Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Тоҷикистон, обу хокам обу хоки поки туст,
Ту маро ҳам ҷои ҷон, ҳам ҷои дил, ҳам ҷои чашм.
Ман қадам чун мениҳам, дар зери поям хоки туст,
Гарди хокатро табаррук мениҳам болои чашм.
Ин сатрҳои равону самимӣ аз шеъри шашгонаи шоир Аскар Ҳаким «Тоҷикистон» аст, ки китоби тозаи ӯ «Тарозуи офтоб» (Душанбе, «Ирфон», 1987) аз он ибтидо ёфтааст. Шеъри Аскар Ҳаким овози гражданӣ, рӯҳи пуб- лисистӣ ва эҳсоси гарму ҷӯшони лирикӣ дорад. Вақте ки кас баъзе асарҳои ӯро бо усули муқоиса аз назари мутолиа мегузаронад, равшан мегардад, ки шоир аз як шеър то маҷмӯаи дигар пеш мераваду рушду камол меёбад. Аскар Ҳаким дар роҳи ифодаи андешаҳои гражданӣ, санъати сухан, воситаҳои гуногуни тасвири бадеӣ – ташбеҳ, тавсиф, маҷоз, истиора, тазоду муқобила, ташхис ва амсоли инҳоро моҳирона ба кор мебарад, ба бозёфтҳои тозаи шои- рона муваффақ мегардад... Дар китоби «Тарозуи офтоб» шоир Ватанро бо образҳои нав ситоиш мекунад. Шеърҳои «Тоҷикистон», «Шохоб», «Номбардори Ватан» ва дигарҳо дар бораи мундариҷаи гражданӣ ва шаклҳои рангоранги таълифоти Аскар Ҳаким шаҳодат медиҳанд. Шоир ба мавзӯи Ватан вусъат мебахшад, умумигӯӣ накарда, фикру мулоҳизаҳояшро ба воситаи манзара ва образҳои конкрет ифода месозад ваҳдати халалнопазири ёру диёрро васф менамояд, мазмуни башардӯстӣ ва рӯҳи интернатсионалии шеърро баланд мебардорад. Чунончи, шоир сарбози тоҷикро, ки дар ҳифзи Ватан қаҳрамонона ҳалок шуда, дар як қабристони деҳаи кӯчаки рус оромгоҳи худро ёфтааст, «Номбардори Ватан» меномад, мазори хоксоронаи ӯро чун баландиҳои кӯҳсори кишвари хеш ситоиш мекунад:
Бидидам дар бари он пуштаи сабз,
Ватанро, номбардори Ватанро.
Ба зери он мазори хоксоре
Баландиҳои куҳсори Ватанро.
Як хусусияти ҷолиби таваҷҷуҳи шеърҳои Аскар Ҳаким ин аст, ки ӯ аз мавзӯъҳои куҳан ҳам паҳлӯҳои нав пайдо мекунад... Шоир барои тасвири лавҳаҳои ҳаёт ва баёни матлаб каломи муҷаз, образҳои таъсирбахш ва реалӣ ба кор мебарад. Ӯ соли қаҳтиро чунин тасвир мекунад, ки як манзараи томро пеши назар меоварад:
Набориду нарӯиду насабзид,
Замин чун синаи хушкидае буд.
Агар ки дар замин як қатра афтод,
Ҳамон як қатра оби дидае буд.
Як иддаи муҳимм таълифоти Аскар Ҳакимро шеърҳои ахлоқӣ фароҳам овардаанд. Ин шеърҳои ӯ хулосаҳои ҳикматомӯзро дарбар гирифтаанд, ки на танҳо бо анъанаҳои панду ахлоқии назми форс-тоҷик робитаи қавӣ доранд, балки ба масъалаҳои рӯзгори кунунӣ, ба муносибати тарафайни аъзоёни ҷамъияти мо низ бевосита дахолат мекунанд.
Китоби «Тарозуи офтоб», дар қатори ашъори граждании шоир, намунаҳои лирикаи ишқии ӯро низ дарбар гирифтааст. Сурудаҳои ишқии Аскар Ҳаким, аз як ҷониб, аз ҳиссу ҳаяҷони латиф ва гарму нарм саршор бошанд, аз тарафи дигар, минётурию манзаравианд.
Ин китоб «Достони Нону Имон»-ро низ дар бар мегирад ва он аз аввалин асари лироэпикии Аскар Ҳаким аст, ки бо порчаҳои лирикӣ зинат ёфта, ба мавзӯи хеле муҳимм ва мубрам бахшида шудааст. Достон сюжет ва банду басти анъанавӣ надорад. Вай як асари навоварона мебошад. Тамоми ёздаҳ боби онро нону имон ба ҳамдигар васл медиҳад. Ролу мақоми нон дар рӯзгори бани башар бо ҳикояту ривоят, манзараю лавҳа ва образҳои конкрет муайян мешавад. Достон, ки «Нону Имон» ном гирифтааст, шоир дар он ҳаёти моддӣ ва маънавии инсонро аз ҳамдигар ҷудо тасвир намекунад, балки робитаи диалектикии онҳоро нишон медиҳад:
Нон набудаст аз азал танҳо ғизои одамӣ,
Нон чу имон будаасту ҷонфизои одамӣ…
Дар достон «пайванди даврони навину бостон», яъне дирӯз ва имрӯз хеле равшан ифода ёфтааст. Шоир хоҳ аз гузаштаи таърихӣ, хоҳ аз солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хоҳ аз ҳаёти кунунӣ сухан ронад, диққату эътибори ӯро масъалаҳои муҳимми сиёсию иҷтимоӣ ва ахлоқии даврони мо ба худ мекашанд. Бинобар он, тамоми достон на танҳо мазмуни иҷтимоӣ ва андешаҳои фалсафӣ, балки пафоси публисистӣ низ касб кардааст.
Достон чи аз ҷиҳати мундариҷаи ғ оявӣ ва чи аз ҳайси шакли бадеӣ якрангу якнавохт нест. Воқеаҳо, манзараҳо, лавҳаҳо, тарзи баён вазну зарби он монанди лентаи кино тез-тез тағ йир мепазиранд. Масалан, боби якум («Сурфаи модар»), ки аз воқеаҳои солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғ оз ёфта, то айёми мо мерасад, қофияҳои андармиён дорад. Боби дуюм («Рӯзиофарин»), ки руҷӯи таърихист дар ситоиши марди деҳқон ва заҳмати ӯ, дар васфи меҳнат ва мавқеи он дар рушду камоли инсон суруда шуда, дар шакли маснавӣ (аа,бб…) анҷом пазируфтааст. Дар ин боб низ нақл ҳаст (баҳри гандум аз биҳишти афсонавӣ ронда шудани одам), аммо назар ба ҳикоят ҷанбаи лирикии он пурқувваттар аст.
Бузургдошти инсони заҳматкаш дар маркази асар қарор гирифтааст. Шоир дар тасвири он образҳои халқиро ба кор мебарад. Гоҳ ӯро «рӯзиофарин» , баъзан «мӯри донакаш», дар мавриде «ҷоннисор» меномад. Заҳмати модарро дар тарбияти фарзандон, урфу одат, анъанаю русуми наҷиби халқро дар шодии тавлиди кӯдак, корномаю қаҳрамонии писарони ватанро дар майдонҳои набарди зиддифашистӣ тасвир мекунад.
Қувваи қалами Аскар Ҳаким ва зуҳуроти тафаккури нави бадеии ӯ дар ҳамин аст, ки шоир дар тасвири воқеа ва баёни андешаҳои худ кӯшиш мекунад, аз ҷузъ ба кулл бирасад ва ба ҷамъбастҳои реалистии умумиинсонӣ муваффақ гардад. Зоҳиран, аз тамошои музеи гандум (дар Улм ном шаҳри РФГ) чӣ тавр ба ин ноил метавон шуд? Шоир дар мисоли намоиши навъҳои гуногуни гандум решапайвандии ақсои замин, вобастаи ҳамдигар будани тақдири таърихии халқҳои ҷаҳон, дар мисоли баҳсу мунозирае, ки дар байни хоини Ватан ва фарзанди ҳақиқии халқи советӣ рух додааст, масъалаҳои хиёнату ҷиноят ва садоқату саодатро муҳокима мекунад...
Яке аз бобҳои пур аз драматизм ва ҳаяҷонбахши достон, ки навҳаи модарро аз фоҷиаи қаҳрамононаи фарзанд ифода менамояд, «Талбаки талбидаам» ном дорад.
Образи Талбак тавассути навҳаи модар кушода мешавад. Дар он лавҳаҳои зиндагонӣ ва корномаи ин «ҷавонмарги ҷавонбахт» инъикос ёфтааст. Модараш зани озода, ҳаёти хушу хуррам ва осудае дошт. Аммо дар пеш драмаи сахт ба вуқӯъ меояд. Талбак, ки ҳамроҳи даравгарон дар шипанг менишаст, банохост огоҳ мегардад, ки гандумзори колхоз оташ гирифтааст. Талбак зуд ба майдон медавад ва дар набард бо алав «роҳбанди мавҷи оташ мешавад». Шоир нишон медиҳад, ки Талбак ба ивази ҷони худ нагзошт, ки доираи оташ вусъат ёбад. Вай бо фидокории хеш, ҷонфишонӣ ва мардонагӣ умри абадӣ пайдо кард.
Навҳаи модар аз панҷ банди калони манзум ва хотима иборат буда, ҳар банд бо муроҷиати дардолуд ва аламангези ӯ ба фарзанди шаҳид оғ оз меёбад.
Талбаки талбидаам, ҷон, Талбаки талбидаам,
Ин чӣ қисмат, ки туро дар коми оташ дидаам.
Порчаҳои достон зимнан дар асоси санъати тазоду муқобила бунёд ёфтаанд, ки ҳамдигарро пурратар карда, драматизми ҳаёт ва амалиёти қаҳрамонро дарбар мегиранд. Модари зор ва зани ҷавони ҳомиладорро ба назар нагирифта, худро ба коми оташ задани Талбак, дар ивази ҳаёти худ ҷӯрааш, Хушмуродро аз аҷали муаллақ халос кардан, «дар ҳамин даврони серию пурӣ… баҳри гандум… дар оташ сӯхтан» ва ғ айра тезию тундии мубориза ва сифатҳои олии инсонии қаҳрамони достонро падид меоранд. Ҳамаи хислатҳои наҷиби Талбак, ҳатто сабабҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маишии корномаи ӯ низ, аз номи модар баён шудаанд. Онҳо ибтидои худро аз педагогикаи халқӣ – анъана ва урфу одатҳои тарбиявии мардуми заҳматкаш гирифтаанд:
Худ магар н-омӯхтам аз кӯдакият қадри нон,
Қадри нонро, гуфтам, аз ҳар чиз авлотар бидон.
Гар бубинӣ резаи нон хор шуд дар зери по,
Зуд бардору бибӯсу молаш андар дидаҳо...
Албатта, шоир имкону василае ёфта, ҳолатҳои рӯҳии Талбакро дар вақти муборизааш бо оташ ва назъи ҷон нишон медод, чунонки вазъи психологии Фатҳулло Аҳмадовро дар поёни руҷӯи ӯ тасвир кардааст, бурди достон мешуд. Бо вуҷуди ин, боби мазкур муассиртарин фасли асар аст.
«Достони Нону Имон»-ро асосан асари ҳуҷҷатӣ метавон номид. На танҳо як қатор қаҳрамонони он чун Фатҳулло Аҳмадов, Талбак Лолаев, Таня Богданова ва ғ айра ашхоси таърихианд, балки бисёр бобҳои он дар заминаи асноди таърихӣ ва сарчашмаҳои адабӣ таълиф шудаанд. Материалҳои асосии бобҳои «Дар музеи гандум» ва «Тахтасанги гушнагӣ» аз ахбори «Курьери ЮНЕСКО» гирд омадаанд. Боби дигар – «Некӣ куну ба дарё андоз» дар заминаи ривояти халқӣ, ки онро классикҳои форс – тоҷик низ истифода кардаанд, таълиф шудааст. «Дар ҳисори гушнагӣ» ном боби достон аз ҳаёти фоҷеона вале қаҳрамононаи «се миллион зинда ва мурдаи Ленинград, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гушнагӣ ва муҳосираи нӯҳсадрӯзаро аз сар гузаронидаанд», ҳикоят мекунад. Худи муаллиф дар саҳифаҳои достон сарчашмаҳои онро ҳамеша таъкид менамояд. Аммо аснод ба сари худ мурғ и беболу пар аст. Тахайюлоти рангин, андешаҳои фалсафӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва ахлоқии шоир ба ҳуҷҷатҳо ҷон бахшидаанд.
Аз «Достони Нону Имон» пайдост, ки фикру андешаҳои Аскар Ҳаким дар бораи олам ва ҳастии одам пухтаю ҷиддӣ ва амиқ гардида, каломи ӯ қувваю қудрат вазну эътибор ва рангу бӯи тоза касб кардааст. Санъатҳои бадеии асари ӯ низ хубу марғ убанд. Дар сатрҳои зерин хамири расидаро ба замини расида монанд кардан, ташбеҳи зебою дилкашест:
Мерасад дар корсони ӯ хамир,
Чун замини кишт айёми баҳор.
Рӯи нонро ба сурхии офтоби ғурубкунанда мушобеҳ овардан низ ҷолиби таваҷҷуҳ аст:
Сурх гардад рӯи нонаш дар танӯр,
Чун рухи хуршед ҳангоми ғуруб.
Дар байти зерин қомати раъно ва чеҳраи зебои ҳамсари Талбак Лолаев санъаткорона тасвир шудааст:
Завҷаи уммедворат чун ниҳоли себ буд,
Шохи сабзи қоматаш навбору беосеб буд.
Дар достон баъзе калимаю ибораҳои сохта ба назар мерасанд. Масалан, ҷангисавор («Барзгар будам, шудам ҷангисавор») ба маънои ҷанговари савора; ҷуфти оҳан («Ҷуфти оҳан монд дар майдони кишт») ба маънои трактор ва ғ айра.
Баъзан шоир дар ашъори худ бо тақозои вазн калимаҳоро ихтисор кардааст, ки на ҳамеша маънои матлубро ифода менамоянд. Чунончи, ба ҷои замонасоз калимаи замонсозро овардааст:
Бо замонсозӣ насозӣ олами ҷовиди хеш,
Ҳар замонсозе шавад охир фаромӯши замон.
Шоир гоҳо ҳақиқати равшанро чун ҳикмат ба риштаи назм мекашад («… озодӣ зи мазлумӣ муқаддамтар бувад»), ки пояи мантиқро андаке метавонад суст бикунад.
Умедворем, ки Аскар Ҳаким дар болои сухан ва каломи бадеъ минбаъд ҳам пайваста заҳмат кашида, асарҳое хоҳад офарид, ки дар ҳаёти адабии мо, дар оянда низ воқеаи муҳимм хоҳанд буд.
Атахон Сайфуллоев
доктори илмҳои филологӣ