Ман танҳо як маротиба, бори аввал, соли 1976, ба хориҷ, ба Австрия, ҳамчун сайёҳ дар ҳайати ҳунармандони шӯравӣ сафар кардаам, дигар ҳамаи сафарҳоям бо даъвати созмонҳои адабиву фарҳангии хориҷӣ, ё аз тарафи Иттифоқи нависандагони саросарии шӯравӣ ё аз ҷумҳурии худамон ба сифати роҳбари ҳайатҳои адабиву фарҳангӣ будааст, яъне ман ҳамеша ҳамчун адиб сафар доштаам ва аз адабу фарҳанги тоҷик суҳбат кардаам ва бо аҳли адаби он кишварҳо ошно гаштаам. Албатта, ба ҷуз аз сафарҳои расмӣ, ки ҳангоми муовини Раиси Маҷлиси миллӣ буданам иттифоқ меафтод.

Соли 2000-ум дар ҷумҳурӣ парламенти думаҷлиса таъсис шуд, ки аз Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ иборат буда, ҳар ду Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медоданд. Банда он вақт раиси Иттифоқи нависандагон будам. Президенти мамлакат барои таъйин кардани узви Маҷлиси миллӣ шаш квота (имтиёз) дошт, ки ба яки он бандаро таъйин кард ва дар ҷаласаи аввали Маҷлиси миллӣ маро муовини Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб карданд. Банда ҳамзамон вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳам будам. Ҳамаи аъзои Маҷлиси миллӣ дар вазифаҳои пешинаашон монда, ҳамчун узви Маҷлиси миллӣ ҳам фаъолият мекарданд. Аз ин рӯ, ман аз роҳи Маҷлиси миллӣ сафарҳои хориҷӣ доштам. Дар онҳо ман ба сифати яке аз мансабдорони давлати тоҷик буда, вазифаи расмии давлатиро ба ҷо меовардам. Яке аз чунин сафарҳои ман ба ҳамоиши сарварони парламентҳои кишварҳои осиёӣ ба кишвари Филиппин буд, ки ба масъалаи ҳамкориии судманди парламентҳо бахшида шуда буд. Ман дар он иштирок ва суханронӣ кардам. Баъд аз кори ҳамоиш ҳайати парламентҳоро президенти давлати Филиппин улёҳазрат Глория Арроё ба ҳузур пазируфт. Дар он қабул аз ман хоҳиш карданд, ки аз номи меҳмонон сухан гӯям. Ман як сухани мухтасари нимсиёсиву нимшоирона оид ба мақоми занони сарвар гуфтам. Аз он сафар банда бо ордени «Зафар»-и давлати Филиппин баргаштам, он орден чунон калон аст, ки бо тасмача ба гардан меовезанд.

Ба ман ду бор сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин иттифоқ афтод, ки яке аз роҳи парламент ва дигаре аз роҳи Созмони байналмилалии Иттифоқҳои нависандагон. Сафар аз роҳи парламент ниҳоят мухтасар буд, рӯзи парвози тайёраҳо ҳамин гуна буд, ки ман бегоҳ ба Пекин расидаму рӯзи дигар дар ҷаласа иштирок карда, пагоҳаш баргаштам. Аз он танҳо як чиз нақл карданист. Чун аз ҷаласа фориғ  шудем, сафирамон дар Чин Худойбердӣ Холиқназаров, ки маро ҳамроҳӣ мекард, гуфт, шояд пеш аз баргашт фурӯшгоҳ рафтанӣ ҳастед, ки савғотие бо худ бибаред. Гуфтам, бад намешавад, гуфт дар он ҳолат ман шуморо мебарам, зеро чиниҳо дар бозор савдои аҷибе доранд, диданд, ки хориҷӣ ҳастед, нархро даҳ-понздаҳ маротиба боло мебаранд. Рафтем, воқеан ҳам ҳамин тавр шуд, фурӯшанда, ки нархро чанд баробар боло мебаровард, Худойбердӣ мегуфт, ки ин гапҳоро мон, мо вақти кам дорем ва ман чанд сол боз дар ин ҷо кор мекунам, ҳам нархро медонаму ҳам одати шуморо ва нархро якбора даҳ-понздаҳ маротиба поинтар мефуровард, фурӯшанда ҳам намеранҷиду нархи аз аввала гуфтааш каме поинтарро мегуфт ва ҳамин тариқ савдо сар мешуду дар охир ба нархи чанд маротиба поинтар розӣ мешуд. Воқеан бозори шарқӣ ҷои гапу савдост.

Сафари пешинаи ман дар ҳайати адибон, аз Маскав буд, ки ба он котиби иҷроияи СБИН Темур Пӯлодов, нависандаи русзабони тоҷики бухороии ӯзбекистонӣ роҳбарӣ мекард. Мо чор нафар адиб будем. Ду нафари дигар – яке роҳбари бахши карелиягии СБИН, дигар аз Созмони нависандагони Маскав буд. Манзури сафарамон барқарор кардани робитаҳои бештари адабӣ байни адибони кишварҳоямон буд, ки ба ин хотир бо роҳбарони Созмони нависандагони Чин мулоқот ва дар муассисаҳои адабиву фарҳангӣ вохӯриҳо гузаронидем. СБИН барои буду боши ҳайат маблағи хубе ҷудо карда буд, ба мо дар меҳмонхонаи гаронбаҳо ҷо гирифта буданд. Ҳангоми хӯроки нисфирӯзиву шом дар ресторани меҳмонхона ба рӯи мизи давраи ду қабатаи болояш даврзананда, дар табақчаҳои хурду пиёлаҳо, бе муҳобо, шояд сӣ-чиҳил хел хӯрданӣ мегузоштанд, ки касро ба ҳайрат меовард. Миз, ки калон аст, дасти дар ин тарафи миз нишаста ба он тараф намерасад, бинобар он, ӯ қабати болои мизро давр мезанонад ва хӯроки мехостааш ба пеши ӯ меояд. Воқеан ҳам чиниҳо аз ҷиҳати миқдори гуногунии анвои хӯрок дар ҷаҳон дар ҷои аввал ҳастанд. Мо аз ин хӯрокҳои гуногун кам-кам мечашидем, як навъи мисли ҳасиб гушти сурхи зебое буд, пурсидем, ки гӯшти чист, пешхизмат гуфт, ки мор. Ду нафари русамон, о, ин хеле бомазаву барои саломатӣ фоиданок  аст, гӯён, ба табақчаашон гирифтанду ба хӯрдан сар карданд, ман ҳам худро далер нишон дода, аз он ба табақчаам гирифтам, аммо барои ба даҳон бурдан далериам нарасид. Темур Пӯлодов ҳеҷ чизи ношиносро ба даҳон намегирифт. Баъди ду-се рӯз ӯ ба роҳбаладамон гуфт, ки ман аз ин хел хӯрокҳо намехӯрам, гуй, ки ба ман тушбера биёрад. Роҳбалад гуфт, ки ин ресторани қиматбаҳост, дар ин ҷо тушбера намешавад, тушбера дар ошхонаҳои арзони кӯча ҳаст. Гуфт, ки моро он ҷо бибар. Роҳбалад моро ба он тарафи меҳмонхонаамон, ба як ошхона бурд, ки шом бихӯрем. Чун сари миз нишастем, роҳбалад таомномаро хонду ба Темур пешниҳод кард, ки тушбераи гӯшти хар мехоҳед? Якбора ҷони Темур баромаду ба ман ба тоҷикӣ гуфт, ки ин чӣ, маро масхара мекунад? Гуфтам, Темурака, ҳеҷ масхара намекунад, шумо хуб медонед, ки чиноиҳо гӯшти ҳамаи навъи ҳайвонотро мехӯранд, ин аз куҷо медонад, ки мо харро намехӯрем, асабӣ нашавед, ман мегӯям, ки гӯшти говашро биёрад, тамом. Оё латифаро дар ин бора намедонед: чиноиҳо аз хазандаҳо ба ҷуз танк, аз парандаҳо ба ҷуз самолёт, аз шиноварҳо ба ҷуз киштии атомии зериобӣ, дигар ҳама чизро мехӯранд.

Чин, бешубҳа, кишвари афсонавист. Ҳангоми шомхӯриамон дар ресторан чанд навозанда дар пеши мизи мо чунон оҳангҳои дилнишини чинӣ менавохтанд, ки касро гӯшнавозии онҳо тамом ба ҳайрат мегузошт. Ё наққошиҳои онҳо чунон зебову нозук аст, ки назир надорад. Қасрҳои қадимии императорҳояшон чунон бузургу доманфароху боҳашамат аст, ки чандин гектарро ташкил медиҳад. Аз девори Чин ҷои сухан нест, ки яке аз муъҷизоти олам аст. Субҳ – ҳангоми корравӣ ва бегоҳ – ҳангоми корбаро кӯчаҳои фарохи Пекин намуди аҷибе мегиранд, дар он дар баробари мошинҳо ҳазорон-ҳазор велосипедрон меравад. Саҳар дар майдонҳои махсус аз радио мусиқӣ садо медиҳад, ки дар зери он пиру барно варзиш мекунанд, баъзе миёнсолону солхӯрдагон дар даст шамшер ҳам доранд. Ман як субҳ дар атрофи меҳмонхонаамон, ки медавидам, ин манзараро худ дидаам.

Дар ошёнаи якуми меҳмонхонаамон, дар назди дари даромад, қаҳвахонае буд, ман ба даруни он даромада дидам, ки даҳ-дувоздаҳ нафар духтари ҳамсиннусоли ҷавон бо либосҳои якхела рост истодаанд, аз роҳбалад пурсидам, ки онҳо кистанд ва чӣ кор мекунанд? Гуфт, ки онҳо ҳамсуҳбат ном доранд, агар касе майл дошта бошад, яке аз онҳоро ба ресторан даъват мекунад ва духтар ӯро ҳамроҳӣ карда, ҳамсуҳбат мешавад, ки танҳоӣ накашад. Онҳо асосан духтарони деҳот ҳастанд, ки нав ба Пекин омадаанд ва ҳоло машғулияташон ҳамин аст.

Дар Чин ҳамзистии мусолиматомези осори бостон бо навтарин дастовардҳои замон хеле хуб ба мушоҳида мерасад, дар як тараф осори чандҳазорсола, ба монанди қабристони бузургу бемонанде, ки аз зери теппаи регзоре дар пойтахти қадимии Чин, шаҳри Сиан, пайдо шудааст. Баъди фавти императоре чанд ҳазор пайкараи низомиёни аспсаворро бо силоҳҳои ҷангияшон сохта, онҳоро дар он ҷо ҳамроҳи ӯ гӯронидаанд, ки дар он дунё ба ӯ хидмат кунанд. Ва ҳамаи он ҳоло аз зери рег пайдо карда шуда, он ҷо ба осорхона табдил дода шудааст. Ва дар дигар тараф биноҳои осмонхароши замонавӣ, ки бо тозатарин дастовардҳои илму техник сохта, муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Дар даврони бостон дар Чин паҳн шудани оини Будо ҳам бесабаб набуд, зеро заминаи он дар зиндагии мардум кайҳо пайдо шуда, дар таълимоти файласуфони қадими чиноӣ шакл гирифта тарғиб мешуд. Ҳатто ривояте ҳаст, ки файласуфи чиноӣ Лао-тсзи, ки асосгузори даосизм мебошад, гӯё ба ғарб рафта, то Ҳинд расид ва дар он ҷо таълимоти худро интишор дод ва ному таълимоти ӯ баъдан бо номи Будо боз ба Чин баргашта, густариш ёфт. Ба замми он, дар он замон дар Чин омӯзаҳои файласуфон Конфутсий, Мао Тсзи ба ҷараёнҳои мазҳабӣ табдил ёфта, қишрҳои гуногуни ҷомеаро фаро гирифта буданд. Зиндагии чиниёни бостон таҳкурсиҳои хеле мустаҳками маънавӣ дошт, ки баъдан кишварҳои дигар онро иқтибос карданд. Осори ин маънавиёти ғанӣ ва қадим дар Чин дар сари ҳар қадам дидаву эҳсос мешавад.

(Давом дорад)