Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Азбаски он солҳо кафедраи таърихи адабиёти шӯравии руси донишгоҳи Маскав адабиёти халқҳои шӯравиро низ дар бар мегирифт, дар кафедра ҳам олимони ин соҳа ва ҳам аспирантон бисёр буданд, ки аз ҷумҳуриҳои гуногун омада буданд, аз ҷумла, қазоқ, қирғиз, ӯзбек, туркман, бошқирд, қалмоқ ва дигарон таҳсил мекарданд. Дар худи донишгоҳ аз бисёр мамлакатҳои дунё донишҷӯву аспирантон мавҷуд буданд ва дар ҳамон бинои баландошёнаи донишгоҳ, ки хобгоҳ буд, мезистанд. Табиист, ки мо бо ҳамдигар шинос будему дӯстӣ доштем ва аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар будем. Маро як аспирантхонуми ӯзбек, Эргашой Тоҷибоева, ки аз Фарғона буд ва дар кафедраи забони русӣ таҳсил мекард, дар ҳайрат гузошта буд. Дар соли аввали аспирантиаш шавҳараш ҳам ба Маскав омада, ҳамроҳи ӯ мезист, баъдан ӯ ба Фарғона баргашту Эргашой ба хобгоҳ омада, дар ошёнаи мо ҷойгир шуд. Ӯ дугонае дошт Мукарррам, ки аз Миср буд ва чунон зебо буду чашмони бузурги бодомӣ дошт, ки аз паси сараш ҳам менамуданд. Агар ба одам менигарист, нигоҳи чашмонаш одамро гӯё бо равған ва ё ягон навъи кафки мулоиме фаро мегирифт. Аҷаб чашму аҷаб нигоҳи меҳрборе дошт. Эргашой дар давоми се соли аспирантӣ аз ин дугонааш забони арабиро чунон хуб ёд гирифт, ки агар бо телефон суҳбат мекард, ҳеҷ арабе пай намебурд, ки бо як нафар ғайри араб суҳбат мекунад. Аммо хати арабиро намедонист. Забонро шифоҳӣ ёд гирифта буд. Баъдан, аз шавҳараш талоқ гирифта, ба араб ба шавҳар баромад ва ба кадом кишвари арабие рафт.
Ман рисоларо дар вақти зарурӣ навишта тамом кардам, аммо барои таҳриру муҳокима дар кафедра боз вақт лозим буд. Одатан дар ин ҳолат ба аспирант муҳлати аспирантураро боз ду моҳ дароз мекарданд, ки бо хоҳиши ман ва ризояти мудири кафедра ин корро карданд. Ба ман он ду моҳ барои ҳамаи корҳои заруриро анҷом додан басандагӣ накард ва ман аз хобгоҳи донишгоҳ ба хобгоҳи Ҳабибулло Файзулло кӯчидам, ки дар курси дусолаи Институти адабиёти ба номи Горкий таҳсил мекард. Мо чор - панҷ моҳ дар хонаи ӯ бо ҳам зиндагӣ кардем ва ман он вақт ӯро ба хубӣ шинохтам, ки чӣ рафиқи шафиқе буд. Ман баъзе лаҳзаҳои ин зиндагиро дар мақолаи «Чу ҳавои баъди борон...», ки дар бораи Ҳабибулло навиштаам, баён кардаам, ки ҳоло аз он танҳо ду лаҳзаашро дар ин ҷо иқтибос меорам.
Қиссаҳои дигари кор дар маҷалларо ба фурсати дигар вомегузорем, вале якеаш ҳоло нақл карданист. Ман, ҳамчунонки гуфтам, муовини муҳаррир будаму таҳти раисии устод Мирзо Турсунзода маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагон баргузор мешавад ва дар он ҷаласа устод мегӯянд, ки Аскар Ҳаким ба узвияти садорати ИН пешниҳод карда шавад, ба ӯ мегӯянд, ки ӯ ҳоло узви ИН несту чӣ тавр ба узвияти садорат пешниҳод мекунем? Устод дар ҳайрат мешаванд, ки чӣ тавр, охир, ӯ муовини муҳаррири маҷаллаамон, то ҳоло узв нест. Мегӯянд, ки ҳоло китобаш чоп нашудааст. Устод мегӯянд, ки ҳеҷ қисса не, мақолаҳои бисёраш чоп шудааст, аз рӯи мақолаҳояш қабул мекунем, ба маҷлиси оянда ҳуҷҷатҳояшро тайёр кунед. Баъди маҷлис устод дар назди дари бинои иттифоқ маро диданду хандида-хандида, холи гӯштии болои лабашонро молида-молида, гуфтанд, ки: – Мо ҳам имрӯз як рӯмонигарӣ кардем, мулло Аскар, ту ҳоло узви иттифоқ набудию мо туро ба узвияти садорат пешниҳод кардем, хайр ҳеҷ гап не, ба наздикӣ қабул мешавӣ. Ҳамин тариқ, банда дар ҷаласаи ояндаи Раёсат ба узвияти ИНТ пазируфта шудам. Соли 1974 буд. Ман чор сол гоҳ дар вазифаи муовини сардабир ва гоҳ дар вазифаи мушовири ИН кор кардам.
Дигар аз сафарҳои адабии ман ба Гурҷистон буд. Иттифоқи нависандагони Гурҷистон оид ба масъалаҳои тарҷума ҳамоиш доир карда, аз ҷумҳуриҳои Осиёи миёна ва Қазоқистон панҷнафарӣ шоиру нависанда даъват кард. Иттифоқи нависандагони мо низ панҷ нафар – Мавҷуда Ҳакимова, Меҳмон Бахтӣ, Сорбон, Саттор Турсун ва маро ҳамчун роҳбари гурӯҳ ба он ҳамоиш фиристод. Мо вақте ба ҳамоиш омадем, дидем, ки аз ҷумҳуриҳои дигар ҳама адибони солманд, шоиру нависандагони халқӣ омадаанд, гурӯҳи мо аз ҳама ҷавонтарин буд. Пеш аз оғози ҷаласаи кории ҳамоиш хабарнигорони телевизиони гурҷӣ омада, аз байни меҳмонон бо ман суҳбат сабт карданд, баъди ин як нафар аз ҳайати ҳамсоя, ки аҳли Бухоро буд, ба ман бо пичинг эътироз кард, ки чаро онҳо бо шумо суҳбат карданду бо мо не, ё шумо зебову мо не. Ман аз ин тарзи муомила дар ҳайрат шуда гуфтам, ки ман ҳам мисли шумо меҳмонам, аз куҷо донам, аз худашон пурсед. Аввалин бархӯрди мо бо ҳамсоягон ҳамин тавр сурат гирифт, ки ҳеҷ чашм надоштем. Ҳамоиш чанд рӯз давом кард, ки дар он ҳам масъалаҳои тарҷума мавриди гуфтугӯ буд ва ҳам шоирони гурҷӣ тарҷумаҳои худро аз намунаҳои ашъори шуарои ҷумҳуриҳои даъватшуда мехонданд.
Баъди ду соли котибии ман дар садорати иттифоқ аз кумитаи марказии ҳизб хабар омад, ки рӯзномаи «Маориф ва маданият» ду тақсим мешавад, ки як қисми он «Газетаи муаллимон» ва қисми дигараш бо номи «Маданияти Тоҷикистон» рӯзномаи адабӣ хоҳад буд. Рӯзномаи махсуси адабӣ доштан орзуи дерини нависандагон буд, устод Мирзо Турсунзода борҳо ин масъаларо дар назди роҳбарони ҷумҳурӣ матраҳ карда буданд, аммо амалӣ шудани он акнун, баъди даргузашти эшон, соли 1980, сурат мегирифт. Кумитаи марказии ҳизб идораи рӯзномаро дар Иттифоқи нависандагон ҷой карда, пешниҳоди номзади муҳаррирашро ҳам ба зиммаи роҳбарони он мегузорад. Муъмин Қаноат ба ман пешниҳод карда, гуфтанд, ки ин вазифаро ба уҳда бигирам, зеро бисёр масъулиятнок ва баландэътибор ҳам ҳаст. Воқеан ҳам ҳамин тавр буд, зеро дар давлати шӯравӣ, ки давлати мафкуравӣ буд, матбуот дар мавқеи хеле баланд ҷой дошт. Хулоса, маро муҳаррир тасдиқ карданд ва мани 34 сола боз ҷавонтарин муҳаррири рӯзномаи адабӣ дар саросари давлати шӯравӣ будам, муҳаррирони дигар қариб ҳама аз панҷоҳу шастсола боло буданд. Шумораи аввали рӯзнома дар давоми як ҳафта бояд нашр мешуд, ман зуд Саидалӣ Маъмурро ба вазифаи муовини муҳаррир ва Мазҳабшо Муҳаббатшоевро котиби масъул ба кор гирифта, ҳар сеямон шумораи аввали рӯзномаро аз чоп баровардем. Ман баъдтар фаҳмидам, ки рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” на рӯзномаи махсуси адабӣ, балки рӯзномаи фарҳангӣ буда, ба ду ташкилот – Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи нависандагон тааллуқ дошта, аз рӯзномаи махсуси адабӣ аз чанд ҷиҳат фарқ доштааст, вале мо адибон рӯзномаи адабӣ мехостем. Он ҳафтае ду шумора дар чор сафҳаи бузург ба теъдоди 7 ҳазор нусха нашр мешуд. Давоми ин мавзӯъро аз суҳбате, ки рӯзноманигор Маҷид Салим дар ин бора бо ман карда буд, иқтибос мекунам, ки як матлаб ду бор навишта нашавад:
Ман даҳ сол сармуҳарририи ҳафтавори «Адабиёт ва санъат»-ро ба зимма доштам, онҳое, ки он солҳо дар матбуот хидмат кардаанд, масъулият ва гаронбории ин вазифаро медонанд. Баъзе шабҳо то соатҳои дувоздаҳ - яки шаб кор мекардем, ки шумора барои имзо тайёр шавад. Ҳамаи кормандон ҷонфидоёна кор мекарданд, зеро ҳам масъулиятро ҳис мекарданду ҳам шукргузории хонандаи бисёрҳазораашонро. Ҳафтавор на танҳо маркази баҳсу мунозираҳои масъалаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, балки ҳунар ва махсусан, адабиёт ҳам буд.
Саҳифаи 2 то 4