Соли 1991 Раиси Иттиҳоди нависандагони дар табъиди Афғонистон Расул Амин, ки дар Пешовар фаъолият мекард, ба Душанбе омад ва бо банда мусоҳибае анҷом дода, пас маро ба симпозиуми байналмилалӣ даъват дод. Дар он аз Тоҷикистон ду нафар иштирок доштем – Мунира Шаҳидӣ ва банда. Мавзуи симпозиум авзои Осиёи Марказӣ ва ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ пас аз пошхӯрии он буд. Вақте ба ман сухан доданд, ман суханамро шифоҳӣ гуфтам ва дар охир шеъри «Баргпайванд» -и худро ҳамчун ҷамъбаст хондам, ки сухану шеърхонии банда пазироии ғайричашмдоште ба миён овард, аҳли толор бархоста қарс мезаданд. Ман сабаби онро баъд фаҳмидам, онҳо сухану шеърхонии маро ҳамчун навиди ба ҳам расидани халқҳои ҳамфарҳангу ҳамзабон пазируфта буданд, ки барояшон аҳаммияти бузурге дошт. Баъд онҳо аз раёсати ҷаласа хоҳиш карданд, ки шеърро таксир (нусхабардорӣ) карда, ба онҳо якнусхагӣ диҳанд. Раис аз ман нусхаи шеърро хост, гуфтам, ки надорам, зеро аз ҳофизаам хонда будам. Пас, ба назди ман як афғонро шинонданд, ки ба ӯ «дикта» кунам – хонам, то ӯ нависаду таксир кунанд. Тақрибан ба як баста коғаз, шояд дусад нусха, таксир карда оварданд, ба ҳама нарасид ва раиси ҷаласа гуфт, ки мо ин шеърро дар маҷаллаи «Ҳаппалвокӣ» чоп мекунем, дигарон аз он мегиранд.

Дар танаффуси ҷаласа ба назди ман Ризо Шаъбонӣ омада, худро шиносонданд, ки консули Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Пешовар будаанд ва аз ман ташаккур карда, ба такрор мегуфтанд, ки туркҳоро панба кардед, ҳол он ки дар сухани ман ҳеҷ ҳарфе оид ба туркҳо набуд, баъд фаҳмидам, ки ифтихори эшон аз он будааст, ки сухани як нафар ҳамзабонашон, яъне дар сурати мани тоҷик, аз ҷониби иштирокчиёни симпозиум, ки бештар турк будаанд (ман инро ҳатто намедонистам), пазириши аз ҳама олӣ ёфт. Рӯзи дигар эшон маро ба вохӯрӣ ба консулгарӣ даъват карданд, мо бо ҳам аз наздик шиносо шудем, шахсияти бисёр ҳам фарҳехтаву донишманд буданд. Китоби пурмуҳтавои «Одоб ва русуми Наврӯз», ки онро Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсиву тоҷикии Сафорати ҶИЭ дар Душанбе ба нашр расонидааст, маҳсули қалами эшон мебошад.

 Воқеан он шеър бо суҳбати ман бо Расул Амин дар шумораи 3 соли 1991 маҷаллаи «Ҳаппалвокӣ» чоп шуд, ки онро Халилуллоҳи Ҳошимиён дар Амрико хонда, ба ман мактуб навишта, таассуроти амиқи худро хеле пурмуҳаббат баён карда буд. Бинобар ин, ман ба ӯ телефон кардам, ӯ хеле шод шуд ва гуфт, ки ман ҳоло дар Вошингтон, дар хонаи духтарам ҳастам, хоҳиш мекунам, ба ин ҷо ба меҳмонӣ биёед.

Ман аз Нию-Йорк ба он ҷо рафтам, чун аз қатор фуруд омадам, маро касе пешвоз гирифт, ки аз ман хеле бузургсолтар – худи Ҳошимиён будааст, ки  хиҷолат кашидам, зеро ӯро ҷавон пиндошта будам. Ман Вошингтонравиамро ба Аҳмад Каримии Ҳаккок, ки аз Вошингтон-Сиатлл сафари маро барномарезӣ мекард, хабар дода будам ва ӯ ба маҷаллаи «Эроннома», ки дар он ҷо нашр мешуд, сим зада, вохӯрӣ ва суҳбати маро бо онҳо мувофиқа карда буд, яъне як тиру ду нишон – ҳам вохӯрӣ, ҳам меҳмонӣ. Ҳошимиён Вошингтонро ба ман тамошо дод ва ба фурӯшгоҳе дароварду гуфт, ки ман писаре дорам, қаду басташ мисли шумо, аз ман хоҳиш карда буд, ки аз ин ҷо ба ӯ либосҳои хубе биёрам, аммо андозаҳои гуфтааш дар ёдам нест, бинобар ин, агар ба шумо заҳмат нашавад, ба шумо андоза карда ба ӯ либос бихарем. Гуфтам, хуб. Беҳтарин ва мудтарин шиму куртаро интихоб карду харид, чун берун баромадем, ба дасти ман доду гуфт, ҳоло он писар шумоед, ҳадяро қабул кунед. Ман пай мебурдам, ки ҳамин тавр шуданаш эҳтимол дорад, гуфтам, дар даруни фурӯшгоҳ нагуфтед, ки бештар бихарем. Гуфт, дуюмбора даромадан мушкил надорад, гуфтам, на, гапи мард якто. Хандиду гуфт, ба латифаи Мулло Насриддин ишора мекунед. Он дар байни афғонҳо ҳам машҳур аст. Боре аз Мулло Насриддин мепурсанд, ки, Мулло, чандсола шудед? Мегӯяд, чиҳил. Баъд аз бист сол боз ин суолро мекунанд, мегӯяд, чиҳил. Мегӯянд, чӣ тавр, охир, шумо бист сол пеш аз ин чиҳилсола будед, ҳоло ҳам чиҳилсола? Ҷавоб медиҳад, гапи мард якто!

Ҳошимиён маро ба вохӯрии ҳайати эҷодии маҷаллаи «Эроннома» овард. Суҳбати хубе баргузор шуд, Пурҳодӣ дар ҳамон ҷо кор мекардааст, чанд сол пештар дар атрофи як мақолаи ӯ, ки ба адабиёти муосири тоҷик дахл дошт, дар Тоҷикистон ҳангомае барпо шуда буд. Дар суҳбат Ҳошимиён ба эрониҳо шӯхиомез даъво мекард, ки шумо забонро ба чӣ ҳол овардед, «нон»-ро «нун» кардед, «дӯкон»-ро «дукун» ва монанди ин ҳарфҳо, ки эрониҳо механдиданду чизе намегуфтанд.

Банда аз Вошингтон баргаштаму аз он ҷо ба Лос-Анҷелос парвоз кардам, маро Ризо Муинӣ пешвоз гирифта, ба хонааш бурд. Рӯзи дигар ба идораи Бунёди фарҳангӣ ва иҷтимоии Сапедаи Намозихоҳ овард, ки дабири он Бурҳони Юсуф барномаи вохӯриҳои маро сохта буд. Ҳамсараш Сурур Наййирии Пурондухт шоира буд, китоби хуби шеърҳояш – «Карашма» пеши ман ҳаст. Бурҳони Юсуф дар аввалин вохӯрӣ сухану шеърҳои маро шунида, пешниҳоди чопи китоби шеърҳоямро кард, то дар вохӯриҳои дигар дастовезе дошта бошам. Ӯ дар як ҳафта китобро бо номи «Шаҳри меҳолуд» ба хатти форсӣ ба чоп расонд. Дар вохӯрии навбатӣ, ки тақрибан сад нафар ҷамъ омада буданд, як бастаи китобро рӯи миз гузошту гуфт, ки нархи ин китоб 5 доллар аст, он тарафаш ҳиммати олӣ. Ман ин корро, ки аввалин бор медидам, дар ҳайрат будам. Ба Бурҳон бо назари суол нигаристам, ишора кард, ки баъд мефаҳмонам. Баъд фаҳмонд, ки ин ҷо ҳангоми вохӯриҳо ин корро мекунанд, ҳар кас майл пайдо кунад, аз ин китобҳо мехарад, ҳиммати олиаш ин аст, ки нархи поинтарини китоб 5 доллар аст, вале кас агар ҳиммат кунад, ба нархи болотаре мехарад, ки бисёриҳо ин тавр мекунанд.

Суҳбат оғоз шуду шеърхонӣ ва суолу ҷавоб, он вақт эрониҳо дар бораи тоҷику тоҷикистонӣ қариб ҳеҷ маълумот надоштанд, дар ҳайрат буданд, ки дар кишвари дигар ҳам ба форсӣ суҳбат мекардаанду шеър менавиштаанд, бисёр бо таваҷҷуҳ гӯш мекарданду суолҳо медоданд. Баъди шеърхонии ман як хонуми бисёр зебои эронӣ баланд шуду гуфт, ки ҳамин китобҳои рӯи миз ба чанд доллар фурӯхта шаванд, ман боқии онро ба нархи ҳамон пули ҷамъшуда мехарам. Дар охир ду нусха китоб монд, Бурҳон маблағро ҳисоб карду гуфт. Хонум ба болои пулҳо ҳамон қадари дигар пул гузошту он ду китобро гирифт ва ба назди ман нишасту ба як китоб соядаст навишта, ба худи ман ҳадя кард ва дигарашро ба ман дод, ки барояш соядаст нависам. Баъд мо шинос шудему ӯ маро барои суҳбат ба телевизионаш даъват кард. Хонум Парисо ном дошта, соҳиби телевизион, ҳамсари араби сарватманд ва воқеанигори боистеъдоде будааст. Вақте ба телевизионаш омадем, гуфт, ки ман бо шумо як соат суҳбат мекунам, ки аз чор бахш иборат мешавад, – авзои сиёсии Тоҷикистон, иқтисоду иҷтимоъ, адабу фарҳанг, шеъри шумо, – ҳар бахш понздаҳдақиқагӣ. Бо як оғоз кардан суҳбатро ба дараҷаи олӣ анҷом дод, ҳар чӣ дар ин бораҳо медонистам, аз ман берун овард.

Дар Лос-Анҷелос СИРО ном маркази эроншиносӣ амал мекард, ки ҳамон шабу рӯз ҷаласаи байналмилалие доир карда буд, маро ба он даъват доданд, ки дар он маърӯза кардаму шеър хондам. Дар он ҷаласа бо шоири маъруфу маҳбуб Нодири Нодирпур шинос шудам, баъд як хонуми сарватманди эронӣ моро ба хонааш ба меҳмонӣ даъват кард, ки дар он бо Нодирпур боз аз наздиктар ошно гаштем.

Эрониёни муқими Амрико бунёдҳои гуногуни фарҳангӣ доштанд, ки яки онҳо ҷоиза барои шоири беҳтарини сол, ё чизе ба ҳамин монанд, эълом карда буд, ки Нодирпурро баранда эълон дошта, барояш 10. 000 доллари амрикоӣ маблағ  дод. Ин, дар асл гиред, ба тарзи нозук, то ба иззати нафсаш нарасад, мададгорӣ ба шоири маҳбубашон буд, ки тоза ба Амрико ба ҳиҷрат омада, ҳамчун дигарон сарватманд набуд. Ҳоло инро, ки менависам, як чизи дигар ба хотирам мерасад. Яке аз беҳтарин шоирони муосири Эрон Маҳдӣ Ахавони Солис, ки хеле фақирона мезист, дар яке аз мақолаҳояш ба ин мазмун менависад, ки худ фақирии ман кифоят набуд, ки маро боз азият мекунанд. Охунди баландмартабае ба лифофае барояш 200 доллар фиристода будааст, ки ин маблағ  барои Эрон чизе нест ва воқеан барои шоире ҳамчун Ахавони Солис бештар ба таҳқир монанд аст, то ба ғамхорӣ.

Он шабу рӯз дар Лос-Анҷелос торзани беназири эронӣ Ҳусайни Ализода консерте дод, ки дар он шоири машҳури эронӣ Манучеҳри Оташӣ ҳузур дошт ва хонуме аз хонаводаҳои фарҳангии маъруфи эронӣ, ба фикрам Партави Нуриало буд, ба хотири ӯ суханронии пурмуҳтаво ва пурмуҳаббате кард, ки ниҳоят дилпазир буд. Дар он ҷо бо Оташӣ ҳам ошно шудем, шахси бисёр гарму пурэҳсосе буд. Шоири амиқу навпардоз аст, як шеъраш бисёр машҳур мебошад, ки «Ханҷарҳо, бӯсаҳову паймонҳо» ном дошта, бо мисраи «Аспи сафеди ваҳшӣ...» оғоз мешавад.

Дар Лос-Анҷелос ман боз як шиносоии хотирмоне доштам бо донишманди фарҳехта, устод Аҳмади Оҷудонӣ, ки дар дафтари кори Бурҳони Юсуф сурат гирифта буд. Устод омада буд, то бо шоири тоҷик ошно шавад. Суҳбати муфассале кардем, маро хеле шеър хононд. Баъд ба ман китоби «Калила ва Димна» -и худро бо соядасти пурмуҳаббате туҳфа кард, ки онро аз нав пероиш карда, дар он ягон вожаи ғайрифорсиро истифода накардааст. Китоб аз 316 саҳфа иборат буд, ҳама танҳо бо вожаҳои порсӣ ва вожаҳои нобу зебое, ки кас дар шигифт мемонад, пероиш шудааст. Сухан намеёбӣ, ки офаринаш гӯӣ. Ба хона омада, китобро варақ мезадам, ки аз байнаш сад доллар баромад. Дар ҳайрат шуда, ба Бурҳон телефон карда гуфтам, устод шояд вақте гузоштаанду фаромӯш кардаанд, фардо мебиёрам, мерасонӣ. Гуфт, на, устод онро барои китоби ту гузоштанд, ман дар ҳайрат шуда гуфтам, ки ман китобамро ба устод нафурӯхтаам, балки соядаст навишта ҳадя кардам, пулро бармегардонем. Гуфт, на, ҳар чӣ бошад, онро устод худ гузоштанд, агар баргардонем, озурда мешаванд. Ман пулро ба ҳар ҳол ба Бурҳон додам, ӯ гирифту гуфт, ки ин пулро ба болои пули фурӯши китобҳоят мегузорам. Ӯ ҳангоми чопи китоб гуфта буд, ки аз пули фурӯши китоб ягон чӣ мехоҳӣ бихарӣ, гуфта будам, хуб мешуд, роёнаву чопгар бихарем, зеро он вақт дар Тоҷикистон ноёб буд. Гуфт, ман пулҳоро дар ин ҷо ҷамъ мекунам, рафиқоне, ки дар шаҳрҳои дигар вохӯриҳои туро баргузор мекунанду ин китобҳоро мефурӯшанд, пулро ба ман мефиристанд, пас ман аз ин ҷо роёнаву чопгари хубро харида, ба ту баНию-Йорк мефиристам, ки бо худ бибарӣ.

                                (Давом дорад)