«Раҳнавард» (1984) аввалин маҷмӯаи шеърҳои Аскар Ҳаким мебошад. То ҳол хонандагон ӯро асосан ҳамчун яке аз беҳтарин мунаққидони адабиёти муосир мешинохтанд, ки на танҳо ҳусну қубҳи шеърро нозук дарк мекард ва сари вақт дилсӯзона, вале берӯю риё нишон медод, балки оид ба роли шеър, умуман адабиёт, мавқеи иҷтимоии шоир, санъаткор дар ҷамъият, дар ҳаёти маънавии инсон изҳори ақида менамуд. Ба шакли китоби алоҳида гирд омадани шеър-ҳои Аскар Ҳаким, ки аксари он дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо дарҷ шуда буд, ба хонанда имкон медиҳад, ки дар бораи хусусиятҳои эҷодӣ, сабки нигориш ва мазмуну мундариҷаи бофтаи бадеии ӯ низ тасаввуроте ҳосил  намояд. Шеърҳои шоир аз лиҳози жанру навъҳои адабӣ мухталиф буда, роҷеъ ба муҳиммтарин рӯйдодҳои зиндагӣ, замон мебошанд.

  ...Диду назари амиқи муаллиф ба замони мураккаби мо, рӯйдодҳои печидаи зиндагӣ, ба моҳияти ҳастии инсон, масъулияти ҳар фард дар ин даврони пуртаҳлука мавзӯи шеърҳои ӯст. Ҳамин ҷаҳонбинии равшан, мавқеи фаъоли иҷтимоии шоир пайванди ботинии тамоми шеърҳои гуногунжанру гуногунмавзӯъро таъмин намудааст. Шоир хоҳ... дар бораи ҷанговари шадид ва деҳқони хокпош, хоҳ дар бораи ишқи поку заҳмати санъаткор, хоҳ дар бораи ашхоси худбину булҳавас ва ҷангҷӯёни навбаромад, ки барояшон «як калӯши кӯҳна з-одам бартар аст», шеър эҷод кунад, ғ арази ӯ васфи зебоӣ, ҳаёт, инсон, Ватан аст. Инро худи шоир низ ҳис мекунад, ки навиштааст:

 

То ба ҳар байте ба мазмуне ишорат кардаам,

Ман ба шуғ ли шеър ҷонамро иморат кардаам.

 

  ...Дар тасвири шоир ҳодисаҳои хурду бузурги иҷтимоию сиёсии замон «ба ҳам ҳалқапайванд» («Заминро деҳқон танҳо барои худ намекорад») буда, яке аз дигаре cap мезанад, ва «ҳатто санг ҳам ором нест» («Дуньё даме якранг нест»). Агар касе имрӯз баҳри Ватан, баҳри хушбахтии инсон ҳар кори накӯе кунад, дар айни замон мушкили наслҳои сониро низ осон мекунад...

  Рӯҳи гражданӣ ва некбинонаи шеърҳои Аскар Ҳаким заминаӣ иҷтимоӣ дошта, аз моҳияти гуманистии ҷамъияти социалистӣ cap задааст. Инро мо ҳатто дар шеърҳое ҳам ҳис мекунем, ки як навъ оҳанги маҳзунона доранд. Чунончи, «Сангҳои гирён» ва «Шаҳидони ҷавони бистсола». Дар ин шеърҳо тасвир конкрет, воқеӣ буда, образҳо, ифодаи ҳиссиёт, ҳама заминист. Истифодаи ривояти санг-ҳои гирён ва мақоли «даст аз гӯр берун мондан» халқияти шеър ва реализми тасвирро пурқувват намудааст. Умуман, дар шеърҳои Аскар Ҳаким афсонаву ривоятҳо ва ҳикмату андарзҳои халкӣ, аз қабили «бори каҷ ба манзил намерасад», «ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд», «намак хӯрда, намакдонро шикастан», «қадри зар заргар бидонад, қадри гавҳар гавҳарӣ» ва монанди инҳо бамавқеъ истифода шудаанд ва барои равшан ифода ёфтани нияти эҷодии шоир кӯмак кардаанд.

 

Паи ҳам бигзаранд ин модарон ҳам,

Кунун бо дод аз бедоди дунё.

Ба болошон кашӣ гар хоки олам,

Бимонад дасташон аз хок боло.

 

Шаҳидони ҷавони бистсола,

Ки модарҳоятон акнун бимиранд,

Вале умеди баргашти шуморо,

Ба дунё монда, бо худ барнагиранд.

 

Дар ин шеърҳо тасвир на танҳо аёнист ва онро пеши назар овардан мумкин аст, балки ҳолати рӯҳии шоир, қаҳрамони лирикӣ ва зани солхӯрдае, ки дар «роҳи ҷигарбандаш» ба санги гирён табдил ёфтан мехоҳад, ба хонанда низ таъсири амиқ мегузорад. Дар шеъри «Номбардори Ватан» таъкид мешавад, ки фарзандони шаҳид, ки модарон ба маргашон бовар надоранд, ва интизори баргаштани онҳоянд, барои Ватани муқаддас, пирӯзии он қурбон шудаанд...

 

Агарчи дур аз ин макон рехт,

Ба хоки кӯҳсорон хуни нофаш.

Дар ин ҷо аз сари мардонагӣ рехт,

Ба пои як санавбар хуни софаш.

 

Бидидам дар сари он пуштаи сабз,

Ватанро, номбардори Ватанро.

Ба зери он мазори хоксоре,

Баландиҳои куҳсори Ватанро.

 

  Дар ин қабил офаридаҳои шоир, аз як сӯ, ба табиати инсон хилоф будани ҷанг, аз сӯи дигар, нафрати бепоёни қаҳрамони лирикӣ ба ҷангҷӯён... ифодаи бадеии худро ёфтааст. Зиёда аз он, ин шеърҳо дар хонанда ҳисси олии ватанҳоҳӣ, муқаддас доштани заминро, ки дар он хуни падарон рехтааст, тарбия менамоянд. Ғ ояи ватандӯстӣ дар шеърҳои «Ватан», «Мурғ акони сафарӣ» ва ғ айра боз ҳам инкишоф ёфтааст.

 

Одамӣ баҳри Ватан гap аз дилу ҷон ҷон диҳад,

Пас Ватан ӯро чу модар умри ҷовидон диҳад...

Ва:

 

Хоки одамро, ки шӯриданд ба хоки Ватан,

То абад аз ӯ намегардад ҷудо хоки Ватан.

 

  Дар тафаккури бадеии Аскар Ҳаким зебоӣ ва ғ ановати маънавии инсон аз меҳнат аст. Меҳнат ҳам номи инсонро ҷовид мегардонад ва ҳам иқтидори Ватанро таъмин менамояд. Дар шеъри «Баландӣ» мехонем:

 

Ба пои кӯҳсор афтида гӯям,

Ба ман бикшой асрори ниҳонро.

Ки дар рӯи замин инсони хокӣ

Баландӣ мефизояд осмонро.

 

  Ин ҷо қаҳрамони лирикӣ гӯё дар тааҷҷуб аст. Дар бисёр шеърҳои Аскар Ҳаким тааҷҷуб, ҳайрат ба дарки амиқи тазодҳои зиндагӣ, рафтору амалиёти инсон як навъ воситае мебошад. Ҳамдеҳагон Азимро, ки ягона шиораш «зи неке боғ  монад, аз баде доғ» буд, девона мехонданд, вале ӯ ба авлодон тутзоре аз худ мерос гузошт («Тутзори Азим»). Бинобар ин, қаҳрамони лирикӣ дар яке аз шеърҳо бо фахр мегуяд:

 

Агар аз киштаҳои худ ба кас ноне тавонам дод,

Бақои ҷовидона дар Замону дар Замин дорам.

 

  Умуман, дар шеърҳои Аскар Ҳаким сифатҳои неку ҳамидаи инсонӣ, хулоса, ҳар он чизе, ки номи инсонро баланд мебардорад, васф карда мешавад. Дар айни замон, бояд гуфт, ки шоир танҳо бо нишон додани зебоиҳои ҳаёт маҳдуд намешавад. Дар шеъри ӯ рӯҳи инкор низ пурқувват аст. Шоир дар бисьёр шеърҳояш риёкорону замонасозон, худхоҳону чизпарастонро, ки доғ и ҷамъиятанд, сахт ва беамон маҳкум мекунад.

 

Ё зиндагӣ дунёхурист,

Дунёхӯру худпарварем?!

Мо дар ғ ами дунё гаҳе,

Бошад, ки худро ҳам хӯрем.

 

– гуфтааст шоир дар шеъри «Ҳар рӯз камтар мешавад». Дар қитъае мазмуни зайл баён ёфтааст:

 

Раҳ аз роҳи накӯкорӣ сипардам,

Биҳиште сохтан мақсуди ман буд.

Ба бадхоҳам бадӣ ҳаргиз накардам,

Биҳиштам дӯзахи бадхоҳи ман шуд.

 

Бадиро бо бадӣ асло накуштанд,

Бадиҳо аз накуӣ кушта гаштанд.

 

  Ин ҷо ва дар баъзе шеърҳои дигар ҳикмати халқии ба бадӣ бо бадӣ ҷавоб надодан ифодаи бадеии худро ёфтааст. Вале, ба андешаи мо, дар замони муборизаи шадиди хайру шарр оқибат бадхоҳон сари худро хоҳанд хурд гуфта, бетараф истодан ҳам нашояд. Хусусан, ки худи шоир дар хусуси ашхоси бадгуҳару беҳунар чунин мегӯяд:

 

Гар замонро зери фармон оварад,

Ҷумлаи соҳибҳунарро cap занад.

 

ва ҷои дигар:

 

Ту худ береша чун зарпечак астӣ,

Ки одамро бихушконӣ зи реша.

 

  Ин қабил ашхос барои ҷамъият бағ оят хавфноканд ва бар зидди онҳо пайваста мубориза бурдан лозим аст ва рафтори ношоями одамонро сари вақт фош бояд кард. Бояд гуфт, ки мазмуни қитъаи боло мундариҷаи умумии шеърҳои маҷмӯаи шоирро ифода намекунад. Қаҳрамони лирикии шоир фаъол ва мубориз аст:

 

Пеши мардум дардро иқрор кардан мушкил аст,

То кунам онро даво, бо ин ҷасорат кардаам.

 

  Қаҳрамони лирикӣ на танҳо андешаҳои субъективии худро дар бораи одаму олам баён мекунад, балки ифодагари орзую омоли мардуми советӣ, ҳамзамонони мост. Маҳз ҳамин ба шоир имкон додааст, ки душвориву монеаҳои мавҷударо нишон диҳад, ашхоси худхоҳро маҳкум намуда, ба пешрафти ҷамъият саҳм гузорад.

  Дарди замон, дарди халқ, дарди инсон дарди шоир аст. Ин хусусияти муҳимми назми советии тоҷик аз шеъри Аскар Ҳаким низ аён мегардад. Зиёда аз он, дар «Шеъри Ватан» (ба ёди Мирзо Турсунзода), «Ман ба рӯи ҳав- лияш по мениҳам», «Шеъри воло», «Найсаворем ба мисли кӯдак», «Руҷӯи Севак», «Агар як шоири бодафтаре буд» ва ғ айра шоир дархости худро аз шеъру шоирӣ баён мекунад. Ба таъкиди ӯ, агар дили шоир беҳиссу сард бошад, бо набзи замон ҳамҷӯр набошад, эҷоди шеъри асил муҳол аст. Вай дар таманнои чунин шоиронест:

 

Офарин бод,

           ба соҳибсухане,

Ки ба хун мисрааш оғ ушта шавад.

Дар паи ишқ чу дар пои Ватан

Юсуфивор агар кушта шавад.

 

  Зеро ба фаҳмиши Аскар Ҳаким вазифаи шеър, адабиёт танҳо қонеъ гардонидани талаботи эстетикии хонанда намебошад. Он воситае бояд бошад, ки ба инсон барои дарки моҳияти рӯйдодҳои зиндагӣ, мазмуни ҳаёти инсон кӯмак расонад. Агар шоир дар қадар амиқтару ҳарҷониба ва сари вақт ба муҳиммтарин масъалаҳои замон, дигаргуниҳои воқеияти социалистӣ дахл намояд, ҳамон қадар офаридаҳояш ба хонанда бештар таъсир мекунад.

  Дар маҷмӯаи Аскар Ҳаким баъзе мисраъву байтҳои аз лиҳози маънӣ ва мизони сухан ноқис вомехӯранд. Чунончи, азбаски дар мисраи қаблӣ зикри мазруф нест, бинобар ин, ба андешаи мо, мисраи «Балки аз хоки сияҳ гулҳои рангин оварад» (саҳ. 26) аз ҷиҳати ифода саҳеҳ нест. Зеро аз хоки сиёҳ гул ё зар меруёнанд. Дар забони тоҷикӣ шитобкор, шитобгар, пуршитоб маълум аст, ибораи «шитобии бесару сомон» (саҳ. 45) маънии равшан намедиҳад. Таркиби «Бахти мо қисмат аст бо дигарон» (саҳ. 27), қиёси «К-одамӣ як руй дорад, зиндагӣ садрӯ бувад» (саҳ. 29), мисраъҳои «Ҳайкали масхарагар монда шавад» (саҳ. 56), «Агар бар остони ту ҷабин гардун намесояд» (саҳ. 85) ба эътибори маънӣ ва мантиқи сухан таҳрир мехоҳад.

Дар байте шоир мегуяд:

 

Агар бо амри яздонӣ зи ҷаннат ронда гаштам ман,

Биҳишти хеш месозам ба paғ ми ӯ дар ин олам.

 

  Ва ҳол он ки одам на бо «амри яздон», балки бо гуноҳи хеш аз ҷаннат ронда шудааст, ки дар ин хусус дар як байти Ҳофиз ишорае ҳаст.

  Хулоса, Аскар Ҳаким бо мавзӯъ ва сабки хоси хеш ба адабиёт дохил шуд ва мо ҳаводорони назми тоҷик ба ӯ дар эҷоди офаридаҳои баландмазмуну баландғ оя барор мехоҳем.    

Ҷӯра Бақозода,

номзади илмҳои филологӣ