Ман аз Лос-Анҷелос ба Сан-Ҳузе парвоз кардам, маро Масъуди Сипанд пешвоз гирифта, ба хонааш бурд. Як ҳафта дар хонаи ӯ истодам ва дар он шаҳр чанд маҳфили суҳбату шеърхонӣ доштам. Ӯ маблағи аз фурӯши китоб ва шабҳои шеъри ман ҷамъшударо ба Лос-Анҷелос ба Бурҳон фиристоду расиди онро ба як қуттӣ андохта монд, пурсидам, расидро чаро нигоҳ медорӣ, гуфт, масъалаи пул нозук аст, ман бо тиҷорат машғул ҳастам, ин чизҳоро медонам, ҳар кор шуданаш мумкин аст. Ман дар ҳайрат шуда хандидам. Воқеан кораш дуруст будааст, як вақт ин расид ба ман даркор шуд, хуб, бигзорем инро, ки қиссаи дигарест.

Як шаб Масъуд маро ба маҳфили доктор Маҳҷуб бурд, ки шарҳи Ҳофиз мекард ва хеле ҷолиб буд. Дар фуроварди маҳфил устод аз ман хоҳиши ғазалхонӣ кард, хондам, мисли ин ки, хушаш омад. Аввал намедонистам, ки Масъуд шоир аст. Бегоҳиҳо, ки дар хонааш менишастем, ӯ маро шеър мехононду рубоиҳоро ба дафтараш навишта мегирифт. Ман пурсидам, ки ин қадар ба шеър шавқ дорӣ, худ ҳам шеър менависӣ, гуфт, бале, гуфтам, бихон. Вақте хонд, ман коғазу қалам гирифтаму гуфтам, ман шеъри туро бояд навишта гирам, шоири хубе будаӣ, пурсидам, ки китоб дорӣ, гуфт, на, гуфтам, ҳайф, ту сармоя дорӣ, ҳатман китобатро чоп кун. Аз он ҷо ба дӯстам Боқир Муин, ба Ландан, мудири бахши форсии радиои Би-Би-Си телефон кардаму ҳар дуро бо ҳам шинос карда гуфтам, ки Масъуд шоири хубест, метавонӣ аз шеърҳояш истифода кунӣ. Баъд Масъуди Сипанд китобҳояшро ҳам дар Амрико ва ҳам дар ин ҷо чоп кард. Ман ӯро ба Душанбе даъват кардам ва аз ҳамон замон ӯ узви хориҷии ҷамъияти «Пайванд» шуда, ба Тоҷикистон борҳо омадааст.

Сафари дуюми ман, пас аз як сол, ба Амрико ба иёлоти Небраска, шаҳри Омаҳа ба муддати чаҳор ҳафта дар ҳайати ҳаждаҳнафара буд, ки аз он ҳоло танҳо як хотираро нақл мекунам, ки ба духтарам Рухшона вобаста аст. Ҳангоми қабули дохилшавандаҳо ба мактабҳои олӣ буд, ки ман ба сафар рафта будам. Рухшона мактаби таҳсилоти ҳамагониро дар Хуҷанд (ман духтаронамро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Хуҷанд ба назди бобову бибиашон фиристода будам) бо баҳои аъло тамом карда, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат супорида буд, ки агар аз имтиҳони аввал баҳои аъло мегирифт, дигар имтиҳон насупорида донишҷӯ мешуд. Вақте ман ба хона телефон кардам ва ӯ гуфт, ки ман аз имтиҳони аввал панҷ гирифтам, ман он қадар шод шудам, ки дар умрам ин гуна шодӣ накарда будам ва он вақт фаҳмидам, ки дастоварди фарзандон ба волидайн аз дастоварди худашон ҳам муҳиммтар будааст. Ман ҳамон бегоҳ ҳайатро ба хона даъват кардам ва он воқеаро «қайд» кардем.

Акнун баргардем ба меҳмони Иброҳими Гулистон шуданам, ки ин тавр рух дода буд. Ман охири солҳои ҳаштод ва аввали навад ду бор ба Инглистон сафар доштам, бори аввал дар конфронсе, ки оид ба забону адаби форсию тоҷикӣ дар Манчестер баргузор шуда буд. Дар он аз Маскав Шавкат Ниёзӣ, ки дар Иттифоқи нависандагони саросарии шӯравӣ ба сифати мушовири адабиёти тоҷик фаъолият мекард ва забоншинос Хромов аз Академияи улуми Тоҷикистон низ ширкат доштанд. Он вақт роҳбарияти радиои Би-Би-Си моро ба Ландан даъват кард ва мо бо ходимони бахши форсии ин радио ошно шудем. Мудири бахш Боқир Муин, ҷавонмарди хушсурату некӯхисоли машҳадӣ буд, табъи равони шоирӣ дошт, метавонист раҳораҳ дар мушкилтарин авзони арӯзӣ озодона шеър гӯяд, аз хабарнигори хуб буданаш ҷои сухан нест, агар ин тавр намешуд, мудири бахш набуд. Забони арабӣ хуб медонист, аз адабу фарҳанги форсӣ дониши амиқе дошт, огоҳӣ аз сиёсати ҷаҳониро вазифааш талаб мекард, ки, албатта, дар он чун моҳӣ дар об буд. Ӯ маро бори дуюм барои силсилаи суҳбатҳо оид ба шеъру адаби тоҷикӣ дар радиои Би-Би-Си ба Ландан даъват кард, ки соли аввалин бор дар Тоҷикистон баргузор шудани интихоботи Президент аз ҷониби мардум буд, ки дар он Раҳмон Набиев пирӯз омад. Он вақт ин радио тақрибан понздаҳ суҳбати маро дар бораи адабу фарҳанги тоҷик, ки ҳар яке дар ҳудуди то понздаҳ дақиқа буд, сабт кард. Дар он сафар ман бо Азиз, писари устод Сотим Улуғзода, ки дар бахши русии радиои Би-Би-Си кор мекард, шинос шуда будам. Мо бо ҳам дар ошхонаи радио, ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ, вохӯрдему суҳбати мухтасаре кардем. Ӯ ба русӣ ҳарф мезад, ба сурат нусхаи устод Улуғзода буд, ботамкин, камгап. Ҳангоми суҳбат гуфт, ки ӯ истеъдоди падарро надорад, яъне майли нависандагиаш нест, дар пешаш сафҳаи холие бошад, дар ӯ хоҳиши онро навишта пур кардан пайдо намешавад. Пурсидам, хоҳиши дидори падар дорад, гуфт, шояд биравам, аммо наомад.

Ман ба Ландан аз Ҳуланд ҳамроҳи Парвона Ҷамшедӣ омада будам, ки дар донишгоҳи Утрехт лексия мехондем. Рӯзе Боқир Муин ба ман гуфт, мехоҳӣ, ба меҳмонии Иброҳими Гулистон барам. Ман дар бораи ӯ маълумот доштам, ки ӯ аз дӯстони Фурӯғи Фаррухзод асту шоир манзумаи «Таваллуде дигар»-и худро ба ӯ бахшидааст. Ироҳими Гулистон, ки сарватманд, нависандаи забардаст ва коргардони муваффақи синамо ҳам буд, маҳз дар солҳои сахти зиндагии Фурӯғи Фаррухзод ба мадади ӯ расида, ӯро аз вартаи ноилоҷиву бечорагӣ раҳонида, имкони кору эҷод додааст, ки пасон шоир беҳтарин асарҳои худро офарида, дар шеъри садаи бисти форсӣ табаддулоте ба вуҷуд овардааст. Ман чун инҳоро медонистам, гуфтам, чӣ пешниҳоде аз ин хубтар буданаш мумкин аст. Боқир бо ханда илова кард, ки Иброҳими Гулистон як андоза ғурур дорад, агар беэътиноие кард, намеранҷӣ, аввалан, хислаташ ин гуна аст ва сониян, ҳақ ҳам дорад, устод аст. Гуфтам, мо бандаи чунин устодем, чӣ ҷои ранҷиш, худи ба ҳузураш пазируфта шудан мояи хушбахтӣ ва ифтихор аст. Иброҳими Гулистон берун аз Ландан зиндагӣ мекардааст, мо, се нафар, Боқир Муин, Парвона Ҷамшедӣ ва банда, ба он ҷо ба воситаи қатор рафтем. Дар истгоҳ моро худи Гулистон бо мошинаш мунтазир буд. Ӯ моро бо чеҳраи кушодаву хушҳолӣ пешвоз гирифта, ба мошин шинонду ҳаракат кард, роҳ аз байни бешазоре гузашта, ба як ҷои хушобу ҳавои зебоманзаре расид, ки дар рӯ ба рӯямон як қасри муҳташам қомат афрохта буд. Он манзили истиқоматии Гулистон будааст. Атроф ҳама бешазор, ҳеҷ бинои дигар ба назар наменамуд. Гулистон дар он қаср, мисли ин ки, фақат бо завҷа ва духтараш зиндагӣ мекардааст. Дар давоми рӯз меҳмонӣ ва суҳбатҳои хубе шуд. Гулистон ба мо пораҳоеро аз филмҳояш намоиш дод, ки хеле ҷолибу муаассир буданд. Ман аз рафи китобҳояш яке аз филмномаҳояшро гирифта, таваккалан кушода, барои худам хондам, он сафҳа ба чунон устодӣ ва истеҳкоми сухан навишта шуда буд, ки ман аз қудрати сухан дар ҳайрат афтода, моту мабҳут шудам. Гулистон вазъияти маро ҳис карду гуфт, мутаассифона, ин охирин нусха аст, вагарна ба ту медодам.

Панҷоҳ-шаст метр дуртар аз қасри Гулистон кӯле буд, дар атрофи он гардиш кардем. Бегоҳӣ дар толори бузургу барҳаво, сари мизе нишаста, аз ин ину он суҳбат мекардем, ки Иброҳими Гулистон ба ман муроҷиат карда, гуфт, туро шоир гуфтанд, ку, шеъре бихон, гӯш кунем. Боқир Муин тарафи ман нимтабассуме кард, шояд аз хислати Гулистон ёд оварданӣ буд, ки ҳоло каме аз суханаш ҳувайдо шуда буд. Шеъри «Баргпайванд»-ро хондам, хеле бо диққат гӯш карду пурсид, «нӯла» чист, гуфтам, ҳамон «нола» аст, ки шакли талаффузи мардумиашро овардаам, ба назари ман чунин мерасад, ки дар ин ҳолат дар ин шеър ин тарзи истифодааш бештар оҳанги ташдид дорад:

 

...Вале ман чун дарахти яккаву танҳостам дар дашт,

Чӣ медонам шароби шабнаму гулбонги мурғонро

Ва абреро, ки болои чаманҳо мешавад гирён,

Ки танҳо сарсар ин ҷо мекашад нӯла

Ва хок аз решаҳоям мекашад, то мекунад урён...

 

Гуфт, хуб, яки дигар бихон, шеъри «Чӣ эҳсоне»-ро ба хондан сар кардам ва азбаски ба ҳам бисёр наздик менишастем, ман ҳам бо диққат ба рӯяш нигариста мехондам ва медидам, ки вазъаш лаҳза ба лаҳза тағйир мехӯрад ва ҳангоме шеърро тамом хондам, дар чашмонаш ашк ҳалқа зада буд. Аз ҷо бархост, ашк аз чашмонаш шорид, ҷоми шаробашро бардошту гуфт, ту фақат як рӯз меҳмони ман будӣ, одамро дар як рӯз шинохта намешавад, ки хуб аст ё бад, аммо шоирро аз як шеъраш шинохта мешавад, шоири хуб будаӣ, барои саломати ту менӯшем ва ҷомашро ба ҷоми ман ҷанг андохту нӯшид.

Ман аз ин суханони ӯ барои худ чизи дигареро кашф кардам. Мавзӯи шеъри «Чӣ эҳсоне» зиндагии сахти мардум дар солҳои душвори ҳаёти иҷтимоӣ мебошад, ки барои Иброҳими Гулистон, ки бо он ҷоҳу ҷалолу рафоҳият, сарватмандӣ шоҳона зиндагӣ мекард, бегона буд. Аммо ӯ ҳамчун эҷодкори асил дили дардошно ва пурмеҳру муҳаббат дошт, бинобар ин, дарди мардуми бечораро, ки дар ин шеър баён шудааст, ҳис кард ва гирён шуд, бе ин гуна дил ӯ ҳаргиз Иброҳими Гулистон набуд. Воқеан, дил аст, ки моро месозад.

            (Давом дорад)