Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Солҳои навад, солҳои нооромӣ дар ҷумҳурӣ, созмонҳои давлатию ғайридавлатии хориҷӣ ба аҳли адаби кишвар таваҷҷуҳи калон зоҳир карда, ба ҳар гуна ҳамоишҳои худ даъват мекарданд, шояд аз аҳли адаб, ки маъмулан ашхоси аз сиёсат озодтар буда, забони ҳақиқат ҳам номида мешаванд, асли вазъи мамлакат ва мардумро фаҳмидан мехостанд. Ман, ҳамчун адиб, ду бор ба Амрико сафар доштам, солҳои 1993 ва 1994. Сафари аввалам бо даъвати Донишгоҳи Вашингтон-Сиатлл буд, ки онро Аҳмад Каримии Ҳаккок созмон дода буд. Ин рафиқи маҳбуб, профессор, доншиманди арҷманд ба Тоҷикистон омада, дар донишгоҳ дарс гуфта буд. Ӯ маро даъват дод, аммо билети рафту омад аз ҳисоби даъватшаванда буд, дигар харҷи буду бошро донишгоҳ ба зимма дошт. Солҳои душвори моливу иқтисодӣ буд, ман ба ҳукумат муроҷиат карда, ҷавоби рад гирифтам ва аз саҳни он берун мебаромадам, ки бо Мукаррама Тошматова рӯ ба рӯ омадам, баъди салому алайку пурсу пос, ба ростӣ, мо он қадар шиноси наздик ҳам набудем, хонум гуфтанд, ки ман туро аз телевизион бисёр мебинам ва суҳбату шеърхониҳоят ба ман маъқул аст. Гуфтанд, дар ин ҷо чӣ кор доштӣ, қиссаро гуфтам, гуфтанд, надоданд, гуфтам, на, гуфтанд, рафтем кабинет, ман пули билетатро медиҳам. Кабинаташон дар бинои Вазорати кишоварзӣ буд, омаданду сейфро кушода, якуним ҳазор доллар пули билетро бароварда доданд. Ёдашон ба хайр, зани ҳимматбаланде буданд, дар вақташ на танҳо ба ман, ба бисёриҳо чунин мадад кардаанд.
Ман нимаи аввали моҳи март ба Нию-Йорк омадам. Маро сафирамон дар ИМА Лаким Қайюмов пешвоз гирифт, чанд рӯз ҳамроҳи ӯ будам, зеро он вақт дар донишгоҳҳо таътил шурӯъ шуда буд ва ба Вашингтон-Сиатлл рафтани ман ба таъхир афтода. Пас аз он ба хонаи Ҳабиби Бурҷиён, ки эронӣ буду дар Амрико муваққатан кору фаъолият мекард, кӯчидам. Ӯ хатти сириллик омӯхта дар бораи адабу фарҳанги тоҷик мақолаҳо менавишт, ки баъзеи онҳо дар Тоҷикистон дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шудаанд, аммо аз рӯи ихтисосаш муҳандиси пулсоз буд. Ба шеъру адаб алоқаи самимӣ дошт. Рафиқи хубе буд, баъдан бо ҳамсараш дар хонаи ман дар Душанбе меҳмон шуда буд. Ӯ маро ба ҷашни Наврӯзи эрониёни муқими Нию-Йорк бурд, ки дар толори Донишгоҳи Колумбиё, яке аз бузургтарин ва мӯътабартарин донишгоҳҳои дунё, баргузор мешуд. Чун раёсати ҷашн фаҳмиданд, ки шоирам, аз ман шеърхонӣ хостанд. Шеъри аввал «Баргпайванд»-ро, ки хондам, хеле хуш пазируфтанд, пас ду шеъри дигар хондам, ки хеле хушашон омад. Чун аз саҳна поин фуромадам, касе омада, худро шиносонд ва гуфт, ки ношир аст, агар хоста бошам, китоби шеърҳои маро чоп мекунад. Розӣ шудам. Пеш аз Амрико рафтанам, дӯстам Абдураҳмони Абдуманнон, ки шуъбаи форсиро хатм кардааст, тақрибан бист-сӣ шеърамро ба форсӣ дастнавис карда дода буд. Шеърҳои дигарро Ҳабиби Бурҷиён ба хатти форсӣ баргардонд. Нашриёт китобро бо ороиши рассоми ошурӣ Ҳоннибал-ал-Хос, тақрибан дар давоми як моҳ, ки ман дар дигар шаҳрҳои Амрико будам, дар Нию-Йорк бо номи «Баргпайванд» ба нашр расонд. Пас аз шеърхонӣ дар ҷашни Наврӯзӣ устодони эронии Донишгоҳи Колумбиё, ки асосан дар кафедраи эроншиносии он, зери роҳбарии донишманди аллома Эҳсони Ёршотир кор мекарданд, як маҳфили алоҳидаи суҳбату шеърхонии маро баргузор карда, ба он эрониёни аҳли фарҳанги Нию-Йоркро даъват карда буданд, ки дар он шоирону рассомон ва намояндагони дигар соҳаҳои ҳунар низ иштирок доштанд. Суҳбату шеърхонии хотирмоне шуд, ҳозирин, ки ҳама аҳли илму ҳунар ва устодони донишгоҳ буданд, суолҳои бисёре аз Тоҷикистон мекарданд, суҳбат қариб се соат давом кард. Ман онро мухтасаран дар пешгуфтори ҷилди якуми ҳафтҷилдаам баён кардаам, ки ин ҷо иқтибос мекунам.
«Баъди суҳбат ва се-чор шеър хондан яке аз устодон аз ман суол кард, ки оё тамоми шеъри муосири тоҷик ба ин сабкест, ки шумо хондед, зеро ин сабк ҳамонанди шеъри нави Эрон, аз ҷумла, сабки Манучеҳри Оташию Нодири Нодирпуру Фурӯғи Фаррухзод ва амсоли инҳост. Аммо, ба фаҳмиши мо, шеъри муосири тоҷик тавре дигартар аст. Ман он вақт шеърҳои «Баргпайванд», «Чӣ эҳсоне?!» ва «Дарё, маро бигир»-ро хонда будам. Банда ҷавоб додам, ки на хайр, ин сабк дар Тоҷикистон тоза шурӯъ шуда, шеъри тоҷик дар садаи бист асосан дигаргунатар, он тавр аст, ки шумо тасаввур доред, масалан, яке аз намунаҳояш ин аст, гӯён, шеъри «Ҳамин кофист» -и устод Мирзо Турсунзодаро хондам. Шеърро хуш пазируфтанд. Боз суол карданд, ки оё шумо ҳам дар ҳамин сабк шеър доред? Гуфтам, бале ва шеърҳои «Ба ту имшаби баҳорон…» ва «Имони саг» -ро хондам. Пурсиданд, ки ривояти «Имони саг» -ро аз куҷо гирифтед? Гуфтам, худ сохтам, хандиданд ва гуфтанд, ки пас метавонед даъвии классикӣ дошта бошед. Хуб, қисса кӯтоҳ, ин ҷо ғараз, албатта, даъвои пардапӯши классикӣ нест, ҳарчанд ҳар шоир бе ин гуна даъво ҳам нест, аммо, дар айни ҳол, манзур аз ин суханҳо дар зеҳн нишаста будани тасаввуроте аз шеъри муосири тоҷик аст, ки бештар такя бар сабки хуросонии классикӣ дорад». Ҳоло вобаста ба даъвои классикӣ доштаи ҳар шоир чанд ҳарфи гуфтанӣ ба ёдам расид. Ба фикрам, Афлотун мегӯяд, ки: – Ҳоло шоири дараҷаи ду ба дунё наомадааст, – яъне ҳар шоир худро дараҷаи аввал медонад, ки ман дар умри худ ба ҳақиқат доштани ин ҳарфи ӯ дучор омадаам. Яке аз устодони шеъри муосири мо, ки бо ман дӯстии наздике дошт ва ман ба қудрати истеъдоди ӯ қоил будам, дар суҳбатҳои шахсиамон худро аз Ҳофиз баланд мегузошт ва ман ки ҳарфи Афлотунро медонистам, чизе намегуфтам, ки зеҳнаш накоҳад. Аз шоирони асил ин гуна даъво ба гӯш расиданаш мумкин аст, ки бахшуданист, зеро будани ин чиз дар сиришти шоирӣ эҳтимол дорад, вагарна Хоқонӣ ин мисраъҳоро намегуфт:
Шоири муфлиқ манам, хони маонӣ марост,
Резахӯри хони ман – Рӯдакиву Унсурӣ.
Ё дар маснавии “Лайлӣ ва Маҷнун”-и худ Низомӣ дар насиҳати фарзанди худ чунин наменавишт:
Дар шеър мапечу дар фани ӯ,
Чун акзаби ӯст аҳсани ӯ.
З-ин фан маталаб баландномӣ,
К-он хатм шудаст бар Низомӣ.
Бубинед, ки баъди аз чандсад сол Камоли Хуҷандӣ ҳам ба ин маънӣ чунин гуфтааст:
Хатм шуд бар Камол лутфи сухан,
Ҳар чӣ баъд аз камол нуқсон аст.
Ин гуна суханҳои пурифтихор, ки дар ситоиши худ гуфта шудаанд, дар шеъри шоирони бисёре дида мешаванд, ки онҳо низ як навъи ҳамон гуфтаи Афлотун буда, шоирон дар онҳо бар ягонагии истеъдоди худ таъкид мекунанд, ки ҷойи накӯҳиш надоранд.
Хуб, биёем ба давоми ҳарфи худамон. Пас аз он суҳбате, ки дар донишгоҳ доштам, маро рассом ва шоири эронӣ Манучеҳри Яктоӣ, ки муқими он ҷо буд, ба хонааш, ки ҳамзамон ҷои кори рассомиаш ҳам буд, ба меҳмонӣ даъват кард. Ӯ рассоми хубу муваффақе буд, марди қоматбаланди газгӯште ба назар меомад. Ҳангоми суҳбат бо чӣ сабабе аз ман пурсид, ки, ба фикрам, ӯ чандсола аст, гуфтам, шояд панҷоҳ-панҷоҳу панҷсола, гуфт, на, ҳафтод. Маро боз чизи дигар дар ҳайрат гузошт, чун дар курсӣ нишаста, як пояшро болои пои дигар гузошта, суҳбат оғоз кард, дар давоми бештар аз ду соат ақаллан як бор наҷунбид, ҳатто дасташро ҳаракат надод, гӯё ҳайкал бошад, ман ки дар дивон нишаста будам, сад бор ин тарафу он тараф тоб мехӯрдам.
Ӯ аз ҳар хусус суҳбат мекард, чун фаҳмид, ки ман дар хонаи нависандаи забардасти эронӣ Иброҳими Гулистон дар Ландан меҳмон будаам, аз дӯстӣ ва эҳтироми бузургаш ба ӯ сухан ронда, гуфт, вақте ман ин манзумаро навиштам (манзума дар китоби ба ман ҳадякардааш ҷой дорад), барои назари ӯро гирифтан махсус аз Нию-Йорк ба Ландан рафтам. Ин ба замми эҳтиромаш ба Иброҳими Гулистон, аз аҳаммият ва ҷиддияте, ки ба кори шоириаш зоҳир мекардааст, дарак медод. Ман поинтар қиссаи меҳмони Иброҳими Гулистон шуданамро нақл хоҳам кард, ҳоло чанд лаҳзаи дигар аз сафари Амрико нақл карданист.
Ман, ҳамчунонки гуфтам, чанд рӯз дар хонаи сафирамон Лаким Қайюм, ки ҳамдеҳаамон буд, истодаму пас ба хонаи Ҳабиби Бурҷиён, ки дар маркази Нию-Йорк, дар Бродвей буд, кӯчидам, зеро бо хоҳиши нашриёт бояд китобро барои чоп омода мекардем. Ман пас аз итмоми кори худ ба Халилуллоҳи Ҳошимиён, муассиси маҷаллаи «Оинаи Афғонистон», ки ба забони инглисӣ нашр мешуд, сим задам, ки пештар ба ман ба Душанбе хат навишта, рақами телефонашро дода, хоҳиш карда буд, ки ҳар вақт ба Амрико оям, ба ӯ хабар диҳаму меҳмонаш шавам. Ба ман мактуб навиштани ӯ бо ин сабаб ба вуқӯъ омада буд.
(Давом дорад)