Муҳаммадшариф Саъидӣ... ин ном ҳарчанд дар муҳити адабии Афғонистону Эрон шиносу маъруф аст, аммо дар Тоҷикистон шиносоии густардаи он акнун оғоз хоҳад шуд ва амин метавон шуд, ки ҷойгоҳи вежаи худро пайдо хоҳад кард, зеро шеъре, ки ӯ мегӯяд дар айни камолу шевоист. Китобе, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтааст – “Садои маҳшар”, аз чиҳил ғазал иборат буда, онро шоири маъруфи эронӣ, дуктур Алиризои Қазва соли 2020 дар Муассисаи фарҳангии шоирони порсизабон дар Деҳлӣ нашр кардааст. Он китоб баъдан, соли 2022, дар Эрон дар Озмуни ҷашнвораи Шеъри Фаҷр дар номинаи байналмилалии он яке аз се баранда

шуд, ки шоири он Муҳаммадшариф Саъидӣ аз Афғонистон ва муаллифи ду китоби дигар – Муҳаммад Боқирхон аз Ҳиндустон ва Аскар Ҳаким аз Тоҷикистон буданд.       

         Банда боз саодати онро доштам, соли 2016, ҳангоме ки  дар ҷумҳуриамон ҷашни Наврӯз бо иштироки намояндагони кишварҳои ҳавзаи он баргузор шуд, дар хонаам меҳмондори  онҳо бошам, ки Муҳаммадшариф Саъидӣ ҳам ташриф доштанд ва банда аз он рӯз эшонро ҳамчун инсони бисёр фурӯтану  самимӣ ва шоири воломақоме шинохтаам.

         “Садои маҳшар” – унвони китоб бозгӯи муҳтавои ин гузинаи ғазалҳост, ки аз воқеияти имрӯзии зиндагии мардуми Афғонистон бармеояд ва мамлуи фоҷиаҳои фардиву иҷтимоист. Бинобар он, мутолиаи он  барои тафреҳ набуда, бар дӯши хонанда бори гарони ҳамдардӣ фуруд меорад ва барои муайян намудани чарову чунии он ба андешаҳои амиқ вомедорад. Табиист, ин фоҷиаҳоро чунон бояд гуфт, ки на танҳо дар дили гирифторони онҳо асар бигзоранд, балки ҷону дили онҳоеро ҳам такон диҳанд, ки дур аз ин фоҷиаҳо зиндагӣ доранд. Ин махсусан барои Муҳаммадшариф Саъидӣ, ки солҳост дар муҳоҷират, дур аз ватан дар Суед – ба қавли худаш дар Шведун зиндагӣ мекунад, муҳимм аст, зеро хонандагони ӯ на фақат форсизабонон – тоҷикону афғонҳову эрониён, балки форсидонҳои Урупо ва миллатҳои дигар ҳам мебошанд, ки асарҳои ба забонашон тарҷумашудаи шоирро мехонанд. Муҳаммадшариф Саъидӣ худ ба дараҷае кӯшост, ки дар замони муҳоҷират забони шведиро омӯхта, ба он асар менависад ва барандаи ҷоизаи созмони нависандагони ин кишвар ҳам мешавад. Ин ҳам далели дигарест, ки ӯ кори адабиро ба ҳамешагӣ шуғли асосии зиндагии худ қарор додааст, дар ҳоле ки баъзе аҳли адаб чун ба муҳоҷират, махсусан агар ба Урупо мераванд, маҷбур мешаванд, ки барои таъмини маош ба ҷойи кори адабӣ бештар ба корҳои дигар машғул шаванд, ки ин  ба мақоми эҷодиашон асар мегузорад, вале Муҳаммадшариф Саъидӣ аз ин қабил мустасност. Фаъолияти адабии ӯ сол ба сол, на фақат аз назар мазмуну муҳтаво, балки сохтор ҳам амиқу густардатар мешавад. Дар замоне ки ӯ муқими Афғонистону Эрон буд, шеъраш асосан дар қолабҳои суннатӣ суруда мешуд, дар муҳоҷират ба иншои ашъори нимоӣ ва сафед ҳам рӯй оварда, намунаҳои шоистаи таҳсин офаридааст, яъне ӯ ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯ ва таҷрибаҳои тоза будааст. Вале ҳоло мавриди андеша ашъори китоби “Садои маҳшар” аст, ки танҳо аз ғазалҳо иборат мебошад.

          Муҳиммтарин вежагии ин ғазалҳо дар мазмуну муҳтавои тоза, забони муносиб, ки ин муҳтавои тозаро ба хубӣ ифода мекунад, ва аз назари сохтор сабки ривоятӣ доштани онҳо мебошад. Ғазали ривоятӣ дар шеъри классикии мо дар давраҳои аввали мавҷудияташ вомехӯрад, аммо баъдан хеле ба нудрат ба назар мерасад, зеро дар ҷараёни  рушду такомули минбаъда истиқлоли маъноии байтҳои он бештар шуда, ҷанбаи ривоятиаш ба коҳиш меравад. Вале ғазали ривоятии Муҳаммадшариф Саъидӣ аз ғазалҳои ривоятии пешин фарқ мекунад, дар он ривоят бисёр нозук, пардапӯшона ва бештар тасвиргарона мебошад, хулосаи шеър бевосита баён нагашта, зимни сурат ё ривоят ҷой мегирад, ки дарки он аз хонанда  андешаи фаъолу тааммули бештарро тақозо менамояд, вале чун дарк мешавад, асараш хеле амиқ ва бадеъ боқӣ мемонад. Шеъри Муҳаммадшариф Саъидӣ ҳамин гуна вежагиҳои тозаву пурбор дорад, бинобар он, ӯ ҳам дар радифи шоирони мубтакир ва пешоҳанги навҷӯй ба “такомули ғазали форсӣ ба “ғазали наву тасвирӣ” расид. Ин навъ ғазал таҳти таъсираи ситраи шеъри нави форсӣ қарор дорад ва аз имконоти шеъри нав, чӣ аз назари забон ва чӣ аз назари мазмун истифода мекунад”.[1]

Дар баҳри беканори ғазалҳои имрӯз, ки сафҳаҳои китобу шабакаҳои иҷтимоиро пур кардааст, бо ғазал ному мавқеъ пайдо кардан саҳл коре набуда, ба ҳар шоир муяссар ҳам намешавад, аммо ин чун ба Муҳаммадшариф Саъидӣ даст додааст, худ далели шоири тавоно будан ва тозагию пурмаъноии ғазалҳои  ӯст. Муҳтавои ин китоби ғазалҳо асосану амиқан иҷтимоист, ки баргузидатарин, писандидатарин ва муҳиммтарин муҳтавои ҳамешагии ҳамаи замонҳост, то даме ки инсоният ба адолати саросарии иҷтимоӣ мерасад. Ин маънӣ, ки дар заминаи зиндагии мардуми шарқ ва махсусан Афғонистон, ки Саъидӣ шоири он аст, сурати бадеӣ мегирад, ба намои фоҷиавӣ рух менамояд, ки табиист, зеро вазъи имрӯзии ин кишвар ҳамин гуна аст. Бинобар он, ғазали оғозини ин китоб, ки “Далели ҳанҷара бастан чист?” ном дошта, аз вазъи мазлумонаи занони кишвар сухан меронад ва ононро барои озодӣ, комилҳуқуқӣ ва ҷомеаи мардумсолорӣ “дод бизан” мегӯяд, ҳаргиз фоҷиаи танҳо занон нест, он бештар фоҷиаи мардон ва тамоми ҷомиа аст, ки мақоми занро ба дурустӣ нашинохтаанд.

 

                   Шаб аст, бо нахи овозат бидӯз парчами исёнро

                   Вагарна мондану пӯсидан миёни риштаву сӯзан чист?

                   Тамоми мантиқи инонро, ки бар ғурури ту механданд,

                   Шикофтаму нафаҳмидам, ки пеши мантиқашон зан чист.[2]

 

Муҳаммадшариф Саъидӣ дар яке аз гуфтугӯҳояш далели навишта шудани ин шеърро чунин шарҳ медиҳад: “...ба хабари Би-Би-Сӣ гӯш мекардам, ки дар хабар гуфт:  пахши садои зан дар родиё ва телевизиюн, мамнуъ ва ҳаром аст. Ман воқеан ранҷидам, ки чӣ тур аст нисфи як ҷомеа ва як пайкари башарӣ иҷозаи ҳарф задан надошта бошад... аслан ба унвони  инсон матраҳ набошад... мисли як ҳайвони хонагӣ зиндагӣ кунад. Ин барои ман бисёр ранҷовар буд ва ёдам меояд, ки ман ин шеърро бо гиря гуфтам”[3].

         Аз ин гузашта ба шеъри “Дахмае сард – ба Лидо Умед ва духтароне, ки дар Ҳирот худсӯзӣ карданд”, мерасем, ба фоҷиаи аз ин ҳам ваҳшатангезтар рӯбарӯем, ки, мутаассифона, дар ватани шоир ҷой дорад ва ба андеша меравем, шоире, ки бо шунидани хабари мамнуии садои занҳо дар родиою телевизион  ба гиря расида, шеър гуфт, дар ҳоли навиштани ин шеър чӣ ҳоле ва чӣ дарде ҷонгудозе дошт?! Касро он чиз ба ҳайрат меорад, ки шоир чӣ гуна метавонад дар баробари ин қадар ваҳшоният фарёди ҷонгудози худро фурӯ бурда, бо сабки дар назар орому ҳамвор фоҷиаи гӯшношуниди духтарони мазлумро бозгӯ кунад, ба замми он ки муносибати ҷомеа ба он аз он ҳам ваҳшатангезтар аст, зеро вақте шоир менависад, ки:

 

                   Бар сару гесуву мӯбандат патрул* бирез,

                   Баъд оташ зану дар қиртарин шаб бигрез.[4]

 

пай бурда мешавад, ки сухан аз чӣ гуна фоҷиаи ваҳшатангез аст, ки ҳатто шоир ҳангоми ҳикояти воқеа гӯё духтарро ба ин кор – худсӯзӣ даъват мекунад, зеро зиндагии ӯ аз ин ҳам ваҳшатбортар буда, ин роҳи халосӣ аз он сабуктар ба назар меояд. Ҷомеаи ғофил аз дарди духтар дар ҳаққи ӯ чӣ ҳукми фоҷиабортаре содир мекунад:

 

                   Ҳукм карданд, ки бар гӯрат оташ бизананд,

                   Шаби ҳафтум қаламу дафтару аксатро низ.[5]

 

         Дар ин ҳол, хонандаи шеър бешак ҳис мекунад, ки дарди шоир аз дарди он духтари худсӯз бештар аст, ки камтар нест, ва аз Худо мехоҳад, ки дили ӯро ба саломат нигоҳ дорад. Ин сабки ривояти ором бар муассирии шеър як бар чанд меафзояд. Шоир хеле огоҳона ин байтро, ки шеър бо он бояд хулоса мешуд, якбора пас аз байти матлаъ меорад, ки дар аввал ваҳшонияти ҷомеаи хурофотзадаи мазҳабӣ ва муносибати худро ба он амиқу таъсиргузор нишон диҳад, пас дар идомати ҳикояти воқеа дар панҷ байт аз паҳлуҳои он фоҷиа сухан мегӯяд, ки яке аз дигаре асафбортар аст.

 

                   Хона зиндони сиёҳат шуду занҷират ашк,

                   Нола девор шуду дахмаи сардат даҳлез...[6]

 

Ва дар охир боз ба матлаи шеър баргашта, онро бо каме тағйир чунин ба анҷом мерасонад:

 

         Сабри беҳуда чӣ кор ояд дар дахмаи сард,

                   Бар сару гесуву мӯбандат патрул бирез.[7]

 

         Ду ғазали дигаре ҳам, ки дар ин китоб омадааст, паҳлуҳои аз ин ҳам фоҷиабортари  зиндагии занону духтарони мазлуми Афғонистонро ба қалам мекашад, ки “Афсарҳову аскарҳо” ва “Ҳаромӣ” унвон шудааст. Дар ғазали аввалӣ ривоят аз воқеаест, ки афсари сармаст бо зӯрӣ духтареро аз хона берун мекашад ва бо аскарон – дӯстони худ ӯро бо бозиву шиканҷа таҷовуз мекунанду мекушанд ва дар майдонаш раҳо мекунанд. Шоир бо ишорати нозук аён менамояд, ки духтар дастнорасидаву бокира ва аз табақаи бечора аст, “лолаи хунини домон” ва “синабанди дастдӯз” ба ин гувоҳӣ медиҳанд.

 

                   Канори пайкари садпора вақте модараш омад,

                   Шиносойӣ намуд аз лолаи хунини домонаш.

 

                   Шиносойӣ намуд аз синабанди дастдӯзи ӯ,

                   Ки аз чоки пур аз хун буд берун нӯки пистонаш.[8]    

        

         Дар ин ғазалҳо дар баробари тасвири ваҳшонияти фоҷиаҳо то чӣ андоза бо таҳаммулу бурдборӣ ва зоҳиран оромона сухан гуфтани шоир ҳайратангез аст, ки ба хотири нигоҳ доштани меъёри ривоят ба ҷо оварда мешавад ва ин таҳаммулгароӣ дар баён дар дили хонанда ғалаёни шӯру фиғони фарогири ҷисму ҷонро барпо мекунад. Ҳамин тариқ, дар ғазали “Ҳаромӣ”, аз фоҷиаи зане сухан меравад, ки дар натиҷаи зӯроварии марде ҳомила гашта, ҳоло дар сурати гунаҳкор дар назди қозӣ қарор дорад ва, ба ҳар ҳол, умед ба адолати қозӣ мекунад, вале чун ба ҷойи он таҳқир ва “...эй зан, бигӯ зи тазвират”-ро мешунавад, аз зарбати ин сухан ҳамл берун меафканад. Ва ҳоло бар ин воқеа ва давому хулосаи он таваҷҷуҳ шавад, ба чӣ андоза дар баён пуртаҳаммулу меъёршинос будани шоир ба хубӣ дарк мешавад.

 

                   Дард дар банд-банди ту печид, зери пойи ту бачча ҷеғ кашид,

                   Ту гирифтӣ, ба гиря бӯсидӣ, нола афтод дар мазомират.

 

                   Чаккуши додгоҳ данге кард, ҳар касе фикри пора санге кард,

                   Осмон ногаҳон даранге кард, ва сиёҳӣ гирифт дар қират.[9]

 

         Махсусан дар байти мақтаъ, ки бе гуфтани сухане дар бораи ҳукми ваҳшиёна ноодилонаи қозӣ ва ҳамовоии мардуми хурофотзадаю дар асри санг қарор дошта, ки ба сангсор кардани ин зани бегуноҳи ҷабрдида ҳозиранд ва осмони зиндагии ӯро аз ҳаракат боздошта, дар сиёҳии қир ғарқ мекунанд, ба муъҷазбаёнии шоир рӯ ба рӯем. Ин ҷо аз ҳама ваҳшатноктар ҳамрайъии ҷомеа бо қозии беадолати худ аст, ки шоир ҳатто дар бораи он сухан намегӯяд ва қазоватро ба худи хонанда вомегузорад.

Ин ғазал аз назари сохтору шакл низ ҷолиб аст. Он дар яке аз вазнҳои баҳри хафиф, ки афоилаш: фоилотун мафоилун фаълун (фаилун) мебошад, ба қалам омада, ҳар мисраъ аз такрори дубораи он сурат мегирад ва аз 22 ҳиҷо иборат шуда, бо дарозиву ҳамвориву бешитобии худ барои ривоят бештар мувофиқ мегардад:

 

Дар дили ту ҷанини бетобист,  //  ҳай лагад мезанад ба тақдират,

Фикри як баччаи ҳаромии шӯх, // мекунад чун занони деҳ пират.[10]

 

 Ғазал аз 7 байт иборат аст ва ба ҷуз байти аввал дигар 6 байти минбаъда ҳама қофияҳои дарунӣ доранд, ки ин дар ғазали ривоятӣ бисёр нодир ва дар айни ҳол, ниҳоят ҷозиб аст. Ҳамчунон ки Сируси Шамисо менависад “мусиқии беруниву (канорӣ) аз баррасии вазну қофия ва радиф маълум мешавад”[11] ва ҳоло барои намуна танҳо байти мақтаъ оварда мешавад, ки ин ҳамоҳангии мусиқоии вожаҳои қофияву радифҳо – данге кард, санге кард, даранге кард – нишон дода шавад, ки онҳо то чӣ андоза  ифодаи фоҷиавии ҳодисаро шадид мекунанд, ки он то дер замон дар гӯш танин меандозад.

 

Чаккуши додгоҳ данге кард, ҳар касе фикри пора санге кард,

                   Осмон ногаҳон даранге кард, ва сиёҳӣ гирифт дар қират.[12]

 

Дувумин мавзӯе, ки дар ғазалҳои ин маҷмуа матраҳ шудааст, бевосита мавзуи ҷанг аст, ҳарчанд қисмати фоҷиабори занон, ки аз онон дар ғазалҳои фавқуззикр сухан рафт, низ ба мавзуи ҷанг иртибот мегирад, зеро он фоҷиаҳо ҳам оқибати ҷомеаи ҷангзада мебошанд. Агар ба асл нигариста шавад, қариб дар ҳамаи ғазалҳои ин маҷмуа осори ҷанг дида мешавад, он дар тасвири ҳолатҳо, рӯҳияҳо, андешаҳо, ашё, ҷузъиёти бадеӣ эҳсос гаштаву дар намои ҳодисоте, ки мегузаранд, ба назар меоянд. Дар баробари ин, боз ғазалҳое ҳастанд, ки комилан ва маҳз мавзуи ҷангро фаро гирифта, саҳнаҳои мудҳиши онро тасвир мекунанд, ки ғазалҳои “Мусофирон”, “Ҷанг”, “Якавланг”, “Ҷунун”, “Шаҳри қадимии мо”, “Қиссаи хунини ҷомаҳо” аз қабили онҳо мебошанд. Аз ҳамин номгӯ ҳам пайдост, барои маҷмуае, ки аз чиҳил ғазал иборат аст, ин миқдор ғазали ҷанг кам нест, ҳол он ки ин на ҳамаи номгӯст. Аз ин рӯ, метавон ба хулосае расид, ки дар ҷомеаи Афғонистон ҷиҳате, соҳае, гӯшае нест, ки онро асари ҷанг фаро нагирифта, хароб накарда бошад ва ин фоҷиаи бузургест. Фоҷиаи аз ин ҳам бузургтарини ин ҷанг боз дар он аст, ки дар он фарқ байни дӯсту душман нест, ҳамоне ки ӯро ба монанди худат мепиндорӣ, бе ҳеҷ фикру андешае туро ба рагбори тир мекашад ва пасон кисаҳои холии туро тагу рӯ мекунад, ҳамчунон ки дар ғазали “Мусофирон” аст, вагарна аз рӯи ҳамаи суннатҳои мардумиву аҷдодӣ ба мусофир дасти ёрӣ дароз кардан таомули инсонист.

 

Мусофирон, ки якояк пиёда гардиданд,

Се роҳи хуну саракҳои* мурдаро диданд.

 

Се чор марди мусаллаҳ, хушоб* нав карданд

Ва дар баробари мардум ба таъна хандиданд...

 

Канори риши дарозе нишаст то қундоқ,

Зи хоб, духтаракони ятим тарсиданд.

 

Ҷанозаҳоро бурданд то сари чоҳе

Ва ҷайбҳои тиҳиро дубора полиданд.[13]

 

Ғазалҳое, ки дар боло зикрашон рафт, ҳама саропо мавзуи ҷангро ба тасвир мекашанд, зеро онҳо суҷа доранд ва суҷаи онҳо мавзуи ҷанг аст, на ин ки як-ду байташон дар бораи ҷанг бошаду байтҳои дигарашон оид ба мавзуъҳои дигар. Ин хусусияти боризи ин ғазалҳост, ба монанди ғазалҳои дигар, зеро ҳамчунон ки таъкид шуда буд, Муҳаммадшариф Саъидӣ дар пайи тоза кардани навъи ғазал аз тариқи суҷадор кардани он мебошад ва дар ин роҳ муваффақ ҳам ҳаст, зеро ба ин кор огоҳона даст мезанад. Ӯ сабаби ин ибтикори худро дар яке аз суҳбатҳояш чунин баён мекунад: “Агар бихоҳем, шеър таъсиргузор бошад, бояд хати достонии кӯчаке дошта бошад. Барои мисол, вақте шеъри Мавлоноро мехонед, мисли достони канизак ё шеърҳои дигараш, достони он ба ёдатон мемонад... Бояд фикр аз тариқи шеър мунтақил шавад. Аз ин рӯ, ба фикри достонаксозӣ дар ғазал афтодам”[14]. Дар ин суҳбати худ  Муҳаммадшариф Саъидӣ аз он ҳам ёдовар мешавад, ки алҳол дар Ғарб, дар Суед зиндагӣ мекунад ва он ҷо “сарзамини достону сарзамини румон аст” ва роҳи пазируфтаву шинохта шудан дар он  роҳи достонсозӣ, яъне гуфтани шеърест, ки ривоят, суҷадор бошад. Ва бо итминон метавон гуфт, ки дар ин роҳ дастовард дорад, зеро ғазалҳои суҷадори ӯ  аз беҳтарин қисмати эҷодиёти ӯ ба шумор омада, аз ҷониби мунтақидони муътабари шеър ҳам мақбулият ёфтаанд.

Ҳамин тариқ, ҳамаи ашъоре, ки дар мавзуи ҷанг ҳастанд, низ достонҳое доранд, ки мутаассифона, бо сабаби сахт фоҷиавӣ буданашон, бо як хондан як умр дар хотир мемонанд. Ҳоло бар он бояд андешид, ки ҷанг дар Афғонистон то чӣ андоза реша давондааст, ки шоир водор мешавад онро на танҳо дар ҷомеаи инсонӣ, балки дар байни ҳайвонот низ нишон диҳад.  Мутаассифона, ин ҷанг дар байни онҳо ҳам бо раъю иродаи инсонҳо воқеъ мешавад, зеро онҳо аз худ бехабар истироҳату фароғати худро ҳам дар тамошои ҷанг мебинанд, ки дар асл барои инсон фоҷиаи бузургтарест. Ғазали “Сагҳо”  дар ин бора аст, ки саҳнаи сагҷангро хеле воқеъӣ, бо ҷузъиёташ, ба қалам мекашад ва маълум аст, ки он боиси нафрати шоир аст, аммо ӯ инро рӯирост баён намекунад, он аз ҳоли саги маҷрӯҳ ва аз бепарвоиву фардои он рӯз ба тамошои ин гуна саҳна боз омадани мардум пурра эҳсос мешавад.

 

         Саги сапед ба зеру саги сиёҳ ба боло,

         Фишурдаанд ба дандони кина гардани ҳамро...

 

         Гурехтааст саги сурх, пора-пораву хунин.

         Саги сиёҳ гирифта медоли ҳазрати воло...

 

         Дубора субҳ расида, сагони тоза ба майдон,

         Қиморбора халоиқ, сагони бозу тамошо.[15]

 

Назари шоирро ба ин “дилхушӣ”-и мардум ибораи “қиморбора халоиқ” ҳам равшан месозад, ки ба сабки Саъидӣ бе таъкид, вале бо ғаму таассуфи ниҳонӣ баён мешавад.

Ҷое, ки ҷанг аст, ҳамаро дар ҳама ҷо фоҷиае пайгир аст, ки олами парандагон, аз ҷумла кабки бечора ҳам аз он истисно нест. Ду ғазали “Кабк” аз ин ҷумла аст. Дар ғазали аввал:

 

Шикастааст қафасрову гарми парвоз аст,

Думаста* кабку ба таъқиби ӯ дуто боз аст.[16]

 

Аз шарҳи вожаи “думаста” пайдост, ки ин кабк ҳам бояд ба ҷанги кабк равад, яъне на фақат олами инсону ҳайвонот, балки олами парандагон ҳам гирифтори ҷанг аст ва ҳоло чун давоми ғазал мурур мешавад, аён мегардад, ки ҳоли ин кабк аз ҳоли дар ҷанг буданаш ҳам харобтар аст, зеро мебинем, ки ҳангоми парвоз онро аллакай ду боз таъқиб дорад, сари санге нишинад, ду уқоб дар паи шикораш ҳастанд, лаби чашма ояд, ба туфанги сарбоз нишон мешавад, рӯи шохаи дарахте нишинад, ду мор интизораш ҳастанд, ягона ҷойи амн барояш боз ҳамон қафаси танг аст, ки зистан дар он бадтар аз сайд шудан аст. Дар охир:

 

Зи шоха пар зада то ибтидои парвозаш

Қафас нав асту каме тангтар, дараш боз аст.[17]

 

Дар шеъри дуюми “Кабк (2)” шоир сабки дигари ривоятро пеш мегирад, ин дафъа ҳоли кабк аз рӯйи тасаввури уқоб, ки онро шоир ба забон меорад, баён мешавад.

 

Қафас надида уқобе, ки масти парвоз аст,

Хаёл карда қафас мисли осмон боз аст...

 

Хабар надорад аз аҳволи кабки кӯҳу камар

Ки кабк нест, кабоб аст, ашку овоз аст...

 

Касе, ки боли раҳоро намуд халқ, оё

Хабар надошт, ки дунё пур аз қафасбоз* аст?[18]

 

Дар зершарҳи вожаи қафасбоз омадааст: “Қафасбоз”, ба кабке гуфта мешавад, ки дунболи қафаси холӣ медавад. Соҳиби қафас бо истифода аз қафаси холӣ, кабкро тамрини давандагӣ медиҳад, то нафасаш пухта шавад ва беҳтар ҷанг кунад”.[19] Дар ин ҷо ҳам мавзуи ҷанг аст ва мутаассифона, на танҳо инсон дар пайи он аст, балки холиқи он ҳам аз он дар канор нест, зеро медонист, ки “дунё пур аз қафассоз” аст ва ҷое, ки қафассоз ҳаст, бешак, қафасбоз низ ҳаст, ки кабки бечораро ба ҷанг омода месозад.

Дар ин ҷо матраҳ шудани суоле табиист, ки чаро шоир ба мавзуи ҷанг бештар аз ҳар мавзуи дигар рӯй меорад?  Албатта, сабаби аввал он аст, ки кишвараш дар тайи ин қадар солҳо дар ҳолати ҷанг аст ва оқибати фоҷиабори онро нишон додан, ки ҳар чӣ зудтар ба марҳалаи сулҳу оштиву оромӣ расад, вазифаи муҳиммтарини шоир аст. Сониян, ҳолати ҷанг ҳолатест, ки зуд сиришти инсонро муайян менамояд, зеро дар замони ҷанг иҷрои бисёр қонунҳо халал меёбад ё душвор мешавад, дар натиҷа инсон водор мешавад, ки аз рӯи меъёрҳои ахлоқии худ амал кунад ва вазифаи адабиёт ҳам нишон додани маҳз ҳамин чиз аст, ки симои ботинии ӯро зоҳир месозад. Дар баробари ин, ҳар асари асил дар бораи ҷанг бар зидди ҷанг навишта мешавад, ки ин маънӣ аз ҳар ғазали ин маҷмуа ҳам ҳувайдост ва ба замми ин, на фақат он ғазалҳое, ки дар онҳо аз ҷанги инсонҳо, балки он ғазалҳое ҳам, ки дар онҳо аз ҷанги ҳайвоноту парандагон сухан меравад, зеро ин гуна асарҳо ҳам маҳз ба хотири инсон навишта мешаванду инсонро дар назар доранд. Ҳоло сухан ба сари яке аз беҳтарин шеърҳои Муҳаммадшариф Саъидӣ “Ҳалзун” расид, ки ин қазияро тасдиқ мекунад. Дар назари аввал чунин менамояд, ки чи чизи мушобеҳе байни инсону ҳалзун – лесак, тӯқумшуллук (улитка) ҳаст, ки шоир онро мабҳаси шеъри худ қарор дода, аз он ҳам бештар, намоди инсонҳои монанди худ нишон медиҳад. Дар ҳамин ҷо бояд ба ёд овард, ки Арасту дар “Хитоба”-и худ чунин мегӯяд: “Ташбеҳ низ истиора аст ва тафовут байни он ду андак...”[20] ва донишмандони дигар дар ин радиф ёдрас мекунанд, ки “ истиора аз ташбеҳ барҷастатар ва мӯҷаз буда...”[21], ҳар дуи ин унсури бадеъ дар сохтани намод, ки қудрату хаёлангезии бештар аз ин ҳар ду дошта, мабҳаси шеърро бо мушобеҳоти бештару фарогиртар ба тасвир меорад, замина мегузоранд. Яке аз талаботи ташбеҳу истиора ва махсусан намод сохтан дар он аст, ки ташбеҳкунанда ҳар қадар аз ташбеҳшаванда, ки дар асоси он намод сохта мешавад, дур ва ғайримунтазира бошад, намод ҳамон қадар бадеъ, тоза ва хотирнишин мешавад, ба шарте ки шоир хусусиятҳои мушобеҳи онҳоро пайдо карда тавонад. Намодҳо маъмулан ду навъ мешаванд – қарордодӣ ва хусусиву шахсӣ ва дувумӣ “... ҳосили вазъ ва ибтикори шоирону нависандагони бузург аст...”.[22]

 Ҳалзун, ки аз он шоир намоди бадеъ сохтааст,  аз радаи нармтанони шикампой аст, ки дар даруни садаф аст, ва онро ҳамеша мисли кӯлборе бар дӯш мебарад ва бореро, ки даҳ баробари вазнаш бошад, кашида метавонад. Он ҳамеша заҳматкаши роҳ аст, вале роҳаш ба ҷое намебарад. Инҳоянд шохистарин хасоисе, ки ҳалзун ва инсони муҳоҷирро ба ҳам монанд мекунанд, аммо шоир бо инҳо иктифо намекунад ва дар тӯли ғазал боз мушобеҳотеро зикр мекунад, ки онҳо ин ҳамсониро густардатар нишон медиҳанд ва ғамеро бар ғаме меафзоянд, зеро манзур ва мабҳаси шеър инсон, ва дар айни ҳол, худи шоир Муҳаммадшариф Саъидист. Ҳалзун агарчи “бо ду чашми ҳамеша тар” бори “машки пораро” мекашад, дар ҳар қадам ӯро хатари марг – зери пойи раҳгузаре лиҳу маҷақ ё туъмаи калоғе, ё аз бели деҳқоне дупора шудан барин хатарҳо пайгир аст.

 

Мекашад машки пораро бар дӯш, бо ду чашми ҳамеша тар, ҳалзун,

Меравад рӯди ашкро бикашад, бо худаш дур, дуртар, ҳалзун...

 

Пештар з-он ки бар сари роҳе, кафши як раҳгузар лиҳаш бикунад,

Мепарад як калоғ аз шоха, мегурезад калоғпар, ҳалзун...

 

То ки чашме ба боғ боло баст, бели деҳқон расиду нимаш кард,

Бо ду ними намурдааш ҷон канд, зери як газна шуълавар, ҳалзун...

 

Ҳеҷ ҷо ҳам намерасад, аммо бом то шом меравад аз хеш,

Мисли ман байни рафтану мондан умрро кардааст сар, ҳалзун.

 

Зиндагӣ ранҷи хонабардӯшӣ, бо ҳазорон азобу хомӯшӣ,

Хаста дар роҳ мебарад хобаш, хаста дар ғурбату сафар, ҳалзун.[23]

 

Ин намоди ҳалзун – инсони муҳоҷир, ки Саъидӣ сохтааст, кашфиёти ғамангези ӯст, ки то ҳол дида нашуда буд ва ба номаш боқӣ хоҳад монд.

Шеъри дигаре, ки аз ҳамин қабил асту зиндагии инсонро аз оқибати ҷанг нишон медиҳад, “Чамадон” ном дошта, дар он чамадон намоди зиндагӣ дар мусофират гаштааст, ки онро ҳам банда қаблан дар шеъри форсӣ надидаам ва агар воқеан ҳамин тавр бошад, он ҳам кашфи Саъидист.

 

Мусофират; ғами ёрони моҳ дар чамадон,

Ғуруби хаставу абри сиёҳ дар чамадон...

 

Мусофират чӣ гуноҳи бузург, дурии маҳз

Биҳишт монда ба ҷо, иштибоҳ дар чамадон...

 

Ватан надораму дору надори ман ин аст,

Замину хонаву шолу кулоҳ дар чамадон...

 

“Ба ёди ёру диёр ончунон бигирям зор,”[24]

Ки лола сар кашад аз хоки роҳ дар чамадон.[25]

 

 Шеърҳое, ки то ин дам мавриди хондану андеша қарор гирифтанд, амин метавон буд, ки дар хотир монданд ва муҳиммтарин сабаби ба хотир монданашон, бешак, аввалан суҷа доштани онҳо мебошад ва баъдан, тарзи адои онҳо, ки мутаносиби суҷа нав буд. Ҳоло дар ин радиф ду шеъри дигар – “Қатор” ва “Қуфл”-ро низ бояд зикр кард, ки дар ин маҷмуа мақоми махсус доранд ва қаблан мавриди баррасӣ ва баҳсҳое ҳам шудаанд. Мухтасари суҷаи ғазали “Қатор” чунин аст, марде, ки аз макони ҷанг бурун рафтанист, ба қаторе менишинад ва қатор тасодуфе мекунаду мард ҳалок мешавад. Аз суҳбати Муҳаммадшариф Саъидӣ бармеояд, нуктае, ки бархе ноқидон бар ин шеър гирифтаанд, ин аст, ки дар Афғонистон роҳи оҳану қатор нест, пас ин шеър чӣ гуна ба дарди мо бихӯрад? Ба ин нукта шоир ҷавоби худро гуфтааст, ки чун ӯ ҳоло дар хориҷ зиндагӣ мекунад, зарур нест, ки шеъри ӯ танҳо аз воқеияти Афғонистон сухан гӯяд, ки ин ҳам ҷиҳати муҳимм аст. Аммо ҷиҳати аз он ҳам муҳиммтар дар масъалаи шеър – дар ҷанг аст, ки ҳангоми вуқуи он ҳатто худро аз он канор гирифтан ҳам, ба марг мерасонад. Ин масъала умумидунявиву фоҷиавист, дар он ҷо хоҳ қатор вуҷуд дошта бошад, хоҳ не. Мушкил дар он аст, ки ҷанг аз байн бурда шавад ва он, мутаассифона, аз рӯйи ҳолати сайёра маълум мешавад, ки ҳамазамониву ҳамамаконист.

 

Қатор омаду бо зӯзае таваққуф кард,

Ғуруби мунтазиру хастаро таоруф кард.

 

Ва мард соки ғамашро гирифту боло рафт,

Сукути меҳзадаи кӯпаро тасарруф кард.

 

Нишасту пушти сарашро нигоҳ карду навишт,

Туфанг, ҷанг, сипас рӯйи вожаҳо туф кард...

 

Зи кӯпа хуни сиёҳе ба роҳи оҳан рехт,

Чаро?! Чӣ гуна қатор инчунин тасодуф кард?[26]

        

Дар куҷо будан қатор, чӣ гуна тасодуф кардани онро шарҳ надодани шоир ҳам далолат бар он мекунад, ки барои ӯ ин чизҳо муҳимм нестанд, балки нишон додани оқибати ҷанг, ки марг аст, муҳимм мебошад ва роҳи рафъи ҷангро бояд ёфт. Ӯ вазъияти фоҷиавиро аз аввалин мисраъ бо вожаи – зӯза, пасон дар мисраъҳои дигар бо  ғуруби мунтазиру хаста, соки ғам, сукути меҳзада, туфанг, ҷанг, туф  баён мекунад, ки бе дахолати шоир сурат гирифта, заминаи вуқуъгароёнаи тасвирро ба вуҷуд меоранд.

Шеъри дигаре, ки дар ин маҷмуа бисёр хотирнишин аст, “Қуфл” аст, ки он ҳам ба гумони ғолиб бештар ба муҳити зиндагии ғарбиён пайванд дорад, то ба Афғонистон ё ягон кишвари шарқӣ. Аммо он ҳам баёнгари фоҷиаи умумибашарист, ки инсонҳо рӯз то рӯз аз ҳам дур шуда, дар танҳоиву фаромӯшӣ ба сар мебаранд, ки на танҳо ҳангоми даргузашташон болои сарашон касе нест, ҳатто аз мурданашон ҳам касе хабар намеёбад, ки ҳадди ақал, наъшашонро ба хок супорад.

 

Бод қуфли кӯҳнаро бар синаи дар мезанад,

Қуфл гунҷишкест дар занҷир пар-пар мезанад.[27]

 

Баъд аз ин дар се байти дигар бо иловаи ҷузъиёти тоза тасвири барфбоду занҷиру қуфлу гунҷишк тавсиа меёбад ва дар хонанда ҳолати риққатовару таҳайюрро эҷод мекунад, аммо ӯ дарнамеёбад, ки ин ҳама ба хотири чист ва чӣ маъно дорад. Ин ҳам аломати маҳорати шоир аст, иштиёқи хонандаро сатр ба сатр меафзояд, то бидонад, ки манзур чист ва дар байти мақтаъ, ки якбора “зан даруни хона кай мурдаст?”[28], мегӯяд, мисли ин ки барқ зада бошад, ҳама чиз равшан мешавад.

 

Зан даруни хона кай мурдаст? Дармондаст, дар,

Қуфл меафтад зи дар, гунҷишкаке пар мезанад.[29]

 

Ва беихтиёр хонанда ғазалро боз аз аввал дубора мехонад, то саҳнаро бо ин байти охир аз нав дарк карда, фоҷиавӣ будани онро дар партави байти охир батамом тасаввуру эҳсос кунад. Дар ин навбати хондан ӯ ба вожаҳову сифатҳо бештар аҳаммият медиҳад, то ба чӣ маъно истифода шудани онҳоро дақиқ дарёбад, масалан, ба қуфли кӯҳна меандешад, ки он дар чӣ муддате ва дар куҷо кӯҳна шудааст, оё худ кӯҳна будааст ё баъд аз даргузашти зан кӯҳна шудааст, яъне ин қадар вақт аз ҳоли зан касе хабар нагирифтааст. Бар гунҷишк меандешад, ки он гунҷишки воқеист ё рӯҳи зани даргузашта аст?  Ҳамин тариқ, лояҳои гуногуни маъно ба зуҳур меоянд.

Дуруст аст, ки хатти суҷаи ғазал уфуқист, аммо дар ҳар байт, ки ҷузъиёти тозае ба тасвиру суҷа афзуда мешавад, ҳиссиёт ба шиддат меояд ва ин аломати дар зимн ҳаракати амудӣ доштани он аст. Ғазал дар нуқтаи авҷ ба охир мерасад. Бинобар ин, метавон гуфт, ки шоир дар ин ғазал аз ду навъи ривоят – уфуқию амудӣ моҳирона истифода кардааст.

Муҳаммадшариф Саъидӣ ҳар тозакорие, ки дар ғазал кардааст, ҳамчунон ки дар суҳбатҳои нашршудааш гуфтааст, огоҳона кардааст, зеро хуб медониста, ки бо сабки ғазали суннатӣ ба ҷое намерасад. Дар ин росто ӯ дар бораи нав кардани забони ғазал ҳам андешаҳояшро баён кардааст ва онҳоро дар ғазалҳояш собит ҳам намудааст. Ҳоло ба забони ҳар ғазале, ки дар боло аз онҳо иқтибос шуду аз онҳо сухан рафт, андешида шавад, тозакориҳои ӯ намоён мешаванд. Онҳо асосан ба ду навъанд. Навъи аввал истифодаи вожаҳое, ки камтар дастхӯрда мебошанд ё ки тоза ба кор гирифта мешаванд. Дар ин самт қаблан дар Афғонистон дар байни шоирони классикгаро маҳдудияти сахте  ҷой дошт, ки ҳатто шоиреро барои истифодаи вожаи “панҷара” ба маънои тиреза, равзана, ки дар забони форсии Эрон роиҷ аст, аз узвияти Конуни нависандагон хориҷ карда буданд.* Дар мисолҳое, ки дар ҳамин мақола оварда шуданд, вожаҳое ҳастанд, ки дар шеър шояд аввалин бор ё ҳадди ақал хеле ба нудрат ба кор рафтаанд, масалан, ҳалзун, қатор (ба маънои поезд), кӯпа, калоғпар, чамадон, медол, қундоқ, синабанд, дастдӯз, мӯбанд, патрул ва монанди инҳо. Қисме аз ин вожаҳо аз забонҳои дигар омада бошанд, қисме аз захираи худи забони дарӣ гирифта, ё ба наҳви забони дарӣ сохта шудаанд. Ин як навъи тозакорӣ дар забони шеър аст, навъи дигар дар матн сурат мегирад, ки калимаҳо маъмуливу серистифодаанд, аммо бо онҳо ибора, таркибҳои нав сохта мешаванд ва дар натиҷа онҳо тобишҳои дигар пайдо карда, ба ифодаи маъниву мафҳумҳои тоза қобил мешаванд. Барои мисол дар ҳамон байти мақтаи шеъри “Қуфл” :

 

Зан даруни хона кай мурдаст? Дармондаст, дар,

Қуфл меафтад зи дар, гунҷишкаке пар мезанад. –

 

ҳамаи вожаҳо шиносу ба маротиб дар шеър истифода шудаанд, аммо азбаски барои ифодаи маънои наве омадаанд, ки дар ин шеъру дар ин байт ҳаст, онҳо тоза ба назар мерасанд. Ин ҳам далели он аст, ки муҳтавои тоза ба шакл, ки дар айни замон вожаҳои куҳан ҳастанд, тобиши тоза медиҳад. Бешак, домани ин гуна тозакорӣ хеле фарох аст ва он қариб дар ҳамаи ғазалҳои Муҳаммадшариф Саъидӣ, ки мавзуву муҳтавои нав доранд, истифода шудааст.

         Дар охир бояд хулоса кард, ки таҷрибаи Муҳаммадшариф Саъидӣ дар тоза кардани ғазал, ки ба василаи интихоби мавзуву муҳтавои нав, масалан, мавзуи ҳолати мазлумонаи зан дар Афғонистон, ки то ӯ мабҳаси шеъри ин кишвар набуд ва ҳамчунин мавзуъҳои дигар, ки дар мақола аз онҳо сухан рафт, хеле ҳам муваффақона аст. Ибтикори ӯ дар фаровон ворид кардани ривоят, суҷа дар ғазал имконоти густардаи ин навъро дар ифодаи мазмуну муҳтавои гуногун ва хотирнишин шудани он зоҳир сохт, ки идомати он ба гуногунрангиву шавқангезии ғазал мусоидат хоҳад кард. Мутаносиби мавзуъву муҳтаво нав кардани забони ғазал ва дар айни ҳол, нигоҳ доштани меъёри забони адабии умумифорсӣ ҷиҳати дигари қобили таваҷҷуҳи корҳои  ӯст. Дар ғазали ривоятӣ истифодаи анвои гуногуни саноеъи бадеъӣ – аз маънавӣ то шакливу мусиқоӣ низ аз шоистагии дастовардҳои шоир аст, ки ғазалҳои ӯро аз дигарон мутамоиз мекунад. Бо ин, ва вежагиҳои дигари ғазалиёташ Муҳаммадшариф Саъидӣ аз худ чеҳраи шоиреро зоҳир менамояд, ки навъи суннатии ғазалро огоҳонаву муваффақона тоза кардааст, ки ин таҷриба  дар шеъри кишварҳои ҳамзабон – Тоҷикистону Афғонистону Эрон, на танҳо қобили таваҷҷуҳи махсус, балки омӯзишу идомат низ мебошад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

[1] Аҳмад Тамими Дорӣ. Таърихи адаби форсӣ: мактабҳо, давраҳо. Теҳрон, “Алҳудо”, 1379, с. 230.

[2] Муҳаммадшариф Саъидӣ. Садои маҳшар. Муассисаи фарҳангии шоирони порсизабон. Деҳлӣ, 1400 ҳиҷрӣ, с. 19.

[3]Муҳаммадсодиқи Деҳқон: “Имрӯз чароғҳо ба ин сӯ равшан шудааст” (Гуфтугӯ бо Муҳаммадшариф Саъидӣ), маҷаллаи Фархор, Хонаи адабиёти Афғонистон, зимистони 1390, с. 156.

[4] Муҳаммадшариф Саъидӣ. Садои маҳшар, с. 24.

[5] Ҳамон ҷо, с. 24.

[6] Ҳамон ҷо.

[7] Ҳамон ҷо, с. 25.

[8] Ҳамон ҷо, с. 70.

[9] Ҳамон ҷо, с. 74.

[10] Ҳамон ҷо, с. 73.

[11] Сирус Шамисо. Куллиёти сабкшиносӣ. Чопи шашум. Теҳрон, “Фирдавс”, 1373, с.153.

[12] Ҳамон ҷо, с. 74.

[13] Ҳамон ҷо, с. 27.

[14]Гуфтугӯ бо Муҳаммадшариф Саъидӣ: “Мо чароғи шеърро бо равғани ҷон равшан кардаем”. Муҳаммадҳусайни Муҳаммадӣ. Маҷаллаи “Фархор”, Хонаи адабиёти Афғонистон, зимистони 1390, с. 188.

[15] Муҳаммадшариф Саъидӣ. Садои маҳшар, с. 57-58.

[16] Ҳамон ҷо, с. 36.

[17] Ҳамон ҷо.

[18] Ҳамон ҷо, с. 37.

[19] Ҳамон ҷо, с. 38.

[20] Арасту. Фанни хитоба (Риторика). “Дониш”, Душанбе, 2017, с. 226.

[21] Т. Зеҳнӣ. Санъати сухан. “Ирфон”, Душанбе, 1979, с. 68.

[22] Сируси Шамисо. Баён. Чопи нуҳум. (бо таҷдиди назар ва изофот). Теҳрон, “Фирдавс”, 1379, с. 213.

[23] Муҳаммадшариф Саъидӣ. Садои маҳшар, с. 55-56.

[24] Аз Ҳофиз.

[25] Ҳамон ҷо, с. 76-77.

[26] Ҳамон ҷо, с. 23.

[27] Ҳамон ҷо, с. 87.

[28] Ҳамон ҷо.

[29] Ҳамон ҷо.

*Ниг.: маҷаллаи “Фархор”, с. 174.