Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ман мунтақиди адабӣ нестам, аммо меҳр ба адабиёт дорам, махсусан ба шеър. Ин шояд аз он сабаб бошад, ки риштаи асосии фаъолияти ман фалсафа аст ва дар дарозои таърих фалсафаи тоҷик ҳамеша бо шеър чунон қаробати наздик доштааст, ки гоҳо намешавад фарқ кард, ки куҷо фалсафа асту куҷо шеър. Дар ин ҷо ман албатта мазмуну мундариҷа, муҳтаво, аслу моҳиятро дар назар дорам, на тариқи ифодаи онҳоро.
Маълум аст, ки тарзи ифодаи фалсафа забони илму андеша асту тариқи баёни шеър шеваи отифаву сувари хаёл. Вале ҳақиқат ин аст, ки олитарин асарҳои илму адабиёт дар натиҷаи ба ҳам ҷӯш хурдани ин ду сарчашмаи ҳастии инсон – эҳсосу тафаккур офарида шудаанду офарида хоҳанд шуд. Хуллас, ки ман дӯстдори шеърам ва шеъре, ки дорои фикру андеша буда, онро бо отифаи муассиру фарогир ва сувари хаёли рангин ба ҷилва оварад, зеро ман дар фалсафа андешаи сатҳиро намеписандам ва дар шеър баёни урёнро ва ҳоло, ки манзури ин навишта пажӯҳиши шеър аст, бояд сараввал таъкид кунам, ки маро танҳо шеъре, ки андешаи амиқ ва бозтобе аз фалсафаи ҳастӣ дошта, онро бо муаассиртарин отифаву тасвирҳои шоирона бозгӯ мекунад, ба худ машул медорад.
Ҳафт-ҳашт сол қабл аз ин банда ба зиёфате даъват шуда, каме барвақттар омада будам ва ҳамроҳи файласуф Нодири Одил ва шоир Аскар Ҳаким дар арчазори паси тарабхона гашту гузор мекардем. Дар он ҳангом сухан аз арчаҳо рафту Аскар Ҳаким ба мо шеъре бо номи «Дарахти арчаи кӯҳам…» хонд, ки моро бо диди батамом нав ва бардошти амиқи фалсафияш аз зиндагӣ сахт мутаассир кард. Хоҳиш кардем, ки боз ягон шеъри дигар хонад. Ғ азале хонд, бо номи «Ойинаи нур». Бисёр хуб буд. Хонданаш ҳам. Нодири Одил фикри ҷолибе гуфт, ки танҳо шоири хуб шеърро хуб мехонад. Ман ба Аскар Ҳаким гуфтам, кайҳо мехостам ба Шумо гӯям, ки худро аз мансабҳо фориғ карда вақтатонро танҳо барои эҷод сарф кунед, аммо меандешидам, ки шояд мақбулатон нашавад. Ҳоло, ки дар ҳамин ҳол ҳастед, Шуморо бо ин шеърҳо ва ҳам бо озодиатон муборакбод мекунам. Аз он рӯз дар дилам хоҳише пайдо шуда буд, ки чун фурсате мусоид ба даст ояд, дар бораи дарк ва таассуроти худ аз шеъри ин шоири шинохта андешаҳоямро ба қалам орам.
Ба ҳар ҳол риштаи асосии ман фалсафа аст вале умрест, ки андешаҳои фалсафии ман аз сарчашмаҳои саршори ашъори ҳакимонаи устод Рӯдакиву Низомӣ, Фирдавсиву Хайём, ғ азалҳои сӯфиёнаи Мавлавиву орифонаи Ҳофиз, ошиқонаи Ҳилолӣ ва маъниофарину мӯшикофонаи Бедил об хӯрдааст, яъне мехоҳам бигӯям, ки ман бо такя бар завқи худ шоирро на ҳамчун моли фалсафа, яъне андешаю тафаккур, балки муқаддаман ҳамчун моли адабиёт дарк мекунам, зеро шеър аввалан моли адабиёти бадеист, ки дар он отифаву тахайюлу суварнигорӣ мақоми нахустиндараҷа дорад. Бинобар ин ман ба худ иҷоза медиҳам, ки оид ба мақоми ин ҳар ду – андешаву тафаккур ва тахайюлу суварнигорӣ дар шеър суҳбат кунам, зеро андешаи ман беэҳсосот нест ва эҳсосоти ман беандеша.
Табиист, ки ман дархӯри ин завқи худ, – андешаи ҳиссиётманд ва ҳиссиёти андешаманд доштанам, ашъореро мехонам ва меписандам, ки ба завқи ман ҷавобгӯ бошанд. Масалан, монанди он ду шеъре, ки дар боло аз онҳо ном бурдам. «Дарахти арчаи кӯҳам…» шеърест, ки масъалаи мақоми инсонро дар ҷомеа бо отифитарин шакл ва сурату забони муносиб ба маърази андеша мегузорад, ки дар назари аввал гӯё ба фалсафа ҳеҷ иртиботе надорад, аммо дар он ба ғ айр аз масъалае, ки қайд кардам, боз масъалаи пайванди инсону табиат бисёр моҳирона ба воситаи ташхисонидани арча, ё дақиқтараш, ба арча табдил ёфта, аз номи он сухан гуфтани шоир таҷассуми бадеии худро ёфтааст.
Дарахти арчаи кӯҳам, на сарв дар лаби ҷӯй,
Маро ба қомати маъшуқагон шабоҳат нест.
На ноз мекунаму мекашам на нози касе,
На боғ мераваму на хиром донам чист...
Ба решаҳои амиқам ба хок панҷа занам,
Ки устувор бидорам замини сабзи диёр.
Зи тафси тобаи ҳар санг об ҷамъ орам,
Ки дар тамуз нагардад гиёҳу гул хасу хор…
Дар ин шеър боз чизи ҷолиб он аст, ки гоҳ инсон сифати арчаро ба худ мегираду гоҳ арча сифати инсонро ва ин ҳар ду чунон ноаёну табиӣ ба вуқӯъ мепайвандад, ки кас онро ҳис намекунад ва баъзан аз он ҳам бештару амиқтар, масалан вақте ки ӯ «Ба решаҳои амиқам ба хок панҷа занам, Ки устувор бидорам замини сабзи диёр» мегӯяд ин суханон ба ҳар ду тааллуқ мегиранд ва чӣ зебою баҷо. Воқеан ҳам дар доманаҳои кӯҳ арча мешинонанд, ки замини онро собит нигоҳ дорад ва вақте ки ин суханонро арча ба забон меорад, онҳо ба шоир ҳам тааллуқ гирифта, маънои муҳаббати ӯро ба Ватан, ки барои сарсабзӣ ва пойдории он мекӯшад, ифода менамоянд. Ин намунаи барҷастаи пайванди инсону табиат аст, ки онҳо ба ҳамдигар табдил гашта, ҳар ду ҳам марому мақсади ягона доранд. Ин сифати нодирест ва дар натиҷаи таъсири амиқи ангезаҳои айниву зеҳнӣ ба равони шоир ҳосил гашта, дар ӯ ҳолатҳои муассири рӯҳиро ба вуҷуд меоварад, ки ин ё он ҳодиса ва ашёро дар заминаи маҳсус ва таҷрибаи шахсӣ барои ифодаи ин ё он муҳтаво омода месозад, ки онро отифа меноманд, агар он ҳаст, шеър ҳаст ва агар нест, шеър ҳам нест.
Тавсифи робитаи инсону табиат ва ашё дар бисёр шеърҳои Аскар Ҳаким ҷой дорад, ки барои гуногуну рангин баён намудан ва ё ба тасвир гирифтани муҳтаво хидмат мекунад. Ин сифатро донишманди эронӣ Алиасғ ари Шеърдӯст ҳам пай бурда, дар сарсухани «Баргузидаи ашъори АскарҲаким», ки дар Теҳрон нашр кардааст, чунин навиштааст: «Гоҳ хешро бо аносир ва ашёву падидаҳои табиӣ ҳамзабон мешавад (месозад-М.Д.) ва бо онҳо дармеомезад ва ин гиреҳхӯрдагӣ чунон бо устодӣ ва маҳорат сурат мегирад, ки хонанда амиқан аз он мутаассир мешавад. Шеъри «Дарё, маро бигир…» дар зумраи ин гуна офаринишҳои шоир ба шумор меравад»1.
То ин ҷо аз се шеър суҳбат шуд, ки ҳар яке мушаххасоти шоиронаи худро дошта, ҳолатҳои гуногуни ҳаёти рӯҳии шоирро бо мувофиқтарин воситаҳои тасвири бадеӣ, маҷозу истиораҳои тару тоза ба қалам оварда, намунаҳои олии шеъре мебошад, ки дар ҳеҷ ҷое аз онҳо кас фармудагии қаблии зеҳниро эҳсос намекунад, яъне онон ҳамчунон табиӣ мисли арчае, ки тасвир шуд, сабзидаанд ва ё монанди дарёе, ки мавриди руҷӯъ ва даромехтагӣ буду мавҷ мезад, аз дили шоир фурӯ рехтаанд. Кулли шеър ҳамин тавр бояд бошад, шеъри фалсафӣ ҳам, зеро фалсафа дар шеър на аз мақулаҳои фалсафӣ, мафҳуму истилоҳоти он, балки аз нигоҳи фалсафӣ доштан ба табиат, ашё, ҳодисот ва лаҳазоти зиндагӣ ҳосил мешавад. Дар зоҳири ин шеърҳо аз мақула ё мафҳуму истилоҳоти фалсафӣ аломате ба назар намерасад, аммо чун бар мазмуни шеър меандешем, мебинем, ки саршори андешаҳои фалсафӣ ҳастанд ва муҳиммтарин масъалаҳои он, аз ҷумла масъалаҳои иртиботи инсон бо олам, табиат, ҷомеа ва инсонро дар бадеътарин андешаҳои худ ифода менамоянд.
То ҷое, ки ман хабар дорам, Аскар Ҳаким аз фалсафаи умумибашарӣ, аз фалсафаи Юнону Рум то Ҳинду Чин огоҳии хуб дорад ва ман инро на танҳо аз асарҳояш, ки поёнтар аз онҳо сухан хоҳад рафт, балки аз суҳбатҳое, ки бо ӯ доштам, низ эҳсос кардаам вале ман ҳаргиз иддао надорам, ки ӯро тарафдор ё мубаллиғ и ин ё он назарияи фалсафӣ муаррифӣ намоям, зеро дар асл ҳам ин тавр нест ва ин тавр буданаш ҳам зарурат надорад.
Дар ин маврид муносиб медонам, ба суханони Н. Добролюбов истинод кунам, ки чӣ гуна шоирон тавассути фарҳанги баланди тафаккури шоирона ҳокими афкори ҷомеаи соҳибмаълумот мегаштанд, зеро шеър андешаҳои мутараққии замони худро беҳтар аз ҳама ифода менамуд, ки шуури ҷомеаи рушдкунанда онро қабул мекард. Ӯ навиштааст: «ҳақиқатҳоеро, ки файласуфон танҳо дар назария пай мебурданд, нависандагони нобиғ а дар зиндагӣ пайдо намуда, дар амал нишон дода метавонистанд…онҳо аз нақши хидматгории адабиёт фаро рафта, дар қатори симоҳои таърихӣ ҷой мегирифтанд, ки ба инсоният барои дарки қувваҳои зинда ва майлу хоҳишҳои табиии ӯ мадад мекарданд»2.
Назария ва таълимоти фалсафӣ, ки то имрӯз интишор гаштаанд, дар бораи масъалаҳое, ки мавриди баҳс мебошанд, натиҷаву хулосаҳои худро доранд, ки ба мо маълуманд, аммо адабиёт ва аз ҷумла шеър аз воқеа ва лаҳзаҳои зиндагӣ ҳар дафъа хулосаи тоза ва нотакрори худро ироа мекунад ва барои ҳамин адабиёт аст. Хулосаи фалсафӣ аз асари бадеӣ ҳар дафъа аз тааммуқ бар ҳодиса, ашё, лаҳазоте, ки он ба тасвир мегирад ва ё баён медорад, яъне муҳтавову мундариҷаи он бароварда шуда, хосатан мансуби маҳз ҳамон асар ва бинобар он нотакрору тоза мебошад, ки шеваи кори Аскар Ҳаким ҳам дар ҳамин аст.
Вале ба ҳар ҳол бояд қайд кунам, ки Аскар Ҳаким дар яке аз муътабартарин марказҳои илм Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар аспирантура таҳсил карда, рисолаи илмӣ навишта дифоъ кардааст, ки дар он омӯзиш ва имтиҳони фалсафа аз талаботи ҳатмӣ ба шумор мерафт. Бинобар ин ӯ фалсафаро на фақат ба воситаи асарҳои адабиву бадеии нависандагони бузург, балки ҳамчун илм ҳам ба таври муназзам омӯхтааст.
Огоҳӣ аз фалсафа назари шоирро бар зиндагӣ ва зуҳуроти гуногуни он амиқу пурмаънотар гардонида, барои шинохти маҳз ҳамон лаҳза ва зуҳуроти он, ки метавонад бар шинохти мо аз оламу одам чизи тозаеро илова намояд, мадад мерасонад. Зеро, ба қавли шоири файласуфи ҷаҳонӣ Иоҳаннес Ҳӯте, адабиёт инъикоси олитарин лаҳзаҳои зуҳуроти зиндагист. Ва ҳоло расидем ба ҷое аз ин гуна лаҳза, ки дар ғ азали «Ойинаи нур»-и Аскар Ҳаким ҷой дорад, суҳбат кунем, ки онро бо ҷаззобтарин шева барои ҳамеша баёну тасвир кардааст. «Ойинаи нур» ғ азалест, ки аз олитарин лаҳзаи зиндагии ду шахсияти нотакрори фарҳанги маънавӣ - Ҷалолиддини Балхӣ ва Шамси Табрезӣ бардош- те дорад, лаҳзае, ки он аввалиро Мавлавӣ, гӯяндаи «Девони Шамс»-у «Маснавии маънавӣ» ва ба ин васила номи дуюмиро ҳам абадӣ гардонду муъҷизаи шеъру шоирии ҳамаи давру замонҳои башариятро ба вуҷуд овард.
Бешубҳа, дарки фалсафии ҳастӣ ва замон аст, ки шоир ба дарёфти нотакрорӣ ва азимушшаънии ин лаҳза расидааст ва онро бо лаҳне, ки сазовори он аст, пур аз шавқу шӯр, ҳиссиётмандтарин андешаҳо, бедору нохудогоҳ ба қаламрави абадият кашидааст. Боре худи шоир дар яке аз маҳфилҳои эҷодиаш гуфта буд, ки ин ғазалро ҳангоми таби баланд доштанаш навиштааст, ин ҳолат суханҳои болои маро ба тариқи дигар собит менамояд, ки дарки фалсафии замону макон дар замири шоир ҳамеша ҷой дорад, ки ҳангоми зарурӣ ногаҳон буруз мекунад ва ин ғ азал далели он аст. Сазовор аст, ки ин ғ азалро пурра биёрем, то хонанда ҳам тавонад, бар сари он андеша кунад ва худ хулоса бигирад:
Ин ойинаи нур кӣ будаст, кӣ будаст,
К-аз оби рухаш чашмаи хуршед намудаст.
Оҳ, ин чӣ гузаштан зи бари мо ба хамӯшӣ,
Хомӯш, ки хомӯшии ӯ авҷи суруд аст.
Дар ғ унчаи лабҳо-ш агар бӯйи баён нест,
Шаҳр ин хабари тозаи ишқ аз кӣ шунудаст.
Хуш мераваду рафтани ӯ нест видое,
Ӯро, ки ба ҳар мақдами падруд, дуруд аст.
Ӯ масҷиду дайреву куниште нашиносад,
Аммо ҳама афтода ба пояш ба суҷуд аст.
Гар дасти сахо мояи ноз аст башарро,
Ин ӯст, ки аъзои вуҷудаш ҳама ҷуд аст.
Ин банда, Худоё, чӣ Худоест, ки банда-ш
Будоиву тарсову мусалмону яҳуд аст.
Як бор, ки бар боми фалак рафт, дигар рафт,
Ойини ҷаҳон гарчи фароз асту фуруд аст.
Он аст, ки аз рӯзи азал нест суқуташ,
Роҳе, ки кунад азм, сууд асту сууд аст.
Моро ҳама ин дидаи ҳайрон зи қафояш
Бо шавқу хитобе, ки кӣ будаст, кӣ будаст?!
Ин ғ азалест аз зуҳур ва муъҷизаи ду нобиғ а – Шамс ва Мавлоно, ки аз равобити онҳо – натиҷа дарёи беканори ғ азалиёте пайдо шуд, ки ҷовидона ба шӯру ғ алаён мавҷ мезанад, бо зеботарин калимоту таъбироту истиораҳо суҳбат кардааст. Дар ҳар байти ин ғ азал он дунёи мунаввари ин ду нобиғ а ба ҷилва омада, моро шефтаи худ мекунад. Ҳар таъбиру вожае, ки дар ин ғ азал омадааст, дар баробари тасвири бадеии авзоъ ва шахсияти ин ҳар ду боз бар таълимоти тасаввуфии онон ишора дорад, аз қабили ойинаи нуру чашмаи хуршед, ишқу хомӯшӣ, масҷиду дайру куништ, суҷуду ҷуд, суқуту сууд ва ғ айра, ки далели маҳорат ва устодии шоир дар истифодаи пурмазмуни воситаҳои баёну тасвир аст.
Ҳоло зарур нест, ки дар бораи маънӣ ва паҳлӯҳои гуногуни ин калимоту таъбирот дар тасаввуф ва шеъри тасаввуфии мо сухан ба миён оварда шавад, зеро онро аз фарҳангу асарҳои ба ин мавзӯъ бахшидашуда метавон пайдо кард, вале он чизро мехоҳам қайд кунам, ки ба ин шева истифода кардани онҳо, ки ҳам ба таълимот ишора дошта бошаду ҳам чеҳраву ботини намояндагони барҷастаи онро ба мо маълум намояд, аз дасти касе меояд, ки онро, чунонки зарур аст, шинохта бошад.
Тасаввуф бахши бузурги фалсафаи мост ва шоироне, ки тавонистанд онро бо шеъри худ шоирона даромезанд, маҳсуле ба даст оварданд, ки ба шеърашон жарфои беқаринаи маъно ва болҳои бесобиқаи гардунсайри эҳсосотро эҳдо кард. Мехоҳам таъкид кунам, ки ин шеваи кор, агар ба он боз эҳсоси замони нав ва масъулияти шаҳрвандӣ илова гардад, ки бе онҳо умуман фарҳангу адабиёти муосирро тасаввур кардан мумкин нест, натиҷае ба даст меояд, ки дар радифи фарҳангу адабиёти ҷаҳонӣ қарор хоҳад гирифт. Мо дар шеър намунаи ин гуна асарро дорем, он достони «Санги ман – алмос»-и Аскар Ҳаким аст. Дар бораи ин достон аз ҷониби донишмандони адабиёт ва шоирон мақолаҳои бисёре навишта шудааст, вале ман дар ин ҷо мехоҳам дар бораи дарки шоиронаи фалсафаи ҳастӣ дар он чанд сухан гӯям, зеро ба ақидаи ман он намунаи болотарин дастовардест, ки шеъри муосир дар ин ҷода дорад.
Бояд гуфт, ки Искра Денисова дар баррасии ин манзума дар Созмони байналмилалии иттифоқҳои нависандагон дар Маскав бар ин нукта таъкид карда, навиштааст: «Шояд, хусусияти ба худ хоси достон аз он иборат бошад, ки ҳар мисраи он аз ақоиди пантеистӣ – ягонагии Худову Табиат саршор аст, ки эҳтимол аз таълимоти Зардушт, аз Суғ ди бостон сарчашма мегирад. Ин пантеизм заминаи асосӣ, пойдеворест, ки дар болои он бинои ҷустуҷӯҳои маънавии шоир бунёд мешавад. Доираи ҷустуҷӯҳои маънавии шоир хеле фарох аст ва он ҳамаи дину мазҳабҳоро фаро мегирад. Ва дар айни ҳол тафаккури ӯ аз ҳамаи ин дину мазҳабҳо мағ зи онҳо – адолат, инсоф, пиндори нек ва, албатта, муҳаббат ба ҳамаи мавҷудот ва пеш аз ҳама муҳаббат ба инсон, ба оне, ки ба китфони то хуншоршавӣ хӯрдашудаи хеш осиёсанги зиндагиро мекашад, интихоб карда мегирад. Ба назари ман чунин менамояд, ки ин гуна ифодаи фавқулодаи зебоӣ, тавоноӣ, қудрати маънавии ин достон дар натиҷаи ба ҳам овардани тафаккури олӣ, фарҳанги олӣ ва решаҳои асили бостонӣ, бутпарастӣ, зардуштӣ, ҷавҳари табиӣ ва модарзодӣ ба вуҷуд омадааст»3. Ва ман ба ин гуфтаҳои ҳаққонӣ илова мекунам, ки дар он тафаккуроти исломӣ ҳам бозтоби дурахшони худро дорад, масалан:
Дил ибодатгаҳи ман
Ҳамди ислом аст
он сура, ки ман мехонам…
Ва ба ҳар кас, ки ба дил маъбади имонаш ҳаст,
Оварам рӯйи намоз.
Ва дуо мегӯям,
Бехи имони маро дорад сабз
Он Худое, ки туро сабз нигаҳ медорад.
Рӯ ба абре, ки равон аст ба дарёи само, мезорам,
То барад хайру савобаш ба қабули хуршед.
Донишманди афғ он Ғ улом Сахии Ғ айрат дар бораи муҳтавои достон, аз ҷумла чунин навиштааст: «…достони Аскар Ҳаким достони хеле олист ва суханони он қудсӣ ва дар айни замон сурурбахшанд. Дар он ҳаёт бо тамоми пуррагию паҳноварияш ҷӯш мезанад. …Чизе, ки Аскар Ҳаким навиштааст, инкишофи тозаҷӯиҳои Нодири Нодирпур… ва … Сӯҳроби Сипеҳрӣ мебошад, ки нобиғ аи шеъри муосири форсӣ маҳсуб мешавад. Достони Аскар ҳамоҳанги достони ӯ «Садои пойи об» аст… Ман ҳар дуи ин достонро шоҳкории адабиёти муосири форсу тоҷик мешуморам»4.
Ҳамчунон ки мебинем, ин донишмандон сифати волои фалсафӣ доштани ин достонро таъкид кардаанд, ки худ ба худ ҳам далели дар пояи баланд будани он аст, вале ба ҳар ҳол ба назари шоире, ки ӯро аз ҷумлаи бузургтарин шоирони русзабони замон мешиносанд – Темур Зулфиқоров рӯй меорем, ки дар сифати шеър будани он мегӯяд: «Аскар Ҳаким достоне шаффофу булӯрин, тозаву тар ҳамчунон Уолт Уитмен эҷод кардааст. Бешубҳа, достони нави Аскар Ҳаким на танҳо сухани тару тозае дар шеъри тоҷик, балки умуман дар шеър мебошад»5.
Ин ду навъи баҳо, ки ҳам муҳтавои фалсафӣ ва ҳам ҳунари шоиронаи онро дар бар гирифтааст, ба мо имкон медиҳад, ки бо итминони комил дар бораи ҳар ду ҷиҳати он ҳамчун дастоварди бесобиқаи адабиёти муосир суҳбат кунем. Мунсифона, бояд қайд кунам, ки ин маъниро ҳам пеш аз банда дар ҳамон баррасии зикршуда шоири рус Станислав Золоттсев, ки достонро ба русӣ тарҷума кардааст, таъкид намуда, гуфтааст: «Ман ин асарро ҳамчун як падидаи мутлақан нав пазируфтам»6. Зимнан мегӯям, ки ин достонро шоираи хушзавқи русзабони тоҷик Нисо Ҷӯраеваи шодравон ҳам аз рӯи муҳаббате, ки ба он дошту эътиборе, ки ба он медод, ба русӣ тарҷума карда буд, ҳарчанд медонист, ки он тарҷумаи русӣ дорад ва ҳар дуи он тарҷума ҳамроҳ дар маҷаллаи «Помир» барои баррасӣ ва мубоҳиса чоп шуда буд.
Масъала дар сари бардоштҳои фалсафии достон аст, ки дар он масъалаҳои фалсафии робитаи фарду ҷомеа, маргу зиндагӣ, азалияту абадият ва амсоли онҳо ба чӣ дараҷа бо отифа ва тахайюлот дар перояи рамзу маҷоз ва ташбеҳу истиороти дилчасп ифодаи бадеии худро ёфтаанд. Ба оғ ози достон таваҷҷуҳ кунед:
Ман киям,
Одаме ангори дарахт,
Решаам рафта дар оби дили деҳ,
Шохаам сабз шуда дар тани шаҳр,
Ки бад-ин ҳол на шаҳрӣ, на деҳотӣ бошам,
Кандам аз хеш, чӣ сон бо дигаре пайвандам?!
Бубинед, ки дар ҳамин чанд мисраъ муҳиммтарин масъалаҳои ҳастии фалсафии инсон ба чӣ устодии шоирона матраҳ шудаанд. «Ман киям» , аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам – суолҳои ҳамешагии фалсафии инсони огоҳест, ки ба худ медиҳад, то рисолати инсонии хешро муайян кунад. Инҳо суолҳоеанд абадӣ вале барои ҳар наслу ҳар инсон тоза, ки ба онҳо ҷавоби худро бояд бигӯяд. Дар мисраи дуюм боз масъалаи муҳимми дигари фалсафаи ҳастии инсон матраҳ аст, ки он пайванди ӯ бо табиат аст ва дар чаҳор мисраи баъдина боз ҳам масъалаҳои дигари аз он ҳам муҳиммтари муносибати шаҳру деҳ ва инсоне, ки дар байни ин ҳар ду бояд шахсияти худро муайян намояд, ба миён гузошта шудаанд. Вале хонанда агар ҷиддан фикр накунад, ҳеҷ пай намебарад, ки шоир дар баробари изҳори ҳиссиёти шахсӣ ва отифии хеш масъалаҳои ҳастии фалсафии инсонро ба маърази андеша мегузорад, зеро ин масъалаҳо на чун масъалаи фалсафӣ бо забони мантиқӣ ба миён гузошта шудаанд, балки мавзӯи баён ва тасвири шоирона қарор гирифта, монанди шохаҳое аз дарахт табиӣ ва ноаён мерӯянд ва дар достон баррасӣ мегарданд. Ин аст маҳорати баёни шоиронаи масъалаҳои фалсафӣ, ки забонаш пур аз маҷозу истиора буда, дар айни замон муҳиммтарин нуктаҳои фалсафаи ҳастии инсонро ифода менамояд.
«Санги ман – алмос» бо фаро гирифтани масъалаҳое, аз қабили инсону табиат, инсону инсоният, адолату разолат, ишқу муҳаббат ва нафрату адоват, озодию асорат дос- тонест, ки барои ҳамеша тару тоза ва мавриди қабули хотир боқӣ хоҳад монд, зеро ҳар насли башар бо масъалаҳое, ки дар он матраҳанд, рӯ ба рӯ омада, ба сари он андеша хоҳад кард ва ба ӯ ҷавобҳое, ки як инсони дилогоҳ дар ин бора додааст, на фақат шавқангез, балки мададгор ҳам хоҳад буд, ки ҷавобҳои худро ба он ёбад ва ин хусусият ба ин асар фазилати фаромаконию фарозамонӣ медиҳад.
Ин достонро барҳақ метавон симфунии зебои ҳаёт номид, зеро дар он зуҳуроти гуногуни ҳаёт бо самимитарин суханҳо, шӯрангезтарин ҳиссиётҳо, хаёлангезтарин суратҳо ва дилнишинтарин маъниҳо ифодаву тасвиру тавсиф шудаанд:
Дӯст дорам фаварони гули шафтолуро,
Ишқи занбӯри асалро ба арӯси гули себ,
Ки ба як бӯсаи ширин кунадаш обистан
Ва ман обистани гулро
ба қалам об диҳам,
То ки дар дафтари ман шохаи себ орад бор.
Ва ин яке аз зуҳуроти ҳаёт аст, ки ишора ба сарчашмаи ҳамаи зебоиҳо будани он дошта, аз ҷумла ба эҷоди бадеъ – обистани гулро ба қалам об додан, ки шохаи себ бор орад , яъне ба кори шоир, эҷод ҳам тааллуқ мегирад.
Ва зуҳуроти дигари ҳаёт ишқ аст, ки бе он зиндагӣ маъно надорад. Азбаски ишқ дар зиндагӣ чунин маъно ва моҳияти амиқ дорад, пас метавон ҳаётро ҳатто зуҳуроти дигари ишқ шинохт, зеро моҳияти ҳастии бошуурона дар ишқ аст. Ҳоло сухан на дар бораи ашъори ошиқона мебошад, ки дар он шоир аз лаҳзаҳои гуногуни ғ алаёни ишқ дар ҳастии худ сухан мегӯяд, на, балки дар бораи худи чигунагии ишқ ҳамчун навъи эҳсосоти инсонист. Ҷои тааҷҷуб ҳам нест, ки шеъри ошиқона дар эҷодиёти шоирон нисбат ба ашъоре, ки ишқро ҳамчун навъи эҳсосоти инсонӣ ситудаанд, ба маротиб бештаранд, зеро ин гуна лаҳазоти ошиқона дар зиндагиашон бештар буда, онро худ шахсан таҷриба ҳам кардаанд. Аммо ситудани ишқ ҳамчун навъи эҳсосоти инсонӣ аз таҷрибаи шахсии як нафар фаротар рафта, хусусияти аслии ишқро, ки ба ҳама тааллуқ гирифтанаш мумкин аст, дар бар мегирад ва дар он ҳолат он на моли эҳсосоти фарди ҷудогона, балки маҳсули эҳсосоти умумибашарӣ ба ҳисоб меояд, ки як навъи зуҳуроти ҳаёт маҳсуб мешавад. Ва ҳоло ки сухани мо аз ситудани ҳаёт аст, манзури мо аз ишқ низ ҳамин яке аз зуҳуроти ҳаёт будани он аст. Дар достони «Санги ман – алмос» чунин мисраъҳое ҳастанд, ки манзури моро ба дараҷаи аъло таҷассуми бадеӣ додаанд:
Духтарам, к-аввали бурҷи моҳӣ
ба ҷаҳон омадааст,
Рӯзе омад тозон,
(Он замон кӯдак буд)
Гуфт: Бобо, амакеро дидам дар кӯча,
Ба сараш лонаи кафтар мерафт
Ва ба оҳубара мегуфт сухан чун бо мо,
Моҳӣ аз рӯд ба ҳар як суханаш пар мезад.
Ногаҳон себи ҷавоне, ки ба зераш будем,
З-ин суханҳои шигифти кӯдак
Шох афшондаву ларзиду шукуфт.
Ҳамчунонки мебинем, дар ин мисраъҳо сухан аз таҷрибаи шахсист, ҳатто симои Маҷнун, ки рамзи ошиқии бебадал аст, ба воситаи дарки кӯдаконаи духтари шоир, ки худ ҳам маҳсули ишқ аст, бисёр содаву табиӣ ва поку беолоиш бо таъбиру тасвирҳое чун ба сар лонаи кабӯтар доштан, бо оҳубара чун бо инсон сухан гуфтан ва аз рӯд ба ҳар суханаш пар задани моҳӣ ва шукуфтани себи ҷавон пас аз шунидани ин суханҳо, ки ишора бар Лайлост, дар пеши назар муҷассам карда мешавад, ҳама зебоянду дилнишину хотирмон. Дар ҳамин асос дар мисраъҳои баъд аз он ситоиши олиҷанобе аз ишқ карда мешавад, ки ҳамчун ҷамъбасти фалсафӣ пур аз маънову эҳсосот буда, ишқро, ишқи маҷозиву намозӣ, яъне ишқи моддию маънавиро дар ҳама ҷой, дар ҳар лаҳзаву дар ҳама зуҳуроти нек дида, ба ҷону дил меболад ва он оҳанги болидану таассуроти амиқ хонандаро низ батамом зери таъсири худ мегирад:
Зиҳӣ, он ишқи Худованди
ҷаҳонҳои ҷаҳонсоз,
зиҳӣ,
Ки саросар ба ҳама соҳати даҳр,
Ба ҳар оҳанги сабо,
Ларзаи барги дарахт,
Сари ҳар мавҷи равон,
Балки дар ҳар нафаси туғ и биёбони ҳаҷир
Накҳати ишқи маҷозиву намозӣ ҷорист
Ва ба ҳар нахли шукуфта
чамани орзуи Лайлоест
Ва ба ҳар пайки навозишгари бод
Мавҷи дарё,
таби саҳрои дили Маҷнунест.
Бешубҳа, агар шахси шоир худ эҳсосоти сӯзони ошиқона надошта ё онро таҷриба накарда бошад, сухани ӯ дар бораи ишқ ҳамчун навъи ҳиссиёти инсонӣ амиқу таъсирбахш нахоҳад буд, зеро асаргузории дарку эҳсосоти куллӣ ҳам дар асоси таҷрибаи шахсӣ ба даст хоҳад омад. Ҳар қадар таҷрибаи шахсӣ амиқу сӯзонтар бошад, ҳарф аз эҳсосоти куллӣ низ ҳамон қадар жарфову ҳарорат пайдо менамояд. Баъзан ҳар ду навъи ин эҳсосот метавонад дар як шеър ба ҳам ояд, масалан дар шеъри «Достони ишқи ман»-и Аскар Ҳаким дар асоси таассуроти шахсии ошиқонаи шоир хулосаҳои фалсафие ҷой доранд, ки бар эҳсосоти куллии ошиқона нисбат мегиранд:
Эй саропо дафтари шеъри худоёна,
Бо мани муштоқи шеър аз байти абрӯят худоӣ кун,
Ташнаро аз чашмаи нӯши лабонат оби ҳайвон деҳ
В-ин хаёли бепарамро болу пар деҳ, шавқи ҷавлон деҳ.
Сатрҳоямро ба мавҷи обшори мӯйи афшонат
Аз ҳама қайди тааллуқ яксара озод кун,
То абад банди ту бошад,
Бахтпайванди ту бошад…
Ин суханон аз таҷрибаи шахсии ошиқона бармеоянд вале байте, ки дар зер меояд, хулосаест, ки аз ин ва монанди ин байтҳо гирифта шуда, ба тавсифи ишқ ҳамчун эҳсосоти куллӣ нисбат мегирад ва азбаски ҳиссиёти ошиқонаи дар боло ифодагашта тозаву тар ва сӯзону фарогир аст, хулоса амиқу фарох ва пурмаъност:
Гар ҷаҳон ҷойе барои зиндагӣ дорад,
фақат оғ ӯши ишқ аст,
Гар ҷаҳон ҷойе барои бандагӣ дорад,
фақат оғ ӯши ишқ аст.
Ишқ, танҳо ишқ аст, ки инсон бо он метавонад зиндагии шоиста дошта бошад ва на танҳо зиндагӣ, ҳатто марг, яъне бандагии шоиста ба ҷо овардан ҳам ба шарофати он аст, пас эҳсосоти ишқ на фақат як навъи зуҳурот аз ҳаёт, балки маънои ҳаёт аст. Шоире, ки ба ишқ ин қадар мақоми олӣ дода, сабаб ва моҳияти ҳаётро дар он мебинад, агар зиндагиеро беишқ бинад, ба чӣ ҳолати тоқатфарсое гирифтор шуданаш мумкин аст. Ва ӯ ба ҳоли онҳое, ки дар дунёи ба қавле «хирадгаро» ё «боҳушона» мақоми ишқро ба эътибор намегиранд, ё бо «беишқӣ» мезиянд, сахт таассуф хӯрда, дар «Чашми оҳу», ки шеъри ошиқонаи пуртаъсир ва навгароёнаи зебоест, бо муроҷиат ба маҳбуби дилаш мегӯяд:
Дар ин дунёи дарбаста,
Ки шаҳрӣ пеш аз он ки мекунад
дарро ба рӯят боз,
Туро аз пушти дар бинад ба чашмандоз,
На танҳо боз медорам дари худро,
Ки қуфли синаро бишкаставу сар медиҳам овоз:
Дар ин айёми беишқӣ
Ҳама он гуна ҳушёранду соҳибҳуш,
Ки ҳатто дар шигифт оянд аз Лайлову аз Маҷнун.
Ва ман акнун
Ба ёди чашми оҳуят,
Ғ изоле ҳам намеёбам, ки бо ҳасрат кашам оғ ӯш.
Ишқ моя ва маънии зиндагию ҳастист. Маъмулан муносибат ба ин ҳар ду ду навъ сурат мегирад – хушбинона ва бадбинона ва азбаски решаи фалсафа асосан дар ақл аст, ки он аз таҷриба ҳосил гашта ҳар лаҳза тағ йир намепазирад. Аз ин рӯ, файласуфе, ки бар кадом ин ду навъи идроки зиндагию ҳастӣ моил бошад, бештар дар ҳамон ҳол хоҳад монд. Шеър аммо дигар аст: решаи он асосан дар эҳсосоту таассурот асту моҳияташ дар мондагор кардани лаҳзаи шоирона, бинобар ин дар осори як шоир ҷой доштани ҳар дуи ин навъи бардошт аз зиндагӣ комилан табиист ва агар зарур бошад, шояд аз рӯи бартарии кадоме аз ин таассурот дар саросари эҷодиёташ ӯро ба ин ё он фирқа мансуб донистан мумкин аст, ки он ҳам дар аксари ҳол шартист. Бинобар ин агар дар ашъори шоир ғ аму шодӣ ба ҳам даромехта оянд, аҷобате надорад. Дар асл ин идроки дуҷонибаи ҳастист, ки аз ду қувваи ба ҳам зид - неку бад шакл гирифтани оламро таъкид менамояд, ки асоси таълимоти Зардушт бар он гузошта шуда буд, яъне ин чизест, ки дар азал буду то абад ҳам хоҳад монд. Дар айни ҳол барои мо он муҳимм аст, ки ин шоир ба дарки ин нуктаҳо аз замонҳои хеле ҷавониаш расидааст. Ду шеъре, ки ӯ дар 18-19 солагиаш навиштааст, ки яке «Гул ва хор» ҳамон вақт чоп шуда, дигаре «Имони саг» баъди сӣ-сивупанҷ сол ба нашр расидааст, далели ҳоланд. Шеъри аввал аз чаҳор мисраъ иборат буд, ки баъдан бо номи «Ҳамоғ ӯш» ва афзудани байти дуюм дар шаш мисраъ дар «Мунтахаби ашъор»-и ӯ омадааст, ки ин аст:
Гул ҳамоғ ӯш ба хоре рустаст,
Аҳд гӯё ки ба ёре бастаст.
Лек хораш тани гул озорад,
Ҳар нафас ранҷи наваш бозорад.
Теша бар решаи он гар бизанӣ,
Ҳосил он аст, ки гулро биканӣ.
Шеъри дуюм «Имони саг» ривоятист. Заминаи ин шеър дар фалсафаи ахлоқ, дақиқтараш бадахлоқӣ буда, дар хидматношиносӣ ифода гаштааст, ки оқибат инсонро бар ваҳшоният ва ноодамӣ расонидааст. Сайёде саги тозии худро, ки солҳо ба ӯ содиқона хидмат кардааст, дар рӯзи пирию нотавониаш нонхӯри сарзиёдӣ дониста, ба дашт мебарад, то бипаронад. Саги содиқи ғ офил ба гумони он ки соҳибаш ӯро ба шикор овардааст, тамоми қувваи пиронаашро ҷамъ карда, ба охирин хидмат тайёр мешавад, ки тири соҳиби қадрношинос ҷигари ӯро сӯрох мекунад вале саг:
Хунчакон омад ба пеши пойи ӯ,
То ба пойи ӯ бимолад чашму рӯ.
Дар ҳамин имони худ ҷон дод саг,
Соҳибаш бар марги ӯ овард шак.
Бори дигар тир зад бар синааш,
Тир зад бар дӯсти деринааш.
Монд дашту монд имону шаке,
Монд тиру монд инсону саге.
Сухани шоир дар ин шеър дар ниҳояти фишурдагӣ ва муҷазӣ аст, худи амал ба дараҷае муаассиру фоҷиавист, ки ҳама гуна воситаҳои ёрирасони бадеиро истисно мекунад. Шоир ҳатто ишорае ба баҳои худ ба ин амал намекунад, зеро дар ин маврид як ҳарф ҳам зиёдатист, баҳо дар худи воқеа аст ва ҳар хонанда бе ҳеҷ гӯшзаде ба он мерасад. Ин шеър аз назари донишманди эронӣ Алиасғ ари Шеърдӯст аз ҷумлаи беҳтарин шеърҳои муосир аст, ки бо ҳунари офаридани ҳолати фоҷеавӣ, нишон додани хулқу хӯ ва бе ҳеҷ сухане маҳкум кардани ахлоқи ношоиста, ки натиҷаи манфиатҷӯии ғ айриинсонист, дар радифи ашъори мондагори классикӣ қарор мегирад. Алиасғ ари Шеърдӯст дар нақди ин шеър чунин навиштааст: «Ва гоҳо Саъдивор каломи хешро дар хидмати танбеҳу огоҳии инсон мегирад ва вайро аз лағ зишҳову бемеҳриҳову номардиҳову номуродиҳо огоҳӣ медиҳад ва ҳақ ин аст, ки ин бахш аз ашъори Аскар Ҳаким дар зумраи беҳтарин сурудаҳои вай ба шумор мераванд. Намунаҳои ин гуна ашъор манзумаи «Имони саг» аст, ки бо ниҳояти зебоӣ ва устодӣ суруда шуда…»7.
Ҳар дуи ин шеър «Ҳамоғ ӯш» ва «Имони саг», ки дар ҷавонии шоир эҷод шудаанд, далели бебаҳси онанд, ки андешамандии фалсафӣ яке аз сифатҳои зотии истеъдоди шоирии Аскар Ҳаким буда, он сол ба сол амиқу густарда ва шоиронаву муаассиртар мешавад ва дар достони «Санги ман – алмос» ва ашъори солҳои охири ӯ бо тамоми паҳнову жарфо ва таровату гуногунрангӣ ба зуҳур омадааст.
Дар баробари ҳамаи ин ҳамеша бояд дар назар дошт, ки андешаи фалсафӣ дар осори Аскар Ҳаким на ҳамчун мафҳуми муҷаррад, балки ҳамчун як паҳлӯи тасвири шои- ронаи ҳастӣ, ифодаи бадеии ҳиссиёту таассурот, омили таъсири шоирона ба тафаккуру амал зоҳир мешавад. Зеро андешаи ӯ ҳамеша аз сарчашмаи воқеият, олами беинтиҳои зуҳуроти ҳастӣ об мехӯрад. Аз ин рӯ, ӯ бештар ба олами шайъӣ назар дорад ва олами шахсӣ, ки дар ашъораш инъи- кос мешавад, акси ҳамон олами шайъист, ки ӯ маърифат мекунад, яъне ин ҳамон олами ҳастӣ ва зиндагие, ки шоир бо дилаш эҳсосу дарк мекунад ва бинобар ин бо муроҷиат ба дил мегӯяд:
Он роҳ, ки меравӣ, надорад поён,
Баҳре, ки шино кунӣ, надорад соҳил.
Ё дар рубоии дигар:
Дарёб ту, он чиҳо гузашт аз сари ман,
Аҳсант ба ин тобу табу тоқати дил.
Он чизе, ки аз сар мегузарад, яъне зиндагӣ мавриди тоқати дил, андешаи дил аст, ҷаҳони шахсии шоир инъикоси ҷаҳони моддист. Ин ҳолат барои ин шоир бисёр муҳимм аст, зеро андешаи шоиронаи ӯ паҳно мехоҳад ва онро намешавад дар як олами маҳдуди ҳиссиёти фардӣ ҷой дод. Ӯ оламро бо ҳамаи гуногунии тазоҳуроташ ба дил ҷой медиҳад, ҳамчунонки дар шеъри «Арзадошт» бо бардошти хаёлпардозона мегӯяд:
Ман, ки мехоҳам равам бар кӯҳсорон
Ҳамчу тундар,
Ё кушоям синаи худро ба киштиҳои дарё
Ҳамчу бандар,
Ман, ки шӯру шавкати дарё ба дил ҷо мекунам,
Хешро аз қалби сангину хамӯши кӯҳ ово мекунам,
Ман агар маҳфил кунам,
маҳфил кунам танҳо ба хеш,
Ё ба он дарёи пурҷӯш,
Ё ба ин кӯҳи хамӯш.
Ва дар ин ҷо кӯҳу дарё, тундару бандар, пурҷӯшию хамӯшӣ истиораҳо аз тазоҳуроти гуногуни ҳастист, ки шоир ҳамаи онҳоро дар дил ҷой додан мехоҳад ва воқеан ҳам ҳамин тавр мекунад, ин аз фарохии мавзӯи ашъораш, ки гуногунтарин паҳлӯҳои зиндагиро дар бар мегирад, баралло ба назар мерасад. Ин ҳолат дар эҷодиёти ӯ тасодуфӣ ва ё ноогоҳона набуда, балки мавқеест огоҳона, мақсаднок ва усулии эҷодии ӯро ифода менамояд. Дар баробари ин ӯ аз аҳаммияти ҷаҳони шахсӣ ва ботинӣ заррае намекоҳад, ки дар ҳамин пораи иқтибосшуда ҳам вақте ки «ман агар маҳфил кунам, маҳфил кунам танҳо ба хеш» мегӯяд, мо тасдиқи онро мебинем. Аммо чизе, ки аз маҳфили бо хеш, яъне бо дили хеш баргузор кардаи ӯ бармеояд, ҳаргиз шахсӣ набуда, моҳияти башарӣ дорад.
Ман намегунҷам ба маҳфилҳои танге,
Саҳнаи эҷоди шоир
саҳнаи дунёст.
Хешро дар кулли дунё
мекунам эҳсос чун дар хонаи хеш,
Хонаи ман
хонаи фардост.
Баъд аз ин маъзури маҳфилҳову маҷлисҳоятон,
Бо шумо, маҳфилбузургон, хоҳаме дарди бузург.
Ончунон дарде, ки дар маҳфил нагунҷад,
Ончунон дарде, ки дар манзил нагунҷад,
То шумо дар хеш, дар олам нагунҷед,
Балки дар ман ҳам нагунҷед.
Шоир дар ин ду пора, ки аз аввалу охири шеъри «Арзадошт» иқтибос шуд, аз кӯшиши бо тамоми вусъат сина кушоданаш ба олами ҳастиву ҳодис сухан мегӯяд ва ҳатто ба онҳое ҳам, ки бар хилофи рисолати шоирӣ худро побанди маҳфилҳои танг месозанд, нукта мегирад ва мегӯяд, ки агар худро ба дарде гирифтор карданӣ бошед, ба дарде гирифтор кунед, ки дар олам ва ҳатто дар ман нагунҷад, яъне ман дар дард доштан аз олам ҳам бузургтарам. Албатта, ин ҳарф решаи тасаввуфӣ ва фалсафӣ дорад, дили ҳар ориф чанд олами ҳастиро дар худ гунҷоиш медиҳад, ба ин маънӣ шоир дар достони «Санги ман – алмос» ҳам ишора дорад:
Чашми дил боз шуду дидам ман,
Ки ҳамин мушти муҳаббат, ки варо Дил ном аст,
Дар қафасбанди ниҳони сина
По фаро мениҳад аз саҳроҳо,
Жарфтар аз дарё
Ва фаротар аз арш
Ва ҳамон бори амонат, ки на дарёву на кӯҳ
Ва на афлок тавонист кашид,
Мекашад ин дили ошиқ бар дӯш.
Акнун бояд дид, дарде, ки шоир аз он сухан мегӯяд, чӣ дардест, ночизи шахсист ё бузургу башарист. Барои муайян кардани он ба ашъоре рӯй бояд овард, ки шоир дар онҳо аз дард суҳбат мекунад ва хусусияти он дардро бояд муайян сохт. Барои ин ба чанд шеъри ӯ, масалан, «Чӣ эҳсоне?!», «Шаҳри меҳолуд», «Имон», «Мерос», «Хазони умр», «Чароғ и дур», «Аспи кишанбанд», «Камарбанди куҳистон», «Шеъри хундори ман гиряд…», «Сарви сабзу тути хушк», «Чӣ кунам?!» ва дигарҳо як назар андохтан кофист, ки чӣ дарди бузурги башарӣ будани он дарк карда шавад. Дар бораи шеъри охир «Чӣ кунам?!» Муҳаммадалии Аҷамӣ дар мақолаи худ «Нигоҳе кӯтоҳ ба қомати баланди шеър», ки дар бораи вежагиҳои шеъри АскарҲаким аст, навишта буд, ки: «Ин шеър аз сарнавишти миллат, аз таърихи миллат, ранҷҳои миллат бар мо мегӯяд… Шеър аз аввал то охир як ҳуҷҷат аст, ки тоҷик дар масири таърих чӣ гуна зистааст, чӣ гуна аз нобудӣ худро чун қақнус боз эҳё кардааст… Ва шоир мегӯяд…дигар вақти наъраи бедорӣ задан аст, замоне аст, ки миллат бояд худро ҳам ҳифз кунад ва ҳам бисозад»8. Бар суханҳои ин муаллиф ман ҳамин қадар меафзоям, ки ин хусусият, дар дарди худ ҷой дода тавонистани дарди дигарон, ки дар мавриди зарурӣ дарди миллат ҳам ҳаст, дар фазилати шоирии ин эҷодкор аст. Масалан, дар шеъри дигаре, ки номаш зикр шуд, «Мерос», шоир дарди бузурги миллатро баён карда тавонистааст, ки дар даҳсолаҳои аввали асри гузашта ҷой дошт. Дар ду банди аввали он шеър омадааст:
Деҳаи мо сабз буд дар пойи кӯҳ,
То варо созанд дигар,
Аввалаш карданд хокистар.
Боз он тире, ки бояд бар тани бобом мерафт,
Аз хато бархӯрд бар кӯҳ,
Пай бишуд дар санг пайдо.
Дард аломати зиндагист, танҳо ҷисми зинда эҳсоси дард мекунад ва аз он сухан мегӯяд. Дард на фақат аломат, балки оғ ози зиндагист, инсон бо фарёди дард, гирён ба дунё меояд:
Ин абри баҳор нолазо меборад,
Бо нола ба хоки мурда ҷон меорад.
Кӯдак ҳама гирён ба ҷаҳон меояд,
Ашк аст, ки тухми зиндагӣ мекорад.
Бузургтарин масъалаи башарият маргу зиндагист, ки онро ҳамеша бо худ машул медорад ва то маргу ҳаёт ҳаст, бедортарину андешамандтарини эҷодкорон бар сари он ба тафаккур ва тааммуқ нишастаанду боз хоҳанд нишаст, ки ба асрори азал пай бубаранд, зеро ҳамчунон ки гуфтаанд: «Асрори азалро на ту дониву на ман» ва ё ҳамчунон ки шоири мо мегӯяд:
Ман рози вуҷуди худ намедонам, чист,
Сирри адамам, пас, аз куҷо дарёбам?!
Аммо ин надонистан, албатта, он надонистангароии суфастоӣ нест, балки дар айни ҳол як тарзи бадеист, ки шоири муътақиди идрокшавандагии олам онро барои амиқтар ва ҷолибтар баён кардани дарёфти ҳастӣ истифода мебарад, зеро маҷмӯи эҷодиёти ӯ бар ин асос аст.
Бешубҳа, дар садаи бисту як шоире ҳамчун Аскар Ҳаким, ки аз донишҳои замон огоҳ аст, мубаллиғ и надонистангароӣ наметавонад бошад ва аз ин рӯ баъзан ҷой доштани чунин ифодаҳо ба манзури бештар ҷалб кардани таваҷҷуҳи хонанда аст, ки сипас ақидаи худро баён намояд. Бинобар ин, ҳангоми муайян кардани ин масъала тамоми эҷодиётро бояд ба назар гирифт, масалан, дар достони «Санги ман-алмос», ки ин масъала матраҳ аст, мегӯяд:
Зиндагӣ
дониши нодониҳост.
Бикунад дониши мӯраш ҳамаро дар ҳайрат,
Ки агар донаи арзан бибарад,
карда ду тақсим варо
Ва агар донаи гандум бибарад,
карда чаҳораш пора,
Бигузорад, ки нарӯяд ба баҳор…
…Ва агар мӯр бад-ин сон доност,
Чӣ тавон гуфт зи донишварии инсонаш.
Зиндагӣ на фақат мавзӯи донишу омӯзиш аст, балки воқеиятест, ки инсон тамоми иродаи худро барои ба амал баровардани мақсадҳои бузургтаринаш истифода бояд кунад. Зиндагиро танҳо мақсад, ирода ва фаъолияте, ки натиҷа додааст, арзишманд мегардонад. Ба Аскар Ҳаким дарки ин гунаи моҳияти зиндагӣ аз ҷавонӣ хос будааст, ки ҳам дар ҳаёти эҷодиаш пайдосту ҳам дар фаъолияти иҷтимоияш. Дар яке аз шеърҳои давраи ҷавониаш «Гуфта будам ҷавони хушбахтам…» бо эҳсоси гарми хоси ҷавонӣ гуфтааст:
Дар дили ӯ шукуфта ахтарҳо,
Дар сари ӯст фикри чархи барин.
Лек рӯзе фурояд ӯ зи само
Ғ арқаи нур бар канори замин.
Масъалаи маргу зиндагӣ бо гуногунтарин зуҳороташ дар бисёр шеърҳои шоир, аз ҷумла дар «Зиндагӣ бозтоби тақдир аст», «Чӣ эҳсоне?!», «Дарё, маро бигир…», «Интихоб», «Умеди паси девор», як силсила рубоиҳо, достонҳои «Достони Нону Имон» ва «Санги ман – алмос» мавриди эҳсосу андеша қарор гирифтааст, ки баррасии муфассалеро мехоҳад вале ман ин ҷо мухтасаран чанд нуктаро қайд мекунам. Бо он эҳсоси тунду тез ва хунгармие, ки дар сиришти ин шоир ҳаст, ӯ наметавонад мушоҳиди бетарафи зиндагӣ бошад, аз ин рӯ арсаи зиндагӣ барои ӯ ҷои санҷидани қудрат, фаъолият ва мубориза барои пирӯзии инсон бар ҳама мушкилот ба хотири зафари некӣ бар бадӣ, нур бар зулмот ва адолат бар разолат аст. Ҳамчунон ки дар ин рубоияш мегӯяд:
Умрат ба масал агар чу дастовез аст,
Некаш нигарӣ, ба роҳи Ҳақ маҳмез аст.
Ҳоло накунӣ ба роҳи Ҳақ растохез,
Ҳар рӯзи пас аз марги ту растохез аст.
Зиндагӣ барои ӯ бо мақсуди волояш арзишманд аст ва ҳатто чигунагии марг бо чигунагии мақсуди зиндагӣ бастагӣ дорад, агар он мубориза барои ҳақу адолат нест, пас оромише ҳам баъди он нест ва ҳар рӯзи пас аз марг барои кас растохези абадист, ки даҳшатноктарини даҳшатҳост. Бинобар ин дар шеъри ривоятии хаёлофарини «Интихоб», ки оғ озаш ба афсонаҳои мардумӣ шабоҳат дорад, ровӣ, ки шоир аст, ними роҳи умрашро тай карда, дар назди дуроҳае қарор мегирад, ки:
«Равию боз гардӣ, лек бемақсуд»,
«Равию барнагардӣ, лек бомақсуд».
Ду хат сӯйи ду роҳи саъб ишорат дошт бепарво.
Равию барнагардӣ, яъне мақсуд ба даст орию зиндагӣ аз даст диҳӣ ва шоир вазъи худро дар ин ҳолати фоҷеавӣ бо табу тоб ва шиддати тоқатшикан тасвир карда, ба хулосае мерасад, ки роҳи дуюмро интихоб бояд кард, яъне ба хотири мақсуд аз зиндагӣ даргузашт, ҳарчанд:
Ки гар ёреву дидорест, бо умр аст,
Ки гар ишқеву дилдорест, бо умр аст.
Вале бардоштам гом аз раҳи сонӣ,
Гузаштам аз бисоти зиндагиву умри нотакрор,
Куҷоӣ лек, эй мақсуд,
эй мақсуди безинҳор?
Мушкилоте, ки шоир барои ба даст овардани «мақсуди безинҳор»-и зиндагӣ рӯ ба рӯ меояд, на фақат дар зиндагии воқеии ҷомеа мавҷуданд, ки дурӯғ у фиребу беадолативу душманӣ аз ҷумлаи онҳо буда, боиси нохушиҳои рӯзгори мардуманд, балки дар худи ӯ низ ҷой доранд, ки то бар онҳо пирӯз наояд, аз худ қонеъ буда наметавонад.
Дар касби камоли дил асар пайдо нест,
Дар мадди назар ҳадди зафар пайдо нест.
Дигаршуди олам накунад суде, чун
Дар қалби ту дунёи дигар пайдо нест.
Барои дар қалби худ ба вуҷуд овардани дунёи дигар, ки барои эҷоди зиндагии тоза замина гузорад, заҳмати сахти ботинӣ бояд кашид ва тамоми тавоноии рӯҳии худро ба кор андохт, ки на ба ҳар кас ва на ҳамеша даст медиҳад, аммо роҳи дигаре барои дастрасӣ ба мақсуди олии зиндагӣ мавҷуд нест.
Оё зиндагӣ маъно ва моҳият дорад, агар дошта бошад, дар чист? Ин суолест, ки аз замони зиндагии боҳушонаи башарият на фақат дар назди фалсафа, балки ҳамаи улуми инсону ҷомеашиносӣ ва адабиёту ҳунар матраҳ будаасту мебошад ва дар ҷавоби он бештар аз ҳама қаламу коғ аз фарсуда шудаасту боз ҳам мешавад, зеро масъалаест, ки на фақат дар назди ҳар як насли тоза, балки дар назди ҳар фард низ мебошад. Ҳанӯз дар «Китоби ҷомиа»-и Ҳазрати Сулаймон бани Довуд омадааст, ки « ва тамомии корҳоеро, ки зери осмон карда мешавад, дидам, ки инак ҳамаи онҳо батолат ва дар паи бод заҳмат кашидан аст» (Боби аввал, ояи 14). Ҳоло таҳқиқот собит кардааст, ки ривоятҳои дар «Китоби муққаддас» ба ӯ нисбатдодашуда дар асл тарҷумаи ривоятҳои «Оминемопе»-и Мисри қадим мебошанд, ки ба дуҳазорсолаи пеш аз милод мансубанд.
Толис, ки дар садаҳои VII-VI то милод зистаасту ӯро Ситсерон «падари фалсафа» номидааст, мегуфт, ки маргу зиндагӣ фарқе надоранд, чун пурсиданд, ки пас чаро намемирӣ, гуфт, чунки фарқе надорад. Бо ин иқтибосҳо мехоҳам таъкид кунам, ки баҳси маргу зиндагӣ мисли дунёст қадимӣ, аммо ҳеҷ замон ва ҳеҷ насли нави башарият аз он ҷои гурез надорад.
Ин масъала ҳамеша ва пеши ҳама ҳаст, фақат онҳое, ки хоҳиш ва ё тавоноии андаррафтан ба ин масъала надоранд, онро нодида мегиранд, аммо аз ин кори худ суде барнамедоранд, зеро дар сари он андешидан ва чӣ гуна ҳал кардани он маъно ва моҳияти зиндагии инсонро таъин менамояд. Ин кор махсусан барои эҷодкор муҳимм аст, эҷодкоре, ки ба сари масъалаи маргу зиндагӣ ба тафаккур ва тааммуқ наменишинад, асари шоистаи таваҷҷуҳе офарида наметавонад, зеро андешаи амиқ оид ба ин масъала на танҳо ба асарҳое, ки маҳз ба ин мавзӯъ бахшида мешаванд, балки ба тамоми асарҳои ӯ жарфои тафаккур ва гармии эҳсосот хоҳад бахшид. Вале на ҳар эҷодкор ба зудӣ ба дарки ин масъала мерасад, баъзе умуман ба он наздик намешаванд, ки ҷои афсӯс аст, зеро худро аз чизе канор мегиранд, ки бар осори онон вазн ва моҳият мебахшад. Аммо Аскар Ҳаким аз ҷумлаи онҳоест, ки барои эҷодкор муҳимм будани андешаҳои муттасилро бар сари масъалаи маргу зиндагӣ аз ҷавонӣ дарк карда, онро на фақат дар ҳаёту таҷрибаи шахсии худ ба муоина гирифтааст, балки мероси бузурги адабию фалсафиро, ки оид ба он мавҷуд аст, мавриди омӯзиш қарор додааст. Партави он таълимот аз осори ӯ ҳар ҷо, масалан, аз аввалин шеърҳои «Имони саг» ва маҷмӯан дар достони «Санги ман – алмос» ба хубӣ ба чашм мерасад, ки бо беҳтарин ваҷҳ ифодаи бадеии худро ёфтааст.
Маргу зиндагӣ, ки худ ҳазорон паҳлӯ дорад, дар ашъори Аскар Ҳаким низ аз ҷиҳатҳои гуногун тасвир ва ба андеша гирифта мешавад. Вақте ки ӯ ба ин мавзӯъ аз дидгоҳи зистшиносӣ менигарад, аз зуҳуроти он ба аҷабу хашм омада мегӯяд:
Аввал хандӣ, пас гирйӣ, ин чӣ наҷот,
Аввал бошӣ, пас пошӣ, ин чӣ сабот.
Ман маънии зиндагӣ нафаҳмидам ҳеҷ,
Аввал ту хурӣ, баъд туро, ин чӣ ҳаёт?!
Дуруст аст, ки зимни ин тааҷҷубу хашм, инкори ин навъ фаҳмидани зиндагӣ ҳаст, яъне ман онро қабул надорам, мегӯяд шоир, ки он талқини дигаронро ҳам дар назар дорад. Аз назари зистшиносӣ маргу зиндагӣ маъное барои инсон надорад, як амри табиӣ мебошад, на хуб, на бад, инро ӯ дар «Санги ман – алмос» хеле бадеу хотирнишин, устодона ва бо эҷоз дар як байт чунин ифода менамояд:
Зиндагӣ
ҳеҷ на зишт асту на хуб,
Зиндагӣ
бурҷи тулӯъ асту ғ уруб.
Аммо мақсуд аз зиндагӣ ин нест, дар байни ин тулӯу ғ уруб моҳияте бояд бошад, ки ҳаёти инсон маъно пайдо кунад, аммо ин моҳият ва маъно аз ҷониби чӣ қудрат ва ё чӣ касе ба он ворид карда мешавад? Ё он қазову қадарист? Ҳар чӣ аз азал навишта шуда бошад, он хоҳад шуд? Ин аз мавзӯъҳои азалӣ ва абадии адабиёт аст, ки мавриди тасвиру ифода ва баррасии асарҳои бешуморе будаасту боз хоҳад буд. Аз ҷумла Аскар Ҳаким ҳам дар яке аз рубоиҳояш мегӯяд:
Асрори ҳаёту марг – асрори азал,
Н-ояд зи касе кор дар ин кори азал.
Он гуна закӣ Эзидамон сохт, ки мо
Дар хоби абад шавем бедори азал.
Дар байти аввали ин рубоӣ андешаи маъмул аз қазову қадар ифода шудааст, ки барои гуфтани байти хотима замина гузоштааст, манзури шоир ҳам аз гуфтани ин рубоӣ ифодаи ҳамин маъност, ки мо баъд аз даргузаштан бедор мешавем, яъне ҳангоми зиндагиамон дар хобем. Ин ақида дар баъзе рубоиҳои дигараш ҳам баён шудааст.
Аммо оё мақсуд танҳо дар хоби абад бедор шудан аст, ин ақида партаве аз афкори Афлотун ҳам дорад, ки зиндагии инҷаҳонии аксари инсонҳоро хоб номида, мегуфт, ки онҳо дар он ҷаҳон бедор хоҳанд шуд, дар ин ҷаҳон танҳо файласуфон бедоранд. Ҳарчанд мо дар баъзе шеърҳои Аскар Ҳаким бозтоби гуногуни шоиронаи ин андешаи хирадманди қадимро мебинем, аммо ин далели он нест, ки ӯ ин ақидаро талқин мекарда бошад, он дар шеъри ӯ, баръакс, ташвиқ ба он мекунад, ки дар ҳамин зиндагӣ бедор бояд буд, боҳушу огоҳона зиндагӣ бояд кард. Масалан, дар яке аз ғ азалҳои ошиқонааш мегӯяд:
Гар азалам ба ин ҷабин васли туро рақам накард,
Ман, ба Худо, ки аз ҷабин пок хати азал кунам.
Шоире, ки мароми эҷодиаш фаъолият аст, наметавонад усули бефаъолияти зиндагиро, на танҳо тарғ иб, ҳатто бо он муросо кунад ё онро қабул намояд. Дар шеъри «Зиндагӣ бозтоби тақдир аст» ҳарчанд нақши тақдир, яъне қазову қадарро дар зиндагии инсон инкор намекунад, ки аз унвони шеър ҳам пайдост, аммо он дар ӯ на итоату коҳилӣ, баръакс, иродаи талошу мубориза ва фаъолиятро бедор ва қавӣ месозад, ҳатто ба дараҷае, ки мегӯяд: туро агар зиндагӣ бо ҳазор макру фиребоияш пойбанди худ карданӣ бошад, ту бояд аз он раҳо шавӣ ва роҳеро, ки барои номҷӯӣ, яъне гузоштани нақши худ дар ҳаёт интихоб кардаӣ, ҳатман давом бидиҳӣ, чунки:
Пой – дар банд, роҳ – беохир,
Тӯли раҳро нигоҳ медонад.
Раҳраверо зи роҳ бардоранд,
Ғ ам махур, тарҳи роҳ мемонад.
Тарҳи роҳ муҳимм аст, зеро зиндагӣ бо ту тамом намешавад, чизе ки номи туро ба ояндагон боқӣ мегузорад, тарҳи роҳест, ки аз ту мемонад, тарҳи роҳ танҳо дар натиҷаи рафтан, яъне фаъол будан, ҳаракат кардан, огоҳона зиндагӣ кардан пайдо мешавад. Бинобар ин зиндагӣ фаъолияти ҷовидон ва огоҳона аст. Дар ин боб андешаҳои Аскар Ҳаким дар «Санги ман – алмос» хеле шоирона ва тозаву таранд:
Чашми бад дур,
Гоҳ агар бе хатари ҷон
ба думи шер
тавон бозӣ кард.
Зиндагӣ чун на фақат ҷонбозист,
Зиндагӣ боз, ки бозӣ ҳам ҳаст…
Зиндагӣ аз кайҳон меояд.
Ҳамчу нурест, ки аз роғ и даре мегузарад
Ва ба торикии долони дудар меларзад,
Кас мабодо ки дари хона ба рӯяш бандад.
Зиндагӣ
ҳадяи нур аст ба ҳар як дари боз.
Ба ҳақ бояд инсоф дод, ки дар шеъри муосири мо дарки фалсафии моҳияти зиндагӣ бо чунин баёну суварнигории шоирона, ки зимни ҳар ифодаву тасвири он ҳикмате ниҳон бошад, камтар ба назар мерасад. Зиндагие, ки чунин моҳият ва маъно дорад, дӯстдоштанӣ ва орзукарданист: «Зиндагӣ ҳадяи нур аст ба ҳар як дари боз». Бале, дари худро ба зиндагӣ ҳамеша боз бояд дошт, онро ҳамеша мунтазир бояд буд, дӯст бояд дошт. Шоир аз илҳому истеъдоди худ тақозо дорад, зиндагиро ба ин зебоӣ ва саховат, ки он дорад, шоиста тавсиф намояд:
Дили ман мехоҳад,
Сухани шеър бувад сабзтар аз вожаи дашт,
Решаи фикр бувад жарфтар
аз бехи дусадсола чинор.
Савту ово шавад аз хонаи танбӯрии дарё ҷорӣ.
Гулпаракҳо сари зулфони алафро гиранд,
Ғ ук бар об ҷаҳад,
тоза барояд ба канор,
Сари ду пой нишинад сари санг,
Бидамад сурнайи ҷӯю бихонад овоз,
Ки бубин,
зиндагӣ аз сар чӣ қадарҳо зебост
Ва чӣ андоза сахист,
Ки ба ҳар ғ ук диҳад ҳанҷараи довудӣ…
Ин ҷо суоле матраҳ мешавад, ки сарчашмаи ин муҳаббат ба зиндагӣ чист? Намехоҳам хонандаро маҳви таҳайюр кунам, аммо дар бораи муҳаббат ба зиндагӣ ин суханони мутазоди Толстои бузургро меорам, ки шоири мо аз он огоҳ аст: «Барои дӯст доштани зиндагӣ, дӯст дош- тани марг зарур аст»9. Воқеан ин нигоҳи файласуфона ба маргу зиндагист ва бозтоби он дар бисёр шеърҳои Аскар Ҳаким, масалан, дар «Уқоб», «Зиндагӣ бозтоби тақдир аст», «Дарё, маро бигир…», «Интихоб», «Чӣ эҳсоне?!», «Достони Нону Имон», «Санги ман-алмос», дубайтиву рубоиёти ӯ ба назар мерасад.
Аммо фаҳмиши Аскар Ҳаким аз ин масъала чӣ гуна аст ва он дар ашъори ӯ чӣ гуна бозтобе пайдо мекунад?
Барои шоир АскарҲаким дар зиндагӣ чизи ношои- рона вуҷуд надорад, пасттарин зуҳуроти ҳаёт, ҳатто ба таъбир «касифтарин» тазоҳури ҳастии воқеӣ метавонад ба тақозои муҳтаво вориди шеър шавад ва на танҳо тақозои муҳтаво, балки худи муҳтаво ҳам қарор гирад, зеро масъала дар чигунагии онҳо набуда, дар чигунагии муносибати шоир ба онҳост. Ӯ дар шеър ҳаргиз зебопарастии зоҳирии сабукмояро қабул надорад, барои ӯ зебоӣ ҳамеша дар воқеияти зиндагӣ, дар ҳолату чизҳое, ки мо ҳар рӯз дар зиндагии рӯзмарраамон бо онҳо бархӯрд мекунем, ҷой дорад.
Аз ин рӯ барои ӯ воқеияти пасту олӣ вуҷуд надорад, ҳама воқеият маводи шеър аст, шоир аст, ки ба он аз рӯи зарурат мақоми паст ва ё олӣ медиҳад. Чунон ки дар як рубоияш мегӯяд:
Олам нашиносӣ, ки шиносӣ хату ҳарф,
Сахт аст зи бас тамизи ҳар зишту шигарф.
Дар барфи зимистон, ки нахонад булбул,
Булбул бувад он зоғ , ки хонад дар барф.
Зарурат, воқеият аст, ки зоғ ро дар назари мо булбул месозад ва агар дар асл бигиред, зоғ ҳам, ки дар ин ҷо рамз аст, яъне чизе дар табиат ноҷо офарида нашудааст, дар мақоми худ дар канори барфҳои сарди зимистон камтар аз булбул нест. Ин маънӣ, ки ҳар чизи офарида дар табиат дар мақоми худ ягонаву зебост, хулосаи фалсафӣ аз дарки моҳияти ашё мебошад, ки дар ин пораи «Санги ман – алмос» ҳам ифодаи зебои суварнигоронаи худро пайдо намудааст:
Осмон дорад агар
панҷаи оби раҳмат,
На фақат бар сари сарву гулу райҳону тамишк,
Ба сари газна, шутурхору ғ умой,
Ба сари хори хасак ҳам борад.
Аскар Ҳаким дар баробари он ки ба ҳар зуҳуроти зиндагӣ бо назари фалсафии моҳиятбин нигариста, онро бадеу шоирона тасвиру бозгӯ мекунад, ба мавзӯи марг низ ҳамин гуна муносибат дорад. Мавзӯи марг дар ӯ эҳсоси мағ шушу тарсу ҳарос эҷод накарда, ҳамчун як амри табиӣ дарк карда мешавад, ки барои давоми зиндагӣ зарур аст, зеро агар марг набуд, зиндагӣ ҳам ба ин сурате, ки мо мешиносем, вуҷуд надошт. Пас, инҳо ҳамдигарро истисно накарда, давоми ҳамдигаранд. Дар мақтаи яке аз беҳтарин шеърҳои худ дар мавзӯи маргу зиндагӣ «Чӣ эҳсоне?!» ӯ маргро эҳсони худовандӣ бар бани башар медонад, ки бозтобе аз таълимоти исломӣ дорад. Воқеан тасаввур кунед, ки инсоният бе марг, ҷовидон зиндагӣ мекунад, аз ин мудҳиштарин чизеро тасаввур намудан душвор аст. Бинобар ин ӯ мегӯяд:
Чӣ гӯям ман аз ину он,
Ки дар подоши он ранҷу машаққатҳо,
ки аз дунё кашад инсон,
Нахоҳад ҳеҷ чизе аз ҷаҳон ҷуз марги осоне,
Чӣ инсоне,
Чӣ эҳсоне?!
Боз махсусан дар баъзе ҳолатҳо ӯро ақидаи афлотунӣ, ҳамчунонки болотар қайд кардам, яъне аксари инсонҳо дар ин зиндагии худ хобанду танҳо дар он дунё бедор хоҳанд шуд, ба худ машғ ул медорад:
Оне, ки диҳад рӯз сару савдоят,
Ором диҳад дар оғ уши шабҳоят.
Он гаҳ, ки барад ба хоби ҷовидонат,
Бедории ҷовид диҳад фардоят.
Бедор шудан аз хоби гарон на фақат дар он дунё, балки дар ин дунё ҳам воқеъ шуданаш мумкин аст, ҳамчунонки дар «Чакомаи ризои модар» ҳаст. Аммо ин бедор шудан на ба он маънои афлотунист, балки ба маъноест, ки меҳри модарӣ ба он дараҷа самимию пурқудрат аст, ки метавонад ба кас дубора ҷон бахшад, яъне ҳатто марг дар назди меҳри модар оҷиз аст. Ин чакома яке аз беҳтарин шеърҳоест дар ситоиши меҳри модар, ки дар он усули сирф реалистии тасвир ва унсури фантастикӣ – хаёлпарастӣ моҳирона ба ҳам омехта, саҳнаеро ба вуҷуд овардааст, ки дар нишон додани бузургии меҳри модар камназир аст. Воқеаи шеър мухтасар аст: модари пире, ки писараш дар маҳбас аст, баъди дидани хобе, ки таъбираш аз ҷаҳон рафтан аст, ба мулоқоти фарзандаш меояд вале чун ҳоло муҳлати мулоқот нарасидааст, ба ӯ иҷозаи дидор намедиҳанд ва ӯ азбаски дар шаҳр ҷойи рафтан надорад, дар наздикии маҳбас, бо умеди он ки фардо шояд рухсати мулоқот диҳанд, борхалтаашро зери сар гузошта, шабро рӯз карданӣ мешавад. Вале хобаш ба хоби абад бадал мегардад, пагоҳи дигар мардум ва омирони маҳбас аз ҳол огоҳ мегарданд. То ин ҷо сухани шоир то ҳадди ниҳоят сирф воқеънигорона аст, ба монанди ин банди аввал:
Модаре пир, хору зору наҳиф
Ба дари маҳбас омад ин бегоҳ.
Ончунон буд нотавону заиф,
Ки барояд ба зӯр аз лабаш оҳ.
Вале баъди он ки модари ба хоби абад рафта «рухсаташ буд кори савоб»-ро мешунавад ва ҷон гирифта бармехезад, усули баён бо бардошту романтикӣ мегардад, то ки амали фантастикӣ, ба чӣ қодир будани меҳри модарро, ки ҳатто бар марг пирӯз меояд, ифода карда тавонад:
Модар озод рафту бепарво,
Ҳеҷ касро на эътиборе кард.
Муъҷизеро, ки кас надид асло,
Меҳри ӯ ё Худои Борӣ кард.
Рафтани ӯ чӣ шӯр меангехт,
Ҳама дарҳо ба рӯ-ш во мешуд.
Қуфлу занҷиру панҷара мерехт,
Бандҳо канда, зери по мешуд.
Ва модар чун ба сари фарзандаш расида мебинад, ки бемору хоб аст, бо меҳрубонии тамом, ки танҳо ба модарон хос аст, фарзандашро навозиш мекунад ва ҳасрату васияташро ба забон меорад, ки тамоман модаронаву оддист вале онро бе ашк ҳеҷ намешавад таҳаммул кард. Сухан дар ин ҷо боз сирф реалистию табииист ва ҳатто ниҳоят заминист, ки аз олами як зани мушти пари аламзада бармеояд. Ва дар охир:
Дигар аз дасти ман чӣ меояд,
Рӯзу рӯзии ман ҳамин будаст.
Донам, аммо, ки адл мебояд,
Ки Худояш ба банда фармудаст…
Ҷон бачам, шоми ҷумъа Қуръон хон,
Бифирист ояе ба раҳмати ман,
То бидонам, ки зиндаӣ ба ҷаҳон,
Охирин мояи саодати ман.
Гуфту ҷон дод аз дигар ором,
Чун набудаш ба дил ризои дигар,
Ки ба гӯраш барад салому паём
Баъд аз ин аз писар дуои писар.
Модар васияташро мекунад ва аз дигар оромона ба хоби абад меравад, марг дар ӯ ҳеҷ гуна тарсу ҳаросе эҷод намекунад. Фалсафаи ин ризоят дар он аст, ки марг барои инсоне, ки рисолати худро иҷро кардааст, ваҳшат надорад. Бинобар ин, ҳамеша бояд кӯшид, ки ин рисолатро ба ҷо биёрӣ, то аз зиндагӣ розӣ бошию аз марг ваҳшат накунӣ. Барои касе ки ин ҳақиқатро фаҳмидаасту аз рӯи он зистааст, марг ваҳшате надорад, балки баръакс ҳамчунонки дар шеъри «Умеди паси девор» ҳаст, умеди фиребое низ дорад:
Офтобе ба ғ уруб
Гузар аз кӯйи дилогоҳ намуд,
Сари девор расид.
Сари девор чӣ хуршедӣ буд,
Паси девор чӣ уммеде буд?!
Умеде, ки паси девори ҳастист, сипас рух хоҳад намуд, аммо ҳоло талош бояд кард, ки дар зиндагӣ бедор бошӣ ва шоир маҳз ҳамин тарзи зиндагиро қабул ва ташвиқ менамояд. Дар баробари марг мардона ва зиндаву бедор бояд буд, ба дунё, ки омадӣ, дигар аз марг ҷои тарс нест. Дар рубоие мегӯяд:
Ҳар рӯзи ту пайкори ҳаёт асту мамот,
Тарсӣ агар аз марг, ту нозода бимир.
Тарс аз марг дар ҷои дигар аст – дар беному нишон мурдан, бинобар он ҳар рӯзи ту «пайкори ҳаёт асту мамот», дар ин пайкор ғ алаба бояд кард, то ҳаёт пирӯз гардад ва зиндагӣ маъно пайдо кунад. Ҳамчунонки дар хулосаи шеъри «Таманно» мегӯяд:
Хаста гашта рӯзе аз афту дарафт,
Чун равам аз даҳри некию бадӣ,
Кош ин ҷо халқ гӯяд: Ҳайф, рафт!
Гӯядам он ҷо малак: Хуш омадӣ!
Дуруст аст, дар ҳолатҳое, ки шоир дар зиндагии ҳаррӯза беадолатӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, пастию ноҷавонмардиҳоро мебинад, дар ӯ хоҳиши даргузаштан аз ҳар гуна мубориза ва ҳатто номе, ки инсонро ҷовидон хоҳад кард, пайдо мешавад ва ӯ дар ғ азали «Шаби ғ усса» мегӯяд:
Чӣ кунам ба номи ҷовид, ки зи худ нишон гузорам,
Ки ман аз ҷаҳони ҷовид ғ ами ҷовидона дорам.
Чӣ ҷаҳон, ки ормонаш сари дор дидани мост
Ва хуш аст, агар чу Ҳаллоҷ бикашад ба ҳалқа корам…
Дар ин ҷо «ғ ами ҷовидона», албатта, ба ғ ами гуноҳи азалии инсон ишора дорад, аммо ба ин ғ ам боз ғ ами дунёе зам мегардад, ки он Ҳаллоҷ – ҷонфидотарин бандаи Худоро дар роҳи ҳақ бар сари дор кашид ва мутаассифона, то ҳол муҳол аст, ки аз ин хӯи ноҷавонмардонаи худ, яъне аз озори онҳое, ки дар роҳи ҳақ ҳастанд, даст бардорад, шоирро водор месозад, ки ҳатто аз беҳудагии кӯшиш барои номи ҷовидон суҳбат кунад. Шоир ва муҳаққиқи эронӣ Алиризои Қазва дар мақолаи «Аскар Ҳаким – ғ азалсарои мутафовит», ки ғ азалҳои ӯро аз беҳтарин ғ азалҳои муосир меҳисобад, мавзӯи мазкурро таҳқиқ карда, менависад, ки «ғ азалҳои солҳои охири ӯ… ғ азалҳои комилан мутафовит ва таҷрибаҳои тоза дар зиндагии шоирии ӯ ба ҳисоб меояд. Ҳатто хондани бархе аз ин ғ азалҳо комилан ғ офилгиркунанда аст» ва ғ азали «Шаби ғ усса»-ро аз ин назар таҳлил карда, ин байти онро «аз як шоҳбайт ҳеҷ кам надорад», мегӯяд, ки он «…метавонад барои ғ азали имрӯзи Тоҷикистон обрӯ ва эътибор шавад»10.
На маҷоли зуд рафтан, на тавони дер мондан,
Ба кӣ бори тан гузорам, ба кӣ нақди ҷон супорам.
Агар ҳаросе дар назди марг ҳаст, ин аст, ки вазифаи дар назди худ гузоштаро дар вақташ иҷро карда натавонӣ, зеро умр паррон даргузар аст. Ин маъно дар шеъри бисёр шоирон ифода гаштааст. Аскар Ҳаким ҳам онро ба обу тоби бисёр шадид дар як рубоияш чунин баён менамояд:
Ин умри башар, ки чашм бар ҳам задан аст,
Хоке, ки занӣ ба тифл, атри кафан аст.
Бар ҷунбиши гоҳвора меандешам,
К-он даъвати рафтан аст ё омадан аст?!
Гузаштани умр дар назари шоир чунон тунду тез аст, ҳатто хоке, ки ҳангоми таваллуди тифл бар бадани ӯ мезананд, хокеро, ки бар кафани мурда ҳамчун атри кафан мепошанд, ба ёд меорад ва маълум нест, ки ҷунбиши гоҳвора хабари омадан аст ё рафтан. Ин ниҳояти шадидан афшурдани вақт аст, ки байни зодану мурдан қариб фосилае намегузорад. Дар ин ҳол инсон чӣ бояд бикунад? Лаҳзаеро ҳам аз даст набояд дод, зеро лаҳза асоси замони бекарона аст ва аз рӯи ақидаи Аскар Ҳаким ҳар лаҳза баробари ҷовидонагист, ки онро ҳаргиз ба беҳуда сарф набояд кард:
Бар беҳудаи замони худ мегирям,
Ҷонбохтаву ба ҷони худ мегирям.
Дирӯз, ки аз даст бишуд як лаҳза,
Имрӯз ба ҷовидони худ мегирям.
Ва инсон ҳар коре кунад ҳам дар охир натиҷа ин бояд бошад:
Донӣ, ки чаро ба оламат меоранд,
К-одам шудан омӯзиву олам гардӣ.
Бале, мақсад аз омадан ба дунё инсон шудан аст, дар он ҳолат ба дунё омадан, яъне зиндагӣ маъно пайдо мекунад вагарна худи зиндагӣ, ҳамчунонки болотар қайд шуд, «на зишт асту хуб», маъно надорад, инсон аст, ки ба он бо фаъолияти худ маъно медиҳад, ё хуб, ё бад. Бинобар ин, маънои ҳаёти одам аз муносибаташ бо олами атроф, пеш аз ҳама, албатта, бо махлуқе аз ҷинси худаш – инсон ва сипас бо кулли мавҷудоте, ки ӯро иҳота кардааст, муайян мешавад ва ҳамин ки ӯ одам шудан тавонад, олам ҳам хоҳад шуд, зеро инсон, чунонки мутақаддимин гуфтаанд, «олами сағ ир» аст. Аскар Ҳаким дар шеъри «Ҷаҳони сағ иру кабир»-и худ мегӯяд:
Он Худое, ки сохт оламро,
То диҳад шакл шодию ғ амро,
Офарид одаме –
ҷаҳони сағ ир,
Ки нагунҷид дар ҷаҳони кабир.
Дар ин шеър шоир ба ғ айр аз он ки инсонро ҷаҳони сағ ире, ки дар ҷаҳони кабири Худованд нагунҷид, мегӯяд ва ин худ тавсифи олиҷанобест дар тамҷиди инсон, боз дарёфти арзишманде дорад, ки он инсонро сурати шаклгирифтаи шодию ғ ам гуфтани ӯ буда, моҳияти ҳастии инсонро ниҳоят воқеӣ ва ба дараҷаи эҷоз мухтасару бадеӣ ифода намудааст.
Масъалаи инсон дар шеър ва дар фалсафа аз масъалаҳои меҳварист, агар он дар фалсафа аз давраҳои нахустини пайдоишаш мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифта, боиси пайдо шудани на танҳо тадқиқоти бисёр, балки мактабу равияҳои гуногун шуда бошад, дар шеър ҳам на камтар аз он мавзӯи баррасӣ ва баёну тасвир гаштааст.
Ман нақши замири матлаби худ ҳастам,
Шогирду дабири мактаби худ ҳастам.
Бар баҳси дигар ба ҷуз худӣ корам нест,
Ман масъалаи мураккаби худ ҳастам.
Дар як рубоии дигараш Аскар Ҳаким аз фоҷиаи Ҳазрати Одам суҳбат мекунад ва аз муносибати инсон бо инсон ҳарф мезанад, ки дар баъзе маврид он бо роҳбарии зоғ у зағ ан – нирӯи ғ айримардумӣ кор карда, моҳияти инсонии худро барбод медиҳад. Ин ҳушдор додани шоир аст ба ҳама, аз ҷумла бар мо.
Ё раб, чӣ касе биофаридӣ, ки нахуст
Коре, ки бикард, кушт додарро чуст.
Пас зоғ биёмӯхт варо кандани қабр,
Эй вой башарро, ки зағ ан раҳбари ӯст.
Инсон маҳсули муносибатҳои иҷтимоист, некию бадии ӯ, ҳарчанд аз сиришти ӯ ҳам вобастаст, аммо муҳите, ки ӯ дар он тарбият гирифтаасту зиндагӣ мекунад, дар чигунагии хулқу атвор ва кирдори ӯ нақши муҳимм дорад. Аз рӯи ақидаи Аскар Ҳаким бадӣ дар сиришти инсон азалӣ нест, он натиҷаи таъсири муҳити иҷтимоист. Аз ин рӯ, ӯ бар сиришти инсон асосан хушбин аст, аммо ҳамчунонки болотар мисол ҳам овардем, гоҳо аз бадии бедалели инсон, ки моро бар андешаи зиштии сириштии ӯ мебарад, низ сухан мегӯяд. Дар ин маврид ӯ ба ин гуфтаи «Қуръони маҷид» такя мекунад: «Пас Шайтон он дуро ба хато во- дошт ва аз биҳиште, ки дар он буданд, берун ронд. Гуфтем: Поин равед бархе душмани бархе дигар…» ( Сураи «Бақара», ояи 36). Ва ин қабил мисраъҳоро мегӯяд:
Эй халқ, ки ҳар яке ба қасди зафаред,
Чун чашм на сӯйи хеш, сӯйи дигаред,
Бо он ки замин кулли шуморо бихӯрад,
То зинда дуе, яке дигарро бихӯред.
Ҳарчанд дар ин ҷо ҳам ба сиришти инсон таъсири иҷтимоъ ба назар мерасад, вақте кас на бар худ, балки ба дигар кас зафар кардан мехоҳад, ҳатман ба он роҳе меравад, ки шоир мегӯяд. Роҳи ягонаи инсон шудан бар хислатҳои бади худ пирӯз омадан аст, то дигареро бад нагӯӣ - роҳи дигаре вуҷуд надорад. Шоир ҳатто муаммои ҷанги ҷаҳонро ҳам дар ҳамин сабаби сода мебинад, ки сад дар сад дуруст аст:
Дар ҷанги башар нест муаммое сахт,
Ман хубу ту бад – ҷанги ҷаҳонӣ сар шуд.
Аммо дар баробари он дар ашъори Аскар Ҳаким, ҳамчунонки болотар дидем, тавсифи некӣ ва бузургии инсон низ мавқеи муҳимм дорад. Яке аз китобҳои навтарини ашъори ӯ «Замини сабзи боварҳо» бо чунин чаҳор мисраъ шеър оғ оз мешавад, ки рамзӣ ҳам ҳаст, яъне шоир бо он назари худро ба масъалаи инсон ва мақоми ӯ дар саропои китобаш таъкид кардан мехоҳад:
Эй башар, ман раҳини фардоят,
К-ин чӣ бахтеву ин чӣ иқболест,
Гарчи хокӣ туӣ вале ҷоят
Дар миёни ситорагон холист.
Аммо воқеият ин аст, ки вобаста ба ҳолати рӯҳӣ ва матлаби эҷодияш дар ашъори Аскар Ҳаким тасвири гуногунҷиҳати инсон, ки аз гил офарида шуда, ба гил мубаддал хоҳад гашт, то халифаи Худо будан дар рӯйи замин ва ҳатто то забармарди Нитсше, албатта, бо маънои мусбаташ, яъне инсоне, ки худро аз ҳама гуна заъфу нотавонӣ раҳо карда бошад, ҷой дорад. Дар ин ҳолат ҳам шеваи кори шоир аз файласуф тафовут дорад, зеро ӯ побанди як назария ва ё як шеваи нигоҳ ба масъала набуда, онро аз мавқеъҳои мухталиф ба андеша ва тасвиру баён мегирад. Бинобар ин, дар эҷодиёти як шоир мумкин аст, ки сурати инсон аз дидгоҳҳои гуногун ба тасвир омада, гоҳо чун мавҷуди волову пок бо беҳтарин хислатҳои неку мардумзодагӣ, ки баъзан ӯро ҳатто аз фаришта ҳам болотар мебарад ва гоҳи дигар бо бадтарин хулқу атвор, ки ӯро аз ҳайвони ваҳшӣ ҳам пасттар мефурорад, падидор гардад.
Мавқеи Аскар Ҳаким оид ба ин масъала аз рӯи шинохти ӯ аз рисолати инсон муайян мешавад, к-одам шудан омӯзаду олам гардад. Дар шеъри «Фалсафаи камолот» ба воситаи нисбат додани инсон ба дарёву кӯҳу гардун ва дар охир суол гузоштан оид ба чигунагии ӯ ақидае баён карда мешавад, ки инсон танҳо дар сурати дар хеш гунҷонида тавонистани инсонҳои дигар, яъне ғ аму шодии ононро ҳамчун ғ аму шодии худ дарк кардан инсон шинохта мешавад:
Ман чӣ инсонам,
Гар набошад боз дар ман сад ҳазор инсон
Ҳамчунин хандон,
Ҳамчунин гирён.
Ва танҳо дар ҳамин ҳолат ӯ рисолати инсонии худро иҷро карда метавонад, ки он, ҳамчунонки дар достони «Санги ман-алмос» мегӯяд, ниҳоят бузург буда, ӯро миёнҷие байни Табиат ва Худо медонад. Шоир дар порае, ки дар ин бора суҳбат мекунад, бағ оят устодона рафтор карда, инсонеро пеши назар тасвир мекунад, ки тамоман одисту аз паи таъмини маишати рӯзгораш тӯбраи бозорӣ дар даст ҳар лаҳза пешонии арақшорашро бо рӯмол пок карда, бо хастагӣ равон аст ва дар баробари ин ҳолати ӯ, ки таъкидан ниҳоят муқаррариву маишӣ нишон дода шудааст, рисолати ӯро мегузорад, ки аз асли кайҳониву дастури худовандии ӯ бармеояд. Ва дар айни ҳол аз як ҳолати ҷо надоштаи зебоӣ, ҳамчунонки болотар қайд карда будем, барои ин шоир дар зиндагӣ ҳеҷ чизи ношоирона вуҷуд надорад, зебоӣ меофарад, зебоие, ки на дар зоҳир, балки дар ботин ҷойгузин шудаасту амиқтар аст.
Дидам он мард, ки бо тӯбраи бозорӣ
Ояд аз пайраҳа рӯёрӯям,
Як қалам нусхаи кайҳон бошад.
Баски хаста-ст таҳи бори гарон
Ва кунад пок дамодам ба лаби рӯмолаш
Арақи пешониро, ки дарояд бар чашм,
Дар гумон аст, ки ёдаш ояд,
Асли кайҳонию дастури худовандии ӯ,
Ки миёнҷӣ бувад ӯ
байни Табиат ва Худо.
Арши аъло – Сари ӯ,
Синааш – баҳри Само
Ва Шикам маҳзи Табиат бошад.
Дар ин тазод – ҳолати муқаррарии маишӣ ва рисолати бузурги кайҳонӣ, ки шоир эҷод кардааст, симои инсон бо тамоми азамат ва шаҳомати маънавию рӯҳонияш падидор мегардад, ки ҳалқаи пайванд мебошад байни Худову Табиат. Се мисраи охири ин пора, ки се қисмати инсонро се нусхаи кӯчаки се қисмати кайҳон, яъне Сар – Арши аъло, Сина – Осмон ва Шикам – Табиат медонад, партаве аз таълимоти фалсафаи ҳиндуӣ дорад, ки ба ҳамин гуна инсонро «кайҳони хурд» мешуморад. Болотар дар иқтибосе, ки аз навиштаи Искра Денисова оварда шуда буд, дар бораи аз ҳар дину мазҳаб мағ зи онҳо – андешаи адолат, инсоф, одамдӯстиро гирифтани шоир сухан рафта буд, ки ин пораи аз достон овардашуда исботи он мебошад ва дар пораи дар поён иқтибосмешуда сухан аз мавқеи инсон дар дини ислом аст, ки ӯро халифаи Худо дар рӯи замин медонад:
Осмоне, ки дар он
Ҳасти дигар набувад ғ айри Худо
Ва дар он боргаҳи Борияш
Солҳоест, ки ӯ
чашм ба раҳ доштаву дил нигарон,
Ки ниҳоят ба канораш ояд,
Он ки салсоли варо
чанд ҳазорон соле
Аз муҳаббат,
Аз садоқат бисиришт.
Дар Заминаш ба халифӣ бигумошт,
Бинишонид сари тахти ҳама эҷодаш
Ва ҳама ишқу умеди худро
Дар ниҳонхонаи қалбаш ҷо дод.
Мисолҳое, ки таҳлил шуданд ва боз мисолҳои бисёре, ки дар осори Аскар Ҳаким мавҷуданд, собит менамоянд, ки назари ӯ ба шахси инсон бо вуҷуди гоҳ-гоҳ танбеҳию танқидӣ буданаш асосан мусбат аст. Ва гоҳе ки ба ӯ бо назари танбеҳ менигарад, чунин гуфтанаш мумкин аст:
Инсон бувад арчанд дур(р)и макнуне,
Дорам вале аз хунии ӯ дилхунӣ.
Бӯзина агар шуд одаме, одам монд,
Одам зи чӣ ҳар лаҳза шавад маймуне?!
Таваҷҷуҳ кунед, ки дар ҳамин як рубоӣ ҳам дар мисраи аввал шоир аз дурри ноёб будани инсон ёд оварда, ӯро аз ҷойгоҳи волояш бохабар месозад ва сипас ба тариқи тазод ба накӯҳиши хислати ношоистаи ӯ мепардозад. Ва ё дар рубоии дигар дар як байт ин назари тазодноки худро чунин муҷаз ифода менамояд:
Шаҳкору халифаи Худо гар моем,
Ин нохалафони сифлахӯ кори киянд?!
Ва дар баробари ин мо чунин назари ифтихормандро ба шахси инсон мебинем, ки ҳамтои беҳтарин ситоишҳо дар васфи онанд:
Эй, аз малакут омада бебок ба хок,
Кардӣ ба вуруди хеш ин хок афлок.
Дар нуҳ қабати даҳр чаро дур ҷӯйӣ?
Дар нуҳ садафи даҳр туӣ гавҳари пок.
Назари тамҳидию тамҷидӣ бар шахси инсон дар эҷодиёти Аскар Ҳаким бар асли волои инсон бунёд гирифтааст, ки аз ин гуфтаҳо бармеоянд: моҳияти ҳастии инсон дар пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек ва халифаи Худо будан дар замин аст.
Инсонро дар баробари ҳамаи нуқсу камбудҳояш аз ин нуқтаи назар шинохтан барои тамҳиду тамҷид ва дӯст доштани ӯ замина мегузорад, ки дар ҳамаи эҷодиёти Аскар Ҳаким дида мешавад. Яке аз мисолҳои дурахшони бевоситаи инсондӯстдориро дар шеъри «Хазони умр» метавон пайдо кард, ки дар он шоир симои рӯзгори пиразани ҷорӯбкашеро пеши назар муҷассам месозад, ки гули ҳаёташро дар ғ афлату бехабарӣ ба чанги пажмурдагӣ додаас- ту, мутаассифона, ҳоло аз ин роҳ боз духтари ӯ равон аст. Дар ин бохти зиндагӣ на фақат худи пиразану духтараш, балки инқилобу иҷтимои замон, ки барои худро шинохтану мавқеи сазоворро соҳиб шудани онон мадад накардаанд, низ шоистаи таҳсин нестанд. Тасвири меҳнати пурмашаққати пиразан дар дили ҳар хонанда ба ӯ тараҳҳум ва муҳаббати гармеро бедор намуда, ҳушдор медиҳад, ки ҳар яки мо на танҳо ба тақдири худ, балки ба сарнавишти ҳар як ҳамзамони худ ҳам масъулем ва ба ин васила шоир ба нишон додани фалсафаи ягонагии башарият мерасад. Муроҷиати шоир ба пирзан саршори муҳаббати дардомез аст, ки дар ҳар дил менишинад:
Пирзан, эй пирзан,
Маъзарат мехоҳам аз ту, эй азизи ҷони ман,
К-аз сари дарду ғ ам аз шуғ ли ту мегӯям сухан.
Лек узри бештар дорам аз он,
Ки нагуфтам то кунун
Ҳарфе аз ҳоли забун…
…Инқилобат к-аз қафас озод кард,
Ё магар танҳо барои кӯчарӯбӣ кард озод?
Аз сарат чодар гирифту дод ҷорӯбат ба даст,
То ниҳоли қоматат дар кӯча хам гашту шикаст.
Ва дар охир ӯро ба бедорӣ ва аз вуҷуди худ низ рӯфтани гарду ғ убори ғ афлат даъват менамояд:
Пирзан, эй пирзан,
Кӯчаҳоро он қадарҳо рӯфтӣ дар умри хеш,
Ҷони худро он қадарҳо кӯфтӣ дар умри хеш,
Аз вуҷуди хеш акнун ҳасрати худро бирӯб
Ҳам ғ убори ғ афлати худро бирӯб…
Дар шеърҳое, ки дар ин бахш номбар шуданд, дар зимни тасвирот ва таассуроти бадеӣ паҳлӯҳои гуногуни масъалаҳои муҳимми ҳастии инсон, аз ҷумлаи иртиботи инсон бо ҷомиа, инсон бо таърих, инсон бо фарҳанг, инсон бо табиат, инсон бо озодагӣ ва бардагӣ ва монанди инҳо, ки аз рӯи чигунагии муносибати инсон бо онҳо олами ботинии ӯ шакл гирифта, моҳияти инсонияш аён мешавад, ифодаи шоиронаи худро пайдо кардаанд, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ метавонад, мавзӯи баррасии ҷудогона қарор гирад. Аммо мо ҳоло барои иҷрои ҳамчунин кор, ки маҷолу фурсат надорем, танҳо яке аз инҳо - масъалаи инсон ва озодию бардагиро, ки дар шинохти инсон яке аз масълаҳои муҳиммтарин буда, Аскар Ҳакимро ба худ бис-ёр машул доштааст ва дар як силсила шеърҳои ӯ, аз ҷумла «Офтоби хуншор», «Аспи кишанбанд», «Дар пойи озодӣ», «Чӣ кунам?!», «Достони Нону Имон», «Санги ман-алмос» ва рубоиёти ӯ матраҳ аст, мухтасаран аз назар мегузаронем. Дар ин рубоӣ фаҳмиши калидии ӯ аз ин масъала инъикоси худро ёфтааст:
Имрӯз агар халосу хуррам зодем,
Шодем, ба тавфиқи раҳоӣ, шодем.
Завлона зи пой кандан озодӣ нест,
Завлона зи фикри худ канем, озодем.
Дуруст аст, ки барои кандани завлонаи пой аввал завлонаи фикрро бояд канд, аммо ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки завлонаи пой кандаасту завлонаи фикр барҷост, бинобар ин шоир таъкид бар кандани завлонаи фикр мекунад, ки озодии комил дарк карда шавад. Агар кандани завлонаи пой бештар бар ҷаҳони иҷтимоӣ иртибот дошта бошад, кандани завлонаи фикр бештар ба ҷаҳони маънавӣ тааллуқ мегирад. Пас, ин масъала новобаста аз озодии иҷтимоӣ ҳамешагӣ ва ҳамаҷоист, ки дар баробари озодии фикр ҳамчун василаи дарки озодии сиёсию иҷтимоӣ озодии фардиро аз бардагии нафсу тамаъ, дурӯғ у фиреб, ҳасаду кинаву бухл барин хислатҳои ношоиста дар назар дорад, ки василаи озодии маънавӣ буда, шарти асосии инсон шудан аст. Аммо ин ҳам ҳақиқат аст, ки барои ҳар чӣ зудтар ва осонтар халос шудан аз бардагии ин хислатҳои ношоистаи инсонӣ озод шудан аз бардагии сиёсию иҷтимоӣ зарур аст, зеро танҳо дар ҷомиаи озоду мардумсолор инсон озоду комил метавонад буд, яъне ин ҳар ду навъи озодӣ ба ҳам марбутанд.
Дар як рубоии шоир фикри ҷолибе баён шудааст:
Дар банди қафас, ду мурғ бо вазъи пареш,
То вораҳад аз банд, занад худ пасу пеш.
Як мурғ занад пар, ки қафасро шиканад,
Як мурғ и дигар, ки бишканад шаҳпари хеш.
Ин ҳарду мурғ барои озодӣ талош доранд, ҳар ду ҳам гирифтори қафасанд, яке пар мезанад, ки қафасро шиканаду раҳо гардад, дигаре чун мебинад, ки илоҷи шикастани қафас нест, мекӯшад пари худро шиканад, ки ӯро ба раҳоӣ ташвиқ мекунад, яъне худро аз азоби орзуи озодӣ халос карданист . Шоир аз ҳар дуи ин фоҷиа, ки яқинан дуюмӣ аз аввалӣ сахттар аст, зеро баъди умеди озодиро дар дил нобуд кардан, агар он ба даст ояд ҳам, аҳаммият нахоҳад дошт, хулоса гирифтанро ба ихтиёри хонанда мегузорад. Хонандаи закӣ, албатта, дарк хоҳад кард, ки шоир ба нишон додани ин ду фоҷиа бо ду роҳ ба чӣ андоза пурқимату гаронбаҳо будани озодиро таъкид менамояд. Фоҷиаи даст шустан аз умеди озодӣ, ки ба воситаи иҷборан пари худро шикастан таъкид шудааст, аҳаммияти озодиро як бар чанд бузургтар менамояд.
Аскар Ҳаким дар достони «Санги ман – алмос» аз ҳолати се мурғ суҳбат мекунад, ки дар он низ масъалаи дарку фаҳмиши озодӣ матраҳ аст. Якум мурғ е, ки дар қафас асту обу донаш таъмин аст, дуюм озод аст, аммо барои дарёфти обу дона ҷонаш ҳар лаҳза дар хатар аст, сеюм чунон аз талошҳо хаста шудааст, ки ҳатто озодию парвозро ҳам аз ёд бурдааст. Шоир «чист дар ҳасрати он мурғ и қафас» гӯён суол медиҳад ва қазовати ҳар се ҳолатро ба хонанда вогузор мекунад:
Чист дар ҳасрати он мурғ и қафас,
К-обу донаш бошад,
Амни ҷонаш бошад,
Лек бошад побанд
Ва дар озодии мурғ е, ки набошад ба амон
Ва бувад ҳар нафаси зиндагиаш роҳ ба марг;
Ё ки аз хастадилӣ
Бурда аз ёд ҳавои парвоз,
Ва наёрад зи дарахте ба дарахте кӯчад
Ва само дар назараш деги фурӯ афтода-ст
Ва надонад ҳатто
Нашъаи озодӣ
аз ситами побандӣ.
Ман, агар болам буд,
Дода будам ба шутурмурғ , ки парвоз кунад…
Аммо ҷавоби худи шоир оид ба ин суол аз ин ҳарф-ҳо « Ман, агар болам буд, Дода будам ба шутурмур, ки парвоз кунад…» ва давоми онҳо маълум мешавад, зеро парвоз маҷозан муродифи озодист ва ҳангоме ки шоир ҳатто ба шутурмурғ е, ки парвоз хусусияти он нест, боли парвоз доданист, пас ӯ ба озодӣ олитарин арҷро қоил аст. Дар ин пора фикри муҳимми дигаре низ таблиғ мешавад, ки ҳар чиз, дар айни ҳол мурғ , ки, албатта, намоди инсон аст, танҳо дар ҳолати озод будан рисолати худро ба иҷро расонида метавонад, яъне мурғ парвоз карда метавонаду шутур бор кашида. Бидуни озодӣ ҳеҷ ҷонзоде ва махсусан инсон наметавонад рисолати аслиашро ба амал бароварад. Бинобар ин, агар зарур ояд, ӯ ҳатто аз обу дон, ки воситаи зиндагист, ба хотири озодӣ даст мекашад.
Ман мурғ и ҳавояму ҳаводорам нест,
Дар хайли қафаснишастагон ёрам нест.
Ман дар талаби ҳавои озодиям,
Бикшо қафасам, ки дона даркорам нест.
Яке аз шеърҳои фалсафӣ-иҷтмоии Аскар Ҳаким, ки дар он масъалаи озодӣ ва бардагӣ таҷассуми басе хуби бадеии худро ёфтааст «Офтоби хуншор» мебошад, ки дар асоси воқеаи даҳшатбори зиндагии устод Айнӣ – маҳкум шудан ба ҳафтоду панҷ дурра задан – эҷод шудааст. Шоир дар он қувваҳои озодию бардагӣ, нуру тирагӣ, адолату разолат, мардумию номардумӣ, сарбаландию тамаллуқпешагиро ба ҳам бармехӯронад ва ҳолати шадиди драматик меофарад, ки дар як лаҳзаи кӯтоҳ замири ҳар ду тоифаи иштирокчиёнро ба таври аъло ба назар ҷилвагар сохта, дар мо нисбат ба фидоиёни озодӣ эҳсосоти сӯзони муҳаб-бат ва нисбат ба душманони он нафрати беандозаро бедор менамояд. Айнӣ ва «дутории фақире аз авом» намоди равшаноӣ ва озодӣ буда, дарбориёну атрофиёни қӯшбегӣ (сарвазири аморат) таҷассуми зулмату бардагиянд, ки бо вуҷуди дар айни ҳол сари қудрат ва ҳукмраво будан дар назди таърих дар баробари нур тира ва дар баробари озодӣ ғ уломанд.
Тираву пурбим буд паҳнои арк,
Рафта буд хуршед аз болои арк…
Хирагӣ мекард туф бар рӯйи нур,
То кунад чун хеш ӯро низ кӯр.
Лек Айнӣ бегумон медид дур,
Олами муздуру марги ин судур.
Дар ин шеър ду табақаи ҷамъият на фақат аз ҷиҳати иҷтимоӣ, балки аз ҷиҳати ахлоқ ҳам ба ҳам муқобиланд, табақаи ҳоким тимсоли ахлоқи фосид ва табақаи авом таҷассуми маънавияти волост. Аҷаб ин аст, ки табақаи боло бо вуҷуди имкони фарохи зиндагӣ натавонистааст дар худ сарбаландию озодагӣ барин сифатҳоро тарбият диҳад, зеро ҳамеша бандаи сарвату молу чиз будааст, аммо як дутории оддӣ дар баробари онҳо он қадар шуҷоату фидокорӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо ба он қодир нест. Ҳангоме ки қӯшбегӣ аз рӯи шариати ислом барои муайян кардани шахсияти Айнӣ ба суоли худ, ки оё Айнӣ ин аст, мехоҳад аз се шоҳид ҷавоб гирад, тамоми атрофиёнаш бо нидои «бале» фарёд мезананд, ягона касе, ки Айниро хуб мешинохт вале намехост, ки ӯ ба он ҷазои марговар гирифтор гардад, аз хавфи ҷони худ сарфи назар карда, ин Айнӣ нест, мегӯяд. Ин аст ахлоқи инсонӣ ва иҷтимоии мардум, ки новобаста аз сахтиҳо ва ноҷавонмардиҳои рӯзгор дар замири ӯ тарбият меёбад, рушд мекунад ва роҳнамои зиндагии шарофатмандонаи ӯ мегардад.
Қӯшбегӣ гуфт: «Ин Айнӣ бувад?»
«Ҳо, бале,»- гуфто гурӯҳе деву дад.
Ногаҳон омад садои синасӯз,
«Нест Айнӣ ин, Худоё, ин чӣ рӯз?»…
Ғ ӯлае бигрифт дар пушташ варо,
Доманаш бурданд то гардан фаро...
Кард сар мири ғ азаб: «Бир, экки, уч…»
Мефуромад зарбаҳо бар пушти луч…
Боз нуҳ зарби дигар омад ба пушт,
Ӯ нигаҳ бар қӯшбегӣ кард, кушт.
Ва дар ин байти мақтаъ:
Дид майдон, к-офтоби тозарӯ
Медамид аз шонаи хуншори ӯ! –
ақидаи фалсафии зулм кушандаи худро мезояд бо воситаи ғ улӯвви хаёлпарастона (фантастикӣ) таҷассуми амиқ ва бадеии худро ёфтааст. Аз шонаи хуншор дамидани офтоби озодӣ ҷамъбасти амиқи фалсафӣ-иҷтимоиест, ки ҷараёни ногузири пешравандаи зиндагиро ифода намудааст.
Ҳамчунонки мебинем дар саросари ашъори Аскар Ҳаким масоили фалсафӣ-иҷтимоӣ, аз ҷумла озодиву бардагӣ ҳам на танҳо бо воситаҳои гуногуни бадеӣ бозтоби шоиронаи худро пайдо мекунанд, балки худ ҳам ба воситаи бадеӣ табдил мешаванд. Масалан, парвоз дар аксари шеърҳои ӯ киноя аз озодиву озодманишист:
Дар ҳар раги ман ҳазорҳо овоз аст,
Дар ҳар нафасам ҳазорҳо оғ оз аст.
Гар ҷони маро шикастапар мехоҳӣ,
Дар ҳар шиканаш ҳазорҳо парвоз аст.
Дар шеъри ғ иноӣ шахси шоир аксаран меҳвари тамоми масоиле мебошад, ки ба андешаву тасвир гирифта мешавад ва бештари ашъоре, ки то ин ҷо аз назари мо гузашт, ҳамин гуна хусусият доштанд. Чигунагии шахси шоир аз доираи масъалаҳое, ки ӯ ба онҳо рӯй овардааст, равшан мегардад. Дар аввалтари ин мақола мо дар бораи зиндагиро арсаи фаъолияти тунду тез шинохтани шоир сухан ронда, онро дар мисолҳои эҷодиёташ таҳлил кардем, ҳоло бар соҳаи фаъолияти аслии ӯ, яъне шеъру шоирӣ рӯй меорем, то бубинем, ки он ба худи шоир чӣ гуна тааллуқ мегирад. Таҳлили ин масъала ҳам мухтасар хоҳад буд, зеро Аскар Ҳаким дар бораи шеъру шоирӣ ашъори бисёре, тақрибан панҷоҳ-шаст шеър дорад, ки мо дар ин ҷо ба онҳо танҳо як назари иҷмолӣ андохта метавонему бас.Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки мавқеъ ва масъулияти шоир дар ҷаҳони муосир, вазифаи ӯ дар ҳаёти ҷамъият аз масъалаҳое ҳастанд, ки барои ӯ аз асосиҳо ба шумор меоянд. Шоир аз нигоҳи ӯ дар ҷомеа рисолат ва мавқеу мақоми фавқулода дорад, зеро дорои қувваи ахлоқию маънавӣ ва зеҳнию ақлоние мебошад, ки метавонад мардумро ба таҳрик оварда, барои расидан ба ҳадафҳои бузурги инсонӣ мадад намояд. Аз ин рӯ мавқеи ӯ фаъоли андешаманд аст вале дар айни ҳол шоир як вуҷуди бисёр нозук аст, ки дили зудшодшавандаю зудранҷуршаванда дошта, худ ҳам эҳтиёҷ ба меҳрубониву ғ амхорӣ дорад:
Фарёди дили маро кӣ фарёдрас аст,
Фарёди дил аст ин, на садои ҷарас аст.
Мо табл набошем, ки моро кӯбӣ,
Мо тори рубобем, ки як захма бас аст.
Таҷассуми бадеии ҷиҳатҳои гуногуни ин мавқеи фаъолро, аз ҷумла дар шеърҳои «Шеъри Ватан (Ба ёди Мирзо Турсунзода)», «Шеъри сангар (Ба шоири размандаи Афғ онистон)», «Дуруд ба Фарзона», «Гуфтугӯ бо рӯҳи падар», «Ниёиш бар сари турбати Лоиқ», «Шоире ояд…», «Маро ба гиря маёвар (Ба ёди Жолаи Исфаҳонӣ)», «Эй шумо, даъвигарон!…», «Шоҳроҳи нанг ё девори санг (Ба Мӯъмин Қаноат)», «Анӯширвон дар додгоҳи адл» ва як силсила рубоиҳои ӯ метавон пайдо кард. Дар ин радиф махсусан дар шеъри «Шоире ояд…» аз шоир мавқеи фаъол талаб кардани Аскар Ҳаким хеле барҷаста баён шудааст:
Дар замоне, ки башар дар хобҳои коҳилӣ хуфта,
Баъди хӯрданҳои барги оламе чун кирми абрешим,
Нест гӯё хоҳиши бедорияш то рӯзи растохез,
Бо садои бартар аз тундар
Ё салои сури Исрофил дар маҳшар
Шоире бояд,
Шоире ояд…
Ин дар назди шоир гузоштани масъулияти гӯшношунид аст, аммо чӣ метавон кард, агар масъулият бузург набошад, ба чизи шоистае ноил нахоҳӣ гашт. Мебинем, ки масъулияти шоир аз назари ӯ на танҳо дар ин ҷаҳон зангӯлаи бедорӣ будан аст, балки дар он ҷаҳон ҳам бедор кардан аз хоби абад мебошад. Шоире, ки масъулияти шоирро ин гуна мешиносад, ҳаргиз дар мавқеи мушоҳидагари коҳил қарор гирифта наметавонад ва аз ин рӯ дар бисёр шеърҳои Аскар Ҳаким ин талаботи бузурги фавқулинсонӣ дар шаклу намудҳои гуногун худогоҳу нохудогоҳ арзи ҳастӣ мекунад.
Дар шеъри «Анӯширвон дар додгоҳи адл» масъулияти шоир на фақат имрӯзу фардо, балки гузашта ва гузаштаи дурро низ фаро гирифта, шоир ва ҳар инсони огоҳро чунон ба андешаву таассурот водор менамояд, ки ӯ худро аз ҷараёни таърих бар канор гирифта наметавонад. Ин шеър дар баробари шеъри мухтасари «Шоире ояд…» шеъри муфассал, манзумаи бисёровоест, ки ҷиҳати дигари истеъдоди шоирро нишон дода, собит менамояд, ки ӯ дар гуфтани анвои гуногуни шеър, шеъри драмаи фоҷиавӣ ҳам дасти тавоно дорад. Шоҳаншоҳеро ҳамчун Анӯширвон, ки номаш дар давоми якунимҳазор сол рамзи адолат гаштааст, ба додгоҳи адл кашидани шоир худ ҷасорати адабӣ мехоҳад. Зарба задан ба ин тасаввуроти якунимҳазорсола кори содае нест, аммо шоир ба хотири ҳақиқат ва адолати ин қадар солҳо поймолшуда ба он даст мезанад ва тамоми имконоташро истифода мекунад, ки онро аз нав барқарор намояд.
Эй Анӯширвон, ки то имрӯз ҳам
номи Шумо одилтарин
шоҳи шаҳаншоҳони сосонист,
Ман ҳазорон бор маъзурам,
агарчи пурсише аз Зоти Олӣ
н-аз адаб ҳасту на осонест,
Лек водорам кунад
рӯҳи ҳазорон марди қурбонӣ,
ки то ин дам
Ҷойи нафринҳои
нобарҷойи
садҳосолае аз мо –
Ворисонаш
чашмдори
як дуои хайри инсонист.
З-ин сабаб акнун
мани шоир
Шуморо мекашам
бар додгоҳи адл,
То бубинам ман
чӣ сон буданд эшон
подшоҳи адл.
Ин намунаи хуби шеъри андешаи ҳаяҷономез аст, ки суҷааш (сюжеташ) бар воқеаи фоҷиабор асос ёфта, аз рӯи макру фиреби Анӯширвон парда мебардорад ва дар баробари Маздаки бародарию баробарихоҳ ва адолатҷӯ сурати ҳақиқии ӯро, ки як мустабиди маккор ва худхоҳи хунхор аст, бо тамоми қудрати суханварию суварнигорӣ нишон медиҳад. Шеър бо лаҳни лангардору ботааннӣ оғ оз шуда, мисраъҳои аввали он барои он ки гаронию пурмасъулиятии лаҳзаро нишон дода тавонанд, ҳар яке иборат аз бисту нуҳ ҳиҷои арӯзӣ сохта шудаанд, ки дар таҷрибаи шеъри муосири тоҷик нодиранд. Ҳамин тариқ, дарозию кӯтоҳии мисраъҳо аз рӯи талаботи андешаву ҳиссиёте, ки дар онҳо баён мегарданд, сурат мегиранд, яъне дар ин шеър ҳамаи воситаҳои шаклӣ, аз ҷумла вазну қофия барои ифодаи матлуби муҳтаво созгор сохта мешаванд. Муҳтаво фоҷиаи таърих аст, ки Маздак ва яксаду панҷоҳ ҳазор пайравони ӯ, ки ҷомеаи одилонаи баробарӣ мехостанд, бо макру фиреби Анӯширвон ноҷавонмардона ба қатл мерасанд. Ин ҳодиса чунон шадиду мухтасар, драматик, бо таассуроту ҳаяҷони сӯзон ба қалам оварда мешавад, ки кас фаромӯш мекунад, ки сухан дар бораи як ҳодисаи якунимҳазорсол пеш ба вуқӯъомада меравад ва худро беихтиёр дар ҷараёни он мебинад, таърихро дар худ мебинад ё худро дар таърих ва он фоҷиа фоҷиаи ӯ мешавад, зеро дилу ҷонаш месӯзад.
«Ин ҳама ёрони ту,
Маздак,
ту худ андар
канори ман,
Бингар акнун
дар мусовоти
замину мол
кори ман»
В-аз камар боло
табарзин рафту
истибдод,
То сари боло
ба хони шоҳ
аз гардан
ҷудо уфтод.
Сар шуд он шӯре
ки мебоист,
сар мешуд,
Дар сари хони
шаҳию
Меҳргон
он рӯз
Як саду панҷоҳ ҳазор
аз маздакиён
каллапар мешуд,
Адл
сар мебохт,
бедоду разолат
тоҷвар мешуд…
Ин Шумову
адлатон,
эй Шоҳи Одил,
эй Анӯширвон?!
Бояд амри
қатлатон,
худхоҳи қотил,
эй Адӯширвон![1]
Қотилии Анӯширвон бо ин тамом намешавад, ӯ барои тахту тоҷ ду бародар, ду бародарзода ва ҳатто бобои модарии худро ба қатл расонида, ду чашми писарашро ҳам кӯр мекунонад. Ва бо ин ҳама аз ҷониби думравонаш ба ин шоҳ илҳоқ кардани номи Одил чӣ беадолатии бузурги таърихист, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Ва шоир мегӯяд:
То дурӯғ асло нагардад
бар ҳақу
бар ростӣ
пирӯз,
Меканад
дасти адолат
он ниқоб
аз рӯятон
имрӯз.
То замоне
дар ҷаҳон
зулму тааддӣ
ҳаст,
Маздаке
дар батни модар
нутфа хоҳад
баст!
Мешавад акнун,
ки ойини адолат
ғ олибу таъйин,
Шод бодо, шод,
рӯҳи маздакиёни
ҳама давру замон,
Омин!
Ин шеър ҳушдор аз фалсафаи таърих аст, ки дурӯғ бар ростӣ, ҳарчанд ҳазор сол барҷо бошад ҳам, пирӯз нахоҳад шуд, зеро ғ алабаи дурӯғ муваққатӣ ва пирӯзии ростӣ ҷовидон аст. Ва дар ин шеър шоир масъулияти худро, ки на танҳо дар забони адолат ва ҳақиқат будан барои замони худ, балки барои тамоми дарозои таърих мебинад, ба таври аъло ба иҷро мерасонад.
Партави ин гуна масъулият дар шеърҳои «Дуруд ба Фарзона», «Имон», «Гуфтугӯ бо рӯҳи падар», «Ойинаи нур», «Ниёиш бар сари турбати Лоиқ», «Шоҳроҳи нанг ё девори санг», «Эй шумо, даъвигарон!..», достони «Санги ман – алмос», рубоиёту дубайтӣ ва дигар шеърҳои ӯ ба чашм мерасад, ки на танҳо худи шоирро, балки ҳар як хонандаро низ таҳрику ташвиқ ба фаъолиятҳои бузург мекунад, ки рисолати инсонӣ-халифагии Худовандро ба иҷро бирасонад, зеро шоир пеш аз он ки шоир бошад, аввал инсон аст, яъне масъулияти шоирии ӯ ба ҳамаи инсонҳо ҳам тааллуқ мегирад. Зиёда аз ин Аскар Ҳаким дар шеъри «Эй шумо, даъвигарон!..» тақозо дорад, ки ҳар инсоне шоири инсони дигар бошад, чӣ тақозои олиҷанобе, ки як ҷаҳон шефтагӣ ва муҳаббат ба ҳар инсон дорад:
Маъние дар зиндагии мо,
агар бошад,
ҳамин бошад,
ки ҳар инсон
Шоири шоёни
инсони дигар бошад.
Яъне
ин мо ҳам,
Шоир астам ман барои ту,
Шоир астӣ ту барои ман.
Як ҷиҳати рисолати шоир, бешубҳа, забони ҳақ ва забони халқ будан аст, иҷрои ин рисолат аст, ки баъзе шои- ронро ба маҳрумиятҳои сахте гирифтор карда, ҳатто то таҳи теғ у сари дор кашидааст, аммо дар баробари ин муҳаббати халқу номи ҷовидон додааст. Дар шеъри «Гуфтугӯ бо рӯҳи падар» шоир дар ин бора бо рӯҳи падар суҳбат карда, аз шоирони ҷавон даргузаштаи тоҷик Ҳайрат, Пайрав, Юсуфӣ ва шахсиятҳои бузурге чун Носири Хусрав, Мансури Ҳаллоҷ ва дигарон, ки рисолати шоирӣ ва инсонии худро дуруст дарёфта буданд, ёд оварда, аз ҷумла чунин мегӯяд:
Ё забони халқ
онон будаву ман нестам,
Гар набошам ман забони халқ,
пас ман кистам?!
Воқеан барои касе, ки бар рисолати шоирӣ амиқ меандешад ва онро ҳамчунон ки ҳаст ба ҳақиқат дарк менамояд, қисмати шоирӣ дар замонҳои ба ҳақ носозгории таърих қисмати ниҳоят сахту талх ва ҳатто фоҷеавист. Носозгории таърих аз як тараф, боз ба болои он ҳақиқат ва зебоиеро, ки шоир бо мадади истеъдоди фавқулоддааш кашф кардааст, дарк ва ё қабул карда натавонистани ҷомеаи дар сатҳи пасти фарҳангӣ қарор дошта, аз дигар тараф, қисмати шоирро боз ҳам сангинтар мекунанд. Ин фоҷеа барои шоири асил қариб дар ҳамаи замону маконҳо вуҷуд доштааст, бинобар он дар мақтаи шеъри мазкур чунин суол гузоштани шоир:
Кист донад,
хилқати шоир,
ки дар зоти ту ҷост,
Ин
мукофот аст,
ё шояд
муҷозоти Худост…–
суолест, ки дар тӯли таърих аз таҷрибаи ҳаёти шоирони асил ба миён омада, хулосаи фалсафаи ҳастии ононро фаро гирифтааст. Чунонки донишманди эронӣ Ризо Бароҳанӣ дар яке аз мақолаҳояш қайд менамояд, «…шоирони равшанфикри муосири ҷаҳон, то ҳадде ҳамагӣ зидди таърих ҳастанд»11 ва ин ҳарф дуруст ҳам ҳаст, зеро манзури шоир аз таърих ҷомеаи ормонӣ (идеалӣ) мебошад, ки дар он адолати иҷтимоӣ сад дар сад барқарор ва шоҳу гадо баробар бошад. Вале, мутаассифона, ҷомеаи башарӣ то ҳол ба эҷоди ҳамчунин ҷомеае, ба ҷуз дар асарҳои бадеӣ, даст наёфтааст. Пас ҳар шоире, ки моҳияти аслии ҳастии хешро дарк кардааст, дар мухолифат бо таърих қарор мегирад.
Ин ҳолат, ки дар сарнавишти шоирони асил ҷой дорад, дар шеъри «Шоҳроҳи нанг ё девори санг» бо тасвиру баёни драматик таҷассуми бадеии худро ёфтааст. Ин яке аз маҳкамтарин шеърҳоест, ки ҳар мисраи он ба мисли тори пӯлодии тарангкашидае ҷарангос мезанад ва аз худи ибтидо сахттарин вазъияти фоҷиавиро дар зеҳну ҳиссиёти хонанда эҷод карда, то ба охир нигоҳ медорад, ки ҳар лаҳза ба инфиҷор расиданаш мумкин аст. Ва беҳуда нест, ки ин шеър ба устоди шеъри муосир М.Қаноат бахшида шудааст.
Хоб дидам саҳаре, дар мошин
Бинишаста ману ту танготанг…
Он қадар тунду парон мерафтем,
Ҳар кӣ медид, ҳамекандаш ҳанг.
Сад карат тезтар аз суръати тир,
Аз камоне, ки кашиданд таранг…
Лек ногоҳ фуруд омад меҳ,
Пеши раҳ парда зада сад фарсанг…
Мепаридем вале мо чу садо,
Гаҳ ману гоҳ ту фармон дар чанг…
Гуфтам, эй ҷон, дигар асло набувад,
Ки кунӣ суръати пасте оҳанг.
Ҳар чӣ пеш аст, ҳамон қисмати мост,
Суръат афзой, намебояд ланг.
Он чӣ мо хоста – шаҳроҳе нанг,
Он чӣ он хоста – деворе санг.
Барандохтани ин девори нофаҳмӣ, ки дар роҳи расидани шоир ба шоҳроҳи нанг, яъне ба ҷомеаи ормонии баробарию бародарии инсонҳо вуҷуд дорад, мушкилтарин масъалаи таърих аст, ки сари он дурахшонтарин ақлҳои башарият асрҳои аср ба андеша нишастаанд ва шоири мутафаккири мо ҳам, ки дар паи даст ёфтан ба чунин ҷомеаи ормонӣ мебошад, аз вуруд ба ин масъала бар канор буда наметавонад, ҳарчанд ин кор на фақат ба дигарон, балки ба ӯ ҳам осон коре нест. Ин рубоӣ далели ин ҳол аст:
Ман шохи анорам, кӣ бигирад ба канор,
Ҳар дони анор аст чу як дил хуншор.
Муште, ки марост, мушти кӯбидан нест,
Дар мушти анор аст ҳамон хуни анор.
Кашфи ҳақиқату зебоӣ аз ҷониби шоир ва нафаҳмидани он аз ҷониби ҷомеа яке аз мушкилаҳоест, ки дар таърихи шеъру адаб қариб ҳамеша вуҷуд дошта, боиси озурдагии шоирони бисёре гаштааст. Шоир бо истеъдод ва заҳмати шабонарӯзии беқиёсаш, ки инсони оддӣ ҳаргиз ба он қобил нест, ба дараҷае мерасад, ки ҳамзамононаш аксаран дар он дараҷа нестанд, зеро на танҳо он истеъдодро надоранд, ҳатто он гуна заҳматро ҳам таҳаммул карда наметавонанд ва дар натиҷа дигар аз қудрати дарк ва қабули он ҳақиқату зебоие, ки шоир пешниҳод мекунад, оҷиз мемонанд. Агар ба асли масъала андешида шавад, он фоҷеаи ҳар ду тараф аст, балки бештар фоҷеаи ҳамзамонон аст то шоир, зеро шоир имкони аз ҷониби насли дигар фаҳмида шудан дорад, аммо ба ҳамзамонон ҳамчунин имкони бо насли дигар боз омадан мавҷуд нест. Бинобар он хонандаи шоир ҳадди ақал заҳмати омӯзиши шоирро бояд бикашад, то ба дарки ҳақиқату зебоии сухани ӯ бирасад ва байни онон ҳусни тафоҳум ва пазириши дуҷониба ба амал ояд. Инро дар назар дошта, шоир дар яке аз рубоиҳояш бо бардошту иғ роқ мегӯяд:
Аз аҳли башар кас ба ҳавоям нарасид,
Рафтам ба фалак, малак ба поям нарасид.
Гар гунбади аршро садоям бардошт,
Бар гунбади шаҳри худ садоям нарасид.
Яке аз рукнҳои бунёдии ҷомеаи имрӯзӣ ва ормонии фардоӣ, баъд аз адолати иҷтимоӣ ва ё шояд дар баробари он, шукуфоии фарҳангист, зеро муайян кардан мушкил аст, ки кадоме аз инҳо дар ҷомеаи ормонӣ муқаддамтар аз дигаре барқарор хоҳад гашт. Аз ин ҷост, дар шеъри Аскар Ҳаким масъалаи шоир ва фарҳанг, ки таърихро ҳам дар бар мегирад, мақоми бузурге дошта, махсусан дар ашъори дар солҳои охир эҷодкардаи ӯ ифодаи гуногунранги ба- деии худро пайдо менамояд. Шеърҳои «Забони тоҷикӣ», «Бубахшо, эй Ватан!», «Наврӯзи фарвардин», «Аввалу охири дунё - Наврӯз», «Эй, ки пургул мешукуфӣ…», «Замини сабзи боварҳо», «Худ чароғ и хеш бош!», «Анӯширвон дар додгоҳи адл» аз шеърҳое ҳастанд, ки дар вусъати чашмандозу жарфои андеша, барангезандагии таассуроти фарогир, инсиҷоми баён, тару тозагии забону воситаҳои тасвир ва натиҷагириҳои фарохи фалсафӣ дар сарҳалқаи беҳтарин намунаҳои шеъри муосири тоҷик қарор доранд. Дар ҳар яке аз ин шеърҳо барои таҳқиқоти ҷудогогна маводи кофӣ мавҷуд аст вале мо, мутаассифона, барои иҷрои он маҷол надорем, бинобар он сухан дар бораи онҳо хеле мухтасар хоҳад буд. Вале як хусусияти муштараки ин шеърҳоро дар ин ҷо ҳатман бояд қайд кунам, ки он аз сарчашмаи дониш об хӯрдани онон аст, зеро бе дониши фароху амиқи таърихию фарҳангӣ эҷод шудани онон ҳаргиз имконпазир нест. Аз муҳтавои ин шеърҳо бармеояд, ки шоири онҳо на танҳо аз таҳқиқоти таърихию фарҳангии маъмули пешин, балки аз навтарини онҳо ҳам бохабар аст, ки мисоли равшани он шеъри «Худ чароғ и хеш бош!» мебошад, ки бо нигоҳе ба ҳайкали 14-метраи Будо, ки дар Аҷинатеппа пайдо карда шуда, дар осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад, эҷод гашта, ба тамҷиди Будо бахшида шудааст, ки ӯро аслан эронитабор, яъне тоҷиктабори қадим дониста, решаи таълимоташро дар таълимоти Зардушти аввал дидааст, ки ҳафт ҳазор сол пеш аз ин зистааст:
Нирвонои ту медорад маро ҳушёр,
То бубинам инҷилои бомдоди ҳастии худро
Дар Нишобуру Хуҷанду Омулу Фарғ онаву Фархор,
То канори Ҳинду дарёбор.
Омада – рафта,* ту дар хоки ниёконӣ,
Ганҷ дар вайрона, эй шаҳзодаи яктои эронӣ,
Яъне аз таҳреша тоҷику хуросонӣ,
Карда тахту тоҷи шоҳиро раҳо
дар кӯйи инсонӣ.
То куҷо
ё нокуҷоҳо
мебарӣ худҷӯиям ин бор,
Бар чӣ рамзе мекушояд
дидаамро чашми дилбинат,
Дар чӣ ранҷеву чӣ ганҷе
мешиносонӣ маро осор,
Ё ки меёбам давоми хешро дар Чину Мочинат.
Дар ин шеърҳо фарҳангу таърих на чун воқеъият, ки метавонад аввалу охир дошта бошад, дарку тасвир мешаванд, балки ҳамчун ҳақиқате, ки ҳамеша ҳаст, ба қалам меоянд ва инсонро бо ҷазба ба сӯи худ мекашанд ва ё доимо бо инсонанд, зеро онҳо фарҳангу таърихи инсониятанд. Аз ин ҷост воқеияте, ки дар ин шеърҳо тасвиру ифода мешаванд, бартар аз воқеият буда, шоирро барои дарёфти ҳақиқат илҳом додаанд ва ин ҳақиқат дар кӯраи дилу ҷони ӯ гудохта, бо ҳастии ӯ омехта, ҳақиқати шахсии ӯ гаштаанд, ки ҳақиқати соҳибони ин фарҳангу таърих ҳам мебошад. Бинобар ин, ҳар соҳиби ин таъриху фарҳанг, ки ин шеърҳоро мехонад, онҳоро на фақат маҳсули дарёфти хеш, балки хешро офаринанда ва соҳиби он медонад.
«Замини сабзи боварҳо» шеърест, ки ғ ояи сарзамини боварҳо, яъне сарзамине, ки дар он аввалин боварҳои башарӣ, яъне сарзамини нахустфарҳангҳои инсоният будани ватани аҷдодии шоирро бо муҳташамии мавзӯъ, лангари сухан, ташбеҳу истиороти тоза, баёни фасеҳ, услуби корхӯрдаи матин дар пеши назар таҷассум менамояд.
Ҳарф мехоҳам занам аз сарзамини хеш,
Ҳар чӣ мегӯям вале з-ин хок ҳарфи осмон ояд.
Баски ин марзи гиронмоя, ки мояш пой мемонем,
Дигаронро Каҳкашон ояд.
Таваҷҷуҳ мекунед, ки дар ин сатрҳо суханҳо чӣ қадар лангардор ва пурборанд, шоир махсус ба ҷои меситоям, тавсиф мекунам барин таъбирҳо, ки дар онҳо оҳанги пешакии ситоиш ҷой дорад, мисраъро дар назари аввал чун наср вале насри маҳками классикӣ «ҳарф мехоҳам занам аз сарзамини хеш» сохта, бо ин таъкид карданист, ки манзури ӯ ситоиш нест ва дар мисраи дуюм ҳам ин усулро давом дода «ҳар чӣ мегӯям вале з-ин хок…» мегӯяд ва гӯё худи маводи шеър беихтиёр ибораи «ҳарфи осмон ояд»-ро дар услуби олӣ ба матн ворид месозад ва байт якбора шукӯҳу шаҳомати ғ айричашмдошт пайдо мекунад:
Ҳарф мехоҳам занам аз сарзамини хеш,
Ҳар чӣ мегӯям вале з-ин хок ҳарфи осмон ояд.
Ва баъдан маълум мешавад, ин марзе, ки мо ба рӯи он пой мемонем, барои дигарон баробари Каҳкашон будааст. Каҳкашон, ки дар шеър намоди улвият ва бекаронагист, агар ҳамчунин марзе зери қадами мост, пас мо бояд чӣ гуна қадам монем ва бо чӣ мақсад ва ҳадафҳои бузургу олӣ.
Баски ин марзи гиронмоя, ки мояш пой мемонем,
Дигаронро Каҳкашон ояд…
…Дар чунин хоке, ки дар ҳар зарраи хеш
осмон дорад,
Метавон оё ба ҳадди хоку меъёри заминӣ зист.
Ман намедонам,
вале медонам ин ҷо хокпош ар ҳаст,
Дил саройи ишқи гардунаш набошад,
нест.
Дар ҳар зарраи хеш осмон доштани ин хок ва дар дили ҳар хокпош ҷой доштани сарои гардун суханҳое ҳастанд, ки қудсияти ин сарзамин ва маънавияти ғ ании бошандагони онро таъйину таъйид менамоянд. Ҳарчанд ин ҳолат шоирро ба гардунҳо мебарад, аммо ӯ бо тавозӯъ бар хоки ин манзар бар замин фуруд меояд ва мегӯяд:
То ба ҳарфи хомуши водӣ-ш гӯшамро фаро орам,
Вожаҳои рӯдҳоро бишнавам дар вижапардозӣ.
Гӯш бар хоки таҳаммулбор бигзорам,
Оядам аз Зардуҳишту Маздаку Монӣ-ш овозе,
Баски хоки покашон ин ҷост,
Саҷдагоҳу зинаи афлокашон ин ҷост.
Ва дар саросари ин шеър шоир аз ҳақиқатҳое ҳарф мезанад, ки онҳо бо обу хоки ӯ омехтаанд, ё беҳтараш ӯро бо онҳо сириштаанд ва дар натиҷа шоир касе мешавад, ки на дар бораи ҳақиқат ҳарф мезанад, балки худ ба ҳақиқат табдил мегардад ва шеър ба паёми ҳақиқат.Ва ин далели он аст, ки ин ва ин гуна шеърҳо, аз қабили «Наврӯзи фарвардин», «Аввалу охири дунё – Наврӯз», «Ҳадиси Одам дар офариниши Ҳавво», «Анӯширвон дар додгоҳи адл» на танҳо имрӯз, балки фардоҳо ҳам ҳамчун паёми ҳақиқат дарк хоҳанд шуд, зеро онҳо ҳамчун ҳақиқатҳое ба забон омадаанд, ки гӯяндаи онон бо ҳақиқатҳои кашфнамудааш даромехта, худ ҳақиқат гаштааст. Ва муҳиммтараш боз ин аст, ҳар хонандае, ки соҳиби ин замину таъриху фарҳанги он аст, бо хондани ин шеър-ҳо онҳоро паёми хеш аз ҳақиқати хеш медонад. Воқеан ин паём аз ҳақиқати ӯву сарзамини ӯст:
Ҳамди исломат, ки ҷуз исломи некӣ нест,
Рӯдакию Мавлавиятро назири одамият кист?
То расад насли башар бар ҳадди инсонӣ,
Боядаш омухт аз ин ҳар ду мусалмонӣ…
…Эй диёри кӯчаки аз чор дарё ҳам фарохотар,
Ҳар ваҷаб хоки азизатро баландиҳои ин мардон
Кард гардуни баландахтар,
К-ин мани сарводагӯ дар ҷустуҷӯйи ҳарфи шоёнат
Мезанам акнун
ба авҷи ҳафт гардун
сар.
Осори Аскар Ҳаким дар шеъри муосири тоҷик намунаи бозтоби шоиронаи фалсафаи ҳастӣ мебошад, ки ин ба шеъри ӯ тароват ва ҷаззобият бахшида, онро мавриди андешаи ҳамаи онҳое менамояд, ки шинохти муҳиммтарин фазилатҳои одаму оламро суроғ доранд. Шеъри асили имрӯз наметавонад бе андешаҳои амиқи фалсафӣ, ахлоқию иҷтимоӣ бошад, зеро савияи ҷомеа рӯз ба рӯз боло меравад ва хонандаи соҳибмаълумоту бофарҳанг ба шеъре ниёз дорад, ки талаботи фикрию завқӣ ва рӯҳии ӯро қонеъ кунонида тавонад. Ҳанӯз тақрибан 170 сол қабл аз ин адабиётшиноси ҷаҳоншумули рус В. Белинский навишта буд, ки «акнун ҳамаи шоирон, ҳатто бузургон дар айни ҳол мутафаккир ҳам бояд бошанд вагарна истеъдод ҳам мадад карда наметавонад…»12. Адабиёти мо дар мисоли осори Аскар Ҳаким ҳамин гуна асарҳоеро дорад, ки дар онҳо истеъдоди шои- рӣ бо беҳтарин ваҷҳ бо дониш ва тафаккури амиқ ба ҳам даромехта, дар баҳамҷӯшхӯрдагии эҳсосоту андеша намунаҳои хуби шеърро ба вуҷуд овардааст.
Ман ин ҷо бояд қайд кунам, ки дар ин мақола танҳо тарҳи таҳқиқе, ки бояд карда шавад, ба қалам омад, ҳар мавзӯе, ки зикр шуд, метавонад мавриди таҳқиқоти алоҳидае қарор бигирад, зеро дар осори Аскар Ҳаким оид ба он маводи кофӣ вуҷуд дорад. Ман иҷрои онро аз муҳаққиқони ҷавонтар, ки маҷоли бештари кор дошта, дар соҳаи робитаи адабиёту фалсафа пажӯҳиш мекунанд, чашм дорам, зеро дар ин соҳа дар эҷодиёти Аскар Ҳаким ва умуман дар шеъри муосири тоҷик барои таҳқиқоти арзишманд маводи фаровони ҷолиби таваҷҷуҳ мавҷуд аст.
Мӯсо Диноршоев,
академик, доктори илмҳои фалсафа
Пайнавишт
[1] Шоир Анўширвонро ба сабаби золим ва мустабид буданаш «Адўширвон» лаќаб додааст.