Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ман дар ин сафар бо дигар шоири машҳури эронӣ, Исмоили Хуӣ, ки муқими Ландан буд, низ ошно шудам. Як шом маро ба тарабхонае даъват карданд, ки дар он шоирони эронӣ шаби шеър доштанд. Вақте омадам, дар он ҷо Жола Бадеъ, Исмоили Хуӣ ва Ризо Бароҳаниро дидам. Исмоили Хуӣ дар як сумкаи чархакдор чанд нусха ҷилди якуми китоби шеърҳояшро, ки бо номи «Корномаи Исмоили Хуӣ» дар Суед (Шведсия) ба чоп расида буд, оварда буд, ки хоҳишмандон бихаранд. Ман, ки ин ҳолатро он вақт аввалин бор медидам, хеле мутаассир шуда будам. Пас аз шеърхонӣ, ки ба ман ҳам навбат доданд, мо бо Исмоил наздиктар ошно шудем, ӯ ба ман як нусха аз он «Корнома» ва китоби дигараш «Гузораи ҳазора»-ро тақдим ва ба хонааш ба «обгӯшт» даъат кард. «Обгӯшт», ин хомшӯрбои мо будааст, ҳар рӯзи шанбе, Исмоил, ки танҳо мезистааст, хомшӯрбо меандохтаасту ҳар шоире, ки шеър хондан хоҳад, ба хонаи ӯ омада, шеърхонӣ мекардаасту аз он хомшӯрбо мехӯрдааст.
Ман ҳамроҳи Боқир Муин ба он «обгӯшт» омадам, чанд нафари дигар ҳам омаданд, суҳбату шеърхонии хубе шуд. Исмоил хеле фақирона мезист ва, мисли ин ки, парвое ҳам аз он ҳолаш надошт. Тамоми рӯз дар як дасташ кружка, ҷоми калони оби ҷав буд, ки онро лаҳзае ҷое намегузошт ва ҳар дам аз он кам-кам менӯшид. Инсони бисёр самимӣ ва пурмуҳаббату меҳрубоне буд. Ӯ ба замми шоириаш доктори илми фалсафа ҳам буд.
Ман бо Жола Бадеъ, ки дар Тоҷикистон борҳо будаасту китобҳои шеъраш дар ин ҷо нашр шудааст, шиносоии қаблӣ доштам ва эҷодиёту шахсияташро ниҳоят дӯст медоштаму арҷ мегузоштам. Ӯ барои ман яке аз беҳтарин шоирони маҳбуб буд, ошиқи шеърҳояш будам. Ёдам меояд, ки боре мо, ману Бозор Собир, Жола Бадеъро барои хӯроки нисфирӯзӣ ба тарабхонаи Тоҷикистон даъват кардему раҳораҳ барояш шеърҳояшро мехондем. Хеле хуш шуда буд. Дар тарабхона мурғ- бирён фармудем. Чун мурғбирёнро оварданд, Бозор Собир мо мурғбирёнро бо даст мехӯрем, гуфту ба хӯрдан сар кард, Жола табассуми малеҳе карду ҳар кас чӣ тавре тавонад, гуфту онро то охир бо корду чангак истеъмол намуд. Ӯ, ки аз оилаи ашроф буд, ба ин одат гирифта буд. Аммо дар муносибат бо одамон ҳамеша ниҳоят ҳалим, меҳрубон, боназокат, хотирнигоҳдор ва бо ҳама баробар буд, ки равонаш шод бод.
Ӯ аз ин дидор хеле хушнуд шуда, маро ба тарабхона ба меҳмонӣ даъват кард, ки дар он писараш сарояндагӣ мекардааст. Маро ба он ҷо ходими радиои Би-Би-Си Маъсумаи Турфа бурд. Вақте писари Жола мехонд, Жола ба мо гуфт, ки шумо ҷавонед, агар дилатон мехоҳад, бихезед, бирақсед, мо он шаб ҳамроҳи Маъсумаи Турфа хуб рақсидем. Жола ба ман навори шеърҳояшро, ки худ хонда буду писараш бо мусиқӣ ороста буд, барои хотира дод. Аз он сафари Ландан як воқеаи дигар низ нақл карданист. Яке аз додарарӯсони ман бисёр ҳам шавқи ҳофизӣ дошт ва аз ман хоҳиш карда буд, ки барояш синтезатор биёрам, он вақт он чиз дар ин ҷо ноёб буд. Мо ҳамроҳи Маъсумаи Турфа аз дӯкони як турк синтезаторро бо адаптораш, ки қувваи барқро ба он мувофиқ карда медиҳад, харидем. Фурӯшандаи турк ҳардуро санҷид, кор мекард. Ба хона оварда кор фармуданӣ шудам, кор накард. Ба Маъсума гуфтам, ӯ дар ҳайрат шуду ба Жола телефон кард. Ӯ гуфт, ки хонаи мо биёред, писарам ин чизҳоро хуб мефаҳмад. Бурдем, писараш санҷиду гуфт, ки адаптораш кор намекунад. Маъсума ниҳоят дар ғазаб шуду гуфт, рафтем дӯкон, ман ҳоло падари онҳоро дармеёрам, ба таъбири тоҷикӣ, онаи зорашона нишон медиҳам. Мо ба онҳо гуфта будем, ки асбобро ба хориҷ, ба Тоҷикистон мебарем. Маълум мешавад, ки дар вақти додан онҳо ба мо адаптори вайронро додаанд. Вақте ба дӯкон рафтем, Маъсума тамоми қаҳру ғазабашро ба сари онҳо фурӯ рехт, ҳар ду чизи харидаамонро ба пешашон партофту пулҳоро пас гирифт ва мо баъд он чизҳоро аз дӯкони ҳиндиҳо харидем.
Ландан шаҳри нодирест, як Музеи вай, бо он ҳама осори бостонии гаронбаҳои таърихиву фарҳангӣ, ки инглисҳо аз тамоми дунё ҷамъ овардаанд, қимате дорад, ки ба ҳеҷ меъёр андоза карда намешавад. Он аз ҷиҳати вуруди тамошибин дар ҷаҳон, пас аз Луври Порис, дар ҷои дуюм меистад, ки дар сол аз он тақрибан то ҳафт миллион нафар дидан мекунанд. Дар Боғи калони Ландан, ки наздики маҳалли зисти маликаи инглис мебошад, ҷои махсусе ҳаст, ки ба он ҳар кас хоҳад, омада, ҳар касро, соҳибмансабонро ҳам, бо овози баланд, ҳар қадар дашному таҳқир карда, дилашро холӣ кунад, муҷозот намешавад. Онро маъмулан ҷои “девонаҳо” меноманд.
Ҳамчунонки болотар гуфта будам, ман баъди раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуданам Гулназарро сармуҳаррири ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» тасдиқ кунонида будам. Ӯ шоир, рӯзноманигор ва сармуҳаррири хуб ҳам буд. Мутаассифона, баъдҳо вазъияти сиёсии кишвар бад шудан, ки гирифт, сол ба сол ҳоли ҳафтавор ҳам хароб мешуд, дигар аз он сад ҳазор обуначиву шуҳрати пешинаи ҳафтавор чизе намонда буд. Он панҷсад нусха чоп ва дар ҳудуди иттифоқ паҳн мешуду тамом. Ҳафтавор дар ҳоли аз байн рафтан буд. Ба ман аз вазъи ҳафтавор бисёр нависандагон шикоят мекарданд, ки дуруст ҳам буд, зеро аввалҳо асарҳои онҳоро аз ҳафтавор беш сад ҳазор хонанда мехонд, ҳоло хонандаи онҳо аз байн рафта буд. Ба сармуҳарририи он акнун касе даркор буд, ки дар вазъияти иқтисоди бозору муносибатҳои мураккаби тиҷоратӣ кор ва ҳафтаворро аз нав зинда карда тавонад. Ҳабибуллои Нозирӣ, ки дар Бюрои тар-
ғиби адабиёт кор мекард, ҳамин гуна қобилият дошт. Ман ба ӯ пешниҳод кардам, ки сармуҳаррир бошаду ҷиҳати иқтисодиву молӣ ва ба Гулназар гуфтам, ки ҷиҳати эҷодии онро ба роҳбарӣ гирад. Мутаассифона, Гулназар розӣ нашуд ва ба ман зарур омад, ки худи Нозириро таъийн кунам. Нозирӣ дар давоми ду ҳафта забони кормандони ҳукуматро ёфта, маблағ рӯёнда тавонист ва ҳафтаворро бо маслиҳати ман чор ҳазор нусха нашр кард, аз охирин шумораи он ҳашт маротиба зиёдтар ва ба паҳнкунандагони матбуот бепул дод, ки ба хонандагон фурӯхта пулашро худ гиранд, зеро онҳо пештар ҳафтаворро барои фурӯш намегирифта, мегуфтанд, ки харидор надорад. Гуфтам, ки ба ҳамаи донишгоҳҳои пойтахт бурда, ройгон тақсим кун, ки онҳо аз нав хонандаи ҳафтавор шаванд. Ҳамин тариқ, чор-панҷ шумораро ба ҳамин теъдод нашру ройгон тақсим карда, хонанда ҷалб намуд. Маблағи рӯёндааш он қадар ҳам зиёд набуд, маслиҳат додам, ки акнун ду ҳазор нусха нашр кун, дар ин муддат каму беш хонанда пайдо кардӣ, ин тараф худаш оҳиста-оҳиста зиёд мешавад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳатто дар ин давра як бор аз ман барои чопи ҳафтавор маблағи шахсӣ қарз гирифта, баъди як солаш баргардонд, зеро солҳои душвори молию иқтисодӣ буд.
(Давом дорад)