Ин фасли зиндагӣ худ як қиссаи зебоест, агар кас истеъдоди навиштан дошта бошад, вале ман ҳоло новобаста ба он ки дорои ин гуна истеъдод ҳастам ё на, барои навиштани он фурсат надораму мавридро ҳам муносиб намедонам, бинобар, танҳо чанд лаҳзаро, ки ба фаъолияти эҷодӣ робита дорад, ҳикоят хоҳам карду бас. Онҳое, ки он солҳо, чанд сол пеш ё пас, ҳангоми тадриси устодон Шарифҷон Ҳусейнзода, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров, Додоҷон Тоҷиев дар шуъбаи забон ва адабиёти тоҷик хондаанд, аз онон хотираҳои аҷибу ёдоварданӣ доранд, ки ман ҳам яке аз ҷумлаи онҳоям. Мо дар нимсолаи аввал дарси назмшиносӣ доштем, ки устод Шарифҷон Ҳусейнзода тадрис мекарданд. Ин фан гӯё барои бисёриҳо сахт мушкил буд, ки баҳои аъло гирифтан аз он дар як курс, базӯр, ба як-ду нафар муяссар мешуд.

Аммо ба ман ин фан ҳеҷ душворие надошт, зеро ман, ки шеър машқ мекардам, дар мактаби миёна онро худомӯзӣ карда будам. Ҳамчунонки болотар гуфтам, солҳои талабагиам ман дар пайи китоб ва ё касе будам, ки аз ӯ қоидаҳои шеърро биомӯзам, вале дар муҳити деҳ онро пайдо карда наметавонистам. Ҳангоме ки ба синфҳои болоӣ расидам, бо дучархаам ба шаҳр, ки аз ҳавлии мо тақрибан ду-се километр фосила дошт, меомадаму ба дӯкони китоб, ки дар шафати масҷиди Шайх Маслиҳатдин буд, медаромадам, то чизе пайдо кунам. Фурӯшандаи он духтари зебои яҳудӣ буд ва бисёриҳо барои тамошои ӯ ба он ҷо медаромаданд, бинобар дӯкон ҳамеша пур аз ҷавонон буд, ки бештар харидори ҳусн буданд, то китоб. Он духтар, ки фурӯшанда буд, яъне кор мекард, аз мани талаба, албатта, соли бештар дошт, вале банда ҳам аз қабили он гурӯҳ будам. Ана дар ҳамон дӯкон боре китоберо бо номи «Қофия дар назми тоҷик» дидам, ки муаллифаш Баҳром Сирус буд, онро зуд харидам ва он ягона китобе буд, ки ман он солҳо оид ба шеър пайдо кардам ва табиист, ки онро хуб хонда будам ва шояд, аз ин рӯ, дарси назмшиносӣ барои ман мушкил набуд. Дар имтиҳони нимсола аз ин фан, ёдам ҳаст, ки дар билет ба ғайр аз суолҳо боз ин байти Саъдӣ ҷой дошт, ки бояд таҳлил мешуд:

 

Бигзор, то бигирям чун абр дар баҳорон,

К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон.

 

Ман онро аз назари вазну қофия ва санъатҳои бадеӣ таҳлили муфассале кардам, ки устод Ҳусейнзодаро аввал шигифтзада карду баъд ба ваҷд овард, ки хеста, ба китфам нарм-нарм зада, бале, писарам, бале, писарам мегуфтанд. Аз имтиҳонҳои Воҳид Асрориву Соҳиб Табаров ҳам ба ҳамин минвол мегузаштам. Мушкил аз фанни забоншиносӣ доштам, на ба он маъно, ки баҳои паст мегирифтам, балки ба он маъно, ки китобҳояш ба забони русӣ ва душворфаҳм буду асабиям мекард ва тайёр кардани дарсаш вақти бисёрамро мегирифт. Дар асл, қоидаҳои сарфу наҳв барои ман аз мактаби миёна дилгиркунанда буданду номаҳбуб, танҳо солҳои дар аспирантура хонданам ба ин илм шавқ пайдо кардаву аҳаммияташро фаҳмидам.

Дар ин ҷо агар аз даврони донишҷӯӣ, ки ба фаъолияти ояндаи илмию адабии ман алоқаманд аст, ду-се ҳикояте карда шавад, ноҷо нахоҳад буд. Он солҳо дар факултаи таъриху филологияи тоҷик маҳфили «Адибони ҷавон» фаъолият мекард, ки роҳбарии онро шоир Тоҷибой Муродӣ ба уҳда доштанд. Эшон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар он аз як пои худ маҳрум шуда буданд ва баъди 12 соли Ғ алаба, чанд соли кор дар соҳаи маориф, дар калонсолӣ вориди донишгоҳ шуда буданд ва соле, ки мо дар курси якум мехондем, дар курси панҷуми шуъбаи шарқшиносӣ (форсӣ) таҳсил мекарданд. Муродӣ як шахси ҳалиму меҳрубон, ғамхори ҷавонон буданд ва бо ҳамаи фазилатҳои ҳамида ва писандидаашон камтар содагиҳои безарар ҳам доштанд, ки барои баъзеҳо мояи ҳазлу шӯхӣ буд. Ин марди дилдодаи шеъру шоирӣ маҳфили «Адибони ҷавон»-ро таъсис дода буд ва ба он хидмати бедареғе мекард, бо шарофат ва даъвати ӯ шоирони маъруфи тоҷик ба маҳфил омада, ашъори шоирони ҷавонро баррасӣ мекарданд, ки барои навқаламон дарси манфиатноке буд. Ӯ баъдҳо, бо вуҷуди солхӯрдагиаш, рисолаи илмӣ навишта, дифоъ карда, соҳиби унвони номзади илм ҳам шуд. Банда аз соли аввали таҳсил узви ҳамин маҳфил будам. Дар он солҳо Нозирҷон Боҳирӣ, Абдуфаттоҳ Кулолӣ, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Ҳоҷӣ Мурод, Ҷамолиддин Каримзода аз фаъолони маҳфил буданд, ки баъд аз онҳо шоирони хубе ба камол расиданд. Дар соли севум ё чаҳоруми хониш буд, маҳфил аз шоир Аминҷон Шукӯҳӣ, ки он вақт муовини раиси садорати Иттифоқи нависандагон буд, хоҳиш кард, ки дар баррасии ашъори банда, ки маҳфил дар ҷаласааш гузошта буд, иштирок кунад. Шукӯҳӣ ба маҳфил омада, фикрҳояшонро дар бораи шеърҳо муфассал баён намуданд, дар ҳошияи варақҳо қайдҳо ҳам карда буданд, ки баъд ба ман доданд. Ман бо фикрҳои эшон мувофиқ будам, ба ҷуз дар як ҳолат. Он шеъре буд бо номи «Имони саг», ки устод напазируфта буданд, бо ин далел, ки ҳеҷ сайёде гӯё сагашро намепарронад ва ин амал аз ҷониби одам хуб ҳам нест. Ҳарчанд банда ин эродро дар дил қабул надоштам, аммо ба эшон чизе нагуфтам ва он шеърро ба ҳеҷ рӯзномаву маҷалла барои чоп пешниҳод накардам, ҳамин тариқ он аз ёдам рафту гум ҳам шуд. Солҳои ҳаштодум, ки бештар ба шеър машғул будам, ба ёдам расид, ки бо номи «Имони саг» шеъре доштам, вале ҳар қадар ки дар байни коғазҳоям ҷустам, пайдо карда натавонистам, шояд куҷое бошад, ё ҳангоми аз хона ба хона кӯчиданҳо гум шуда бошад, вале азбаски мавзӯяш дар ёдам буд, онро аз нав навиштам. Бинобар, имрӯз намедонам, чӣ чиз аз шеъри пешин мондаасту чӣ чизҳояш тоза аст. Ҳамроҳи шеърҳои дигарам онро ба устод Лоиқ, ки сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» буд, пешниҳод кардам, ба эшон он шеър бештар аз шеърҳои дигар хуш омад, ки шӯхиомез «инаш зӯр будаст-ку» гуфту ҳамаашро ба чоп гирифт.

Имрӯзҳо, чун дар ин бора меандешам, мефаҳмам, ки ба фикри Аминҷон Шукӯҳӣ оид ба он шеър мафкураи замон, ки инсон ва, махсусан, инсони шӯравӣ аз худ амали нописанде набояд зоҳир кунад, таъсире доштааст, вагарна эшон медонистанд, ки мавзӯи адабиёт танҳо аз воқеаҳое, ки рух додаасту медиҳад, иборат набуда, балки дар он эҳтимолот ва хаёлоти бадеӣ низ мақоми на камтаре дошта метавонад.

Дар он солҳо, шояд соли севуми донишҷӯӣ буд, ки чанд шеърамро ба идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» барои чоп бурдам. Мудири бахши адабиёт, мисли ин ки, Додоҷон Раҷабӣ будааст. Ӯ шеърҳоро гирифта, як сӯ монду дар куҷо хонданамро пурсид, чун фаҳмид, гуфт:

– Мо шеър бисёр дорем, аммо тақризу мақолаи танқидӣ надорем, ана ин китобро мегирӣ ва як тақриз навишта мебиёӣ, баъд шеърҳоятро чоп мекунем, – ва ба ман китоби ҳикояҳои «Дар гирди гулхан»-и Лутфӣ Саидро дод. Ҳамин тариқ, ман аввалин тақризи худро ба китоби бадеӣ навиштам, ки дар он рӯзнома чоп шуд, сипас ба шарофати он шеърҳоям. Бинобар, намедонам, ки дар ҷодаи адабиёт ман аз шеър бештар шукргузор бошам ё аз нақд. Ба ҳар навъ, то ҳол хидматгори ду хоҷаем, бубинем, кор охир чӣ мешавад.

Ба хаёлам, дар соли чаҳоруми донишҷӯиям буд, ки маро ба идораи рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш»-и донишгоҳ ба ним баст ба кор гирифтанд. Ин бароям аз ду ҷиҳат хуб буд, ҳам аз ҷиҳати моддӣ, ки як миқдор пул мегирифтам ва ҳам аз ҷиҳати эҷодӣ, ки таҷрибаи бештари навиштану таҳрир касб мекардам. То он вақт ҳам, ба хаёлам, дар он рӯзнома чизакҳое чоп кунонида будам. Масалан, ба чанд кас ҳазлҳои солинавие бо шеър навишта будам, ки дар байнашон ҳунарпешаи синамо Муяссара Аминова ҳам буд. Он шеър, албатта, бештар оҳанги мафтунӣ аз ҳусну назокат ва ҳунари ӯ дошт, то ҳазли солинавӣ. Муяссара он вақт ба тозагӣ дар филми «Ҳасани аробакаш» нақши Садафро офарида, ба шуъбаи рӯзноманигорӣ ба таҳсил омада буд. Шеър ба ӯ писанд шудааст, чун мефаҳмад, ки муаллифи он ман ҳастам, бо ман эҳтиром ва рафоқати хосае нишон медод, ки боиси сарфарозии ман ҳам буд, ки ҳунарпешаи овозадоре маро дар ҳалқаи дӯстонаш даровардааст. Аммо ӯ пас аз каме таҳсил шуъбаро тарк карда рафт.

(Давом дорад)