Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Дар аксари асарҳои таҳқиқотӣ оид ба анвои адабӣ, масалан дар тадқиқоти Г. Л. Абрамович [1, 259], Ф. М. Головенченко [5, 260], Г. Н. Поспелов [8, 105] таъкид мешавад, шеъри ғиноӣ асосан шеърест, ки андешаву эҳсосоти шахсиро бевосита ифода менамояд, ки комилан дуруст аст. Ҳоло мавриди таҳқиқ ашъори ғиноие қарор мегиранд, ки дар онҳо андешаву эҳсосоти шахсӣ, ки маҳсули ҳаёти ботинии шоир ва ё шахсиятҳои шеър мебошанд, мавқеъи таъинкунанда доранд. Ин ҳарфҳо чунин маъно мешаванд, ки маҳз чигунагии ҳамин андешаву эҳсосоти шахсӣ ва тарзи баёни онҳо чӣ навъ шакл гирифтани ин ё он шеъри ғиноиро таъин мекунанд.
Ин андешаву эҳсосоти шахсӣ, ки дар шеъри ғиноӣ ба воситаи шахсияти ғиноӣ ва ё бевосита аз забони шоир ифода мешаванд, чӣ гунаанд? Онҳо танҳо мансуби шахси ў буда, аз иҳотаи зиндагии шахсии ў фаро намераванд ё ба дигарон ҳам тааллуқ мегиранд? Инҳо аз суолҳое ҳастанд, ки моҳияти навъии шеъри ғиноиро муайян менамоянд.
Ҳамчунон ки маълум аст, маводи шеъри ҳамосӣ тасвири чигунагии ҳастии иҷтимоии мардум аст ва маводи шеъри ғиноӣ асосан ифодаи чигунагии шуури иҷтимоии онҳост. Аз ҳамин таъкид ҳам пайдост, андешаву эҳсосоти шахсӣ, ки дар шеъри ғиноӣ ифода мешавад, танҳо дар муҳити ифодакунандаи ў мунҳасир намонда, дигаронро ҳам бояд фаро бигирад, зеро шеъри ғиноӣ баёнгари шуури иҷтимоист ва андешаву эҳсосоти шахсӣ ҳам бозтобе аз шуури иҷтимоӣ мебошад. Агар ин тавр аст, пас махсусияти ифодаи андешаву эҳсосоти шахсӣ дар шеъри ғиноӣ дар чист?
Исботи ин фикр дар шеъри ғиноӣ муроҷиат кардан ба хусусияти навъи дигари шеър – хусусияти шеъри ҳамосиро низ тақозо менамояд, зеро ҳар шинохт қисмати дуюми муқоисаро талаб дорад, ки фарқият равшантар нишон дода шавад.
Ҳамоса ё шеъри ҳамосӣ ҳаёт, яъне ҳастии мардумро бевосита ба тасвир мегирад, зеро мавриди маърифат ва дарки он ҳастии иҷтимоӣ мебошад. Дар ин маърифат ҳастии худи эҷодкори асар низ вуҷуд дорад. Аммо дар баробари ин дар шеъри ҳамосӣ ҷаҳони ботинии инсон ба воситаи муносибати байнҳамдигарии инсонҳо, амалиёт, фикру ақида, аҳволи рўҳию воқеъӣ ва ғаму шодии онҳо нишон дода мешавад. Ин ҳама замири онҳо, ҳаёти рўҳию маънавӣ ва шуури иҷтимоии онҳоро низ мунъакис менамояд. Маводи шеъри ҳамосӣ зиндагии дигарон аст, ки шоир онро тасвир намуда, бо фаросат, ҳисси беихтиёри эҷодкоронаи хеш ба дарёфти хусусиятҳои ҷаҳони маънавӣ ва шуури иҷтимоии онҳо мерасад.
Аммо дар шеъри ғиноӣ вазъ дигар аст. Шоири ғиноӣ барои маърифати олам ғолибан ба ҷаҳони ботинии хеш рўй меорад ва онро вобаста ба он андешаву эҳсосоте, ки дар ӯ ҳангоми бо он муносибат кардан пайдо мешавад, маърифат мекунад. Ин ҷаҳони ботинии як шахс дар баробари он ҷаҳони воқеъӣ ва ботинии мардум, ки шоири ҳамосӣ дар ихтиёр дорад, хеле маҳдуд ба назар мерасад ва дар натиҷа чунин тасаввуроте пайдо шуданаш мумкин аст, ки шоири ғиноӣ барои ифода ва тасвири андешаву эҳсосот имкони камтаре дорад. Аммо ин тасаввур дуруст нест, зеро шеъри ғиноӣ ҳам ба монанди дигар анвои адабӣ навъи ҳунарест, ки зиндагиро ба таври таъмимӣ (типӣ) нишон медиҳад. Бинобар ин, шоири ғиноӣ ҳам дорои имкони беохир аст ва гуногунтарин андешаву эҳсосот, таассуротро вобаста ба муҳтавои интихобнамудааш ифода карда метавонад, ки нақши замон ва зиндагии иҷтимоиро низ дар худ дорад. Ин гуна хусусият доштани лирикаро Л. И. Тимофеев воқеъбинона чунин қайд менамояд: «…аксаран гумон мекунанд, ки лирика маънои тасвири ҷаҳони ботинии инсонро дорад. Вале дар асл доираи он беандоза фарох аст. Он, ҳамчун умуман кулли адабиёт, зиндагиро бо тамоми гуногуншаклияш инъикос менамояд… Аз ин ҷост, ки… дар лирика мо ҳам муҳимтарин хусусиятҳои инъикоси бадеъии ҳаётро пайдо мекунем… ҳам аниқӣ (конкретӣ)… ҳам умумиятдиҳӣ, яъне махсусияти маҳз ҳамон таассуротеро, ки ба доираи муайяни одамоне дода шудааст, ки дар шароити муайяни зиндагӣ ҳастанд» [10, 352].
Тасаввуроти нодуруст оид ба маҳдуд будани доираи фарогирии шеъри ғиноӣ шояд аз он сар мезанад, ки он ҷаҳони ботинӣ ва онро ҳам асосан ба воситаи муфради шеър, аз ҷумла, шахси шоир, шахсияти ғиноӣ, ровӣ ва ё монанди инҳо ифода менамояд. Ҳоло маълум шуд, ки мавриди инъикоси шеъри ғиноӣ танҳо олами ботин набуда, олами воқеъ ҳам мебошад, зеро он ҳангоми таъмими андешаву эҳсосот ва таассурот таҷрибаи гурўҳи муайяни одамонро низ ба эътибор мегирад, ки ин андешаву таассурот ба онҳо ҳам мансубият дорад. Дар ин ҳол муфраде, ки онро иброз менамояд, шоир ва ё шахсияти ғиноӣ ҳатман аз доираи як шахсияти худ берун меравад. Дар ин бора В. Белинский чунин менависад, ки воқеъияти ҳол аст: «Шоири бузург дар бораи «ман» -- и худ сухан гуфта, дар бораи умум – дар бораи башарият сухан мегўяд, зеро дар сиришти вай ҳама он чӣ ки бо он башарият мезияд, ҷой дорад. Ва бинобар ин ҳар кас дар ғами ў ғами худро мешиносад, дар ҷони ў ҷони худро ҳам мешиносад ва дар ў на танҳо ш о и р, балки и н с о н, бародари худро дар башарият мебинад. Ўро мавҷуди беандоза аз худ воло эътироф карда, дар айни ҳол ҳар кас қаробати худро бо ў дарк менамояд»[2, 65].
Дар шеъри ғиноӣ дар шуури муфради шеър олами шуур инъикос меёбад, ба он маъно, ки шуури фардиро, агар он шуури шахси эҷодкор бошад, шуури як нафар донистан дуруст набуда, шууре бояд донист, ки он шуури иҷтимоъро низ фаро мегирад. Зеро на ҳамеша, ҳамчунон ки донишманди сиришти ҳунар Л. С. Выготский қайд мекунад, «…иҷтимоиро на фақат ҳамчун ҷамъиятӣ, ҳамчун мавҷуд будани одамони бисёр бояд фаҳмид. Иҷтимоӣ дар он ҷое ҳам, ки як нафар одам ва таассуроти шахсии ў ҳаст, ҷой дорад» [4, 314].
Ин қазия ба мо имкони комил медиҳад, ки ҳангоми тадқиқи ҳастии муфради шеър, шахсияти ғиноӣ ва ё шахси шоир дар партави шуури ў инъикоси шуури иҷтимоиро низ бубинем. Зеро шуури шоир ҳангоми эҷоди асар ё ба умқи ҳастии худи ў ё ба олами атроф руҷуъ мекунад ва аз он чизҳоеро пайдо намуда, барои тасвир ва ё ифодаи мақсади худ истифода мекунад, ки дар айни ҳол муносибат ва назари ўро ба он воқеъият низ равшан падидор месозад.
Шуури шахси эҷодкор дар интихоби мавзуи асар, бо табу тоб тасвир ва ё баён кардани он, оҳанги сухани ў ҳам инъикос мешавад. Гуногунии ашё ва ҳодисоти олами ботину зоҳир гуногунии мавзуи шеъри ғиноро таъмин менамоянд. Тариқи муносибат ба мавзуъ, тарзи идроку маърифати он, ба воситаи андешаву таассурот ифода намудан ва ё ба воситаи тасвир нигоштани он навъҳои гуногуни шеъри ғиноиро ба вуҷуд меорад.
Яке аз асилтарин ва роиҷтарин навъи шеъри ғиноӣ шеърест, ки дар он шоир, шахсияти ғиноӣ ва ё куллан муфради шеъри ғиноӣ андешаҳои отифии ҳиссиётангези худро вобаста ба ин ё он шайъ, воқеъа ва ё ҳолату ангезаи рўҳӣ баён менамояд. Ин навъ шеър дар адабиёти ҳазорсолаи мо фаровон аст, ки ғазал роиҷтарини он буда, беҳтарин намунаҳои он ҳам дар ҳамин қолаб гуфта шудаанд. Аммо таассуф ин ҷост, бо вуҷуди дар адабиёти мо ҷой доштани бештарин ва олитарин намунаҳои он таҳқиқаш ба он тарзе ки зарур аст, мавҷуд нест, то махсусияти навъии он кашф карда шуда бошад. Шеъри муосир ва ин давра, нимаи дуюми садаи бист ҳам, аз ин дидгоҳ ба таҳқиқ наомадааст.
Дар асарҳои адабиётшиносони ғарбӣ ва русӣ масъалаи махсусияти навъии шеъри ғиноӣ каму беш мавриди баррасӣ қарор гирифта, баъзе меъёрҳои таҳқиқи он муайян гаштааст. Аммо азбаски ин кор дар асоси маводи шеъри ғарбию русӣ ба ҷо оварда шудааст, на ҳамеша ба таҷрибаи шеъри форсии тоҷикӣ, ки сифатҳои хоси худро дорад, мувофиқ меояд. Масалан, дар тадқиқоти амиқи Л. И. Тимофеев чунин меояд, ки: «Тафовути шакли жанрҳои лирикӣ асосан бар нуқтаи назари мавзуӣ қарор гирифтааст. Ҳамин тавр аст лирикаи ишқӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва ғайра вобаста аз он тамоюлҳои мавзуӣ, ки ба давраи муайян, услуби муайян ва ғайра хос мебошанд»[1][10, 365].
Вале ин меъёри мавзуиро барои шинохт ва баррасии шеъри тоҷикӣ, масалан, ба ғазал татбиқ кардан имкон надорад, зеро намунаҳои олии он дар осори гузаштагон, аз ҷумла Ҳофизи Шерозию Камоли Хуҷандӣ ва муосирон ҳам, масалан Муҳаммад Иқболу Абулқосим Лоҳутӣ, Лоиқ Шералию Фарзонаи Хуҷандӣ аксаран аз байтҳое ба ҳам омадаанд, ки ҳар яке истиқлоли маъноӣ доранд, яъне агар байте ишқӣ бошад, дигаре фалсафӣ, сеюмӣ иҷтимоӣ ва чаҳорумӣ ҳасби ҳолӣ, панҷумӣ маънавӣ ва монанди инҳо.
Мо дар ин ҷо ҳоло ба исботи ин ҳақиқати маълум дода нашуда, танҳо ҳикояти ҷолиберо дар ин мавзӯъ меорем, ки ба ғазалҳои устоди беназири он Ҳофизи Шерозӣ тааллуқ дорад. Дар «Ҳабибуссияр» -- и Хондамир омадааст:
«Рўзе Шоҳшуҷоъ ба забони эътироз Хоҷа Ҳофизро мухотаб сохта, гуфт:
-- Абёти ҳеҷ як ғазали шумо аз матлаъ то мақтаъ бар як минвол воқеъ нашуда, балки аз ҳар ғазале се-чаҳор байт дар таърифи шароб аст ва ду-се байт дар тасаввуф ва як байт дар сифати маҳбуб. Ва талаввун дар як ғазал хилофи тариқаи булағост.
Хоҷа гуфт:
-- Он чи бар забони мубораки шумо мегузарад, айни сидқ ва савоби маҳз аст. Аммо мааззолик шеъри Ҳофиз дар атрофи офоқ иштиҳор ёфта ва назми ҳарифони дигар пой аз дарвозаи Шероз берун намениҳад» [6, 84].
Дар ин ҳикоят на фақат шуҳрати ғазали Ҳофиз, балки аз навъи беҳтарин будани ғазали ў, ки байтҳояш аксаран мустақилмаъност, низ таъкид гаштааст, ки айни ҳақиқат мебошад.
Албатта, дар ин маврид давраи аввали инкишофи ғазал, ки ба садаи даҳу ёздаҳ рост омада, дар он ғазал бештар дар атрофи як мавзуъ гуфта мешуд, низ аз назар соқит нест. Аммо ин навъ ғазал дар баробари он мероси бузурги боқимонда фоизи камеро ташкил медиҳад. Дар баробари ин бояд ба эътибор гирифт, ки дар замони охир майли тоза кардани ғазал дар эҷодиёти баъзе шоирон боз баргаштан ба якмавзуии ғазалро ба миён овардааст.
Пас, тариқ ва меъёрҳои таҳқиқ бевосита дар асоси маводи тадқиқ муайян шуда, онҳо чунон бояд бошанд, ки бо онҳо муносибати байниҳамдигарии инсони шеър ва шайъи тасвиру ифодаро бо тамоми мураккабӣ ва нозукиаш баррасӣ карда шавад, то масъала ба содагии таҳлили мавзуъ ва мавзуъчаҳо оид нагардад. Дар ин маврид, чунин ба назар мерасад, шеъри ғиноиро аввал аз тариқи андешаву эҳсосоти отифие, ки муфрад ва ё шахсияти ғиноӣ иброз мекунад, тадқиқ кардан зарур мебошад, зеро ин гуна шеър муҳимтарин хусусиятҳои онро дар бар мегирад. Ин навъи шеъри ғиноиро баъзе муҳаққиқон, аз ҷумла Г. Н. Поспелов лирикаи медитативӣ (медитация – аз лотинӣ омада, маънояш тафаккури ҳиссиётангез, андеша мебошад) номида, махсусияти онро чунин қайд кардааст: «Махсусияти муҳтавои лирикаи медитативӣ умуман ҳамчун навъи асосии эҷоди лирикӣ ба он хулоса мешавад, ки дар он шуури иҷтимоии хусусияти ғоявӣ доштаи шоир дар як вақт ҳам муфради маърифатии онтологӣ ва ҳам гносеологӣ қарор мегирад» [8, 68].
Дар ин гуфтаҳо як хусусияти бисёр муҳими шеъри ғиноӣ қайд шудааст, ки дар он шоир дар як вақт он таассуротро, ки мехоҳад ифода намояд, худ ҳам таҷриба мекунад, месанҷад. Дар ин таассурот нақши замон, хусусиятҳои таърихӣ ва ғоявии он таъсири муайян доранд ва шоир ҳар қадар масъалаҳои мубрами онро амиқтар ва ҳамаҷонибатар маърифат менамояд, ин нақш дурахшону мушаххастар ба назар мерасад. Ин таассурот ҳарчанд шахсию фардӣ мебошад, аммо маҳсули ҳаёти иҷтимоӣ, муносибатҳои мураккаб ва гуногуни таърихие мебошад, ки онро муфрад ва ё шахсияти ғиноӣ аз сар гузаронида, маърифат кардааст. Аз ин бармеояд, ки шоир дар як вақт таассуроти шахсии худро ба мулоҳиза гирифта, онро бо олами хориҷ ҳам месанҷад, яъне ў дар як вақт ҳам манбаи таассурот ва ҳам санҷишгари он мебошад. Дар натиҷа ў ба чӣ дараҷа хосиятнок будани таассуроти худро дар ҳаёти иҷтимоӣ муайян намуда, ба он оҳанг ва табу тоби зарурӣ дода, бо сабки мувофиқ ба қалам меорад, ки дар он нақши шуури иҷтимоӣ муаассир ба назар мерасад.
Дар лирикаи медитативӣ, ки мо онро шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ хоҳем номид, сухан асосан аз номи шахсияти ғиноӣ, шахси шоир ва ё “ман” - ғиноӣ ба забон меояд ва таассуроте, ки ифода мешавад, низ ба онҳо нисбат мегирад. Болотар қайд шуда буд, ки ин навъи шеър ва намунаҳои олии он дар адабиёти классикии мо дар мисоли ғазал фаровон мавҷуд аст. Аммо воқеъияти адабӣ дар шеъри тоҷикии садаи бистуми аҳди шўравӣ чунон сурат гирифт, ки дар он шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ мавқеъи пешинаи худро қариб тамоман аз даст дод. Ин сабабҳои бисёре дошт, ки на фақат ба таваҷҷуҳи шахсӣ, тамоюли эҷодӣ ва қобилиятҳои адиб, балки ба сиёсати иҷтимоӣ, ғоявӣ ва фарҳангии давлати шўроҳо вобаста буд. Ҳоло ба баёни тафсилоти ин рухдод машғул нагашта, танҳо ба чанд нуктаи он ишора карда мешавад, ки боиси то солҳои шасту ҳафтоди садаи бисти шеъри тоҷик қариб аз назар афтодани шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ шуд.
Сиёсати адабии замон талаб дошт, ки дастовардҳои ҷомеъаи нав дар сабки вуқуъгароӣ (реалистӣ) нишон дода шавад ва воқеъият он дониста мешуд, ки инсони замон -- бунёдкори ҷомеъаи нав, дар ҳама ҳолат дар роҳи мубориза ва ғолибият ба даст овардан аст. Дар ниҳоди ў ҳамеша як андеша – ғолибияти мафкуравии ў бар ҳама фикру ақидаҳои дигар мавҷ мезад, мисли он ки ў ҳамеша дар фаъолияти иҷтимоӣ буд, фаъолияте, ки барои андеша ва тааммуқ бар авзову шахсияти хеш ҷое намегузошт. Шеър ҳам гўё тамом шеъри фаъолият буд, на андешаҳои отифии шахсиву эҳсосот. Вале азбаски он фаъолият ҳам на бо тааммуқ ва нишон додани ҳамаи зиддияту мураккабиву мушкилот, балки рўякӣ ва қолабӣ ифода мешуд, бештар шиороҳанг ба гўш мерасид. Шахсияти шоир ҳам гўё дар вуҷуди иҷтимоъ маҳлул шуда буд ва агар ҳам гоҳ-гоҳ рух менамуд, танҳо ба сурати шахсе, ки бунёдкори ҷомеъаи нав асту саропо тавоноист ва агар ҷаҳони ботин дошта бошад ҳам, дар он фақат шодию сурур ҳаст ва агар нафрате ҳам ҳаст, фақат ба душманони сохти нав.
Ин гуна дастури ғоявӣ шаклҳои шеърии худро тақозо дошт, ки ба он шеъри ҳомили андешаву эҳсосоти худӣ созгор набуд. Аз ин рў шеър бештар мавзуӣ шуд, ки он ҳам мавзуъҳои иҷтимоӣ буд, аммо на ба он мазмун, онро чунонки ҳаст, бо мураккабию ҳолати воқеъиаш ба тасвир гирад, балки бо мавқеъгирии қаблии ғоявӣ, ки чӣ навъ ҳал шудани мавзуъ пешакӣ маълум аст.
Шеъри мавзуӣ дар адабиёти классикии тоҷикӣ собиқаи дуру дарозе дорад, ки намунаҳои олии он дар қасида, маснавӣ, ғазал, рубоӣ, қитъа махсусан, дубайтӣ ва амсоли онҳо мавҷуд аст. Аммо ба ҳар ҳол дар баробари ашъори навъи дигар, масалан ҳамон ғазале, ки ҳар байташ истиқлоли маъноӣ дорад, ба он гуна мақоми бузург соҳиб набуд. Ба ғайр аз ин, шеъри мавзуъии замони нав махсусиятҳои худро дошт, ки дар интихоб ва сабки ифодаву баёни он зоҳир мегашт. Масалан, бештар мушаххас шудани худи мавзуи шеър, на ба маънои умуман шеър, балки ҳар як шеъри алоҳида ва дар гирди як воқеъа, шайъ шохистар чархидани шеър аз хусусиятҳои тозаи он буд. Ин таҷриба аз шеъри русӣ ва тарҷумаҳои шеъри ғарбӣ, ки дар забони русӣ мавҷуд буданд ва шоирони тоҷик бо онҳо ошноӣ пайдо мекарданд, ба шеъри тоҷик ворид мешуд. Ин ашъор, ки бештар хусусияти вуқуъгароёна доштанд, барои омухтани тарзу тариқи гуфтани шеъри мавзуӣ мадад мекарданд, зеро дар шеъри мавзуӣ заминаи вуқуъгароиву шайъӣ густардатар мебошад. Бинобар он, ин навъ шеъри мавзуӣ дар он давра барои адабиёти мо то андозае нав маҳсуб мешуд.
Азбаски шоирони мо дар гуфтани шеъри мавзуӣ таҷрибаи кофӣ надоштанд ва аз таҷрибаи пешини шеъри русӣ ҳам камтар воқиф буда, бештар бо шеъри русии замони шўравӣ ва он ҳам на бо намунаҳои воқеъан хуби он, балки бо рўзмарраву камҳунаронаи он, ки бисёртар таблиғ мешуданд, ошно буданд, шеъри мавзуиро дар пояи пасте мегуфтанд.
Чунин хусусият пайдо кардани шеъри тоҷикиро дар аввали садаи бист Х. Шарифов ҳам қайд карда, навиштааст: «Аз охири солҳои бистум ва сиюми садаи гузашта шеъри тоҷикӣ равиши мавзўӣ ва иҷтимоӣ гирифт. Албатта, шеър ҳама вақт дар мавзўе гуфта мешавад, аммо мавзўъҳои суннатӣ, ишқ, мадҳ, ҳаҷв, рисо, наъту муноҷот, мавъиза, ҳикмат ва назири онҳо аз рўҳия ва хоҳишҳои отифӣ бархоста ба даъво ва ормонҳои фардӣ пайвастагӣ доштанд. Мавзўи замони нав дар марҳилаи аввал рўйдод ё мушоҳидаи воқеият аст, аз мавқеи иҷтимоӣ ва мафкуравӣ ва устодон Турсунзода ва Миршакар ба ҳамин равия то муддате шеър гуфтаанд» [13, 328].
Дар адабиёт ҳамеша мавзуъ (объект) - и маърифат воқеъият ва инсон, муносибати гуногунҷиҳат ва мураккаби ў бо ин воқеъият ва таассуроте мебошад, ки ў аз бархўрд бо он ҳосил мекунад. Ҳамчунон ки ҳар инсон фарди нотакрор, бо эҳсосоту андеша ва хусусиятҳои мухталиф мебошад, бардошташ ҳам аз ин воқеъият ҳамин гуна бояд бошад. Аз ин рў мавзуи иҷтимоъ ҳам дар шеър ва махсусан дар шеъри ғиноӣ, ки воқеъиятро бештар аз дарун, ба воситаи нишон додани ҷаҳони ботинии инсон ва таассуроти ў ба ҷо меорад, бо рангомезиҳои шахсияте, ки онро маърифат мекунад, бояд ба қалам ояд. Дар ин ҷо ҳамеша дар назар доштани он нукта муҳим аст, ки фаъолияти иҷтимоии инсон танҳо як шохаи ҳаёти ў набуда, балки тамоми соҳаҳои ҳастии ўро фаро мегирад ва дар ҳамаи соҳаҳои зиндагиаш нақши худро мегузорад. Зеро инсон мавҷуди бошуури ҷамъият аст, дар таассуроти аз ин ё он ҳодиса бармедоштааш ҳам нақши ин шуур мавҷуд аст. Бинобар ин, мо ҳам ҳангоми дар бораи андешаву эҳсосот ва таассуроте, ки дар шеъри ғиноӣ ба воситаи муфрад ва ё шахсияти ғиноӣ иброз мешавад, дар бораи ҳамчун андешаву эҳсосот ва таассуроте, ки таъмим шудааст, сухан меронем. Аз ин рў, дар ашъори иҷтимоӣ ҳам чеҳраи фардии муфрад ва шахсияти ғиноӣ бояд мунъакис шавад, то ин ки чӣ андоза иҷтимоӣ будани он ҳам муайян гардад.
Дар баробари ин, дар назар бояд дошт, ки инсон ҳарчанд бо таъбири Арасту махлуқи иҷтимоист, аммо мавҷуди мураккабтарини фардӣ ҳам ҳаст ва ҷилваҳои ин ҷиҳати ҳастии ўро ҳамеша бояд ба эътибор гирифт, то ҷаҳони мураккаб, пурпечу хами ў оддӣ ва ростхатту ҳамвор ангошта нашавад. Дар шеъри ғиноӣ, ки андешаҳои отифӣ аз забони муфрад, шахсияти ғиноӣ ва ё шоир иброз мешаванд, низ ҳамин мураккабӣ, чандпаҳлуӣ, ба самти дарун ва ё бурун ҳаракат кардани андешаву таассурот бояд ҷой дошта бошад, зеро ин аз хусусиёти зотии ҳастии бошууронаи башар аст. Дар ин маврид ҷаҳони инсон дар баробари аз назари иҷтимоӣ ва муҳимтар аз ҳама, аз назари бадеъӣ дида шудан, ки маҳаки тасвиру ифодаи ҳастии инсон дар адабиёт аст, аз назари руҳию равонӣ низ ба тааммуқ бояд гирифта шавад. Зеро тамоми адабиёт, шеър ва махсусан шеъри ғиноӣ ҳамеша бозтобе аз рўҳу равони инсон, муфрад, шахсияти ғиноӣ ва ё шахси шоир дорад ва ё комилан аз ўст. Бинобар он, дар ин ҷо инсон ҳар қадар махлуқи иҷтимоӣ бошад, ҳамон қадар махлуқи фардӣ ва рўҳу равонӣ ҳам ҳаст.
Иртиботи инсон бо ҷаҳон, ҳамчунон ки равоншиносони ҷаҳонӣ, аз ҷумла Карл Густав Юнг таъкид мекунад ва дигарон ҳам ин ақидаи ўро таъид менамоянд, ба ду тариқ сурат мегирад – дарунгаро ва бурунгаро, ки аввалӣ инсонро ба олами дарун, рўҳу равон ва дуюмӣ ба олами берун, сўи иҷтимоъ мебарад. «Тақобули дигар дар назарияи Юнг,- менависад равоншиноси бузурги муосир Лоуренс А. Первин, - байни дарунгароӣ ва бурунгароӣ аст. Ҳар кас дар асл ба яке аз ин ду тариқ бо ҷаҳон иртибот барқарор мекунад; агарчи ҷиҳати дигар низ ҳамеша барои фард боқӣ мемонад. Дар ҳолати дарунгароӣ, ҷиҳатгирии аслии фард ба дарун ва ҷониби хештан аст. Фарди дарунгаро, дудил, мутафаккир ва муҳтот аст; фарди бурунгаро ба берун, ба ҷаҳони хориҷ гаройиш дорад. Аз назари иҷтимоӣ, даргир мешавад ва фаъолу мутаҳаввир (далер, бебок… А.Ҳ.) аст. Ҳар кас вазифа дорад, ки ваҳдати хештанро пайдо кунад» [7, 174]. Шубҳае нест, ки тимсоли инсон дар адабиёт ва, аз ҷумла дар шеър ҳам, дар нишон додани ваҳдати ин ду амал, дар амиқ рафтан ба олами дарун, яъне дарёфтани фардияти худ ва иртиботи густарда доштан бо олами берун, яъне мавқеъ ёфтан дар иҷтимоъ ба зуҳур меояд.
Аз нимаи дуюми асри ХХ андешаву эҳсосот ва чеҳраи шахсияти ғиноӣ ва куллан муфради шеъри ғиноӣ фардитар шудан гирифт, ки ин ба воқеъитар, реалитар ва гаронмоятар шудани шахси инсон дар ҷомеъа вобаста буд. Дар нимаи аввали аср сурати инсони ормонии замон, ки аз таълимоти сотсиалистӣ сиришта шуда буд, оинаи сифатҳои ҷамъиятӣ буда, хусусиятҳои фардӣ, зиндагии шахсии ўро хеле ба хирагӣ инъикос мекард. Чеҳраи шахсӣ дар баробари симои ҷамъиятии инсон қадру қимат надошт ва ин таъсири манфии худро ба муфради ғиноии шеър низ гузошта буд, ки ҳама қариб бо як сифат — ҷорчии ғояҳои фармудаи замон зуҳур менамуданд. Дар ин ҷараён фардият пайдо кардани муфради ғиноӣ сахт душвор буд, вале ба ҳар ҳол шоироне, ки ба олами даруни хеш сар фурў бурда, на фақат даъвати инсони ормонии замонро, балки садои дили худро ҳам шуниданд, андешаву эҳсосоти шахсии худро ифода карда тавонистанд, ки дар сурати шахсияти ғиноии шеърашон мунъакис шуд.
Шахсияти ғиноии шеъри М. Турсунзода бо фаъолияту андешаҳои иҷтимоии худ бештар аз ҳама ба инсони ормонии замони сотсиалистӣ наздик буд, вале бо сабаби дар он мақоми муҳим доштани фардияти эҷодкор чеҳраи мушаххас дошт, ки дар аксари ҳолат чеҳраи худи Турсунзодаи шоир буд. Агар то охири солҳои панҷоҳ шахсияти ғиноии шеъри Турсунзода ҳам камтар хусусияти фардӣ дошт, баъдҳо иштиёқ ба ҷаҳони ботинӣ, фурў рафтан ба олами маънавият, арзиши асил қоил шудан ба мабдаи шахсият ўро бештар фардӣ ва қобили таваҷҷуҳ мегардонанд. Ҳоло ба муқоисаи муфассали ду давраи эҷодиёти М. Турсунзода ва ҳамнаслони ў, ки дар он тафовути ибрози андешаву эҳсосот ва таассуроти шахсияти ғиноӣ нишон дода шавад, машғул нашуда, бо муқоисаи як-ду ибрози андешаву эҳсосоти шахсияти ғиноӣ дар ашъори ин ду давраи М. Турсунзода иктифо мекунем.
Дар ду шеъри «Суруди ман» ва «Бахти ҷовидон», ки мутаносибан солҳои 1946 ва 1947 навишта шудааст, шоир гўё андешаву эҳсосоти худро дар атрофи мавзуъҳои барояш бисёр азизу муҳим – эҷодиёт барои эҷодкор ва бахт барои одамӣ баён кардан мехоҳад, ки агар воқеъан ба мавзуъ андешида шавад, мавзуъест, ки барои ифода намудани фардитарин таассурот ва, дар айни ҳол, башаритарин андешаҳои амиқ имкон доданаш мумкин мебошад. Аммо дар ҳар дуи ин шеър ҷои баёни андеша ва таассуротро тавсифҳои рўякии бетаъсир гирифтаанд, ки аз онҳо на моҳияти асили асари эҷодӣ, на чеҳраи шоир ва на чигунагии вазъу хушбахтии инсон ба мушоҳида мерасад. Масалан, шоир ба суруд, шеъраш руҷуъ карда мегўяд:
Сурудам – ҳофизи рози дили ман,
Аниси булбуловози дили ман.
Уқоби тезпарвози дили ман,
Адиби нуктапардози дили ман [11, 33].
Ва як зарра гармие, ки дар мисраъи аввали ин шеър ҳаст, бо вуҷуди аз оламҳои дигар-дигар будани мисраъҳои баъдина, дар бандҳои минбаъда аз байн рафта, шеър на танҳо андешаву таассуротеро, ки бояд ифода менамуд, надорад, балки чӣ гуна инсон будани эҷодкори худро ҳам ба мо заррае намудор намесозад:
Туро медонам, эй мурғи ғазалхон,
Ки озодона дар ин давру даврон,
Дурахшида мисоли дурри ғалтон,
Равонӣ мисли оби ҷўйборон… [11, 33].
Ва ба ин монанд мисраъҳои дигар, ки на андеша доранду на эҳсосот ва на фардияти эҷодкорро нишон медиҳанд. Шеъри дигар ҳам аз ҳамин қабил ва бо ин гуна мисраъҳо:
Чӣ ғам дорам, диёри хубтар аз бўстон дорам,
Падар монанди Сталину халқи қаҳрамон дорам.
Ба болои сарам мурғи саодат мекунад парвоз,
Замини сабзу хуррам, обҳои зарфишон дорам [11, 26].
Ин шеърҳо дар ин ҷо на ҳамчун мисолҳои бад аз шеърҳои он замон махсус ҷудо карда шудаанд, ки масъала ба исбот расад, на, балки онҳо аз шеърҳои хуби он давраанд, ки шоири хуби замонаш гуфтааст. Он вақт М. Турсунзода яке аз шоирони машҳури Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Собиқ ва барои силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» барандаи ҷоизаи давлатии ИҶШС дар соҳаи адабиёт шуда буд. Пас, набудани андешаи амиқ, эҳсосоти фарогир ва чеҳраи фардии инсонӣ дар шеъри ғиноӣ нуқси умумии шеъри он замон мебошад.
Таъсири шуури иҷтимоӣ дар андешаву эҳсосот ва таассуроти муфради ғиноӣ дар аввали нимаи дуюми сада ҳам хеле ҳамаҷониба ва фарогир аст, ки барои эҷоди чеҳраи инсон дар шеър заминаи умумӣ фароҳам овардааст. Азбаски шуури иҷтимоӣ асоси шакл гирифтани ғояи инсони замон мебошад, муфради шеъри ғиноӣ ба воситаи ифодаи он ба сурати инсони ормонии замон робита пайдо мекунад, саҳеҳтараш, яке ва ё якчанд ҷиҳати онро дар худ таҷассум месозад.
Сурати инсони ормонии замон дар натиҷаи дарёфти илмӣ, фалсафӣ, сиёсӣ, маънавию ахлоқии ӯ ҳосил мешавад, ки шеъри ғиноӣ ҳамчун яке аз шохаҳои ҳунар хусусиятҳои асосии онро, на бо мафҳумҳои муҷаррад, балки ба воситаи таассуроти муфрад, шахсияти ғиноии хеш, ба воситаи зуҳури фардӣ инъикос менамояд. Дар ин ҷо қонунияти мутазоде амал мекунад, ҳар қадар шахсияти эҷодии шоир фардитар аст, муфрад ва шахсияти ғиноии ашъораш ҳамон қадар бештар ба сурати инсони ормонии замон наздиктар аст, яъне инсон ҳар қадар фардитар аст, симои инсони иҷтимоиро ҳамон қадар возеҳтар падидор месозад.
Дар ин давра дар бархе аз шеърҳо ва манзумаҳои М. Турсунзода, масалан, достони ғиноии “Ҷони ширин” (с. 1959), шеърҳои “Ватан” (с. 1965), “Замин” (с. 1965), “Афсўс, ки накардӣ имтиҳонам»” (с. 1966) андешаву таассуроти шахсии ў, ки бо ормонҳои иҷтимоияш ҳамоҳанганд, низ ба гўш мерасанд.
Мавзӯи асосии шоири ғиноӣ шахси худи ў, ҷаҳони ботин ва шуури иҷтимоии ўст, ки дар натиҷаи муносибатҳои гуногуни иҷтимоию маънавияш бо олами хориҷ ва дигарон шакл мегирад. Чашми ў на фақат ба чашмаи дили худ, балки бо чашмаи дили дигарон низ нигариста, акси худро меҷўяд ва агар меёбад, шеъраш ба ҷаҳон сурати ошноӣ мегирад ва агар намеёбад, эҳсоси ғурбат ва бегонагӣ мекунад.
Ин назари ботинбин, ки андешаҳои отифии худтаҳлилии дарунгароро ба ҳосил меорад, ба авзои рўҳии шоир, ниёзҳои иҷтимоию маънавии ў сахт вобастааст. Ашъоре, ки асоси он андешаҳои отифии худтаҳлилии дарунгаро буда, ба шахсияти ғиноӣ ё шахси шоир тааллуқ гиранд, дар эҷодиёти М.Турсунзода андак аст, зеро дар шахси шоир ва муфради шеъраш ҳам ҷанбаи иҷтимоии ҷаҳоншиносӣ нуфузи бузург дорад. Дар ашъори андешаҳои отифии худтаҳлилиаш ҳам, ба монанди шеърҳои “Офарин, дил!” (с. 1967), “Шеъри ман” (с. 1972), «Сайри қитъаҳо» (с. 1975), ''Гуфтугў бо худ”(с. 1977) ҳамон таъиноти иҷтимоӣ, ки ҳастии фард барои ҷомеа аст, таъкид мешавад ва андешаву эҳсосот на бар умқ, ба дарун, балки ба бурун равона мешавад. Дар ин ҳолат танҳо ғинояте, ки ба табиати шоирии М. Турсунзода хос аст, ин таъинотро аз даъвати хушку берўҳ шудан халос карда, ба он самимият ва рўҳафзоӣ мебахшад.
Ашъори М. Турсунзода бо таҷрибаи зиндагиаш пайванди ногусастанӣ дорад. Ў, ки дар мақомҳои баланди Давлати Шуравӣ хидмат мекард, намояндаи мардум дар Шурои Олии ИҶШС, Раиси Кумитаи якдилии кишварҳои Осиёву Африқо буда, мартабаи як шахси олии мамлакатро дар дохил ва дар хориҷи кишвар дошт, маънии зиндагии хешро дар ташвиқу тарғиби ғояҳои музаффари замони худ, талқини бунёдкорӣ, бахту саодат ва ҳамдилии мардум медид. Вақте ки аз зовияи маънии зиндагии шоир ба эҷодиёташ назар карда мешавад, дар он ҳолат дуруст дарёфтан мумкин аст, ки ў чаро маҳз ба ҳамин мавзуъҳо рўй меоварад ва чаро маҳз ҳамин гуна менависад.
Шоири асил ва махсусан шоири ғиноӣ наметавонад, ки дар зиндагӣ як навъ ақида дошта бошад ва дар эҷодиёташ ба тариқи дигар зуҳур кунад. Бинобар ин, номи ҳар як шоири бузург дар зеҳни хонанда мавзуъ ва мафкураеро падидор менамояд, ки на танҳо ашъораш, балки шахсияташ ҳам бо он даромехтааст. Шахсият ва эҷодиёти М. Турсунзода ҳам ҳамин гуна мебошад. Аз ин рӯ, дар ашъори ғиноии андешаҳои отифиаш ҳам ҳамеша рўҳияи шод ва фаъол доштани шахсияти ғиноии ў набояд мавриди нофаҳмӣ қарор гирад. Ва чунин ибрози замири худ аз ҷониби шахси шоир дар шеъри «Замин» дар матни эҷодиёти М. Турсунзода комилан табиӣ ба гўш мерасад:
Зинда кардам дар замин ман шўълаи хомўшро,
Бо сухан дар ҷўш оварадам дили беҷўшро,
Ман ба ҳар як тифли аз модар ба дунё омада,
Боз кардам аз сари ишқу вафо оғўшро [12, 122].
Ҳамин тариқ, дар шеъри “Офарин, дил!” ҳам, ки мухотабаш дили шоир, яъне худи шоир аст, ягонагии фардро, дар айни ҳол, фарди эҷодкорро бо олам, бо мардум, ки дар аксари ашъори ғиноии гузаштагон ноҷўру фоҷиаомез буд, мутаносиб ва ҳампайванд нишон медиҳад.
Офарин, дил, занги аввалро надодастӣ ҳанўз,
Дар мақомат бетанаффус истодастӣ ҳанўз.
Мехўрӣ ғамҳои оламрову шод астӣ ҳанўз,
Андаруни оташӣ, оҳанниҳодастӣ ҳанўз [12, 135].
Як андоза кайфияти шодмонии фармуда доштани шахсияти ғиноӣ, ки аз сиришти инсони ормонии замони сотсиалистӣ бармеояд, қариб дар ашъори ҳамаи насли шуаро, аз М.Турсунзода то Лоиқ, эҳсос мешавад. Дар ин ҷо он нукта низ тасдиқи худро пайдо менамояд, ки тимсоли «ман» -и ғиноӣ дар баробари ифодакунандаи шуури шахсии шоир буданаш шуури иҷтимоиро низ ифода мекунад ва яке аз сабабҳои дар шахсияти ғиноии ин шуаро ҷой доштани ҳамон кайфияти шодмонӣ дар шуури иҷтимоии замон мавҷуд будани он мебошад. Дар тимсоли «ман» -и ғиноӣ ифода ёфтани шуури иҷтимоиро аксари муҳаққиқони ин масъала, аз ҷумла В. В. Виноградов ҳам қайд кардаанд. Ў менависад: «Мани ғиноӣ – ин танҳо тимсоли муаллиф нест, он – дар баробари ин намояндаи ҷамъияти бузурги инсонист» [3, 113]. Бинобар ин, дар ашъори шоирони гуногун аломатҳои баҳаммонанди шуур доштани «ман» -ҳо ва ё шахсиятҳои ғиноӣ дар аксар ҳолатҳо табиӣ ба назар мерасад.
Ин ҳолат дар ин пораи шеъри “Офарин, дил!” - и М. Турсунзода, ки дар охири солҳои шаст навишта шудааст, низ ҳаст: “Мехўрӣ ғамҳои оламрову шод астӣ ҳанўз”, ин оҳанг дар солҳои чиҳилум дар силсилаи “Қиссаи Ҳиндустон” дар шеъри “Бозгашт” низ ба гўш расида буд: “Шодам, аммо мехурам ғамҳои халқи дигаре” [12, 225].
Ҳарчанд муаллифи ин пажӯҳиш дар эҷодиёти шуарои наслҳои мазкур ва баъзеи дигари нимаи дуюми аср ба як андоза оҳанги фармуда доштани шодиву хушбахтӣ ва сарфарозиҳои шахсияти ғиноӣ дар ашъори андешаҳои отфиашон ишора мекунад, аммо ин бо нияти хурдагирӣ нест, зеро ин оҳанг аз марому мақсади зиндагии онон бармеомад, ки ба тасвири ҳақиқати зиндагӣ камтар майл намуда, имрўз ва фардоро аз рўи ормон (идеал)-и худ, ки чӣ тавр бояд бошад, бештар ситоиш мекарданд. Ба замми ин, махсусан аз ҷониби шуарои насли М. Турсунзода, ки дар пешрафти ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон иштирок карда, дар як муддати кўтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои чашмраси иҷтимоию иқтисодӣ ноил шудани кишварро дидаанд, бо шефтагии ғолибиятҳо бештар тавсифи музаффарият карданашон камтар аҷобат дорад. Аммо, ба ҳар ҳол бояд қайд кард, ки танҳо бо тавсифи шефтагиву музаффариятҳо ҷаҳони шахсияти шеър амиқтар, серпаҳлўтар, воқеитар намешавад ва тазодҳои замон, зиддияти муносибатҳои фарду ҷомеа ва муборизаи шадиди неку бад, ки дар ботини инсон ҳамеша ҷараён дорад, аз назари тааммуқ дур мемонад.
Дар эҷодиёти М. Турсунзода ва дигар шоирони ҳамнасли ӯ ашъори ғиноии андешаҳои отифӣ, ки дар онҳо муфради ғиноӣ ба тафаккуроти худтаҳлилии дарунгаро машғул бошад, ками дар кам ба назар мерасад. Ин бо ҳама он мероси бузурги шеъри ҳазорсола, ки дар он андешаҳои худтаҳлилӣ ба дараҷае амиқ ва серпаҳлў буданд, ки яке аз сабабҳои асосии оламгир шудани он гаштанд. Ин андешаҳои отифии худтаҳлилӣ асосан реша дар тазвиҷи ирфон ва шеър доштанд. Азбаски ғояи бунёди инсони нав бо мероси маънавии гузашта созгор набуд, шоироне, ки шеърашонро ба хидмати сохтани ин гуна инсон гузошта буданд, аз истифодаи он таҷриба эҳтироз мекарданд. Ва сиёсати адабӣ ҳам ба ин кор ҳаргиз рўи хуш намедод. Бо вуҷуди ин шахситяи ғиноии ашъори М. Турсунзода дар андешаҳои отифии худтаҳлилиаш нисбат ба дигарон ҷолибтар ба назар мерасад, зеро баробари хидматгузори ғоя буданаш бандаи дил ва ҳиссиёт ҳам ҳаст ва ғояи иҷтимоияшро ҳам дар кўраи дил гудохта, бо гармии он як ҷо берун меорад, ки ба дилҳо гармӣ медиҳад.
Дар мавридҳое, ки шахсияти ғиноӣ дучори ночорӣ ва дар рўҳияаш ғаму ғусса боло гирифтанӣ мешавад, ў мақсад, ғояи асосии зиндагиашро ёд оварда таскин меёбад. Ин дар ашъоре рух медиҳад, ки дар онҳо авзои рўҳии шахсияти ғиноӣ бо ҳамаи мураккабию зиддиятҳояш, бо ҳиссиёти ғамангезу суруромезаш, ки баъзан ҷанбаи фоҷеавӣ ҳам дорад, ба тасвир меояд. Дар шеъри “Ватан” шахсияти ғиноӣ бо сабки содда ва ба дил наздик сухан оғоз мекунад, ки ба лаҳни сўҳбат қаробат дошта бошад ҳам, шоирона аст:
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гўшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт [12, 121].
Вақте ки ў дар бораи дар сафар гузаштани нисфи беҳтарини умр, дур аз ёру диёр ғуссаманд буданаш сухан мегўяд, баробари ин боз чизҳоеро гўшзад мекунад, ки вазнинии ин ғуссаро сабук месозад: ў доимо дар ёд дорад, ки мисли гўшту нохун бо ватан пайвастааст ва ҳатто аз он сўи уқёнус ба гўши ў садои ватан мерасад, ин ҳиссиёт бар ғуссаи ў ғолиб омада, шеърро ҷамъбаст мекунад, ки ҳамаи ин дарди ҷудоӣ ба хотири мақсади асосии зиндагист:
Агарчи борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дўстон машҳур,
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,
Ҳамеша бо ватан будам, ҳамеша бо ватан масрур [12, 121].
Бешубҳа, ин дарде нест, ки ҷонкоҳ бошад ва мақсади шоир ҳам сухани дардовар гуфтан нест, балки изҳори муҳаббати Ватан аст, ки ҳамеша дар дили ў ҳаст, ҳам дар ғурбат, ҳам дар диёр. Дар ин андешаҳои худтаҳлилии отифӣ ҳам дида мешавад, ки назари шоир бештар бурунгарост, то дарунгаро, вале дар ин бурунгароӣ самимияти дарунӣ эҳсос мегардад.
Ҳамин тариқ, ин ангезаи рўҳӣ, ки аз омадани баҳору дур аз ватан дар сафарҳо гузаштани боз як соли умри азиз сўҳбат мекард, ба шеъре мубаддал гашт, ки баёнгари андешаи отифӣ ва розу ниёзҳои шоир шуд. Вале асоси он ангезаи рўҳӣ, ки дар воқеияти зиндагии шоир ҷой дошт, аз мафҳуми як санади ҳаётию маишии худ фаротар рафта, барои ифодаи ҳолати рўҳии таъмимшудае, ки муҳаббати ватанро барои ҳама муаассир ифода карда тавонад, қобил гашт.
Аскар Ҳакимов
Институти забон,адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ
Пайнавишт:
Библиография:
[1] Л. И. Тимофеев. Основы теории литературы, с. 365.