Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ҳамчунонки маълум аст, Иттифоқи нависандагон соли 1934 таъсис шуда, ҳангоми раис шудани ман таърихи 57 сола дошт, банда аз рӯи талаботи низомномаи демократие, ки анҷуман қабул карда буд, ду навбат ба тариқи алтернативӣ ва интихоботи озоду пӯшида раис интихоб шуда, кор кардам. Дар анҷумани Х111, соли 1997, ба вазифаи раисӣ ду нафар довталаб будем – устод Лоиқ Шералӣ ва банда, нависандагон ин дафъа ба банда 40 раъй бештар дода, боз раис интихоб карданд. Устод Лоиқ баъд аз эълони натиҷаи овоздиҳӣ аввалин шуда, маро оғӯш гирифт, табрик кард ва то охири умраш бо ман муносибати бародарона дошт ва ҳамчун узви раёсат дар кор фаъолона ширкат кард. Рӯҳаш шод бод, ҷавонмард буд.
Дар асл ӯ ҳеҷ вақт такопӯи вазифагирӣ надошт, ман инро нағз медонистам, ӯро ин дафъа баъзе рафиқонаш ташвиқ карда буданд, ки номзадиашро ба мансаби раисӣ гузорад, онҳо манфиатҳои худро дар назар дошта, Лоиқро ба ин кор водор карда буданд. Зеро пеш аз анҷумани пешини Х11 ИН, соли 1991, ман бо ӯ, ки ҳар ду ҳам сармуҳаррир будем, ӯ сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» ва банда ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», дар ин бора суҳбат доштам. Мухтасари суҳбат чунин буд, ки ман ба ӯ гуфтам: – Устод Лоиқ, анҷуман наздик расида истодааст, дар ин анҷуман нависандагон дар қатори дигарон шумову маро ҳам ҳамчун номзад ба вазифаи раисӣ пешниҳод мекунанд. Шумо аз ҳама шоистатаред, бинобар ин, агар шумо хоҳиши раис шудан доред, ман номзадии шуморо ташвиқ карда, ба тарафдориатон овоз медиҳам. Ҷавоби устод Лоиқ тақрибан чунин буд: – Вазифаи раисии ИН кори ташкилотчигӣ, ташвиши бисёр дорад, ман ҳавсалаи ин хел корҳоро надорам, ман мехоҳам ба кори шоирии худам машғул бошам, бинобар ин, ман ин корро барои ту мекунам, зеро мебинам, ки ту қобилияти хуби ташкилотчигӣ дорӣ, кори сармуҳарририат далели ин аст.
Зимнан, пештар раиси Бунёди забон шудани ӯ ҳам барояш ғайримунтазира воқеъ шуда буд. Ба хаёлам, охири солҳои ҳаштод буд, ки дар толори ҳозираи филармония ҷаласаи таъсиси Бунёди забон баргузор шуд. Банда ҳам даъват шуда будам. Толор асосан аз намояндагони ҳаракати «Растохез» пур буд. Дар асл, ҳеҷ кас ваколати интихобот надошт, зеро танҳо бо даъват ҷамъ шуда буданду вакили ташкилоте набуданд. Хуб, он солҳо саргарми демократиябозӣ ҳама корро мекарданд. Раёсати ҷаласа дар дасти Мазҳабшо Муҳаббатшоев, сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» буд, ӯ ҷаласаро оғоз бахшиду ба интихоби раёсат шурӯъ кард. Аз толор номи ҳар касеро, ки мегуфтанд, ӯ навишта, пас ҳамаро якҷоя ба овоз монду ба раёсат даъват кард. Пас аз ҷойгир шудани раёсат, ӯ ба толор назар афканда, ҷаласаро давом доданӣ буд, ки чашмаш ба ман афтод, ки дар толор нишастаам ва гуфт: – Аскар Ҳаким, чаро шумо ба раёсат намебароед? Шумо бештар аз ҳама ҳақ доред, охир пешниҳоди таъсиси Бунёди забон аввалин бор аз ҷониби «Адабиёт ва санъат» интишор шудааст. Ӯ воқеан дуруст мегуфт, зеро чунин пешниҳод аз ҷониби ҳофизи номии мо Зафар Нозим нахустин бор дар «Адабиёт ва санъат» чоп шуда буд, ки он вақт Мазҳабшо Муҳаббатшоев муовини банда буд. Банда ҳеҷ нагуфтаму баромада дар раёсат, дар паҳлуи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ нишастам. Чун ҷаласа Бунёди забонро таъсис доду ба интихоби раёсати он расид, аз толор намояндагони «Растохез» одами худ – Мирбобо Мирраҳимро пешниҳод карданд. Ман ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ гуфтам: – Устод, ба ин вазифа бояд шахсе интихоб шавад, ки обрӯву эътибори баланди адабиву забондонӣ дошта бошад. Дар ин ҷо танҳо ду нафар ин гуна мақомро дорад, Шумо ва Лоиқ. Агар Шумо розиед, ман ҳоло хеста номзадии Шуморо пешниҳод мекунам. Устод гуфтанд, ки синну солам ба як ҷо расидааст, созмон додани ташкилоти нав ба ман вазнин аст, наметавонам. Пас ман гуфтам, ки дар ин ҳолат Шумо хеста, Лоиқро пешниҳод кунед. Устод бархостанду дар сифати Лоиқ суханҳои шоистае гуфта, номзадиашро пешниҳод карданд, ки пазируфта шуд. Лоиқ ҳам дар раёсат нишаста буд, аз ин тавр сурат гирифтани воқеа хабаре надошт. Ба сӯи мо, ба маънои шумо чӣ кор кардед, нигоҳи ҳайратомезе кард. Раиси Бунёди забон шуданаш, ҳамин тавр, ғайри ихтиёри ӯ сурат гарифта буд. Бинобар он, соли 1997 дар анҷуман номзадиашро ба вазифаи раисии ИТ нависандагон гузоштанаш ҳам иродаи худи ӯ набуд. Инро Абдулмаҷид Достиев, ки он вақт муовини Раиси маҷлиси намояндагон буд, ба ман гуфта буд. Ӯ гуфта буд, ки бегоҳи рӯзи интихобот ман ба Лоиқ телефон кардам, ки дилбардорияш кунам. Ӯ гуфт, ки ҳамин, рафиқон, маро ба ин кор ташвиқу водор карданд, афсӯс, ки ба суханашон гӯш кардам.
Хуб, баргардем ба кори банда дар Иттифоқи нависандагон. Аз соли 1992, ки дар ҷумҳурӣ нооромиву кашокашу ҷангу талош оғоз шуд, кори раис ба маротиб мушкилтар шуд, зеро хеле аз аъзои он узви ташкилоту ҳаракату ҳизбҳои гуногун буданд, ки бо ҳамдигар созиш надоштанд. Бинобар ин, аз якуми сентябри соли 1992 бо қарори раёсат ИН-ро лоҳизбӣ эълон карда, дар он фаъолияти ҳама гуна созмону ҳаракатҳои сиёсиву ғайрикасбиро манъ кардем. Солҳои навадум барои тамоми ҷумҳурӣ солҳои сангин ва фоҷиаборе буданд, иттифоқи нависандагон аз ҳар тараф мавриди ҳуҷуму таҳдид қарор мегирифт, аъзояш ҳам. Ин ҳолат аз матбуоти он давра ҳам аён аст. Баъзе гурӯҳу созмонҳо Иттифоқи нависандагонро ба бетарафӣ айбдор мекардаднд, ки маънояш чаро тарфдори мо нестед, буд. Мо эълом карда будем, ки адабиёт манфиати тамоми мардумро дар назар дорад, адибон ҳам, бинобар ин, мо наметавонем шомили созмонҳои гурӯҳӣ бошем. Банда инро дар ағлаби маърӯзаву суханрониҳоям дар он солҳо борҳо, такрор ба такрор, гуфтаам, дар мақолаҳоям навиштаам. Бинобар он, аксаран банда ҳадафи сангандозии он гурӯҳу ҳаракатҳо қарор мегирифтам. Чанд бор ба сарам бо автомат ҳам омада буданд, омада буданд, ки хонаамро ҳам кашида гиранд, ки ҳамсоягонам ҳам медонанд. Хушбахтона, ба ҳамаи онҳо истодагарӣ карда тавонистам ва Иттифоқи нависандагон аз он муборизаҳо бешикасту бепорашавӣ баромад, ҳол он ки дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, ҳарчанд дар онҳо ҷангу хунрезӣ набуд, иттифоқҳои нависандагон ба чанд пора тақсим шуда, ба ҳамдигар талош доштанд. Дар он хидмати муовинони ман, махсусан, Абдураҳмони Абдуманнон ҳам калон аст, ки бедареғ хидмати Иттифоқ ва нависандагонро ба ҷо меовард, ки шояд мавриди дар ин бора муфассалтар суҳбат кардан пайдо мешавад.
Ҳамчунонки болотар қайд шуд, ИН ҳангоми аввалин бор раис интихоб шуданам, таърихи 57-сола дошт, аммо ҳамагӣ чор нафар шоиру нависандаи халқии барҳаёт – Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ ва Гулчеҳра. Дар давоми дувоздаҳ соли фаъолияти банда ин рақам ба 16 нафар расид, фарқаш маълум аст, боз дар солҳои ҷангу нооромӣ. Аз устод Муъмин Қаноату Ашӯр Сафару Қутбӣ Кирому Лоиқ Шералӣ то Муҳаммад Ғоибу Фарзона, ҳама, ин унвонро дар замони раисии банда ва бо пешниҳоди раёсати ИН гирифтаанд. Ин, албатта, бо хайриятхоҳии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамаи пешниҳоди ИН-ро мепазируфтанд, сурат мегирифт.
Он солҳо вазъи иқтисодӣ ва моливу пулии адибон бад буд, нашрияҳо ҳаққи қалам намедоданд, ё чунон кам медоданд, ки барои мошиннавис кардани дастхат намерасид. Ман чанд бор ба мудири шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроия арз кардам, ки муроҷиати маро дар бораи ба шоиру нависандагони халқӣ, ки аксарашон солхӯрда ҳастанду вазъи молиявиашон хуб нест, ба Президент расонад, ки ба онҳо стипендия таъйин карда шавад. Ӯ ҳарчанд рафиқи хубе буд, аммо мегуфт, ки ман ин корро карда наметавонам, зеро дар ин ҳолат ташкилотҳои эҷодии дигар ҳам аз ман ҳамин гуна талаб хоҳанд кард. Бинобар ин, соли 1999, дар ҷаласаи ҷамъбастии солонаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, дар охир вақте ки Президент кӣ боз чӣ гуфтанӣ ҳаст, гӯён, ба толор муроҷиат карданд, банда бархоста, матлабро изҳор кардам. Пурсиданд, ки чанд нафаранд шоиру нависандагони халқӣ, гуфтам, 14 нафар. Пурсиданд, ки Ғаффор Мирзо ҳам ҳаст ва нимхандае карданд, ки сабаб дошт, гуфтам, бале. Ба вазири молия супориш доданд, ки аз соли нав ба ҳар яке дар ҳаҷми баробари 50 доллари амрикоӣ стипендия ҷудо кунед, ки он маблағи каме набуд, зеро он вақт маоши вазифавиамон муодили 3-4 доллар буд. Сабаби нимхандаашон ин буд. Чанд муддат пештар ИН ҷашни 70-солагии шоир Ғ аффор Мирзоро дар театри ба номи Лоҳутӣ хеле бошукӯҳ таҷлил карда буд. Баъд аз он дар яке аз ҷаласаҳои ҷумҳурӣ, ки дар Кохи Ваҳдат мегузашту Президенти мамлакат иштирок доштанд, дар фуровард, дар хонаи пазироӣ зиёфати мухтасаре барпо шуд, ки ҳамсари Ғаффор Мирзо Муҳиба Ёқубова – доктори илми кимиё, раиси созмони олимаҳои ҷумҳурӣ низ ҳузур доштанд. Хонум фурсатро мувофиқ ёфта, ба Президент барои ҳидояташон ба ҷашни Ғаффор Мирзо, ки хеле хуб гузаронида шуд, ташаккур изҳор карда, гуфтанд, ки Ғаффор Мирзо аз хурсандӣ даҳ сол ҷавонтар шуд. Лоиқ ҳам, ки ҳузур дошт, дафъатан ба маънои шавҳарҳо ҷавон шаванд, занҳо даррав ҳис мекунанд, шӯхии намакине кард, ки ҳама хандиданд. Ҳоло ҳамон шӯхии Лоиқ ба ёди Президент расида буд.
Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои асарҳои адабиёт ду ҷоиза дошт, ки ҳар ду сол ба асарҳои назму наср дода мешуд. Банда дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ масъала гузоштам, ки барои ривоҷ бахшидани адабиёти бачагон як ҷоизаи махсус ҷудо карда шавад, ки барои ҷумҳурии мо ниҳоят зарур аст, зеро мо агар адабиёти хуби бачагонаву хонандаи хуби бача надошта бошем, фардо адабиёту хонандаи калонсол ҳам нахоҳем дошт ва зиёда аз ин, табақаи равшанфикр ҳам нахоҳем дошт. Президенти мамлакат дар ҳамон ҷо супориш доданд, ки на як, балки ду ҷоизаи дигар ҷудо карда шавад, ки иҷро шуд.
(Давом дорад)