Ман дар солҳои донишҷӯиям бо матбуот ва махсусан, бо радио ва телевизион бештар ҳамкорӣ мекардам, ки ба ман аз ду ҷиҳат манфиатнок буд, ҳам ба таъмини рӯзгори донишҷӯиям мадад мешуд, ҳам таҷрибаи навиштану таҳрир меандӯхтам. Бинобар ин, ҳангоми хатми донишгоҳ Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ба ман барои кор даъватнома дод ва маро ба шуъбаи барномаҳои ҷавонии радио, ки сармуҳаррири он Тоҷинисо Ғафурова, хоҳари Бобоҷон Ғ афуров, хонуми бисёр ботамкин ва меҳрубоне буданд, ба кор қабул карданд. Ман то моҳи декабр дар ин шуъба ба сифати муҳаррир кор кардам ва аз он ҷо ба хидмати ҳарбӣ даъват шудам. Хидмати ҳарбии ман, ки аз як сол иборат буд (он вақт баъди хатми донишгоҳ хидмат як сол буд), дар шаҳри Слоними вилояти Гроднои Ҷумҳурии Белоруссия, дар қисми тонкӣ гузашт, ки он ҳам қиссаҳои худро дорад, ки ҳикояташро ба як мавриди муносиби дигар вомегузорем.

Баъди хидмат ба ҷои аввалаи корам баргаштам. Рӯзе, пас аз се-чаҳор моҳ, дар кӯча ба устод Ҳусейнзода вохӯрдам, устод бо оҳанги як андоза писхандомез гуфтанд:

– Ҳоло ҳам гапнависак бардошта гаштӣ?

Он замон кормандони радио репортер доштанд, ки ҳаҷмаш калон буд ва бисёриҳо онро ба китф овехта мегаштанд.

– Биё, ба кафедраи ман ба аспирантура дохил шав! – ҷавоби маро мунтазир нашуда, давом доданд устод. – Ба шуъбаи аспирантураи донишгоҳ рафта, шарту шароиташро фаҳму омада ба ман гӯй.

Ба ман дар шуъбаи аспирантура гуфтанд, ки ба кафедраи адабиёти классикии тоҷик ҷои ғоибона ҷудо шудааст, ҷои рӯзона дар кафедраи адабиёти советии тоҷик ҳаст ва як ҷой дар донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов. Ман вазъиятро ба устод Ҳусейнзода гуфтам ва назди устод Табаров рафтам, ки шояд бо эшон мувофиқат кунем. Устод ба ман гуфтанд, ки:

– Туро қабул карда наметавонам, зеро ба донишгоҳи Кӯлоб муаллим даркор аст ва мо Нозим Баротовро қабул мекунем, ки баъд ба он ҷо рафта кор мекунад, ту ин ҷоро тамом карда, ба он ҷо намеравӣ.

Ҳарфашон дуруст буд. Ба ғайр аз ин, ба ёд оварданд устод:

– Ҷанҷолатро бо Неъматзода ҳам фаромӯш накун, эшон декани факултет.

Ман қиссаро ба устод Ҳусейнзода нақл кардам. Устод ҳарфи аҷибе заданд:

– Мо ҳамаи чизеро, ки медонистем, дар давоми панҷ сол ба ту ёд додем. Дигар аз мо ҳеҷ чизи тозае ёд намегирӣ. Бинобар ин, ба Маскав рав, худи дар Маскав се сол зиндагӣ кардан баробари хатми як донишгоҳ аст, ҳоло дар аспирантура хонданашро намегӯем...

Ин гуна ҳарфро на ҳар устоде дар бораи худ мегӯяд, ин камоли шикастанафсию фурӯтанӣ ва ҳақиқатгӯӣ буд, ки ба хотири ба роҳи дурусти рушд равон кардани шогирд гуфта шуда буд. Ман қадри онро баъдтар фаҳмидам ва як умр аз устод сипосгузор ҳастам, зеро устод бо ин роҳнамоӣ ба ман бузургтарин хидматро дар ҷодаи фарогирии илм карда буданд.

Нимаҳои ҳамон сол дар Душанбе чӣ ҷаласаи илмиву адабӣ баргузор шуда, ба он аз Маскав олимон, аз ҷумла, аз институти шарқшиносии Академияи илмҳо Усмонова Зоя Григоревна омада буданд. Маро Мӯъмин Қаноат, дар рӯи ҳавлии Иттифоқи нависандагон, бо хонум шинос карданд. Ман ба хонум нияти ба аспирантура рафтанамро арз кардам, баъди каме суҳбат Зоя Григоревна ба ман гуфтанд, ки агар ба аспирантура дохил шавӣ, ман ҳозир ҳастам, роҳбари илмиат шавам. Зоя Григоревна зани зебо, меҳрубону дилрабое буданд, ки ҳар бинанда мафтунашон мешуд, суҳбаташон ҳам, ки хеле ҳалимонаву дилписанд буд, ба ҳуснашон ҳусн меафзуд. Ман дар дил меболидам, ки агар бахт мадад кунаду ба аспирантура дохил шавам, ҳамин гуна роҳбари ҳалиму меҳрубоне хоҳам дошт. Баъди ин суҳбат ман дар бораи эҷодиёти Мӯъмин Қаноат реферат навишта, онро ба русӣ тарҷума кардаму омодаи маскавравӣ шудам. Дар шуъбаи барномаҳои бачагонаву ҷавонон, ки ман кор мекардам, Ҳалима Насибуллина режиссёр буданд ва хонум ба дугонаашон, ки дар радиои умумииттифоқ кор мекард, телефон карда, хоҳиш намуданд, ки ба ман бо ҷои хоб мадад кунад. Ӯ пазируфт ва ман рафта, дар хонаи ӯ, ки дар маркази Маскав, дар назди Майдони сурх буд, ҷойгир шудам. Ӯ худ зани солхӯрда буд ва бо модари пираш дар квартираи якхонагӣ мезистааст, азбаски тобистон ва ҳаво гарм буд, онҳо маро дар балкони болокушодашон ҷой карданд. Шабҳо аз ҷогаҳ осмони Маскавро тамошо мекардам. Ҳар ду ҳам занҳои меҳрубоне буданд, оши палаверо, ки якум бор дар умрам ва онро ҳам дар кастрюля пухта будам ва он шояд ба шавла бештар монанд буд, то ба палав, чӣ хел хушмазза гуфта, таъриф мекарданд.

Факултаи филологияи донишгоҳи давлатии Маскав дар майдони Манеж, аз ҷои истиқомати ман пиёда 10-15 дақиқа роҳ буд. Рефератамро ба Зоя Григоревна Усмонова, ба хонаашон бурда додам, хонум ба он тақризе хубе навиштанд, онро ҳамроҳи ҳуҷҷатҳо ба кафедраи таърихи адабиёти шӯравии рус, ки шуъбаи адабиёти халқҳои шӯравӣ ҳам дошт, супоридам. Ба ман гуфтанд, ки омода бошед ва вақти имтиҳон ҳозир шавед. Ман ба Душанбе баргаштам.

Моҳи октябр ба Маскав рафтам, ба ман аз бинои марказии донишгоҳ, ки дар Ленинские гори (ҳоло Воробёви гори) воқеъ аст, аз хобгоҳ ҷой доданд. Ман аз се фан имтиҳони дохилшавӣ супорида, аспирант шудам. Аспирант шудам, аммо аҷибаш ин аст, ки мақсади ман аз аспирантӣ рисолаи илмӣ навишта, номзад шудан набуд. Азбаски кори муҳарририю мухбирӣ дар радио маро қонеъ намекарду дар як муддати кӯтоҳ ба дилам зада буд, мехостам, ҷое пайдо кунам, ки вақт дошта бошаму шеърамро нависам. Бинобар ин, вақте устод Ҳусейнзода ба ман пешниҳоди аспирантураро карданд, хурсанд шудам, ки се сол вақти шеърнависӣ пайдо мекунам. Баъди қабул шудан ба аспирантура ҳам ҳамин фикрро доштам ва ду-се моҳи аввал ҳамин корро ҳам мекардам, дар хона менишастаму шеър менавиштам, зеро аз тартиби хондан дар аспирантура огоҳ набудам. Сипас, дидам, ки сари ҳар чанд вақт ҷаласаи кафедра баргузор мешавад, аз аспирантон ҳисобот мепурсанд... хулоса, баъд чӣ будани аспирантураро фаҳмидам ва фаҳмидам, ки дар охир аз ман кори илмӣ мехоҳанд, на маҷмуаи шеър ва агар онро нанависам, мисли баъзе аспирантони соли сеюми таҳсил, ки вақти худро ба корҳои дигар сарф кардаанд, дар ҷаласаҳои кафедра ҳоли зоре хоҳам дошт. Ман, ки табиатан пӯстам хеле нозук аст, ин ҳолро таҳаммул карда наметавонистам. Аз он замон ҷиддан ба омӯхтани илм машғул шудам, зеро ман бояд се имтиҳони минимуми номзадӣ месупоридам ва ҳам рисолаи илмиамро менавиштам, ки кори чандон осоне набуд. Бисёриҳо аввал имтиҳонҳои минимуми номзадиро супорида, баъд ба аспирантура дохил мешаванд, ки барои навиштани рисола вақти кофӣ дошта бошанд, ман, ки фикри аспирантураро надоштам, ин корро накарда будам ва акнун дар назди худ вазифа мегузоштам, ки ҳамаашро дар ҳамин се сол ба иҷро расонам.

Аз аввали дохилшавӣ ба аспирантура ба ман гуфтанд, ки донишгоҳ аз берун роҳбарӣ илмӣ қабул намекунад, бинобар ин, Усмонова З. Г. наметавонанд роҳбари илмии кори шумо бошанд. Дар кафедра олимони машҳур ҳастанд, ба онҳо муроҷиат кунед. Ман, ки тақрибан ба кадом мавзуи шеъри муосири тоҷик машғул шуданамро муайян карда будам, аз профессор Азиз Шариф хоҳиш кардам, ки роҳбарии кори илмии маро ба уҳда бигиранд. Эшон аз он насли олимони озарӣ буданд, ки форсиро хуб медонистанд, ба замми олимиашон тарҷумони дузабона буданд, – аз озарӣ ба русӣ ва аз русӣ ба озарӣ тарҷума мекарданд. Аспирантони бисёр доштанд, роҳбарии маро ҳам қабул карданд. Устод инсони ниҳоят ҳалим буданд, ҳатто ба он дараҷа, ки дар талаби кор аз аспирантҳояшон истиҳола мекарданд, аз ин рӯ, баъзе аспирантҳояшон баъди чанд соли аспирантура рисолаашонро навишта тамом ва ҳимоя мекарданд. Аммо ҳар аспиранташон, агар чизи навиштаашро барои хондан медод, тамоми корҳои дигарашонро як сӯ гузошта, онро дар як-ду рӯз хонда меоварданд. Ҳамин тавр шуд, ки ман аввал боби дувуми корамро навиштам. Он «Сухан ва образ» ном дошт ва чун онро барои хонданашон додам, онро ҳамон рӯз хонда, фардояш ба кафедра омада, ба устодони кафедра чунон ба шавқу завқ таъриф мекарданд, ки мудири кафедраамон Метченко Алексей Иванович ва профессор Якименко Лев Григоревич, ки аз олимони машҳури шӯравӣ буданд, ба ҳайрат омада, мегуфтанд: – Наход, ҳо, баъзан аз аспирантҳо ҳам ҳамин хел кор мебарояд.

Чун сухан аз устодони кафедра рафт, бояд бигӯям, ки аксари онҳо дар соҳаҳои худ олимони дараҷаи аввали мамлакат ба шумор мерафтанд. Аз ҷумла, ин ду нафари номбаршуда, Метченко А. И. муҳаққиқи Маяковский, барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС дар соҳаи адабиёт, раиси кумиссиони экспертии кумиссиони олии аттестатсионӣ оид ба рисолаҳои номзадию доктории соҳаи адабиёти ИҶШС, Якименко Л. Г. муҳаққиқи Шолохов, муаллифи асарҳои бисёри илмӣ буданд. Ба ғайр аз онҳо дар кафедра боз Петров Сергей Митрофанович, Овчаренко Александр Иванович, Бекмуҳаммадов Роберт Гатович, Соколов Алексей Георгиевич, Юшин Пётр Федорович, Гӯрӯғлӣ ва дигарон кор мекарданд, ки як муҳити бисёр фаъоли илмиро ба вуҷуд оварда буданд. Мақолаву китобҳои илмии онҳо дар мӯътабартарин маҷаллаву рӯзномаҳо ва нашриётҳои умумииттифоқӣ чоп мешуданд, ки ҷараёни асосии илми адабиётшиносии шӯравиро муайян менамуданд. Ҷаласаҳои кафедра ва баррасии корҳои илмӣ бисёр ҷиддиву омӯзанда буданд, ҳарчанд баъзан бе шӯхӣ ҳам намешуд. Масалан, яке аз устодони кафедра, бо фамилияи Хабин, марди солхӯрдае буду унвони илмӣ надошт, ҳамкорон аз ӯ талаб мекарданд, ки рисолаи номзадиашро зудтар тамом карда, онро барои дифоъ ҳозир намояд. Дар яке аз ҷаласаҳои кафедра ҳисоботи ӯро гузошта буданд, чун навбати ӯ расид, аз портфели худ чанд ҷузъгир коғазро бароварда, рӯи миз монд, ки тақрибан 700-800 варақ ба назар меомад, ҳол он ки ҳаҷми рисолаи номзадӣ аз рӯи талабот 170-180 саҳифа буд. Пас, гуфт: – Ана ин, кори ман. Ҳама ҳайрон-ҳайрон ба он ғарами коғ аз менигаристанд. Алексей Иванович ба ҳозирин рӯй оварду як оҳ кашида: – Акнун чӣ кор мекунем? – гуфт, ҳама мехостанд, ки ӯ ҳимоя кунаду соҳиби унвони илмӣ шавад. Сергей Митрофанович, ки овози аҷиби борике дошт, бо лаҳни аз он ҳам аҷибтар гуфт: – Худи Худо ба ӯ мадад кунад, ки мо ҳеҷ мададе карда наметавонем.

Сергей Митрофанович Петров, муаллифи асарҳои бисёри пурмуҳтавои илмӣ, марди хушсуҳбате буд. Дар борааш латифае нақл мекарданд. Ӯ, қабл аз омаданаш ба кафедра, дар институти адабиёти ба номи Горкий муовини ректор будааст ва гӯё он ҳангом бо гурӯҳи ҳунармандони театру кино дӯстӣ доштааст, ки берун аз шаҳр дар саробӯстоне хушиву хурсандӣ ва ишқбозӣ ҳам мекардаанд. Он роз фош мешаваду онҳоро дар кумитаи ҳизби комунисти ноҳия муҳокима мекунанд. Котиби аввали ҳизб зан будааст ва ӯ аз Сергей Митрофанович, ки аз дигарон хеле калонсолтар будааст, бо ҳайрат мепурсад: – Хуб, ман онҳоро мефаҳмам, онҳо ҷавон, аммо Шумо дар он ҷо чӣ мекардед? Сергей Митрофанович сар ба зер афканда, ба зӯр, ба нимовоз: – Ман онҳоро «гладит» мекардам, – мегӯяд ва аз он ҷо ба ӯ лақаби «гладиатор» мечаспад. Навозиш кардан, сила кардан, молидан ба русӣ «гладит» аст, «гладиатор» паҳлавон- ғуломест, ки дар Рими қадим дар саҳнаи сирк бо паҳлавонғуломи дигар ва ё бо ҳайвонҳои ваҳшӣ ҷанги марговар мекард. Аз ин рӯ, ин лақаб нисбат ба ҷисми хурд ва наҳифу лоғари Сергей Митрофанович  бисёр хандаовар меомад.

Метченко Алексей Иванович аспиранте дошт – Умаров Шамил Адулҳамидович, ки соли дохил шудани ман донишгоҳро аъло хатм карда, аспирант шуда буд. Ӯ ҷавони болобаланд, қадаш як метру наваду се сантиметр, миллаташ тотор буд. Мо бо ҳам дӯсти қарин шудем. Шамил бисёр донишманд, китобхону китобдӯсти ашаддие буд. Ҳангоми аспирант шудани ӯ падару модараш, ки дар шимоли Русия мезистанд, ба нафақа баромада, ба шаҳраки назди Маскав, Александров, кӯчида омаданд, ки ба писарашон наздик бошанд, зеро Шамил яккафарзанди онҳо буд. Онҳо, падари Шамил ҳарчанд муҳандис буд, китобхонаи бузурге доштанд, ки аз чандин ҳазор китоби беҳтарини адабиёти ҷаҳон ба ҳам омада буд. Шамил ҳам дар донишгоҳ, дар хонаи аспирантиаш китобҳои бисёр дошт, дар соҳаҳои гуногун – адабиёту адабиётшиносӣ, таъриху фалсафа, фарҳангу ҳунар ва монанди инҳо. Дар ин шавқ мо ба ҳамдигар монанд будем, ҳар китоби тозаи муҳиммеро, ки дар Маскав нашр мешуд, ҳатман дастрас мекардем. Вақте ман, баъди хатми аспирантура аз Маскав бармегаштам, ба Душанбе ба воситаи қатор чандин қуттӣ китоб фиристода будам. Асоси китобхонаи ман ҳамон солҳо ҷамъоварӣ шуда буд.

Шамил сабки матини илмӣ дошт, мақолаҳояш дар солҳои аспирантӣ дар рӯзномаи «Литературная газета» чоп мешуданд. Маслиҳатгарони ӯ роҳбари илмиаш Алексей Иванович Метченко ва як устоди дигари кафедраамон Бекмуҳаммадов Роберт Гатович буданд. Роберт Гатович бошқирд, олими хубе буд, мақолаҳояш дар маҷаллаи илмии «Вопросы литературы» бисёр чоп мешуд. Ӯ ба Тоҷикистон омада, аз таассуроти сафари худ китобе бо номи «Роҳ мемонад...» («Дорога остается») навишта, дар Маскав чоп кунонида буд. Табиист, ки мо бо ҳам дӯст шудем. Ман аз маслиҳатҳои илмии ӯ хеле баҳра бурдаам, ҳаққи ӯ бар ман зиёд аст. Ман ҳамчунин, ба замми дӯстияш, вомдори Шамил ҳам ҳастам, кори маро таҳрири хуби забонию услубӣ мекард. Ҳангоми ҳимояи рисолаи илмиам шарқшиноси машҳур, устод Комиссаров Даниэл Семенович, ки муқарризи аввалам буданд ва бо ман ҳангоми вохӯрӣ ба форсӣ чунон зебо суҳбат мекарданд, ки ман аз шарм ба русӣ мегузаштам, аз ман «ту тоҷикӣ таҳсил кардаӣ, забону услуби корат ба русӣ бисёр матин аст, кӣ онро таҳрир кард», гуфта, пурсида буданд. Ман рисолаи илмиамро аввал ба тоҷикӣ менавиштам, баъд худам ба русӣ бармегардондам ва Шамил онро таҳрир карда медод. Ҳамин тариқ, рисолаам якбора ба ду забон тайёр мешуд.

(Давом дорад)