Аскар Ҳаким
Телефон: +992918-61-01-77; +992901-61-01-77
Email: askar_hakim@mail.ru
Web-сомона: www.askar-hakim.tj
ГАНҶИ ГАРОН
Хуршед ба тори сар, замин дар таҳи по,
Куҳ пушти сарат, кашида сар то ба само.
Рӯдат ба канор рӯзу шаб масти навост,
Ин ганҷи гарон дигар ба кӣ дода Худо?!
ХИРАДИ МОР
Бо чашми каме мабин ту бар хоки Худо,
Чун махзани ҳикмат аст бар шоҳу гадо.
Донӣ, ки чаро мор хирадманд бувад,
Азбас хазад ону зи замин нест ҷудо.
АНДОЗАИ ИШҚ
Мо бандаи ишқем, авому урафо,
То ҳар ду ҷаҳонро бувад аз ишқ сафо.
На сӯзу гудоз бошад андозаи ишқ,
Андозаи ишқ аст фақат сидқу вафо.
МАЪВОИ ХУДО
Эй он ки худоҷӯй туӣ, дар ҳар ҷо,
Меҷӯйӣ аз ин даҳр Худоро маъво,
Ин ӯст ба ҳар дарахту кӯҳу дарё,
Дар ҳар зар(р)аи хоку ба ҳар наҷми само.
ДАРКИ ТАЗОД
Субҳ омаду дарк, дида бардор зи хоб,
Маънии ҷаҳони зидду ворун дарёб.
Гаҳ мавҷ саробе чу сари об занад,
Гаҳ зери каҳе ниҳон бувад қулзуми об.
ҲУСНИ ТАЗОД
Гаҳ шӯриву талхист на з-аъмоли хароб,
Ин маънӣ аён бубин ту дар қулзуми об.
Ҳарчанд ки оби баҳр натвон нӯшид,
Дар қаър вале парварад гавҳари ноб.
БОРИ ОЛАМ
Аз ҳар чӣ сабук ё ки вазинтар сухан аст,
То он ки варо кор ба ҷон асту тан аст.
То зинда манам бори тамоми олам,
Бар рӯйи чаҳор пояи мизи ман аст.
ГАРАВИ БИҲИШТ
Оне, ки сиришт асли мо, чун бисиришт,
Омӯхтамон магар чӣ хуб асту чӣ зишт?!
Гар душмани хеш доштӣ ҳамдаму дӯст,
Он рӯз гузоштӣ қадам сӯйи биҳишт.
ҲИКМАТИ БӮСА
Дар ҷону дили мо ҳаваси бӯсаи туст,
Моро, ки зи ҳар бурдание бӯса накӯст.
Аммо чӣ тавон гуфт ба он панди ҳаким:
Чизе, ки пасон бувад, бувад беҳ зи нахуст.
ПӮКИ КАДУ
Гар ақл надоданд варо рӯзи нахуст,
Набвад талаби тамиз аз ӯ низ дуруст.
Кай пур бикунад фароравӣ пӯкеро,
Дар шохи баланд ҳам каду пӯку кадуст.
РИЗОИ ХУДО
Донӣ, зи башар дар пайи худсӯзӣ кист,
Оне ки накӯ ёфта худсозӣ чист.
Аз хеш ту норозиву розӣ аз халқ,
Хоҳӣ ту ризояти Худо, бояд зист.
ЗАХМИ ЗАБОН
Дар захми забон, қавли хирадмандон аст,
К-он даргузаранда аз дили сандон аст.
Беҳуда набошад, ки забонат ба даҳон,
Дар банди лабу панҷараи дандон аст.
АЛМОСИ ИХЛОС
Чун дар раҳи имон ба ҳақам ихлос аст,
На дигарам андешаи ому хос аст.
Дар маҳкамии бовари ман шубҳа хатост,
Алмос ба ҳар сон ки бувад, алмос аст.
ГАРАВИ МАВЛУД
Моро талаби зиндагии масъуд аст,
Аз ғусса вале рӯйи замин пурдуд аст.
Бедард наояд ба ҷаҳон махлуқе,
Дард аст, ки моро гарави мавлуд аст.
ДАРАХТИ КИН
Соли дуҳазор агарчи пушти сари мост,
Моро хуи зишт то ба ҳоло барҷост.
Дар ҳалқаи мо агарчи Исое нест,
Дар соқи дарахти кин салибе пайдост.
ОЙИНАИ ҚАДНАМО
Сарчашмаи пок н-оварад оби пилишт*,
Дар шохи зақум* кай бувад нӯши биҳишт.
Он ҳарфу амал, ки аз башар меояд,
Ойинаи қаднамост бар аслу сиришт.
*пилишт – чиркин, нопок
*зақум – дарахти заҳрнок дар дӯзах
ХАТИ ҒАМ
Ин умр миёни рафтаву ҳозира аст,
Ҳоло, ки гузар кунад, хотира аст.
Шодӣ хати худро ба ҷаҳон рост барад,
Аммо хати ғам гаштаниву доира аст*.
СУРОҒИ ФАРОҒ
Моро нафасе фароғ мебояд дошт,
Сайри гулу дашту боғ мебояд дошт.
Ин ҷо ки на дашт ҳасту на боғу чаман,
Пас, ҷойи дигар суроғ мебояд дошт.
ОСОНИ КАМИН
Ҳар чӣ зи азал ба қисмати инсон аст,
Сахт аст якеро, ба дигар осон аст.
Гар мушкили ту зарраи меҳр аст ба мо,
Осони камини мо нисори ҷон аст.
МАЪНИИ УМР
Дар гулшани бишкуфта ҳазорон бӯяст,
Он гуна ки авлоди башарро хӯяст.
Эй он ки зи умр маъние меҷӯйӣ,
Маъни-ш дар одаме, ки маъниҷӯяст.
КАЛИДИ ДАРИ ТАЪРИХ
Дар насли хазандагон сабуктозе нест,
Ҳамболи уқобу боз ҳар ғозе нест.
Ҳуш дор, калиди дари таърих асло,
Дар дасти татовули маҳалбозе нест.
ШОДБОШИ ЗОДРӮЗ
Дар шаст будӣ, шасту якат омадааст
В-он раҳхати садсолагиат дод ба даст.
Рӯзе, ки ба дил ҷавону садсола шавӣ,
Хоҳем чу имруза ту бошӣ дар шаст!
ҚАТРА – ДАРЁ
Андеша чу мешавад раҳо аз бунбаст,
Вомераҳад аз муҳити бемояву паст.
Аз қатраи мо гиреҳ маҷўйӣ ту дигар,
Ҳар қатра ба дарё, ки расад, дарё аст*.
*Бедил гуфта: Дарёст қатрае, ки ба дарё расидааст.
БОЯДУ ШОЯД
Умре дилу ҷони ман суханҳое суфт,
Як шаб ҳам аз он пас вале ором нахуфт.
Шояд ки нагуфтам, он чӣ мебояд гуфт,
Ё он чӣ бигуфтам, ки намешояд гуфт.
БАШАРИ НОРОЗӢ
Моҳӣ ба рухи мавҷи равон дар бозист,
Дар шохи чаман рақси ҳазоровозест.
Розист ба дашт оҳуву дар беша паланг,
Танҳо башар аз ҳар ду ҷаҳон норозист.
ПЕШ АЗ ҶАҲИШ
Ҳар дам ба ҳаво, на чун ҳавас бояд рафт,
Гаҳ зер ба худ ҳамчу нафас бояд рафт.
То як ҷаҳиши баланду дуре бикунӣ,
Аввал қадаме чанд ба пас бояд рафт.
ХАТОИ ДИРӮЗ
Кай оташи хомӯш шарар нав афрӯхт,
Лек он ки бидод бештар, боз андӯхт.
Донӣ, кӣ раҳи рост ба фардо бурда?
Оне, ки хатои раҳи дирӯз омӯхт.
АМАЛИ МО
Фикру амали мост қабулу ради чарх,
Гарчи баду неки мост неку бади чарх.
Морост биҳишт сохтан ё ки ҷаҳим
Дар рӯйи замину дар таҳи гунбади чарх.
ҲОСИЛИ ҶАБР
Ором бувад, он ки ба таскин кӯшад,
Тӯфон набувад, баҳр куҷо бихрӯшад.
Аз ҳад гузарад ҷабр ба ҷони махлуқ,
Аз санг шарар хезаду дарё ҷӯшад.
БУҶУЛИ ЗИНДАГОНӢ
Ҷамъи бачагон дар бари девори баланд
Шодона ба ҳам гарми буҷулбозиянд.
Кош, ин бачагон пагоҳ худ ҳам буҷулак
Ин гуна ба дасти зиндагонӣ нашаванд.
ПАНДИ ИШҚ
То ҳалқаи ишқ бошадат ҷонпайванд,
Ҳар рӯзи Худо медиҳадат садҳо панд.
Бингар, ки ду мусича ба зери борон,
Шаб ҷафс шуда ба ҳамдигар, мехобанд.
АДЛИ ЗАМИНУ ОСМОН
Боист ба даҳр ҳамнишини дил буд,
Монанди замину осмон одил буд,
К-он ҳар чӣ бикоштӣ, дучандон додат,
К-он ҳар чӣ бихостӣ, туро омил буд.
ҲАРФИ ЛАБИ ХОМӮШ
Ҳар гаҳ ки ба ту моили ҷангу ҷадаланд,
Пархошталаб, ситезаҷӯ, бадамаланд,
Гар посухи ту ҳарфи лаби хомӯш аст,
Аз бонги масофи табл сахт асту баланд.
ДОРИ БАЛАНД
Эй дори баланд, ҳамсари ёри баланд,
Ҳаргиз назанӣ хам ба таҳи бори баланд.
Ҳаллоҷ чунон фароз бурдат, ки дигар
Кай бо ту расад сари талабгори баланд?!
БАНДАИ ҚОНУН
Мехоҳӣ агар саодат афзун бошад,
Ҳоли ватану халқ дигаргун бошад,
Қонун магузор зери дасти ҳоким,
Ҳоким ҳама ҷо бандаи қонун бошад.
САЙЁРАҲОИ ВАСЛАТ
Бо туст, ки дар рӯйи заминам пайванд,
Тори сарам афрошта гардуни баланд.
Гар васлати мо меканад, аз тоқи само
Хуршеду маҳу ситораҳо меафтанд.
ПОДОШ
Ҳар ҷо ки зане бувад, зино мехоҳед,
Ҳар ҷо ки фане бувад, фано мехоҳед.
Як умр ба мо ҷабру ҷафо карда, чӣ сон,
Подоши ано зи мо сано мехоҳед?!
СИТОРА
Он шуълаи хуршед, ки даҳр орояд,
Аз анҷуму моҳтоб кай меояд?
Хоҳӣ, ки туро ситорае бишносанд,
Дар зулмати шаб дамиданат мебояд.
БОЛИ ЭҲЁ
Чун зода шудӣ, Худоят иқбол диҳад,
Аз моли ҷаҳон, кош, туро ҳол диҳад.
Қақнуссифат сузӣ агар дар ишқаш,
Хокистарат эҳё кунаду бол диҳад.
ТАҚДИРИ ЗАРБАТ
Оне ки амал ба гуфтаи пир кунад,
Аз бир* натарсидаву тадбир кунад.
Фардо нигарӣ, ки зарбати тақдир ӯ,
Мардона пазируфтаву тақдир кунад.
*бир-тӯфон
ҲАД(Д)
Рӯзӣ зи азал, бубин, ки чун меояд,
Гоҳет каму гоҳ фузун меояд.
Дӯшидани гав ҳам, ки зи ҳад даргузарад,
Аз сина ба ҷойи шир хун меояд.
АҶАБАНГЕЗ
Чун навъи башар ба ҳам дар овез бувад,
Ҳар ҷо, ки билодест, балохез бувад.
Ин аср чӣ асрест, ки аз ҳар чизе,
Инсонии инсон аҷабангез бувад?!
МО РАҲГУЗАРЕМ
Пире ба нигоҳи хаста бар раҳ нигарад,
К-ин роҳ ба ҷо монаду умрам гузарад.
Беҳуда нагуфтаанд, мо раҳгузарем,
Мо мегузарем, раҳ ба манзил кӣ барад?!
КАМУ БИСЁР
Аз ин сару савдои ҷаҳон дил хун шуд,
Чизе, ки набуд пештар, акнун шуд.
Кам шуд ҳаявони одамисирати даҳр,
Лек одами ҳайвонсифате афзун шуд.
ОЯТИ ИШҚ
Ошиқ, ки набошӣ, кӣ ба боғат ояд,
Парвона куҷо сӯйи чароғат ояд.
Як лаҳза фаромӯш кунӣ ояти ишқ,
Иблис фариштасон суроғат ояд.
Ё ДЕР, Ё ЗУД
Аз шоири пешина чунин монд суруд:
Субҳона маро зи кабку гулмоҳӣ буд.
Бар нони ҷаваш шоири мо гуфт имрӯз:
Ё дер ман омадам ба дунё, ё зуд!
ХОСИ СИРИШТ
Оне ки мурод дар ҳаво меҷӯяд,
Донад, ки на аз ҳаво сафо мерӯяд.
Ҳар зот муроди хешро хоси сиришт –
Саг бо ҷаку булбул ба наво мегӯяд.
ГУЛЧИНУ ГУЛ
Эй ғунча, туро касе, ки лаб мебинад,
Дар погаҳи ту ба ёди гул мешинад.
Эй тозагули шукуфта, донӣ, гулчин
Аввал гули навшукуфтаро мечинад?!
СУОЛУ ҶАВОБ
Ҳар ҷост саробе, сари обе дорад,
Гумкардаҳисоб ҳам ҳисобе дорад.
Гарчи ба суол аз ту посух хоҳанд,
Ҳар кас ба суоли худ ҷавобе дорад.
МАН ҲОФИЗАМУ...
Морост муаллифе, ки пур медонад,
Ҳатто ки ба қомуси улум мемонад.
Бар лаҳни навиштаҳо-ш агар гӯш диҳем,
Ман ҳофизаму бародарам мехонад.
ДИДАИ ИДРОК
Ин вавалаю ҳамҳама ҳам даргузарад,
Селобсифат зуд сари худ бихӯрад.
Чун дидаи идрок кушояд мардум,
Бо шеъри равонфизои ман дил супурад.
ҚИМАТИ РОЗ
Дарёст, ки пайдовари пинҳон дорад,
Дар рӯй кафу ба зер марҷон дорад.
То ҷон надиҳӣ, наёбӣ асрори вуҷуд,
Рози паси марг қимати ҷон дорад.
ХУШ БОД, АГАР...
Шаҳ тахтаи шоҳмотро озин кард,
То дашт навардад, аспашро зин кард.
Дар саҳни ҳаёт бозии шатранҷ аст,
Хуш бод, агар пиёдаро фарзин кард.
САРМОЯИ ҲАҚ
Кай бе ту сафо дар нигаҳам меояд,
Шамсам саҳару шом маҳам меояд.
Сармояи ҳақ ба каф наояд осон,
Бо ранҷи сару моя ба ҳам меояд.
ЯК ЗИНА БАЛАНД
Дар дашту даман саманд мебояд буд,
Поят ки бувад, даванд мебояд буд.
То он ки расад ба тоқи гардун дастат,
Як зина зи худ баланд мебояд буд.*
*Як зина зи худ баланд будан ба он маъност, ки чун як зина аз будани худ баландтар шудед, барои он ки аз он баландтар шавед, боз як зинаи дигар бояд боло равед, ҳамин тариқ як зина боло рафтан беохир аст, то ба арши аъло бирасед.
ПАНДИ ВОИЗ
Лаб банду сухан гуфтани маънӣ омӯз,
То фикрати ту аён шавад ҳамчун рӯз.
Эй воиз, то ҳарфи туро зарф бувад,
Мебур зи дарозиву ба жарфо медӯз.
САРТОСАР
Гаҳ шеъри хазон гуфтаму гоҳе гули тар,
Гаҳ шеър зи шаб гуфтаму гоҳе зи саҳар.
Имрӯз, ки дидам ҳамаро, гашт яқин,
Аз маргу ҳаёт гуфтаам сартосар.
ҚАДР
Дар роҳи сафар ҳилол шуд комилу бадр,
Дар тоқи само нишаст дар маснади садр.
Дар баҳр, агар ҳам гуҳарӣ, беқадрӣ,
Аз хона бурун о, ки шиносандат қадр.
РОСТУ КАҶ
Эй мурғи ҳаво, кӣ мешавад ҳамраҳу ёр,
То зинда расӣ ба мазраи кишти баҳор.
Бояд ба фиреб пар зад аз роҳи каҷе,
Гар рост ту меравӣ, шавӣ зуд шикор.
ҲИКМАТИ ПИРӢ
Эй кош, ки чашме набувад як дам тар,
К-аз қатраи ашк мешавад олам тар.
Ин ҷост камоли ҳикмати инсонӣ,
Чандон ки шавӣ пир, шавӣ одамтар.
ЧОПЛУСОН
Аз ҳар ҷинсе сохт Худо модаву нар,
То фарқ бувад миёни авлоди башар.
Мардон, ки зи чоплусӣ ин ҷо шуда зан,
Занҳои чунин, аҷаб, чӣ бошанд дигар?!
ГИРДБОД
Дигар ба ҷаҳон кушо ту дарбу дари хеш,
То он ки фаро равӣ зи гирду бари хеш.
Мегардӣ агар чу гирдбоде як ҷо,
Печида ба хеш, мехӯрӣ ту сари хеш.
ИСЛОМ
Ислом ба дил дораму аз шайх на бок,
Хоки раҳам аст пурзиёи афлок.
Гар обиду охунду машоих набуданд,
Сад бори дигар будам мусулмонтару пок.
ОГАРДИ БУЗУРГ
Эй кош, Худоят бидиҳад дарди бузург,
То дарди бузургат бикунад марди бузург.
Сангин бувад ар замини кишти рӯзи-т,
Боист дар он биканд огарди бузург.
НАВИДИ ҚИЁМ
Дар бистари шабҳо-ст нуҳуфта айём,
Дар ҳар лаби баста ҳам навид асту паём,
Чун дар сари ангур, ки хомӯшу хам аст,
Дар донаи он валек шӯр асту қиём.
ДУРУ НАЗДИК
Эй оташи ишқ, сӯзиш омӯзиям,
Аммо чу ту кай шавад худафрӯзиям?!
Аз дур аҷаб ба сӯйи худ мехонӣ,
Наздик шавам, тамом месӯзиям.
СУРАТИ ИХТИЛОФ
Оне кунад обод, кунад вайрон ҳам,
Дар сурати ихтилофи худ ҳайрон ҳам.
Нутқ аз ҳаявон агарчи инсоне сохт,
Нутқ аст, ки боз созадаш ҳайвон ҳам.
САНГИ ФАСОН
Аз хархашаҳо чӣ гуна парҳез кунам,
Шарт аст, ки ман бо ҳама овез кунам?!
Дар панҷаи рӯзгор агар корд туӣ,
Ман санги фасонам, ки туро тез кунам.
ЭЙ РӮЗА...
Эй рӯза, чӣ кардӣ ту ба он гулбаданам,
К-аз омаданат ба чашми ӯ хор манам.
З-он лаҳза, ки бастӣ даҳани ғунчагулаш,
Ман ҳам натавонам, ки кушоям даҳанам.
ПОРАДӮЗӢ
Мо хеш куҷо бандаи рӯзӣ бикунем,
Бал коста нафс, худфурӯзӣ бикунем.
Гирӣ ту зи кас пораву дил пора кунӣ,
Мо он дили пора порадӯзӣ бикунем.
ГИРДИ САРИ ХУРШЕД
Ҳар рӯз, ки ҳомили ҳазор уммедам,
Ман роҳнаварди шаҳраҳи испедам.
Гарчи чу замин ба гирди худ мечархам,
Дар чархиши худ гирди сари хуршедам.
ДАР САФАР
Шаб зода, ба уммеди саҳар мемирем,
Андешаи фирдавс ба сар мемирем.
Гарчи раҳи умр то ниҳо паймоем,
Манзил нарасида, дар сафар мемирем.
РӮЗАКУШО
Ояд рамазону ман ба ту шайдоям,
Дар моҳи Худо ишқ бувад мавлоям.
Ман рӯза фақат ба он ният медорам,
К-онро ба асалрези лабат бикшоям.
СОҲИБКУЛАҲИ ВАҲДАТ
Ин ваҳдати халқ аст, ки мо хушбахтем,
Дар ваҳдати хештан аз оҳан сахтем.
Фахрем, ки имрӯз ба соҳибватанӣ,
Соҳибкулаҳи замону соҳибтахтем.
АЛЛОМАИ НОХОНДАКИТОБ
Мо бар ҳамаи дарахти дониш бехем,
Ё илми ҳама давру замонро мехем.
Ҳайрон машавед, з-он ки нохонда китоб,
Алломаи фиқҳу адабу таърихем.
ПАНДИ ҲАЁТ
Дар ҳар нафаси ҳаёт пандест чунин,
К-андӯҳи замон махӯр, марав зору ҳазин.
Барге, ки зи шоха меканад, то охир
Рақсидаву чархида биафтад ба замин.
ҒАМИ ЗЕБО МУРДАН
Моем пайи ҳаёти зебо бурдан,
Бахши дигаре бувад вале афсурдан.
Ин зиндагӣ он гоҳ шавад инсонӣ,
Гар ҳаст башарро ғами зебо мурдан.
МАСТУ ҲУШЁР
Тирожа* бубину ҷилваи борон бин,
Ҳам хасм бубину ёвару ёрон бин.
То аслу сиришти мардумон бишносӣ,
Худ маст бигиру кори ҳушёрон бин.
*тиру камон, қавси қузаҳ
ХОНАИ ДУНЁ
Бар чӯл бар обеву чаман эҳё кун,
Сарбанд шикаста, рӯдро дарё кун.
Гирду бари хешро ту девор мазан,
Девор фитону хонаро дунё кун.
ЧИРО ҶӮЯМ?
Бо даҳри ҳазоррӯ, ки якрӯям ман,
Дорам суханеву рӯ ба рӯ гӯям ман.
Гумкардахудоён, ки Худо меҷӯянд,
Бо ман, ки бувад Худо, чиро ҷӯям ман?
ИЛМУ ҲАЁТ
Шайхо, ки ҳаме ба илму фан дорӣ кин,
Бе илм туро куҷост расму оин.
Гар ҳандасаро Нӯҳ намедонистӣ*,
Ҳоло на ҳаёт, не ту будиву на дин.
*Агар Ҳазрати Нӯҳ илми ҳандасаро намедонист, сохтани киштие ба он бузургӣ, ки дарозиаш 133,5м., бараш 22,25м. ва баландиаш 13,25м. буда, он қадар махлуқро бо худ бурда тавонад, ҳаргиз имкон надошт.
БИНГАР ТАҲИ ПО
Онон ки маро гуфта пагоҳу бегоҳ,
Боло нигару фақат суи пеш, ба роҳ!
Як бор, ақал, кош, ба ман мегуфтед,
Бингар таҳи по, ки наафтӣ бар чоҳ.
ДАВИ ПОЙГАҲӢ
Дар бед чӣ нисбатест бо сарви саҳӣ,
Фарқ аст миёни каҳрабоиву каҳӣ.
Поят агар аз камар бувад ғафсу дурушт,
Ҳаргиз накунӣ ҳавас дави пойгаҳӣ.
СУХАНИ ПУЧ
Ҳарчанд ба даҳр аст бадеву нағзе,
Булбул набувад вале ҳарими чағзе*.
Мардум сухани пуч агар дорад дӯст,
Фардо нигарӣ, намонда соҳибмағзе.
*ғук, қурбоқа
ҶАҲЛИ ҚАБЕҲ
Эй халқ, ки бар илми башар оғозӣ,
Имрӯз куҷо шуд он баландовозӣ?!
Ҳайфо ки ба асри бисту як ҳоло ту,
Бо ҷаҳли қабеҳи асри даҳ менозӣ.
АЙБИ МУҚАРРАБОН
Ҳар қадр ки наздик ба назди шоҳӣ,
Он қадр ту наздик ба қаъри чоҳӣ.
Сад айби муқаррабон ба ту мечаспад,
Ҳарчанд ки беайбу муназзаҳ, моҳӣ.
ДАР РОҲИ ХУДО
Моро ки ба тан ҷон буваду имконе,
Ҷон додаву ҷӯем раҳи имоне.
Дар роҳи Худо гузар кунем аз масҷид,
Он ҷо ки Худо наёфт ҳеҷ инсоне.
ОЙИНАВУ ВОРУНБИНӢ
Ҳар гаҳ ба шинохти ҷаҳон биншинӣ,
Фаҳмаш ту мабодо ки сабук бигзинӣ.
Дар ойина хоҳӣ ҳама осон бинӣ,
Бинӣ осон, валек ворун бинӣ.
ШИНОХТИ ДАҲР
Ин олами бегона чӣ сон бишносӣ,
Дурру гуҳар аз хору хасон бишносӣ?!
Гӯям ба яқин, ки даҳри нашнохтаро,
Бишносӣ, агар неки касон бишносӣ.
ТАЗОДИ ГАВҲАР
Хобат набарад гаҳ ба мулоим рахте,
Гаҳ бахтакат* оварад навиди бахте.
Дар гавҳари ҳар чиз тазоде хуфта-ст,
Рӯяд зи замини нарм бурси сахте.
* кобус,пахш кардани сиёҳӣ дар хоб
ТОЛЕЪИ ПАСТ
Эй Бор Худо, амр ба ҳастам додӣ,
Гӯё ки ҳамон рӯз шикастам додӣ.
Бо ин ҳама кӯҳҳои то арш баланд
Охир, ту чаро толеи пастам додӣ?!
ФУРӮҲАРБУНЁД
Оне ки шинохт маънии инсонӣ,
Душвор ҳар он чӣ буд, шудаш осоне.
Чун буд зи авлоди фурӯҳарбунёд,
Кай сохт ба даъвии фароинсонӣ?!
ЯК ТАНУ ДАҲ ТАН
Аз марги баногаҳ, ки сухан меронӣ,
Худ мояи умр аст дами инсонӣ.
Эй банда, ту аз Худо чӣ мехоҳӣ боз,
Як тан ки ба даҳр омада, даҳ тан монӣ.
ҲАВАСИ ОЗОДӢ
Ин ҷо ҳама мотам асту чун шод зиӣ,
Дар мулки харобазор обод зиӣ?
Дорам ҳаваси озодият, аммо
Бо халқи ғулом чун ту озод зиӣ?!
ХУДСОЗӢ
Боз аст, чу аз тухм барояд бозе,
Ё асп, чу зода гашт, бошад тозӣ.
Ҳарчанд инсон ҳам инсон зода шавад,
Инсон нашавад аммо, бе худсозӣ.
АФРӮХТА БОШ
Бо фар, ки расидӣ, на фаромӯш шавӣ,
Оғушта ба меҳр, меҳроғӯш шавӣ.
Чун шуъла задӣ, ҳамора афрӯхта бош,
Ту шамъ найӣ, ки субҳ хомӯш шавӣ.