Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Табиат бо зуҳуроти гуногуни худ, нисбат ба ҳаёти инсон, ки як замони муайянеро дар бар мегирад, рамзи ҷовидонист. Ин маъно дар чаҳор фасли он – баҳору тобистону тирамоҳу зимистон, баъзан бо ёрии воситаҳои тасвири бадеъӣ ва забонӣ, баъзан бе онҳо ҳам ифода шуданаш мумкин аст. Дар шеъри тавсифию тасвирии ҳар халқ вобаста ба муҳити табиияш ин ё он фасли сол бештар мавриди нигориш қарор мегирад. Албатта, дар ин ҳолат завқу таваҷҷуҳи шахсии ҳар шоир ҳам беаҳамият нест, ки ба чӣ фасле бештар дилбастагӣ дорад ва ё тасвири чӣ фасле манзури эҷодии ўро хубтар ифода карда метавонад. Ин чиз, бешубҳа, на танҳо ба чигунагии хосияти ин ё он фасли табиат, балки ба чигунагии авзои ҷамъият низ вобаста мебошад, ки шахси эҷодкор онро дар намои фаслҳои табиат ба забони тасвир бозгў мекунад. Дар куллияи эҷодиёти шоир, яъне шеъри ғиноии андешаҳои отифӣ, шеъри ғиноии андешаҳои отифии тавсифию тасвирӣ, шеъри ғиноии ривоятӣ ва ё анвои дигар, агар аносири як фасли табиат ҳамчун маводи ёридиҳандаи тасвир бештар ба кор рафта бошад, дар шеъри ғиноии соф тавсифию тасвирӣ фасли дигари сол мақоми бештаре доштанаш мумкин аст. Ин на танҳо далели ба он фасл бисёртар таваҷҷуҳ доштани шоир, балки аломати домани тасвирро фарох нигоҳ доштани ў ҳам ҳаст, ки дар ҳар ҳолат аз ин сарчашмаи беинтиҳои аносири мусаввирӣ пурмаҳсулу пуртаъсир истифода мекунад. Айни ҳамин ҳолат дар эҷодиёти Лоиқ ба мушоҳида мерасад.
Дар бисёр шеърҳои ғиноии андешаҳои отифӣ ва андешаҳои отифии тавсифию тассвириаш ў дар мавриди муҷассам ва ашёвӣ баён намудани андешаву эҳсосоти отифиаш аз аносири олами табиат дар фаслҳои гуногуни сол, масалан бештар аз баҳор истифода кардааст. Аммо дар баробари ин, аз васоити сувари хаёл, ки маводашон аз унсурҳои фаслҳои дигари сол, хазону зимистон низ гирифта мешавад, фурўгузор накарда, зиёда аз он дар бораи ин фаслҳои сол ашъори алоҳидаи ғиноии тавсифию тасвирӣ ҳам гуфтааст. Тирамоҳ аз фаслҳоест, ки Лоиқ тасвири онро аз давраҳои аввали эҷодиёташ дар зимни шеъри ҷудогонаи худ қарор додааст. Дар се шеъри ғиноии тавсифию тасвирии ў «Тирамоҳ» (с. 1965), «Даштҳо пурсукуту холианд» (с. 1970) ва «Борони тирамоҳ» (с. 1975 манзараи тирамоҳ маводи мустақил буда, манзури андешавии шоир дар зимни онҳо нуҳуфтааст, ки бештар аз ҳама ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Дар шеъри «Тирамоҳ» тасвири манзараи ин фасл, ки як ҷузъи фасли табиат аст, на ба сари худ, алоҳида аз фаъолияти инсон, балки дар пайвастагӣ бо он офарида мешавад. Табиат дар ин ҷо ҳамдасти инсон аст. Умуман, бояд қайд кард, ки дар аксари ашъори ба табиат бахшидаи шоирони муосири тоҷик дар нимаи дуюми қарни бист табиат на танҳо бо авзои рўҳии ў ҳамоҳангӣ мекунад, балки зиёда аз ин бо фаъолиятҳои меҳнатии ў ёру ҳамкор низ мебошад. Дар ин, албатта, таъсири ғояҳои иҷтимоии давр, ки на танҳо ҳар узви ҷамъият, балки тамоми табиат ҳам барои бароварда кардани мақсадҳои бунёдкоронаи инсони замон мададгор бошад, ҳис карда мешавад. Аз ин рў тасвир ҳам бештар дар асоси воситаҳои вуқуъгароёнаи нигориш ба ҷо оварда мешавад:
Осмони тозарў шуд тирарў,
Токҳоро гўр карданд.
Пояҳои хушки пахта бегулу бебарг монданд… [3, 363].
Оғози ин шеър муваффақона аст. Шоир аз ташхис, ки як навъи маҷоз аст, моҳирона истифода кардааст. Ин таъбирҳо – тозарўиву тирарўии осмон ва гўр кардани токҳо – таъбирҳои думаъноянд, ки ҳам ба маънои маҷозӣ меоянд ҳам ба маънои аслӣ ва бо ин сифати худ шеърро пурбор мекунанд. Шоир нисбат ба осмон сифатҳои тозарўӣ ва тирарўӣ, нисбат ба токҳо феъли гўр карданро ба кор бурда, якеро ба воситаи сифат ва дигареро ба воситаи феъл ташхис кардаву сифати инсонӣ дода, дар байни тасвиру қабули хонанда фазои самимонаеро ба вуҷуд овардааст. Ба воситаи ин ташхисҳо, ки хусусияти маҷозиву истиоравӣ ҳам дошта, дар зимн дорои амал ҳам мебошанд, тасвир ҷон гирифта, фазоро пур аз ҳаракат кардааст. Давоми шеър ҳам, ҳарчанд на тасвирӣ, балки дар шакли замони гузаштаи ҳикоят ва ифодавист, аммо ба ҳар ҳол аз нақли амал сурат баста, беҳаракат нест. Дар банди сеюм шоир «пуштаҳо урён шуданд» мегўяд ва ба воситаи таъбири урён шудан, ки ба инсон нисбат дорад, пуштаҳоро ташхис мекунад ва бо «сабзаҳои махмалӣ» гуфтан ташбеҳи изофӣ сохта, сабзаҳоро ба махмал шабоҳат медиҳад, ки ҳарчанд нав нест, аммо ба ҳар навъ бар заминаи бадеъӣ ва шайъии шеър меафзояд. Дар мисраи дигар ба пуштаҳо ба замми урёнӣ додани боз сифатҳои «бефарёду танҳою карахту пурсукут» ташхиси онҳоро қавитар сохта, ба инсон наздиктар менамояд. Дар банди чаҳорум замини киштзор ба гурд ташбеҳ карда мешавад, ки дар назари аввал ғайричашмдошт ва аз ҷиҳати шабоҳат ҳам хеле дур менамояд, вале чун ваҷҳи ташбеҳ «...зи баъди корзор // Ояду паҳлу занад бо сарбаландию виқор» баён мешавад, қобили қабул мегардад:
Баъди ташвишу тараддудҳо мисоли модарон
Худ ба худ паҳлў зада хобад кунун Модар-замин.
Киштзорон мисли гурде, ки зи баъди корзор
Ояду паҳлў занад бо сарбаландию виқор,
Хешро омода созад бар набарде, бар баҳори дигаре [3, 363].
Ҳамдилию ҳамдастии табиат бо инсон, ки дар ашъори манзаравии шуарои тоҷик дар нимаи дуюми қарни бист ба мушоҳида меояд, сифати тозаест, ки дар шеъри то қарни бисти тоҷик қариб ба назар намерасад. Ин сифат дар замони тозаи таърихӣ, ки инсонро ҳамчун соҳиби обу замин, бунёдкори ҳаёти нав ва дўсту мададгори табиат мешинохт, ба вуҷуд омада буд, ки на танҳо инсонро «табиитар» месохт, балки табиатро ҳам «инсонитар» менамуд. Онҳо розу ниёзи ҳамдигарро хуб мефаҳманд, ба ғаму шодии ҳамдигар шарику анбоз мешаванд. Дар давоми ин шеър ҳам мебинем, ки инсон ғами «лонаи бесоҳиби паррандагон» ва чўҷаҳои онҳоро мехўрад, табиат бошад «неъмати худро…тўёна орад баҳри халқ» ва махсусан таъбири охирин ҳамдастии табиатро бо инсони рўзиофарин бараллоина ифода намудааст. Ҳамин тариқ, ба пуштаву киштзорону лонаву парандагон, яъне ба аҷзо ва кулли табиат рўҳи инсонӣ дамида, дар инсон нисбат ба онҳо, ҳамчун ба яке аз анвои зодаи модари ҳастиофарини худ меҳру муҳаббат ва ғамхорӣ талқин мешавад:
Лонаи бесоҳиби паррандагон
Дар миёни шохсорон зору ҳайрон мондаанд.
Чўҷаҳое, ки калон карданд, ҳоло дар куҷоянд,
Дар куҷои ин фазои бекарон пар мекушоянд?
Неъмати худро замин тўёна орад баҳри халқ,
Лек худ нўшад яхоб[3, 363].
Шеъри дигари манзаравии тирамоҳ «Даштҳо пурсукуту холианд» (с. 1970), ки панҷ сол баъдтар аз шеъри «Тирамоҳ» навишта шуда, нисбат ба шеъри аввала хеле рехтаву маҳкам ва мусаввиронаву бадеътар аст, низ ҳамин андешаи ҳамбастагии офаринандаи инсону табиатро ифода кардааст. Ин мазмуни ҳамдастии табиат бо инсон, ҳамчунонки дар пораи боло дида шуд, дар шеъри “Тирамоҳ” як андоза дар сатҳи шеър баён шудааст, яъне бештар рӯёрӯю ҳарфист, то дар зимни худи шеъру тасвир ҷой гирифта бошад. Дар шеъри “Даштҳо пурсукуту холианд” он бештар аз зимни тасвир бармеояд, то банди панҷуми шеър. Ба назар чунин мерасад, ки агар шеър дар ҳамон банд ба анҷом расонида мешуд, яъне банди панҷум ҳамчун хотима гуфта мешуд, шеър дар яклухтӣ ва афшурдагӣ бурд мекард, зеро се банди охир, ки дар он аз ин ҳамдастӣ ҳарфӣ ва гӯё фалсафиомез, на ба монанди бандҳои боло бо тасвир, сухан гуфта мешавад, ба он кам чизе меафзояд. Аммо, ба ҳар ҳол, шеър дар ҳамин шакл вуҷуд дорад ва мавриди баррасӣ қарор мегирад:
Даштҳо пурсукуту холианд,
Рӯдҳо бехурӯшу камобанд.
Монда урён дарахтҳои сабз,
Аз хазон рангзарду нотобанд [3, 272].
Ин тасвири фарзии тирамоҳ аст, то тасвири як манзараи он аз як дидгоҳи мушаххас, зеро дар як ҳолат ҳам даштҳо, ҳам рӯдҳоро, ки дар шакли ҷамъанд, аз як назаргоҳ дидан имкон надорад, магар ин ки аз тайёра, аммо дар он ҳолат урёниву рангзардиву нотобии дарахтон ба назар намеояд. Пас, ин сурат аз рӯи тасаввур, фарзи шоир офарида мешавад, ки муҳимтарин ҷузъиёти онро барои ифодаи андешаи зарурӣ мунтахаб мекунад. Аз мисраи аввал табиат ҷондор ангорида, даштҳо сифати пурсукутӣ, рӯдҳо бехурӯшӣ, дарахтон урёниву нотобӣ мегиранд, ки ба инсон нисбат доранд ва ба ин васила онҳо ташхис гашта, бо гармию самимият фаро гирифта мешаванд. Ин ҳолати даштҳову рӯдҳову дарахтон манзараи ҳузнангези тирамоҳро тасвир менамояд, аммо ин ҳузн дар ҳиссиёти мо нуфуз намекунад, зеро дар баробари он шодиву хандаи мардум ҷой дорад, ки аз ҳамдастиву ҳамдилии табиат бо инсон ҳосил шудааст. Ифодаи ин мазмун аз банди дуюм оғоз мешавад:
Ғаллазорон тиҳӣ шуданд аз файз,
Ҳамчунон хонаҳои баъд аз тӯй.
Ҳар куҷо осиёст, гардон аст,
Мардумон чашмсеру хандонрӯй [3, 272].
Дар зимни ин тасвирҳо, аз ҷумла ғалазорони тиҳигашта ҳамчун хонаҳои баъд аз тӯй, осиёҳои гардон ва дар банди оянда “дар хамӯшии форами паяҳо” ва ҳатто “дар сукути муқаддаси саҳро”, ҳама ҷо, вуҷуди инсони ҳамдасти табиат эҳсос гашта, дар ин ҳамбастагӣ муносибати диалектикии инқирозу инкишоф, ҳаёту мамот ва низому бенизомӣ, ки ҳамеша мавриди суратнигориҳои бадеъии шеъри фалсафаи табиат буданд, дарк мешавад. Ҳар қадар ҷомеъа ва шахсияти шоир ба сӯи такомул роҳ мепаймояд, ҳамон қадар ин ҳамдастию ҳамбастагӣ амиқу табиӣ ва фарогиртар шуда, мавзуи табиатро дар шеър ҳамчун мисоли равшани инкишофи тамаддуни башарӣ муқаррар мекунад.
Ин хусусиятро дар ашъори солҳои гуногуни Лоиқ ҳам метавон ба мушоҳида гирифт. Қаблан бояд ба ёд овард, ки дар адабиёти солҳои нимаи аввали садаи бист ва баъди он ҳам муносибати инсон бо табиат бештар зӯроваронаю таслимкорона буд, ки дар ашъори Лоиқ ҳам ҷой дорад. Ин мазмун дар асоси силсилаи шеърҳои “Користони Норак” низ нуҳуфтааст. Албатта, дар назар бояд дошт, ки дар ин гуна мавзуъҳо қудрати инсони бунёдкор ба қувваи аҷзои табиат, масалан кӯҳу рӯд ва монанди инҳо муқобил гузошта шуданаш амри табиист, аммо ба ҳар ҳол бо кадом ҳиссиёт ба ҳам рӯ ба рӯ шудани онҳо низ беаҳамият нест, зеро мақсудро бо ҳар ду роҳ – ҳамдастӣ ва ё зӯроварӣ ба даст овардан мумкин аст. Дар ин силсила мақсуд бештар бо роҳи ҷангу зӯроварӣ бо табиат ҳосил мешавад. Масалан, дар шеъри “Бунёдгоҳи кохи нур” (с. 1971) мегӯяд:
Созанд то ба ёдгор (?) аз хок Кохи нур
Ҷанганд бо табиати мағрур рӯ ба рӯ [3, 490].
Ё дар шеъри “Балладаи офтоби Норак” (с. 1979):
Дар ин ҷо наъраи Белаз намояд
Ғиреви Рустам андар ҷанги аждар [3, 501].
Дар мисоли аввал ҷангидан бо табиат таъкид шудааст, дар мисоли дуюм наъраи Белазро бо ғиреви Рустам дар ҷанги аждар монанд кардан муносибати шоирро ба қувваи табиат, ки ба аждар шабоҳат дода шудааст, муайян менамояд. Як нуктаи ҷолиб ин аст, дар шеърҳои давраи аввали эҷодиёти Лоиқ, ки худи шоир ҷавон буду дар роҳи шеър қадамҳои аввалин мебардошт, муносибати ӯ бо табиат оҳанги дӯстиву меҳрубонӣ ва мададхоҳӣ дошт, масалан дар шеъри “Зарафшон” (с. 1960), ӯ, аз ҷумла мегӯяд:
Ман умри азизу самари ишқу умедам
Бе обу насими ту тасаввур нанамоям [3, 32].
Дар айни ҳол мақсаду мароми ҳар шеърро аз эътибор набояд соқит кард, ки яке барои нишон додани қудрати инсон дар бунёдкорӣ гуфта шудаасту дигаре дар бароварда кардани орзуҳои ҷавонии шоир, вале ба ҳар ҳол, агар кулли эҷодиёти ӯ дар назар гирифта шавад, дар давраи баркамолии ӯ оҳанги ҳамдастию ҳамдилӣ бо табиат нисбат ба муборизаю таслими он бештар аст. Ин ба ғояҳои замон ва муҳити иҷтимоӣ ҳам вобастагӣ дорад, дар давраи ҷавонии шоир, яъне солҳои шасту ҳаштоди қарни бист, дар муносибати инсон бо табиат ҳамин гуна рӯҳияи ғолибият бар он, то ҳамкорию ҳамдастӣ тасаллут дошт, ки бар ҷаҳонбинии ӯ ҳам таъсир мегузошт. Дар охирҳои қарн ин тарзи муносибат бо табиат тағйир хӯрда, ҷои онро кам-кам ҷараёни тозаи рӯй овардан ба табиат ҳамчун ба маҳалли оромишу осоиш аз задухӯрдҳову тундравиҳои айём ишғол мекунад. Ин ҷараён барои кашфиётҳои бадеъӣ, махсусан дар иктишофи муносибатҳои рӯҳу равонии инсон бо табиат мусоид омад, ки дар ашъори Лоиқ ҳам намунаҳои асили онро метавон пайдо намуд. Чизи дигарро ҳам дар ҳамин ҷо бояд қайд кард, ки дар эҷодиёти Лоиқ ҳар ду навъи муносибат дар як вақт ҳам ба назар мерасад ва ин бештар бо тақозои манзури шеър рух медиҳад, агар манзур нишон додани қудрати инсон аст, табиат маҳалли зӯроварии ӯ ва агар манзур нишон додани таассуроти ботинии инсон аст, табиат маҳалли мафтунӣ, дилбастагӣ, ҳамёрии ӯ қарор мегирад.
Шеъри “Даштҳо пурсукуту холианд” мисоли навъи дуюми муносибат бо табиат буд, ки аз тирамоҳ суҳбат мекард ва тирамоҳ дар табиат, агар фасли бардоштани бор бошад, дар нисбати умри инсон бештар рамзи анҷоми умр аст ва аз ин рӯ бо баҳор дар тазод меояд. Ҳамин гуна муқобилгузорӣ дар шеъри “Борони тирамоҳ” (с. 1975) дида мешавад. Тасвиркории ин шеър тозаву тар аст, ки дар шаш банди чаҳормисраӣ намои борони тирамоҳро дар ҷилваҳои гуногун нишон медиҳад, ки ҳар яке аз ин намоҳо дар дили кас таассуроти ҳамонанди худро бедор мекунад. Масалан, банди саввум чунин аст:
Рехт борон... Гесувони обияш
Бӯи дашту бӯи коҳу беда дошт.
Дошт бӯи сабзаҳои сӯхта,
Бӯи мағшуши гули хушкида дошт [3, 597].
Ташбеҳи изофии гесувони обӣ дар айни ҳол ташхис ҳам буда, боронро ба духтари деҳотӣ, ки гесувонаш “бӯи дашту коҳу беда”, “сабзаҳои сӯхта”, “бӯи мағшуши гули хушкида” дорад, монанд менамояд, ки хоси муҳити деҳ аст. Ин тасвиру таъбирот касро ба як ҷаҳони махсусе ворид месозад, ки ҷудо аз инсон вуҷуд дорад, аммо бо рангу бӯи нарму димоғпарвараш дили касро ба сӯяш мекашад, зеро дар зимни он чизе асрорангези шоирона ва амиқе нуҳуфтааст, ки кашфаш имкон надошта бошад ҳам, ҳамоҳанги таассуроти қалбии инсон шинохта мешавад. Бо ин гуна тасвирот аз эҳсосоти нозуки ботинӣ сухан нагуфта, онро гуфта мешавад, яъне дар шеър ногуфта гуфтан ҳамин аст. Банди минбаъдаи шеър ҳамон ногуфта гуфтаро гуфтааст, шояд шоир гумон кардааст, ки на ҳар кас ба он пай хоҳад бурд. Дар банди мақтаъ сухан аз моҳияти борони баҳору тирамоҳ меравад, ки бо тазод гуфта шуда, ба маънои пӯшидае ишора мекунад:
Рехт борон... гар ғубор аз рӯи гул
Бистурад бо лутф борони баҳор,
Бо ҳазор афсӯс борон тирамоҳ
Аз рухи барги хазон шӯяд ғубор [3, 597].
Гул дар ин ҷо намоди покӣ, тару тозагӣ, ҷавонист, ки борони баҳор гарди рӯзгорро аз рухи он бо меҳрубонӣ мешӯяд, то он ба айёми худ давом диҳад, аммо борони тирамоҳ бо афсӯс аз рухи барги хазон ғубор мешӯяд, ки давоми он расидан ба марҳалаи хайрбоди ҳастист. Ҳамин тариқ, дар ин шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ ҷузъиёти олами табиат ва айёми он ҳамчун гул ва барги хазон, баҳор ва тирамоҳ ба ҳам тазод дошта, намод аз даврони ҷавониву хазони умри инсон гаштаанд, ки худи намод нав набошад ҳам, зеро баҳор ҳамчун намоди ҷавонӣ ва хазон, ҳамчун охири умр, дар шеър хеле собиқадор аст, вале бо ҷузъиёти тоза, ки омадаанд, аз кӯҳнагии он мезудоянд.
Шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ, ки дар асоси маводи олами ашё офарида мешавад, амри табиист, ки аз намодҳо фаровон истифода мекунад. Намодҳоро мешавад ба ду гурўҳи куллӣ тақсим кард: намодҳои аслӣ ва ғайри аслӣ. Ба намодҳои дастаи аслӣ онҳое дохил мешаванд, ки онҳо ғайри ихтиёри башар, дар дарозои зиндагии ў аз калима ва ё таркибҳои забоние ба вуҷуд омадаанд, ки ифодакунандаи шайъ ё мафҳуме буда, дар асл маънои ба намодии хеш наздике доштаанд ва ин маънои аслии онҳо тадриҷан маънои намодӣ ҳам гирифтааст [2, 245 - 262]. Аз ҷумла баҳору тирамоҳ ё хазон низ ҳамин гуна намоди аслӣ ба ҳисоб мераванд, ки баробари нигоҳ доштани мафҳуми аслии худ, боз мафҳуми намодӣ пайдо кардаанд. Бинобар дар шеър ҳолатҳое рух доданаш мумкин аст, ки ин намодҳо дар як вақт ба ҳар ду маънои худ ишорат намоянд, масалан дар шеъри “Тирамоҳ асту барг мерезад” (с. 1975) -и Лоиқ истифодаи тирамоҳу баҳор ҳамин гуна маъно дорад, ҳам ба маънои тирамоҳу баҳори воқеъӣ ҳастанд, ҳам ба мафҳуми намодӣ, ки ишорат ба айёми умри инсон мекунанд. Ин шеър аз шаш банди чаҳормисраӣ иборат буда, як банд аз тирамоҳ сухан гӯяд, банди дигар дар тазод бо он аз баҳор ҳарф мезанад.
Тирамоҳ асту барг мерезад
Дар лабонаш таронаи падруд.
Нигаҳи офтоб ҳам кунд аст,
Меравад хастаҷон ба хонаи буд.
Ёд орам зи чашми бодомат,
Накҳати навбаҳор меояд.
Ёд орам чу хандаҳоятро,
Қаҳ-қаҳи обшор меояд [3, 600].
Барг аз байти аввал ҷондор ангорида мешавад, дар лаб таронаи падруд доштан, ки хосияти инсон аст, ба он нисбат гирифта, ташхис мекунад, ҳамин тариқ офтоб ҳам қобилияти нигаҳ кардан ва хастаҷон ба хонаи буд рафтан пайдо карда, ташхис мегардад. Ба инсон мушобеҳат додану ташхис кардани баргу офтоб ба мафҳуми аслии онҳо маънои намодӣ меафзояд ва он бо хондани банди дуюм возеҳтар мешавад, зеро ин ҷо сухан аз маҳбубаи ҷавонест, ки аз ёди чашми бодомаш “накҳати навбаҳор меояд”-у аз ёди хандаҳояш “қаҳ-қаҳи обшор”, яъне ҷавониву баҳор, ки намоди замони ишқу ошиқист, бо баргу тирамоҳи табиат, ки ишорае ба намоди хазони умри инсон ҳам ҳаст, дар тазод қарор мегирад. Дар ин шеър як банд агар ғуссаи тирамоҳу хазони умрро ифода кунад, банди дигар саршори шодии навбаҳору шукуфоии ишқ аст, ҳамин тариқ кайфияти гуногун аз айёми табиату умри инсон ҳамдигарро паи ҳам иваз мекунанд. Махсусан бандҳои саввуму чаҳорум дар тасвири тирамоҳу баҳор ва таассуроти аз онҳо бардошташаванда тару тозаву пурборанд, ки бар бандҳои дигар руҷҳон доранд. Ҷузъиёти ашёвӣ, ки барои тасвири тирамоҳ интихоб шудаанд, рӯди хушкида, соҳилҳои хушклаб, зоғҳои фориғбол, ҳама дар маҷмуъ нишондиҳандаи муҳити воқеъии тирамоҳанд, ки дар айни ҳол дар хонанда эҳсоси мағшуши ғамангез бедор мекунанд, ки дар замон дар банди оянда бо тасвири навбаҳори дилу талотуми дарёву болафшонии парастуҳо, ки намои баҳору ҷӯшу хурӯши ишқанд, аз байн бурда мешаванд. Ҷое, ки ишқ аст, ҳатто парфишонии баргҳои хазон болафшонии парастуҳо мешавад.
Баҳри мо лек навбаҳори дил аст,
Дар дили мо талотуми дарёст.
Парфишонии баргҳои хазон
Болафшонии парастуҳост [3, 600].
Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини ашъори Лоиқ шояд дар ҳамин бошад, ки дар онҳо ишқ дар ҳамаи фаслу замонҳои сол ҳузур дорад, агар он ашъор муфрад доранд, онҳо дар ҳамаи фаслҳо ошиқанд ва агар он ашъор бе муфрад ҳам бошанд, зимни тасвирҳо кайфияти ошиқона мавҷ мезанад. Масалан, дар шеъри “Муҳаббати аввал” (с. 1964) оид ба маҳбуба “Зи пушти тӯри барфи симгун метофт симояш” [3, 546] ва “Диламро гармие медод” мегӯяд, дар шеъри “Қарз” (с. 1971) шахсияти шеър дар зимистон арзи муҳаббат мекунад, ки “Зи рӯи барфи навборида пешат омадам аз дур” [3, 138] ва ё дар шеъри “Боз омад тирамаҳ бо баргҳои зарди хеш” (с. 1986) “Дар хазонрезони танги тирамаҳ дидам туро” [3, 686] гӯён аз ишқи деррасидааш менолад, яъне барои ӯ, агар зимистону тирамаҳ замони ишқ ҳастанд, пас аз фаслҳои дигар чӣ ҷои сухан, ки онҳо худ айёми ишқанд.
Дар шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ нисбат ба анвои дигари шеъри ғиноӣ бештар ҷой доштани, ба истилоҳ, мавзуи табиат амри табиист, зеро бунмояи ин навъ шеър аз аҷзои табиат – тавсифу тасвири муҳити атроф замин, сабза, дарахт, рӯд, кӯҳ, осмон, абр, ситора, моҳу хуршед ва ғайраву ва ғайра ба ҳам меояд. Агар дар ин навъ шеър муфради ғиноӣ ба ҳар сурате -- шахси шоир, шахсияти ғиноӣ, ровӣ, муаллиф... ҳузур дошта бошад, олами ботинӣ, эҳсосоту таассурот, кайфияти ҳолаш ашёвӣ, тасаввуршаванда, таъсиргузор ба қалам кашида мешавад, зеро олами рӯҳӣ, ки ғайримодддист, ба олами табиӣ рӯ ба рӯ омада, аз он иқтибоси сифат мекунад. Бинобар ин, дар аксари ташбеҳоту истиорот мушаббаҳ (ташбеҳшаванда) агар аз олами рӯҳист, мушаббаҳун биҳ (ташбеҳкунанда) аз олами моддист, ки онро муҷассам намояду тасаввуршавандаву таъсиргузор созад. Дар шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ мақоми тасвири муҳит, ашё, табиат нисбат ба ифодаи эҳсосоту таассуроти ботинии шахс афзалият дорад, бинобар аксари ин навъ ашъор муфрад надоранд, вале муфраддори онҳо ҳам истисно нестанд. Дар эҷодиёти Лоиқ ҳам ҳамин тавр, ҳар ду навъи он ба назар мерасад. Аммо дар ашъоре, ки саропо аз тавсифу тасвири табиат, аносир ва ё ашёи он иборат аст, яъне дар онҳо муфради шеър ҳузур надошта, аз он тасвиру тавсиф ягон хулосаи таъмимии ҳиссиву фикрӣ намебарорад, аксаран андешаву эҳсосоти шоир ноаён дар маводи тасвир ҷой мегирад, бо он меомезад. Ин гуна ашъор гӯё сирф тавсифию тасвирӣ мешаванду дар онҳо аз розу ниёзи ботинӣ ва эҳсосоти шоир асар намемонад. Албатта, ин гуна ашъор ҳам вуҷуд доранд, ки як навъи шеъри ғиноии тавсифию тасвирианд, аммо дар ашъори тавсифию тасвирии Лоиқ қариб ҳамеша кайфияти шоир ҳис карда мешавад, ин шояд аз он сабаб аст, ки ӯ шоири сирф ғиноӣ буда, худро аз мабҳаси тасвир тамоман ҷудо намегирад. Ин аз як ҷиҳат, аз ҷиҳати дигар ӯ муҳит, манзара, ашёеро мавриди тасвир интихоб мекунад, ки ба онҳо алоқаи амиқи мусбат дорад, бинобар тасвираш бо гармии дил фаро гирифта мешавад. Ин хусусият аз давраҳои аввали эҷодиёти Лоиқ равшан ба чашм мерасад, ки шеъри “Баҳори кӯҳистон” (с. 1966) намунаи дурахшони он аст ва он бесабаб ҳам нест. Лоиқ худ фарзанди деҳи кӯҳистон аст, бешубҳа, дар байни шуарои қарни бисти тоҷик шоироне, ки зодаи деҳи кӯҳистонанд, кам нестанд, аммо ӯ ин сифати худро ҳамешагӣ, фарогир, амиқ эҳсос мекунад ва боиси шоириаш медонад ва аз ин рӯ агар мабҳаси тасвир муҳити кӯҳу деҳа бошад, дар ашъори ӯ муҳаббат мавҷ мезанад. Масалан, ин сифат дар банди аввали ҳамин шеър ҳам пайдост:
Лола – раққосаи машъалдоре,
Бойчечак – шафақи субҳона.
Сабзаҳо – кокули нобофтае,
Мезанад бод ба нармӣ шона [3, 41].
Лоиқ дар бораи ҳар чизе, ки нависад, шоири зодгоҳи хеш аст, пас он ҷо, ки сухан аз деҳу кӯҳистон аст, ин сифат ба маротиб муаассиртар зуҳур мекунад. Дар ин ҷо таъкиди он нукта баҷост, ки шоири асил дар ҳама ҳолат ба худии худ мемонад, ба худии худ мондани Лоиқ дар ҳамин муҳаббати ҳамешагии амиқаш ба ватани аҷдодӣ, ба деҳу кӯҳистони тоҷик аст, ки махсусияти ҳастии ӯро ташкил додааст ва ҳар қадар он комилтар ифода мешавад, ҳамон қадар далели равшани аҳамият ва нотакрории қареҳаи шоирии ӯст. Муҳаббати сӯзони ӯ на фақат дар изҳори рӯёрӯй ба зодгоҳу ватани аҷдодӣ, балки дар зимни ҳамаи ашъораш ва махсусан дар шеърҳои ғиноии тавсифиву тасвириаш, ки бевосита ба нигориши онҳо бахшида шудаанд, бе сухан ҳам эҳсос мешавад. Дар ҳамин банди иқтибосшуда лола ба раққосаи машъалдор нисбат дода шудааст, ки худ зебост, аммо на фақат зебост, балки дар зимн гармии муҳаббат ҳам дорад, зеро Лоиқ шеърҳое дорад, ки дар онҳо маҳбубаи дилаш раққоса аст, масалан дар шеъри “Дар базм” (с. 1964):
Ҳамчу шамшод аз вазиданҳои боди шӯхшанг,
Печу тобе хӯрда ӯ арғушт мерафт [3, 549].
Ва ё дар шеъри “Рақси ту” (с. 1984) боз мегӯяд:
Мезанӣ бо панҷаҳоят савти бишкан-бишкане.
Метаровад аз дили ман оҳу воҳу шеване [3, 666].
Таваҷҷуҳ бояд кард, ки дар байни ин шеърҳо фосила бист сол аст, яъне ин муҳаббат решадору деринасол аст. Дар ҳамин банд сабзаҳоро ба кокули нобофта ташбеҳ кардан ҳам, ба замми тоза буданаш, боз паёмрасони муҳаббат ҳам ҳаст, ки ба маҳбуба нисбат мегирад. Дар шеъри “Ошиқат будаму ишқам дар дил” (с. 1986) мехонем:
Кокулони ту ба дастам н-омад,
Монд чун мисраи нобофтае [3, 681].
Кокули нобофтаи шеъри аввал, ки сабза ба он ташбеҳ шуда буд, баъди бист сол дар шеъри ошиқона ба такрор меояд, ки далели дар умқи дил ҷой шудани он аст, яъне шоир дар ҳама ҳолат, ки аз зодгоҳу ватани аҷдодӣ суҳбат мекунад, окандаи меҳру муҳаббат мешавад ва он нохудогоҳ дар интихоби ашёву зимни тасвир қарор мегирад. Ин ҳамон ҳолатест, ки дар шеъри ғиноӣ умуман, ва дар шеъри ғиноии тавсифиву тасвирӣ мушаххасан, муфради шеър ҳузур надошта бошад ҳам, кайфияти ӯ аз ашё ва муҳити тасвир баралоина эҳсос мешавад, ки дар ин бора муҳаққиқи ашъори ғиноӣ Л. Гинзбург чунин менависад: “Муфради ғиноӣ метавонад дар зимни манзара, шайъ, дигар шахсон, лаҳза, гуфтугӯ, саҳна, андеша, ки бо қисми хусусии зиндагӣ пайвастааст, пинҳон бошад. Муаллиф ҳузур дорад, вале ӯ ҳамчун муносибати ғиноӣ ба ашё ҳузур дорад” [1, 54]. Дар аксари ашъори ғиноии тавсифиву тавирии Лоиқ ҳам ашё ва муҳити тасвир бо кайфият ва муносибати муфради ғиноӣ фаро гирифта шудааст, махсусан ашъоре, ки дар онҳо деҳу кӯҳистон, ватан ва ватани аҷдодӣ мавриди тасвир қарор гирифта бошад. Ин далели он аст, ки агар истеъдод ғиноист, сифати ғиноӣ, дар ҳама ҳолат, ҳам дар ҳоли тасвири субъективӣ ва ҳам дар ҳоли тасвири объективӣ зуҳур хоҳад кард, танҳо бо фарқияти дараҷа ва тарзи зуҳур.
Шеъри тавсифиву тасвирии “Баҳори кӯҳистон”, ки мавриди баррасист, аз даҳ банди чаҳормисраӣ иборат буда, қариб ҳар банд аз саноеъи бадеъ, аз ҷумла, ташхис, ташбеҳу истиораҳои тозаву дилчасп баҳра бардоштааст:
Даштҳо ҷомаи атлас пӯшанд,
Духтарон махзани дил боз кунанд.
Остин барзада то соидгоҳ
Паи сӯзондани мо ноз кунанд [3, 41].
Ҳамчунонки мебинем, дар ин мисраъҳо тарҳи баҳори кӯҳистон бо тарҳи чеҳраи зебои духтарони он ба ҳам меомезад, ба он маъно, ки аз тарҳи баҳори кӯҳистон тарҳи чеҳраи зебои духтарон ва аз тарҳи чеҳраи духтарон тарҳи баҳори кӯҳистон дида мешавад, ки онҳо ҳамдигарро пурраву комилтар менамоянду ифшогари муҳаббати шоир ба ҳар ду ҳастанд. Ин далели он аст, ки табиат яке аз намудҳои зуҳури ватан дар шеъри Лоиқ мебошад.
Лоиқ дар шеъри қарни бисти тоҷик шоирест, ки шояд дар сурудани ашъори ғиноии тавсифию тасвирӣ ба мақоми аввал соҳиб бошад, зеро табиат на фақат дар ашъори сирф манзаранигорӣ, балки дар саросари ашъораш бо ҷилваҳои гуногун зоҳир мешавад ва ҳама ҷо гарми меҳру муҳаббат ва саршори эҳсосоти одамист. Аз ҷумла, банди ҳаштуми ҳамин шеъри зери назар чунин аст:
Ағбаву рахнаю водию дара
Чун арӯсе, ки ба сур омодаст,
Пойандоз ба раҳ густурда,
Мунтазир бар қадами домод аст [3, 41].
Мабҳасҳое, ки дар ин ҷо зикр шудаанд – ағба, водӣ, дара агар дар мисраъҳои баъдӣ ба эҳсосоти гарми шоир фаро гирифта, ба арӯси мунтазири домод шабоҳат дода намешуданд (тасаввур шавад, ки дар ин лаҳзаи интизор чӣ қадар иштиёқу изтироб аст, ҳиссиётмандии мисраъҳо як бар чанд меафзояд), танҳо ҳамчун мабҳасҳо боқӣ мемонданд, вале онҳоро чашмони ошиқи ватан бо муҳаббати гарм ҳамсони арӯс зиндаву ҷондору сурхоҳ диду моли шеър гардонид. Ба назар чунин мерасад, ки шеър бо ҳамин тасвири зебо хотима меёфт, беҳтар буд, зеро ду банди охир, ки бештар ҳарфиву хитобист, ба шеър чизе наафзуда, баръакс онро нисбат ба худи шеър, ки пурбору нозукадост, як андоза ҷамъбасти содагароёна мекунад, ки аз он бӯи шиорзаниҳои солҳои шаст ба димоғ меояд.
Шеъри “Баҳори кӯҳистон” манзараи як деҳи кӯҳистонро дар баҳорон бо рангомезиҳои диловезу шодиву сурури самимонааш пеши назар меовард, ки шеъри ғиноии тасвирию тавсифӣ буд ва ҳоло ба шеъри дигаре “Деҳи кӯчида” (с. 1975) рӯй меорем, ки тақрибан баъди даҳ соли он эҷод шуда, аз ҳамон навъи шеър аст, вале саршори эҳсосоти тамоман мутазод – ғаму андӯҳ мебошад. Ҳар дуи ин шеър дар як вазн фоилотун фаилотун фаилун ё фаилон ва ба як шакли қофиябандии чаҳорпора, ки мисраъҳои дувуму чаҳорум қофия баста мешавад, гуфта шудааст, аммо мундариҷаи таассуроте, ки мерасонад, комилан мухолифи ҳамдигар аст. Дар таърихи қарни бисти тоҷик чанд дафъа кӯчонидани мардуми кӯҳистон ба водиҳо ҷой дошт, ки амри зарурат буд ва ин ҳодиса новобаста аз меъёри суду зиёни он дар дили эҷодкор эҳсосоти мухталифро бедор мекунад, ки ҳар гунае бошад, хоҳ шоду сурурангез ва хоҳ яъсу ғамомез, дар заминаи воқеъият зуҳур кардааст. Эҳсосоте, ки дар ин шеър ифода шудааст, низ ҳамин гуна аст, ҳатто дар он кӯшида шудааст, ки ҳар ду навъи он – ҳам ғаму ғусса ва ҳам шодию сурур ба ҳам биёянд, зеро сиёсати замон ҳаминро талаб дошт ва шоир ҳам худогоҳ ва ё нохудогоҳ тақозои сонсурро, ки дар замири ҳар эҷодкор нишаста буд, ба ҷо овардааст, аммо моҳияти асари бадеъӣ, ки ҳатман дар мувозӣ нишон додани ғаму шодӣ нест, қисмати дуюмро матруд менамояд. Шеър аз ҳашт банд иборат асту чунин оғоз мешавад:
Бодхӯрда сари ҳар деворе,
Бомҳо рехтаву чӯкида.
Тарҳи деҳ гарчи ба ҷо монда, вале
Зиндагӣ ҷои дигар кӯчида [3, 63].
Ин шеър саропо тасвирӣ буда, дар он манзараи деҳи кӯчидаи кӯҳистон бисёр дақиқ бо девори бодхӯрдаву бомҳои рехтаву чӯкида, сандаливу оташдон, хурмаи равғану кадуи дар ҳаччаи шохаш хеле воқеъбинона нигориш шудааст, ки хусусияти замонӣ, миллӣ ва ҷуғрофии маҳалро низ ифода менамояд. Фикр ва эҳсосоти ҷамъбасткунандаи шоир баён карда намешавад ва дар назари аввал чунин мерасад, ки ӯ гӯё танҳо бо нишон додани ин манзара иктифо мекунаду таассуроти худро баён намесозад, аммо он аз интихоби ашё ва манзарасозӣ дарк мегардад. Банди аввал тасвири воқеъӣ ва бетарафона аст, ки ҳарчанд сахт ғамангез нест, аммо шоду суруровар ҳам нест. Вале шоир аз банди дувум гурезе мекунад ва ба тавсифи водие, ки “зиндагӣ рахт бар он” бастааст, мепардозад, ки он ду бандро фаро мегирад. Дар ин ду банд аз аз водии бопаҳнову шаҳри озодону аз байн рафтани ҷанҷолҳо дар сари об, ки дар деҳи кӯҳистон ҷой дошт, сухан меравад, яъне ҳиссиёти шодонаву қаноатмандӣ ифода мешавад, ки ҳузни банди аввалро камтаъсир созад, яъне сонсури дохили шоир ба кор медарояд, аммо ба мантиқи инкишофи ҳиссиёти аввала, ки ба ҳар ҳол ҳузн дошт, мухолифат мекунад. Бинобар бо сарфи назар кардани банди дуввуму саввум ин шеър аз беҳтарин шеърҳое мешавад, ки дар бораи ин воқеъият гуфта шуда, мантиқи ривоҷ ва шиддат гирифтани ҳиссиёт ҳам бехалал мегардад. Барои оҳанги мусбат додан ба амали кӯч бастани мардум ҳамин як мисраъ, ки дар банди ҳафтум аз даҳони кадуи ҳаччаи шох бурун меояд, кофист.
Хурмаи равғанӣ пурхок шуда,
Як каду ғамзада дар ҳаччаи шох.
Даҳани тангу тиҳияш гӯяд:
Одамирост чӣ хуш ризқи фарох... [3, 63]
Саропои ин шеър аз мушоҳидаи манзараи деҳи кӯчида ба ҳам меояд, ки гӯё бе дахолат ва баёни таассуроти шоир сурат мегирад, яъне дақиқан объективӣ – бетарафона аст. Шаклан ҳамин тавр аст, аммо моҳиятан ин тавр нест, зеро дар тасвири ҷузъиёт ва ё ашёе, ки дар деҳи кӯчида боқӣ мондааст, сифатҳое истифода мешаванд, ки ҳиссиёти ботинии шоирро ифода мекунанд. Масалан, ташбеҳ шудани лолахасак ба вопасин шуълаи оташ дар кӯҳистон, ки ҳарфи “вопасин” бечуну чаро ифодаи ғамгинист, беравуо кӯр шудани роҳҳо, набудани чашми чоре ба раҳи ёре, ба ҳасрат нолидани чордевор, ки саре дар буни деворе нест, ҳотаи бекас, хурмаи равғании пурхок, кадуи ғамзада - ин ҳама окандаи ҳузну таассуфанд, махсусан каду, ки худ намоди беҳиссию бефаҳмист, агар он ҳам ғамзада бошад, пас чӣ ҷои сухан аз инсон аст. Банди мақтаи шеър бо тасвири тозаву тар, ки токро ташхис карда, аз бекасиву тарс бар шохи чинор часпидааст ва чашмаро ҳам шахсият бахшида, аз ғами танҳоӣ гирякунон хушкидааст, мегӯяд, дар ифодаи ҳузн, ки дар бораи сухан нагуфта, онро ифода кунад, дар ҳадди камол аст.
Ток аз бекасӣ(?) бар шохи чинор
Гӯӣ(?) тарсидаву дарпечида.
Чашмаи деҳ зи ғами танҳоӣ
Рӯзу шаб гирякунон хушкида... [3, 63]
Як силсила ашъори дигари ғиноии тасвирию тавсифии Лоиқ, аз ҷумла “Варзоб. Шаби маҳтоб” (с. 1975), “Димоғи хеш тар карда ба барфу тармаи Анзоб” (с. 1977), “Ин кӯҳ чу шоири хаёлӣ” (с. 1977), “Суруди мавҷдори рӯди Варзоб” (с. 1979), “Он шом зи пушти боғи кӯҳӣ” (с. 1982), “Само буғзе ба дил дорад, ҳаво абрист, меборад” (с. 1986), “Аз ситеғи қуллаҳо зардӣ парид” (с. 1988), ки манзараҳои гуногуни табиатро нигориш карда, баъзе бо ҳузури муфради шеър ва баъзе бо ғайбати он сурат гирифтаанд, аз беҳтарин шеърҳои тавсифиву тасвирии нимаи дуюми қарни бисти тоҷик ба шумор мераванд. Онҳо далели равшани дар маҳорату тасвир як зина баландтар рафтани шеъри муосири тоҷик мебошанд.
Ҳамчунонки қайд шуда буд, тасвири пора-пораи табиат ва ё ба сифати намо омадани он дар анвои дигари шеъри Лоиқ фаровон мавҷуд аст, ки ба гӯшаҳои гуногуни табиати кишвар мутааллиқанд, аммо бо вуҷуди ин, чунин ба назар мерасад, ки тасвири табиати дараи Варзоб бар тамоми онҳо бартарӣ дорад. Ҳоло ба зикру баррасии ҳамаи онҳо машғул нашуда, зеро ин кор ба зиммаи ин боби рисола ҳам нест, танҳо се шеър, ки саропо аз тавсифу тасвири манзараҳои Варзоб иборат аст, “Варзоб. Шаби маҳтоб”, “Димоғи хеш тар карда ба барфу тармаи Анзоб”, “Суруди мавҷдори рӯди Варзоб”- ро ном мебарем, ки дар онҳо, махсусан дар “Варзоб. Шаби маҳтоб” маҳорати қалами тасвиргарии Лоиқ ба хубии хубӣ рух намудааст.
Рӯд чун хотири болидаи Варзобдара,
Моҳ чун қоши тилоист ба пешонаи кӯҳ [3, 65].
Ин шеъри зебо аз панҷ банд иборат аст, ки дар се банди аввали он тарҳҳои тоза ба тоза ба тасвири шаби Варзоб афзуда шуда, ду банди охир бештар таассуроти шоирро аз ин шаби дилпазир боз мегӯяд ва хотимаи шеър хулосаеро ба мо илқо мекунад, ки оғӯши шаби Варзоб маҳалли оғӯши муҳаббат аст ва ин яке аз оҳангҳои асосии эҷодиёти Лоиқ аст, ки табиату муҳаббат ҳамеша бо ҳам меоянд, ишқ дар оғӯши табиат асту табиат дар оғӯши ишқ. Рози табиӣ будани тасвири ишқ, бо тамоми зуҳуроти гуногунаш ва ошиқона гарму ҷондор будани тасвири табиат, ки яке аз сифатҳои баргузидаи ашъори Лоиқ мебошад, бештар дар ҳамин зоҳир мешавад.
Мавзӯи шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ бо нигориши манзараи табиат, андому сурати инсон ва ё шайъу мавҷудоти дигар маҳдуд намонда, вобаста ба ривоҷу равнақи ҳаёти иҷтимоӣ ва баландрафти сатҳу хусусияти зиндагӣ фарохтар мешавад. Тоҷикистон то нимаҳои қарни бист асосан кишвари кишоварзӣ буд ва азбаски кишоварзӣ бо замину деҳ иртибот дорад, зиндагии мардум ҳам хусусияти деҳотӣ дошт, ҳарчанд дар гузашта мардуми ин сарзамин шаҳрнишини қадимӣ буданд ва суннати шаҳрнишинӣ доштанду шаҳрҳояшон, ҳамчун Бухорову Самарқанду Хуҷанду Панҷакату Кӯлоб аз шаҳрҳои бостонии башарият маҳсуб мешуд. Вале бинобар беадолатиҳои сиёсӣ бисёре аз онҳо аз марзи имрӯзаи кишвари тоҷик берун монданд ва як қисми мардуми тоҷик акнун дар шаҳрҳои тозаэҷоди худ шуруъ ба зиндагии шаҳрӣ мекунад, ки дар қиёс бо зиндагии гузаштаи шаҳрнишиниаш ва имрӯзаи деҳотиаш камвусъату камсобиқа мебошад. Аз ин рӯ дар шеъраш, аз ҷумла дар шеъри Лоиқ ҳам, мақоми бештар пайдо кардани тасвири манзараи табиат ва деҳот як амри табиист. Вале бо кам-кам саноатӣ шудани кишвар теъдоди шаҳрҳо ва мардуми шаҳрнишин афзуда, зиндагии як қисми ҷомеъа хусусияти шаҳрнишинӣ касб мекунад. Бинобар он дар шеър на фақат хусусияти зиндагии шаҳрӣ, ки дар симо ва ҷаҳони ботинии шаҳрнишин инъикос мешавад, балки худи намои шаҳр ҳам ҳамчун мавзуи тасвир барои худ ҷой ҷудо мекунад. Аммо он дар баробари шеъри кишварҳое, ки мардумаш зиндагии шаҳрнишинии бособиқае доранд, масалан кишварҳои урупоӣ ва ҳатто Русия, ин навъ шеъри тоҷик, монанди худи зиндагии шаҳринишиниаш, ҳоло дар зинаи ибтидоист. Аз ин рӯ ашъоре, ки саропо аз тавсифу тасвири намои шаҳр иборат буда, дар зимни онҳо маънои шоиронае ҷой гирифта бошад, қариб вуҷуд надошта, дар аксари онҳое, ки сухан аз шаҳр меравад, ҷои асосиро баёни ҳиссиёту таассуроти шоир мегирад, ки оҳанги ситоиш ва ё накӯҳиш дорад.
Дар як гурӯҳ ашъори Лоиқ сухан аз шаҳрҳои бостонии тоҷик Самарқанду Бухоро меравад, масалан, “Рангҳо” (с. 1975), “Тиллои Бухоро” (с. 1989), “Дар Бухорою Самарқанд” (с.1989), аммо дар онҳо мавзуъ таърихӣ, иҷтимоӣ ва авзои имрӯзаи маънавию фарҳангӣ буда, тасвири намои шаҳр мавқеъ надорад. Дар онҳо баёни таассуроти шоир, аз мавзуъе, ки ба миён гузоштааст, мақоми муайянкунанда пайдо намудааст. Дар шеъри “Рангҳо” рангҳои гунагуни манору сардара, гунбазу кунгураҳои Самарқанд тавсиф гашта, сабаби ҷовидонию дурахшонии онҳо чунон шарҳ дода мешавад, ки онҳо аз “иттиҳоди хуну ашки халқҳои Осиё” таркиб ёфта, “ё румузи гарданафрозӣ”, “ё фаввораи ашк” [3, 64]-анду хунанд. Шеъри “Дар Самарқанду Бухоро” таассуроти таассуфомези шоирро аз қисмати ин ду шаҳри тоҷикӣ, ки онҳоро зӯран аз решаҳои таърихиашон барканда, тадриҷан аз забону фарҳанг ва маънавияташон маҳрум сохта, миллияти онҳоро барбод медиҳанд, доманадор баён намуда, аз ҷумла мегӯяд:
Ду абаршаҳри Аҷам зери табар шуд,
Ду қадамгоҳи бузургон доми дам шуд.
Баъди аз он гарданфарозиҳои фарҳангиву сарҳангӣ
Гардани тоҷик хам шуд [3, 126].
Тақдири ин шаҳрҳои бостонии тоҷик, ки бар асари табартақсими шӯравӣ аз марзу буми кишвари худ ҷудо карда, ба дасти кишвари дигар дода шуд, фоҷиабор сурат гирифт, ки дар шеъри бисёр шоирони тоҷик мавриди баёни андешаҳои пурсӯзу гудоз ва норизоӣ аз сиёсати собиқ давлати шӯравӣ гаштааст. Бинобар он дар шеъри муосири тоҷик ҳар ҷо, ки аз ин ду шаҳр ва шаҳрҳои дигаре, ки аз зодкишвари худ берун мондаанд, сухан меравад, оканда аз таассуроти фоҷиавии қисмати онҳост ва ин ҳолат барои тасвири намои онҳо камтар имкон дода, суханро ба ҷиҳати ифодаи ҳаёти ботинӣ ва дарду ғами онҳо мекашонад.
Як силсила ашъори Лоиқ, аз ҷумла “Душанбе” (с. 1973), “Шукронае барои Душанбе” (с. 1974), “Пойтахти бахти ман” (с. 1982), “Фардои Душанбе” (с. 1986) ба ситоиши шаҳри Душанбе, пойтахти наву ҷавони тоҷикон бахшида шудааст, ки дар онҳо ҳам изҳори ҳиссиёту таассуроти пурмуҳаббат ва самимонаи шоир бар тасвир афзалият дошта, ҷузъиёти намои шаҳр ҷо-ҷо зикр ва ё ба тарзи тарҳ мунъакис мешавад. Баъзан дар ҳамин гуна ашъор ҳам шоир ба ёди ҳасратомези шаҳрҳои бостонии худ Самарқанду Бухоро меафтад, ки масалан, дар шеъри “Душанбе” ба он руҷуъ карда чунин мегӯяд:
Туро бетахту маснад офариданд,
Ки бошӣ пойтахти Тоҷикистон.
Агарчанде замоне дошт тоҷик
Ба номе пойтахти илму ирфон [3, 51].
Дар баъзе мисраъҳои ин шеър зикри ҷузъиёти намои шаҳр, ба монанди “Чароғистон шудӣ аз меҳри дилҳо...// Туро дар рӯзи ид озин бубастанд // Ба парчамҳои сурхи инқилобӣ...// Зи балкон духтарони рӯкушодат // Чу маҷнунбедҳо кокул фишонанд” [3, 51-52] зикр ё тасвир карда шаванд ҳам, ба иллати камии худ ба дараҷаи баёни бевоситаи таассурот, ки ин шеър дорад, намерасанд, ҳол он ки шеър бештар ин тарзи баёни ҳиссиёту таассуротро тақозо менамояд. Аз ин шеърҳо “Фардои Душанбе” (хурдаҳои нимҷиддиву нимшӯхӣ) зикри ҷузъиёти шаҳрро бештар дорад, ки онҳо ҳам танҳо дар сатҳи зикр ҳастанду ба дараҷаи тасвиру тавсиф инкишоф дода нашудаанд, ки мисолашон дар ин мисраъҳо дида мешавад: “Набошад дуди ин симонзаводаш... // Ба шарте қасрҳои шарқӣ(?) созанд // Ба ҷои ин катакҳои битонӣ... // Агар аз офтоби майнасӯзаш // Зи беобӣ ҳама гулҳо нахушканд... // Вале дар барфу борон кӯчаҳояш // Намояд дар назар тӯфони Нӯҳам” [3, 72-73]. Албатта, муроди шоирро аз ин шеърҳо дар назар бояд дошт, ки тасвири на намои шаҳр, балки изҳори муҳаббат будааст, аммо ин ҳам ҳақиқат аст, ки агар ин изҳори муҳаббат ва зикри ҷузъиёти намои шаҳр дар пирояи тасвиру тавсиф сурат мегирифт, шеър на танҳо баёниву ҳарфӣ, балки муассиру тасвиргарона гашта, арзиши бадеияш ба маротиб боло мерафт.
Аскар Ҳаким
Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АИ ҶТ
Пайнавишт:
Библиография: