Бояд иқрор кард, ки дар танқид ва адабиётшиносии муосир тадқиқи масъалаҳои назми имрӯза, хусусан шеъри муосир, қаноатбахш нест, ҳол он ки шеъри тоҷикӣ дар раванди адабии муосир пешсафу пешрав аст. Дар ду даҳсолаи охир шеъри мо сифатан такмил ёфт, ғанӣ гардид ва инкишоф ёфт. Навҷӯӣ дар шеър хеле бошиддат ҷараён гирифт ва ҳатто тамоюле бо номи «шеъри нав» ҳоло мавриди гуфтугӯи аҳли тадқиқ гардидааст. Вале таҳқиқу ҷамъбасти ҳодисаҳои нави шеъри имрӯз, самти инкишофи он, аз назари таҷрибаи таърихии назми советии тоҷик ба мушоҳида гирифтани он, ошкор сохтани ҷиҳатҳои милливу интернационалӣ дар поэтикаи вай ҳам акнун шурӯъ мешавад.

 Дар ин бобат дар суханронӣ, мақолаву асарҳои ҷудогонаи М. Қаноат, М. Шукуров, А. Сайфуллоев, А. Сатторов, Ю. Акбаров, Ҳ. Шодиқулов ва дигарон андешаҳои ҷолиб баён шудаанд.   Вале тадқиқоти вусъатноке, ки раванди адабии муосирро аз чанд ҷиҳат мавриди баррасӣ қарор дода бошад, ба чашм намерасид. Аз ин сабаб чопи асари мунаққид ва адабиётшиноси хушсалиқа Аскар Ҳакимов «Шеър ва замон» (Душанбе, «Ирфон», 1978)-ро, ки оид ба масъалаҳои инкишофи назми муосири тоҷик баҳс мекунад, ҳодисаи муҳимм ҳисобидан мумкин аст[1].

  Ҳамин чиз ҷолиби диққат мебошад, ки муҳаққиқ  масъалаҳои инкишофи назмро аз назари ирсияти таърихӣ ва анъанаву навоварӣ ба таҳқиқ гирифтааст. Қонуни инкишофи ғ оявию эстетикии адабиёт ҳаминро тақозо мекунад ва ба ин восита самти асосии рушди адабиёт дуруст тадқиқ хоҳад шуд. Ҳамин нияти муаллиф ҳамаи қисмҳои рисоларо ба ҳам пайвастааст ва мақолаи «Достони қалъаҷанг», ки гӯё аз масъалаи асосӣ берун буда, асари мустақил аст, ба назари мо, он як навъ санҷиши қазияҳои мунаққид дар мисоли асари мушаххас мебошад. Ҳамин тавр, мо тадқиқоти мукаммалу мақсаднокеро оид ба баъзе масъалаҳои назария ва амалияи шеъри муосири тоҷикӣ дар даст дорем.

  А.Ҳакимов, пеш аз ҳама, ба шарҳи масъалаи анъанаву навоварӣ мепардозад. Мақолаи муқаддимавии «Баҳси бардавом» хусусияти назарӣ дорад ва мубоҳисаҳои доир ба ин масъала, шарҳи дурусти муносибати ин ду мафҳуми эстетикӣ дар назми муосирро фаро гирифтааст. Ақидаҳои мунаққид ҳарчанд такрор бошад ҳам, аз нав дидану ба хотир овардани онҳо барои адабиётшиносони тоҷик, ки масоили назариро ками дар кам мавриди муҳокима қарор медиҳанд, аз манфиат холӣ нест.

  Анъана ва навоварӣ масъалаи мураккабу серпаҳлу мебошад ва муайян кардани методологияи тадқиқи он хеле зарур аст. А. Ҳакимов менависад: «Аз анъана то анъана фарқ дидан, анъанаро танқидӣ омӯхтан ва вобаста ба давраи муайяни таърихӣ шаҳр додан, анъанаро танҳо бо хусусиятҳои миллӣ маҳдуд накарда, таркиби онро аз ягонагии ҷузъҳои ғ оявию эстетикӣ дидан, хуллас, ин ҳодисаи эстетикиро дар айни диалектика ба тадқиқ гирифтан зарур аст. Дар хусуси навоварӣ бошад, пеш аз ҳама қайд кардан зарур аст, ки он аз анъана ҷудо нест. Зиёда аз он, чизи нав дар шакли адабиёт хеле дер равшан зоҳир мегардад, аммо ба сари худ пайдо намешавад. Санги маҳак дар ин бобат ин аст, ки навоварии ғ оявию бадеӣ вобаста ба инсони нав ва қаҳрамони нави адабиёт зуҳур мекунад». Ин ҳақиқатро таҷрибаи устод Айнӣ, Лоҳутӣ, М. Турсунзода, П. Сулаймонӣ, Ҳ. Юсуфӣ, М. Миршакар, М. Қаноат, Лоиқ ва дигар шоирони тоҷик собит менамояд. Ашъори онҳо на танҳо ифодаи нақши замон, инъикоси рӯҳияи одами нав ва анъанаҳои бадеии миллӣ аст, балки аз сарчашмаи адабиёти халқҳои СССР низ об мехӯрад. Вале омӯзиш аз адабиёти халқҳои бародар, ки як сарчашмаи муҳиммми навоварист, бояд эҷодкорона сурат гирад ва он маънии кӯчонидани таҷрибаи адабиёт ва ё адибе ба адабиёти миллиро надорад, чунонки як вақтҳо нисбат ба эҷодиёти Маяковский ҳамин тавр муносибат карда мешуд.

  Бисёр мешавад, ки агар сухан аз навоварии назми имрӯза равад, онро аз шикастани қолибҳои анъанавии жанру қофия, вазн медонанд ва ин, бешубҳа, осону сабук шарҳ додан ва саҳлангорӣ кардан аст нисбат ба ин ҳодисаи ҷиддӣ. Дар асл бошад, ҳолат нисбат ба пиндошти баъзеҳо, чунон ки гуфтем, хеле мураккаб буда, ба баланд шудани савияи мундариҷа ва шакли шеъри солҳои шастуму ҳафтодум вобастагии қавӣ дорад. «Дар ин ҳангом, - менависад А.Ҳакимов, - шеъри тоҷик аз лиҳози мундариҷа ба тасвири амиқ ва доманадори воқеият, пурқувват ва фарогиранда шудани эҳтироси гражданӣ, омӯзиши гуманизми нав ноил шуда бошад, дар соҳаи шакли бадеӣ дар он муносибати тоза ба сухану сурат, ба шаклҳои анъанавӣ ва ба унсурҳои услуб, авзону анвои шеър ва аз ҷумлаи инҳо ба мавқеи муҳимм соҳиб мешавад» (с.18). Ин хулосаи муал- лиф оид ба инкишофи назми имрӯз ва поэтикаи он ба хулосаҳои адабиётшиносон М. Шукуров (Муҳаммадҷони Шакурӣ), З. Османова, Л. Демидчик, А. Сайфуллоев дар хусуси анъанаву навоварӣ ва ҳузури он дар инкишофи нас-ру драматургияи тоҷикӣ як аст ва аз ягонагии ҳодисаҳо дар раванди адабии муосир шаҳодат медиҳад.

  Чунонки мебинем, заминаҳои методологии муҳокимаҳои А. Ҳакимов ҷиддӣ, асоснок ва доираи назари ӯ низ васеъ буда, мундариҷаи ғ оявӣ, тасвири инсон ва шеърия- ти назми муосирро фаро гирифтааст. Мақолаи «Шеъри инсон» шомили масоили мазкур ва аз қисматҳои муҳимми китоб мебошад. Зеро образи лирикӣ, инсон дар лирика, қаҳрамони лирикӣ ва тарзу усули тасвири он асоси мундариҷа ва навҷӯиҳои шаклии назми муосирро муайян мекунад. Дуруст муайян кардани алоқаи қаҳрамони лирикӣ бо шахсияти шоир ва инсони воқеӣ, рӯшан кардани сифатҳои ба худ хоси тасвири типи зиндагӣ дар лирика аз масъалаҳои баҳсноки адабиётшиносии советист. Бинобар ин, дар ин маврид табиӣ саволе ба миён меояд, ки қаҳрамони лирикӣ кист? Худи шоир аст (Б. Томашевский) ё шахсияти ӯст? (В. Назаренко); он хусусиятҳои ба образи шоир хос-ро ҷамъ оварда, як воситаи сохтани образи бадеӣ, типӣ, фардӣ ва ҷомеи вай аст (Л. Тимофеев, З. Паперный), ё қаҳрамони лирикӣ метавонад, ҳам «дугоник» ва ҳам образи объективии шоир бошад? (Ал. Михайлов). Аз байни ин ҳама фикру ақидаҳои зиёд А.Ҳакимов гӯё ба гуфтаҳои И. И. Грибушин, ки дар лирика қаҳрамони субъективӣ ва объективӣ ҳаст мегӯяд, ҳамфикр шуда ин назарияро пурмаҳсул ҳисобидааст.

  Ба фикри мо ин дарҳамбарҳамӣ дар тавсифи лирика ва қаҳрамони лирикӣ аз он ҷо сар задаст, ки муҳаққиқон сифатҳои зотии лирика (образи лирикӣ) ва ҳам инсони лирика (қаҳрамони лирикӣ)-ро бо ҳам омехтаанд. Дар мавриди якум лирика ба куллӣ навъи субъективист ва ҳиссу фик-ри шоир воситаи асосии тасвири инсон ва ҳаёт мебошад. Шояд ба шахсияти шоир айният додани қаҳрамони лирикӣ аз ҳамин ҷо сар мезанад ва худ ба худ маълум аст, ки ин ақида ҳақиқати ҳолро пурра ифода карда наметавонад. Дар мавриди дувум қаҳрамони лирикӣ воситаи тасвири ҳақиқати зиндагии объективӣ ва инсон аст, ки дар шакли субъективӣ амалӣ мешавад. Бинобар ин ки қаҳрамони лирикӣ воситаи тасвири ҳақиқати ҳаёт дар лирика аст, ҳар қадар вай субъективӣ ва фардӣ бошад ҳам, он ба шахсияти шоир айният дорад гуфтан мумкин нест. Яъне қаҳрамони лирикӣ сифати аслии худро аз даст надода, дар айни замон бояд аз маҳдудияти шахсӣ ва объективизми хушк орӣ бошад. Лирика, ки навъи адабии субъективист, ҳамеша ба тасвири объективӣ майл дорад вай, ки зодаи ҳиссу фикри фардист, ҳамон андоза барои офаридани образи ҷомеъ ҳаракат мекунад. Ба фикри мо, қаҳрамони лирикиро дар ҳамин мураккабӣ ва ҳамбастагии диалектикии ҷузъҳои гуногун баррасӣ кардан ба мақсад мувофиқ буда, он ҳақиқати ҷустуҷӯҳо ва ғ анои мундариҷаву шакли назми муосирро дар офаридани симои инсони муосир хубтар ифода мекунад.

  Дар асари А. Ҳакимов бо мақсади рӯшан кардани симои умумии қаҳрамони лирикӣ истилоҳи субъекти лирикӣ - идеали эстетикии инсони замон қабул карда шуда, зуҳури ин инсон дар мисоли эҷодиёти Мирзо Турсунзода, Миршакар, Лоиқ, Ғ аффор Мирзо, Қутбӣ Киром нишон дода мешавад.

  Ба ақидаи мунаққид, «баробари дар эҷодиёти М. Турсунзода, М. Миршакар, Б. Раҳимзода, А. Шукӯҳӣ равшан сурат гирифтани ҷиҳатҳои ҷамъиятии субъекти лирикӣ, дар эҷодиёти қисми дигари шоирон тасвир ва таҳлили амиқи ҷаҳони ботинии инсон мавқеъ пайдо кардан мегирад» (с. 51). Дар мақола шаклҳои фардию усулҳои зоҳир шудани хислатҳои субъекти лирика хеле хуб ва батафсил нишон дода шудааст. Мушоҳидаҳои муҳаққиқ дар хусуси ба ҳам наздик омадани инсон ва шахсияти эҷодкор дар адабиёти реалистӣ ҷолиби диққат аст, зеро ин яке аз комёбиҳои реализм аст ва лирика дар ин бобат имкони бештаре дорад. Ин нукта ҳам сазовор ба қайд аст, ки лирика пеш аз ҳама ба таҳлили «диалектикаи рӯҳ»-и инсони давру замони муайян мепардозад, хусусан лирикаи реалистӣ. Бинобар ин, қаҳрамони лирикии М. Турсунзода ба фардияти шоир наздиктар буда, ғ анои маънавию рӯҳии инсони муосирро хубтар ифода карда тавонистааст вай «шоҳиди муборизаҳои ду ҷаҳон, ду система, инсони эҷодкор, созандаи коммунизм, шахси инсондӯст, хуллас, бо тамоми дилу ҷон коммунист аст» (с. 44).

  Сифатҳои инсони лирикӣ ва тасвири он дар худи ҳамон шоир ва ҳам шоирони дигар яксон нест. Ба гуфти муҳаққиқ агар он дар эҷодиёти М.Турсунзода ба воситаи ифодаи қаҳрамони лирикӣ сурат гирад, дар эҷодиёти М. Миршакар он дар образи ҷомеи инсон амалӣ шудааст, дар ашъори Мирзо бошад, он дар зиндагии муқаррарӣ, кору бор ва ташвишҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ нишон дода мешавад. Дар ашъори М. Қаноат, Лоиқ, Қутбӣ Киром, Бозор Собир сифатҳои фитрии инсон, рӯҳияи вай, масъулиятшиносии ҷамъиятии ӯ, умуман пайванди Инсону Оламу Замин тасвир шуда, субъекти лирикаро ғ анӣ кардаанд. А. Ҳакимов исбот мекунад, ки мақому манзалати инсон, андешаҳои мураккаби вай, муаммои мавҷудияти ӯ дар шеъри Лоиқ хеле ҷиддӣ ва торафт мукаммал ба тасвир меояд. Ба фикри мо, аз мушоҳидаву хулосаҳои мунаққид ба хулосае омадан мумкин аст, ки шеъри имрӯз анъанаҳои инсонпарваронаи адабиёти классикӣ ва рӯҳи граждании назми советиро идома дода, то рафт гуманизмаш амиқ, имкониятҳояш дар тас- вири инсони муборизу фаъол бештар шудааст.

  Табиист, ки чунин ҷустуҷӯҳои амиқ ва ҷасурона дар тасвири мукаммали субъекти лирика - инсони маънан ғ анӣ, ахлоқан қавӣ, аз ҷиҳати сиёсӣ устувор, инсони бунёдкор на танҳо бар пурқувват шудани ҷанбаи иҷтимоӣ, публицистиву психологӣ ва фалсафии шеър сабаб гардид, инчунин ба поэтикаи он низ тағ йироти зиёде ворид сохт. А. Ҳакимов яке аз аввалин тадқиқотчиёнест, ки аз дидгоҳи поэтика оид ба сухани шоирона, анъанаву навоварӣ дар анвою авзон ва хусусиятҳои жанрии шеъри муосир хеле батафсил сухан меронад. Дар ҳақиқат, адабиёти бадеӣ, хусусан шеър, сухан аз калимаҳои ҷудогонаву хушк, аз баёни муқаррарии фикр иборат нест ва бесабаб онро санъати сухан нагуфтаанд. Бинобар ин, ҳангоме ки гап дар бораи забони асари бадеӣ меравад, дороии луғ авии онро муҳимм донистан ҳанӯз муқаддимаи кор аст, муҳимм он аст, ки мо то рафт васеътар шудани имконоти тасвирии сухани шоиронаро бояд ба ҳисоб гирем. Шеъри муосир дар ин ҷиҳат низ комёбиҳо дорад ва имконоти «суратрезӣ ва маъникашӣ»-и сухан дар назм хеле зиёд шуда истодааст. Мақолаи «Сухан ва образ» аз ҳамин бобат ва инчунин оид ба масъалаҳои услуб, системаи образҳо, банду басти шеър баҳс мекунад.

  Муҳаққиқ дар адабиёти нави реалистӣ бештар гардидани таъсири баёни халқӣ, таъбирҳо ва умуман забони мардумро ба назм таъкид мекунад ва сипас дар хусуси вобаста ба мундариҷаи нави адабиёти реалистӣ тағ йирот пазируфтан ва васеъ гардидани вазифаи маънавию ашёии калима, таъбирҳои классикӣ, ки хоси сабку услубҳои гуногун буда вазифаи ғ оявию бадеияш низ маҳдуд шуда буд, мулоҳиза рондааст.

  Муаллиф зиёд шудани имконоти тасвирӣ ва маънавии каломи бадеъро ба адабиёти реалистӣ вобаста медонад, зиёда аз ин, ба фикри вай таъсири сабку баёни халқӣ барои заминиву ҳаётӣ гардидани образҳои анъанавӣ, шикастани рамзҳои мазмуни ҳаётиашон суст имкон медиҳад.

  Аҷоиб он аст, ки акнун таъбирҳои халқӣ ва образҳои анъанавӣ паҳлӯи ҳам меоянд ва ҳеҷ гуна бегонагӣ дар ин ҳолат ҳис намешавад. Таҷрибаи эҷодии устод Айнӣ. М. Турсунзода, М. Қаноат, Лоиқ, ки луғ оти халқиву классикиро дар як таркиб истифода мекунанд ё ҷустуҷӯҳои Ф. Муҳаммадиев ва Кӯҳзод дар наср аз умумӣ будани ҷустуҷӯҳо дар адабиёт гувоҳӣ медиҳанд. А. Ҳакимов ба хулосае меояд, ки анъанаҳои сабкҳои классикӣ, системаи образҳои онҳо аз ҳам ҷудо сурат мегирифт, аммо дар адабиёти реалистӣ он ба услуби миллӣ табдил ёфт ва имконоти худи адабиёт васеъ гардид вазифаи калима низ вобаста ба ин синтези услубӣ хеле вусъат ёфт ва ғ анӣ гардид.

  Бисъёр масъалаҳое, ки А. Ҳакимов ба миён гузоштаву мулоҳиза баён мекунад, бори аввал дар адабиётшиносии тоҷик мавриди андеша қарор гирифтаанд. Мулоҳизаҳои мунаққид дар бораи «Лайлатулқадр», «Оби ҳаёт», «Наврӯз» ва мазмуни навро ифода кардани онҳо қазияҳои назарии ӯро ифода мекунанд.

  Фикри зерини ӯ оид ба поэтикаи сухан ва образ ҷолиби диққат аст, ки мегӯяд: «Дар байни ашёи тасвир ва лексика муносибати фуксионалӣ ва мантиқӣ вуҷуд дорад. Ин яке аз муҳиммтарин хусусияти услубии назми муосир аст, ки дар натиҷаи муносибати реалистона ба мафҳуми лексикии калима ва образ шакл гирифта истодааст» (с. 80). Дар асоси ин қазия ду гурӯҳи образҳо - образҳое, ки дарки таърихии воқеиятро дар худ гунҷоиш додаанд («Ҷоми Ҷам») ва ҳам объектро аз ягон ҷиҳат шарҳ медиҳанд ё тавсиф мекунанд («зулфи мушкин») аз рӯи таҳаввулашон таҳлил шудаанд. Ин навҷӯӣ ҳаминро таъкид мекунад, ки бар хилофи образу рамзҳои қолибрез образҳои тозае, ки ба воқеияти имрӯза наздиканд ва ҳам қувваи таъсирашон бештар бошад, дар осори М.Турсунзода, А. Шукӯҳӣ, М. Қаноат, Лоиқ, Ғ . Мирзо нуфуз доранд.

  Ин ҷо, ба фикри мо, ду ҳодисае, ки мавриди мулоҳиза аст, сазовори қайд мебошад. Аз як тараф, шоирони калонсол ба образҳои анъанавӣ тозагӣ зам карда қувваи тасвирии онҳоро афзудаанд. Аз тарафи дигар, ба тақозои забони шеър нигоҳ карда образҳои тозае офарида мешаванд, ки мисли образҳои анъанавӣ пуртаъсир ҳастанд. А. Ҳакимов маҳз ҳамин ҳодисаро муфасалтар шарҳ додааст. Ба ақидаи мунаққид, яке аз ин ҳодисаҳо он аст, ки асоси шеърро образи тоза ташкил карда, сипас он дар чанд паҳлӯ ба тасвир меояд. Шеъри М. Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Ғ .Мирзо аз ҳамин ҷиҳат тафовут дорад.

  Мӯъмин Қаноат ба таъсири эмотсионалии образ, тасвиру тавсифи он диққати махсус медиҳад. Дар шеъри «Обшор» образ дар натиҷаи монандкунӣ (обшору духтар) таҷассум шуда, ҳиссиёти ботинии шоирро хуб ифода мекунад. Таносуби қавии монандшаванда бо монандкунанда барои афзудани тасвиркорӣ дар шеърҳои шоир, масалан, дар «Пири гулфурӯшон», «Гули бодом», «Аҳсант ба одам», «Нарав қуи сафеди ман», силсилаи «Мавҷҳои Днепр» боис гардидааст. Тасвиркорӣ шеърро мушаххас, манзараҳо ва ҳаракату амалиётро назарнамо, фикри шеърро гиро ва оҳанги онро қатъӣ месозад.

  А. Ҳакимов навъҳои дигари ба вуҷуд овардани образҳои нав ва шакли тасвири онҳоро низ қайд мекунад. Дар шеърҳои А. Шукӯҳӣ тасвири мушаххас ва муқаррарӣ ҳиссиёти пурзӯреро ифода мекунад. Ҳамин гуна тасвир, зимнан, имконоти ифодаи ҳиссиётро афзуда, асосҳои реалистии лирикаро амиқ бурдааст, ки дар ашъори Лоиқ («Оби Ому як замон мерехт дар баҳри Хазар», «Ақрабакҳои соат») бештар ба чашм мерасад. Ин усули тасвир махсусан таъсирбахшии ҳодисаи драматикиро хеле боло бурдааст. Ҷанбаи драматикӣ (драматизми ҳолат ва ҳис- сиёт) ва образҳои чашмнамо як хусусияти муҳиммми лирикаи муосир ҳисобида шудааст.

  Инак, маълум мешавад, ки таҷдиди образҳои анъанавӣ, пайдо шудани образҳои нав, тарзу усулҳои гуногуни тасвири шоиронаи зиндагӣ ва олами маънавии инсон, ки ба мундариҷаи лирика вобастагии қавӣ дорад, ба сухан, забони шоир, шеърияти назм роҳ ёфта, боиси васеу пуртаъсир ва ҳарранг шудани сухани шоирона гардид. Ба фик-ри мо «Таҳаввули арӯз» аз мақолаҳои беҳтарини маҷмӯаи мебошад, ки ба масъалаи мураккаб ва баҳсталаби шеъри  муосир бахшида шудааст. Дар он ҷанбаи адабиётшиносӣ ва ҳам дарки рӯйдодҳои нави адабӣ, ки ба ҳамаи мақолаҳои А. Ҳакимов хос аст, бештар зоҳир шудааст. Чуноне ки медонем вазн чун мундариҷа, тахайюл, қофия ва воситаи тасвир ҷузъи асосии шеър аст ва шеъри бе низом шеър нест. Муаллиф аз рӯи ҳамин вазифаи муҳиммми вазн ба таърихи баҳс дар атрофи он ва таҳаввули ташаккули он баҳо медиҳад. Пӯшида нест, ки ҳарчанд дар назми тоҷик шеъри ҳиҷоӣ мавқеи муайян дорад вале ҳам дар шеъри классикӣ ва ҳам советӣ вазни асосӣ арӯз аст. Дар бораи таърихи пайдоиши вазни арӯз А. Ҳакимов ба гуфтаҳои устод Айнӣ, И. С. Брагинский, Парвиз Нотили Хонларӣ такя карда, ба рӯшан сохтани асосҳои халқии он кӯшиш кардааст. Дар асоси андешаи ин муҳаққиқин вазни рубоиро муфассалан таҳлил намуда, бахудхосии он, ба табиати забони тоҷикӣ хос будани оҳанги арӯз, халқияти вазн мӯътамад нишон дода мешавад: «ҷанбаи халқӣ дар арӯз қавӣ будааст, ки он дар назми мо чуқур реша меронд ва ҳамлаю муборизаи онҳое, ки бар зидди он буданд, ба нокомиҳо анҷом ёфт» (с. 134).

  Ҷустуҷӯҳо ва навпардозиҳо дар вазни арӯз, ки «Марши ҳуррият»-и устод Айнӣ аз намунаҳои аввалини он мебошад, самарабахш буд, зеро ин навҷӯӣ ба табиати вазн мухолиф нест. Дар ин масъала устод Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ муваффақиятҳои калон ба даст оварданд. Дар ашъори онҳо на якто, балки чандин вазн ба ҳам омехта мешаванд ва муҳаққиқ асоси ин навҷӯиҳоро низ мӯътамад нишон додааст. Масалан, бисёр таронаҳои Лоҳутӣ, шеъри «Ба боғ бон»-и Пайрав, ки дар ду-се вазн навишта шудаанд ва томияти композитсионӣ ва якпорчагии онҳо ба туфайли нигоҳ доштани давомоти савтӣ, мусиқавияту таронаӣ буданашон бештар шудааст.

  Ақидаи А. Ҳакимов дар бораи он ҷолиб аст, ки мегӯяд дар солҳои 20-30 роҳи дигари навпардозии вазн вуҷуд дошт ва он ба ритми шеър оҳанги тоза илова намудааст. Ин ҳодиса аз ҳисоби тағ йири ҷои задаи рукнҳо, афзудани комилҳуқуқии калима ва ибора, таркибҳои интонатсионӣ ва задаи мантиқӣ сурат гирифта, имконоти дохилии вазнро афзуд ва ба ифодаи ҳиссиёти гуногун мусоидат намуд. Зимнан, ин ҷо сухан оид ба оҳанги вазн ва ҳиссиёту мундариҷае, ки он ифода мекунад, меравад. Мо ба куллӣ тарафдори онем, ки як вазнро, дурусттараш баҳрро махсуси ифодаи як мақсад ва ё як ҳиссиёт донистан мумкин нест. Дар ин бобат А. Ҳакимов ҳақ аст. Вале дар ин маврид низ ду нуктаро ба назар гирифтан ба манфиати кор мебуд. Аввалан, навпардозиҳои Пайрав ва Ҳабиб Юсуфӣ танҳо бо мақсади афзудани имконоти дохилии авзони арӯз сурат нагирифтааст, ин тозакориҳоро динамикаи зиндагии нав, тасвири реалистиву мураккаби ҳиссиёти шахс тақозо кардаанд.

  Сонӣ, ба фикри мо, ба баҳре хос будани ягон оҳангро қатъӣ инкор кардан лозим нест, зеро ин ба он натиҷа мебарад, ки вазн қолаби шеър асту тамом. Оҳанг, лаҳн, интонация дар шеър раъю нияти шоирро ифода мекунад, вазн ба сари худ оҳанги мустақил аст ва баробари дар шеър мушаххас шудан ба интонацияи умумии он бетаъсир намемонад ва гоҳо ба он мутеъ ҳам мешавад. Дар ҳамон «Шоҳнома», ки баҳри мутақориб барои ифодаи қаҳрамонӣ, ғ аму андӯҳ, хашму азаб хеле мувофиқ аст ва бешубҳа ҳар бор тобиши дигари оҳангро ифода кардааст вале интонатцияи умумӣ нигоҳ дошта шудааст ва дар ин мақоми баҳри арӯз кам нест. Фирдавсӣ дар ҳар маврид бузургии он ҳама ҳиссиёти мураккабу гуногун ва шаҳомати ҳолатҳои мухталифро махсус таъкид кардааст.

  Ба ҷуз аз ин, ҳамаи гуфтаҳои А. Ҳакимов ҷолиби диққат ва мушоҳидаҳояш тоза мебошанд. Мунаққид ғ анию рангин будани тобишҳои ритмии шеърро таъкид намуда, ба чунин хулосае меояд: «Ритми шеър ба ғ айр аз талаботи нақша ва афоилу тафоили он аз таркиби овозии шеър, аз табиат ва хусусияти калимоти он низ вобаста аст» (с. 155).

  Ҷолиби диққат аст, ки мунаққид тағ йиротеро, ки дар назми имрӯз рӯй дода истодаанд, фақат давоми ҳамон «арӯзи озод»-и давраҳои аввал наҳисобида, ба ҳодисаҳои мураккабу объективии ҷараёни адабии муосир вобаста донистааст. Агар мунаққид дар бораи омилҳои кунунӣ, ки боиси дигаргунӣ дар авзони шеъри нав гардидааст, дар хусуси асосҳои миллӣ, интернатсионалӣ ва ҳатто «хориҷӣ»-и ин тағ йироти эстетикӣ мулоҳиза меронд, хуб мебуд, зеро ақидаҳои гуногуне оид ба ин масъала дар адабиётшиносии тоҷик вуҷуд доштанд ва бисёре аз онҳо имрӯз ҳам то охир шарҳу тавзеҳ нашудаанд. Андешаҳои мунаққид оид ба ин масъала, ба ҳар ҳол шаклҳои ҷустуҷӯи шоирони муосирро дар истифодаи вазн рӯшан месозад.

  Маълум мегардад, ки шеъри нав аз вазн, хусусан вазни арӯз берун нест вале арӯз низ ин ҷо хусусияти хос дорад ва онро бо номи «арӯзи озод» ном бурдан мумкин аст. Шоирон ба баҳрҳои маъмулу машҳури арӯз (Ҳазаҷ, Рамал, Музореъ) хеле озодона муроҷиат карда, ба роҳи каму зиёд кардани мисраъҳо, рукнҳо, бо иловаи оҳангу зарбҳои нави мантиқӣ дар шакли анъанавӣ унсурҳои ритм, хусусан ритми мусиқиро кам намуда, таъкиди маънӣ ва вусъати эҳсос- ро афзудаанд. Ин ҳама навҷӯӣ дар вазн, ки М. Турсунзода, Шукӯҳӣ, Қаноат, Лоиқу Қутбӣ Киром, Гулрухсору Бозор Собир, Гулназар ва дигарон ба назм ворид овардаанд, ба боигарӣ ва гуногунии шакли шеър, образофаринӣ, паҳнои эҳсос ва андешаҳо мусоидат намуд.

  Асоснокии ин хулосаи мунаққидро бахши дигари рисола – «Аз ғ азал то шеъри озод» мушаххас намудааст. Дар мақолаи мазкур сухан дар бораи хусусиятҳои жанрӣ ва шаклии шеър меравад. Аз таърихи адабиёт маълум аст, ки масъалаи вазн ва жанр ба ҳам алоқаманд мебошад, хусусан жанр ва қофия. Умуман ин ду унсури шаклӣ дар муайян кардани жанри шеър аз нишонаҳои аввалин ва асосӣ мебошанд, хусусан дар назми классикӣ. Дар шеъри имрӯза низ ин принсип, асосан риоя карда мешавад ва навҷӯиҳо низ дар ҳамин соҳа бештар ба назар мерасад. Аз ҷумла, рубоиву дубайтӣ вазну қофияи махсуси худро доранд, дигар жанр- ҳо бошад, танҳо аз рӯи тарзи қофиябандӣ муайян карда мешаванд. Дар шеъри имрӯз, чуноне ки А. Ҳакимов қайд мекунад, дар ду маврид шоирон муваффақ шудаанд: аввалан, ҳангоми устодона ва бо маҳорат истифода бурдани шаклҳои жанрии анъанавӣ, инчунин дар мавриди риоя накардан ба шартиятҳои зоҳирӣ (ҳатмӣ будани вазну қофияи маълум, мустақилияти байт) ва мунаққид бештар ба ҳамин ҷиҳат диққат ҷалб намуда, навҷӯиро дар жанрҳои маснавӣ, шаклҳои мусаммат, мусалласу мураббаъ, нишон додааст. Андешаҳои ӯ дар бораи жанри ғ азал, сабабҳои касодии бозор ва умри дубораи он ҷолиби диққат аст. Мунаққид ғ азалро аз ҳамлаи онҳое, ки умумигӯӣ дар шеърро ба он вобаста медонистанд ва ё онро барои навҷӯиҳои монеа мешумориданд, ҳимоя намудааст. Ҳамчунин дар хусуси инкишофи жанри рубоӣ ва дубайтӣ, чаҳорпора сухан меравад.

  Мунаққид дигаргуниҳоро дар жанрҳои анъанавӣ, аз қабили ба ҳам омехтани имконияти жанрҳо, навъҳои гуногуни қофиябандӣ ва истифодаи вазнҳои гуногун қайд намудааст. Зиёда аз ин, ба ақидаи ӯ дар шеъри тоҷик дар таъсири тарҷума ва назми халқҳои дигар навъҳои тозаи шеър ва намудҳои жанрӣ ба вуҷуд омаданд. А. Ҳакимов сонетҳои Қутбӣ Киром, катибаҳои Лоиқро маҳсули равобити адабӣ меҳисобад. (Ҳарчанд, ба фикрам, катиба заминаи милливу халқӣ дорад, балки унвони жанр дар адабиёти лафзиву китобист).

  Аз мушоҳидаҳои А. Ҳакимов бармеояд, ки дар шеъри тоҷик, дар асарҳои Мӯъмин Қаноат, Лоиқ, Қутбӣ Киром, Бозор Собир шеърҳои аз ҳайси қофияву вазн озод ба вуҷуд омаданд ва муҳаққиқ онҳоро як навъи тозаи шеър ҳисобида, бо унвони «шеъри озод» ном мебарад, А. Ҳакимов исбот кардааст, ки қонунияти асосии шаклдиҳандаи шеъри озод «ифодаи пурра ва барҷастаи маъно» мебошад, на вазну қофия.

  Ҳамин тавр, ба хулосае омадан мумкин аст, ки нав-ҷӯиҳои шоирони тоҷик ва шеъри нав заминаи таърихӣ дошта, ба тақозои замон ба вуҷуд омада, барои ифодаи пурраи симои инсон ва рӯҳияи ӯ ёрӣ мерасонад. Дар ин протсес шаклу воситаҳои анъанавӣ вазифаҳои нав касб мекунанд ва ба ифодаи мундариҷаи нав мутобиқ мегарданд. Чунин аст қонунияти инкишофи эстетикии адабиёт.

  Дар рисолаи «Шеър ва замон», чунонки қайд кардем, мақолаи алоҳидае ба достони Мӯъмин Қаноат «Сурӯши Сталинград» бахшида шудааст ва гӯё аз равиши умумии ҳалли масоили назарӣ берун мебошад вале мақолаи «Дос- тони қалъаҷанг» як намунаи мушаххаси таҳлили шеъри имрӯза бо дастовардҳои ғ оявию эстетикии он аст. А. Ҳакимов илмӣ ва дар айни замон, бо як ҳиссиёти баланд дар бораи достони мазкур сухан ронда, мундариҷаи иҷтимоӣ, таъсири тарбиявӣ, қувваи эмотсионалӣ ва моҳияти фалсафии онро кушода медиҳад.

  Ба фикри мо, оид ба жанри «Суруши Сталинград» ба фикри мунаққид розӣ нашудан мумкин аст, зеро А. Ҳакимов «Суруши Сталинград»-ро як навъи достони эпикӣ меҳисобад. Ва дар таҳлили амалӣ мунаққид худ ба хулосае меояд, ки инкишофи достон на аз воқеаҳо, балки аз шахсияти қаҳрамон, аз шахсият, ки баъзан як андоза мафҳуми маҷозӣ мегирад, вобаста аст. Бинобар ин, «Суруши Сталинград» достони воқеаҳо набуда, як навъ достони лирикӣ аст, ки унсурҳои сужет барои ифодаи андешаву эҳсосоти шоир истифода шудаанд.

  Бамаврид аст гӯем, ки баъзе мақолаҳои асар аз ҷиҳати маводу масоил серборанд ва сабки баъзе аз онҳоро соддатар кардан ба мақсад мувофиқ буд.

  Асари мунаққид Аскар Ҳакимов оид ба хусусиятҳои анъанавӣ ва навоваронаҳои шеъри муосири тоҷик буда, дар он бисъёр масъалаҳои баҳснок ва то ба ҳол ҳалнашуда бори аввал шарҳу тафсир ёфта, мавриди муҳокимаи муфассал ва ҷиддӣ қарор гирифтаанд. Бешубҳа, китоби «Шеър ва замон» дар таҳқиқи назария ва амалияи шеъри муосир саҳифаи тозае мебошад.

 

Абдухолиқ Набиев (Набавӣ)

номзади илмҳои филологӣ

[1] Минбаъд сањифањои иқтибосҳо аз китоби мазкур дар матн дода мешавад.