Ман даҳ сол сармуҳарририи ҳафтавори «Адабиёт ва санъат»-ро ба зимма доштам, онҳое, ки он солҳо дар матбуот хидмат кардаанд, масъулият ва гаронбории ин вазифаро медонанд. Баъзе шабҳо то соатҳои дувоздаҳ - яки шаб кор мекардем, ки шумора барои имзо тайёр шавад. Ҳамаи кормандон ҷонфидоёна кор мекарданд, зеро ҳам масъулиятро ҳис мекарданду ҳам шукргузории хонандаи бисёрҳазораашонро. Ҳафтавор на танҳо маркази баҳсу мунозираҳои масъалаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, балки ҳунар ва махсусан, адабиёт ҳам буд.

29 марти соли 1991 дар толори Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки маъмулан анҷуманҳои Иттифоқи нависандагон дар он ҷо баргузор мешуд, анҷумани Х11 доир шуд, ки дар ҳавои бозсозиву демократикунонии ҷомеа мегузашт. Зеро дар таърихи Иттифоқи нависандагон аввалин бор буд, ки ба мансаби раиси он ба тарзи алтернативӣ ва озод шаш нафар пешниҳод шуд – Муъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Саттор Турсун, Гулрухсор ва банда Аскар Ҳаким. Ба ғайр аз ин, раисро на аъзои садорат дар ҷаласаи худ, ҳамчунонки пештарҳо буд, балки тамоми нависандагон бо овоздиҳии пӯшида дар анҷуман интихоб мекарданд, ки аз тартиби пешин аз замин то осмон фарқ дошт ва воқеан озоду демократӣ буд. Рӯзи дуюми кори анҷуман давом мекард. Баъд аз қайди номзадҳо Ибод Файзуллоев, ки котиби садорат оид ба масъалаҳои эҷодӣ буд ва ҷаласаи анҷуманро раисӣ мекард, ризояти номзадҳоро барои дохил кардан ба рӯихати довталабон аз рӯи тартиби пешниҳодшудаашон пурсид. Лоиқ Шералӣ ва Саттор Турсун номзадиашонро пас гирифтанд. Вақте раисикунанда аз Гулрухсор раъяшро пурсид, ӯ гуфт, ки Аскар Ҳаким номзадиашро мегирад ё на? Раисикунанда гуфт, ки ман аз рӯи тартиби пешниҳодшуда пурсида истодаам, ҳоло навбати ӯ нарасидааст, навбаташ расад, ҷавобашро медиҳад, шумо ҷавоби худро диҳед. Пас, ӯ гуфт, ки ман ҳам номзадиамро пас мегирам. Мо се нафар – Муъмин Қаноат, Убайд Раҷаб ва банда дар рӯихат мондем. Ман наметавонистам номзадиамро пас гирам, зеро сабаб доштам. Устод Фотеҳ Ниёзӣ, ки ба ман барои узви Иттифоқи нависандагон шуданам тавсия дода буданд (он вақт устод котиби садорати ИН буданд ва баъдан вақте ба нафақа рафтанд, банда ба ҷои эшон котиб интихоб шуда будам), пештар аз анҷуман ба назди ман омада, гуфтанд, ки мо чанд нависандаи калонсол, ки солҳо барои ин иттифоқ кор кардем, ба ҳамин хулоса омадем, ки ту ба раисии Иттифоқ пешниҳод шавӣ. Мо муносибати дӯстонаи туро бо дигар довталабон, ки низ пешниҳод мешаванд, нағз медонем, бинобар ин, мо аз ту мехоҳем, ки ҳангоми интихобот номзадиатро пас нагирӣ, хоҳиши моро ба ҳеҷ ваҷҳ сарфи назар накун.

Дар асл барои ман раиси Иттифоқ интихоб шудан он қадар аҳаммияти бузурге надошт, зеро вазъиятам ҳамчун сармуҳаррири ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» аз вазъи раиси Иттифоқ беҳтар буд, ки бадтар не, аз ҳар ҷиҳат, ҳам аз ҷиҳати молиявӣ ва ҳам маънавӣ. Аз ҷиҳати молиявӣ маошам аз маоши раиси Иттифоқ камтар набуд, имкони молиявии идораам аз имкони Иттифоқ чандин маротиба бештар буд, зеро Иттифоқ ташкилоти буҷавӣ буду маблағи каме дошт, вале нашри ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», ки ба сад ҳазор нусха расида буд, дар суратҳисобаш бештар аз 1 миллион рубл маблағ  дошт. Хеле харҷҳои Иттифоқро мо медодем. Инро Фотеҳ Ниёзӣ медонистанд ва бинобар ин, бар хоҳиши худ таъкид доштанд. Фақат кори ҳафтавор бештар ва масъулияташ гаронтар буд, чунки он солҳо матбуот воситаи асосӣ ва пурзӯри таблиғотӣ буд, дар давлати идеологӣ мақоми аввалдараҷа дошт.

Аммо пеш аз анҷуман ҳам маълум буд, ки агар сармуҳаррири «Адабиёт ва санъат» хоҳад, новобаста ба он ки ӯ ман ҳастам ё каси дигар, дар довталабӣ пирӯз хоҳад шуд, зеро маъруфият ва маҳбубияти ҳафтавор, хоҳед нахоҳед, ба сармуҳаррири он нисбат мегирад. Нависандагон медиданд, ки дар як муддати кӯтоҳ теъдоди нашри ин ҳафтавор аз ҳафт ҳазор ба сад ҳазор расид, ҳафтавор аст, ки ҳар ҳафта асарҳои онҳоро ба сад ҳазор обуначӣ мерасонад, ки хонандааш аз он ҳам бештар аст, зеро як нусхаро чанд нафар мехонад, ҳаққи қаламашон дар ин нашрия чанд баробар нисбат ба дигар нашрияҳо болост. Танҳо ҳамин бас буд, ки нависандагон дар ин гуна довталабиҳо ба банда бештар аз ҳама раъй диҳанд, ҳол он ки дар ин маврид боз дастовардҳои дигари идориву шахсӣ ҳам буданд. Ва онҳо ин гуна дастовардҳоро дар кори Иттифоқ ҳам умед мекарданд.

Ҳоло аз рӯи тартиби ҷорӣ номзадҳо бояд барномаи фаъолияти ояндаи худро мегуфтанд, яъне бо ҳамдигар мубориза мекарданд. Ман, ки бо ҳардуи номзади дигар кор карда будам, барномагӯиву муборизаро ба худ муносиб намедидам ва ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ гуфтам, ки: – Муаллим, ҳамаи Шумо, нависандагон, ҳар сеи моро хуб мешиносед, оё шарт аст, ки мо дар ин ҷо барномагӯиву талош кунем, аз шумо хоҳиш мекунам, пешниҳод кунед, ки ин чиз сарфи назар карда шавад, ҳарфи шуморо нависандагон қабул хоҳанд кард. Пас, устод ба минбар баланд шуданду тақрибан чунин гуфтанд: – Мо, дӯстони гиромӣ, номзадҳоро хуб мешиносем, ба замми ин дар анҷуман Муъмин Қаноат маърӯза кард, Аскар Ҳаким ҳам, бинобар аз инҳо барномагӯӣ талаб карданро сарфи назар кунем, беҳтар аст, хуб, агар Убайд Раҷаб хоҳад, барномаашро гӯяд. Пас аз ин ҳарф Убайд Раҷаб баланд шуду гуфт, ки ман ба ҳар дуи ин нафар эҳтиром дорам ва номзадиашро бозхост. Мо ду нафар мондем. Рӯзи 31 март дар овоздиҳӣ банда бист раъй бештар гирифта, раис интихоб шудам. Дар ҷаласаи садорати нав, ки анҷуман интихоб карда буд, Абдураҳмон Абдуманнонро муовин оид ба масъалаҳои эҷодӣ, Убайд Раҷабро оид ба масъалаҳои эҷодиву ташкилӣ, Гулназарро сармуҳаррири ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», Абдулҳамид Самадро сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» ва Борис Пшеничниро сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» пешниҳод намудам ва садорат ин пешниҳодро тасдиқ кард. Сипас Сорбонро мушовири бахши наср, Раҳмат Назриро мушовири бахши назм, Ҷӯра Ҳошимиро мушовири бахши адабиёти бачаҳо ба кор гирифтам.

(Давом дорад)