Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Як шеъри муваффақонаи тавсифию тасвирӣ шоирро шиносонида, аз истеъдоди нигорандагии ӯ дақиқан хабар доданаш мумкин аст, зеро дар шоирӣ, ки яке аз ҳунарҳои каломии нафиса аст, ҳамеша нишон додан нисбат гуфтан волотар буда, бештар асар аз халлоқият дорад. Ҳамин гуна ҳолат дар солҳои панҷоҳум бо Мӯъмин Қаноат рух дод. Маълум аст, ки дар он замон шеъри муосири тоҷик бештар зеҳнӣ буда, ҳарфҳои ташвиқотию таблиғотии мафкуравӣ бар тасвири саҳнаҳои шоирона тасаллут дошт, ки эҷодиёти Мӯъмин Қаноат ҳам аз он бар канор набуд. Аммо боз ҳам ҳис мешуд, ин шоир аз ҳамон замон мекӯшид, ки тафаккуроту таассуроташро дар зимни шайъе, тасвире ироа карда, суханашро аз муҷаррадӣ раҳо бикунад. Бинобар дар ашъори ғиноии андешаҳои отифӣ, отифии тасвирии ӯ ҳузури шайъ, тавсифу тасвир аз аввал бештар ба назар мерасид. Ин хусусият, ки заминаи тасвири пурра ва мустақилро дар шеър омода месохт, шоирро ба эҷоди ашъори манзаравии комил расонд, ки шеърҳои «Пири гулфурӯшон» (с. 1959), «Обаки шӯх» (с. 1959), аз намунаҳои беҳтарини онҳо ҳастанд.
Аз ин шеърҳо махсусан «Пири гулфурӯшон» бо тару тозагӣ, нотакрорӣ ва халлоқияташ, ки зодаи қудрати тасвиркории фардии Мӯъмин Қаноат аст, таваҷҷуҳро ба худ ҷалб менамояд. Дар ин шеъри мухтасар, ки ҳамагӣ аз се байти маснавӣ иборат аст, кӯҳи Варзоб, ки метавонад рамзи тамоми кӯҳистони тоҷику диёри тоҷикон бошад ва дар шеър ҳамин тавр ҳам шудааст, бо қалами нигоргарӣ ба сурати пири гулфурӯш зебову дилписанд ба тасвир омадааст:
Кӯҳи Варзобро чӣ даврон аст,
Гӯӣ он пири гулфурӯшон аст:
Ҷомаи беқасаб ба бар дорад,
Локии шоҳӣ (?) дар камар дорад.
Саллаи суф гирди сар дорад,
Сабади гул ба пеши бар дорад [2, 22].
Аввалин чизе, ки ба ин шеър гармӣ мебахшад, ташбеҳи хуб кардан ва ташхисонидани мабҳаси тасвир – кӯҳ мебошад, ки ҳатто дар унвони он ҷой дорад. «Кӯҳи Варзоб» ба «пири гулфурӯшон» ташбеҳ карда шудааст, пир, яъне инсон, гулфурӯш боз ҳам амале, ки ба инсон хос аст, яъне ташхис болои ташхис аст. Сониян, сифат ва вожаҳое, ки барои тасвири кӯҳи ташхисшуда -- пири гулфурӯшон оварда мешаванд, на зеҳнӣ, ҳамчун зебо, хуррам ва монанди инҳо, ки дидану ҳис кардани онҳо душвор ё номумкин аст, балки ҳама айнӣ, яъне маҳсусу ламсшаванда ва шайъӣ мебошанд, ҳамчун ҷома – беқасаб, локӣ – шоҳӣ, салла – суф, сабад – аз гул. Дар ин ҷо тасвир бар воқеъият асос дорад, ки худ шайъиву зебову тасаввуршаванда буда, мушаббаҳ ва мушаббаҳун биҳ – кӯҳи Варзоб ва пири гулфурӯш, яъне ҳар ду тарафи ташбеҳ аз олами воқеъ, ашёанд, ки аз навъҳои беҳтарини ташбеҳ ба шумор меравад. Дар ин ҷо тасвир на танҳо сурат, балки забон ҳам дорад, гӯёст, зеро он бо забони тасвир мегӯяд, ки он тасвир маҳз кӯҳи диёри тоҷик аст, зеро ба пире ташбеҳ шудааст, ки аломатҳои миллияш равшану барҷаста ба зуҳур омада, бо ҳар тарҳи тасвир, махсусан бо «ҷомаи беқасаб», «локии шоҳӣ», «саллаи суф» рангу равғани миллии тоҷикии худро дурахшонтар нишон медиҳад. «Сабади гул ба пеши бар» доштан, на танҳо тасвири зоҳирист, балки ба ботини миллият низ ишорат дорад, зеро дар фарҳанги миллии тоҷикӣ ва махсусан дар шеъри ирфонии форсии тоҷикӣ, ҳамчунон ки Муҳаммад Иброҳими Заробиҳо дар асари пурмуҳтавои худ «Аз давлати Ҳофиз (тафсири ҷомеъи дувоздаҳ ғазали Ҳофиз)» ҳам қайд мекунад: «Гул намоди покӣ, латофат, маъсумият ва нур аст… Гул дар ин дунё мазҳари густардагӣ ва зебоӣ, ва дар олами охират низ мазҳари густардагӣ аст, ки рамзи ҷовидонагиро дар бар дорад. Гул дар воқеъ намоди инсон аст. Инсон дар ин дунё бо худсозӣ, имон ва аъмоли хайр, зебоияшро густарда мекунад. Аз он ҷо, ки инсон дар ин дунё пойдор нест, бо ин густардагӣ, дар охират ба ҷовидонагӣ мерасад» [1, 276]. Бинобар ин, тасвир дар ин ҷо зоҳиран зебо ва ботинан пурмаъност. Ба ғайр аз ин, кӯҳ суннатан дар шеър бештар истиора ва ё намоди сарбаландӣ, пойдорӣ, гаронӣ ва монанди инҳост, аммо ҳамчунон ки дида мешавад, дар ин маврид ба мафҳуми тозаи мардуми софдилу меҳмонавози тоҷик ва диёри ӯ ба кор бурда, бар имкони маънигунҷонии он афзуда шудааст. Мутаассифона, дар ин шеъри хуб чанд нуқс ба назар мерасад, ки аз инҳо иборат аст: Калимаҳои «даврон» ва «гулфурӯшон» ба ҳам қофия баста намешаванд, зеро дар ин ҷо ҳар дуи «он» дар охири калимаҳо пасванд мебошанд, пас «давр» мемонаду «гулфурӯш», ки ҳамқофия нестанд. Азбаски вазни шеър баҳри хафиф буда, аз афоилҳои фоилотун мафоилун фаълун -- У -- -- / У -- У -- / -- -- ба ҳам меояд, ҳиҷои панҷум кӯтоҳ аст ва дар истифодаи калимаи «шоҳӣ», ки ҳиҷои охири он «ҳӣ» дароз мебошад, сакта ҷой дорад. Дар мисраи панҷум «Саллаи суф гирди сар дорад» ибораи «гирди сар», ки ба ҷойи «ба сар» омадааст, хилофи сабки забон аст, зеро салла ба сар дорад гуфтан дуруст аст, на гирди сар, ки шоир бо тақозои вазн ба ин нуқс роҳ додааст. Бе ин нуқсҳои фаннӣ ва сабкӣ арзиши шеър хеле болотар хоҳад буд.
Тасвир, муҳтаво ва манзури шеър зотан ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Шеър дар сайри таърихии худ барои такомули ҷаҳони маънавии инсон омода шудааст, ки ин вазифаи худро бо роҳи инсонро ҳамчун меҳвари мавзуъ ва тасвир қарор додан ба иҷро мерасонад. Вале инсон дар ин ҷаҳон на танҳо бо ҳамҷинсони хеш -- инсонҳои дигар, балки бо ҳамаи мавҷудоте, ки ӯро иҳота мекунад, табиат ва ҳамаи чизе, ки дар он мавҷуд аст, робита пайдо мекунад. Бинобар ин, инсон, шайъ ва ё манзараи табиат, ки дар шеър инъикос мешавад, ҳаргиз ба мафҳуми шайъӣ ва табиии худ боқӣ намонда, ба муҳтавои шеър бадал мегардад. Ин қазия аз солҳои шастуми қарни бист сар карда, дар эҷодиёти Мӯъмин Қаноат, махсусан аз силсилаи «Ситораҳои замин» шеърҳои «Ҳусн», « Хоҳари Куба», «Аҳсант ба одам» (с. 1962), силсилаи «Ассалом, Карпат!» шеъри «Корвони нур» (с. 1962) ва баъд татбиқи худро пайдо кардааст. Дар ин бора Аскар Ҳакимов дар тадқиқоти худ “Шеър ва замон” дар боби “Сухан ва образ” муфассал сухан рондааст [3, 92-102].
Яке аз унсурҳои олами ҳастӣ, ки дар шеъри манзаравӣ бештар тавсифу тасвир мешавад, муҳити об мебошад. Муҳити об, аз оби ҳаёт сар карда, то оби воқеъии нӯшиданӣ, хоҳ наҳру кӯл бошад, хоҳ баҳру уқёнус, бо умқ ва рознокӣ ва дигар сифатҳои баргузида, ҳамчун софию зулолӣ ва ҳаётбахшии худ дар шеър аз давраҳои бостон дорои мақоми муҳим аст, ки давоми он дар шеъри муосири тоҷик ҳам аҷобате надошта, ҷавобгӯи ниёзҳои маънавию зебошинохтии он мебошад. Дар диёри тоҷикон, ки кишвари кӯҳистон буда, дарёву баҳрҳои вусъатнок надорад, назари шоирон асосан бар рӯду рӯдчаҳои кӯҳиву кӯлу чашмаҳост, ки на танҳо аломати ҷуғрофиёии ватан, балки муҳити бардошти маънавии онҳо ҳам ҳаст.
Дар байни ашъори тасвирию тавсифии Мӯъмин Қаноат шеърҳое, ки дар ин ё он шакл муҳити обро нигориш кардаанд, кам нестанд, масалан, ҳатто силсилаҳои ашъори ӯ «Мавҷҳои Днепр», бобҳои алоҳидаи «Достони Норак» ба ин мавзуъ бахшида шудаанд, аммо дар айни ҳол манзур шеъри ғиноии манзаравӣ мебошад, ки дар он тасвир воситаи ёрирасон набуда, комилан мустақил аст. Аз ин навъи шеърҳо «Обаки шӯх» (с. 1959), «Ташнаи тӯфон» (с. 1959), «Чашмаи сабоҳӣ» (с. 1965), «Зоиндаруд» (с. 1971), «Хумбов» (с.1981) - ро метавон номбар кард, ки дар давраҳои гуногуни эҷодиёти шоир навишта шуда, далели дар ҳар давра дар маърази таваҷҷуҳи ӯ қарор доштани ин мавзуъ мебошад. «Обаки шӯх» аз шеърҳои давраи аввали эҷодиёти Мӯъмин Қаноат буда, манзараи ба рӯди Панҷ ҳамроҳ шудани обаки шӯхеро, ба монанди ба канори модар даромадани тифли беқароре тасвир мекунад, ки ба воситаҳои бадеъи баён – ташбеҳу тавсифу ташхис ба ҷо оварда шудааст:
Обаки шӯхе чу тифли беқарор
Мешитобад аз миёни кӯҳсор.
Аз баландӣ меравад ғулғулкунон,
Ӯ ба мисли кӯдаки ширинзабон.
Бо раҳи пурсанг поён меравад,
Беибо, ғалтону хезон медавад;
Гӯӣ аз чизе гурезон мешавад,
Дар канори Панҷ пинҳон мешавад.
Ҳамчу тифле, меҳр тобад бар сараш,
Медарояд дар канори модараш [2, 28].
Дар аввал бояд қайд кард, ки ин нусхаи шеър аз нусхаҳои пешин хеле таҳрир хӯрда, баъзе нуқсҳо бартараф шудаанд, вале бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам комилан бенуқс нест, ки поинтар аз онҳо сухан гуфта хоҳад шуд. Ба маънои куллии он меандешем ва мебинем, ки шоир дар байти аввал обакро шӯх ва тифлакро беқарор тавсиф карда, обакро ба тифл ташбеҳ мекунад, ки он дар айни ҳол ташхис ҳам мешавад, зеро мушаббаҳун биҳ инсон аст. Ин самимияте дар дил эҷод мекунад, зеро инсон ба тифл ва умуман ба бачаи ҳар ҷонзоде бо меҳру шафқат менигарад, ки дар ин ҷо обакро ба тифл шабоҳат додан ҳам ҳамин гуна ҳиссиёт ба вуҷуд меорад. Дар байти дуюм шабоҳати обаки шӯх бо тифл бо овардани сифатҳои «ғулғулкунон» -у «ширинзабон» боз ҳам амиқтар карда мешавад, аммо дар мисраи чаҳорум «Ӯ ба мисли кӯдаки ширинзабон» «ӯ ба мисли кӯдаки» ҳамчун ҳашв ба назар мерасад, зеро дар мисраи аввал ин монандкунӣ «чу тифли беқарор» ҷой дошт. Дар байти сеюм ба ҷорӣ шудани обак тарҳи дигар «беибо, ғалтону хезон» афзуда мешавад, ки ҳолатро ба асли табиияш наздиктар нишон диҳад. Дар байти чаҳорум ибрози маънӣ бо мисраи «Дар канори Панҷ пинҳон мешавад» ба мақтаъ мерасад, аммо шоир мехоҳад, ки маҳз ба канори модар даромадани онро таъкид кунад ва суханро давом медиҳад, ки боз ҳам ҳашв мешавад. Байти панҷум «Ҳамчу тифле, меҳр тобад бар сараш, // Медарояд дар канори модараш» нуқси сабкӣ дошта, баъд аз «ҳамчу тифле» омадани «меҳр тобад бар сараш» ҷо наафтодааст. Дил мехоҳад, ки ин шеъри хуб аз ҷониби шоир боз ҳам таҳрир хӯрда, шакли бенуқсе пайдо кунад. Онро, албатта, чандин навъ таҳрир кардан мумкин аст, ҳоло барои мисол танҳо як навъи фарзии он пешниҳод мегардад, то чӣ гуна дилнишин будани муҳтавои ин шеър эҳсос шавад, вагарна изни таҳрир на ба муҳаққиқ, балки ба муаллиф аст:
Обаки шӯхе чу тифли беқарор
Мешитобад аз миёни кӯҳсор.
Аз баландӣ меравад ғулғулкунон,
Худсару бозигару ширинзабон.
Ҳар қадам афтону хезон меравад,
Гӯӣ аз чизе гурезон меравад.
Гоҳ сангин, гоҳ осон меравад,
Ӯ ба сӯи Панҷ поён меравад.
Ҳамчу тифли ёди модар дар сараш
Медарояд дар канори модараш.
Шеъри «Обаки шӯх» аз забони ровӣ буд, ки дар он нақши шахси шеър ба назар намерасид, вале «Чашмаи сабоҳӣ» аз навъи шеъри манзаравист, ки дар он нақши шахси шоир на фақат бараллоина ҳувайдост, балки зиёда аз ин, шеър бо муроҷиати шоир оғоз мешавад, ки ҳузури ӯро аз мисраи нахуст хабар медиҳад. «Чашмаи сабоҳӣ» аз ҳашт байти маснавӣ иборат буда, дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф мафоӣлун мафоӣлун фаӯлун У-- -- -- У-- -- -- У-- -- гуфта шудааст. Дар ин шеър дар баробари тасвири манзараи чашма изҳори андешаҳои отифии шахсияти шоир низ ҷой дорад, ки ба он гармии бештар медиҳад, зеро шоир онро ҳамчун «ёри ҷавонӣ» бо муҳаббат ёд мекунад. Ин меҳр аз оғози шеър, аз ташбеҳу тавсифе, ки шоир дар тасвири чашма ба кор мебарад, хуб эҳсос мешавад. «Аз ҳотаи гул…равону соф чун овози булбул» мебароӣ ва дар «нарми» -ю «беғуборӣ» «чу шарми духтарони кӯҳсорӣ» гуфтани шоир ба чашма далели меҳру муҳаббати ӯ бар «ёри ҷавони» -яш мебошад, ки воқеъан содаву самимона аст:
Бароӣ субҳидам аз ҳотаи гул,
Равону соф чун овози булбул.
Аҷаб нармӣ, аҷоиб беғуборӣ,
Чу шарми духтарони кӯҳсорӣ.
Дамиданҳои чун субҳи сафоят
Кунад аз равшанӣ бо ман ҳикоят.
Ту хомӯшию сад оҳанг дорӣ,
Зи гулҳо бӯй дорӣ, ранг дорӣ.
Чу нози духтарони шӯхи Дарвоз
Чӣ ширинӣ, аё сарчашмаи ноз! [2, 60].
Аз иҳотаи гул ҳамчун овози булбул баромадани чашма тасвир ва ташбеҳи хеле зебо ва тару тозаест, ки зодаи хоси қареҳаи шоиронаи Мӯъмин Қаноат аст. Ҳамин тариқ, ташбеҳу тавсифот, ки дар ду байти дигари давоми шеър меоянд, ҳама тароватноку пурмуҳаббатанд, ки хонандаро низ зуд фаро мегиранд. Ва дар охир, ҳамчунон ки қайд карда шуд, «Туро, ёри ҷавонӣ, ёд кардам, // Ба ёдат мазрае обод кардам» гӯён шоир шеърро ҷамъбаст мекунад, ки нақши андешаҳои отифии шоирро дар ин шеъри манзаравӣ боз ҳам мушаххастар менамояд.
Аз ашъори ғиноии тасвирию тавсифии Мӯъмин Қаноат, ки ба манзараҳои гуногуни муҳити об – чашмаву кӯлу рӯду дарё бахшида шудаанд, шеъри «Хумбов» аз ҳама асилу рехтаву маҳкам аст, ки дар он ҳам нақши андешаҳои отифии шахси шоир муассир мебошад. Таносуби аносири олами ашё, ки заминаи тасвирро асос мегузорад ва ибрози эҳсосотро, ки ғинояти андешаҳои отифиро таъмин менамояд, таъин намудан бисёр душвор аст, зеро он дар ҳар шеър ба ҳар андоза зуҳур карданаш мумкин аст. Бинобар ҳамин ҳам аз ин кор қатъи назар карда, ба он таваҷҷуҳ мекунем, ки аз як ҷониб, тасвиру тавсифи манзараи мушаххас бо тарҳҳои табиии худ чӣ гуна рух менамояд ва аз ҷониби дигар, андешаҳои отифии шахси шоир аз онҳо бо чӣ воситаҳои бадеъӣ асилу амиқу муассир ифода карда мешаванд. Дар ин шеър, ҳарчанд ки тасвирист, ҳеҷ унсури олами ҳастӣ, ки дар муҳити рӯд ҳаст, ба олами шахси шоир беалоқа ва ё аз он дур нест, шояд аз ин сабаб ки ин рӯди зодгоҳи шоир дар Дарвоз аст ва дар тамоми марҳалаҳои ҳаёт бо ӯ пайванди воқеъию маънавии ногусастанӣ доштааст. Шеър аз муроҷиати саволии шоир ба рӯд ибтидо мегирад, ки дар айни ҳол онро ташбеҳи зебое ба ранги осмон ва ташхис ҳам мекунад, зеро инсон танҳо ба инсон бо суол рӯй меоварад:
Ту, эй рӯди кабуди осмонӣ, чӣ гуҳар дорӣ?
Чу сетори Шарифи Ҷӯра саҳроят садафкорӣ.
Ва се пулат маро се пардаи саҳрои сетор аст,
Маро сарчашмаат чашми кабуди масту хуммор аст [2, 93].
Дар мисраи аввал, ки шоир як тарҳи тасвири муносиби маҳсусе аз рӯд медиҳад, бо таркиби суолии «чӣ гуҳар дорӣ » дарзамон ба олами ботин низ ишорат мекунад. Гуҳар – гавҳар вожаи пургунҷоишест, ба маъноҳои бисёре, аз ҷумла, асл, зот, сиришт, марворид, санги қиматбаҳо, инсони гиронмоя, сухани мавзуну олӣ… меояд, ки дар ин ҷо тобиши пурмаъноии худро нигоҳ дошта, баробари марворид мафҳуми сиришту пурбаҳоиро низ фаро гирифтааст, ҳарчанд марворид дар рӯд ҳосил намешавад. Сатҳи рӯдро ба саҳрои садафкории сетор ташбеҳ кардан тозаву тар ва бисёр муқбил ҳам ҳаст, зеро ин ташбеҳ на фақат ба зоҳири ин ду тарафи ташбеҳ– рӯду сетор, балки ба ботини онҳо низ ишорат дорад, ки аз ҳар ду ҳам наво мехезад. Хумбов рӯди кӯҳист, ки ҳам аз ҷиҳати навохезӣ ба сетор шабоҳат дораду ҳам ба шакл, чун сеторро навозанда ба даст мегирад, сари он боло меравад ва ба рӯди кӯҳӣ, ки аз баландӣ сарозер мешавад, шабоҳат пайдо мекунад. Пулҳои рӯдро ба пардаҳои сетор ташбеҳ кардан тоза мебошад ва ин тозагӣ аз он сар мезанад, ки худи рӯдро ба сетор ташбеҳ намудан тоза аст, аз ин рӯ ҷузвҳои ҳар ду қисмати ташбеҳ– рӯд ва сетор, ки ба ҳам монанд карда мешаванд, низ тозаанд. Дар байтҳои минбаъда ҳам шоир ҳарфҳое мезанад, ки аз назари савту наво ба ҳам пайванд доштани рӯду сетору сеторзанро бисёр баҷову нозукона гӯшрас мекунанд:
Чу фарзандат фалакро баст дар саҳрои сетораш,
Рабуда Рокро то пардадор аз пардаи тораш.
Ба рангу нанг чун фарзанди хурди ҳафт дарёӣ,
Зи чашми осмон ё аз дили Дарвоз меоӣ? [2, 93].
Фалак дар саҳрои сетор бастан, ба ду маънӣ ишорат мекунад, яке мақоми фалакро, ки навъи мусиқист, навохтан ва дигаре намои осмонро дар саҳрои сетор дидан, ки садафкорӣ буда, шабеҳи ранги осмон аст. Рок ҳам аз навъҳои мусиқии классикии тоҷикист, ки баромади номаш аз Ҳинд мебошад. Чунон ки дида мешавад, дар ин байтҳо тасвир бо рангу садову маънӣ бо ҳам меояд, ки онро зинда, пурра ва фахим менамояд. Рӯди Хумбовро аз ҷиҳати рангу нанг фарзанди хурди «ҳафт дарё» -- дарёҳои Ахзар, Уммон, Аҳмар, Барбар, Уқёнус, Рум, Сиёҳ -- хондан, ки талмеҳ аст, бар ягонагии табиию фарҳангию маънавии кишварҳо ва халқҳо таъкид дорад, ки ин на танҳо тасвирсозӣ, балки маъниофаринӣ ҳам ҳаст. Дар байтҳои минбаъда шоир он ҳамбастагии худро бо рӯд, ки ишоратан баён мекард, ҳамчун «ва се пулат маро се пардаи саҳрои сетор аст», акнун рӯирост ба забон оварда, саҳми моҳиятии онро дар тақдири инсонии худ таъкид менамояд. Он саҳм ҳам берунӣ, ки ба тан ва ҳам дарунӣ, ки ба равон тааллуқ дорад, мебошад. Саҳме, ки ба қисмати берунӣ тааллуқ мегирад, ба монанди ба шахси шоир «варзиш» ва «тоби офтобӣ» додани оби рӯд тарҳҳои иловагӣ ба тасвир афзуда, қисмати дарунӣ, ки ба монанди «ба роҳи ростӣ тамкин, ба тундиҳо шитобе» додан мебошад, тавсияи хулқу атвори ӯро, ки намои олами ботин аст, комилтар менамояд, яъне тасвир дар як вақт ҳам зоҳирию ҳам ботинӣ офарида мешавад:
Маро оби ту варзиш дод, тоби офтобӣ дод,
Ба роҳи ростӣ тамкин, ба тундиҳо шитобе дод.
Куҷо тамкини сангинат, ки ҷӯшону хурӯшонӣ,
Ту гулмоҳии гул ҳоло наҳанги тездандонӣ.
Ва худ дармекашию мефитонӣ хонаи обат,
Аҷаб дарё, ки вайрон менамоӣ хонаи хобат [2, 93].
Дар ин пора дар мисраи «Ту гулмоҳии гул ҳоло наҳанги тездандонӣ» агар ба ҷойи таъбири на чандон равони «ту гулмоҳии гул» «гули гулмоҳиҳо» меомад, шояд ҷоафтодатар садо медод. Шоир ин ҷо рӯдро дар айёми оромиҳояш, ҳарчанд рӯд оромӣ надорад ва оромияш нисбист, ба гулмоҳӣ ва ҳангоми дамиданҳояш ба наҳанги тездандон шабоҳат медиҳад, ки ташбеҳҳои тоза ва муносибе буда, сурати рӯдро дар ҳолатҳои мухталиф мушаххастар менамоянд. «Хонаи об» - ро даркашидану афтондан ва «хонаи хоб» - ро вайрон кардан низ аз ҷумлаи ҳамин гуна тасвирҳои мушаххаскунандаи рӯданд, ки паҳлӯҳои дигари намои онро нишон медиҳанд. Ҳамаи ин ҳарфҳо, албатта, маҷозианд, вагарна рӯд, ки «хонаи хоб» надорад, хоби ӯ дар ҷодаи худ равонист. Бо ин тасвиру ифодаи ҳолатҳои гуногуни рӯди кӯҳии Хумбов, ки ҳам намои зоҳири он ва ҳам авзои ботини шахси шоирро дар бар мегирад, шеър бо ин байтҳо ба анҷом мерасад:
Ба умре офаридӣ боғу гулзори каноратро,
Чи алмоси зимистону чи ёқути баҳоратро.
Магар фарзандҳоят рафтаю рафтаст тамкинат,
Биёсо як даме, ки мерасад имрӯз таскинат [2, 93].
Дар ин ҷо шоир барои муассиртар баён намудани саҳми рӯд – об, ки яке аз чаҳор унсури ҳастӣ дар ҳаёти табиат ва инсон аст, боз аз воситаҳои бадеъи тасвиру ифода, ҳамчун маҷозу истиора, суд меҷӯяд ва рӯдро маҷозан офаринандаи боғу гулзор номида, яхҳои канори онро дар зимистон алмос ва гулҳои баҳорашро ёқут истиора мекунад. Ҳамин тариқ, баррасии ин шеър нишон медиҳад, ки муҳтаво ҳамеша аз маводи тасвир ва ифода ба ҳам меояд, танҳо ба ҳам даромехтагии ин ду мабдаъ – тасвирӣ ва ифодавӣ (ё ҳарфӣ) асареро ба вуҷуд меорад, ки ғояи мақсадноке дошта, барои ғановати хаёлоту тасаввур ва андешаву эҳсосоти инсон хидмат мекунад.
Аскар Ҳакимов
Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ
Китобнома
Литература