Э, ҳама ширинлабон афтода дар банди шумо,

Яъне аз ҷон бандаи лаъли шакарханди шумо.

Аз хироме дӯш дар даъвои раъноӣ ба боғ

Банд карда найшакарро қомати қанди шумо.

Э, қаду рухсору зулфу чашму абрӯ, раҳмате!

                   Як дили мискин чӣ хоҳад кард бо чанди шумо?!

                   Гарчи рафт аз ёдатон ёди дили ғамгини мо,

                   Дур бод аз ғам, илоҳӣ, табъи хурсанди шумо [6, 8].

 

Ин байтҳоро, бо вуҷуди таъбиру суханҳои суннатиашон, ки дар шеъри классикии тоҷикӣ фаровон ба кор мерафтанд, касе метавонист бигӯяд, ки завқи комили зебошинохтӣ дошта бошад, то онҳо ҳиссиёти дили шефтаву орзуманди ошиқро таъсиргузор баён кунанд. Дар  ин ҷо зарур аст, ки шоир мизони суханро дуруст нигоҳ дошта тавонад, то он аз содагӣ ба одигӣ нафурояд ва самимияти худро аз даст дода, такрору дилбазан нашавад. Иҷрои ин кор далели он аст, ки муаллифи он шоир буда, маҳорати шоирӣ ҳам андӯхтааст, ки дар байти севум аён аст: шоир якбора панҷ узви дилбар – қаду рухсору зулфу чашму абрӯро зикр ва дар баробари дилҷӯии панҷтои онҳо бечора будани як дили мискини худро таъкид карда, аз дилбар тараҳҳуме  мехоҳад, ки муассиру зебост. Дар байти дувум ҳам таносуби дилписанди шоирона байни найшакар ва қомати қанд ҳаст, чунки қандро аз найшакар мегиранд. Ба замми ин,  таъбири қомати қанд аз забони мардум меояд, ки ба шеър содагӣ ва ширинии гуфтори мардумро ворид мекунад. Ҳамин тариқ, дар ин ғазал ба тасбит мерасад, ки шоири он тарзи ғазали классикии форсии тоҷикиро ба хубӣ фаро гирифта, тавонистааст аз сувари хаёл ва таъбироти суннатии он ва ҳамчунин аз захираи бадеии забони мардум истифода карда, дар айни ҳол чизе бигӯяд, ки тозаву дилнишин бошад. Ин далели завқи комили шеър аст.

 Вақте ки вожаи шоир ба забон оварда мешавад, дар оинаи тасаввур сурату сирати чӣ гуна шахсе падид меояд? Тасаввури имрӯзӣ  аз тасаввуре, ки Садриддини хурдсол дошт ва онро дар “Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам” ва “Ёддоштҳо” нақл мекунад, фарқ дорад, зеро воситаҳои дастраси иттилоот пардаи мавҳумотро аз рӯи сурати шоир ҳам бардоштааст. Ӯ тасаввури замони бачагии худро ба ёд оварда навишта буд, ки “...шоирҳои гузаштаро “валӣ” медонистам. Ва шеъргӯии онҳоро аз ҷумлаи каромоти онҳо мешумурдам” [3, 10]. Ҳарчанд имрӯз шоирон “валӣ”-ву соҳибкаромот шинохта намешаванд, аммо сирре дар вуҷуди онҳо ҳаст, ки аз он ба ҳар тариқа сухан гуфта мешавад. Ин сир пеш аз ҳама дар истеъдоди фитрӣ мебошад, ки инсон бо он ба дунё меояд, пасон қуввае, ки ӯро барои ба амал даровардани он ҳамеша таҳрик мекунад. Дар равоншиносии шахсият дар бораи беш аз сӣ навъи истеъдод дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон сухан меравад, ки истеъдоди шоирӣ яке аз онҳост. Устод Айнӣ ҳам бо ҳамин гуна истеъдоди фитрӣ ба дунё омада буд, ки ӯро аз бачагӣ ба омӯхтани сухан ва шеъру шоирӣ вомедошт, он ҳам дар шароити бисёр танг ва сахти бачагӣ, ки тафсили ҳикояти он дар асарҳои тарҷумаҳолии ӯ мавҷуд аст (1). 

Шоирон аз ҷиҳати хусусияти истеъдод ва муҳтавои эҷодиёт асосан ду қабиланд – ғиноӣ ва ҳамосӣ. Истеъдоди шоирии Айнӣ ба навъи шоири ғиноӣ тааллуқ мегирад, зеро ағлаби муҳтавои ашъораш аз эҳсосоти шахсие, ки аз олами мавҷуд бардошта мешавад, иборат мебошад. Заминаи рушди ин истеъдод ҳам дар аввал, ҳамчунон ки аз навиштаҳои тарҷумаиҳолии худи Садриддин Айнӣ бармеояд, ғиноӣ буд. Ин маънӣ дар “Ёддоштҳо”, дар бобе, ки ӯ аз зебоиҳои шеърхониву маънидоди шеър карданҳои духтари ҳаммактабаш – Ҳабиба, бо шефтагии тамом сухан меронад, падидор аст. Ӯ менависад: “Хусусан он шеърҳое, ки Ҳабиба маънии ишқии онҳоро ба ман фаҳмонда ва махсусан он ғазалҳое, ки он духтар дар мактаб бо овози ҳазин “монанди созандагон” хонда буд, ба ман бисёр таъсир мекарданд. Дар вақте ки ман он ғазалҳоро дубора мехондам, ҳамон ҳолати Ҳабиба ба пеши чашмам омада, маро ба як кайфияти маҳзунонаи гуворо меандохт...” [4, 107]. Ин ҳолатҳо Садриддини ҷавонро ошиқи шеър ва зебоӣ кард ва ӯ баъдан аз суҳбатҳои падараш, ки завқи шоирӣ дошт ва аз маҳфили Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, ки дар он шуаро ҷамъ меомаданд ва ӯ дар он ба сифати хидматгор иштирок мекард, дар бораи шеъру шоирӣ маълумоти бештар пайдо намуд.

Айнӣ аз бачагӣ шеър менавишт, дар солҳои таҳсили мадраса ба он ҷиддан машғул шуд ва муҳаққиқони эҷодиёташ, аз ҷумла А. Маниёзов дар ин бора чунин менависад: “Фаъолияти шоирии С. Айниро метавон ба ду давра тақсим намуд: давраи якум аз ибтидо то соли 1924 ва давраи дуввум аз соли 1925 то охири умри ӯро фаро мегирад. Давраи аввал се марҳаларо дар бар мегирад: марҳалаи якум (солҳои 1985–1905) ба давраи таҳсили мадраса рост меояд... марҳалаи дуввум (солҳои 1906–1917) ба фаъолияти маорифпарварии шоир марбут гардида... марҳалаи саввум (солҳои 1918–1924)... мебошад” [14, 72].

Дар давраи аввал шеърҳои Айнӣ аз назираву тазмину мухаммасу татаббуъҳо бар ашъори Рӯдакиву Ҳофиз, Камолу Ҷомиву Соиб ва Ҳилоливу Бедил иборат буданд. Ин барои шуарои тоҷик як роҳи маъмули омӯзиш ва сайқали маҳорат аст. Аммо дар ин роҳ хатари бузурге ҳам ҳаст, ки агар шоир аз он дар вақташ бурун наояд, ба ҷое намерасад. Садриддини толибилми мадраса дар аввалҳо аз ҳамин роҳ равон буд ва бо тахаллусҳои Сифливу Муҳтоҷиву Ҷунунӣ шеърҳо менавишт. Ашъори бо ин номҳо навиштаи худро устод Айнӣ дар ҳеҷ китобаш дохил накардааст, зеро ҳамчунон ки худ менависад: “... ба тақлиди он шеърҳое ки медидам ва мешунидам, худам ҳам шеър мебофтам, ҳарчанд қабоҳати шеъри имрӯз навиштаам баъд аз чанд рӯз ба худам маълум шуда, ба сӯхтан ва талаф кардани он маҷбур шавам ҳам, боз аз ин кор даст намекашидам...” [6, 452 ]. Бо вуҷуди ин, аз баъзеи он шеърҳо намунаҳое боқӣ мондаанд, масалан яке аз онҳо ғазале бо радифи “ғалат”, ки байти аввалу охираш иқтибос мешавад:

 

Умри худро сарфи ёри бевафо кардам ғалат,

Меҳри ҳар сангиндиле бар сина ҷо кардам ғалат.

... Нест хубонро вафое ҳеҷ дар бозори даҳр,

Сифлии бечораам, сар то ба по кардам ғалат [8, 522].

 

         Ҳоло аз ашъори бо тахаллуси Муҳтоҷӣ навиштааш чизе пайдо нашудааст, аммо  тахаллуси Ҷунунӣ доштанаш дар як шеъри Ҳайрат омадааст:

 

                   “Бо Ҷунунӣ мекушодӣ гоҳ тӯмори итоб,

                   Гаҳ хитоби ҳарфи ширин бар Камолӣ доштӣ” [8, 521].

 

         Устод Айнӣ дар “Ёддоштҳо” дар бораи тахаллус интихоб карданаш чунин менависад: “Дар солҳои аввале ки ман дар Бухоро будам, мардум, хусусан муллоҳо, ба ман бо назари бисёр паст менигаристанд. Ба ин муносибат ман аввал барои худ калимаи “Сифлӣ”-ро тахаллус кардам. Рафта-рафта ин тахаллус маъқул нашуд: “Мардум маро паст мешуморанд, аммо худам чаро худамро паст шуморам; не, ман паст нестам. Фарқи ман аз дигароне, ки маро паст мешуморанд, дар ин аст – ман қашшоқаму онҳо бой ва ба ҳамин мулоҳиза ман “Сифлӣ”-ро партофта, барои худ калимаи “Муҳтоҷӣ”-ро тахаллус кардам. Рафта-рафта ин калима ҳам маъқул нашуд: “дуруст аст, ки ман муҳтоҷам, чаро муҳтоҷии худро ба одамҳо эълон кунам”, – гуфтам ва “Муҳтоҷӣ”-ро ҳам партофтам” [3, 47-48]. Ҳамин тариқ, дар тахаллусинтихобкунии Айнӣ як чизи муҳиме ҳаст, ки аз аввал дар хислати ӯ мақоми асосӣ доштани вуқӯъбиниро нишон медиҳад, зеро тахаллусҳое, ки интихоб мекардааст, ҳама ба ҳоли ӯ  мувофиқ будаанд, ҳатто Ҷунунӣ, ки ӯ дар ин бора худ менависад: баъзе касон ҳаракатҳои ғайриоддии маро дида “қадре девонагӣ дорад” мегуфтанд. Аммо  “девонагӣ” доштани Айнӣ сохтакорӣ буд, зеро ӯ онро ҳамчун васила барои кашида нашудан ба хидмати амир ба кор мебурд. Дар ин давра ӯ бо Муҳаммадсиддиқхоҷаи Ҳайрат, ки шоири баркамолу баландистеъдоде буд, шиносоӣ пайдо карда, ӯро устоди худ мехонад ва дӯсти якумрӣ шуда, аз ӯ дар шоирӣ баҳраҳо мебардорад. Ҳайрат, ҳарчанд шоири тавоное буд, интишори шӯҳраташро намехост, зеро аз қисмати фоҷиабори Шамсиддин Шоҳин дар дарбор хабар дошт ва аз кашида шудан ба дарбор эҳтироз мекард. Дар ин бора Ҳайрату Айнӣ ҳамақида буданд. “Гули сурх” аввалин шеъри Айнист, ки аз таҳрири Ҳайрат гузашта, бо ин тахаллус интишор шудааст.  Дар он Айнӣ аз олами тасаввурии эҷод берун меояд ва ба дунёи воқеъ назар андохта, мекӯшад, ки шеъри ҳолати дили худро бигӯяд:

 

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам,

Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам.

Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон,

Гар зи васли як парирӯ марҳаме медоштам...

Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,

Гар ба каф, чун аҳли олам, дирҳаме медоштам! [6, 103].

 

Дар охири садаи нуздаҳ ва аввали бист се сабки маъмул, ки дар шеъри классикиамон ҷой дошт, сабки хуросонӣ, ироқӣ ва ҳиндӣ, ҳама ба дараҷаи олии такомули худ расида, дар ин роҳ кашфиёте кардан ғайри имкон ба назар мерасид. Бинобар ин, шоирони огоҳу бедордил дар самтҳои гуногун ҷустуҷӯ мекарданд, ки ба сабку гуфтор ва тасвиру маъниҳои тозае даст ёбанд. Ин ҷараён дар шеъри се кишвари ҳамзабон Эрону Афғонистон ва Аморати Бухорои онвақта, ки Тоҷикистони имрӯза аст, ба вуқӯъ омада буд, ки бо номи сабки бозгашт муаррифӣ мешуд ва муҳимтарин вежагии он ба тарзи тоза корбаст кардани хусусиятҳои сабки хуросонӣ буд. Ҳамчунон ки Сируси Шамисо менависад шоирони ин сабк “аз назари фикрӣ ғолибан ба беруни падидаҳо ва сатҳи ашё ва умур сару кор доранд ва вориди авомили дарунӣ ва ботинӣ намешаванд. Ба иборати дигар диди онон офоқиву айнӣ (objective) аст то анфусиву зеҳнӣ (subjective)” [21, 71]. Дар амалияи ин сабк забону баён содаву равон ва осонфаҳм аст, сувари хаёли печидаву мушкилёб истифода намешавад, агар сухан аз ишқ аст, он заминист, тасвир ҳамонанди  ашёст, ва монанди ин сифатҳое, ки онро ба сабки вуқӯъгаро унвон месозад. Бунёдгузор ва устоди ин сабк устод Рӯдакӣ буд. Айнӣ аз шеъри машҳури “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме”-и ӯ бо истифодаи радифи он “ояд ҳаме”, вале бо қофияи дигар – “ мушкбор”, “нигор”...  чунин татаббуъ мекунад, ки айни ҳамон сабк аст:

 

Рӯдакӣ:

                   Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,

                   Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

                   Реги Омуву дуруштиҳои ӯ

                   Зери поям парниён ояд ҳаме! [17, 83]

Айнӣ:

                            Бод имшаб мушкбор ояд ҳаме,

Гӯйӣ аз кӯйи нигор ояд ҳаме.

Вақти он омад, кушояд дил зи ғам,

К-аз чаман бӯйи баҳор ояд ҳаме [6, 159].

 

         Қоидаи тазмину татаббуъ он аст, ки сабку шакли шеъри интихобшуда риоя карда шавад. Айнӣ ин талаботро дар ҷавобияҳои худ ба ашъори сабки хуросонӣ ва ироқӣ асосан риоят мекунад, зеро сабки ироқӣ ҳам аз фаҳм дур набуда, асосан бо бештар будани сувари хаёл, истифодаи ирсолумасалҳо ва шиддати баён аз сабки хуросонӣ фарқ дорад. Ин сифатро дар мухаммаси Айнӣ ба ғазали Соиб, ки дурахшонтарин чеҳраи сабки ироқист, метавон ба мушоҳида гирифт. Банди мақтаи мухаммас ин аст:

        

                            Қад — нахлаи назокат, тан — пайкари латофат,

Лаб — чашмаи ҳаловат, рӯ — матлаи саодат,

Айнӣ чу дида он маҳ боре ба ин қиёфат

«Дигар надида худро то домани қиёмат,

Соиб касе, ки ӯро масту хароб дида» [6, 201].

 

Дар ин банд дар се мисраи Айнӣ оид ба қад, тан, лаб ва рӯи маъшуқ чаҳор ташбеҳ ва барои худи маъшуқ истиораи моҳ ба кор бурда шудааст, ки яке аз хусусиятҳои сабки ироқист. Дар ин ҷо ташбеҳшавандаҳо (мушаббаҳ) – қад, тан, лаб, рӯй  аз олами айнӣ ва ташбекунандаҳо (мушаббаҳун биҳи) – нахлаи назокат, пайкари латофат, чашмаи ҳаловат, матлаи саодат аз олами зеҳнӣ буда, моҳ ҳам, ки истиора аз маъшуқа аст, аз фаҳм дур нестанд. Шоироне, ки сабки бозгаштро меофариданд, аз хусусиятҳои матлуби сабки хуросониву ироқӣ истифода мекарданд,  дар натиҷа сабкашон  ҷаззобияти тоза пайдо мекард. Ин ҷаззобият дар ғазалҳои Айнӣ мушоҳида мешавад. Масалан, дар байтҳои ин ғазал:

 

Ба лаб — э ғунчаи хандон, ба рух—э бадри мунир,

Ба ќад — э сарви хиромон, ба тан — э қурси панир.

Ҳама аъзои ту хуб асту мусаффо чу булӯр,

Ҳама аҷзои ту соф асту сафед аст чу шир.

Наргисат масту қадат дилкашу рафторат хуш,

Ғамзаат шӯху танат нозуку пӯшок ҳарир [6, 90].

 

Дар ҳамин байтҳои иқтибосшуда анвои гуногуни ташбеҳ: лаб — ғунчаи хандон, рух— бадри мунир, ќад — сарви хиромон, тан — қурси панир, аъзо – булӯр, аҷзо – шир ва монанди инҳо ва чанд маҷозу муболиғаву сифатчинӣ истифода шуда, барои тасвири хаёлпардозонаи симои дилбар хидмат кардаанд. Дар айни ҳол, маъно дастрасу забон поку шуставу равон мебошад. Маълум аст, ки Айнӣ мехоҳад худро аз қайди печидагӯиву мушкилписандӣ, ки дар замони ӯ ривоҷ дошта, ва аз пайравии муқаллидона ба Белил бармеомад, раҳо кунад, ҳарчанд худ ҳам бар ғазали ӯ мухаммас мебандад. Аммо дар ҳамин ҳолат ҳам ӯ мекӯшад, ки шоирона, вале содаву осонфаҳм сухан гӯяд. Масалан, ин банди мухаммаси Айнӣ бар ғазали Бедил чунин аст.

 

Булбул афғон мекунад беҳуда дар гулзори ишқ,

Безабонӣ тарҷумонӣ дорад аз гуфтори ишқ,

Саъй кардан ҳеҷ ҳоҷат нест бар изҳори ишқ,

«Кист, гардад мункири гул кардани асрори ишқ?

Рангҳо ин ҷо ба сомони гувоҳӣ меравад» [6, 194].

 

Сухани Айнӣ дар се мисраи аввал содаву зудрас аст, маънои шоирона ҳам дорад, ки он безабониро, яъне бе ҳарфу сухан баён – тарҷумонӣ шудани ишқро таъкид мекунад, ҳарчанд ин маънӣ нав ҳам нест, масалан, Ҳофиз мегӯяд:

 

Сухани ишқ на он аст, ки ояд ба забон,

Соқиё, май деҳу кӯтоҳ кун ин гуфту шунуфт [19, 50].

 

Аммо дар ин банд аз ҳама мисраи шоирона аз Бедил аст: “Кист, гардад мункири гул кардани асрори ишқ?” Гул кардани асрори ишқ маҷози дилписанди шоиронаест. Ишқ, ки худ зеботарин ҳиссиёти инсонист, фош шудани асрораш ҳам, ки ба сурати гул рух менамояд, зебо гуфта шудааст. Ифодаи ин маъно ба тарзи суол: “Кист, гардад мункири гул кардани асрори ишқ?” таъсири онро бештар мекунад. Табиист, ки Айнӣ дар он ҷавонӣ бар бадеияти сухани Бедил расида наметавонист. Ин мактабро эҷодкорона омӯхтан бар манфиати шоир буд, ки Айнии ҷавон ҳам ба он мекӯшид.

 Аксари осори давраи мадрасавии Айнӣ аз ғазал иборат аст, ки он дар шеъри классикии сабки хуросонӣ роиҷ буд. Ғазал аз аввали пайдоишаш аз ҳама бештар ба мавзӯи ишқу ошиқӣ, тавсифи ишқи заминӣ, ишқи инсон ба инсон суруда мешуд, ки Анварӣ дар оғози шакл гирифтани он гуфтааст:

 

                            Эй дареғо, нест мамдуҳе харидори мадеҳ

                            В-эй дареғо, нест маъшуқе сазовори ғазал [23, 420].

 

Нигоҳи шуаро дар ғазалҳои ошиқона асосан ба ду навъ мебошад – хаёлпардозона (романтикӣ) ва вуқӯъгаро (реалистӣ), ки ҳар дуи он ҳам дар эҷодиёти як шоир воқеъ шуданаш мумкин аст. Ин вобастаи ҳолати муайян аст, ки ғазал дар он гуфта мешавад. Ҳатто баъзе аз равоншиносон бар он ақидаанд, зарур нест, ки муаллифи шеъри ошиқона ҳар дафъа ҳангоми гуфтани шеъри ошиқона ошиқ бошад, зеро “адабиёт дар шаклу сохтмони худ воқеъ ва бино мешавад, на бар рӯҳияи муаллиф. Якобсон мегӯяд, агар шоире шеъри ошиқона мегӯяд, ҳатман ба он сабаб нест, ки ӯ ошиқ аст. Шеъри ошиқона бештар як тарҳи забонӣ аст, то як шакл ва қолаби адабӣ” [21, 247]. Ин гуфтаҳо ҳақиқат доранд ва хусусан ки ба вуҷуд омадани ҳар ду навъи шеъри ошиқонаро гӯшзад мекунанд – ҳам шеъреро, ки ҳангоми ошиқӣ ва бо рӯҳияи ошиқона ва ҳам шеъреро, ки бо “тарҳи забонӣ” ба қалам меояд. Ҳоло дар ин ҷо сухан аз хусусиёт ё бартарии яке аз ин ҳар ду нест, сухан аз навъи он аст ва чунин ба назар мерасад, шеъре, ки бо тарҳи забонӣ гуфта шудааст, бештар хаёлпардозона ва шеъре, ки бо рӯҳияи ошиқона гуфта шудааст, бештар вуқӯъгароёна мебошад. Дар ин ҳолат, азбаски дар шеъру адаб ҳеҷ қоидае беистисно нест, истисно ҳам шуданаш мумкин аст, ки шеъри бо рӯҳияи ошиқона гуфташуда хаёлпардозона ва шеъри бо тарҳи забонӣ эҷодшуда вуқӯъгароёна бошад. Осори ошиқонаи Айнӣ аз ҳар дуи ин навъи шеър ба ҳам омадааст. Ҳоло аз ин ду навъи ғазал як намунагӣ ба андеша гирифта мешавад.

 

                   Фарьёд зи ҳиҷрони ту, оҳ аз ғами дурї,

Не қуввати фарёд, на ёрои сабурї.

Ҳоли дили ғамдидаи маҳҷур чӣ донї,

Эй он, ки ба базму тарабу айшу сурурї.

Боре бикун аз ҳоли парешонии мо ёд

Имрӯз, ки дилҷамъ ба асҳоб ҳузурї.

Дар дида ба ҳиҷрони туам нур намондаст,

Боз о, ки ба чашми мани дилбохта нурӣ.

Ҳарчанд ки ид аст, маро сур набошад

Бе рӯйи ту, э, рӯйи ту рашки гули сурї.

Охир ба чї хислат ба рақибон ба вусулї?

Охир ба чї ҷурм аз мани мискин ба нуфурї?

3-он пеш, ки Айнӣ ба рухи хуби ту дил дод,

Эй кош, гирифтор ҳамегашт ба кӯрӣ! [6, 146]

 

         Чизе, ки пеш аз ҳама бар рӯҳияи ошиқона доштани ин ғазал далел аст, ҳиссиёти муассире мебошад, ки дар саросари он мавҷ мезанад. Баъдан, як ҳолат ва замони муайянест, ки ошиқ дар он қарор дорад, яъне рӯзи иде, ки маҳбуб дар бари ӯ набуда, бо дигарон аст ва ошиқ бе ӯ азоби ҳиҷрон ва рашк мекашад. Аз ин рӯ, сабки баён, вожаву таъбирот, сувари хаёл, ҳама мутобиқи ҳолат ва ашёи тасвир буда, як вазъияти бадеъии воқеъиро муҷассам менамоянд. Аносири сувари хаёл ҳам дар ин ғазал ба нудрат ба чашм мерасад, танҳо ду ташбеҳ, ки дилбарро дар чашми ошиқ чун нур ва рӯйи ӯро рашки гули сурӣ нишон медиҳад, ки ин ҳам аломати афзалият доштани ҳиссиёти ботинӣ бар тасвири олами хориҷ буда, собит месозад, ки рӯҳияи ошиқона дар ин ҳолат фарогиртар аст.

         Ин ғазали дигар аз рӯйи “тарҳи забонӣ” гуфта шуда, хаёлпардозона ба назар мерасад.

 

Бурда қарору ҳушам ғоратгари қароре,

Моҳе баландқадде, сарве суманъузоре.

Рухсори маҳҷабине, ҳушу хирадфиребе,

Яғмогари шикебе, ҷавру ҷафошиоре,

Дилдори нозанине, тороҷи ақлу дине,

Бераҳму бевафое, ошӯби рӯзгоре,

Донї, кӣ бурда аз мо бо ишва сабру ёро?

Аз ҷоми ҳусн масте, дар фитна ҳушьёре.

Аз дарди навниҳоле афтодаам ба ҳоле,

Ҷисме — чӣ беқароре, чашме — чӣ ашкборе!

Аз гоҳи майпарастї бурда ба тездастӣ

Аз як нигоҳи масте ҳуши чу ман ҳазоре.

Айнӣ, агарчи зорї, чун булбулон ба зорӣ,

Дар дасти ту наафтад домони гулъузоре [6, 149].

 

         Дар оғози ин ғазал баъди як ибораи “бурда қарору ҳушам” дар чаҳор байти баъдина тавсифи пайдарҳами маҳбуб меояд, ки фоқиди ҷанбаи ҳиссӣ буда, ҳама зикри сифати ӯ ҳастанд, яъне аз рӯи талаби равиши забону калимот сохта шудаанд. Дар ин ҷо як сифат сифати дигар ва як калима калимаи дигарро кашида, ба шеър ворид кардааст. Дар байтҳои баъдинаи шеър аз ҳоли ошиқ ҷо-ҷо ҳарфе гуфта шавад ҳам, онҳо ҷанбаи хабарӣ дошта, дар ифодаи ҳоли ӯ амиқ намераванд. Шубҳае нест, ки ин гуна шеърҳо маҳсули давраҳои аввали эҷодиёти Айнӣ мебошанд ва ӯ онҳоро ба ягон маҷмӯааш дохил накарда, танҳо машқи шеър меҳисобидааст. Айнӣ дар ин навъ ҳам шеърҳои хуб дорад, аммо дар ин ҷо барои барҷастатар нишон додани фарқияти ин ду навъ маҳз ҳамин шеър интихоб шуд, вагарна ғазалҳое, ки масалан, бо мисраъҳои “Дӯстон арзи умедам бар нигори ман баред” [6, 45], “Шаб ки ба ҳиҷрони ту фиғон сар кунам” [6, 105 ], “Шаккардаҳане карда ба як ханда асирам” [6, 121] оғоз мешаванд, намунаҳои хуби ҳамин навъ мебошанд. Ҳоло барои исботи қазия чанд байте яке аз ин ғазалҳо иқтибос мешавад:

 

                   Шаккардаҳане карда ба як ханда асирам,

Хомӯшлабе бурда ба афлок нафирам.

Завқест ба коми дилам аз фикри даҳонаш,

Он гуна, ки фориғ шуда аз шаккару ширам.

Рафт аз ғами ӯ сабру қарор аз тани зорам,

Омад ба лаб аз фурқати ӯ ҷони ҳақирам.

Якбора фаромӯш кунам ҳастии худро,

Як бор агар ҷоми май аз дасти ту гирам [6, 121].

 

         Ин ғазал комилан ва ин байтҳо ҳам бо вуҷуди ҳамаи зебоиҳояш – сабки  нарму равон, забони шуставу покиза, тазоди хуб дар мисраи дувум ва ҳикояти дилнишинаш аз ошиқӣ – ғазали тасаввурӣ буда, аз рӯи талаби “тарҳи забонӣ” сохта шудааст, зеро ҳолатҳое, ки зикр мешаванд, аз замонҳои гуногун, вале  ба ҳам монанд, гирд омадаанд. Масалан, дар байти дувум ошиқ аз он сухан мегӯяд, ки вақте фикри даҳони маҳбуб мекунам, ширинии шаккару шир аз ёдам меравад, яъне ҳолати шодмонист ва дар байти баъдӣ ҳамоно аз фурқат ва рафтани сабру қарор аз тану ҷонаш ҳарф мезанад, ки вазъи дигари мухолифи аввала аст. Ин ҳолатҳо дар вақтҳои гуногун рух додаанд, вале шоир онҳоро дар айни ҳол ба як ришта мекашад, ки он аз рӯи тарҳи забонӣ сурат мегирад. Ба замми ин, ошиқ дар се байти аввал оид ба маҳбуб дар шакли шахси севум – “ӯ” сухан меронад ва аз байти чаҳорум ба шакли шахси дувум – “ту” мегузарад, ки ин ҳам аломати  ҳолатҳои мухталифро аз рӯи тарҳи забонӣ ба як ришта кашидани ғазал мебошад.   

Дар сабки хуросонӣ сухан аз ишқу ошиқӣ вуқӯъгароёна аст ва ошиқу маъшуқ ба ҳам муносибати мутаносиб доранд, зеро дар он замон ошиқ, яъне шоир соҳиб, фармонраво, худовандгори маъшуқ буда, маъшуқ  асосан ғуломи турк мебошад. Аз ин рӯ, ошиқ худро, ҳамчунон ки дар сабки ироқиву ҳиндӣ ҳаст, саги дари маъшуқ намехонад. Айнӣ аз аввал дар ғазалҳояш моил ба сабки хуросонӣ сухан мегӯяд, аммо ошиқе, ки дар ғазалҳояш ба тасвир меорад, ғуломи дари маъшуқ мебошад. Ин ҳам яке аз сифатҳои вуқӯъгароёнаи сабки Айниро нишон медиҳад, зеро ҳамчунон ки медонем, ӯ дар бисёр тангдастию бечорагӣ мезист ва наметавонист ба маъшуқ дар як сатҳ ва ё бениёзмандӣ муносибат кунад. Бинобар ин, ошиқ дар ғазалҳои ӯ ҷафокаши маъшуқ аст, ранҷу азобҳои ӯро таҳаммул мекунад, аз бевафоиҳову бадаҳдиҳои ӯ ба ҷон омада, дилхун мешавад ва монанди инҳо. Маъшуқ ҳамеша ба тарзи ормонӣ зебост.

 

                   Дӯшина барам омад аз роҳи ситамгорӣ,

Як турки парипайкар, рашки бути фархорӣ...

Симинтани насринбар, хуршеди кулаҳ бар сар,

Шамшоди қабо дар бар, саргарми фусункорӣ... [6, 158]

 

Ё дар ин мисол:

 

                   Ёраке ҳаст маро, сарвқаду ғунчадаҳон,

Симтан, софбадан, себзақан, шаҳдзабон...

Сарв бар тарфи чаман нест чу қаддаш мавзун,

Моҳ бар авҷи фалак нест чу рӯяш рахшон [6, 127].

 

Чанд шеъре ҳам, ки бо мисраъҳои “Қад — нахлаи назокат, тан — пайкари латофат”,  “Ба лаб — э ғунчаи хандон, ба рух—э бадри мунир”,  “Бурда қарору ҳушам ғоратгари қароре” болотар иқтибос шуданд, низ аз ҳамин қабил мебошанд. Азбаски аксари ин сифатҳои маъшуқ дар шеъри қудамо аз бисёрии истифода ба қолаб даромада, суннатӣ шудаанд, ҳамчун парипайкар, симинтан, сарвқад, ғунчадаҳон, себзақан, моҳрӯ ва монанди инҳо ва дар ғазалҳои Айнӣ ҳам ба такрор омадаанд, далели он аст, ки ин ғазалҳо аз рӯи тарҳи забонӣ сохта шудаанд. Аммо дар ин навъ ғазалҳо ҳам Айнӣ ба тозатару зебо гуфтани маъниҳои гуфташуда даст меёбад, чунонки дар ин байт ҳаст:

 

Дили Айнӣ ба сари зулфи ту бо шавқ равад,

Ба тариқе ки мусофир ба ватан меояд [6, 71].

 

Дили ман бастаи сари зулфи туст, ба тарзу шаклҳои мухталиф бисёр гуфта шудааст, аммо ба ин тарзе ки Айнӣ дар ин байт гуфтааст, дили ман ҳамчун мусофир ба ватан меояд, нодиру тоза аст.

Чеҳраи дигаре, ки дар ғазалҳои қудамо ва Айнӣ ҳам дар байни ошиқу маъшуқ ҳузур дорад, рақиб аст, ҳамон аст, ки дар борааш гуфтаанд: “Ҳар ҷо, ки парирухест, деве бо ӯст” ва ин “дев” дар шаклу сурати гуногун дар байни ошиқу маъшуқи ғазалҳои Айнӣ ҳам ҳаст, ҳатто бо ҳамон сиришт:

 

Муяссарам нашавӣ бе рақиби девсиришт,

Ба ҳар куҷо, ки парӣ дидам, аҳриман дидам [6,108].

 

         Ин ҳам дар ғазали куҳани мо суннат шудааст, ки ёр  алорағми ошиқ ҳамеша бо рақиби фитнагар меҳрубону навозишкор асту бо ҳарфи ӯ амал мекунад:

 

Қавли рақиби фитнагар гӯш намекунад агар,

Дар паси чодар ин қадар ёр чӣ кор мекунад? [6, 67]

 

Ё:

 

                   Меҳру лутфе нест гар он шӯхро бо банда боре,

Қаҳру унфе бо рақиби сифла гар будї, чї будӣ? [6, 156]

 

         Аммо ошиқи зор бечораву маҷбур аст, ки на танҳо иғвову фитнаи рақиби девсириштро таҳаммул кунад, ҳатто аз наздикони худ ҳам лутфу марҳамате набинад, ошиқ ҳамеша дар роҳи ишқи худ танҳосту ҷафокаш:

 

Бедоди ҳабибону ситамҳои рақибон

Зоҳир натавон сохту пинҳон натавон гуфт [6, 35].

 

 Рақиб дар ғазали Айнӣ бо сифати гӯл – аҳмақу нодону бефаҳм ҳам зикр мешавад, дуруст аст, ки ин вожа маънои макру риё, фиребро ҳам дорад, аммо дар фаҳми мардум бо маъноҳои аввалӣ маъруф аст. Ва дар сифати рақиб омадани он хеле кам воқеъ мешавад. Дар ин ҳолат на шахс ва сифати умумии рақиб, балки шояд рақиб – фарди муайян дар назар дошта шуда бошад:

 

                   Зи дасташ рафта бебокона гирам,

Рақиби гӯлро ҳайрон кунам чї [6, 154].

 

Ба ҳар ҳол, баъзан маҳбуб лутфе ҳам ба ошиқ мекунад, аммо ниҳоят кам ва пинҳонӣ,  дар назди дигарон насиби ошиқ фақат ҷабр кашидан аст:

 

                   Гоҳе агарчи лутф ниҳон мекунад маро,

Аммо ҳазор ҷавр аён мекунад маро [6, 21].

 

         Ин сифатҳои маъшуқ – бевафоӣ, ситамгорӣ, нописандӣ ба ошиқ, беаҳдӣ ва монанди инҳо аз сирати суннатии маъшуқ аз шеъри қудамо меояд. Дар давраи авҷи ғазал, даврони Ҳофиз ва баъд аз он ҳам, дар байни ин се намоди ғазал – ошиқу маъшуқу рақиб, зару мол мавқеъ надошт, аммо дар аҳди Айнӣ он рух менамояд. Масалан, дар ин байти ғазал:

 

                   Рақиб ваъдаи пул додааст,

метарсам,

Ки роҳи дилбари моро ба ин фасона занад... [6, 63]

 

         Чунин сурат гирифтани ҳол аломати он ҳам буд, ки ғазал дар асоси муносибати заминии инсонҳо, на ба маъноҳои ирфониву осмонӣ, навишта мешуд, ҳатто ба дараҷае, ки дар алоқаи ошиқонаи онҳо пул мавқеъ пайдо мекард. Ин нишони коҳиши ахлоқи ҷомеа ҳам буд, ки дар Бухорои амирии асри нуздаҳ ҷой дошт (2).  

Сабки шеъри тоҷикӣ асосан хаёлпардозона, романтикӣ буд, вале дар эҷодиёти устод Айнӣ мо намунаи бисёри шеърҳоеро мебинем, ки ба сабки вуқӯъгаро, реалистӣ навишта шудаанд. Онҳо дар баробари ҳоли шоир – камбағалӣ, зиндагии мадрасавии ӯро вуқӯъгароёна тасвир карданашон, дар баъзе ҳолат суҷа, ашё, ашхос, ҳолат ва макони воқеӣ доранд. М. Шакурӣ хусусияти вуқӯъгароии сабки Айниро аз таъсири  Саъдӣ мебинад: “Айнӣ дар шеъри ғиноӣ ва достончаҳои манзум нисбат ба ҷузъиёти мушаххаси воқеияти рӯз, ба тасвири қобили дид, ки имкон медиҳад хонанда рӯйдоди мавриди тасвирро бо баъзе ҷузъиёти мушаххасаш пеши чашм биоварад, таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ин ҳам ҷолиб аст, ки тарзи нав ва мушаххасгӯии Айнӣ дар як маврид бевосита аз Саъдӣ илҳом шуда буд...” [20, 149-150].

Ин хусусият дар ашъори «Лаби Омуя аҷаб ҷойи баҷое будаст”, “Дар васфи асп”, “Базм”, “Даҳяк”,Кайвонии офоқ  саросар бибимулло”, “Достони сайри Ширбадан” ва монанди инҳо бараллоина ба назар мерасад.  Мавзӯъ ва мазмуни ин шеърҳо, ки бевосита аз зиндагии воқеии шоир бармеомаданд, сабку забони муносиби худро тақозо мекарданд. Аз ин рӯ,  Айнӣ дар он солҳо дар баробари сайқали маҳорати шеър кардан, сабки тозаи суханро меҷуст, ки баёнро сода ва дилчаспу мардумитар созад. Инро худ ҳам таъкид мекунад: “Ман дар шеър тарафдори соданависӣ буда, бештарин луғатҳо, ташбеҳҳо ва киноя – истиораҳои халқиро кор мефармудам” [3, 54].     Бинобар ин, вақте ки дар бораи ашъори он солҳои Айнӣ сухан ронда мешавад, ин дастуреро, ки ӯ барои худ муайян намудааст, ба эътибор бояд гирифт.

 

Кам дидаем, ҳарчанд гаштем ҳар куҷоба,

Ҳусне бад-ин ниҳоят, лутфе бад-ин масоба...

То риштаи хаёлам чархи фалак супурда

Бар дасти тифли шӯхе, гум шуд сари калоба [6, 144].

 

Ё дар шеърҳои дигараш баъзе калимаҳоро дар шакли халқиашон, ба мисли “додагӣ”, “истодагӣ”, “кунам чӣ” ва ғайраҳо кор мефармояд, вале баъди баҳсҳои солҳои бистум дар бораи забони адабии тоҷикӣ дигар аз ин гуна иқдомоти худ даст кашида, танҳо меъёри забони адабии тоҷикии китобиро  истифода мекунад.

Ҷустуҷӯи Айнӣ муҳтаво ва шакли шеърро дар бар мегирифт. Дар аввалҳо  муҳтавои шеъри Айнӣ аз ҳамон маъниву мазмунҳои суннатӣ – ишқу ошиқӣ, ҷабру бевафоии ёр, каму беши рӯзгор ва зиндагии мадрасавии ӯ иборат буд. Дар ин байн шеърҳое, ки ӯ  аз рӯзгори худ ва ё ҳодисаҳои дидаву шунидаҳояш навиштааст, ҷолибтар ба назар меоянд, зеро дар онҳо ҷанбаи вуқӯъгароёна қавитар аст, ки дар шеъри ин давра тоза шакл мегирифт. “Достони сайри Ширбадан” (1899) яке аз намунаҳои беҳтарин аст, ки дар он муаллиф сайри наврӯзии худро дар мавзеъе наздикии Бухоро ба тарзи воқеӣ ва ҷо-ҷо бо зарофат ба қалам меорад. Дар ин манзума муҳимтар аз ҳама тарҳи сурати (образ) муаллиф – ровӣ мебошад, ки бо ифодаи баъзе хулқу атвораш пеши назар падидор мешавад. Аз ҷумла, ӯ як ҷавони андак лоубол, бепарво, ошиқпеша мебошад, ки ҳар лаҳза мафтуни як зеборухе мешавад. Чунончи ҳангоми дар сирк дидани “...нигоре нишаста ба ноз” [6, 247] билети ба қатори “четверт” харидаашро ба “ифтарӯй” иваз карда, дар паҳлӯи ӯ менишинад ва дар чанд байти пурсӯзу гудоз аз ишқи ӯ гуфта, сил шуданашро ҳикоят мекунад, вале ҳамин ки намоиш тамом шуд, паи “кори зарур” ба фойтуне нишаста рафтанӣ мешавад, ки дар он “паризод”-и дигареро мебинаду “...бо ёди ӯ хотирам шод буд” [6, 249] мегӯяд, ба ин далолат мекунанд. Дар ин манзума як пораи зиндаи ҳаёт тасвир шудааст, ки ҳунармандони сирк – занони руси симбозу аспсавор, ширинкорон ва баъдан “фойтунчии шуми дағал” ҳам воқеӣ нигориш шудаанд, ки дар оянда заминаи шеъри вуқӯъгароёнаро мегузоранд (3). Аз ҷиҳати дигар ин тасвири воридшавии аносири зиндагии урупоӣ ба Бухорои амирӣ буд.

Дигар аз шеърҳои муҳими Айнӣ “Даҳяк” (1902-03) ва “Фаслу боб”(1903) мебошад, ки дар онҳо сухан аз расми даҳякдиҳӣ – як миқдори пул (120 тангаи ҳамонвақта) ба талабагони мадраса меравад, ки дар солҳои охири хониш ба беҳтаринҳо ба тариқи озмун дода мешуд, аммо дар додани он ҳам муллоҳо фасодкорӣ мекарданд, ки Айнӣ онро бо танзу танқид мегирад (4). Даҳякгирӣ барои муллобачаҳо барои он муҳим буд, ки дар оянда ба ин восита ба гирифтани мансабе ноил шуданашон мумкин буд, аммо баъзеҳо барои ба даст оварданаш нисбат ба маблағи даҳяк чанд баробар бештар пул сарф карда, беҳуҷраву беҷо монда, хонданро тарк карда ҳам мерафтанд. Дар қасида ин ҳолат ба воситаи тасвири ашё ва амалҳо хеле воқеӣ ба қалам оварда мешавад:

                           

Боз ор зи бозор, шарик, аз пули «даҳяк»

Ҳалвою мураббою кабобу маю шӯрак.

Як халта пур аз соягию пиставу бодом,

Як қуттӣ пур аз кӯфтаву руставу пашмак.

Табрик намоянд туро мардуми олам,

Ҳотам шаву сарқанд бубахшой ба ҳар як.

Асбоби тараб — чангу дутору наю танбӯр

Лозим бувад имрӯз рубобу дафу ғиҷҷак... [6, 222]

 

         Дар мисраи аввали байти матлаъ дар вожаҳои “боз ор” ва “бозор” таҷниси маънавӣ мавҷуд аст, ки аввалӣ маънои боз биёр ва дувумӣ бозор, ҷои хариду фурӯшро ифода мекунад ва ҳамчунин ҳафт бор омадани садоноки “о” онро  хушоҳанг месозад.  Дар ҳамин пора сувари хаёли маънавиву лафзӣ, аз ҷумла дар байти якуму дувум дар такрори “як”, “як” санъати такрир, дар байти севум маҷозу муболиғаву талмеҳ ва дар байти чаҳорум шумур ба кор рафта, бар бадеияти шеър афзудаанд.

Пас аз он ки Айнӣ тандуруст набудани худро баҳона оварда, ба хидмати дарбори амир нарафта буд, амир ба воситаи қозикалони Бухоро дархост кард, ки ӯ ҳар шеъри навашро аз назари амир, ки худ ҳам гӯё шеър мегуфт, гузаронад. Ин як роҳи назорати эҷодиёти шоир буд, вале Айнӣ аз он сарпечӣ карда наметавонист. Қасидаи “Даҳяк”, ки дар шонздаҳ байти аввали он маросими даҳякгирии талабагон тасвир ва баъд аз он бо як байти гурез тавсифи амир оғоз мешавад, низ ба дасти амир мерасад. Нусхаи дар тазкираи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё сабт ва ба амир фиристодашуда, хеле таҳриру ихтисор шуда буд (5), вале онро ҳам амир дар танқиду мазаммати худ дармеёбад ва ин шеъру чанд шеъри дигари Айниро дар назар дошта, ашъори ӯро ба “манзур”-и ӯ шудан носазовор эълом мекунад ва ба дил кина мегирад.  Амир байти севуми пораи зерро ба худ нисбат медиҳад (6),  дар он аз қабили мардуме сухан меравад, ки ба худ сурати ҷавон додан хоста, аз ҳар гуна воситаҳои ороишӣ истифода мекунанд.

 

Бе ёр накӯ нест тараб, зуд хабар кун

Як дилбараки хурдтараки(7) содаи шӯхак,

Навраста нигоре, ки ба ҷуз бӯса таманно

Аз вай натавон кард, чу навбоваи таррак.

Ҳушьёр шав, аз содадилӣ боз наёрӣ

Онро, ки шуда содарух аз зирниху оҳак [6, 222].

 

         Гумон намеравад, дар он ҳоли беҳимоятие, ки Айнӣ буд, дар ин байт амирро дар назар дошта бошад, зеро он барояш сахт фоҷиабор анҷом ёфтанаш мумкин буд, ҳарчанд амир худ ҳам қайд мекунад, ки Айнӣ айби дигаронро тасвир карда “... ба гардани ман бор кардан мехоҳад” [5, 586].

         Нигоҳи воқеиятбини Айнӣ ҷузъиёт ва саҳнаҳои муҳими зиндагии мардумро ба тасвир гирифта, шеърро ба хидмати онон мегузорад, ки “Бибимулло” аз беҳтаринҳои онҳост. Ин шеър бахшида ба шахси муайян эҷод шудааст (8), аммо масъалае, ки ба андеша ва тасвир мегирад, моҳияти таъмимӣ дошта, ба ҷиҳати муҳими зиндагии иҷтимоиву фарҳангии мардум – сарфакорӣ дар суннати тӯю сур дахл мекунад. Ин бо як тарзи бисёр ҷолиб – ҳикояти ғиноӣ дар бораи фаъолияти дар ин соҳа доштаи Бибимулло, ки тӯйҳои аҳли Бухоро зери роҳбарии ин зан мегузашт, ба қалам оварда мешавад. Дар замоне ки аксари шуарои давр ба суханбозиву хаёлбофиҳои бепоя машғул буданд, ин шеър далели он аст, ки манзури Айнӣ аз шеър муқаддамтар аз ҳама хидмати иҷтимоӣ будааст. Дар ин шеър Бибимулло ба намоди зане мубаддал мешавад, ки суннати фарҳангии мардумро барои беҳбуди зиндагии онон татбиқ мекунад, ӯ кайвониву сардори маъракаҳои занон аст, ки тамоми хубу бад гузаштани он дар дасти ӯст, ва на танҳо занон балки мардон ҳам гӯш ба фармудааш ҳастанд, зеро бар нафъи мардум кор мекунад:

 

                   Дар маъракае танга ба хирвор шавад харҷ,

Як пул бувад он, хуш накунад гар бибимулло.

Гар бевазане тӯй кунад, халқ писандад,

Маъқулу писанд афтад агар бар бибимулло.

Бечораву бой аст яке дар назари ӯ,

Якранг ба қашшоқу тавонгар бибимулло.

Манзур накардаст пулу чизи ҷаҳонро

Бо ҳиммату қалтоку қаландар бибимулло [6, 236].

 

Сувари хаёле, ки дар ин шеър истифода шудааст, аз ҷумла муболиғаву маҷозу ташбеҳу истиораву талмеҳ онро бадеъу хотирмон менамояд, вазнаш ҳам, ки аз афоилҳои мафъӯлу мафоӣлу мафоӣлу фаӯлун ба ҳам меояд, хушоҳангу дилнишин аст.                  

Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, ки дар вақташ Садриддини ҷавонро дар хонаи Мулло Абдусалом, домуллои кунҷакии Муҳиддин – бародари Садриддин дида, дар ӯ ҳушмандӣ ва қобилияти омӯзиши илму адабро дарёфта, ба бародараш маслиҳат дода буд, ки ӯро ҳатман барои таҳсил ба мадрасаи Бухоро бибарад ва Садриддин ҳангоми таҳсилаш дар мадраса чанд муддат дар хонаи Садри Зиё ба сифати хидматгор кор карда, баъдан ҳам дар байни онҳо муносибати самимонаи дӯстона барқарор монда буд, соли 1900 ба Садриддин ва Абдулвоҳиди Мунзим китобат ва тасҳеҳи “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Донишро месупорад. Мутолааи ин китоб дар Садриддин Айнӣ инқилоби фикрӣ ба вуҷуд меорад, ки ӯ дар ин бора чунин менависад: “Ҷоҳои ба ман таъсирбахши “Наводир-ул-вақоеъ” он ҷоҳо буданд, ки ман он ҳодисаҳоро дар зиндагӣ дида будам ва аз он аҳвол дилтанг мешудам, аммо ҳеҷ гоҳ ислоҳ кардан ва ислоҳ шудани он аҳвол дар хотирам намегузашт ва гумон мекардам, ки “дунё ҳамин тарз омадааст, ҳамин тарз ҳаст ва ҳамин тарз ҳам меравад, чӣ бояд кард?... Аммо, вақте ки ман он аҳволи фалокатиштимолро дар мундариҷоти “Наводир-ул-вақоеъ” бо тасвири реалӣ–бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, дидам, ба ман ҳолати дигар рӯй дод. Ман дар дили худ гуфтам: “Ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модом ки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст (инқилоби фикрӣ кам ҳам бошад, дар ман ана дар ҳамон вақт рӯй дод) ” [5, 445- 446]. Инқилоби фикрӣ дар шахси эҷодкор  на фақат дар афкори иҷтимоии ӯ, балки дар биниши адабию бадеии ӯ низ дигаргуниҳое ворид мекунад, ки боиси тозаҷӯиҳо мешавад.

Устод Айнӣ дар “Ёддоштҳо”-и худ аз ҳамсуҳбатони маҳфилҳои Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, адибони замони худ, аз ҷумла аз Зуфунун, Яҳёхоҷа, Гулшанӣ, Абдуллохоҷаи Таҳсин, Абдулкарими Офарин ва дигарҳо сухан гуфта, ёдрас мекунад, ки “... онҳо аз ҷиҳати савияи фикрӣ ва ҷаҳонбиниашон аз ҳамзамонони худ кам фарқ мекарданд, аммо ҳар кадоми онҳо кам ё беш нисбат ба замони худ норозигӣ доштанд, ки ин хусусияти онҳо ҳам ба ман бетаъсир намонда буд” [5, 26 ]. Натиҷаи ҳамин таъсир ва ақидаҳои равшангароии Аҳмад Махдуми Дониш ва дигарон буд, ки назари Айнии ҷавон ҳам ба рисолати шеъру шоир дар ҷомеа кам-кам тағйир мехӯрад.  “Наводир-ул-вақоеъ” ба Айнии ҷавон таъсири бештар ва нохудогоҳ мекунад. Ӯ дар “Ёддоштҳо”-яш, дар аввал менависад, ки “доираи назар ва мутолиаи ман он вақтҳо бисёр танг буд. Бисёр ҷоҳои “Наводир-ул-вақоеъ”-ро, ки ба нуҷум, ба фалсафа ва тасаввуф оид буданд, намефаҳмидам” [5, 445]. Вале дар асари дигараш, Айнӣ, дар бораи таъсири Аҳмади Дониш чунин менависад: “... осораш далолат мекунад, ки дар муҳити Бухоро ба инқилоби илмӣ, адабӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсӣ роҳбар ба шумор меравад” [2, 288]. Дар ин иқтибос пештар аз ҳама зикр шудани сифати “илмӣ” ва ҳамчунин “иҷтимоъӣ ва сиёсӣ” муҳим аст, зеро ин аломати он аст, ки таълимоти Аҳмади Дониш на фақат соҳаи равшангариро дар бар гирифта, балки фарохтар аз он будааст. Бинобар, он “инқилоби фикрӣ”, ки устод Айнӣ дар худ мушоҳида карда навиштааст, маҳсули таъсири маҳз ҳамин “инқилоби илмӣ... иҷтимоъӣ ва сиёсӣ” мебошад, ки “дар андак муддат асоси маънавии шахсияти ӯро  фаро гирифт” [20, 15].

Ин ба даврае рост меояд, ки Айнӣ мадрасаро хатм карда, ба фаъолияти равшангарӣ пардохта буд. Ӯ ҳам дар ин замон ба монанди ҷавонбухороиён ва ҷадидон бар он ақида буд, ки агар амир ба сохти мавҷудаи аморат ислоҳот ворид карда, ба навсозии тарзи таълиму тарбия роҳ кушояд, масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа ҳал хоҳанд шуд. Ба ҳамин умед ӯ ба равшангарӣ машғул мешуд ва ҳамроҳи ҳаммаслаконаш –  Адулвоҳиди Мунзим ва Аҳмадҷони Ҳамдӣ мактаби усули нав боз карда, барои мактабиён асарҳо менавишт ва тадрис мекард. Ашъоре, ки ӯ барои мактабиён навиштааст, маҳз ба ҳамин хотиранд, ки тарзи нави таълимро дар мактабҳо ҷорӣ ва устувор созад. Аз ин ҷо пайдост, ки Айнӣ роҳи аз вомондагӣ раҳонидани ҷомеаро дар равшан сохтани мардум медид. Ӯ ҳамеша рисолати шахсияти худро меҷуст, ки дар байтҳои ин ғазал дида мешуд:

                      

Мо аз зарару нафъи ҷаҳон бехабаронем,

Гар субҳаю зуннор шуд аз даст, надонем.

Гоҳе ба абас бар сари саҷҷода нишинем,

Гаҳ ҳарза ба бозори харобот давонем.

Қавме ба хато рафта, ки риндему қаландар,

Халқе ба ғалат гуфта, ки мо шайхи замонем.

Зуннор бурун аз кафу мардуди куништем,

Тасбеҳ ба хок андару матъуни ҷаҳонем...

Не чокари бутхонаву не ходими Каъба,

Не шайхи замонем, на худ пири муғонем... [6, 118]

 

Ҳарчанд Айнӣ мақтаи ин ғазалро ба ишқи як тозаҷавон оид мекунад:

 

Айнӣ ба раҳи ишқ, вале рӯи иродат

Оварда ба даргоҳи яке тозаҷавонем [6, 118].

 

Аммо ҳарфҳои ғазал аз ин хулоса хеле фарохтаранд ва замири шоирро дигаргуна мекушоянд. Мо на онем, ки дар ин байтҳо аз онҳо сухан мегӯем, пас мо кистем?! Ин ҷустуҷӯи худ ва рисолати худ буд, ки  ӯро ба ҷодаи равшангароӣ ва таълиму тарбия овард. Дар мавриди ин ғазал чунин нуктаи назар ҳам баён шуданаш мумкин аст, ки ин навъ андешаҳои худҷӯйӣ дар шеъри классикии форсии тоҷикӣ бисёранд ва баъид нест, ки он ҳамчун пайравӣ аз онҳо гуфта шуда бошад, ин ҳам истисно нест, аммо дар ҳамин ҳолат ҳам он ҳиссиёт ва андешаи замирии шахсӣ ба тарзи нохудогоҳ буруз мекунад, ки баёнгари олами ботинию равонии шахсият мебошад. Асилтарин хусусияти фитрии шахс дар ҳамин олами рӯҳию  равонист, ки ҳангоми эҷод ба зуҳур меояд. Дар шеър махсусан, зеро шеър нусхае аз ҳамин олами рӯҳиву равонӣ мебошад, ки ҳолатҳои мухталифи онро инъикос менамояд. Дар ин олам самимият яке аз сифатҳои зотист, ки Айнӣ ҳам зикр кардааст. Ӯ дар мақолаи соли 1926 оид ба китоби ашъори Лоҳутӣ навиштааш чунин таъкид мекунад: “Шеъри ҳақиқӣ ин аст, ки ба хонанда ва шунаванда ҳаяҷони ҳақиқӣ бахшад. Ин ба даст намедарояд, магар ба шарти он ки гӯянда дар вақти гуфтани он шеър самимият дошта бошад ва шахсияти худро тамом дар он “гуфтааш” ҳулул кунонда (гузаронида) тавониста бошад” [7, 345].  Ҳамин гуна самимият дар шеър ва мақолаҳои Айнӣ ҳамеша ҷой дорад. Масалан, ӯ ҳангоме ки бо ақидаҳои равшанфикронаи маорифпарварони кишварҳои дигар, аз ҷумла турку тотору озариву ҳинду афғон ба воситаи ахбору рӯзномаҳои давр, ки ба Бухоро низ мерасиданд, шинос шуд, дар яке аз ғазалҳояш дар бораи таъсири аз онҳо бардоштаи худ чунин навишта, ҳаёту эҷодиёти давраи пешинаашро  накӯҳиш карда буд:

 

Рӯзгор охир зи хоби ғафлатам бедор кард,

Чун ба худ дидам, зи ҳоли худ хиҷолам доштам.

“Тарҷумонӣ”(9) кард аҳволи замон аз ҳоламон,

“Вақт”(10) -ро дар пеши худ “Миръоти ибрат”(11) доштам.

Дар ҷароидномаи аъмоли худ дидам аён,

Нек санҷидам, ки як олам қабоҳат доштам [6, 225].

 

Ин ҳам яке аз зуҳури ибрози самимонаи андешаи ӯст.  Ба чунин иқрор на ҳар эҷодкор қодир аст ва ин далел аст, ки ӯ дар навиштаҳояш самимӣ буда, дар худ қудрати бештарро эҳсос мекард. Дар бораи ҳаёту эҷодиёти ин давраи Айнӣ Мирзо Салимбеки Салимӣ  дар иловаи тазкираи “Туҳфатулаҳбоб”-и Возеҳ чунин навиштааст: “...алҳол аз шеъри ишқӣ ва ошиқӣ танаффур карда, ашъорҳои миллӣ менависад” [11, 333].

Тазкиранависони дигар ҳам дар ин давра ба шахсият ва эҷодиёти Айнӣ таваҷҷуҳ карда, баҳоҳои баланд додаанд. Афзал Махдуми Пирмастӣ, ки тазкираи худро солҳои 1904-05 навишта буд, бо ҳамон услуби пуртакаллуфу мутантани роиҷ дар он замон ситоиши шахсият ва ашъори ӯро карда, дар охиртар чунин менависад: “Ва дар ашъори ҷамила дараҷаи ҷалила ва дар ҳусни гуфтор равияи ҷазила дорад, ки муқаддароти афкори худро бо камоли тароват ба ҷилва меорад. Ва аз оммаи абёташ бӯи муҳаббат меояд” [16, 106]. Ба ҳамин монанд таърифро дар тазкираи Абдуллохоҷаи Абдӣ, ки соли 1906 тартиб додааст, низ метавон хонд, ки ӯ дар тафовут аз баъзе дигар шоирон, ки агар илҳом дошта бошанд, дар илму амали шеър кӯтаҳдаст буданд ва агар илму амал медонистанд, илҳом надоштанд, Айниро шоири ҳам боилҳом ва ҳам донандаи илму амали шеър мехонад: “Агар тарбият ёбад дар тариқи илмӣ ва шеърӣ, саромади рӯзгор хоҳад гардидан ва мазомини гули маънӣ ва мазмуни тоза бисёр хоҳад чидан” [1, 199]. Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, ки яке аз чеҳраҳои дурахшони илму адаби замон буд, аз роҳи такомули шахсият ва эҷодиёти Айнӣ бештар аз дигарон огоҳӣ дошт, дар тазкираи назмии худ “Тазкори ашъор” чунин менависад:

 

                   Ба тарзи наве чун сухангустар аст,

                   Зи аркони худ дар сухан бартар аст.

                   Чи мазмуни ашъори ӯ ҷумла бикр,

                   Ки ҳаргиз касеро нарафтаст фикр.

                   Агар бингарӣ сар ба сар шеъри ӯ,

Зи мазмуни пешин набинӣ дар ӯ.

Суханро сазад, гар диҳӣ ихтисос

Мар-ӯро, ки бошад варо тарзи хос... [12, ... ]

 

Дар ин чаҳор иқтибос, ки муаллифонашон фузалои шеършинос буданд, ба чаҳор хусусияти муҳими шахсият ва шеъри Айнӣ таъкид шудааст, ки онҳо хусусияти “миллӣ”, “бӯи муҳаббат”, “тарзи нав” доштан ва аз ҷониби шоир хуб донистани илму амали шеър мебошад. Сабаби ба ашъори миллӣ рӯй овардани Айнӣ болотар баён шуд, ки натиҷаи ба таълимоти равшангароӣ рӯй овардани ӯ буд, “бӯи муҳаббат” доштани ашъор на танҳо маънои дар мавзӯи ишқу ошиқӣ шеър гуфтанро дорад, балки муҳимтар ба он маъност, ки ҳама шеърро ошиқона бояд гуфт, ба “тарзи нав” шеър гуфтан ҷустуҷӯи усули тоза буда, илҳом доштану хуб донистани илму амали шеър аз шартҳои асосии шоирист. Айнӣ ҳамаи ин сифатҳоро дошт. Аз ашъори индавраи ӯ аз ҷиҳати шакл шеъри мустазодмонанде қобили таваҷҷуҳ аст, дар он мисраъҳои кӯтоҳ на дар паи мисраъҳои комил, балки пеш аз онҳо оварда шудаанд ва ҷойи қофияҳо ҳам устувор нест, масалан, мисраъҳои комили якуму дувум қофия надоранд ва тартиби қофия дар мисраъҳои дигар низ ба тарзи мустазоди суннатӣ намебошад:

 

                            Субҳоноллоҳ,

Имрӯз ба мо ҳодисаи саъб расид,

гаштем хароб,

Аз хоҳиши чархи фалаки дӯлобӣ.

Пурсанд зи сол, оҳи бепоён каш,

Баргӯ: бад ҳол

Ҷангидани ғиҷдувонию кӯлобӣ

Ин аст ҷавоб [6, 167].

 

Маҳалли ҷӯёиву пӯёии Айнӣ дар марҳалаи аввали эҷодиёташ пеш аз ҳама, ҳамчунонки И. Брагинский ҳам қайд мекунад, “назми классикии тоҷик мебошад” ва ӯ “ баъзан... на аз рӯи он чизе ки дар ҳаёт мушоҳида кардааст, балки аз рӯи чизҳои мутолиа кардааш, аз рӯи тимсолу намунаи адабӣ сюжету образҳо сохтанӣ шудааст” [10, 31]. Ин ҳолат қариб ба аксари шоирони тоҷик умумист, аммо дар ин ҷо муносибати фардӣ ҳам муайян мешавад, ки шоир ҷӯёи маҳз чӣ гуна суннатҳо ва пӯёи кадом роҳ аст, зеро назми классикии тоҷик суннатҳои гуногун ва тариқи мухталифи бозофариниши бадеии ҳастиро дорад.   Ҳамчунон ки маълум аст, дар замон ва ҳавзаи адабии ташаккули шахсияти шоирии С. Айнӣ, суннати сабки ҳиндӣ роиҷ буда, зиндагӣ аз даричаи нигоҳи хаёлпардозона дида мешуд. Тарзи нав ва ё сабки бозгашт тоза ба зуҳур меомад, ки муаллифонаш ақаллият буданд. Дар ҳамин ҳолат роҳи дурустро интихоб кардан дурбинии эҷодӣ мехост, ки С. Айнӣ  онро дарёфт. Ӯ рои ба содагӣ баён кардани муҳтаворо пазируфт ва ин ӯро ба омӯхтан ва истифодаи суннати сабки хуросонии адабиёти мактуб ва эҷодиёти шифоҳии халқ овард. Ӯ навиштааст: “Ман дар шеър тарафдори соданависӣ буда, бештарин луғатҳо, ташбеҳҳо ва киноя – истиораҳои халқиро кор мефармудам” [3, 54]. Соданависӣ, истифодаи луғат ва сувари хаёли халқӣ дар ашъори Айнӣ ҳамеша дар заминаи суннати сабки хуросонӣ сурат мегирифт, онҳо ҳамдигарро истисно намекарданд. Бинобар ин, дар давоми фикри И. Брагинский: “Маҳз назми халқӣ, на ин ки анъанаи классикон, аз бисёр ҷиҳатҳо воситаҳои бадеии ӯро таъин карда будааст” [10, 19], нисбат ба ҳаққонияти адабӣ, таъсири талаботи ғоявии замон, ки бо ин роҳ афзалияти халқияти эҷодиёти адибро таъкид кардан мехост, бештар аст. Вагарна дар ашъори С. Айнӣ, дар ҳамаи марҳалаи эҷодиёташ, сабки хуросонӣ бештар нуфуз дорад, масалан, дар ин шеър ҳам, ки ба соли 1908, давраи аввали эҷодиёти С. Айнӣ, тааллуқ дошта, ба қавли И. Брагинский ҳам “...яке аз беҳтарин шеърҳои... С. Айнӣ ба шумор меравад” [10, 45]:

 

Вазид аз бӯстон боди баҳорон,

Расид овози хуш аз обшорон.

Замини боғ шуд чун сабз зебо,

Чу бар сабза расида оби борон,

Хуш он кас, к-ӯ дар ин фаслу дар ин аҳд

Равад дар бӯстон бо дӯстдорон.

Кунад такрор дарси хеш аз саъй,

Ба пойи сарви тарфи чӯйборон... [6, 279]

 

Ин чанд шеъри дигар ҳам “Шаби танҳоӣ” (с.1918), “Инқилоб” (Ба журнали “Шӯълаи инқилоб”) (с. 1920), “Овози тоҷик” (с. 1924), “Тоҷикистон” (с. 1935), ки ба замони охиртари эҷодиёти С. Айнӣ тааллуқ доранд, бо вуҷуди ҷо-ҷо таъбироту сувари хаёли халқӣ доштанашон, асосан мутааллиқи сабки хуросонии бозгашт мебошанд. Бинобар он, мавқеъи таъсир ва аносири адабиёти шифоҳии халқ дар ашъори С. Айнӣ ҳамеша пас аз шеъри класикии форсу тоҷик будааст.

Шоирони  сабки бозгашт эҷодкорони “тарзи хос” ҳам буданд, зеро он дар асоси муҳтавову шакли тоза сурат мегирифт. Назаррастарин навии муҳтаво дар ифодаи ҳаёти воқеӣ, мавзӯи равшангароӣ, таълиму тарбия, интиқоди ҳодисоти манфури иҷтимоии замон хулоса гашта, сабку забони муносиби ифодаи худро мехост, ки пайравони он ҳам дар ин самтҳо ҷустуҷӯ доштанд.

Равшангарӣ ва таълиму тарбия муҳимтарин рукнҳои эъмори ҷомеаи мутамаддинанд. Бинобар ин, устод Айнӣ худ аввал дар мактаби усули нав, ки дар Бухоро соли 1908 ҳамроҳ бо Аҳмадҷони Ҳамдӣ (1884-1946) ва Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ (соли 1918 аз дасти ҷаллодони амир кушта шуд) таъсис карда буд, ба тадрис машғул шуд. Зеро ҳамчунон ки дар асарҳои Айнӣ нишон дода шудааст, дар мактабҳои усули кӯҳнаи Бухоро бачагон солҳо мехонданду саводи хондану навиштан бароварда наметавонистанд, дар мактаби усули нав, ки онро аввал Абдулқодири Шакурӣ (1875-1943) соли 1903 дар Самарқанд кушода буд ва Айнӣ ҳам монанди онро дар Бухоро ифтитоҳ кард, бачагон дар шаш моҳ саводи хондану навиштан мебароварданд. Бо вуҷуди ин, мактаби Айнӣ баъди як сол бо иғвои муллоҳои иртиҷоӣ баста шуд,аммо Айнӣ фаъолияти худро дар ин соҳа давом дода, барои бачаҳо асарҳои бадеии назмиву насрӣ, китобҳои дарсии “Таҳзиб-ус-сибён”, “Заруриёти диния”, “Тарти-ул-Қуръон”-ро навишт. Аз ин метавон хулоса кард, ки Айнӣ то чӣ андоза ба равшангароӣ, маънавиятфизоӣ  аҳамияти бузург дода, онро роҳи асосии аз қафомондагӣ ва ҷаҳолати асримиёнагӣ халос кардани ҷомеа меҳисобидааст.

 

Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,

Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб,

Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям:

Одам нашавад касе магар аз мактаб [6, 274].

 

Аз ин рӯ, устод Айнӣ, яке аз алломаҳои замон, ки илму ирфон ва маърифати адабиёти бузурги форсу тоҷикро ба тарзи аъло фаро гирифта буд, дар бораи мактабу таълиму тарбия барин масъалаҳои дар назар сода асарҳо менавишт, ки шеър ҳам яке аз қисматҳои муҳими онро ташкил медод. Ин худфидоӣ дар хидмати ҷомеа буд.  Ӯ дар шеъри соли 1911 навиштааш дар бораи мактаб чунин мегуфт:

 

Эй монда қадам ба роҳи мактаб,

Олист мақому ҷоҳи мактаб.

Мактаб сабаби ҳаёт бошад,

Мактаб сабаби наҷот бошад [6, 238].

 

         С. Айнӣ дар ин шеър растагории миллиро дар омӯхтани “илму одоб” ба атфол медонад, ки дар оянда насли огоҳ ба камол расида, вазъи тоқатфарсои мавҷударо беҳбуд бахшад, зеро чунонки ӯ қайд карда буд, ҷомеаи Бухоро “... дар зери идораи асримиёнагии сахти амир ва таъсири муллоҳои мутаассиб ях баста буд” [3, 59]. Ӯ шеъри худро ба хидмати  ташвиқу тарғиби омӯхтани илму дониш, ривоҷи матбуот ва маърифатомӯзиву маънавиятфизоӣ дар ҷомеа гузошта буд. Инро Айнӣ дар шеъри “Нидо ба ҷавонон”-и худ, ки соли 1914 навишта, дар маҷаллаи “Ойина”-и Самарқанд (№5) чоп кунонида буд, махсус қайд кардааст. Ин шеър дар тазмини байти

                  

                        «Ҳар сарви сиҳй, ки боғбон кишт,

Охир ҳама ҳезум асту ангишт» [6, 239]. –

 

навишта шудааст. Дар ин маснавӣ Айнӣ аз гардиши табиат ва рӯзгор сухан ронда, дар ҳафт байти аввал таъкид бар он мекунад, ҳар чизе ки табиат ва инсон  меофарад, оқибат ба нобудӣ мерасад. Ин маъниро ӯ дар зимни зикри суратҳои сарвқад, моҳрух, гул, обшору гулгашт, қаср ва моҳ, ки нобуд мешаванд ва ё ба сурати дигар мегузаранд, ба тарзи мақбули бадеӣ баён мекунад. Дар ин пора қудрати сухан ва тахайюли  шоиронаи ӯ хуб аён аст. Дар ҳар мисраи аввали байти маснавӣ, ки ҳолати хуби ин суратҳо ифода мешавад, масалан, қад барафрохтани сарв, рух барафрӯхтани моҳ ва монанди  инҳо, дар мисраи дувум ҳолати баъдинаи онҳо ба таври тазод,  ба мағок ҷо шудани сарв, ба шарораи фано сӯхтани моҳрух, ба қалам меояд, ки муассир мебошад.

 

Ҳар сарвқаде, ки қад барафрохт,

Охир ба мағоки хок ҷо сохт.

Ҳар моҳрухе, ки рух барафрӯхт,

Охир ба шарораи фано сӯхт.

Ҳар гул,

ки ба навбаҳор бишкуфт,

Охир ҳамаро хазон чу хас рӯфт...[6, 239].

 

         Чун ин тазоду муқобала поён меёбад, ки хулосааш аз ҳама он шукуфоиву ободиҳо чизе боқӣ нахоҳад монд, мебошад, шоир як байти ҳикмат мегӯяд:

 

                   Дар сафҳаи рӯзгор аз кас

                   Номи баду нек монаду бас [6, 239].

 

Баъди ин байт шоир ба дили худ муроҷиат карда сухан мегӯяд ва баъзе аз он суратҳоро, ки дар қисмати аввали шеър ном бурда буд, дар ин қисм ба амалҳои неке даъват мекунад, ки барои беҳбуди вазъи ҷомеа анҷом диҳанд. Дар ин қисм боз суратҳои тоза ба монанди меҳр, абр, оташро меорад ва аз амали муфиди онҳо ёдовар шуда, дили худро даъват мекунад, ки ба онҳо монанд шавад.  Азбаски шеър “Нидо ба ҷавонон” ном дорад, шоир  зимни муроҷиат ба дили худ, ҷавононро ҳам дар назар дорад.

 

Эй дил, чу гузаштанист айём,

Бар хурду бузург кому ноком,

Он беҳ, ба замини зиндагонӣ

Тухми амали накӯ фишонӣ.

Чун моҳ ба авҷи комронї

Бар рӯйи ҷаҳон зиё фишонӣ [6, 239].

 

Ва дар охир байтҳои бадеъи суратноки худро бо чунин талаботи пандомез ҷамъбаст мекунад:

 

Бахшой ба қадри иститоат

Аз умр ба хидмати ҷамоат... [6, 240]           

        

Аз ин суханон аён аст, ки Айнӣ рисолати шеъру шоирро дар хидмат ба ҷамъият дида, муҳтавои ашъорашро равшангароӣ муқаррар мекунад ва шакли он – сабк, забон ва сувари хаёлро низ тобеъи завқу фаҳми омма месозад.

 С. Айнӣ дар роҳи равшангарии худ ба 75 дурра хӯрдан маҳкум шуд, ки баробари қатл буд. Ин амр 9 апрели соли 1917 ба вуқӯъ пайваст. Баъд аз 52 рӯзи дар бемористони Когон будан ва гузаронидани 25 амали ҷарроҳӣ, ки ӯро казакҳои сурхи инқилобии Самарқанд аз обхонаи амирӣ гирифта, ба он ҷо оварда буданд, Айнӣ барои зиндагӣ ба Самарқанд рафт. Ӯ дар ин шаҳр ба фаъолияти равшангарӣ ва навиштани ашъори инқилобӣ ва зиддиистибдодии худ давом дод. Дар ҳамон соли 1917 шеърҳои “Азият ва ҳиҷрон”, “Кадом гул, ки ба хубӣ зи боғ раста барояд”, “Панд”, “Суруди мактаб (Саҳаргоҳон)” ва “Самарқанду Бухоро”-ро навишт. Дар китоби “Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ”-и Холида Айнӣ сабаби эҷоди шеъри охир чунин баён шудааст: “... муллоҳо бо сардории қозӣ Исохон, эшони Тӯра ва муфтӣ Муллообид, ки роҳбарони асосии созмони мазҳабии “Шӯрои исломӣ” буданд, ҳукм карданд, нафаре ки бар зидди амири мусулмонон исён кардааст ва аз кишвари мусулмонон ронда шудааст, мувофиқи шариат наметавонад дар шаҳри мусулмонии Самарқанд зиндагӣ кунад” [9, 54]. Баъд аз шунидани ин хабар, ки Айнӣ худро ба ҳимояи Шӯрои Самарқанд гирифт, муллоҳо ҳатто барои куштани ӯ махфиёна қотил фиристоданд. Айнӣ маҷбур буд, ки ҳар шаб ҷои исти худро дигар кунад. Шеъри “Самарқанду Бухоро” дар асоси ин воқеияти зиндагии шоир гуфта шудааст, ки хеле муассиру бадеъ аст. Он дар навъи қасида навишта шуда, аз 22 байт иборат мебошад. Дар 15 байти аввали он тавсифи табиати зебову иқлими гуворои Самарқанду Бухоро ва фарзандони бузургу накӯноми онҳо карда мешавад, ки дилчасп аст. Аз байти 16-ум бо истифодаи маҷозу тазод қозиву муфтӣ ва онҳое, ки одамсуратанду гургу шағолсифат, сахт накӯҳиш карда, парда аз рӯи аъмоли ваҳшиёнаи онҳо бардошта мешавад. Дар ин пора аз як тараф барраи хаста, мурғи бечора, меҳру шафқат, одамият ва аз сӯи дигар гург, шағол, риё, хаёл ва ҳокими шаръу муфтӣ ба ҳам муқобил гузошта мешаванд, ки гурӯҳи дувум барои манфиати шахсӣ ба ҳама гуна пастиву разолат қодиранд.

 

                   Барраи хаста набояд, ки бихобад бари гург,

Мурғи бечора бибояд, ки гурезад зи шағол...

Меҳру шафқат ба замон нест, агар ҳаст – риё,

Одамият ба ҷаҳон нест, агар ҳаст – хаёл 6, 224 ].

 

         С. Айнӣ, ки аз ҳукумати амирӣ он қадар ваҳшониятҳои гӯшношунидро дида буд, Инқилоби Октябрро бо ҷону дил пазируфт ва ба хидмати он камар баст, ки ҳеҷ ҷои ҳайрат надорад. Аз ин замон марҳалаи дувуми шоирии Айнӣ шуруъ мешавад. Шеърҳои “Марши ҳуррият” (Суруди озодӣ), “Ба шарафи инқилоби Октябр” эҷод шуданд. Шеъри “Марши ҳуррият”-ро Садриддин Айнӣ дар пайравии суруди инқилобии фаронсавии “Марселеза” навишт (12) ва то он ки оҳанги онро дар шеъри тоҷикӣ нигоҳ дошта тавонад, аввалин бор дар як шеъри арӯзӣ мисраъҳоро дар вазнҳои гуногун сохт ва дар тартиби қофияи мисраъҳо низ дигаргуниҳо ворид кард. Ин шеър аз нӯҳ банди мураббаъ иборат аст, ки бо ин банд оғоз мешавад:

 

                            Эй ситамдидагон, эй асирон!

Вақти озодии мо расид.

Муждагонй диҳед, эй фақирон!

Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид [6, 285].

 

         Ҳамчунонки дида мешавад, мисраи якуму севум мувозии фоилун фоилун фоилун фаъ ва мисраъҳои дувуму чаҳорум фоилун фоилун фоилун буда, аз онҳо фаъ ихтисор шудааст. Баъди ҳар ду банд банди нақарот меояд, ки ба ин тартиб аст:

 

Интиқом! Интиқом! Эй рафиқон!

Эй ҷафодидагон! Эй шафиқон!

Баъд аз ин дар ҷаҳон ҳукмрон бод

Ранҷбар, барзгар бо тифоқ! [6, 285]

 

Дар банди нақарот вазни банди аввал тағйир хӯрда, се мисраи аввал ба шакли фоилун фоилун фоилун фаъ ва мисраи чаҳорум як ҳиҷо кам меояд, байти аввал бо қофия ва байти дувум беқофия сурат мегирад. Дар он солҳо, ки ҳеҷ шоире дар шаклҳои суннатӣ ҷуръати дигаргуние ворид кардан надошт, ин иқдоми таҷаддудхоҳе буд. Ин шеъре буд, ки дар он аввалин бор мардум ин гуна рӯирост ба мубориза барои озодӣ, интиқом гирифтан аз ситамгарон ва сохтани ҷомеаи одилона даъват карда мешуд ва дар ин роҳ хидмати таърихие ҳам кард, ки қобили қайд аст. Аммо дар бораи шинохти он чунин фикр ҳам ҳаст, ки  дар “Таърихи навини адабиёти тоҷик” Ҷумъақул Ҳамроев баён шудааст: “...дар адабиётшиносии мо дар баҳо додан ба ин шеъри устод Айнӣ назарияи максималистӣ афзалият пайдо кардааст. Ҳатто донишманди маъруфи адабиёт М. Шукуров “рӯзи ба майдони ҳаёту мубориза баромадани “Марши ҳуррият” 7-и ноябри соли 1918-ро рӯзи таваллуди адабиёти советии тоҷик” медонад, ки воқеӣ нест. Дар асл ин шеър ҷуз ҷанбаи таблиғиву сиёсӣ шояд арзиши дигаре надошта бошад” [18, 61]. Ҷ. Ҳамроев дуруст қайд мекунад, ки дар адабиётшиносии тоҷик ҳама ба ин шеър баҳои баланде додаанд, аз ҷумла А. Маниёзов ҳам чунин навиштааст: “Мавзӯъ ва идеяи ин шеърро аслан ҳаёт ва шароити таърихӣ талқин карда, барои дар шакли бадеӣ муҷассам намудан ба нависанда илҳом бахшидааст” [13, 39]. Аммо андешаи Ҷ. Ҳамроев ҷон дорад, зеро ин шеър шиор аст ва дар он “дар шакли бадеӣ муҷассам намудан”-и мавзӯъ ва идея дида намешавад, агар танҳо вазну қофия шакли бадеӣ ҳисобида нашавад, ки ин тавр набояд бошад. Вале шеъри “Ба шарафи Инқилоби Октябр” (1918), ки дар шакли мустазод гуфта шудааст, аз “Марши ҳуррият” бештар бадеият дорад.

 

                   Эй машъали рахшони адолат, зи куҷої?

к-имрӯз ба моӣ!

Торикии бедод зи гетӣ бизудоӣ!

Моно, ки зиёї?!

Онҳо,

ки ба болои раоёи ситамкаш буданд чу оташ,

Хокистарашон аз ту шуд имрӯз ҳавоӣ,

ту рӯзи ҷазої! [6, 287]

 

         Аз ҳамин пора ҳам маълум аст, ки ин шеър бадеътар аст, зеро дар он аносири сувари хаёл истифода шудааст, масалан, инқилобро ба машъали рахшони адолат, зиё ва ҳокимони мустабидро ба оташ ташбеҳ мекунад ва дар идомаи он ҳам ташбеҳу истиораҳо ба назар мерасанд, ки онро тасвирӣ ва шайъиву маҳсус месозанд. Ба ғайр аз ин, аз назари овоӣ ҳам ин шеър хеле хушоҳанг аст, зеро дар байти аввал, ки воқеан ҳусни матлаъ аст, чаҳор қофия дорад, ки онҳо бо ҳиҷоҳои кушода ба охир мерасанд – “оӣ” ва “оӣ” ва ҳар байти минбаъда аз рӯи талаботи мустазод бо ду қофия тамом мешавад, ки онро ҷарангдор месозад. Дар ҳамин ду байт ҳарфи садоноки “о” 19 маротиба омада, ба хушсадоии он меафзояд. Суолӣ сохта шудани мисраи аввал якбора таваҷҷуҳро ба худ ҷалб мекунад. Вазни шеър ҳам, ки ҳазаҷи мусаммани ахрабу макфуфу мақсур буда, аз такрори афоилҳои мафъӯлу мафоӣлу мафоӣлу мафоил (фаӯлун) ба ҳам меояд, хеле хушсадост. Бо ҳамаи ин сифатҳо ин шеър, бешубҳа, бар “Марши ҳуррият” бартарӣ дорад. Бинобар, дар ин ҳарфи И. Брагинский ҳам: “Дар ин марш ҳама чиз, ҳам мавзӯъ, ҳам қофиябандӣ, ҳам ғояи инқилобӣ, ҳам оҳанги суруди байналмилалӣ барои назми тоҷик нав буд. Ба ҳамин тариқ дар таҳти таъсири инқилоб адабиёти советии тоҷик арзи вуҷуд намуд [10, 57] маҳз мавзӯъ ва ғоя ба ҳисоб гирифта, мояи асосии адабиёт, ки бадеият аст, аз назар соқит шудааст, ҳол он ки асар он вақт моли адабиёт мешавад, ки бадеият дошта бошад.

Дар моҳи марти соли 1918 бародари бегуноҳи Айнӣ, Ҳоҷӣ Сироҷиддин  ба дасти навкарони амир кушта шуд. Бар асари ин фоҷиа “Марсия” – муаассиртарин шеъри Айнӣ ба қалам омад. Он аз шаш банд –  бандҳои якуму дувуму севуму панҷум аз панҷ байт, банди чорум аз шаш ва банди шашум аз ҳафт байт иборат мебошад, ки то байти мақтаъ тарзи қофияи ғазал ва байти мақтаъ қофияи маснавӣ дошта, дар вазни рамали мусаммани маҳзуф (мақсур) гуфта шудааст. Байти мақтаи банд байти восила аст, ки дар панҷ банд ба такрор омада, онҳоро ба ҳам мепайвандад, аммо банди шашум бо байти тоза хулоса мешавад, ки навъи шеърро таркиббанд месозад, вагарна панҷ банди он тарҷеъбанд аст. Ин шеър саропо зодаи рӯҳияи шоир, рӯҳияи дарду ғаму андӯҳи ҷоншикор мебошад, ки бар асари фоҷиа ӯро фаро гирифтааст. Панҷ банди аввал окандаи эҳсосоти ранҷу кулфати гӯшношунид аст. Инро аз матлаи бандҳо ҳам метавон  онро эҳсос кард:

 

Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,

Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам [6, 288].

Ва:

Баъд аз ин тоқату ором мапурсед зи ман!

Баъд аз ин шодии айём мапурсед зи ман! [6, 288]

Ва:

Эй ҷафопеша фалак, нолаву фарёд аз ту!

Нест ҷойе зи ту ободу диле шод аз ту!.. [6, 289]

 

         Ин панҷ банд бо байти восила ба охир мерасад, ки он дар асоси суханҳое гуфта шудааст, ки маъмулан дар нолаҳои мардумӣ дар сари тобути майит гуфта мешаванд ва ин хусусият онро боз бештар мардумиву асаргузор месозад:

 

                            Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,

Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам! [6, 289]

 

         Шиддати баёни ҳиссиёт ва таъсири фоҷиа аз банд ба банди дигар  боло меравад, ки дар бандҳои дувуму севум байтҳо бо хитоб – дараҷаи баландтарини баёни эҳсосот ба охир мерасанд. Дар ин се банд сухан асосан аз таассуроти ғаму андӯҳи шоир аст, ки аз байтҳои дар боло иқтибосшуда ҳам пайдост, дар банди чоруму панҷум тафсилоти чӣ тавр кушта шудани бародар ҳикоят мешавад, ки аз он аломатҳое аз чеҳраҳои манфури “саги хунхор”, “золими мурдори ситамгор” ва “хукниҳодон” аён мегардад, ки ҳама дар якҷоягӣ сурати амири хунхори истибдодпешаро тарҳрезӣ мекунанд. Ин ҳама моломоли яъсу ҳузну дарду ғам аст. Дар банди панҷум чунин байтҳо ҳастанд:

                           

                            Ин ҳама зулм, ки он хукниҳодон карданд,

На ба оини маҷусасту на кеши Зардушт.

Ҳеҷ гањ мо нашунидем, ки инсонеро

Бабр, ё ҳирс ва ё хук бадин ваҳшат кушт [6, 289].

 

         Дар ин ҷо он чиз ба андеша вомедорад, ки чаро Айнӣ ба онҳое, ки худро ҳомии ислому шариат мехонданд, аз оини маҷусу Зардушт ёд меораду аз ислом не, зеро ба онҳое, ки пайрави маҷусу Зардушт набошанд, ин асаре набояд кунад. Ин ду сабаб доштанаш мумкин аст: яке ин ки Айнӣ онҳоро бо он исломашон мусалмон намеҳисобад, албатта ҳамин тавр ҳам ки бояд бошад, дигар ин ки дар ислом эҳтимоли ҷой доштани чунин ваҳшатро инкор намекунад. Ба ҳар ҳол, ин розест, ки дар ин байтҳо хуфтааст. Дар банди шашум хоҳиши барбод рафтани “хонаи бедоду ситам” ва “маҳкамаи ҷавр” бо тамоми нафрату қатъият баланд садо медиҳад:

        

Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!

Хоҳам он маҳкамаи ҷавр мазористон бод!

Хоҳам он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,

Реза-реза шуда бо хоки сияҳ яксон бод!

Хоҳам он тоҷ, ки зеби сари хунхоре шуд,

Бо сари соҳиби худ зебдеҳи зиндон бод!

Хоҳам он қаср, ки ишратгаҳи ҷаллодон аст,

Пора-пора шуда дар зери замин пинҳон бод!..

                            Хоҳам он муфтию он қозию он шоҳу вазир

Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод! [6, 289]

 

Дар байти охир зикр шудани  “муфтӣ” ва “қозӣ”, ки аносири давлатдории исломӣ буда, тақдири инсонҳо ба дасти онҳо ҳал мешуд, муносибати Айниро ба онҳо равшан намудааст. Ба таври куллӣ бояд қайд кард, ки “Марсия”-и Айнӣ аз пурсӯзу гудозтаринҳо буда, таъйиди он ҳам ҳаст, ки шеъри бо рӯҳияи шоир гуфташуда, дар навъи худ аз шеъри бо тарҳи забонӣ гуфташуда хеле муассиртар дармеояд.

         Баъд аз ғалабаи Инқилоби Октябри Русия дар Бухоро амали гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки амир созмон дода буд, авҷ гирифт. Онҳо ба Самарқанд ҳам фиристода шуда буданд, ки инқилобиюни бухороиро маҳв кунанд. Дигар дар ин шаҳр истодани Айнӣ хатарнок шуд ва ӯ 22 апрели соли1918 ба Тошканд омада, шаш моҳ дар он ҷо монд. Ин қитъа аз ҳоли онвақтаи ӯст:

 

                            ёди айёме ки мо ҳам хонумоне доштем,

Дар тарабгоњи диёри худ маконе доштем,

Гарчи озодона бо мо изни гул чидан набуд,

Ҳамчу булбул дар гулистон ошёне доштем [6, 182].

 

         Ин байтҳо бештар ба оғози ғазал мемонанд, то бар қитъа, шоир онро сар кардаву шояд ба охир нарасонидааст. Қитъаи дигар  низ дар ҳамон ҷо навишта шуда, аз вазъи ӯ ҳикоят мекунад.

 

Эй ватан,

Гар аз харобии ту дигар нест корашон,

Онҳо, ки иддаои волои(13) ту мекунанд

Гар хидмате кунанд ба номи ту филмасал,

Аз баҳри номи худ, на барои ту мекунанд.

Онҳо, ки аз ҳарими ту маҳҷур мондаанд,

Чун Айнии ғариб, дуои ту мекунанд [6, 282].

 

         Ин шеър ба ғайр аз ҳуҷҷати зиндагии Айнӣ буданаш, аз ҷиҳати шакл ҳам қобили таваҷҷуҳ аст, зеро дар он фиқраи “эй ватан” аз вазни умумии шеър берун аст, аммо ба тамоми мисраъҳои баъдӣ сахт пайваста буда, маънои онҳоро комил мекунад, зеро мафҳуми мабҳаси шеър аст. Аз ин бармеояд, ки шоир дар паи ҷусторҳои тозае дар шакли шеър будааст (14). Шеъри дигаре, ки бо ин шеър ҳамоҳангии муҳтавоӣ дорад, “Шаби танҳоӣ” мебошад, ки эҳтимол дар ҳамон давраи ҳиҷраташ дар Тошканд навишита шуда бошад, зеро дар он шоир аз надоштани хонаву бистару болин ва алами дуриву маҳҷурӣ аз ҳамдаму мӯнис шикоят мекунад. Ин шеър аз ҷиҳати сохтор ҳам ҷолиби таваҷҷуҳ аст:

 

                            Шаби танҳоӣ, дили ман хун шуд,

Дили ман хун шуд, шаби танҳої

Дили шайдоӣ ба куҷо гум шуд?

Ба куҷо гум шуд дили шайдої? [6, 291]

 

         Ин гуна ба ду тақсим кардани мисраи аввал ва дар мисраи дувум онҳоро ҷой иваз карда овардан, ки санъати акс ва ё табдил ном дорад, дар ғазали суннатӣ ҳаст, аммо Айнӣ ин корро дар чаҳорпора кардааст, ки барои ифодаи муассиру ҳузнангезтари ғаму андӯҳ мувофиқ омадааст:

 

                            На маро хона, на маро бистар,

На маро бистар, на маро хона.

На маро лона, на маро болин,

На маро болин, на маро лона.

 

Чӣ бало мушкил алами дурӣ?

Алами дурӣ чӣ бало мушкил?

Наравад аз дил ғами маҳҷурї,

Ғами маҳҷурӣ наравад аз дил [6, 291].

 

         Айнӣ октябри соли 1918 ба Самарқанд баргашта, дар идораи маҷаллаи навтаъсиси “Шуълаи инқилоб” ба кор даромад ва ба муносибати нашри маҷалла шеъри “Инқилоб”-ро навишт. Ин шеър ҳамчун назира бар ғазали Абдурраҳмони Ҷомӣ “Рӯйи ту офтобро монад” эҷод шуда, далели он ҳам ҳаст, ки Айнӣ – донандаи хуби шеъри классикӣ шакли суннатиро барои ифодаи маъниҳои нави замонӣ моҳирона ба кор бурда тавонистааст, яъне ӯ ҳам дар сохтор ва ҳам дарунмояи шеър ҷустуҷӯи доимӣ доштааст.

 

                            Инқилоб офтобро монад,

ё ки тӯфони обро монад.

Нашри анвор мекунад ба ҷаҳон,

Инқилоб офтобро монад...

Оқибат Шарқ мешавад бедор,

Гарчи ин фикр хобро монад... [6, 293]

 

        Дар ин марҳала Айнӣ ба ду забон – тоҷикӣ ва туркӣ, ки дар солҳои ба фаъолияти равшангароӣ оғоз карданаш омӯхта буд, зеро дар он давра мардуми Бухоро туркӣ намедонистанд, дар мавзӯи инқилоб, озодӣ, адолат, ҷонибдорӣ аз зиндагии замони нав ашъори тарғиботӣ гуфта, дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба чоп мерасонд. Шеърҳои “Инқилоби сурх” (Назира ба ғазали Лоҳутӣ), “Овози тоҷик” (Ба муносибати нашр шудани рӯзномаи “Овози тоҷик”), “Ахгари инқилоб”, “То ба кай” ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар ғазали “Инқилоби сурх” (с.1923) чунин байте ҳаст:

 

                        Айнӣ, ба як ғазал натавон шарҳи ҳол кард,

Бояд ба инқилоб навиштан китоби сурх [6, 302].

 

        Аз аввали солҳои бистум Айнӣ ба фикри ҳар чӣ фароху пурвусъат ва ҳамаҷониба тасвир кардани воқеияти зиндагӣ меафтад ва ҳамчунон ки худаш мегӯяд, “... чорчӯбаи вазну қофия барои ифодаи мазмунҳое, ки инқилоб илҳом мекард, тангӣ намуд ва ё ин ки қобилияти шеърии ман аз ифодаи он мазмунҳо дар либоси шеър оҷиз омад ва даромадам ба насрнависӣ” [6, 453]. Дар шеъри “То ба кай?” (с. 1924) низ эҳсоси қаноат надоштани Айнӣ аз он ҳолати зиндагии ҷомеа ва адабиёти он баён мешавад: 

 

                        То ба кай ошуфтаи зулфи парешон аст дил?

То ба кай хунгаштаи лаъли сухандон аст дил?..

То ба кай хам бар сари зонуи маъюсист сар?

То ба кай хун аз ҳуҷуми доғи ҳирмон аст дил?

Вақти он омад, ки дар саъю амал ҳиммат кунем.

Дар сари осудагии хеш худ хидмат кунем [6, 298].

 

        Кӯшишҳои Айнӣ барои аз ин ҳолат раҳоӣ ёфтан аз замоне ки ба гуфтани ашъори миллӣ сар кард, оғоз шуда буд. Агар марҳалаҳои шоирии Айнӣ иҷмолан ба ду давраи муфассал, то Инқилоби Октябр ва пас аз он ҷудо карда шавад, чунин ба назар мерасад, ки дар ашъори давраи аввал эҳсосоту таассуроти фардии як нафар аз ҳодисаҳои мухталифе, ки бо ӯ дар зиндагӣ рух медиҳанд, ба дараҷаи имкони эҷодии муаллиф муаассиру бадеъ ифода карда мешаванд, вале дар давраи дувум, ки асосан ашъори тамҷидиву тамҳидиро бахшида ба Инқилобу дастовардҳо, шахсиятҳои маъруфи он ва роҳбарони ҳизби коммунисту давлати шӯравӣ дар бар мегиранд, бардоштҳо умумиву сатҳианд. Дар ин байн шеърҳои “Соиқа” (Ба муносибати ҷашни сисола фаъолияти адабии устоди санъаткор шоири ҷаҳоншумул рафиқ Лоҳутӣ) (с. 1933), “Пайрав зи миён рафт” (с.1933), “Тоҷикистон” (с. 1935) бадеъу ҷолибтар ҳастанд, махсусан чанд байти оғозини шеърҳои “Соиқа” ва “Тоҷикистон” бо эҳтиросоти фардӣ ва тасвиркорӣ ба қалам омадаанд. Пораи зер аз шеъри “Тоҷикистон” аст, ки дар он намои кишвар хеле моҳирона манзаранигорӣ карда шуда, сабку баён ва забонаш ҳам дар ҳадди камол аст. Ҳарчанд ин гуна манзара дарвоқеъ ҷой доштанаш мумкин аст, аммо дар нигариш ба он мавқеъи  қаблан фармудаи ғоявӣ бартарӣ дорад, ки бо рӯҳияи мағшушкунанда  тасвир ва ба ҳолати пасазинқилобии он муқобил гузошта, тазод ҳосил карда мешавад.

 

                Кӯҳҳои баланди бепоён,

Дараҳои чуқури бепоёб,

        Дараҳо рафта то ба қаъри замин,

Кӯҳҳо рафта то ба фавқи саҳоб,

Қаърҳояш надида ғайр аз сел,

Қуллаҳояш нарафта ғайри уқоб,

Сангҳои дурушти пойшикан,

Ағбаҳои махуфи гардантоб,

Наҳрҳои амиқ, к-оби он

Дастнорас мисоли оби сароб,

                          Ҷӯйҳо тоб хӯрда ҳамчун мор,    

Ғорҳо печ хӯрда чун гирдоб.

Пулчаҳо ларз-ларзи каснагузар,

Раҳчаҳо танг-танги касноёб... [6, 342]

 

        Дар давраи дувуми эҷодиёташ Садриддин Айнӣ асосан наср ва дар насраш ҷо-ҷо бо тақозои мавзӯъ шеър ҳам менависад. Ба ғайр аз ин, вобаста ба ин ё он маврид, муносибати санаҳои таърихӣ ва ё дастовардҳои Тоҷикистони навин шеъру достонҳо мегӯяд. Шеърҳои “Понздаҳ сол” (с. 1932), “Шоистаи ҳурмат” (Ба ҷашни чиҳилсол фаъолияти адабии устоди бузург Максим Горкий) (с.1932), “Ба Пушкин” (с.1937), “Қасидаи ҷанг ва зафар” (1945), “Ба Маяковский” (с. 1950) ва достонҳои “Ҷанги одаму об” (Достони Вахш) (с.1937), “Оби ҳаёт” (с.1939) аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ин ашъор каму беш дар мақолаву таҳқиқоти донишмандон таҳлилу таҳқиқ шудаанд, ки аҳамияти худро доранд. Достони “Ҷанги одаму об” бинобар муҳиммии муҳтавояш, ки тасвири бунёдкориҳои замони нави сотсиалистӣ – обод кардани водии Вахш дар солҳои сивуми асри гузашта буд, низ аз қабили онҳост. Аммо, мутаассифона, бо сабаби он ки дар он таҳқиқотҳо назари ғоявӣ бар бадеӣ афзалият дошт, дар бисёр маврид ҷанбаи бадеӣ, ки асарро адабиёт мекунад, ба эътибор гирифта нашудааст. Ҳамин гуна нуқс дар таҳқиқи достони “Ҷанги одаму об” ҳам ҷой дорад, ки мисолаш дар ин суханон аст: “Маҳорати шоирии Айнӣ дар достони “Ҷанги одаму об” дар муҳтавову шакл маълум мешавад. Бо ин ӯ худро ҳамчун устоди сухан, ки метавонад на танҳо дар насри бадеӣ, балки дар шеъри ҳамосии бузург ҳам асарҳо биофарад, зоҳир намуд” [15, 118]. Аммо ин фикр дар достон собит намешавад, зеро дар он муҳтавои нав шакли зарурии таҷассуми худро пайдо накарда, асосан дар доираи нақлу хабар монда, қаҳрамонҳо Мирзогул, Вена ва дигарон ҳам қолабӣ буда, фардият надоранд. Маълум аст, ки дар он замон шеъри нави тоҷик барои офаридани чунин асар таҷриба надошт ва ин камбуд дар ин достон ҳам пайдост. Аммо дар ашъори давраи дувуми Садриддин Айнӣ он чиз аҳамиятнок аст, ки шоир ба ҳар воқеаи муҳими сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ дарзамон ҳамовоз мешавад, ки адибро барои мавқеи фаъол доштан дар ҷомеа ташвиқ мекунад.

Ҳар камбуде, ки дар шеъри Айнӣ вуҷуд дошт, насри моҳиятбини ӯ талофӣ кард. Аммо дар мавриди насрнависии Садриддин Айнӣ ҳам ин суханҳои ӯро дар ёд бояд дошт: “... хату саводи ман ба воситаи шеърхонӣ ва шеърнависӣ баромадааст” [6, 452], яъне ӯ завқи сухан ва балоғати насрро аз шеър омӯхтааст. Ӯ дар бораи таҷрибаи аввалини насрнависиаш чунин ҳикоят мекунад. Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ҳангоми дар Қаршӣ қозӣ буданаш ӯро ба меҳмонӣ даъват карда буд. Қозӣ ба мирзои худ супориш медиҳад, ки ба номи бародари ӯ, ки дугоникдор шуда, вале яке аз он тифлон вафот ёфта буд, мактубе нависад, ки дар айни ҳол ҳам табрик шаваду ҳам таъзия. Азбаски мирзо қобилияти чунин мактуб навиштанро надошт, онро Айнӣ менависад: “Ҳарчанд бурида шудани яке аз ниҳолҳои бехҷаст ҷои таассуф аст, бо қонуни табиат, ин ниҳол сабаби ба камол расидани ниҳоли боқимонда мешавад. Бинобар ин, ҷои табрик аст, ки шумо ба ҷои фарзанди вафотёфтаатон, фарзанди навхези бакамолрасандае доред” [6, 8]. Шарифҷон Махдуми Садри Зиё баъди хондани мактуб ба Айнӣ чунин мегӯяд: “– Ман дар тазкираи худ... туро дар назм муқтадир, аммо дар наср қувват надорад, аммо Мирзо Абдулвоҳидро дар наср муқтадир ва шеъраш суст аст, – гуфта баҳо дода будам. Маълум шуд, ки ман хато карда будаам. Ту ҳам дар назм ва ҳам дар наср аз вай муқтадиртар будаӣ” [3, 56]. Дуруст аст, ки дар ин ҷо Садри Зиё насрнависии Айниро тавсиф мекунад, аммо решаи ин қобилият дар шеър буда, дар мактуб ҳам ҳувайдост, зеро бунёди он бар қиёсу ташбеҳ аст, ки маъмулан моли шеър буда, фақат бо наср баён шудааст.

        Ба ҳамин тартиб, шахсияти эҷодии ӯ дар заминаи шеър ташаккул ёфт, вале ӯ рисолати таърихии худро ҳамчун равшангари бузург, адиби забардаст ва поягузори насри навини тоҷик ҳамчун нависанда ба иҷро расонд. Азбаски шахсияти устод Айнӣ барои фарҳанги миллии тоҷик фавқулода муҳимм аст, ҳар як шеъраш, ки воқеоти зиндагии ӯро ифода намуда, дар баробари ин зинаҳои камолоташро нишон медиҳад, аҳаммияти хоса пайдо мекунад.

 

Китобнома

 

  1. Абдӣ Абдуллохоҷа. Тазкираи шуарои мутааххири Бухоро. / Абдуллохоҷаи Абдӣ. –Нусхаи Маркази мероси хаттии АИ ҶТ, нусхаи қаламӣ, таҳти рақами
  2. Айнӣ Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. / Садриддин Айнӣ. – М., 1926.
  3. Айнӣ Садриддин. Куллиёт. Иборат аз 15 ҷилд. Ҷ.1 / Садриддин Айнӣ. – Сталинобод: НДТ, 1958. – 347 с.
  4. Айнӣ Садриддин. Куллиёт. Иборат аз 15 ҷилд. Ҷ.6 / Садриддин Айнӣ. – Сталинобод: НДТ, 1962.
  5. Айнӣ Садриддин. Куллиёт. Иборат аз 15 ҷилд. Ҷ.7 / Садриддин Айнӣ. – Душанбе: НДТ, 1962. –649с.
  6. Айнӣ Садриддин. Куллиёт. Иборат аз 15 ҷилд. Ҷ.8 / Садриддин Айнӣ. – Душанбе: Ирфон, 1981. –524 с.
  7. Айнӣ Садриддин. Куллиёт. Иборат аз 15 ҷилд. Ҷ.11. Китоби дуйум / Садриддин Айнӣ. – Душанбе: Ирфон, 1964. –436 с.
  8. Айнӣ Садриддин. Куллиёт. Ҷ.1 / Садриддин Айнӣ. – Душанбе: Бунёди адабии С. Айнӣ, 2018. –568 с.
  9. Айнӣ Холида. Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ. Тарҷумаи Юнус Юсуфӣ. / Холида Айнӣ. –Душанбе, 2017. – 106 с.
  10. Брагинский И. С. Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ. / И. С. Брагинский. И. С. Брагинский. – Душанбе: Ирфон, 1968. – 196 с.
  11. Возеҳ Қорӣ Раҳматуллоҳ. Тазкират-ул- аҳбоб фи тазкират-ул-асҳоб. Бо эҳтимоми Салимбеки Салимӣ. / Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ. – Тошканд, 1332=1914.
  12. Зиё Садр. Тазкор-ул-ашъор. / Шарифҷон Махдуми Садри Зиё. Нусхаи китобхонаи Институти осори хаттии АИ Тоҷикистон, 1907-10, таҳти рақами
  13. Маниёзов А. Публисистика ва назми устод С. Айнӣ. / А. Маниёзов. –Сталинобод: Нашрдавтоҷ, 1958. – 152 с.
  14. Маниёзов А. “Марҳалаҳои таҳаввули шеъри С. Айнӣ”. Ҷашнномаи Айнӣ. Ҷилди 1Х / А. Маниёзов. – Душанбе: Дониш, 2002. – 248 с.
  15. Ниязов Х. Н. “Шеъри бунёдкории сотсиалистӣ (эҷодиёти Айнии шоир солҳои 1929 – 1941)”. Ҷашнномаи Айнӣ. Ҷузъи / Х. Н. Ниязов. – Душанбе: Дониш, 1966. – 177 с.
  16. Пирмастӣ Афзал Махдум. / Афзал-ут-тазкор фи зикр-уш-шуаро в-ал ашъор. / Афзал Махдуми Пирмастӣ.– Нусхаи Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Маркази мероси хаттии АИ Тоҷикистон, чопи сангӣ, Тошканд, 1336 ҳ.ш., таҳти рақами
  17. Рӯдакӣ. Девони одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ. / Рӯдакӣ. –Душанбе:Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ. 2000. –190 с.
  18. Ҳамроев Ҷумъақул. Таърихи адабиёти навини тоҷик. / Ҷумъақул Ҳамроев. – Тошканд: Тамаддун, 2015. – 544 с.
  19. Ҳофизи Шерозӣ. Куллиёт. / Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ.– Теҳрон: Замон, 2001. – 358 с.
  20. Шакурии Бухороӣ. Равшангари бузург. / Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ.  – Душанбе:Адиб, 2006. – 340 с.
  21. Шамисо Сирус. Сайри ғазал дар шеъри форсӣ. / Сируси Шамсо. – Теҳрон:Интишороти Фирдавс. 1369. – 312 с.
  22. Шамисо Сирус. Куллиёти сабкшиносӣ. / Сируси Шамсо. – Теҳрон: Интишороти Фирдавс, 1378, –328 с.
  23. . https //qanjoor.net. انوری. دیوان اشعار

 

Тавзеҳот           

(1) Дар ин бора муроҷиат шавад: Садриддин Айнӣ. Куллиёт. Сталинобод: НДТ, 1958, ҷ. 1, с. 9-99;  ҷ.6, с. 7-196.

(2) Ин нукта дар мақолаи А. Маниёзов “Марҳалаҳои таҳаввули шеъри С. Айнӣ” с. 75. низ қайд шудааст.

(3) Оид ба ин шеър муфассалтар ниг.: Муҳаммадҷон Шукуров. Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ. Душанбе: Ирфон, 1987, с. 23-29.

(4) Дар ин бора  муроҷиат шавад: Садриддин Айнӣ. Куллиёт, (“Ёддоштҳо”), ҷ. 7, с. 413-421; 586-602.

(5) Дар ин бора  муроҷиат шавад: Садриддин  Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 7, с. 594; ҷ. 8, с. 481.

(6) Дар ин бора  муроҷиат шавад: Садриддин  Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 7, с. 586.

(7) Вазн талаб дорад, ки “...хурдтарак, содаи шӯхак” бошад. Ин ҷо шояд хатои котибон аст.

(8) Дар ин бора  муроҷиат шавад: Садриддин  Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 8, с. 482-483.

(9) “Тарҷумон” – нашрияи сарвари ҷадидияи туркони Русия

(10) “Вақт” – рӯзномаи туркии тоторҳои Оренбург

(11) “Миръоти ибрат” – асари шоири тоҷик Сайид Аҳмадхоҷаи Сиддиқии Аҷзӣ

(12) Дар ин бора И.С.Брагинский чунин менависад: “... сарманшаи он на матни тоинқилобии “Марселёза” (Аз дунёи кӯҳан рӯй метобем), балки “Марселёзаи коргарӣ”-и Демян Бедний буд”. Ниг.: Ҳаёт ва эҷодиёти Айнӣ, с. 57.

(13) Дар ҳамаи нашрҳо “волои” чоп шудааст, ки хатост, зеро маънову вазн хароб аст, бинобар “валои” бояд бошад, ки вало муҳаббат, садоқат... аст.

(14) Ба ин А. Маниёзов низ ишора кардааст. Ниг.: Марҳалаҳои таҳаввули шеъри С. Айнӣ, с. 87.