Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Азбаски он солҳо кафедраи таърихи адабиёти шӯравии руси донишгоҳи Маскав адабиёти халқҳои шӯравиро низ дар бар мегирифт, дар кафедра ҳам олимони ин соҳа ва ҳам аспирантон бисёр буданд, ки аз ҷумҳуриҳои гуногун омада буданд, аз ҷумла, қазоқ, қирғиз, ӯзбек, туркман, бошқирд, қалмоқ ва дигарон таҳсил мекарданд. Дар худи донишгоҳ аз бисёр мамлакатҳои дунё донишҷӯву аспирантон мавҷуд буданд ва дар ҳамон бинои баландошёнаи донишгоҳ, ки хобгоҳ буд, мезистанд. Табиист, ки мо бо ҳамдигар шинос будему дӯстӣ доштем ва аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар будем. Маро як аспирантхонуми ӯзбек, Эргашой Тоҷибоева, ки аз Фарғона буд ва дар кафедраи забони русӣ таҳсил мекард, дар ҳайрат гузошта буд. Дар соли аввали аспирантиаш шавҳараш ҳам ба Маскав омада, ҳамроҳи ӯ мезист, баъдан ӯ ба Фарғона баргашту Эргашой ба хобгоҳ омада, дар ошёнаи мо ҷойгир шуд. Ӯ дугонае дошт Мукарррам, ки аз Миср буд ва чунон зебо буду чашмони бузурги бодомӣ дошт, ки аз паси сараш ҳам менамуданд. Агар ба одам менигарист, нигоҳи чашмонаш одамро гӯё бо равған ва ё ягон навъи кафки мулоиме фаро мегирифт. Аҷаб чашму аҷаб нигоҳи меҳрборе дошт. Эргашой дар давоми се соли аспирантӣ аз ин дугонааш забони арабиро чунон хуб ёд гирифт, ки агар бо телефон суҳбат мекард, ҳеҷ арабе пай намебурд, ки бо як нафар ғайри араб суҳбат мекунад. Аммо хати арабиро намедонист. Забонро шифоҳӣ ёд гирифта буд. Баъдан, аз шавҳараш талоқ гирифта, ба араб ба шавҳар баромад ва ба кадом кишвари арабие рафт.
Мо, аспирантони халқҳои гуногун, корҳои ҳамдигарро мехондем, сари масъалаҳои илмиву адабӣ баҳсу талош мекардем ва табиист, ки нигоҳамон ҳам дар шинохти адабиёт фарохтар мешуд. Умуман, аспирантони донишгоҳи Маскав ниҳоят донишманд буданд, махсусан, онҳое, ки худи ҳамон донишгоҳро хатм кардаанд. Ҳамчунонки болотар гуфтам, мақолаҳои онҳо, масалан, Шамил ҳамон вақт дар нашрияҳои марказии бонуфузтарини мамлакат ба чоп мерасид. Дӯсти дигаре доштем, Александр Авеличев, ки ҳангоми аспирантиаш ҳафт- ҳашт забони хориҷиро медонист.
Ман дар баробари навиштани рисолаи номзадиам тақризу мақолаҳо ҳам оид ба шеъри муосири тоҷик менавиштам, ки яке аз аввалинҳои он ҳамон тақризи муфассали мақоламонанд дар бораи маҷмӯаи ашъори Лоиқ «Нӯшбод» буд, ки «Нӯшбоди шоир» ном дошта, дар шумораи 9 соли 1971 маҷаллаи «Садои шарқ» ба чоп расида буд. Баъд аз чоп шудани он мақола ман аз номи Муҳаммадҷон Шукуров, ки он вақт аллакай олими варзидаву машҳуру маъруфи адабиёт ва мудири шуъбаи адабиёти муосири тоҷик дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улум буданд, нома гирифтам, ки барои ман тамоман ғайричашмдошт буд. Устод менавиштанд, ки ман баъди хондани мақолаи шумо, азбаски кӣ будани шуморо намедонистам, ба идораи маҷаллаи «Садои шарқ» омада, кӣ будани шумо ва адресатонро пурсидам. Баъд аз фаҳмидан, ин мактубро навишта истодаам, ки агар шумо пас аз хатми аспирантура дар ҷое банд набошед, ман шуморо ба шуъбаи худ ба кор даъват мекунам. Ман ин масъаларо бо директори Институт муҳтарам Абдуқодир Маниёзов ҳам маслиҳат кардаам, яъне ин мактубро шумо метавонед ҳамчун даъвати расмӣ қабул кунед. Ба хаёлам, мухтасари мактуб ҳамин гуна маъно дошт. Мутаасифона, асли он мактубро дар бойгонии худ пайдо карда натавонистам, шояд дар байни ягон китоб бошад, аммо ба ман Ҳасан Султон, доктори фанҳои филологӣ, гуфт, ки ӯ нусхаи ҷавоби маро ба ин мактуби устод аз бойгонии эшон пайдо карда, дар яке аз китобҳояш чоп кардааст ва он ҷавобро лутфан ба ман ҳам дод. Албатта, дар он солҳо, ки мақом ва эътибори илм дар осмони ҳафтум буду институтҳои Академия ҳам, аз ҷониби олими машҳур чунин мактуб гирифтани аспиранти 25-сола, тасаввур кунед, ки чӣ гуна хушбахтии бузург буд. Аз ҷиҳати дигар, ин мактуб нишон медиҳад, ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ то чӣ андоза ғамхори илму адаб буданд, ки баробари чоп шудани як мақолаи арзишманд заҳмати ҷустуҷӯ ва пайдо кардани муаллифи онро ба гардан гирифта, ӯро ба кор даъват мекунанд. Равонашон шод бод, банда қарздор ва сипосгузори якумраи ин ғамхории устод ҳастам.
Мақолаи дуюми ҷиддии ман дар бораи достони «Қуллаҳои ноаён»-и Қутбӣ Киром буд, ки «Гузаштаи зинда ва рӯҳи замон» ном дошта, соли 1972 дар шумораи 5-уми маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуд. Ман ҳоло, ҳангоми навиштани ин сатрҳо дармеёбам, ки он вақт ман ба дӯши худ чӣ бори сангине гузошта будаам, ҳам ба имтиҳонҳои минимуми номзадӣ тайёр мешудам, ҳам рисолаамро ба тоҷикӣ навишта, худ алоқадри ҳол ба русӣ тарҷума мекардам, ҳам мақолаҳо менавиштам, ки берун аз мавзӯи рисолаи номзадиам буданд, аз ҷумла, ин ду мақолаи чопкардаам ҳам. Аммо ин ду мақола ба ман як чизро равшан кард: мақолаи аввалро, ҳамчунонки болотар аз он суҳбат шуд, беҳтарин олими адабиётшинос устод Шакурӣ пазируфта, бандаро ба кор даъват карда буданд, мақолаи дуюмро шоир, муаллифи достони «Қуллаҳои ноаён» Қутбӣ Киром, ки ман онро аз забони дӯстам, шоир Гулназар шунида будам. Баъдтар ин ҳарфро Гулназар дар яке аз мақолаҳояш дар бораи банда навишт, ки мухтасараш чунин аст: Қутбӣ Киром баъд аз хондани мақола аз Гулназар, ки он вақт дар маҷаллаи «Садои Шарқ» кор мекард, мепурсад, ки Аскар Ҳаким кист? Гулназар мегӯяд, рафиқи донишгоҳии ман, ки ҳоло аспиранти донишгоҳи Ломоносови Маскав аст. Қутбӣ Киром бо бардошту муболиға- кунии зотиаш мегӯяд: Воллоҳ, ки мақолааш аз достони ман зӯртар аст. Вақте ин ҳарф ба ман расид, дарёфтам, ки дар роҳи дурусти таҳқиқ ҳастам, зеро дар кори худ ду навъи пазиришро доштам, ҳам олимона ва ҳам шоиронаро.
Солҳои аспирантиам ба Литва ба назди рафиқам Роландас рафта, шаҳрҳои таърихии он, аз ҷумла, Вилнюс, Клайпеда, Тракай ва Каунасро тамошо кардам. Дар Каунас осорхонаи рассом ва оҳангосози беназир Чурлёнис маро бисёр ба ваҷд оварда буд. Ҳоло ҳам ман албоми расмҳои ӯро, ки аз он ҷо харида будам, бо шавқ ва мафтунии тамом тамошо мекунам. Умуман, ман он солҳо ба ҳунар, рассомӣ, пайкаратарошӣ, адабиёт, назму насри кишварҳои назди Балтик таваҷҷуҳи амиқ доштам. Дар Маскав хонда, ба Санкт-Петербург (Ленингради онвақта) сафар накардан, ба тамошои Эрмитаж нарафтан барои ман имкон надошт. Ман чанд рӯз дар кӯчаҳои ин шаҳр махсус пиёда гашта, ҷойҳои таърихиву ҳунарии онро тамошо мекардам, аз тамошои Летний сад (Боғи тобистона), Маъбади Исҳоқ, ки рассоми бемонанд Брюллов онро бо асарҳояш оростааст, барои худ олами зебоӣ ва рӯҳониро кашф мекардам. Дидани асарҳои осорхонаи рассомии русӣ – Русский музей, махсусан, асари Брюллов «Вопасин рӯзи Помпей» ба ман таъсири амиқ мегузошт, сайру гашт дар қасрҳои Петергоф, Павловск ва гирду атрофи он ки бо набототу буттаҳову гулҳояш зеботарин намоҳои табиат мебошад, ба дилу ҷон тароват мебахшид, дидани хона – музеи Пушкин дар Мойка, ки ин шоири абадзинда охирин солҳову дақиқаҳои умрашро дар он гузаронидааст, маро бо олами ӯ ошнотар месохт. Ҳамин тариқ, солҳои аспирантӣ баробари хондан боз шаҳрҳои таърихиву фарҳангии Русия, аз ҷумла, Суздал, Клин, ки дар он ҷо осорхонаи П. И. Чайковский ҷой дорад, Тула – зодгоҳи Толстой, Пушкино, ки дар он ҷо Пушкин солҳои дар литсей хонданашро гузаронидааст ва дигар шаҳрҳо сафар карда, доираи фаҳмишамро аз фарҳанги русӣ фарохтар мекардам.
Албатта, аз ҷойҳои фарҳангии худи Маскав ҷои сухан нест. Сари ҳар чанд вақт ба Галереяи расмҳои Третяков мерафтам, ки таассуротам тоза гашта, маро ба андеша водор месохт ва ҷаҳони наверо ба рӯям боз менамуд. Дар он вақтҳо сухани устод Шарифҷон Ҳусейнзода ба хотирам мерасид, ки худи дар Маскав гаштанро як воситаи пурмаҳсули омӯзиш гуфта буданд. Бештарин ва беҳтарин вақти ман, албатта, дар китобхонаи давлатии ба номи Ленин мегузашт, ки яке аз бойтарин китобхонаҳои дунёст. Дар он дар сари рисолаам кор мекардам ва ҳамзамон асарҳои адабиёти Эрон, махсусан, китобҳои шеъри онро, ки он вақтҳо дар ҷойҳои дигар пайдо карданашон мушкил буд, гирифта мехондам ва ҳатто китоби шеърҳои Нодир Нодирпурро барои худам ба ҳарфи сириллик рӯнавис карда будам. Ба ғайр аз ин, донишҷуён ва аспирантони эронӣ, ки дар донишгоҳ таҳсил мекарданд, китоб меоварданд, ки онҳоро ҳам дастрас карда мегирифтаму мехондам ва ба ин васила бо вазъи шеъри ҳамзабонон шиносоӣ пайдо мекардам.
Дар донишгоҳи Ломоносов аз бисёр мамлакатҳои хориҷӣ донишҷӯёну аспиранту коромӯзон таҳсил мекарданд. Боре ба ман гуфтанд, ки туро ноиби ректор оид ба корҳои хориҷӣ даъват мекунад, ман дар ҳайрат шудам, ки ӯ ба ман чӣ кор доштанаш мумкин аст, зеро он вақт мо ҳама дар ҳайати як давлат будему ман хориҷӣ ҳисоб намешудам. Вақте ба наздаш ҳозир шудам, гуфт, ман Шуморо, ки тоҷик ҳастед, махсус даъват кардам, зеро медонам, ки мардуми тоҷик хеле меҳмоннавоз ҳастанд. Фардо аз Фаронса ба донишгоҳи мо як нафар коромӯз меояд, ман мехоҳам, ки шумо ӯро дар истгоҳи роҳи оҳани Белорус пешвоз гирифта, ба хобгоҳи донишгоҳ расонида, ҷойгир кунед. Ман медонам, ки шумо инро ба хубии тоҷикона ба ҷо меоред, бинобар ин, шуморо интихоб кардам. Ман қабул кардам ва ӯ дар охир бо ман бо тоҷикии соф ташаккур ва хайрухуш кард, ки ман дар назди дар ҳайратзада шуда мондам.
(Давом дорад)