Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
Ман дар ин ҷо аз воқеаҳои солҳои навад, гирдиҳамоиҳо, ҷанги шаҳрвандӣ нақл накарда, онро барои як вақти дигар вогузор мекунам, вале яке аз онҳоро мухтасаран ҳикоят мекунам, ки ба таъсири сухан тааллуқ мегирад. Нимаи аввали соли 1996 буд. Банда раиси Иттифоқи нависандагон будам. Вақте бегоҳ аз кор ба хона омадам, ҳамсарам гуфт, ки имрӯз ба наздам яке аз шиносҳоям омада, хоҳиш кард, ки ӯро ба назди фолбинзани маҳаллаамон барам, ки қобилияти хуби пешгӯӣ дорад. Ман ӯро бурдаму гуфтам, ки шавҳари маро ҳам фол бин-чӣ. Ман гуфтам, ҳеҷ кори дигар надорӣ, ки ба ҳамин корҳо машғул мешавӣ? Гуфт, ки ман худ нарафтаам, маро шиносам хоҳиш кард, ки ба хонаи ӯ барам, вақте ки рафтам, хайр, гуфтам, шуморо ҳам фол бинад. Фолбин гуфт, ки роҳ мебинам, шавҳарат имрӯз ё пагоҳ ба сафар меравад. Хандидаму гуфтам, хуб, ана имрӯз қариб гузашт, фардоро мебинем. Тақрибан баъди якуним-ду соат, соатҳои ҳашти бегоҳ буд, ки аз дастгоҳи сарвазир телефон карда гуфтанд, ки дар Хуҷанд гирдиҳамоӣ ташкил шудааст, Президенти кишвар дар сафар ҳастанд, аз он ҷо телефонӣ супориш доданд, ки роҳбарони бонуфузро, ки аз вилояти Суғд мебошанд, ба он ҷо фиристем, ки рафта бо мардум суҳбат карда вазъиятро ба эътидол оваранд. Омода шавед, баъди ним соат мошин меравад, шумо се нафар – Шавкат Исмоилов вазири адлия, Аҳад Нурматов вазири саноати сабукро ба фурудгоҳ мебарад, тайёра тайёр, соати нуҳ ба Хуҷанд мепаред. Ҳамсарам, ба маънои ана дидед, ба ман нигоҳе карду сомони сафарро тайёр намуд.
Мо ба тайёра савор шудем, он аз ҳарбиёни таъйиноти махсуси мусаллаҳ пур буд, мо танҳо се нафар ғайринизомӣ будем. Ба Хуҷанд омада, рӯзи дигар дидем, ки ба ғайр аз мо боз тақрибан даҳ-понздаҳ нафари дигари суғдиён аз Душанбе ба ин ҷо омада будаанд. Аз ҷумла устод Муҳаммад Осимӣ, Ибодат Раҳимова, Амирқул Азимов, Рафиқа Мӯсоева, Гулҷаҳон Бобосодиқова ва дигарон. Саҳни ҳавлии мақомоти иҷроияи вилоят пур аз гирдиҳамомадагон буд, ки хаймаҳо ҳам зада буданд, қисме шаб он ҷо мемонданду қисми дигар шаб рафта, субҳ меомаданд ва майдонро боз пур мекарданд. Роҳбарашон Муъминҷон ном ҷавоне буд, мегуфтанд, онҳо чанд нафар бародаронанд, ки соҳибони бозори Панҷшанбе мебошанд. Аз тарафи ҳукумат сардори Гвардияи президент бо ҳайати мусаллаҳаш ҳозир буд. Гирдиҳамомадагон талаботе доштанд, ки аз 17 модда иборат буд. Мо як-ду рӯз оид ба он моддаҳо гуфтушунид кардем, аммо ба мувофиқа нарасидем, зеро баъзеи он моддаҳо зидди қонунҳои мавҷуда буданд, масалан, талаб карда мешуд, ки додситони вилоят аз худи вилояти Суғд бошад, ки он ба қонуни додситонии мамлакат мухолиф буд. Вазъият соат ба соат пуршиддаттар мешуд, танҳо як садои тир кофӣ буд, ки ҷангу хунрезӣ ва талаву тороҷ оғоз шавад. Ниҳоят ба қароре расидем, ки дар майдон бо худи гирдиҳамомадагон бевосита гуфтугӯ кунем. Соат тақрибан ҳашти бегоҳ буд. Ҳамаи ҳайат ба саҳни ҳукумати вилоят баромадем, майдон пуропури мардум буд, аз тарафи даромадгоҳи ҳукумат мизу баландгӯяк гузошта буданд. Раиси вилояти Суғд Қосимҷон Қосимов аз тариқи баландгӯяк эълон кард, ки як ҳайати бонуфуз аз пойтахти кишвар омадааст, ки бо шумо суҳбат кунад. Ҳоло сухан ба устод Муҳаммад Осимӣ. Устод Осимӣ баландгӯякро гирифта як ҷумла ҳам нагуфта буданд, ки гирдиҳамомадагон бо садои кафкӯбӣ суханашонро хомӯш карданд. Имкони давом додани сухан набуд. Қосимҷон Қосимов суханро ба Шавкат Исмоилов дод. Гирдиҳамомадагон пас як ҷумла сухани ӯро ҳам бо кафкӯбӣ қатъ карданд. Мисли ин ки пас аз он ба Амирқул Азимов сухан дода шуд, ки ӯро ҳам пас аз як ҷумла хомӯш карданд. Раиси вилоят дигар намедонист, чӣ кор кунад, ба ман муроҷиат кард, ки шумо як шеър хонед, набошад, ҳозир парон-парон сар мешавад. Ман гуфтам, ки инҳо гапи устод Осимиро гӯш накарданду шеър гӯш мекунанд, оё ҳоло вақти шеърхонӣ аст. Ӯ гуфт, ман намедонам, ягон коре кунед, ки ҷанг сар нашавад, фақат зудтар. Ман ҳар чӣ бодо бод, гӯён баландгӯякро гирифтаму гуфтам, ки ман ҳоло ба шумо дар бораи шаҳрамон, ватанамон шеъре мехонам ва шурӯъ кардам ба хондан. Кафкӯбиро барои хомӯш кардани ман ҳам сар карданд, чанд нафар шеър даркор нест гӯён фарёд ҳам заданд, вале маро на ҳисси таслим, балки ғазаб фаро гирифт, ки ҳамин шояд чанд нафар мехоҳад даҳони маро бандад, ман ҳоло ба онҳо нишон медиҳам, гуфтаму баландгӯякро ба даҳонам тамоман наздик оварда, бо тамоми овоз давоми шеърро хондан гирифтам. Онҳо каф мезаданду ман мехондам, азбаски садои ман ба воситаи баландгӯяк паҳн мешуд, аз кафкӯбии онҳо баландтар буда, онҳоро пахш мекард. Баъд аз се-чаҳор мисраъ хондан онҳо кафкӯбиро кам-кам бас карданд. Ҳамин тариқ, ман шеъри «Хоки Ватан»-ро то охир хондам:
Гар ватан бошад якеро соҳили дарёву рӯд,
Дигаре дорад ватан дар домани дашти кабуд.
Ҳар касе дорад ватан, дорад ғами буду набуд,
Беватан он кас, ки бошад фориғ аз ёди ватан.
Рӯзи одам хубу бад оё ба олам нагзарад?
Бигзарад, аммо ба мисли рӯзи одам нагзарад.
Рӯзи одам беватан, бигзор, як дам нагзарад,
Дар ғаму шодӣ биҷӯяд хотири шоди ватан.
Гарчи мерос аст марги волидайни меҳрубон,
Теғи алмос аст моро мурдани фарзанди ҷон,
Ҳасрату доғи ватан садчанд аз ин бошад гарон,
Кас набинад дарду доғу рӯзи ношоди ватан.
Хоки одамро, ки шӯриданд бо хоки ватан,
То абад аз ӯ намегардад ҷудо хоки ватан.
Пур шавад рӯзаш, кашад сӯяш варо хоки ватан,
Баски ҳаст ӯ з-обу хоку оташу боди ватан.
Вақте хондани шеърро тамом кардам, майдон ором шуда буд, пас сухани худро оғоз кардам, азбаски ҳам ғазаболуду ҳам дар ҳаяҷон будам, суханам ниҳоят пурэҳтирос буд. Аз ҷиҳати дигар, ҳис мекардам, ки ҳоло дар ҳамин ҷо қисмати ояндаи на танҳо ин мардуми гирдомада, балки ҳазорҳо нафари дигар, аз ҷумла, худи ман ва фарзандони ман ҳам, ҳал шуданаш мумкин аст. Бинобар ин, ман тақрибан бист-бисту панҷ дақиқа аз таърихи пуршарафи мардуми Хуҷанд, аз мақоми Оли хуҷандиҳо дар акнофи олам, аз суннатҳои асили мардумии онҳо, аз вазъи имрӯз, аз моҳияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва якпорчагии кишвар, ки ояндаи на танҳо мо, балки фарзандони моро муайян хоҳад кард, аз он ки ҳоло дар ҳамин майдон қисмати фардои мо сурат мегирад ва ҳар яки мо масъулияти онро бояд ба хубӣ дарк кунем, то насли фардоямон аз мо ифтихор дошта бошад, ки барояш Ватани комилу якпорчаро мерос гузоштем, сухан гуфтам. Дар ин байн гилаи худро ҳам кардам, ки ман дар саҳнаҳои хеле кишварҳои дунё шеърхонӣ кардаам, аммо аввалин бор дар умрам дар шаҳри худам маро шунидан нахоста, хомӯш карданӣ шуданд, ҳеҷ қисса не, агар дар бари шумо нагунҷем, мисли Хоҷа Камоли бузургвор ба ягон ҷои дигар рафта мемирем.
Чун ҳарфамро тамом кардам, майдон хомӯш буд, ман хомӯшӣ аломати ризоят гуфтаму ба Муъминҷон муроҷиат кардам, ки ба паси миз биёяду ба суратмаҷлис, бо ҳазфи моддаҳои қабулнашаванда, аз номи гирдиҳамомадагон имзо кунад ва аз онҳо хоҳиш намояд, ки майдонро тарк кунанд. Азбаски мардум дигар изҳори норизоӣ намекарданд, ӯ ин талабро иҷро кард. Суратмаҷлис имзо шуд, ӯ аз гирдиҳамомадагон хоҳиши тарки майдон кард ва онҳо майдонро холӣ карданд.
Ҳайати аз Душанбе рафта маро оғӯш-оғӯшу бӯсаборон мекард, чунки ин ҳодиса ба қисмати ҳар яки онҳо ҳам тааллуқ дошт. Мо ба Душанбе баргаштем. Баъди ду-се рӯз моро ба маҷлиси Президенти кишвар даъват карданд, ман ҳам омада дар қатори охири толор нишаста будам. Президент ба толор ворид шуданду ба ҷояшон нишаста, устод Муҳаммад Осимиро ба боло даъват карданд. Пас ба толор нигаристанду пурсиданд, ки Аскар Ҳаким ҳастанд? Ман аз ҷоям бархостам, ин ҷо биёед, гуфтанду ба паҳлуяшон ишорат карданд. Ман боло баромадаму ба устод Осимӣ гӯшакӣ кардам, ки шумо ба он ҷо гузаред, устод гуфтанд, ки, на, туро гуфтанд. Ба паҳлуи Президент нишастам. Президент дар бораи гирдиҳамоӣ маълумоти мукаммал доштанд, ҳамаи воқеаро медонистанд, мисли он ки аз навор дида бошанд. Дар бораи хатарҳои оқибати он гирдиҳамоӣ муфассал сухан ронда, пас ба ман муроҷиат карда, гуфтанд, ки шумо он гирдиҳамоиро ба анҷоми нек, маслиҳат ва сулҳу салоҳ оварда, барои амният, осудагии мардум, якпорчагӣ ва ояндаи кишвар хидмати бузурге кардед, ба шумо ташаккури самимии худро изҳор менамоям. Ин қадршиносии хеле бузургтаре буд, нисбат ба он коре, ки аз банда ба амал омада буд.
Вобаста ба ин ҳодиса чизи дигар ҳам ба ёди ман мондааст. Ман шояд пас аз як сол ба чӣ коре ба Хуҷанд омада будам ва аз назди китобхонаи вилоятӣ мегузаштам, ки марде ба ман салом доду як дақиқа таваққуфи маро хоҳиш кард, истодам. Ӯ гуфт, ки ман рассом ҳастам, дар он гирдиҳамоии порсола будам, суханронии шуморо шунидам ва ба чашми худ дидам, ки сухан нисбат ба тиру туфанг чандин баробар пурқудраттар будааст. Мани рассом ҳам аз он рӯз таслими сухан гаштам.
Ман, ки дар умри худ дар дохили кишвар ва дар хориҷ аз он дар маҳфилу ҷаласаҳои хурду бузурги гуногуне суханронӣ ва шеърхониҳои бисёре доштам, малакае дар ин соҳа пайдо карда будам, аммо он суханронӣ дар гирдиҳамоии Хуҷанд бесобиқа ва масъулиятноктарин буд, ки сабабҳояшро ҳам болотар зикр кардам. Ҳарчанд он шифоҳӣ ва бадеҳӣ буд, ҳоло ҳам қариб комилан дар ёдам ҳаст.
(Давом дорад)