Аскар Ҳаким

Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj

Моро, ки фаромӯш кунӣ, мо чӣ кунем,
Аз ёди ту гар равем, дунё чӣ кунем.
Бе ту нафасе ба мо ҳаром аст имрӯз,
Мо бе нафаси ҳалол фардо чӣ кунем?!
Беҳуда мабар ту умр як дам ҳаргиз,
Чун неку бади он набувад кам ҳаргиз.
–Дар зиндагиат накардаӣ ҳеҷ хато,–
Гӯям, ки: –Накардаӣ ато ато ҳам ҳаргиз!
Андӯҳ ба чашмаш шабу рӯз аст муқим,
Дар барги лабаш хандаи гул нест ҳарим.
Эй даҳри ҷафопеша, надорӣ раҳме,
Бар ҷони фариштаи Худованди раҳим?!
ГАНҶИ ГАРОН
Хуршед ба тори сар, замин дар таҳи по,
Куҳ пушти сарат, кашида сар то ба само.
Рӯдат ба канор рӯзу шаб масти навост,
Ин ганҷи гарон дигар ба кӣ дода Худо?!
БЕНИЁЗӢ
То дил надиҳӣ, ту дилнавозӣ накунӣ,
То сар надиҳӣ, ту сарфарозӣ накунӣ.
То нагзарӣ аз баҳри ҳама арзу ниёз,
Дар даҳр умеди бениёзӣ накунӣ.
НООМАДА РАФТЕМ
Буд матлаби дил хотири шоди ту, азиз,
Асбоби вуҷуди мо видоди ту, азиз.
Гуфтанд чу моро накунӣ ёд асло,
Ноомада рафтем ба ёди ту, азиз.
Саҳифаи 3 то 4