Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ҳамчунонки маълум аст, Иттифоқи нависандагон соли 1934 таъсис шуда, ҳангоми раис шудани ман таърихи 57 сола дошт, банда аз рӯи талаботи низомномаи демократие, ки анҷуман қабул карда буд, ду навбат ба тариқи алтернативӣ ва интихоботи озоду пӯшида раис интихоб шуда, кор кардам. Дар анҷумани Х111, соли 1997, ба вазифаи раисӣ ду нафар довталаб будем – устод Лоиқ Шералӣ ва банда, нависандагон ин дафъа ба банда 40 раъй бештар дода, боз раис интихоб карданд. Устод Лоиқ баъд аз эълони натиҷаи овоздиҳӣ аввалин шуда, маро оғӯш гирифт, табрик кард ва то охири умраш бо ман муносибати бародарона дошт ва ҳамчун узви раёсат дар кор фаъолона ширкат кард. Рӯҳаш шод бод, ҷавонмард буд.
Солҳои навад, солҳои нооромӣ дар ҷумҳурӣ, созмонҳои давлатию ғайридавлатии хориҷӣ ба аҳли адаби кишвар таваҷҷуҳи калон зоҳир карда, ба ҳар гуна ҳамоишҳои худ даъват мекарданд, шояд аз аҳли адаб, ки маъмулан ашхоси аз сиёсат озодтар буда, забони ҳақиқат ҳам номида мешаванд, асли вазъи мамлакат ва мардумро фаҳмидан мехостанд. Ман, ҳамчун адиб, ду бор ба Амрико сафар доштам, солҳои 1993 ва 1994. Сафари аввалам бо даъвати Донишгоҳи Вашингтон-Сиатлл буд, ки онро Аҳмад Каримии Ҳаккок созмон дода буд. Ин рафиқи маҳбуб, профессор, доншиманди арҷманд ба Тоҷикистон омада, дар донишгоҳ дарс гуфта буд. Ӯ маро даъват дод, аммо билети рафту омад аз ҳисоби даъватшаванда буд, дигар харҷи буду бошро донишгоҳ ба зимма дошт. Солҳои душвори моливу иқтисодӣ буд, ман ба ҳукумат муроҷиат карда, ҷавоби рад гирифтам ва аз саҳни он берун мебаромадам, ки бо Мукаррама Тошматова рӯ ба рӯ омадам, баъди салому алайку пурсу пос, ба ростӣ, мо он қадар шиноси наздик ҳам набудем, хонум гуфтанд, ки ман туро аз телевизион бисёр мебинам ва суҳбату шеърхониҳоят ба ман маъқул аст. Гуфтанд, дар ин ҷо чӣ кор доштӣ, қиссаро гуфтам, гуфтанд, надоданд, гуфтам, на, гуфтанд, рафтем кабинет, ман пули билетатро медиҳам. Кабинаташон дар бинои Вазорати кишоварзӣ буд, омаданду сейфро кушода, якуним ҳазор доллар пули билетро бароварда доданд. Ёдашон ба хайр, зани ҳимматбаланде буданд, дар вақташ на танҳо ба ман, ба бисёриҳо чунин мадад кардаанд.
Соли 1991 Раиси Иттиҳоди нависандагони дар табъиди Афғонистон Расул Амин, ки дар Пешовар фаъолият мекард, ба Душанбе омад ва бо банда мусоҳибае анҷом дода, пас маро ба симпозиуми байналмилалӣ даъват дод. Дар он аз Тоҷикистон ду нафар иштирок доштем – Мунира Шаҳидӣ ва банда. Мавзуи симпозиум авзои Осиёи Марказӣ ва ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ пас аз пошхӯрии он буд. Вақте ба ман сухан доданд, ман суханамро шифоҳӣ гуфтам ва дар охир шеъри «Баргпайванд» -и худро ҳамчун ҷамъбаст хондам, ки сухану шеърхонии банда пазироии ғайричашмдоште ба миён овард, аҳли толор бархоста қарс мезаданд. Ман сабаби онро баъд фаҳмидам, онҳо сухану шеърхонии маро ҳамчун навиди ба ҳам расидани халқҳои ҳамфарҳангу ҳамзабон пазируфта буданд, ки барояшон аҳаммияти бузурге дошт. Баъд онҳо аз раёсати ҷаласа хоҳиш карданд, ки шеърро таксир (нусхабардорӣ) карда, ба онҳо якнусхагӣ диҳанд. Раис аз ман нусхаи шеърро хост, гуфтам, ки надорам, зеро аз ҳофизаам хонда будам. Пас, ба назди ман як афғонро шинонданд, ки ба ӯ «дикта» кунам – хонам, то ӯ нависаду таксир кунанд. Тақрибан ба як баста коғаз, шояд дусад нусха, таксир карда оварданд, ба ҳама нарасид ва раиси ҷаласа гуфт, ки мо ин шеърро дар маҷаллаи «Ҳаппалвокӣ» чоп мекунем, дигарон аз он мегиранд.
Ман аз Лос-Анҷелос ба Сан-Ҳузе парвоз кардам, маро Масъуди Сипанд пешвоз гирифта, ба хонааш бурд. Як ҳафта дар хонаи ӯ истодам ва дар он шаҳр чанд маҳфили суҳбату шеърхонӣ доштам. Ӯ маблағи аз фурӯши китоб ва шабҳои шеъри ман ҷамъшударо ба Лос-Анҷелос ба Бурҳон фиристоду расиди онро ба як қуттӣ андохта монд, пурсидам, расидро чаро нигоҳ медорӣ, гуфт, масъалаи пул нозук аст, ман бо тиҷорат машғул ҳастам, ин чизҳоро медонам, ҳар кор шуданаш мумкин аст. Ман дар ҳайрат шуда хандидам. Воқеан кораш дуруст будааст, як вақт ин расид ба ман даркор шуд, хуб, бигзорем инро, ки қиссаи дигарест.
Ман дар ин сафар бо дигар шоири машҳури эронӣ, Исмоили Хуӣ, ки муқими Ландан буд, низ ошно шудам. Як шом маро ба тарабхонае даъват карданд, ки дар он шоирони эронӣ шаби шеър доштанд. Вақте омадам, дар он ҷо Жола Бадеъ, Исмоили Хуӣ ва Ризо Бароҳаниро дидам. Исмоили Хуӣ дар як сумкаи чархакдор чанд нусха ҷилди якуми китоби шеърҳояшро, ки бо номи «Корномаи Исмоили Хуӣ» дар Суед (Шведсия) ба чоп расида буд, оварда буд, ки хоҳишмандон бихаранд. Ман, ки ин ҳолатро он вақт аввалин бор медидам, хеле мутаассир шуда будам. Пас аз шеърхонӣ, ки ба ман ҳам навбат доданд, мо бо Исмоил наздиктар ошно шудем, ӯ ба ман як нусха аз он «Корнома» ва китоби дигараш «Гузораи ҳазора»-ро тақдим ва ба хонааш ба «обгӯшт» даъат кард. «Обгӯшт», ин хомшӯрбои мо будааст, ҳар рӯзи шанбе, Исмоил, ки танҳо мезистааст, хомшӯрбо меандохтаасту ҳар шоире, ки шеър хондан хоҳад, ба хонаи ӯ омада, шеърхонӣ мекардаасту аз он хомшӯрбо мехӯрдааст.
Ман дар ин ҷо аз воқеаҳои солҳои навад, гирдиҳамоиҳо, ҷанги шаҳрвандӣ нақл накарда, онро барои як вақти дигар вогузор мекунам, вале яке аз онҳоро мухтасаран ҳикоят мекунам, ки ба таъсири сухан тааллуқ мегирад. Нимаи аввали соли 1996 буд. Банда раиси Иттифоқи нависандагон будам. Вақте бегоҳ аз кор ба хона омадам, ҳамсарам гуфт, ки имрӯз ба наздам яке аз шиносҳоям омада, хоҳиш кард, ки ӯро ба назди фолбинзани маҳаллаамон барам, ки қобилияти хуби пешгӯӣ дорад. Ман ӯро бурдаму гуфтам, ки шавҳари маро ҳам фол бин-чӣ. Ман гуфтам, ҳеҷ кори дигар надорӣ, ки ба ҳамин корҳо машғул мешавӣ? Гуфт, ки ман худ нарафтаам, маро шиносам хоҳиш кард, ки ба хонаи ӯ барам, вақте ки рафтам, хайр, гуфтам, шуморо ҳам фол бинад. Фолбин гуфт, ки роҳ мебинам, шавҳарат имрӯз ё пагоҳ ба сафар меравад. Хандидаму гуфтам, хуб, ана имрӯз қариб гузашт, фардоро мебинем. Тақрибан баъди якуним-ду соат, соатҳои ҳашти бегоҳ буд, ки аз дастгоҳи сарвазир телефон карда гуфтанд, ки дар Хуҷанд гирдиҳамоӣ ташкил шудааст, Президенти кишвар дар сафар ҳастанд, аз он ҷо телефонӣ супориш доданд, ки роҳбарони бонуфузро, ки аз вилояти Суғд мебошанд, ба он ҷо фиристем, ки рафта бо мардум суҳбат карда вазъиятро ба эътидол оваранд. Омода шавед, баъди ним соат мошин меравад, шумо се нафар – Шавкат Исмоилов вазири адлия, Аҳад Нурматов вазири саноати сабукро ба фурудгоҳ мебарад, тайёра тайёр, соати нуҳ ба Хуҷанд мепаред. Ҳамсарам, ба маънои ана дидед, ба ман нигоҳе карду сомони сафарро тайёр намуд.
Саҳифаи 3 то 4