Қиссаҳои дигари кор дар маҷалларо ба фурсати дигар вомегузорем, вале якеаш ҳоло нақл карданист. Ман, ҳамчунонки гуфтам, муовини муҳаррир будаму таҳти раисии устод Мирзо Турсунзода маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагон баргузор мешавад ва дар он ҷаласа устод мегӯянд, ки Аскар Ҳаким ба узвияти садорати ИН пешниҳод карда шавад, ба ӯ мегӯянд, ки ӯ ҳоло узви ИН несту чӣ тавр ба узвияти садорат пешниҳод мекунем? Устод дар ҳайрат мешаванд, ки чӣ тавр, охир, ӯ муовини муҳаррири маҷаллаамон, то ҳоло узв нест. Мегӯянд, ки ҳоло китобаш чоп нашудааст. Устод мегӯянд, ки ҳеҷ қисса не, мақолаҳои бисёраш чоп шудааст, аз рӯи мақолаҳояш қабул мекунем, ба маҷлиси оянда ҳуҷҷатҳояшро тайёр кунед. Баъди маҷлис устод дар назди дари бинои иттифоқ маро диданду хандида-хандида, холи гӯштии болои лабашонро молида-молида, гуфтанд, ки: – Мо ҳам имрӯз як рӯмонигарӣ кардем, мулло Аскар, ту ҳоло узви иттифоқ набудию мо туро ба узвияти садорат пешниҳод кардем, хайр ҳеҷ гап не, ба наздикӣ қабул мешавӣ. Ҳамин тариқ, банда дар ҷаласаи ояндаи Раёсат ба узвияти ИНТ пазируфта шудам. Соли 1974 буд. Ман чор сол гоҳ дар вазифаи муовини сардабир ва гоҳ дар вазифаи мушовири ИН кор кардам.

Рӯзе Аминҷон Шукӯҳӣ ба идораи «Садои Шарқ», ки ман он ҷо акнун муовини сардабир (вазифаи муҳаррир акнун сардабир шуда буд) будам, омада, ба ман гуфтанд, ки маро мудири шуъбаи маданияти КМ ҲКТ Холмурод Шарифов даъват карда буд. Гуфт: – Фикре ҳаст, ки Аскар Ҳаким ба вазифаи котибии садорати Иттифоқи нависандагон пешниҳод карда шавад, фикри шумо чист? Ман гуфтам: – Шумо медонед, ки Аскар ҳамдеҳаи ман аст ва ман бо ӯ муносибати хуб дорам, ман агар ӯро таъриф кунам, шояд ба дилатон гап ояд, ки ҳамдеҳаашро таъриф мекунад ва агар бад гӯям, дар ҳақи ӯ ҷабр мешавад, бинобар ҳамин шумо дар ин бора фикри бетарафонро пурсед, масалан, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода ва ё дигаронро. Баъд Шукӯҳӣ гуфтанд, ки ин тавр фикр пайдо шуда бошад, ба назарам, туро котиби садорат интихоб мекунанд. Ҳамин тавр, баъди он ки дар соли 1977 устод Мирзо Турсунзода даргузаш- танд, дар соли 1978 дар маҷлиси садорати ИНТ Муъмин Қаноат котиби якуми садорат, Фазлиддин Муҳаммадиев котиби садорат оид ба масъалаҳои эҷодӣ ва банда, ба ҷои устод Фотеҳ Ниёзӣ, ки ба нафақа рафтанд, котиби садорат оид ба масъалаҳои эҷодиву ташкилӣ интихоб шудем. Ман он вақт сиву ду сол доштам ва яке аз ҷавонтарин котибони садорати Иттифоқи нависандагон дар ИҶШС ба ҳисоб мерафтам. Ин вазифаи масъул фаъолияти зиёде мехост ва касро аз ҷиҳати роҳбарию ташкилотчигӣ зуд ба камол мерасонд, зеро дар он солҳо Иттифоқи нависандагони саросарии шӯравӣ ва ҳамчунин иттифоқҳои нависандагони ҷумҳуриҳои бародар хеле фаъол буданд, чорабиниҳои зиёди адабӣ мегузаронданд ва дар ҳаёти фарҳангии мамлакат нақши дурахшоне доштанд. Дар ҷумҳуриҳои шӯравӣ ҳафтаву даҳаҳои адабиёту фарҳанг, ҷаласаҳои гуногуни адабӣ, бузургдошту ҷашнҳои шоиру нависандагон баргузор мегаштанд, ки ба онҳо аз ҷумҳуриҳои дигар низ меҳмонон даъват мешуданд. Дар онҳо кас бо шоиру нависандагони бузурги кишварҳои дигар ошно мешуд, назараш ба адабиёту фарҳанг вусъат пайдо мекард, коре карда, дар ин вазифа кас аз дастоварди як мактаби калони адабӣ бархурдор мегашт.

Соли 1991 ба Иттифоқи нависандагон аз Иттифоқи нависандагони Озарбойҷон барқия-даъватнома омад, дар он гуфта мешуд, ки дар Озарбойҷон солгарди шоири бузурги озарӣ Низомии Ганҷавӣ баргузор мешавад ва ба ин муносибат барои иштирок дар он як нафар шоир ва ё тарҷумони асарҳои Низомиро ба ин ҷашн даъват менамоем. Ман ин даъватномаро хонда хандидаму аз Муъмин Қаноат хоҳиш кардам, ки маро бифиристанд. Ба Боку омадам, ба ҷашн аз Маскав ва шаҳру кишварҳои гуногун меҳмонони бисёр омада буданд. Тантанаҳои ҷашнӣ аз Ганҷа, аз зодгоҳи шоир оғоз шуд. Ҷаласаи аввали адабӣ дар ифтитоҳи осорхонаи наве, ки ба номи Низомӣ сохта буданд, баргузор гашт. Дар он ҷо ба ман сухан доданд. Ман мазмуни он даъватномаро ба ёд оварда гуфтам, ки дӯстони озарии мо аз Иттифоқи нависандагони Озарбойҷон ба назди мо вазифаи мушкил гузоштаанд, зеро мо дар интихоби тарҷумони асарҳои Низомӣ хеле мушкил доштем, чунки ҳар як тоҷике метавонад тарҷумони асарҳои ӯ бошад, зеро забони Низомӣ забони модарии ӯст. Аз байни ин қадар номзад интихоби як нафар осон нест. Вале аз вазифаам суиистифода карда, ман худ омадам, ки тарҷумони Низомӣ бошам, ба ҳамаи шумо. Аммо метарсам, ки ин масъулиятро ман ҳам ба хубӣ иҷро карда наметавонам, зеро забони Низомӣ чунон бузургу ғаниву шоирона аст, ки онро ба забони дигар пурра ифода кардан ғайриимкон аст, нубӯғи Низомиро танҳо бо забони навиштааш пурра дарк кардан мумкин аст. Пас аз ин дар бораи робитаи адабиёти тоҷику озарӣ, мазмуну муҳтавои эҷодиёти Низомӣ як миқдор сухан рондаму гуфтам, акнун мехоҳам, ки шеъри Низомӣ ба ҳамон забони асл ва модариаш, ки навиштааст, дар ин ҷо садо диҳад ва пораеро аз достони «Лайлӣ ва Маҷнун» хондам. Хеле хуш пазируфтанд, махсусан меҳмонон. Баъди вохӯрии адабӣ Татяна Стрешнева, ҳамсари Ярослав Смеляков, шоира ва тарҷумони хуб, ки аз Маскав бо як гурӯҳ адибони рус омада буд, ба ман гуфт, ки: – Аскар, ин меҳмонон аз ман, ки тарҷумон ҳастам, мепурсанд, ки Низомӣ ба тоҷикӣ навишта бошад, пас тоҷик аст? Ман гуфтам, бале, азбаски тоҷикон шоирони бузург бисёр доранд, Низомиро ба бародарони озариашон бахшидаанд.

Ҷашн чанд рӯз давом кард, ба дараҷаи аъло баргузор шуда буд, як силсила иншоотҳо, ҳайкалҳо сохта буданд, ободкориҳои бисёре шуда буд. Ҷамъбасти ҷашн бегоҳӣ дар Боку, дар боғ, зери пояи пайкараи Низомӣ сурат мегирифт. Тобистон буд, мардуми бисёре ҷамъ омада буданд. Ба меҳмонон пайи ҳам навбат медоданд, ки сухан кунанду шеър хонанд. Як дӯсти озарии шоир маро ба хонааш ба меҳмонӣ даъват мекард. Ман аз барандаи ҳамоиш пурсидам, ки навбати ман чандум аст, то вақти холӣ шуданамро ба дӯстам гӯям. Баранда рӯихатро диду номи маро пайдо накарда, гуфт, ки номи шумо дар ин ҷо нест ва якбора хиҷил шуд, зеро шоире буд, ки форсӣ хуб медонист ва дар он рӯзҳо бо ман ба форсии тоҷикӣ суҳбат мекард. Ва ҳамоно гуфт, ки ман ҳамин ҳоло номи шуморо дар байни ҳафтуму ҳаштум нафар менависам ва сухан медиҳам. Ман фақат ҳамон лаҳза дарк кардам, ки чаро дар ҳеҷ ҷои дигар ба ман сухан надода буданд, ман гумон доштам, ки бо сабаби бисёрии меҳмонҳо... маълум мешавад, ки на танҳо ба ин сабаб будааст. Маро дар лаҳза ҳиссиёти чандгунае фаро гирифт, аз як тараф, каме озурдагӣ, аз тарафи дигар, агар ҳоло ҳамин тавр аст, яъне таҳаммули шунидани сухани ҳақ нест, пас, ман ҳоло чунон сухан хоҳам гуфт ва бузургии Низомиро чунон баён хоҳам кард, ки як умр дар ёди шунавандаҳо нақш бандад. Ва ин маро водор кард, чандин карат бештар қуввати рӯҳонӣ бахшид, ки дар бораи Низомӣ ва мақоми ӯ дар шеъри башарӣ сухани пурэҳтироси шоиронае гӯям ва на бо камтар аз он эҳсосоту таассурот, ба тоҷикӣ, аз ашъори ӯ намунаҳо бихонам. Мардуми ҷамъомада, ки аз асли масъала бехабар буданд, ҳай қарсакзанӣ карданд. Баъди аз сухан фориғ  шуданам чанд нафар назди ман омада пурсиданд, ки шумо кистед? (Кто вы такой?) Ҷавоб додам, ки: (я прямой потомок Низами) ман аз авлоди бевоситаи Низомӣ ҳастам.

Баъди муддате ин ҷашн дар Маскав, дар “Большой театр” баргузор шуд, ки яке аз театрҳои мӯътабартарин ва бузургтарини ҷаҳонист. Ман бо чӣ маъмурияте дар Маскав будам ва Темур Пӯлодов, Раиси Созмони байналмилалии Иттифоқҳои нависандагон, аз ман хост, ки ба сифати меҳмон дар ҷашн иштирок кунам. Ҷашнро Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамроҳи СБИН баргузор мекард, дар он бо роҳбарии шахси аввали Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳайати калони озарӣ ширкат меварзид. Бандаро Темур Пӯлодов дар раёсати ҷаласа ҷой дод. Театр лабрези тамошобин буд. Президенти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ Михаил Горбачев ҳам бо ҳамсараш, Раиса Максимовна, омада, дар лоджия нишаста буд. Баъди сухани ифтитоҳии Темур Пӯлодов як-ду нафари дигар ҳарф заданд, ки дар толор дилгир шудани мардум ҳис шуд, зеро тамошобинони театр, ки чанд ҳазор буданд, аз шунавандаи ҷаласаҳои адабии илминамо фарқ мекарданд. Сухани ман дар барнома набуд, аммо Темур Пӯлодов ба ман гӯшакӣ кард, ки вазъиятро бубин, ба ту сухан медиҳам. Маро зарур буд, ки барои каме ҷон бахшидани ҷаласа бадоҳатан як сухани шоирона бигӯям. Ҳоло ду-се нуктаашро, мухтасаран, дар ин ҷо ба ёд меорам, ки гуфта будам: Ман дар ин ҷаласаи бошукӯҳ, дар ҳузури ҳамаи шумо, меҳмонони гиромӣ, мехоҳам, аз дилу ҷон ба сарзамине, ки шоире, ҳамчун Низомии бузургворро, ба дунё овардааст, ба табиате, ки ба ашъори ӯ рангу бӯ ва садоҳои дилнишине додааст, ба мардуме, ки ном ва ашъори ӯро дар дилу ҷони худ ҳифз карда, то имрӯз расонидааст, самимона ташаккур кунам... Зеро модар, модари мо, ҳангоми тифлиамон, сухани Низомиро бар забони мо ниҳода, сухангӯӣ ёд медиҳад ва мо аввалин бор, ки ҳушмандона сухан мегӯем, бо шеъри Низомӣ сухан гуфтанро ёд мегирем:

 

Эй чорда(ҳ)сола қурратулайн,

Болиғ назари улуми кавнайн!

Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,

Чун гул ба чаман ҳавола будӣ,

В-акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,

Чун сарв бар авҷ сар кашидӣ,

Ғ офил манишин, на вақти бозист,

Вақти ҳунар асту сарфарозист!

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз.

Ному насабат ба хурдсолист,

Насл аз шаҷари бузург холист.

Ҷое, ки бузург боядат буд,

Фарзандии ман надорадат суд.

Чун шер ба худ сипаҳшикан бош,

Фарзанди хисоли хештан бош!

Давлат талабӣ, сабаб нигаҳ дор,

Бо халқи Худо адаб нигаҳ дор!

 

Ва он гоҳ ки ба камол расида ошиқ мешавем, ҳоли дили худро ба ҳоли дили Маҷнуни ӯ, ки дар достони безаволаш – «Лайлӣ ва Маҷнун» офаридааст, қиёс карда, ба маҳбубаамон изҳори ишқ мекунем. Ва ҳангоме ҳам ки бо дунё падруд мегӯем, бо шеъри Низомӣ падруд мегӯем, ки ӯ дар сӯги дӯсти шоираш гуфтааст:

 

Ба дил гуфтам, ки Хоқонӣ дареғогӯи ман бошад,

Дареғо, ман шудам акнун дареғогӯи Хоқонӣ.

 

Ман ҳоло танҳо се лаҳзаи муҳиммтарини зиндагии инсонро, зиндагии моро, ба ёд овардам, ки бо шеъри Низомӣ оғоз мешаваду камол меёбаду ба поён мерасад, яъне ин маънои онро дорад, ки шеъри Низомӣ ҳамарӯзаву ҳамасола дар забону дар дилу ҷони мост, бо мо зиндагӣ мекунаду ба мо зиндагӣ меомӯзад... Ман намедонам, шеъри Низомӣ, дар тарҷумааш ба забонҳои дигар чӣ гуна садо медиҳад, он маъниҳои амиқ, он эҳсосоти сӯзони фарогир, он тасвирҳои зеботар аз манзараҳои воқеии табиӣ, он пиростагиву оростагии вожагонӣ чӣ гуна ба забонҳои дигар баргардон мешаванд, аммо медонам, ки барои ба ҳамон сурату сират баргардондани онҳо нубӯғи шоиронае ҳамчун Низомӣ доштан зарур аст, вагарна ин кор имкон надорад ва роҳи ягонаи ба асл расидан танҳо ба забони худи Низомӣ хондан ва шунидани ашъори ӯст. Бинобар ин, ман ҳоло ба худ иҷоза медиҳам, пораеро аз достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и шоир ба забони асл дар ин ҷо бихонам, то шумо, ҳозирини гиромӣ, то чӣ андоза шевою гуворо ва дилнишин будани забони Низомиро, забони модарии ӯро, забони халқи азизи ӯро бишнавед. Ва ин пораро аз достон хондам.

 

Лайлӣ чу ситора дар аморӣ,

Маҷнун чу фалак ба пардадорӣ.

Лайлӣ калабанд боз карда,

Маҷнун гилаҳо дароз карда.

Лайлӣ зи хурӯш чанг дар бар,

Маҷнун чу рубоб даст бар сар.

Лайлӣ на, ки субҳи гетиафрӯз,

Маҷнун на, ки шамъи хештансӯз...

Лайлӣ ба карашма зулф бар дӯш,

Маҷнун ба вафо-ш ҳалқа бар гӯш.

Лайлӣ ба сабӯҳи ҷоннавозӣ,

Маҷнун ба самои хирқабозӣ.

Лайлӣ зи дарун паранд медӯхт,

Маҷнун зи бурун сипанд месӯхт.

Лайлӣ чу гули шукуфта меруст,

Маҷнун ба гулоб дида мешуст.

Лайлӣ сари зулф шона мекард,

Маҷнун дури ашк дона мекард.

Лайлӣ маи мушкбӯй дар даст,

Маҷнун на зи май, зи бӯи май маст.

 

Ва толор чунон қарс мезад, ки баъди нишастан Темур Пӯлодов ба гӯши ман мегуфт, ки онҳо он қадар қарс мезананд, ки гӯё ба суруд хондани Муслим Магомаев. Дар танаффуси байни ҷаласа ва консерт, ҳангоми пазироии сарипоӣ – фурше, М. Горбачев, ки бо ҳамсарашу роҳбарони Озарбойҷон ва Темур Пӯлодов дар сари миз буданд, ба ман, ки дар охири миз будам, хитоб кард: – Дӯсти ҷавон (воқеан ҳам ман дар он ҷо ҷавонтарин будам), як ба назди ман биёед. Чун омадам, гуфт: –Шумо бисёр зебо шеър хондед, он ба кадом забон буд? Гуфтам: –Ба забоне, ки Низомӣ навиштааст, забони модариям, тоҷикӣ. Гуфт: –Забони модарии Низомӣ тоҷикӣ буд? Гуфтам: – Ҳамчунонки шунидед. Дар ҳайрат шуду гуфт: – Биёед, ба саломатии шумову забонатон як қултӣ бинӯшем ва ҳар ду аз паймонаи конякамон як қултӣ нӯшидем. Ман фурсатро муносиб ёфта, барои бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ, ки он вақт, дар оғоз, ҳама мафтунаш будем, ба ӯ изҳори ташаккур кардам. Вале ӯ ҷавоби аҷибе дод: – Акнун дар он подор истода тавонистан зарур аст («Теперь нужно на этом удержаться»). Намедонам, чаро ин тавр гуфт, шояд пешомадро ҳис мекард.

(Давом дорад)