Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Устод Аскар Ҳаким аз зумраи суханварон ва суханшиносонест, ки ибтидои солҳои ҳафтодум бо назари тоза, нигоҳи дигар, бо қалами навсозу навпардоз ба арсаи адабиёт ворид гардид. Мусаллам аст, ки охирҳои солҳои шастум ва ибтидои солҳои ҳафтодуми асри гузашта адабиёт ба марҳилаҳои нави адабӣ ворид шуд ва ба қавле «адабиёти андеша», ки зимнан маънипардозиву мазмунофариро таҷассум мекард, рӯи кор омад. Суханварони ин давраро мебоист бо назардошти анъанаи дерини адабиёт, ки дар ашъори устод Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Муҳиддин Аминзода ва чандеи дигар инъикос меёфт, ҷодаеро интихоб намоянд, ки он такрори пешин набошад. Гузашта аз ин, густариши адабиёт худ тақозо мекард, ки дар назми тоҷик таҳаввулоте рух диҳад, то он ҳамқадами адабиёти гуногунзабони халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гардад. Аз ин ҷост, ки як гурӯҳ шоирони навпардоз чун Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Саидалӣ Маъмур, Гулназар, Ашӯр Сафар, Ғ оиб Сафарзода ва чандеи дигар дар ин солҳо бо чакидаҳои хомаи хеш рӯҳи тоза ба равони шеъри тоҷик бахшиданд.
Аскар Ҳаким низ ба ин таҳаввулоти бесобиқаи адабиёт бо кӯлвори донишу малака, андешаву афкори бедор ворид шуд ва аз ибтидо ҳамчун суханвари беназир ва беҳамто худро муаррифӣ кард. Дар муқоиса бо ҳамсафону ҳаммаслаконаш Аскар Ҳаким худро аз эҷоди шеърҳои ошиқона барканор гирифт ва бештар дар иншои ашъори иҷтимоӣ, ки ҷавҳари онро хираду маънӣ ташкил мекард, рӯй овард. Ба қавли суханшиносони ӯзбек Раҳим Муқимов: «Қудрати шеъри ӯ дар он аст, ки ба шеъри дигарон монанд нест, ҳарчанд онҳо ҳамнасл ҳастанд»(1, 678). Аскар Ҳаким он ҷодаеро, ки дар оғ оз интихоб намуд, то имрӯз идома мебахшад ва шеъри ӯ ифодагари бузургӣ, беназирӣ ва баландпоягии шеъри тоҷикро ифода менамояд.
Ашъори пурғ ановати шоир то имрӯз дар китобҳои «Раҳнавард» (Ирфон 1983)... то «Замини сабзи боварҳо (Адиб, 2012) чоп шудааст.
Аввалин китоби шоир «Раҳнавард», ки сухани мо дар бораи шеърҳои ин маҷмӯа аст, соли 1983 вақте нашр шуд, ки ба аҳли адаб маълум буд, ба адабиёт суханваре қадам мегузорад, ки ба шеър на аз рӯи ҳавову ҳавас, балки ҷиддӣ ҳамчун донандаи набзи шеъри дирӯзу имрӯз, рӯй овардааст. Зеро то нашри ин маҷмӯа ду китоби тадқиқотии Аскар Ҳаким яке - «Шеър ва замон» (нашриёти Ирфон, 1978), дигаре «Дар қаламрави сухан» (Ирфон, 1982) нашр шуда буд, ки аз заковати баланди маънишиносӣ ва малакаи хуби ӯ дар таҳлилу баррасии сухан дарак медод. Яъне ба иборати дигар, суханваре худро ба дунёи шеър муаррифӣ мекард, ки аллакай чун суханшинос эътироф гардида буд.
Махсусан китоби «Дар қаламрави сухан» дорои мақолаҳои пурмуҳтавои муаллиф дар бораи шеъри суханварони номвар Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Аминҷон Шукӯҳӣ, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир мебошад, ки аз назари амиқ ва ковишҳои муҳаққиқонаи Аскар Ҳаким дарак медиҳад. Пас нафаре, ки зеру бами шеърро медонад, хубу бади суханро тамйиз мекунад, бо шоирони сухан баҳсҳо барпо мекунад, оё нисбати шеъри худаш то кадом андоза серталаб хоҳад буд?
Инак, дар дасти мо китоби нахустини шоир «Раҳнавард». Номи китоб худ рамзист. Зеро шоир хешро раҳнаварди ҷодаи шеър медонад ва пайдост, ки ба ин роҳ бо ҳиммати баланд ва аҳдофи олӣ баромадааст. Раҳнавард медонад, ки роҳи баргузидаи ӯ роҳи осону ҳамвор нест, дар ин роҳ касе метавонад роҳ гузинад ва то ба манзили мурод бирасад, ки тӯшаи роҳаш ҳиммат, дониш ва ҳикмат бошад.
Аз аввалин шеърҳои ин маҷмӯа оҳанги иҷтимоиёт ба машом мерасад. Чунончи, яке аз шеърҳои аввалини шоир бо номи «Асри бист « чунон оғ оз меёбад:
Асри бист, эй асри пуртӯфони ман,
Бигзарӣ тунд аз фарози муштарӣ.
Ваҳ, мабодо дар шитоби хештан
Аз сари дунёву одам бигзарӣ (1, 17).
Дар ин шеър шоир асри бистро дар чанд сифат ёд мекунад ва онро тавзеҳ медиҳад. Агар дар порчаи шеърии боло асри бистро асри пуртӯфон гуфта бошад, дар давоми шеър ин аҳдро ба ифодаҳои «хоксори пурурур», «арсагоҳи хайру шарр», «асри пуршӯру ҷадал», «асри инсонро ба дӯш» ва «асри инқилобии ҷавон» ёд мекунад.
Муаллиф бо муроҷиат кардан ба асри бист мавқеи иҷтимоии хешро нисбати замон ифода кардааст. Шоир аз оғози ҷанги ҷаҳон хабар дораду аз инсоне ёд мекунад, ки дарди башарро дар дӯш дорад:
Асри бист,
Эй арсагоҳи хайру шар,
Нагзарӣ бебор аз роҳи замон.
Гар бигунҷад дар диле дарди башар.
Дарди як одам нагунҷад дар ҷаҳон (1, 17).
Шоир ба масъалаи Ватан ва ватандорӣ назари хос дорад. Аз назари шоир Ватан монанди модарест, ки дар канораш фарзандонашро парвариш медиҳаду муҳаббаташ ба ҳамаи онҳо яксон аст. Чунонки шоир дар шеъри «Мероси аҷдод» мегӯяд:
Парварад фарзандҳои некномашро Ватан,
Ҳамчу модар бо умеди давлати пояндааш.
Меҳри гарми модарияш мерасад то ҳафт пушт,
Бар ҳама фарзандҳои рафтаву ояндааш (1, 18).
Ва дар ҳамин шеър шоир худро фарзанди ин Ватан мехонад ва ба арсаи сухан қадам монданашро тавзеҳ медиҳад, ки он низ заминаи иҷтимоӣ дорад:
Солҳо чун ганҷҳои аз назар пинҳони ту,
Дар дили ман буд пинҳон ганҷи ашъору сухан.
Мекушоям баҳрат ин ганҷинаро имрӯз ман,
То туро аз ман шиносанду маро аз ту Ватан (1, 18).
Ё дар шеъри «Хоки Ватан» Аскар Ҳаким қадру манзалати Ватанро баланд мебардорад ва оне, ки бо ёди Ватан зиндагӣ дорад, ҳарчанд дар Ватан нест, ӯро бо Ватан мехонад. Ё дар идомаи андешааш баён медорад, ки барои инсон марги волидайн ё мурдани фарзанд кори осон ё бори сабук нест вале доғ и Ватан аз ин доғ ҳову дардҳо гаронтар аст:
Гарчи мерос аст марги волидайни меҳрубон,
Теғ и алмос аст моро мурдани фарзанди ҷон,
Ҳасрату доғ и Ватан садчанд аз ин бошад гарон.
Кас набинад дарду доғ у рӯзи ношоди Ватан (1, 18).
Шоир дар фароварди ин шеър чаҳор унсури ҳастии инсонро аз Ватан медонад:
Хоки одамро, ки шӯридаанд бо хоки Ватан,
То абад аз ӯ намегардад ҷудо хоки Ватан,
Пур шавад рӯзаш, кашад сӯяш варо хоки Ватан,
Баски ҳаст ӯ з-обу хоку оташу боди Ватан (1, 18).
«Шеъри Ватан», ки ба ёди устод Турсунзода эҷод шудааст низ аз муҳаббат ба Ватан сарчашма мегирад ва бо муҳаббати беандоза ба шоир поён меёбад:
Шод мебош, эй Ҳисори шодмон, дар рӯзгор
Бо ғ азалҳои равону чашмаҳои кӯҳсор.
Накҳати ашъори Турсунзода дорад шеъри мо,
Сарзамини Тоҷикистон мекунад бӯйи Ҳисор (1,23).
Дар китоби «Раҳнавард» шеърҳо дар мавзӯъҳои гуногун ва дар пояи мухталиф иншо шудаанд. Аз оғ ози эҷод то имрӯз шоир барои ифодаи матлаб унсурҳои мухталифи адабиро ба кор бурдааст. Чунончи тибқи масал андешаву афкори ҷолибу тозаро баён мекунад. Дар шеъри «Тирачашме бо чароғ » ҳадафи шоир бозгӯи маризи ҷомеа аст, ки зоҳирбину аз ботин бехабар, ё ба дигар маънӣ, инсони имрӯз маҷзуби олами зоҳир, зебоиву рангорангиҳои шигифтангез аз маърифати аслии хеш бехабар аст:
Тирачашме шабона раҳ мебурд,
Дошт фонуси равшане дар даст.
«Ту, ки зулмат зи нур нашносӣ,
Аз чароғ и раҳат чӣ суде ҳаст?»
«Ин чароғ ам барои кӯрон нест,
Кӯрҳо бечароғ раҳ бубаранд,
Ин чароғ ам барои биноҳост,
Ки дар ин шаб ба кӯр барнахӯранд.»
Асри ман, асри нуру оташхез,
Шабу рӯзат агарчи нурафзост,
Чашми равшаншинос бисёр аст,
Дили равшанқиёс кампайдост(1, 35).
Дар ағлаби ашъори Аскар Ҳаким фалсафаи зиндагӣ мақоми меҳварӣ дорад. Шоир ба шеър перояи фалсафӣ мепӯшонад ё худ фалсафа – ҳикмати деринаи зиндагиро дар қолаби шеър баён мекунад. Чунончи, дар шеъри «Аз тазоди зиндагӣ» ин ҳолат баралло эҳсос мешавад:
Аз тазоди зиндагию одамӣ ҳайрон машав,
К-одамӣ як рӯй дорад, зиндагӣ садрӯ бувад.
Одами якрӯяро сахт аст гаҳ якрӯягӣ,
Зиндагӣ садрӯя асту довари некӯ бувад (1,37).
Дар тарҳрезии ин гуна ашъори муассир шоир аз ифодаҳои ғ арибу ҷолиб истифода мебарад, ки он ба шеър рӯҳи дигар ато мекунад. Чунончи, истифодаи «ақли мухтасар» дар шеъри боло зикршуда:
Зумрае аз худпарастию зи ақли мухтасар
Ноз бар гардун кунад, гарчи бувад хоки замин.
Гар бувад болонишиниҳо ба меъёри ҳунар,
Эй басо болонишине мешавад поённишин (1, 37).
Тору пуди шеъри Аскар Ҳаким ҳикмат аст ва ин яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи шеъри ӯ аз суханварони дигар мебошад. Шеъри шоир инсонро ба некиву некӯкорӣ ҳидоят менамояд. Шоир рисолати инсониро дар зиндагӣ муайян мекунад. Ӯ мегӯяд, ки одам барои худаш зиндагӣ намекунад. Ба тариқи намуна аз амали барзгару деҳқонони одӣ то Ҳомеру Фирдавсӣ, Носири Хусраву Ҳилолӣ ёд меорад:
Заминро барзгар танҳо барои худ намекорад,
Барои хештан танҳо намеафшонад ӯ дона.
Агарчи чоши гандум ҳосили ранҷу азоби ӯст,
Дар он бошад вале нону насиби хешу бегона....
Ҳазорон сол пеш аз ман дили Ҳомер дар Юнон,
Даруни синааш танҳо барои хештан мезад?
Магар он рӯз Фирдавсӣ халоси хештан меҷуст,
Ки бо гурзи Фаридунаш ба фарқи Аҳриман мезад? (1, 41)
Ва ниҳоят матлаби хешро бад-ин тариқ ҷамъбаст мекунад:
Чу бо оби ҷабини хеш мекорам замини хеш,
Ба дунё ҳар чӣ дорам ман, аз ин оби ҷабин дорам.
Агар аз киштаҳои худ ба кас нон метавонам дод,
Бақои ҷовидоне дар Замону дар Замин дорам (1, 42).
Аскар Ҳаким зимни ашъораш ба инсоне, ки бояд рисолаташ некӣ кардан бошад, ҳарфи ибрат мегӯяд. Чунончи дар китоби «Раҳнавард» шеъре ҳаст бо номи «Тутзори Азим», ки як нафар бо номи Азим-девона аз худ боғ еро ба ояндагон боқӣ гузоштааст. Сухан дар бораи як нафаре меравад, ки дар зиндагӣ ӯро девона мегуфтанд ва зоҳиран дар зиндагӣ ба касе нафъе нарасонида буд:
Дар ин деҳ лоғару танҳову бекас
Ҷавонмарде, Азими бенаво буд,
Зи бас савдои дунёе набудаш,
Ба чашми халқ савдоинамо буд (1, 44).
Вале ин девона бо вуҷуди ғ арибӣ аз худ боғ еро боқӣ мондааст, ки барои ояндагон ҳадяи арзандаест:
Ба ҷӯйи ҷони ӯ намро надидӣ,
Ғариби бенавое буду рухзард,
Ниҳоли тутро парварда дар санг,
Дарахти ҷони худро сабз мекард.
Хумори ишқу савдо мегирифташ,
Ниҳоли сабзро оғ ӯш мекард,
Даме аз ларзаҳои шохаву барг.
Тапиданҳои дилро гӯш мекард.
Муқимӣ буд ё омад, чӣ фарқест,
Магар аз гӯшт нохун метавон канд.
Ба умре кард худро андар ин хок
Ба мисли тутҳояш решапайванд (1, 44).
Шоир ниҳоят шеърҳояшро зебо ҷамъбаст мекунад ва он ишора ба инсони ҳушёре, ки бо вуҷуди соҳибақл будан кори як девонаро адо накардааст:
Ба он бегона ҳасрат мебарам ман,
Зиҳӣ ин сон ғ арибӣ, эй Ватандор!
«Вафо аз одами девона хезад»,
Зиҳӣ девонагӣ, эй марди ҳушёр! (1, 44)
Ҳамин ҳикмат, ҳамин панд ба тариқи дигар дар шеъри «Уқоб» баён шудааст. Шоир аз забони уқоб сухан мекунад вале хонанда ба осонӣ пай мебарад, ки ӯ ҳарфи дилашро баён мекунад:
Мекушоям болҳои хешро,
Давр дар чархи мудаввар мезанам.
Чун манам аз доначинӣ бениёз
Дар фарози осмон пар мезанам.
То замоне зиндаам, чархи кабуд
Мефазояд ҷони болафшони ман.
Гарчи рӯзе мехӯрад бар санги кӯҳ
Осмон дар шишаи чашмони ман (1, 57).
Ҳамин тариқ, шеъри Аскар Ҳаким аксаран дар пояи андеша ва хирад созмон ёфта, хонандаро ба тафаккур водор мекунад. Маҳз ҳамин хусусияти шеъри шоир рисолати аслии ӯро дар адабиёти муосир муайян ва муқаррар кардааст. Муҳиммтар аз ҳама, завқи баланди суханшиносиву сухандонии Аскар Ҳаким ба ӯ имкон додааст, ки дар ҷодаи адабиёт роҳи худашро дарёбад ва ин дарёфти роҳ ба шоир осон даст надодааст. Имрӯз дар радифи бузургтарин шоирони муосир чеҳраи адабии Аскар Ҳаким равшан ба назар мерасад ва бо гузашти солҳо он мақому манзалате, ки сухани шоир дорад, худро дифоъ хоҳад кард.
Саидумрон Саидов
номзади илмҳои филологӣ
Пайнавишт: