаву ҷо, хариди чорво чораҳои зарурӣ андешида, ба онҳо қарзҳои имтиёзнок диҳад.
Тамоми ҷангҳо бо сулҳ меанҷоманд ва воситае, ки онҳоро ба ин натиҷа меорад, бахшоиш аст ва бахшоиш фазилати дилҳои бузург аст, ки эҳдои азалист. Сифатҳои азалии сарвар дар умури сиёсат ва давлат нақши намоён ва ҳалкунанда доранд, ки ин падида дар шахсият ва фаъолияти Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов баралло бармало намудор буда, он сулҳу оштии тарафҳои даргир ва ризояти миллиро дар Тоҷикистон таъмин намуд.
Ин сифат ҳамон замон аз қонуну қарорҳое, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI зери раисии ӯ қабул кард, равшан ба назар мерасид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27-уми март то 25-уми ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифат ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд», Қарори иҷлосия «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии шахсоне, ки бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ зарар дидаанд» аз ҷумлаи онҳо буданд.
Инҳо ҳама тадбирҳои сулҳовар ва муттаҳидкунанда буданд, ки сифати бахшоиш дошта, соҳиби ин обу хок, ин Ватан будани халқро қонунан таъйид ва таъкид карда, аз оғози роҳбарии сиёсатмадори миллатсоз дарак медоданд. Шӯрои Олӣ дигар зери фишору таҳдиди гурӯҳҳои алоҳида зуд-зуд қарору қонунҳои худро тағйир намедод ва рисолати таърихии худро ба ҷо оварда, қонуну қарорҳое ба тасвиб мерасонд, ки барои амнияти мардум хидмат намуда, собит месохтанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу оромиш буда, аз роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ – мардумсолор қадам мебардорад ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро вазифаи муқаддами хеш медонад.
Акнун Шӯрои Олӣ воқеан сарриштаи тақдири мамлакатро дар даст дошт ва ба воситаи қабули қарору қонунҳо сохтори фалаҷшудаи ҳокимиятро фаъол, мақомоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро барқарор, Артиши миллӣ ва Нерӯҳои посбони сарҳадиро таъсис намуд. Кори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷон гирифта, барои беҳтар кардани тартиботи қонунӣ мадад кард.
Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов танҳо дар ду соли мансаби Раиси Шӯрои Олиро бар зимма доштанаш, ки муддати кӯтоҳест, тавонист, авзои сиёсии ҷомеаро ба эътидол оварда, барои ислоҳоти конститутсионӣ дар мамлакат шароити мусоид фароҳам созад. Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 23-уми августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул карда буд ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ба он тағйироту иловаҳо ворид сохта, таҳти роҳбарии ӯ ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ тасдиқ шуд. Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов дар ҳамон Иҷлосия зарурати ин корро чунин шарҳ дода буд: «Муҳимтарин ҷиҳати ин вазифа то сатҳи юридикӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадбирҳои универсалии онҳо баланд бардоштани қонунгузории давлатист. Аз ин ҷиҳат мо ба хулоса омадем, ки системаи ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни асосиамон аз кӯмаки машваратии ташкилотҳои дахлдори байналхалқӣ истифода барем». Дар ин ҷо таъкиди махсус рӯи сатҳи маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ хеле муҳим аст, зеро аҳамияти алоҳида додан ба ҷиҳати маънавии Қонуни асосӣ ва ҳамаи қонунҳои дигаре, ки баъдан дар такя ба он тартиб дода мешаванд, амали фаъоли онҳоро таъмин намуда, барои аз чаҳорчӯбаи қонун берун нарафтани ахлоқи ҷомеа хидмат хоҳад кард, ки далели озодии воқеӣ ва солимии ахлоқию мaънавӣ хоҳад буд. Агар ихтиёр ба ман мебуд ва ин суҳбат шеър мебардошт, ин маъниро ба забони шеър чунин хулоса мекардам:
Озодии инсон, ки ба сад мазмун аст,
Озод касе, ки бандаи қонун аст.
Гурӯҳи корие, ки Раёсати Шӯрои Олӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи мамлакат таъсис кард, ин талаботро ба эътибор гирифта, ду лоиҳа тартиб дод, ки яке Конститутсияи сохти президентии идораи давлат ва дигаре Конститутсияи сохти парламентии идораи давлат буд, зеро аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки масъалаи шакли идораи давлатӣ ба миён омад, дар ин бора ақидаҳои мухталифи сиёсӣ ба ҳам бархӯрда, як натиҷаи муайян ҳосил нагашта буд.
Вале дар муддати таҳияи лоиҳаҳо ва амиқ сар фурӯ бурдан ба моҳияти вазъи ҷомеа, бо мақсади тамаркуз бахшидан ба ҳокимият ва бештар сохтани масъулият он ақида бартарии комил пайдо кард, лоиҳаи Конститутсияе, ки сохти президентии идораи давлатиро таъмин менамояд, ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шавад, ки ин амал 6-уми ноябри соли 1994 сурат гирифта, бо ҷонибдории зиёда аз 87 дар сади интихобкунандагон пазируфта шуд.
Тоҷикистон соҳиби Конститутсияи (Сарқонуни) миллии худ гашт ва халқи он аввалин бор дар таърих бо таъкид арза дошт, ки: «Мо, халқи Тоҷикистон... ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем» ва худро «баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ» эътироф мекунем ва зимоми сарнавишти худро ба дасти худ гирифт. Сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ шинохта шудани халқ аломати асосии усули тозаи давлатдорӣ буд, ки мақсад дошт, ҷомеаи навро бунёд гузорад, ва аз давлатдории пешин, ки рӯи арзишҳои табақотӣ қарор гирифта буд, ба куллӣ фарқ мекард. Аз рӯи ин усул тамоми шаҳрвандони мамлакат бемамониат дар умури давлатдорӣ шахсан ва ё ба воситаи интихоби вакили хеш ширкат варзида, ақидаи худро озодона ифода карда метавонистанд. Нуктаи муҳими дигаре, ки ба дурнамои инкишофи иқтисодии кишвар тааллуқ дошт, мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла, дар баробари моликияти давлатӣ моликияти хусусиро эътироф кардан ва дар ҳимояи давлат гирифтани он буд, ки ба муносибатҳои сифатан нави иқтисодию иҷтимоӣ асос мегузошт.
Мақоле ҳаст, ки мегӯяд: Ҳар чизи тоза кашфшуда, чизи хуби фаромӯшшуда аст ва агар мо муносибати давлату моликиятро аз замонҳои қадим ба ёд орем, ба ин гуфтаҳои файласуфи Юнони бостон Фишоғурс (Пифагор) рӯ ба рӯ хоҳем шуд: «Шаҳрванде, ки моликият надорад, ватан надорад» ва хоҳем дарк кард, ки эҳсоси ватандорӣ бо моликиятдорӣ пайваста аст, вале чизи дигаре ҳам дуруст аст, ки агар давлат ва қонунҳои он одилона ва пойдор будан хоҳанд, онҳо чунон бояд бошанд, ки барои моликиятдор шудани тамоми мардум хидмат кунанд.
Бо назардошти ин қонунмандии иҷтимоӣ Конститутсияи мо ба ҳама шаҳрвандон ҳуқуқи баробари моликиятдорӣ додааст ва қонунҳое, ки Парламенти мамлакат оид ба ин соҳа қабул мекунад, барои иҷрои ҳамин мақсад мебошанд.
Дар шароити нави таърихӣ ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф хоҳад ёфт, зеро шаҳрвандон ҳуқуқи ташкили ҳизбҳои мухталифи сиёсӣ ва дигар иттифоқҳои касабавию ҷамъиятиро пайдо карданд, ки заминаи гуногунандешӣ буда, барои пешрафти ҷомеа хидмат хоҳанд кард. Ҳоло дар Маҷлиси Олӣ фаъолият кардани вакилони ҳизбҳои сиёсии ҲХДТ, ҲКТ, ҲНИТ ва дар ҷомеа мавҷуд будани ҲДТ, ҲСДТ, ҲСТ ва иттифоқу иттиҳодияҳои сершумори касабавию ҷамъиятӣ маҳсули ҳамон озодие мебошад, ки Конститутсияи нав додааст.
Аз рӯи ин Конститутсия дар Тоҷикистон сохти президентии идораи давлат таъйин гашта, ба Президенти ҷумҳурӣ ваколати Сардори давлат ва ҳокимияти иҷроия дода шуда, ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад (моддаи 9). Ин истифодаи таҷрибаи давлатҳоест, ки аз роҳи мардумсолорӣ ва ҳуқуқбунёдӣ ба зинаҳои баланди тараққиёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ расидаанд.
Ин даврон барои кишвари мо мушкил, вале босамару ояндасоз буд, зеро, аз як тараф, рукнҳои асосии ҳуқуқии давлатдории навин гузошта мешуданд, аз тарафи дагар, Сардори давлат дар шахси Президенти интихобкардаи халқи Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов бо Сарварони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин роҳҳои оштӣ ва ризояти миллиро меҷустанд, ки яке аз нуктаҳои он дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар низ буд. Баъд аз тайёр шудани андешаҳо оид ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди худро ба Маҷлиси Олӣ ирсол дошт ва Маҷлиси Олӣ қарори дахлдори худро қабул кард, ки аз рӯи он рӯзи 26-ми сентябри соли 1999 рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ эълон шуда, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон як силсила тағйироту иловаҳо ворид гашт.
Аз рӯи яке аз ин тағйироту иловаҳо дар мамлакат Парламенти думаҷлиса – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ки дуюмӣ доимоамалкунандаи касбӣ мебошад, ба фаъолият шурӯъ кард, ки парламентаризми миллии моро инкишоф дода, хусусияти мардумсолории давлатдориамонро афзун намуд. Тариқи интихобу таъйинот, салоҳияту имтиёз, ҳуқуқу ихтиёрот ва фаъолияти ин ҳар ду Маҷлис дар Конститутсия ва қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён ва муайян карда шудааст, ки ҳоҷати такрораш нест, аммо чанд нуктае ҳаст, ки дар ин ҷо ба он диққати ҷудогона бояд дод.
Аз чаҳор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) ба таври ғайримустақим, бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд, яъне онҳоро вакилони халқ интихоб менамоянд ва аз ин рӯ, онҳо ба ин маънӣ намояндагии воҳидҳои марзиву маъмурии ҷумҳуриро низ ба ҷо меоранд. Аз чаҳор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти ҷумҳурӣ таъйин мекунад ва онҳое, ки шоистаи ин таъйинот мешаванд, шарафмандӣ ва масъулияти ҷудогонае доранд, зеро Президент ягона шахсест, ки салоҳият дорад иродаи тамоми халқи мамлакатро ифода намояд.
Дар ташаккули Маҷлиси миллӣ зуҳури маънавиёт ва ахлоқи ҳамидаи халқамонро низ дармеёбем, ки он дар қадршиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба заҳматҳои собиқ роҳбарони дараҷаи аввали ҷумҳурӣ зоҳир мешавад. Конститутсияи (Сарқонуни) мамлакат ба ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ додааст, ки бо изҳори иродаи худ узви якумраи Маҷлиси миллӣ бошад.
Бо мақсади ҳарчи мардумсолортар шудани низоми идории ҷомеа ва ба манфиати халк пурра татбиқ гаштани қарору қонунҳое, ки Маҷлиси Олӣ қабул мекунад, аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва ашхоси дигаре, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян намудааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд ва ин маҳдудият имкон намедиҳад, ки як шахс ҳам масъули қабули қарору қонунҳо ва ҳам масъули иҷрои онҳо бошад, яъне ҳокимияти давлатӣ, ки ба се рукн таҷзия шудааст, ба ҳам махлут шавад.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон баробари салоҳияти якхелаи қонунгузорӣ салоҳияти мушаххаси ҷудогона ҳам доранд, аз ҷумла, таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва тағйири онҳо, интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент, ризоят барои таъйин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ, салоҳияти махсуси Маҷлиси миллӣ мебошад, қабули қонунҳои буҷети давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва афв, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, салоҳияти махсуси Маҷлиси намояндагон аст.
Фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз рӯи усули муқовимат ва боздорӣ сурат метрад, ки он дар ҷонибдорӣ кардан ва ё баргардонидани қонунҳое, ки ба Маҷлиси миллӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд, ифода ёфта, барои мукаммалтар шудани онҳо хидмат мекунад.
Синни интихобии вакили Маҷлиси намояндагон аз 25 ва узви Маҷлиси миллӣ аз 35 муайян шудааст ва ин даҳ соли тафовут ба фарде, ки узви Маҷлиси миллӣ мешавад, барои он зарур аст, ки дар ҳалли масъалаҳои мураккаби ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа таҷрибаи зарурӣ андӯхта бошад.
Аъзо ва вакилони ҳар ду Маҷлис ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд ва дар давоми бештар аз чаҳор соли фаъолияти хеш қонуну қорорҳоеро, ки барои ба танзим даровардани раванди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавию ҳуқуқии ҷомеа заруранд, метавонанд пешниҳод ва қабул намоянд. Аз байни онон пешниҳоди ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли гузашта дар раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардум тарафдории комил ёфт, махсус қайд кардан зарур аст.
Конститутсия ҳуҷҷате нест, ки бо як қабул шудан абадан як хел боқӣ монад, зеро он маҳсули шароити мушаххаси таърихӣ буда, бо хусусияти нав пайдо кардани воқеият бояд дигаргунӣ пазирад, вагарна вазифаи асосии худро, ки санади меъёрию ҳуқуқӣ будан аст, иҷро карда наметавонад. Бинобар ин, тағйироту иловаҳое, ки ворид шуданд, тақозои ҷараёни рушду такомули унсурҳои мардумсолорӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи мо мебошад. Илова кардани мазмуни зайл ба моддаи панҷуми Конститутсия «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд» дастоварди солҳои охири ҷомеаи мо буда, тақозо мекард, ки қонунҳои дигари вобаста ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дар партави ин таъйинот аз нав дида шаванд ва ин дар амал ҳам воқеъ шуд, ки мо аз мисолҳои бисёр танҳо якеашро зикр мекунем. Ин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки ба наздикӣ қабул гардида, ба Кодекс бештар аз 350 тағйиру илова ворид намуд, ки ҳама дар самти сабук кардани ҷазо мебошанд. Агар муқоиса карда шавад, дидан мумкин аст, ки дар қонун то соли 1998 дар 44 маврид, дар соли 2003 дар 15 маврид, дар соли 2004 дар 5 маврид ҳукми қатл раво дониста мешуд, дар давоми шаш сол ҳукми қатл қариб чанд баробар кам шудааст.
Ҳоло Қонун «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки онро Маҷлиси намояндагон қабул кард ва Маҷлиси миллӣ ҳам онро бо раъйи комил ҷонибдорӣ намуда буд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Зеро он натиҷаи раванди мардумсолор гаштани ҷомеа, ҳамчун арзиши олӣ шинохтани ҳаёт, ҳуқуқу озодиҳои инсон, устувор гаштани пояҳои давлатдорӣ ва бештар аз ҳама афзоиши таъсири маънавиёт ва ахлоқи ҳамида бар қонуну қонунгузории мо мебошад.
Ҳоло Президенти мамлакат ҳангоми амалӣ гардонидани салоҳияти мушаххаси худ, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон муқаррар намудааст, дар бисёр маврид бо Маҷлиси Олӣ робитаю ҳамкорӣ мекунад, ки далели зарурати шинохти эътибороти ҳар ду ҳокимият - қонунгузор ва иҷроия буда, пояҳои ахлоқии муносибати байниҳамдигарии онҳоро қавитар месозад.
Ҷомеа ҳар қадар бештар тараққӣ кунад, ин маъноро ҳамон қадар бештар дарк хоҳад кард: ба он чизе, ки тавассути беҳтар кардани ахлоқ ба даст овардан мумкин аст, набояд ба воситаи қонун ноил шуд. Дурустии ин фикри файласуфона дар таърихи башарӣ ва амалияи қонунияти давлатҳои мутараққӣ ба исбот расидааст, ки ҳоло дар ҷомеаи мо татбиқ мешавад ва мисоли дурахшони онро боз ҳам Президенти мамлакат Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов нишон дод. Президенти Ҷумҳурӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории хеш ҳанӯз соли 2001 ба Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи авфи умумӣ» пешниҳод карда буд, ки якдилона қабул гашта, барои тақвияти моҳияти инсонпарварона ва беҳбуди ахлоқию маънавии ҷомеа хидмат карда, собит намуд, ки гумроҳшудагон низ аз меҳру шафқат ва бахшоиши давлати хеш бенасиб нестанд.
Таҷрибаи чандҳазорсолаи башарӣ нишон медиҳад, ки қонунҳо ҳар қадар дар заминаи ахлоқию маънавии мустаҳкам омода шуда, нармтару инсонпарваронатар бошанд, ҳамон қадар камтар вайрон карда шуда, амалашон ҳам комилтар мегардад ва ё аз назари илми қонуншиносӣ бигӯем, сахтии қонунҳо барои риояи онҳо мамониат пеш меорад. Аз ин рӯ, дар солимии ахлоқи ҷомеа на фақат қонунҳое хидмат мекунанд, ки барои ба танзим даровардани маънавиёту ахлоқ, яъне қонунҳое, ки асосан соҳаҳои иҷтимоӣ, илму фарҳангро дар бар гирифта, барои беҳбуди маънавии ҷомеа қабул шудаанд, балки ҳамаи он қонунҳое, ки низ ба ҷиҳатҳои дигари зиндагӣ бахшида шуда, моҳияти ахлоқӣ ва таъсири пурқуввати маънавиро доро ҳастанд.
Бинобар ин, ҳамаи қонунҳо, новобаста аз соҳаашон барои он ки ба беҳбуди авзои ҷомеа мадад расонанд, бояд моҳияти ахлоқӣ ва таъсири пурқуввати маънавӣ дошта бошанд.
Як силсила қонуну қapopҳоe, ки шахсан аз ҷониби Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод шудаанд, барои ривоҷу равнақи иҷтимоиёт, илму маориф, фарҳанг ва ифтихороти миллӣ мусоидат карда, ҳамин гуна сифати беҳдошти ахлоқӣ ва маънавиётсозӣ доранд, ки табиати ҷомеаро нармтар, башардӯсттару фарҳангитар менамоянд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз рӯи он 20-уми март ҳар сол Рӯзи зиёиёни эҷодкор қайд карда мешавад, табдил дода шудани номи вилояти Ленинобод ба Суғд ва шаҳри Ӯротеппа ба Истаравшан, ки бо пешниҳоди Президенти мамлакат шакли қонунӣ гирифтанду ба вуқӯъ пайвастанд, барои тарғибу ташвиқи нақши зиёиён дар бедории мардум, таъриху анъанаҳои фарҳанги миллӣ, тарбияи наслҳо дар рӯҳияи ватандустӣ ва ифтихори ватандорӣ хидмати шоиста ба ҷо меоранд. Пешниҳоди Президенти мамлакат дар бораи аз андози иловагӣ озод кардани нашри китоб ва матбуот низ аз силсилаи ҳамон чораҳое мебошад, ки таъсири мутақобилаи файзбахши ахлоқу маънавиётро бо низоми ҳуқуқиву сиёсии ҷомеа густариш хоҳад дод.
Дар ниҳояти кор ҳамаи қонуну қарорҳо барои расидан ба маънавиёти баланд ва ахлоқи ҳамида офарида мешаванд, низоми давлатӣ ва қонунҳое, ки ҳамин ҳадафро пайгирӣ менамоянд, бевосита барои ноил шудан ба асли мақсад кор мекунанд, ки татбиқи он дар умури давлатдории имрӯзаи мо низ равшан ба назар мерасад. Ман ҳамчун як нафар хидматгузори соҳаи маънавиёт (файласуфи оламшумули немис Гегел адабиётро маҳсули ниёзи маънавӣ медонад) наметавонам ин хусусияти давлатдории навинро, ки зери сарварии Сардори давлат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов бомуваффақият сурат мегирад, бо ташаккур қайд накунам, зеро давлату ҳукумат дар доираи имконоти мавҷуда ва баъзан шояд бештар аз он барои пуштибонии маънавиёт ва заҳматкашони он тадбиру чораҳое меанде- шанд, ки мавриди таваҷҷуҳи хоса будани онҳоро таъкид карда, нақши онҳоро дар таҳкими асосҳои маънавии давлат бузург мешиносанд. Дар ин радиф сазовори номи Қаҳрамони Тоҷикистон гаштани бузургони адабиёт, таҷлили ҷашну бузургдошт, дар асъори миллӣ ҷой гирифтани тасвири онҳо, гузоштани номи эшон ба шаҳру ноҳияву кӯчаву хиёбонҳо, аз ҳисоби маблағи захиравии Президенти кишвар ба нашр расидани асарҳо, аз панҷ ба ҳафт адад зиёд кардани Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, имтиёз ва мадади моддӣ ба Нависандагони (Шоирони) халқии Тоҷикистон, ки бо амру фармоиши Президенти мамлакат, қарору қонунҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Маҷлиси Олӣ ба амал татбиқ мегарданд, аз ҳамин ҷумлаанд. Ё худи он ки як нафар хидматгузори маънавиёт, каминаи камтарин, бо таъйинот ва ҳидояти Президенти мамлакат узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар таъйин ва муовини Раиси он интихоб мешавад, далели раднопазири он acт, ки дар мафкураи давлат ва сарваре, ки давлатдории навинашро бунёд мекунад, мафҳумҳои давлат ва маънавиёт ба ҳам пайванди решагӣ дошта, дар зеҳни Сардори давлат ҷой гирифтааст, ки дар умури давлатӣ ворид кардани ашхоси фарҳангиро беманфиат намешуморад. Ин таъйинот кори фарҳанги ҳазорсолаи мост дар ниҳоди ӯ.
Инъикоси таҷаллии маънавиёту фарҳанг дар умури давлатдорӣ, қонуну қарорҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тарзи хоси худ сурат мегирад. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) мо омадани ҳамчунин моддае, ки мегӯяд: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд» аз нури ҳамин маънавиёт мунаввар буда, хулосаи таҷрибаи чандҳазорсолаи фалсафии зиндагист, ки аз сарчашмаи фарҳанги ориёӣ – таълимоти маънавии Авесто оғоз гирифта, бар се рукни ҳастиофарин – пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек қapop дорад, ки мабдаи некӣ будани мавҷудияти инсонро таъкид мекунад. Ин таълимот бар ҳамаи дину оинҳои баъдии инсоният – буддоӣ, яҳудӣ, насронӣ ва ислом акси дурахшони худро андохта, дар таълимоти ирфону тасаввуф ва фалсафиён ҳам хулоса гаштааст, ки шинохти ҳар қадар бештари инсон шинохти мазҳари некӣ будани он аст. Конститутсияи мо ҳам, ки ин маъниро бо шеваи қонун баён мекунад, такя бар ҳамин таълимот дорад ва ҳамаи қонуну қарорҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки Маҷлиси Олӣ ба тасвиб мерасонад, дар ниҳояти кор манзурашон низ ҳамон аст, ки инсон аз шинохти мазҳари некӣ будани худ берун наравад ва бидонад, ки маънову мазмуни ҳастии ӯ, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ расидан бар маънавиёти баланд ва офариниши некист.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санади сарнавиштсоз низоми давлатдории соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро дар мамлакатамон муайян намудааст, ки тибқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳост ва агар мо қоил ҳастем, ки онҳо барои халқу давлати тоҷик арзиши таърихӣ ва тақдирсоз доранд, пас мо ба шахсияти ӯ низ ҳамин гуна сифатҳоро бояд қоил бошем, зеро ҳамчунонки файласуфи оламшумул Волтер мегӯяд: «Ҳеҷ чиз маро ба он ҳақиқати мутлақ шак оваронида наметавонад, ки ҳар чизи эҷодшуда далели гӯёи эҷодкори худ мебошад».
Соли 2004