На танҳо ҳар асари калонҳаҷм, ҳар мақола, балки ҳатто ҳар ҷумла, ки ба қалам меояд, сабабе дорад ва бисёр мешавад, ки маҳз ҳамин сабаб моҳияти ба вуҷуд омадани онро беҳтар аз ҳама муайян менамояд. Навиштани ин «Гуфтор дар бораи худ» ҳам сабабе дошт, ки иброзаш барои дарёфти он мадад карда, хонандаро аз таҳайюр хоҳад вораҳонид, ки чаро муаллиф дар бораи худ, яъне ҳаёту фаъолияти шахсии эҷодияш, худ суҳбат мекунад, ҳол он ки ин жанр бештар очерки ҳаёту эҷодиёт ном дошта, маъмулан аз ҷониби шахсони дигар навишта мешавад. Аввалан, бояд бигӯям, ки ин гуфтор мухтасар хоҳад буд, на ба мисли он очеркҳо муфассал, ки тоқатшикананд, сониян..., хуб, биёед, чун риштаи суҳбат боз шуд, суханро аз сабаби аввал оғ оз кунем.

  Китобхонаи миллии Тоҷикистон осорномаи бандаро тайёр ва ба чоп ҳозир мекард ва ҳамчунонки маъмул аст, дар оғ оз бояд мақолае ҷой медошт, ки дар бораи объект (мабҳас)-и он маълумот медод. Ва ин мабҳас ман будам ва масъулини омодасози осорнома номи чанд нафарро, ки навиштани ин гуна мақоларо мехостанд аз онҳо хоҳиш кунанд, ба забон гирифта, фикри бандаро ҳам дар ин бора пурсиданд, ки кадоме аз онҳо ин корро беҳтар метавонад анҷом бидиҳад. Ман муҳлат хостам, ки фикр кунам. Вале ҳар қадар ки бештар фикр мекардам, ҳалли масъала ба назарам ҳамон қадар душвортар мешуд. Ва он чанд сабаб дошт. Банда дар бораи ҳаёти худ, ҳеҷ ба ёдам намерасад, ки ба ғ айр аз дар маълумотномаҳои расмӣ дар ҷое чизе навишта чоп кунонида бошам, пас, он касе, ки дар ин бора бояд чизе нависад, маълумотро, ба ҷуз аз худи ман, аз куҷо пайдо мекунад? Агар аз касони дигар, ки маро мешиносанду ҳаёти маро медонанд, мавод ҷамъ оварданӣ шавад, чӣ қадар вақт ва заҳмати зиёде бояд сарф кунад, ки подоши он ҳаргиз ба он ҳаққуззаҳмае, ки ноширон имрӯз медиҳанд, баробар нахоҳад буд. Яъне ҳар касе, ки ин корро мекунад, онро бе уҷри мутаносиби заҳмат ба иҷро мерасонад, ки ман ҳамчунин кореро аз ҳеҷ кас хоҳиш ҳам карда наметавонаму қабул карда ҳам, зеро дар хотири ман ҳикояте, ки Раджнив Ошо, файласуфи ҳиндӣ, дар яке аз китобҳояш меорад, абадӣ нақш бастааст, ки бароям таълими ниҳоят муҳимм ва омӯзанда аст. Яке аз роҳибон (шайхон)-и равияи ҷайния, ки 96 сол дошт, аз хӯрдан даст кашид, то бимирад. Моҳи январ буд. Муридон гуфтанд, хӯрок бихӯред, ки дар зимистон гӯру чӯб кардани шумо заҳмат дорад. Ӯ қабул кард ва дар баҳор фавтид. Роҳиби дигар, аз ин фирқа, ҳангоме ки ҷон медод, гуфт, кафшамро биёред, гуфтанд, чӣ мекунӣ, гуфт, рафта дар қабр мемирам, то касеро заҳмат надиҳам.

Ҳамин тариқ, тасмим гирифта шуд, ки агар ҳамчунин чизе зарурат дорад, онро ман худ бояд бинависам. Аз ҷиҳати дигар, аксари ин гуна мақолаҳо, ки дигарон менависанд, мутаассифона, дилгиркунандаанд, ки на танҳо шавқи хонандаро ба хондани он китоб бедор намекунанд, балки аз байн мебаранд. Дар яке аз китобҳои нависандаи фаронсавӣ Франсуа Мориак дар ин бора хонда будам, ӯ ба суоли Мадлен Шапсал, ки фикри навиштани асари «Сафаҳоти ҳаёти ботинии ман» дар Шумо чӣ гуна пайдо шуд, чунин ҷавоб дода буд: «Ман пай бурдам, ки маҷмӯи мақолаҳо, ҳатто мақолаҳое, ки хуб номида мешаванд ва дар иншои онҳо муаллифонашон бисёр заҳмат ҳам кашидаанд, ба хонандагон мақбул нестанд»[1]. Чун дар Фаронса ҳол чунин аст, то чӣ расад бар мо.

Дар айни ҳол худи китоб, ки осорнома аст, чизи хондание набуда, барои мутахассисон омода карда мешавад, ба болои он боз мақолаи нохонданиеро зам кардан, бешубҳа, ҷабрест ба ҷони китобу хонанда. Бинобар, кӯшише карда шуд, ки китоб дар сурати ин гуфтор, дасти кам, як чизи хонданӣ дошта бошад. Аммо ин ҳама гуфтаҳо далели пешакии он нест, ки ин навишта сахт шавқангез хоҳад буд, на, танҳо кӯшишест барои раҳонидани хонанда аз малолангезии ин навъ сарсуханҳо.

(Давом дорад)

[1] Франсуа Мориак. Не покоряться ночи...Москва “Прогресс” 1986, с.159.