Баъди ду соли котибии ман дар садорати иттифоқ аз кумитаи марказии ҳизб хабар омад, ки рӯзномаи «Маориф ва маданият» ду тақсим мешавад, ки як қисми он «Газетаи муаллимон» ва қисми дигараш бо номи «Маданияти Тоҷикистон» рӯзномаи адабӣ хоҳад буд. Рӯзномаи махсуси адабӣ доштан орзуи дерини нависандагон буд, устод Мирзо Турсунзода борҳо ин масъаларо дар назди роҳбарони ҷумҳурӣ матраҳ карда буданд, аммо амалӣ шудани он акнун, баъди даргузашти эшон, соли 1980, сурат мегирифт. Кумитаи марказии ҳизб идораи рӯзномаро дар Иттифоқи нависандагон ҷой карда, пешниҳоди номзади муҳаррирашро ҳам ба зиммаи роҳбарони он мегузорад. Муъмин Қаноат ба ман пешниҳод карда, гуфтанд, ки ин вазифаро ба уҳда бигирам, зеро бисёр масъулиятнок ва баландэътибор ҳам ҳаст. Воқеан ҳам ҳамин тавр буд, зеро дар давлати шӯравӣ, ки давлати мафкуравӣ буд, матбуот дар мавқеи хеле баланд ҷой дошт. Хулоса, маро муҳаррир тасдиқ карданд ва мани 34 сола боз ҷавонтарин муҳаррири рӯзномаи адабӣ дар саросари давлати шӯравӣ будам, муҳаррирони дигар қариб ҳама аз панҷоҳу шастсола боло буданд. Шумораи аввали рӯзнома дар давоми як ҳафта бояд нашр мешуд, ман зуд Саидалӣ Маъмурро ба вазифаи муовини муҳаррир ва Мазҳабшо Муҳаббатшоевро котиби масъул ба кор гирифта, ҳар сеямон шумораи аввали рӯзномаро аз чоп баровардем. Ман баъдтар фаҳмидам, ки рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” на рӯзномаи махсуси адабӣ, балки рӯзномаи фарҳангӣ буда, ба ду ташкилот – Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи нависандагон тааллуқ дошта, аз рӯзномаи махсуси адабӣ аз чанд ҷиҳат фарқ доштааст, вале мо адибон рӯзномаи адабӣ мехостем. Он ҳафтае ду шумора дар чор сафҳаи бузург ба теъдоди 7 ҳазор нусха нашр мешуд. Давоми ин мавзӯъро аз суҳбате, ки рӯзноманигор Маҷид Салим дар ин бора бо ман карда буд, иқтибос мекунам, ки як матлаб ду бор навишта нашавад:

«Ҳамин тавр шуд, ки ман соли 1982 барои истироҳат ба хонаи эҷодии «Куктебел», ба Қрим, рафтам. Дар ин хонаи эҷодиёт ҳам доим ҳушу ёдам ба таъсиси рӯзномаи адабӣ банд буд. Бисёр мехостам, ки адибон нашрияи махсуси худро дошта бошанд. Дар ин ҷо ман бо як драматурги ҷумҳурии Молдава шинос шудам. Ӯ ба ман як шумораи рӯзномаи адабиашонро нишон дод. Ҳафтавор дар ҳаҷми шонздаҳ саҳифа нашр мешудааст. Баъд аз вай фаҳмидам, ки ӯ барои як ҳикояи дар ин нашрия чоп кардааш 300-сӯм ҳаққи қалам гирифтааст. Ҳоло он ки дар ҳамин давра газетаи «МаданиятиТоҷикистон» барои як шуморааш ҳамагӣ 300-сӯм ҳаққи қалам дошту халос. Баъдтар дар ин хусус бо Асқад Мухтор, сармуҳаррири рӯзномаи адабии Ӯзбекистон ва муҳаррирони рӯзномаҳои ҷумҳуриҳои дигар ҳамсӯҳбат шуда фаҳмидам, ки онҳо ҳама рӯзномаҳои алоҳидаи адабӣ доштаанду ҳаққи қаламашон хеле зиёдтар аз мо будааст. Аз ин сахт ҳайрон шудам. Охир, чаро миллате, ки ин қадар адабиёту фарҳанги бой дорад, бе рӯзномаи алоҳидаи адабӣ буда, рӯзномаи доштааш ҳам нисбат ба рӯзномаҳои ремпубликаҳои дигари умумииттифоқ ҳаққи қалами ночиз дорад.

Баъди ин шиносоиҳо аз паи таъсиси ҳафтавори адабӣ шудам. Ҳуҷҷатҳои зиёде ҷамъ карда ба КМ ҲКТ пешниҳод кардам. Он давра таъсис додани рӯзномаи нав осон набуд. Зеро ин масъаларо дар Маскав дар КМ ҲК ИҶШС муҳокима карда, қарор мебароварданд.

Ногуфта намонад, ки ҳамон вақт як қарори КМ ҲК ИҶШС-ро дар хусуси зиёд кардани ҳаққи қалами нашрияҳои адабӣ ёфта будам, ки он дар ҷумҳурии мо иҷро нашуда буд, зеро рӯзномаи мо фарҳангӣ буду адабӣ не. Ҳоло он ки нашрияҳои адабии дигар ҷумҳуриҳо ҳаққи қалами калон мегирифтанд. Баъди маслиҳат рӯзе бо ҳамроҳии устод Муъмин Қаноат назди котиби якуми КМ ҲКТ Раҳмон Набиев рафтем.

Дар қабулгоҳ моро мудири шуъбаи агитатсия ва пропагандаи ҳамонвақтаи КМ ҲКТ Искандар Қаландаров диду ҳайрон шуд, чунки мо бе маслиҳати вай ба назди Раҳмон Набиев рафта будем. Р. Набиев арзи моро гӯш карда, масъаларо барои баррасӣ ба шуъба супориш дод.

Баъди ин воқеа таку давҳои мо оғоз ёфт. Ман ба И. Қаландаров мефаҳмондам, вале ӯ бо ҳар баҳона садди роҳи мо мешуд. Зеро ӯ ду сол пештар, ҳангоми таъсиси рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», онро ҳамчун рӯзномаи фарҳангӣ таъсис дода буд, на адабӣ. Бинобар ин, мегуфт, ки ман ин масъаларо бори дигар ба КМ ҲК ИҶШ наметавонам пешниҳод кунам, зеро танбеҳ гирифтанам мумкин аст. Ӯ мегуфт, ки нашрияи шумо ба Вазорати фарҳанг тааллуқ дорад, на ба Иттифоқи нависандагон. Искандаров, ки чун мудири Шуъбаи пропагандаи КМ ҲКТ масъули ин соҳа буд, гаштаю баргашта исбот карданӣ мешуд, ки дар Тоҷикистон таъсиси ҳафтавори шонздаҳсаҳифагии адабӣ мувофиқи мақсад нест ва аз имкон берун аст.

Пас, худам маҷбур шудам, ҳангоми сафарҳоям ба Маскав, аз шиносҳои дар он ҷо доштаам истифода карда, ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия намуда, ба кормандони масъули шуъбаи агитатсия ва пропагандаи КМ ҲК ИҶШС супорам. Ҳол он ки ин корро бояд шуъбаи пропагандаи КМ ҲКТ иҷро мекард. Аммо ин шуъба ба ҷои тайёр кардани ҳуҷҷатҳо ба КМ ҲК ИҶШС ҷавоб дода буд, ки дар Тоҷикистон таъсиси рӯзномаи адабӣ ҳеҷ зарурате надорад ва онҳо қатъан муқобили ин кор ҳастанд.

Оқибат баъди таку давҳои бисёре (баъдан шояд муфассалтар хоҳам навишт) 16-феврали соли 1983 бо имзои котиби КМ ҲК ИҶШ Черненко дар хусуси таъсиси рӯзномаи адабӣ дар Тоҷикистон қарор ба имзо расида, ба Тоҷикистон омад. Аммо боз дар ҷумҳурӣ намегузоштанд, ки ҳафтаворро таъсис диҳем. Баҳона меоварданд, ки 16-саҳифа баровардан ғайриимкон мебошад. Мо, худамон бо М. Муҳаббатшоев, аввал як шумораи рӯзномаи ҳамонвақтаи «Пионери Тоҷикистон»-ро 16-саҳифагӣ дар матбаа чоп карда, ба Дашкевич, муовини мудири шуъбаи пропаганда ва агитатсияи ҳамонвақтаи КМ ҳизб нишон додем, сипас ӯ бовар карда, супориш дод, ки «Адабиёт ва санъат» минбаъд дар ҳаҷми 16-саҳифа ба табъ расад. Ҳамин тавр, орзуи деринаи аҳли адаб ҷомаи амал пӯшиду нахустин шумораи ҳафтавор аз чоп баромад. Фарқи «Адабиёт ва санъат» аз рӯзномаи пешини «Маданияти Тоҷикистон» дар он буд, ки он акнун бештар ба масъалаҳои адабиёт ва санъат ихтисос дода шуда буд, ҳафтае як бор дар ҳаҷми 16-саҳифаи хурд, ранга, ба нашр расида, ҳаққи қалами як шумора 1600 сӯм буд. Он вақт ин ҳаққи қалами калоне буд, ки ба муаллифон дода мешуд...

Аз рӯзҳои аввал ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ҳаводорони хеле зиёде пайдо кард. Мардум ҳар як шумораи онро акнун бесаброна интизорӣ мекашид. Аз дӯконҳо ҳафтаворро зуд мехариданд, чунки дар саҳифаҳои он дар баробари шеъру ҳикоя, мақолаҳои танқидӣ, баҳсталаб, ки ба дарди мардум мехӯрданд, бештар чоп мешуданд.

Мо нашри «Адабиёт ва санъат» -ро аз ҳафт ҳазор нусха сар карда, то ба зиёда аз сад ҳазор нусха расонидем. Дар Тоҷикистон ягон нашрияи дигари соҳавӣ ба мисли ҳафтавори мо ин қадар зиёд нашр намешуд. Дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ва берун аз он ҳафтавор ҳаводорону хонандагони доимии худро дошт.

Сол ба сол теъдоди хонандагони ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» меафзуд. Бисёр мақолаҳои кормандони моро дар ташкилотҳои ҳизбӣ ё дахлдор мавриди баррасӣ қарор медоданд ва аз натиҷаи тафтиши ин мақолаҳо боз хонандагонро огоҳ мекарданд.

Ман барои кор беҳтарин журналистону адибонро даъват кардам. Дар ин ҷо Саидалӣ Маъмур, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Абдулҳамид Самад, Баҳром Фирӯз, Бахтиёр Муртазо, Ҷонибек Акобир, Салимшо Ҳалимшо, Равшани Ёрмуҳаммад, Раҳмат Назрӣ, Додоҷон Раҷабӣ, Соҷидаи Мирзо, Адаш Истад, Раҳмон Остон, Сорбон, Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Низом Қосим, Муаззама Аҳмадова, Насрулло Асадулло, Марям Давлатова, Ҳасан Муҳаммадиев ва дигар эҷодкорони асил кору фаъолият мекарданд. Ҳайъати кормандон хубу дӯст буданд. Мақолаҳои якдигарро хонда маслиҳат медоданд. Умуман, дар идораи ҳафтавор як мактаби бузурги адабии эҷодӣ ба вуҷуд омад. Мо ҳар ҳафта – рӯзи душанбе тамоми мақолаҳои чопшударо муҳокима карда, пешрафту камбудии якдигарро нишон медодем. 28-нафаре, ки дар идора заҳмат мекашид, рафта-рафта як мактаби калони эҷодиро ташкил намуд ва дар оянда аз байни онҳо бештар аз даҳ нафар сардабирони рӯзномаю маҷаллаҳои алоҳида ба камол расиданд. Масалан, баъдтар маҳз собиқ кормандони ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» Равшан Ёров, Абдулҳамид Самад, Насрулло Асадулло, Бахтиёр Муртазо, Додохон Эгамов, Ҷонибек Акобиров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Муҳиб Қурбон... сармуҳаррирони нашрияҳои даврӣ шуда кору фаъолият карданд».

Ман гоҳ ҳамчун сармуҳаррири ҳафтавори адабӣ ва гоҳ ҳамчун шоир ба сафарҳои хориҷӣ мерафтам. Боре Иттифоқи нависандагони саросарии шӯравӣ маро бо ҳайати шоирон барои иштирок дар фестивали умумиҷаҳонии шеър фиристод, ки дар Ироқ, дар Бағдод, баргузор мешуд. Он вақт Саддом Ҳусейн дар сари ҳукумат буд. Дар ҳайат як нафарӣ аз Маскав, Латвия, Туркманистон ва Тоҷикистон будем. Фестивал дар Бағдод дар толори бисёр ҳам бузургу муҳташам оғоз мешуд. Ман дар даст дастгоҳи наворбардории калони «Панасоник» доштам ва аз ҷои нишастам аҳли толорро барои худам ба навор мегирифтам. Ҳангоми наворгирии қаторе, ки маъмулан ҳукуматдорон менишинанд, дар оинаи дастгоҳ хонумеро дидам, ки дар ниҳояти зебоӣ ва салобати бузургворона буд, ӯро ба оинаи дастгоҳ наздиктар оварда, хеле навор бардоштам. Фестивалро Вазири фарҳанги Ироқ оғоз бахшида, сухани мухтасаре кард ва баъд аз ӯ эълон карданд, ки ҳоло навбат ба шоира, маликаи Кувайт Суад-ас-Сабоҳ ва дидам, ки ҳамон хонум ба минбар баромад. Ман аз тарҷумони маскавиамон хоҳиш кардам, ки сухану шеъри ӯро бо диққат гӯш карда, ба ман тарҷума кунад. Ӯ бисёр хуб шеърхонӣ кард, ба замми он ҳама зебоиву салобати бузургворона. Ва шеъраш ҳам хуб буд. Ба ҳайати мо як ҷавони зебои ироқие, ки зани рус дошту дар Маскав мезист, низ ҳамроҳ шуда буд. Мо бо ҳам рафоқат пайдо карда будем. Ҳангоми танаффус ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки, биё, назди малика равем, шинос шавем, ту сухани маро тарҷума кун. Ӯ гуфт, ки вай дар ҳалқаи кормандони амният аст, чӣ кор мекунӣ, мисли ин ки аз чизе ҳарос дошт, гуфтам, ки мо бо кормандони амният коре надорем, бо шоира суҳбат мекунем, ӯро ба ҳар ҳол розӣ кунондам ва ба сӯи ӯ равон шудем, аммо наздик шуда натавонистем, зеро маликаро хабарнигорон аз чаҳор тараф печонида гирифта буданду акс мебардоштанд ва имкони наздик шудану суҳбат кардан набуд. Рафиқи ироқиам гуфт, дидӣ?! Гуфтам, боке нест, баъдан шояд имкон пайдо шавад. Пас аз нимрӯзӣ меҳмононро ба автобусҳо шинонда, ба тамошои музей бурданд. Мо, ки пиёда шуда, аз майдони васее сӯи музей мерафтем, малика бо ҳайати худ аз рӯ ба рӯи мо меомад, ман ба рафиқи ироқӣ, ки Абдул ном дошт, гуфтам, ана, дидӣ, худи Худо расонд. Малика бо мошинҳои сабукрав аз мо пештар омада, музейро тамошо карда, сӯи мошинҳояш бармегашт. Ба мо рӯ ба рӯ, ки омад, ман ба ӯ муроҷиат карда, гуфтам, маликаи гиромӣ, чанд лаҳзаро ба мо дареғ  надоред. Ман шоир аз Тоҷикистонам, шеъри Шуморо бо диққат гӯш кардам, тарҷумон тарҷума мекард, хеле хушам омад, бисёр мехоҳам, ки ашъори шумо ба забони мо тарҷума шавад, то шеърдӯстони мо ҳам аз он лаззат бибаранд. Дар мо донандагони хуби забони арабӣ ҳастанд, бо ёрии онҳо ин корро карданамон мумкин аст. Бинобар ин, аз шумо китоб хоҳиш мекунам. Ӯ ҳарфҳои маро бо диққат гӯш карду гуфт, ман аз шиносоӣ ба шумо хеле хурсандам, китобам танҳо як нусха боқӣ мондааст, ман дар фалон меҳмонхона ҳастам, бегоҳ биёед, ман онро ба шумо медиҳам. Бо ҳамин мо хайрухуш кардем. Ман дастгоҳи наворбардориамро ба дӯсти туркман дода будам, ки ин ҳамаро ба навор гирад, ки ӯ ин корро мекард. Абдул аз ин гуна моро хуш пазируфтани малика дар ҳайрат шуда, сухан намеёфту як зайл мегуфт, ки, аҷаб, туро худи малика ба меҳмонӣ даъват кард. Бегоҳ шуд, ҳайати моро як нависандаи ироқӣ, ки дар Маскав хонда будааст, ба хонааш ба меҳмонӣ даъват карда буд. Ҳама бояд он ҷо мерафтем, ман аз Абдул хоҳиш кардам, ки, биё, назди малика равем, ман бе ту рафта наметавонам, шаҳрро намедонам, забонро ҳам. Ӯ исрор мекард, ки агар ба хонаи нависанда наравем, меранҷад, назди малика фардо бегоҳ ҳам рафта мешавад, кори фестивал чанд рӯз давом мекунад. Ман илоҷи дигар надоштам. Чун фардо ба ҷаласаи фестивал омадем, малика набуд, пурсуҷӯ кардам, гуфтанд, ки субҳ ба Суед (Швейтсария) парвоз карда рафтааст. Ман бо афсӯс ба Абдул гуфтам, дидӣ, вақте малика даъват мекунад, ҳаргиз ба фардо набояд гузошт.

Аммо чун ба Душанбе баргаштам, ба Кувайт барояш нома навиштам ва воқеаро нақл карда, маъзарат хостам ва китоби ваъдагиро хоҳиш намудам. Ӯ китобашро фиристод, онро ба арабшинос Нарзуллои Назар додам, ки тарҷумаи таҳтуллафз кунад, Гулназар ба шеър даровард ва китоб чанд бор чоп шуд. Солҳои душвори иқтисодии мо буд, малика ҳазинаи корҳоро пардохта буд.

Аз ин сафар як воқеаи дигар ҳам дар хотири ман мондааст. Дар ҳамоиши ин фестивал ман ҳам суҳбат кардаму шеър хондам, ба русӣ, аз тарҷумаи «Достони Нону Имон», ки Владимир Солоухин ба ҷо оварда буд. Баъди ҷаласа назди ман устодони факултаи русии Донишгоҳи Бағдод, ироқиҳо, ки дар Маскав таҳсил карда будаанд, омада хоҳиш карданд, ки ба донишгоҳ, ба факултаи онҳо, бо донишҷӯён ба вохӯрии махсус омада, ҳамаи достонро пурра хонам, то онҳо сабт карда, дар дарсҳои забони русиашон истифода кунанд, зеро онҳо ба Владимир Солоухин, ки яке аз устодони маъруфу машҳури адабиёти муосири рус буд, эҳтироми хосс қоил буданд ва тарҷумаи ӯро дар даст доштан мехостанд Ман рафтам, хоҳиши онҳоро ба ҷо овардам, дар толор бо ҳузури устодону донишҷӯён бештар аз як соат тамоми достонро ба русӣ хондам, онҳо дар навор сабт карданд ва як нусха ба ман ҳам доданд.

Як шаб ба меҳмонии тоҷиконе, ки дар Бағдод кор мекарданд, рафтам, мақсадам ин буд, ки ҷои марги муфоҷои актери олидараҷа Маҳмудҷон Воҳидовро дақиқ фаҳмам. Онҳо гуфтанд, воқеан баландии деворчаи балкони меҳмонхона, ки ҳайати ҳунармандони тоҷик дар он қарор    доштанд, то миёни одам мебошад, аз он дар торикӣ бехабар афтодан мумкин аст.

Аз он сафар ду чизи дигар нақл карданист, ки дар ёди ман мондааст. Яке консерте, ки ба меҳмонони фестивал доданд, ниҳоят зебову дилнишин, ҳофизон чунон мехонданду раққосаҳо чунон ҳавасбарангез мерақсиданд, ки дар ҷой ором нишастан душвор буд. Ман баъдан таассуроти худро аз он рақси камари ироқӣ дар яке аз шеърҳоям бо ҳамин ном баён намудаам. Он вақт ба Абдул, рафиқи ироқӣ, ки дар паҳлуям менишаст, гуфтам, ин дар кишвари арабӣ, исломӣ хеле аҷиб аст. Ӯ хандиду гуфт, магар намедонӣ, ки ҳазрати пайғамбар чанд зан доштанд, ислом ҳеҷ вақт ба ишқ мухолиф набуд.

Чизи дигар намоиши мӯд буд, ба он дараҷа бо либосҳои зебову фохиру гаронбаҳо ва духтарони зебо, ки кас худро бе ҳеҷ мубоҳот дар афсона тасаввур мекард. Ман саҳнаҳоеро аз ҳар дуи ин намоиш ба навор гирифтаам, ки то ҳол тамошо кунам, як олам лаззат мебарам.

Як суҳбати дигар ҳам бо шоираи латиш, узви ҳайатамон, дар хотирам мондааст. Ӯ ҳомила буд, пурсидам, ки чанд фарзанд дорад, гуфт дуюмашро таваллуд мекунам, гуфтам, урупоиҳо кам таваллуд мекунанд, бо ҳамин бас мекардагистӣ, гуфт, на, мо халқи камшумор ҳастем, ман то тавонистанам бисёр таваллуд мекунам, ки бештар шавем. Гуфтам, офарин, ана, қаҳрамон!

Ҳоло воқеаи дигаре ба хотирам расид. Ҳангоми сафари дуюми ман ба хориҷа, солҳои ҳафтоди асри гузашта, ки ба Сует (Шведсия) ба сифати роҳбари ҳайат дар рӯзҳои фарҳанги Иттиҳоди Шӯравӣ дар мисоли Тоҷикистон воқеъ шуда буд, рӯзнманигоре аз як узви ҳайати мо, ки муҳандис буд, суол мекунад, ки чанд фарзанд доред, ӯ ҷавоб медиҳад, ки шаш нафар. Рӯзноманигори шведӣ, ки дар умраш ба ин хел одам дучор наомада буд, дар ҳайрат шуда, мепурсад, ки чаро ин қадар бисёр. Ӯ ҷавоб медиҳад, ки мо халқи камшумор ҳастем, ман мехоҳам, ки бисёр шавем. Рӯзнома сурати калони ӯро бо мақола чоп карда, қаҳрамони халқи тоҷик номида буд. Он вақт мо воқеан ҳам кам будем ва қонуни танзим ҳам набуд.

(Давом дорад)