Дар аввали соли панҷуми хонишам ҳодисаи нохуше рух дод, ки баъдҳо натиҷаи хубе бор овард. Дар хобгоҳи донишгоҳ, ки дар кӯчаи Айнӣ воқеъ буд, дар ошёнаи севум дар хонаи чоркаса мезистем. Рӯзи мавлуди ман, бегоҳӣ, чанд нафар дӯстон дар хона ҷамъ омада буданду ҷашн мекардем. Устод Соҳиб Табаров дар муқобили хобгоҳи мо, дар он тарафи кӯча мезистанд ва баъзан, бегоҳиҳо, ба хобгоҳ омада, бо мо шоҳмотбозӣ мекарданд. Ҳамон бегоҳ ҳам омада, ба хонаи мо даромаданӣ шуда, дарро мекушоянду мебинанд, ки мо машғули базм ҳастем, ба хонаи ҳамсояи мо даромада, бо онҳо шоҳмот мебозанд. Шоир ва тарҷумон Аслам Адҳам, ки аз солҳои аввали донишҷӯиям бо ман робитаи бародарона дошт, ба табрикам омада буд. Ӯ аксар вақт сархуш мегашт, он бегоҳ ҳам дар ҳамон ҳолат буд ва ба хонаи ҳамсоя, ки дар он ҷо Соҳиб Табаров бо ҳамдарсони ман шоҳмот мебозиданд, медарояд ва бо ӯ шӯхиҳои беадабонае мекунад, ки устод аз он сахт меранҷанд. Чун устод мефаҳманд, ки Аслам ба табрики ман ба хобгоҳ омада будааст (зеро Аслам донишҷӯ набуд, ки дар хобгоҳи донишҷӯён бошад), бинобар, аз ман домангир мешаванд.

Фардои он рӯз, пеш аз дарси Табаров, сардори курсамон ба ман гуфт, ки Соҳиб Табаров гуфтанд, ки ту ба дарсашон надароӣ. Ман, ки аз он воқеа хабаре надоштам, дар ҳайрат шуда аз сардори курсамон сабаб пурсидам. Сардор воқеаи шабинаро ба ман нақл карда, гуфт, ки шояд ба ҳамон сабаб бошад. Ман ҳам аз воқеа ва ҳам аз қарори Табаров дар ҳайрат афтодам, зеро, ҳамчунонки гуфтам, аз воқеа огоҳ набудам (ҳамдарсонам шояд барои дар шаби мавлуд озурдахотир накардан ба ман воқеаро нагуфта буданд). Ман ба дарс надаромадам, вале бегоҳӣ ба хонаи устод рафтам, ки гуноҳамро фаҳмам. Дидам, ки устод хеле озурдахотир аст ва ба рӯи ман нигоҳ накарда, гап мезанад, ҳарчанд ман аз донишҷӯёни дӯстдоштааш будам. Чун пурсидам, устод ба ман гуфтанд, ки: – Устоди шуморо таҳқир кунанд, оё барои шумо фарқ надорад? Ҷавоб додам, ки: – Ман охир аз ин хабаре надоштам... Ҳамин тавр байни мо чанд ҷумлае радду бадал шуду ман узр хоста пурсидам, ки баъд аз ин ба дарсатон дароям? Устод гуфт, ки инро курсатон ҳал кунад, вале пеш аз дарси оянда сардорамон аз забони Табаров ба ман боз ҳамон ҳарфи пешинро такрор кард. Ман ҳам ранҷидаму дигар ба чанд дарси Табаров надаромадам. Чанд рӯз пас, дар кӯча, бо устод вохӯрдем. Устод бо пичинг пурсид, ки: – Мулло Аскар, чанд рӯз боз наменамоӣ? Ман ҳам ҷавоб додам, ки: – Аз давлати Шумо истироҳат карда гаштем. Устод гуфт, ки: – Хуб мекунӣ, хуб мекунӣ...вале дар пеш имтиҳони давлатӣ ҳаст... хайр, майлаш, ба дарс биё! Ман ташаккур гуфтаму ба дарси оянда омада, чун ҳарвақта на дар партаи пеш, балки дар партаи аз ҳама охир нишастам ва ҳамин тавр то охири сол. Ҳамчунонки гуфта будам, аз Табаров ҳам аз як курс як-ду нафар дар имтиҳон баҳои аъло мегирифт. Дар курси панҷум мо аз адабиёти шӯравии тоҷик имтиҳони давлатӣ доштем ва ман яке аз онҳое будам, ки баҳои аъло гирифтам. Устод ба дил кина нагирифта будааст, шукри таълиму тадрисаш. Вале ман, ки ба адабиёти муосир машғул шудан мехостам, баъди он воқеаи шаби мавлуд, мавзуи рисолаи дипломиамро дигар на аз кафедраи адабиёти муосир, балки аз кафедраи адабиёти классикии тоҷик аз устод Шарифҷон Ҳусейнзода гирифтам, ки «Тағаззулоти Манучеҳрии Домғонӣ» буд.

Ҳимояи ин рисолаи дипломӣ ҳам қисса дорад. Раиси ҳимояи корҳои дипломӣ Носирҷон Маъсумӣ буданд, ки аз Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳо даъват шуда буданд. Ҳангоми ҳимояи рисолаи дипломии ман эшон ҳузур надоштанд. Ман суханрониамро дар бораи рисола анҷом додам, муқарризон фикрҳояшонро гуфтанд, ҳама ба рисола баҳои аъло доданд, вале дар охир Турсунбой Неъматзода, ки аз адабиёти классик дарс мегуфтанд ва декани факултет буданд, ба рисола эрод гирифтанд, ки дар муайян кардани вазни тағаззулҳо хато мавҷуд аст, гӯён ҷо-ҷо ба рисола хат мекашиданд. Ман, ки онро медидам, ба эшон гуфтам, ки ба рисола хат накашед, ҳамааш дуруст аст, агар хоҳед, ман дар тахта нақшаҳояшро кашида, исбот мекунам. Ман сад дар сад медонистам, ки он ҳеҷ хатое надорад, зеро, агар худситоӣ нашавад, он вақт ман вазни шеърро аз устод нағзтар медонистам. Ба замми он, эшон аз ҳамкурсони ман дипломанте доштанд, ки мавзӯи кораш ғазалиёти Туғрал буд ва азбаски ӯ ба вазни шеър сарфаҳм намерафт, он боби рисолаашро, ки ба вазн тааллуқ дошт, ман навишта дода будам, ки ба ман мушкилие надошт ва роҳбараш, ки эшон буданд, ба он ҳеҷ эроде нагирифта буданд ва ӯ онро аз ман пештар ҳимоя карда, баҳои аъло гирифта буд. Бинобар, табиист, ки ман дар кори худ хато намекардам ва эътирозам беасос набуд. Вале тарзи эътирози ман ба эшон хуш наомад ва талаб карданд, ки исбот кунам. Ман ба назди тахта баромада, нақшаи вазни шеърро кашида, афоилу тафоилашро навишта, даъвоямро исбот мекардам, аммо эшон қабул намекарданд. Ҳарчанд гуфтам, нашуд. Пас ба устод Ҳусейнзода рӯй овардам, ки: – Устод, Шумо ба мо назмшиносӣ омӯхта будед, ба эшон гӯед, ки ҳарфашон дуруст нест. Аммо устод сар ба зер афканда, хомӯш буданд, намехостанд, ки дар назди донишҷӯён эътибори устоди дигарро паст фуроранд. Ҳамин тариқ, баҳс ба ҷанҷол гузашт ва ман, ки сахт асабӣ шуда будам, дигар тоқат наоварда, гуфтам: – Ман талаб мекунам, комиссияи салоҳиятдор сохта шавад, то тарафи ҳақро муайян намояд ва агар устод Неъматзода ҳақ бошанд, ман аз баҳри дипломи донишгоҳ баромадам ва агар ман ҳақ бошам, устод аз унвони илмиашон, – гуфта, табошир(бӯр)и дар дастам бударо ба тахтаи девор задаму аз аудитория баромада рафтам, ки албатта, кори нодурусте буд, вале чӣ мекунед, ки ҷавонӣ ҷавонист. Табиист, ки он рӯз дигар бо ҳамин ҳимояи кори дипломӣ қатъ карда шуд ва аъзои комиссия донишҷӯёнро ба берун фиристода, худ ба баррасии ҳодиса пардохтанд. Дар он ҷо ҳарфи бисёре шудааст, ки мухтасараш ин аст. Баъзе пешниҳод мекунанд, ки, биёед, ӯро аз донишгоҳ хориҷ мекунем, то ба дигарон сабақ шавад, ки бо устодон ин гуна баҳс накунанд. Қисми дигар, аз ҷумла, устод Ҳусейнзода мегӯянд, ки ҳарфи дипломант дуруст буд, Шумо Неъматзода бояд қабул мекардед. Дигаре мегӯяд, ки биёед, ба кораш баҳои ду мемонем. Боз Ҳусейнзода мегӯянд, ки чӣ тавр ду мемонем, вақте ки муқарриз ва роҳбар, ҳама, дар ҳузури хатмкунандагон рисола ба баҳои аъло меарзад, гуфта будем. Пешниҳоди дигаре мешавад, ки баҳои се мемонем, боз қисми дигар розӣ намешавад, ки дар назди ҳама ба баҳои аъло меарзад, гуфта будем, пас хатмкунандагон, ки инро шунида буданд, чӣ мегӯянд? Охир ба хулосае меоянд, ки баҳои хуб мемонем, вале қисми дигар мегӯянд, ки ду кори аз ин пеш ҳимояшударо ҳам баҳои аъло мемонем, гуфта будем, агар ҳоло мо ба ин кор баҳои хуб монему ба он ду аъло, рафтори беадолатонае мешавад, зеро фарқ дар байни ин корҳо калон аст. Пас, ба ҳар сеяш баҳои хуб монем, номаълумтар мешавад. Ҳамин тавр ҳам карданд ва он ду нафар ҳамдарсам аз ман домангир буданд, ки бо сабаби ҷанҷоли ман онҳо баҳои аъло нагирифтанд.

Баъди чанде маро устод Ҳусейнзода ба наздашон даъват ва сарзаниш карда гуфтанд:

– Агар ман медонистам, ки ту ин тавр тезӣ мекунӣ, ҳимояи рисолаатро бе ту мегузаронидам ва корат баҳои муносибашро ҳам мегирифт. Акнун ту донишгоҳро хатм кардӣ, аз ҳеҷ кадоми мо вобастагӣ надорӣ, аммо ман аз ту хоҳиш дорам, ки аз Неъматзода узр пурсӣ.

Ман ҷавоб додам, ки: – Барои хатои он кас ман узр пурсам? Намепурсам! Устод гуфтанд, ки: – Ихтиёр дорӣ, аммо дар ин ҳолат ман аз ту розӣ нестам. Ман чизе нагуфта баромада рафтам.

То ҷаласаи ҷамъбастии хайрбодӣ бо устодон ва гирифтани дипломҳо ҳоло вақт бисёр буд, ман ба хонаамон, ба Хуҷанд рафтам ва қиссаро ба падарам нақл кардам. Падарам онро бо диқққат гӯш карданду гуфтанд, ки кори нодурусте кардӣ, аз ин ҷо рафта хоҳиши устодат Ҳусейнзодаро ҳатман ба ҷо меорӣ!

То ҷаласаи хайрбодӣ тафси ман ҳам хеле паст шуда буд ва ман хоҳиши устод Ҳусейнзодаро иҷро карда, дар он узрамро ба Неъматзода гуфтам. Вале баъди ҷаласа Неъматзода бо ман рӯ ба рӯ омада гуфтанд:

– Дидӣ, дурустии ҳарфи маро акнун фаҳмидӣ.

Ман худро бо як азоб нигоҳ доштам, ки баҳсро дуюмбора сар накунам, маълум мешавад, ки устод ҳанӯз ҳам хатояшро нафаҳмида будааст ё сипоҳигарӣ мекард. Бошад, мову зикри хайраш, рӯҳаш шод бод!

(Давом дорад)