Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Гоҳест илоҳӣ майи мо, гоҳ маҷозӣ,
Манзурам аз ин вожа гаҳ ин асту гаҳ он ҳам.
Чӣ ҷойи тааҷҷуб аст, агар дар ашъори ғиноӣ ҳама ҷо маю сармастӣ ҷой дошта бошад, хоҳ аз майи илоҳӣ ва хоҳ аз майи маҷозӣ, яъне майе аз ишқи инсонӣ, зеро дар ашъори ғиноӣ шоири асил ниҳонитарин розу ниёзҳои хешро, ҳамчунонки ҳаст, бе пардозҳои сунъиву сохта, баён менамояд ва ба дили хонанда роҳ меҷӯяд. Дар ин ҳолат шубҳае нест, ки ин розу ниёз чунон арзише бояд дошта бошад, ки бо он табиият, пайдоиши нахустини худ дар силки андешаву эҳсосоти воло ҷой бигирад ва дар дигарон ҳам гунаи худро бедор карда тавонад, ки на осон амрест. Ин муқтазои ашъори ғиноист, ки онро “шеъри шеър” гуфтаанд ва агар он ашъори ғиноӣ ошиқонааст, пас он шеъртарини шеъри шеър аст, зеро ҷои сухан нест, ки ҳиссиёти ошиқона маҳрамонатарин, содиқонатарин, асилтарин эҳсосот аст, ки аз амиқиҳои замири инсон берун меояд ва дар ашъори ошиқона сурат пайдо мекунад.
Ишқро ҳар гуна тафсир мекунанд, бархе бар онанд, ки он дард аст, беморист ва давояш ҳам ба ғайр аз ишқ чизи дигаре нест, бархе онро дарёфтани гунаи хеш медонанд, ки бо он бояд васл бишаванд, бархи дигар онро майли хостгории зебоӣ медонанд, ки бо он ба дараҷаи инсони комил бирасанд, боз бархи дигар, ки онро ба ҳастии табиии инсон рабт медиҳанд, маҳсули баркамолӣ ва ғаризаи давом додани насли инсон маънидод мекунанд. Ҳамаи инҳо дар ҷои худ дурустанд, аммо дар баробари он комил нестанд, ҳамчунон ки ҳамаи мафҳумҳои маънавии ҳастии инсон сарҳади маҳдуди таъриф надоранд, махсусан боз ишқ, ки аз ҳамаи онҳо фарогиртар аст. Ҳоло китобе, ки дар даст дорем, ба тафсири шоиронаи ҳамин гуна эҳсосоти наҷиби инсон мепардозад. Шоири ин китоб шахси баркамол аст, ишқро дар зиндагии воқеияш таҷриба кардааст, талхиву шириниаашро чашидааст, бино бар он, ашъораш ҳам дар ин бора серпаҳлуву гуногунмазмун аст. Азбаски дар ҷавонӣ ба омӯзиши тасаввуфу ирфон майл доштааст, дар баъзе ашъори он даврааш ҳамин гуна оҳанг ба гӯш мерасад ва баъдан, ба таъбири сӯфия, ишқи маҷозӣ – инсонияш савту навои баланду густардатаре пайдо мекунад, ки ҷолибтарин қисмати ашъораш мебошад.
Ҳарфе дар нақди шеър машҳур аст, ки агар дар китоб як шеъри хуб бошад, он китоб хуб аст, агар ду шеъри хуб бошад, он китоб олист. Бешубҳа, ин меъёри хеле баланд аст ва дар асл ҳам ҳамин тавр бояд бошад. Хушбахтона, дар ғазалҳои ин китоб хеле байтҳои хуб ҳастанд, ки шоистаи ба хотир гирифтананд. Масалан:
Изтироб афзоядат, гар танг оғӯшат кунам,
Рӯд, вақте танг шуд маҷро, хурӯшонтар шавад.
Боз:
Мардуми чашмам нашуд аз кулчаи рӯи ту сер,
Дар машомам бӯи нони гарми гандум мекунӣ.
Боз:
Нолем зору надорем, эй дареғ,
Як ҳамсадо ба ғайр зи акси садои хеш.
Боз:
Ҳуснро гуфтам: “Ту дар пироҳанаш пинҳон будӣ,
Ҳар қадар пироҳанаш тар шуд, ту пайдотар шудӣ”.
Гоҳе бо танз ҳам ширин сухан мегӯяд:
Себи рухашро хоҳад газидан,
Ҳатто касе, к-ӯ дандон надорад.
Агар ба ошиқонаҳои ин китоб назари умумӣ андохта шавад, сурати ошиқе ба назар мерасад, ки мисли ошиқи ашъори классикии мо ҷабркаши маъшуқ аст, маъшуқа дастнорасу бепарвову ситамгар аст ва мо ҳам, ворисони ин адабиёт, ба он хӯ гирифтаем ва хонданаш ба завқамон барнамехӯрад, аммо дар хотир бояд дошт, ки ин ошиқу маъшуқи классикӣ имрӯз сифатҳои тоза пайдо кардааст, ки вақти ба сурати бадеӣ кашидани онҳо ҳам расидааст. Масалан, дар яке аз шеърҳои Аҳмади Шомлу маҳбуба ба ошиқ қаҳва омода мекунад, ҷузъиёте, ки дар зиндагии имрӯза ҷой дорад. Ин ҳам яке аз роҳҳои тоза кардани шеъри ошиқона аст. Дар ин китоб ҳамин гуна тозаҷӯӣ ба назар мерасад, ки дар оянда вусъат бахшидани он бар имкони замонӣ ва мондагор шудани ашъор меафзояд. Зимнан, байтҳое, ки дар боло иқтибос шуданд, ба навъе аз ҳамин гуна тозагиҳо бархурдоранд.
Дуруст аст, ки мавзуи меҳварии китоби “Садои хандаи гулҳо” тараннуми ишқ аст, аммо танҳо маҳдуди он набуда, дар он ашъори хуби дигар ҳам мавҷуданд, ки вокуниши отифии шоирро ба мавзуъҳои гуногуни ҳастии маънавии инсон фаро гирифтаанд. Ҳоло аз онҳо ҳам ба сабаби мухтасар кардани сухан, бе тафсир чанд байт намуна меорем:
Ҳақиқатро кунад азбас ҳама бо коми худ таҳриф,
Мудом ин оина зангор буду ҳасту хоҳад буд.
Боз:
Водии пур аз печу хами зиндагии мо
Монанди куҳистон раҳи ҳамвор надорад.
Дар хотима боз овардани ин байти шоир ба назар муносиб мерасад, ки мегӯяд:
Оре, оре, бегумон ҷӯяндагон ёбандаанд,
Лек ҷуз ҷӯяндагони айбу нуқсони Шумо.
Ва бо ҳамин хонандагони азизро даъват мекунем, ки ин китобро ҳамчун ҳадяи хубе бипазиранд ва аз хондани он завқу лаззати бадеӣ баранд.