Баъд аз сафари Чин дар Шӯрои Созмони байналмилалии Иттифоқҳои нависандагон, дар Маскав, баррасии манзумаи банда «Санги ман – алмос» бо иштироки шоиру нависандагон ва адабиётшиносону мунаққидони машҳури кишварҳои пасошӯравӣ баргузор гашт, ки мухтасари маводи он дар матбуоти тоҷик ба нашр расидааст. Дар он устод Расул Ҳамзатов, Темур Пӯлодов, Темур Зулфиқоров, Яков Козловский, Людмила Шипахина, Искра Денисова,  Ғулом Сахии Ғайрат, Владимир Гусев, Павел Уляшов, Ашот Сагратян ва дигарон ширкат варзида, фикру мулоҳизаҳояшонро дар бораи манзума баён карда,ба он баҳои баланд доданд. Аз ҳама хотирмонаш он буд, ки ҳангоми аз тарҷумаи манзума сухан гуфта, пораҳо хондани дӯст ман – Станислав Золоттсев, ки тарҷумони манзума, шоир ва мунаққиди номии рус буд, аҳли толор борҳо кафкӯбӣ мекарданд, ки, албатта, аломати кори хуби тарҷумон буд.

Ман бо Станислав собиқаи пешинаи ҳамкорӣ доштам, баҳори соли 1987, мо ҳамроҳ дар Душанбе, дар хонаи ман, китоби таҳқиқот ва мақолаҳои маро ба русӣ тарҷума мекардем, ки нашриёти бонуфузи шӯравӣ «Советский писател» онро бояд чоп мекард. Нисфи аввали китоб аз рисолаи номзадии банда буд, ки ба русӣ тайёр буд, мо нисфи дигарашро, ки аз чеҳраҳои адабиву мақолаҳои нақд иборат буд, ба русӣ бармегардондем. Станислав ба замми шоириаш мутахассиси забону адабиёти инглисӣ, номзади илмҳои филологӣ, адабиётшинос ва мунаққид ҳам буд. Ӯ аз ҷавониаш бо адабиёти тоҷик ҳам шавқу рағбат пайдо карда, ба тарҷумаи ашъори шоирони мо машғул мешуд ва борҳо ба ин ҷо омада буд. Ман матнро, ҷумларо, шифоҳӣ ба русӣ тарҷума мекардаму ба ӯ мегуфтам, ки акнун ту онро ба русӣ навис, ки ин ҳарф ба ӯ хеле хуш меомаду ҳар дафъа механдид. Ҳамин тариқ, мо китобро тарҷума карда шудему ба ҷустуҷӯи номи мувофиқ сар кардем, вале ҳеҷ ба як қарор омада наметавонистем, дар охир ӯ номи «Корни и крони» («Решаҳову шохаҳо») – ро пешниҳод кард. Ман гуфтам, ки манзури китобро хуб ифода мекунад, зеро пайванди шеъри имрӯзро бо классик дар назар дорад, аммо талаффузи он калимаҳои русӣ барои мани тоҷик он қадар хушоянд нест, чунки... Ӯ аввал дар ҳайрат шуд, пас хуб хандиду гуфт, ки хайр чӣ, ту ҳам дар як шеърат дар чанд мисраъ «ёбам, ёбам» мегӯӣ, мани рус ҳеҷ чиз намегӯям-ку? Пас ба ёдам омад, ки ман ба чанд вохӯриҳои шеърхониам ӯро ҳамроҳ гирифта будам ва ӯ ҳоло ба ин банди шеъри «Чу бӯе бар машоми ман бувад...» ишора мекард, ки дар он вохӯриҳо хонда будам:

 

Чу бӯе бар машоми ман бувад, бӯйи туро ёбам,

Чу рӯе пеши чашми ман бувад, рӯйи туро ёбам.

Чу аз кӯе ба кӯе мекашонад кори дунёям,

Ба ҳар кӯе, ки роҳам мебарад, кӯйи туро ёбам.

 

  Пас ман ҳам «воҳ» гӯён хандидаму гуфтам, хайр, биё, то номи дигар ёфтан ҳаминро мемонем, вале вақте китобро ба нашриёт супоридем, муҳаррир онро хонда, номи «Твортси созвучий» («Навосозон»)-ро пешниҳод кард, ки ба ҳар дуямон хуш омад ва китоб бо ҳамин ном чоп шуд, ки аз ҷониби нақди адабӣ хуш пазируфта шуд. То ҷое ки ман хабар дорам, дар «Литературная газета», ки ҳафтавори мӯътабартарини шӯравӣ буд, мақолаи мунаққиди ҷиддии рус Павел Уляшов ва дар Тоҷикистон дар «Коммунист Таджикистана» мақолаи Асия Гордон ба табъ расида буд, ки ҳар ду ҳам хеле мусбату таҳсиномез буд.

  Ман манзумаи «Санги ман – алмос» -ро сол 1996 навишта будам. Аввал онро ба бисёриҳо, шояд аз бист нафар ҳам бештар адибон додам, ки хонда фикрашонро гӯянд, ба ҷуз баъзе эродҳои ҷузъӣ, дигар ҳама фикрҳо мусбат буданд. Бо вуҷуди ин, ман онро пас аз чаҳор сол ба маҷаллаи «Садои шарқ» ба чоп додам. Тарҷумаи манзумаи «Санги ман – алмос» бо Станислав Золоттсев ҳоло кори дуюми мо буд. Манзумаро худ тарҷумаи таҳтуллафз карда будам, аввал онро ба тарҷумони машҳури рус Яков Козловский додам, ки пештар як китоби шеърҳои маро барои нашриёти «Советский писател» тарҷума карда буд. Ӯ раиси шӯрои адабиёти тоҷик дар СБИН ҳам буд. Манзумаро хонда омаду гуфт, ки ман туро бо ин манзумаи хуб табрик мекунам, мо ҳар дуямон дӯст ҳастем, ман китоби туро тарҷума кардаам, он вақт ман ҷавон будам, ҳоло пираму заиф ҳам, бинобар он, эҳсосоти гарму ҷӯшонеро, ки дар ин манзума ҳаст, ман шояд ба он дараҷаи заруриаш баргардонда натавонам, аз ин рӯ, онро ба ягон шоири хуби ҷавонтар пешниҳод кунем, ки тарҷума кунад. Агар ту ҳамин гуна кас надошта бошӣ, ман бароят ҷустуҷӯ мекунам, агар наёфтем, пас ман худам тарҷума мекунам. Аҷаб шахси масъулиятшинос ва поквиҷдоне буд. Ман номи Станислав Золоттсевро гирифтам, гуфт, ки хеле хуб, ӯ ҳам шоири хуб аст, ҳам ҳамсоли ту, ҳамаи ҳиссиёти туро дар тарҷума дода метавонад, ки воқеан ҳамин тавр ҳам шуд. Станислав тарҷумаи таҳтуллафзро хонда гуфт, ки, Аскар, агар ту нахоҳӣ ҳам, ман инро тарҷума мекунам. Пас, тарҷума кард, мо ду бор ҳамроҳ нишаста, онро дида баромадем, аз рӯи хоҳиши ман баъзе ҷойҳои онро боз кор кард. Ҳоло дар баррасӣ аз он пораҳо мехонду аз ҷониби устодони варзида истиқболи гарму ҷӯшоне медиду курта-курта гӯшт мегирифт.

  Манзумаи «Санги ман – алмос»-ро шоираи хуби худамон Нисо Ҷӯраева ҳам, ки ба ду забон – ба тоҷикӣ ва русӣ – шеър менавишт, ба русӣ тарҷума карда буд. Ӯ рӯзе ба назди ман омада гуфт, ки мехоҳад ин манзумаро ба русӣ тарҷума кунад, ман ба ӯ гуфтам, ки ҳоло ин корро Золоттсев карда истодааст, оё заҳмати ту зоеъ намешавад. Ҷавоб дод, ки, на, ман онро бевосита аз забони асл тарҷума мекунам, ӯ аз тарҷумаи таҳтуллафз, мебинем, кадомаш хубтар мебарояд. Ӯ ин корро анҷом дод, вале, мутаассифона, умраш вафо накард, чопи тарҷумаашро надид, ҷавон аз олам даргузашт. Сергей Сухоян, ки сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» буд, ҳар дуи он тарҷума – тарҷумаи Станислав Золотсев ва Нисо Ҷӯраева – ва нусхаи асли тоҷикиро ҳам дар шумораи 1-3 соли 2004 (баъди раисии ман дар Иттифоқи нависандагон) чоп карда, ба баҳси сифати тарҷума оғоз дод, вале баъзе дӯстон, аз роҳбарияти Иттифоқи нависандагон, ба ин кор монеъ шуда, варо сарзаниш карданду баҳс воқеъ нашуд. Ҳеҷ қисса не, аз мост, ки бар мост. Муҳиммаш тарҷумаи марҳума Нисо ҳам рӯи чопро дид. Равонаш шод шуд.

  Ман баъд аз дувоздаҳ соли раисиам дар Иттифоқи нависандагон, ки ду навбат интихоб шуда будам, соли 2003 фориғ  аз хидмат шудам, вале то соли 2005 муовини Раиси Маҷлиси миллӣ боқӣ мемондам. Аз ин рӯ, ман дигар ихтиёри вазифаи маошдор накардам, ҳарчанд ба ман дар Маҷлиси миллӣ ду бор вазифаи баланди маошдор пешниҳод карданд, аммо ман маъзарат хоста, ба кори эҷодии худ машғул шуданро пеш гирифтам, зеро нақшаҳое доштам, ки бояд амалӣ мекардам. Ҳамин тариқ, шаш сол ба корҳои худам машғул шудам, ки беҳтарин солҳои умрам буд. Он қадар саргарми кор будам, ки шаш сол мисли як рӯз гузашт. Китоби ашъори «Замини сабзи боварҳо», ки аз 280 саҳфа иборат буда, соли 2008 ба чоп расидааст, маҳсули ҳамин давра мебошад, ки бароям яке аз мақбултарин китобҳоям аст. Таҳрири тозаи қисмати «Дӯзах»-и «Мазҳакаи илоҳӣ»-йи Данте ҳам ба ҳамин солҳо тааллуқ дорад. Баъдан, ба ман зарур омад, ки ҳуҷҷатҳоямро барои нафақа таҳия кунам, барои он ман интихобан аз рӯи даромади панҷ соли корам бояд маълумот пешниҳод мекардам, азбаски ман дар вақташ аз нашрияҳои гуногун ва шаҳрҳои гуногун ҳаққи қалам мегирифтам, чунин маълумотро таҳия кардан даводави беҳисобе дошт, ки онро таҳаммул карда наметавонистам. Бинобар ин, соли 2009 зарур шуд, ки даъвати севуми  ғамхоронаи Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоевро бипазирам ва дар он ба сифати мудири котибот ба кор шурӯъ кунам, ки баъдан барои ду сол ҳуҷҷати даромади маблағ  дошта бошам, то ба ман аз рӯи он нафақа таъин кунанд. Дар Маҷлиси миллӣ бо рафиқони хубе – Музаффари Ашӯриён ва баъдан бо Мизроб Кабиров, ки раисони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ буданд, кор кардам. Ҳар ду ҳам ба ман хеле меҳрубон буданд, ки сипосгузори меҳрубониашон ҳастам. Вале 29 июни соли 2011 маро сактаи дил гирифт, ки пас аз он аз хидмат даст кашидан лозим омад.

  Агар қиссаро кӯтоҳ кунем, декабри ҳамон сол маро ҷарроҳии дил ва ду раги диламро иваз карданд. Аз соли 2013 ба Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ ба кор омадам, ки донишманди маъруф Акбар Турсон директори он буд. Ӯ ба ҷону ҳолам намонда, маро мудири шуъбаи адабиёти муосир ва муовини сардабири маҷаллаи илмии «Суханшиносӣ» таъйин кард. Пас аз ним сол ман мудириро тарк карда, ходими калони шуъба шудам. Кор бо Акбари Турсон, олими варзида, хушиҳои бисёр дошт, суҳбат ва баҳсҳои муфиди илмӣ мекардем, ягон вақт фурсат даст диҳад, муфассалтар хоҳам навишт. Маҳсули яке аз баҳсҳои мо мақолаи «Киштинишастагонем ё киштишикастагонем?» -и ман оид ба ғазали Ҳофиз буд. Рӯзе дар суҳбате ман ба ӯ он байти Ҳофизро хондам ва ӯ гуфт, ки ба фикри ӯ «кишитинишастагон» дуруст аст, вале ман, ки ҷонибдори «киштишикастагонем» будам, чизе нагуфтаму баъди даҳ-понздаҳ рӯз мақоларо навишта оварда додам, ки бихонад. Ӯ хонду ба ман гуфт, ки, о, дар ин ҷо ин қадар гап будааст ва дар гӯшаи мақола навишт, ки маро далелҳо қонеъ карданд, дар маҷаллаи «Суханшиносӣ» чоп карда шавад.

  Ман дар чанд соли охир машғули кори тадқиқотие будам, ки дар он вежагиҳои анвои шеъри ғиноӣ дар мисоли шеъри тоҷикии нимаи дуюми садаи ХХ баррасӣ мешуд ва онро дар ҳаҷми бештар аз панҷсад саҳфа анҷом дода, дар ҷилди севуми «Маҷмӯаи осор» -и ҳафтҷилдаи худ ба чоп расонидам. Онро ба забони русӣ тарҷума ҳам кардам. Ба замми ин, як силсила ғазал ва қариб як китоб дубайтӣ навиштам, ки онҳо ҳам аввалин бор дар ҷилди дувуми ин ҳафтҷилда нашр шуданд.

  Ҳоло мехоҳам, ба ҳамин иктифо кунам, ҳарчанд чизи навиштанӣ бисёр аст, вале умедворам, ки ман барои навиштани ҳодисаҳои дигар ҳам, ки дар байни ин воқеаҳо гузаштанд, вақти мусоид пайдо мекунам ва менависам. Алҳол, ҳамин қадар кофист.

 

Декабри соли 2014 – августи соли 2017