ЗАНҶИРИ ПО

 

Андешаи рӯзӣ, ки туро дам ба дам аст,

Ҳар қадр, ки бисёр бувад, боз кам аст.

Фикри шиками сер кунад побандат,

Занҷири ду поят, ки туро дар шикам аст.

  

ЯКТОИ БЕҲАМТО

 

Дар пояи худ ба ҳар кӣ ҳампое нест,

Ҳамтояш агарчи нест, яктое нест.

Бинад зи фалак  Ҳумо пайи мӯр ба рӯз,

Дар зулмати  шаб чу бум биное нест.

 

 

ДУНЁИ ҲАМВОР

 

Дар поси шаб ар нахуфтае бисёр аст,

Бедор ҳамонест, ки дилбедор аст.

Гар пасту баланди хеш ҳамвор кунӣ,

Дунё ҳама пас барои ту ҳамвор аст.

 

 

ОДАМ БОШӢ

 

Эй он, ки зи ҳамгинон дилат пурдард аст,

Дар ҳарду ҷаҳон шахси ту гӯё фард аст.

Дар ҷамъи башар агар худ одам бошӣ,

Монанди ту одам чандин  милярд аст.

 

 

РАҲИ ТАДБИР

 

Моро, ки ба раҳ ҳазору як тақсир аст,

Роҳе, ки ба мақсад барадат, тадбир аст.

З-он саг, ки занад баланд аккос, матарс,

Тарс аз саги хомӯш, ки ғофилгир аст.

 

 

ТАШНАИ ДАРЁ

 

Ҳар чиз, ки қисматат раво дид, равост,

Дар ҳалқаи дарё даҳани моҳӣ во-ст.

Сероб накардаш чу азал аз аввал,

Ташна-ст, агарчи дар миёни дарёст.

 

 

ШАБ САҲАР АСТ

 

Биноии дил на аз басар, аз назар аст,

Он ҷо, ки назар хуш аст, дил дидавар аст.

Оне, ки саҳар хуфт, набинад рухи субҳ,

Гар чашми ту бедор бувад, шаб саҳар аст.

 

 

ДЕВОРУ ДАР

 

Ҳар ҷой, ки аскарест, афсар ҳам ҳаст,

Бар ҳар сафи бешикаст сафдар ҳам ҳаст.

Навмед машав зи хори девори баланд,

Ҳар ҷой, ки девор бувад, дар ҳам ҳаст.

 

 

МАВҶТИФЛИ БОЗИКОР

 

Ин рӯд зи меҳри модарӣ  саршор аст,

Мавҷаш ба канор тифли бозикор аст.

Гаҳвора агарчи  то саҳар ҷунбонад,

Кӯдак ба мағал тамоми шаб бедор аст.

 

 

ҲАРФИ ХИРАД

 

Ҳарфи хирад аз мухолифатҳо дур аст,

Он ҷой, ки маъност, сухан мансур аст.

Дилро ба ҳавои ақл боист бисохт,

Ноҷӯр наво, чу торҳо ноҷӯр аст.

 

 

ОБОДИИ ДИЛ

 

Аз умри гаронмоя маро то нафас аст,

Ободию озодагии дил ҳавас аст.

Онро ки ба ҷуз тортанӣ  шуғле нест,

Чун тортанак рӯзии умраш магас аст.

 

 

ШЕВАИ ОСМОН

 

Бо ин ҳама чашм, чашми гардун на ба мост,

Ин арз куҷо барем, кар гӯши самост.

Аз шеваи осмон биёяд аҷабам,

Ҳар ҷо сари холист, таҳи боли Ҳумост.

 

 

ТАЛАБИ ОЗОДӢ

 

Ман мурғи ҳавояму ҳаводорам нест,

Дар хайли қафаснишастагон ёрам нест.

Ман дар талаби ҳавои озодиям,

Бикшо қафасам, ки дона даркорам нест.

 

 

ИБРАТ

 

Ранҷе, ки кашад ин дили мо, ранҷи равост,

Ганҷе, ки варо даст диҳад, ганҷи вафост.

Мӯре, ки кашад дони гаронтар аз хеш,

Бар рағми ҳама сабуксарон ибрати мост.

 

 

ДАЛЕЛИ ҲАҚ

 

Ин об, ки ӯ зи Салсабил овардаст,

Бар хок занандаш, ки чӣ селовардаст.

Имрӯз далели ҳақ ба ҷуз зӯрӣ нест,

Ин сода вале ба ҳақ далел овардаст.

 

 

ХУФТАИ БЕДОР

 

Эй бехабарон, шуҳрати подор куҷост,

Нанг аз кафи мо рафт, дигар ор куҷост.

Саҳл аст миёни хуфтагон бедорӣ,

Бедортар аз хуфтаи бедор куҷост?!

 

 

МЕЪЁРИ ДИЛ

 

Ин дайри куҳан, ки аз ғами тоза пур аст,

Танг асту махуф асту зи овоза пур аст.

Аммо дили моро чӣ аҷаб меъёрест,

Қадрест фарохо, ки чӣ андоза пур аст.

 

 

РОЗИ ШАБ

 

Дунёст, ки бо равшанияш пирӯз аст,

Дар рӯз яке шамси ҷаҳонфрӯз аст.

Шабро, ки ҳазор ахтари меҳр бувад,

Аз рози шаб огоҳ шавӣ, шаб рӯз аст.

 

 

ТАБОРИ ХУРШЕД

 

Ин дори фано, ки бар ҳама пирӯз аст,

Он бор, ки мебарад, ба пушти кӯз аст.

Гар мушти гилам, табори хуршедам ман,

Ҳар гаҳ, ки равам, шаб асту оям, рӯз аст.

 

 

СУХАНИ БУРРАНДА

 

Баҳси ҳақу ноҳақ набиёрад самарат,

Гарчи набувад гурезгоҳи дигарат.

Азбас сухани ҳақ аст бурранда чу теғ,

Лаб бандӣ агар, лабат бурад в-арна сарат.

 

 

ЯК ЗАХМА

 

Фарёди дили маро кӣ фарёдрас аст,

Фарёди дил аст ин,  на садои ҷарас аст.

Мо табл набошем, ки моро кӯбӣ,

Мо тори рубобем, ки як захма бас аст.

 

 

КУЛАҲ

 

Дар раҳгузари умр, ки банду хатар аст,

Ту бехабарию он зи ту бохабар аст.

Ҳаргиз накунӣ тарки сар аз баҳри кулоҳ,

Сар баҳри кулаҳ нест, кулаҳ баҳри сар аст.

 

 

ҶАҲЛИ ҶОҲИЛ

 

Ҳаргиз набувад кори ҷаҳон бе каму кост,

Ҳайратзадаам, вале аз оне, ки равост.

Оқил ба раҳи рост ҳазор андешад,

Ҷоҳил ба раҳи каҷ раваду донад рост.

 

 

ДИЛИ ДАРДКАШ

 

Имрӯз, ки бегона ба ман хештар аст,

Ҳар рӯз зи дирӯза дилам рештар аст.

Бефарқ агарчи бар сару рӯй зананд,

Чун дардкаш аст дил, ғамаш бештар аст.

 

 

ШАҲРИ НОҲУШЁР

 

Ин хок гаҳе хоку гаҳе афлок аст,

Тарёк ба заҳри хештан тарёк аст.

Дар кӯчаи шаҳре, ки надорад ҳушёр,

Девона зи санги кӯдакон бебок аст.

 

 

ШИКАМ - ШАҲБОЛ

 

Он сар, ки надорад сари коре, чӣ сар аст,

Он даст, ки нест дасти ёрӣ, ҳадар аст.

Море ба шикам хазад, шикам шаҳбол аст,

Боле, ки ба парвоз наёрад, чӣ пар аст?!

 

 

ОРЗУ - ДОҒ

 

Мурғе, ки ба ҳар фасл канори боғ аст,

Булбул ба баҳорону зимистон зоғ аст.

Уммеди муҳолат, ки занад шӯъла ба дил,

Имрӯз, ки орзуст, фардо доғ аст.

 

 

РАНҶИ ДОМ

 

Инсон, ки ҳама дар орзуи бахт аст,

То рафтани дар тахта хаёлаш тахт аст.

Осон нафитад ба дом мурғи зирак,

Афтад чу ба дом, ранҷи домаш сахт аст.

 

 

МОҲИИ ДАҲОНВО

 

Инсон, ки ба як даҳону ҷуфте гӯш аст,

Ин худ масале барои марди ҳуш аст.

Гар кому даҳон фақат барои ҳарф аст,

Моҳӣ ба даҳони во чаро хомӯш аст?!

 

 

СОЯИ ХУРШЕД

 

Хуршед баланд аст, ба он поя куҷост,

Ин чашмаи нури покро моя куҷост.

Хуршедӣ агар, ба сояе хурда магир,

Хуршед, ки хандон набувад, соя куҷост?!

 

 

ПОСБОН

 

Даҳрат, ки ҳамеша сифлаву маккор аст,

Ҷуфтикунияш ба ганҷеву девор аст.

Андешаи заҳри неш аз сар магузор,

Чизе маталаб, ки посбонаш мор аст.

 

 

БОРИ ҒАМ

 

Дам бештар аст ё адам бештар аст,

Ё шафқату меҳр, ё ситам бештар аст?

Эй сода, чӣ хоҳӣ аз Худо умри дароз,

Дар умри дароз бори ғам бештар аст.

 

 

ОДАМИГАРӢ

 

Дар баҳру баре баҳру барӣ пайдо нест,

Сардор чӣ бисёру сарӣ пайдо нест.

Ҳарчанд ки дунё пури одам шудааст,

Афсӯс, ки одамигарӣ пайдо нест.

 

 

ФАЙЗИ АХТАРОН

 

Хуне, ки туро ниҳон равад дар рагу пӯст,

Дар бӯсагаҳи чеҳраи гулгун ба нумӯст.

Нурат нарасад зи маҳфили тирадилон,

Хуршед зи файзи ахтарон равшанрӯст.

 

 

ХАС

 

Ишқе, ки ба он ноз кунӣ ту, ҳавас аст,

Мурғе, ки аз он ту бол хоҳӣ, магас аст.

Аз хеш ту гӯиё касе сохтаӣ,

Он кас, ки зи худ сохтаӣ, кас чӣ, хас аст.

 

 

САРСАРӢ

 

Бо заҳмат агар сӯйи зафар хоҳӣ рафт,

Гар шӯълавар омадӣ, шарар хоҳӣ рафт.

Роҳест валек роҳи умрат, ки аз он

Бо сарсарие равӣ, ба сар хоҳӣ рафт.

 

 

ЧАРОҒИ АХТАР

 

Ҳар ҷо, ки саре буд, сару сарвар дошт,

Он сарвари сар боз саре дигар дошт.

Хуршед, ки ақсои ҷаҳон равшан кард,

Дар хона чароғи сад ҳазор ахтар дошт.

 

 

Муҳтоҷ

 

Бе дастаи пул дасти дуо пайдо нест,

Олам кару гунг асту садо пайдо нест.

Чизе бувадат ба каф, ҳама муҳтоҷанд,

Муҳтоҷӣ агар, кафи сахо пайдо нест.

 

 

ИЛҲОМ

 

Дар даҳри дурӯза ҳар кӣ марди корест,

Овораву саргарми каму бисёрест.

Хоб оварадаш умр ҳама чун шаби дай,

Илҳом, вале фариштаи бедорист.

 

 

МӮЪҶИЗИ ХОК

 

Гуйӣ, чу наояд ба кафат домани бахт,

Гардун чӣ баланд асту замин бошад сахт.

Бемӯъҷиза нест лек чизе дар даҳр,

Гул мӯъҷизи хок аст сари шохи дарахт.

 

 

РОҲИ ХУДО

 

Гоҳе, ки хабардор вай аз ногаҳи мост,

Мо огаҳи ӯ наему ӯ огаҳи мост.

Аз роҳи чигил раҳ ба Худо ҷустан чист,

Роҳи дигаре нест, ба ҷуз як раҳи рост.

 

 

ДИЛБАРИ УЛВӢ

 

Шайдои туям, мисли манат шайдо нест,

Олам пури Маҷнун буваду Лайло нест.

Сад ошиқи хокӣ чу манат бисёр аст,

Як дилбари улвӣ чу туе пайдо нест.

 

 

ЛАБИ ХУНШОР

 

Гирду бари ман, ки сар ба сар девор аст,

Сад мушу дусад гӯш дар он бедор аст.

Ҳарфе наравад то зи лабонам берун,

Он қадр газидам, ки лабам хуншор аст.

 

 

ДАР ХЕШ НИГАР

 

Овора аз онӣ, ки сари саргумат аст,

Бечора аз онӣ, ки дари мардумат аст.

Аз кас ту чаро дар талаби хору хасӣ,

Дар хеш нигар, ки хирмани гандумат аст.

 

 

КАР БОШ!

 

Гар тоза шавад ба дил ғами деринат,

Чун заҳр шавад талх дами ширинат.

Оқил чу кунад накӯҳишат, нек шунав,

Кар бош чу ҷоҳиле кунад таҳсинат.

 

 

МАЙДОН ҲАМА ҶОСТ

 

Дил бошаду азми мард, майдон ҳама ҷост,

Гар азми ту нест сард, майдон ҳама ҷост.

Шамшерат агар занг набаста ба ниём,

Дорӣ ҳаваси набард, майдон ҳама ҷост.

 

 

ОСМОНИ ТУ

 

Моро ду ҷаҳониву ҷаҳони ту куҷост,

Аз мо ту нишониву нишони ту куҷост.

Ин гуна баланд, к-остони ту бувад,

Пас кист, ки гӯяд, осмони ту куҷост?!

 

 

ХОКИ БЕОСМОН

 

Он кас, ки зи ҷон мегузарад, бебок аст,

Зери қадамаш нуҳ табақи афлок аст.

Хок арчи туро беш зи ҳафт иқлим аст,

Хоке, ки набошад осмонаш, хок аст.

 

 

КУҶОСТ ГАРДУН?!

 

Эй синаи танг, дашту ҳомун ба куҷост,

Олам пури Лайлосту Маҷнун ба куҷост.

То чанд бигӯӣ аз заминам қисса,

Як бор маро бигӯ, ки гардун ба куҷост?!

 

 

ПАРДАГИЁНИ УРЁН

 

То ҷони туро ба дард анбозе нест,

Дар кӯйи муроди дил дари бозе нест.

Акнун, ки паси пардагиён урёнанд,

Ҳар ҳарф, ки дар парда бувад, розе нест.

 

 

 

ТАҚДИРУ ТИРАНДОЗ

 

Ҳар бол задан ба арш парвозе нест,

Гунҷишк, агарчи пар занад, бозе нест.

Мурғе, ки гузашт аз осмони ҳафтум,

Тақдир варо ба тир-андозе нест.

 

 

ПАЙВАНДИ ДИЛ

 

Мо як дили ношикаста ҷӯем, куҷост,

Ҳар қадр, ки ҷӯем, вале нопайдост.

Пайванди дили шикаста ғайри дил нест,

Ҳар ҷо, ки шикаст, ҷои пайванд он ҷост.

 

 

БИҲИШТӢ

 

Донад башар оё ки чӣ хуб асту чӣ зишт,

Гар нест ба даҳр масҷиду дайру куништ?

Ин ҳар се ба ҳам зан, эй Худо, то бинем

Онро, ки ту офаридаӣ баҳри биҳишт.

 

 

СӮХТАНИ БЕҲУДА

 

Дар бодияи ишқ сухан беҳуда-ст,

Дар пеши рухаш ёди чаман буҳуда-ст.

Дар хонаи равшан зи чароғи хуршед,

Эй шамъ, туро ки сӯхтан беҳуда-ст.

 

 

ТАВҚИ ЗАРИН

 

Аҷноси Худо бешумару лак ба лак аст,

Он гуна бувад, ки хуни хомаш ба раг аст.

Коре накунад ба асл ҳаргиз зару сим,

Бо тавқи зарин ҳам саги бадзот, саг аст.

 

 

ҶИНСИ УҚОБ

 

Бадмеҳр самост ё ки хушмеҳр самост,

Бо он сари афрохта зери пари мост.

Давлат фақат аз болу пари худ ҷӯем,

Мо ҷинси уқобем, чӣ парвои Ҳумост.

 

 

ЛОФ

 

Ҳар гул гияҳ асту ҳар гиёҳе гул нест,

Мурғони чаман низ ҳама булбул нест.

Оне, ки зи ақли кулл занад лоф басе,

Лофист яқин, ки ҳеҷ ақли кул нест.

 

 

МУКОФОТ Ё МУҶОЗОТ

 

Хандон ба назар чеҳраи авқоти ман аст,

Дил ғарқ, вале ба хуни абёти ман аст.

Ин табъи суханзои адолатойин

Шояд на мукофот, муҷозоти ман аст.

 

 

ИН ТАН ЧӢ ТАНЕ?!

 

Ин тозасухан ба қиссаи дерин нест

В-ин ҳусни туро ҳоҷати ону ин нест.

Ҳарфи ту ба ширинии ҷон аст,  вале

Ин тан чӣ тане, ки ҷон чунин ширин нест.

 

 

НОНИ ЗАМОН

 

Дар ҳар хами ин роҳ, ки сад раҳзан ҳаст,

Дар ҳиммати раҳбонам аз ин рӯ, занн ҳаст.

Эй саг, ту ҳам аз макри замон огаҳ бош,

Ноне агарат дод, дар он сӯзан ҳаст.

 

 

ШИШАВУ САНГ

 

Акнун на ба ҳар кӣ пояам дастрас аст,

Шояд ки касеро ба мақомам ҳавас аст.

Ман шишааму раҳам  ҳама сангистон,

Як бор фитоданам дар ин роҳ бас аст.

 

 

ДАРСИ ТАНВИР

 

Бар забти фалак тир магар тадбир аст,

Чун нуҳ фалакат боргаҳи танвир аст.

Дарсат набувад магар камони гардун,

К-он арзу само гирифтаву бетир аст.

 

 

САВОРИ ХОБ

 

Оне, ки равад на зуд, на дер, об аст,

Ҳарчанд равон ба шеваи мироб аст.

Оё бишавад роҳ зи маҳмез қариб,

Аспе наравад, савор агар дар хоб аст.

 

 

ГИРДБОД

 

Обе, ки зи рӯ бувад, ба рӯ хоҳад рафт,

Обе, ки зи ҷӯ бувад, ба ҷӯ хоҳад рафт.

Он бод, ки гирд гашта бардорад хок,

Хокаш ба даҳан, боз парӯ хоҳад рафт.

 

 

МУКОФОТИ АМАЛ

 

Эй он, ки ба ҷуз ҳаво надорӣ дар мушт,

Ҳам пушти дигар набошадат андар пушт.

Дӣ бар сари мо, ки мекашидӣ теғат,

Имрӯз ҳамон теғ туро хоҳад кушт.

 

 

ДАРЁВУ ШОХА

 

Эй он, ки туро дурри сухан дар назар аст,

Обе, ки зи ҳарфи туст, оби ҷигар аст.

Саҳл аст зи шохаҳо шудан дарёе,

Дарё шудану шоха заданҳо ҳунар аст.

 

 

БОЛОИ ФАЛАК

 

Аз мӯру малах то малакам бояд рафт,

В-аз авҷи фалак то самакам бояд рафт.

Чун нест маро фазои дил зери фалак,

Боло зи фазои фалакам бояд рафт.

 

 

СУД КУҶО?

 

Оташ, ки занӣ  бар ду ҷаҳон, уд куҷост,

Дарёи муҳит хушкаду рӯд куҷост.

Наздат чу ҳама ба дидаи баста буванд,

Аз дидаи бози як нафар суд куҷост?!

 

 

САФЕДИИ ДИЛ

 

Ин дил набувад ба сина, к-ин обу гил аст,

Навмедии даҳр ноумедии дил аст.

Чун дилсияҳеро набувад рӯйи сафед,

Ҳар рӯйи сафед аз сафедии дил аст.

 

 

ХУНОЛУД

 

Ҳоло на фақат, ки гуфта хунолуд аст,

Ҳам рози ба дил нуҳуфта хунолуд аст.

Дирӯз, ки дар баҳори гул хунҳо рехт,

Ҳоло гули ношукуфта хунолуд аст.

 

 

ҲАРЗАФУРӮШ

 

Он ҷо, ки маро ҳавои биншастан нест,

Аз маҳфили гап илоҷи ворастан нест.

Эй кош, ки он лофзани ҳарзафурӯш

Бандад даҳанашро, ки  манаҳ бастан нест.

 

 

ПАЙВАНДИ ТАНУ ҶОН

 

Дар ҷону дилам ҷуз ба хаёлат ҷо нест,

Он ҷо, ки туӣ ба дигаре маъво нест.

Шириниии ин ёд на он ширинист,

Ин лаззати пайванди таневу ҷонест.

 

 

МУРДАХОР

 

То пораи гӯшт рӯйи хон оварадат,

Ҷондор кушад одаму з-он оварадат.

Одам, ки ба даҳр мурдахоре бошад,

То зинда туӣ, кас натавонад хурадат.

 

 

ОДАМ ВА ХУДО

 

Як мавҷ бурун зи баҳр мавҷе ҳам нест,

Як захма таронаи нишоту ғам нест.

Олам, ки таҷаллигаҳи  анвори Ҳақ аст,

Дар ҳар кас агар нест Худо, одам нест.

 

 

ҲАЁТ

 

Аввал хандӣ, пас гирйӣ, ин чӣ наҷот,

Аввал бошӣ, пас пошӣ, ин чӣ сабот.

Ман маънии зиндагӣ нафаҳмидам ҳеҷ,

Аввал ту хурӣ, баъд туро, ин чӣ ҳаёт?!

 

 

ИМРӮЗ  БИЗӢ!

 

Даҳр аст бузургу нест ҷуз ин ҷоят,

Умр аст дарозу нест ҷуз ҳолоят.

Гар бахт бихоҳӣ, ончунон зӣ, ки ба даҳр

Дирӯз набуду набувад фардоят.

 

 

КАМБАҒАЛИ  ПУРБАҒАЛ

 

Он камбағалеро, ки бағал пурғазал аст,

Фориғ зи ҳама макру фиребу дағал аст.

Фардо, ки расад халқ ба даргоҳи абад,

Бинӣ, ки ҳамон камбағалак, пурбағал аст.

 

 

ШАҲДУ ЗАНБӮР

 

Ҳар ҷо, ки равад тур, магар Тӯрон аст,

Эрон, ки ҳама зодгаҳи турон аст.

Эй гул, чӣ кунӣ зи неш нолиш, ки туро

То шаҳд бувад, ҳуҷуми занбӯрон аст.

 

 

ЧАМАНИ  СУРХИДА

 

Гул мавсими ишқу ошиқӣ оё нест,

Ёреву канореву маю мино нест?!

Сурхида чаман пираҳани хеш афканд,

Дар боғ магар парандае бино нест?!

 

 

ХУНУ ОБ

 

Худро ту шабеҳи мо ҳисобӣ, хоб аст,

Монанди мане ба ҷилди ту ноёб аст.

Гар дар раги ту обу ба чашмат хун аст,

Андар раги ман хуну ба чашмам об аст.

 

 

АБАДИЯТИ  ГУЛПАРАК

 

Донӣ, абадият чиву ҷовидон кист

В-он чиз, ки худ намонда, мемонад чист.

Ин ҳастии чандмилёнсолаи кӯҳ

В-ин зисти гулпарак, ки рӯзе ҳам нест.

 

 

ВУБОЛИ ИШҚ

 

Осон ба чӣ ранҷ шуд муҳоли ишқат,

Чун буд дилам лоли суоли ишқат.

Ман қадри муҳаббатат надонистам, ҳайф,

Эй кош, нагирадам  вуболи ишқат.

 

 

ДОМОН

 

Ин даҳр, чӣ даҳре, ки маро музтар дошт,

Ҳар лаҳза ба ҷонам хатари дигар дошт.

Ман сер зи ҷон будаму аммо ногоҳ

Домони туро бод зи зону бардошт.

 

 

ЭВЕРЕСТИ  ФИКР

 

Як кӯҳ фаро рафта зи кӯҳи дигарест,

Ойини баланду паст дар баҳру барест.

Боло з-Эверест рафтанат коре нест,

Фикрат нарасад агар ба пойи Эверест.

 

 

ИСТЕЪДОД

 

Аз зоди ту пештар ҳазорон зод аст

В-аз омаду шуд ҳазорҳо фарёд аст.

Дар олами пире, ки саропо кӯҳна-ст,

Чизе, ки ҷавону тоза, истеъдод аст.

 

 

МУШАКИ ШЕРДАЪВО

 

Дунё чӣ кунам, дилам зи дунё сер аст,

К-оне, ки бувад лоиқи боло, зер аст.

Гар шер шаҳи ҷангалиён аст, ин ҷо

Ҳар мушаки мурда муддаии шер аст.

 

 

ОЙИНИ ФАРОРАВӢ

 

Боло, ки ман аз чуну чаро хоҳам рафт,

Бар авҷи Сурайё зи Саро хоҳам рафт.

То азми висоли осмонҳоям ҳаст,

Рӯ- рӯйи қади хеш фаро хоҳам рафт.

 

 

ҶАСТАН

 

Дар банди дилӣ, гусастанат ҳоҷат нест,

Ҷонро ба азоб хастанат ҳоҷат нест.

Шалвор мабардор ба назди ҳар ҷӯй,

Ҷое, ки пул аст, ҷастанат ҳоҷат нест.

 

 

БӮЙИ МУЛАВВАН

 

Ҳар ҷо, ки гулест, сад қиёмат соз аст,

Андохтани ранги ниёзу ноз аст.

Маҳрум набошад гуле аз нағмаи ишқ,

Дар бӯйи мулавванаш ҳазор овоз аст.

 

 

СИПЕҲРОНИ СИПЕҲР

 

Он гуна баландем ба мастӣ зи аласт, 

К-он абри сипеҳрони сипеҳр аз мо паст.

Дар ҳеҷ хуму май набувад мастии мо,

Мастем, чунонки май бувад аз мо маст.

 

 

ҲУНАР АСТ

 

Бебол ба сад бол паридан ҳунар аст,

Бебелаву даст об буридан ҳунар аст.

Дар ишқ агарчи сад Зулайхо бошӣ,

Дил додаву Юсуф нахаридан ҳунар аст.

 

 

ГУЛ ДАР ГУЛ

 

Гул дар гули боғ ман гирифтам бӯят,

Гул қадр надошт бе қади дилҷӯят.

Сад шукри Худо, ки дар азал бинвиштаст

Тақдири маро бо қалами абрӯят.

 

 

ЗАБОН МЕСӮЗАД

 

Эй вой, агар гуле насиби зоғ аст,

З-ин қисмати гул ҳазор булбул доғ аст.

З-ин доғ чӣ гӯям, ки забон месӯзад,

Ҳар доғи дигар ба нисбати он боғ аст.

 

 

ЛОЛАИ ЗУЛФ

 

Донӣ, ки ба гӯши гул саҳар булбул гуфт,

Ин гӯши мулаввани ту ҳарфе нашунуфт.

Дай рафту магар баҳор омад, к-имрӯз

Дар зулфи баланди ёри мо лола шукуфт.

 

 

ОБ АЗ САР ГУЗАШТ

 

Бедории мо ба ҳасрати хоб гузашт,

Чун хоб шудем, умри ноёб гузашт.

Ҳар он чӣ гузаштанист, аз мо нагузашт,

Мо ташна будем, аз сари мо об гузашт.

 

 

НОЛАИ БОД

 

Дар най дамаду зи нағмаи най  шод аст,

Ангор, ки гӯше ба сурӯше додаст.

Чун нолаи най ба самъи ҷон ояду бас,

Нола(е)й, ки расад ба гӯш, нола(и)й бод аст.

 

 

САРМОЯИ УМР

 

Сармояи умрам дили огоҳи ман аст,

Огаҳдилиам ҷалолу ҳам ҷоҳи ман аст.

Дунболаравии раҳи ман осон нест,

Роҳе, ки барад ба осмон, роҳи ман аст.

 

 

ҲАСРАТИ ОҒӮШ

 

Армони дилам дар лаби хомӯши ту сӯхт,

Гул шарм намуду дар баногӯши ту сӯхт.

Як бор агар васлати ту сӯхт маро,

Сад бори дигар ҳасрати оғӯши ту сӯхт.

 

 

ГУЛИ КОҒАЗ

 

Гулҳои чаман нест гули ораз ҳеҷ

В-ин чашмаи Хизр нест оби раз ҳеҷ.

Ишқ аст, ки булбул ҳама шавқ асту навост,

Мурғе насарояд ба гули коғаз ҳеҷ.

 

 

ҲИММАТИ ДАРЁ

 

Он ҷо, ки бувад адлу ризо соҳибтоҷ,

Ҳаргиз нашавад касе ба нокас муҳтоҷ.

Дарё, ки зи ҳиммат дили дарё дорад,

Осеб набинад зи шикасти амвоҷ.

 

 

НАФАССАРД

 

Дар дидаи ӯ ҳуру малак--мӯру малах,

Дебои биҳишт бӯрё бошаду шах.

Бо ин ҳама сардии нафас, к-ӯ дорад,

Дар дӯзах агар равад, кунад дӯзах ях.

 

 

ТАЪРИХИ ХУНИН

 

Аз ҳар дами мо кашида шеван таърих,

Ҳарчанд ба ҷони мост ҷавшан таърих.

Аз хуни фақирон набувад ҷойи сухан,

Аз хуни паямбарон мулавван таърих.

 

 

ҲИЛЛА – АЁРИ ҲАҚ

 

Онон, ки ба ростон гарав бохтаанд,

Мисро ба тарозуи зар андохтаанд.

Бишнохта пок он сақатиҳошонро,

Ҷуз ҳилла аёри ҳақ набишнохтаанд.

 

 

НА БО ШИРУ НА БО ҶОН

 

Ҳар чиз, ки сахт ояд, осон наравад,

Имкон равад аз даст, ки имон наравад.

Ишқе, ки ба даҳр зиндаҷонам дорад,

Бо шир наомадасту бо ҷон наравад.

 

 

ОҲАНГИ ДАРУН

 

Даврон гузарону даври дун меояд,

Хунё гузарону бӯйи хун меояд.

Чун созу навойи худ дигаргуна кунам,

К-оҳанги бурунам зи дарун меояд.

 

 

ЧАҲОР МАЗҲАБ

 

Оне, ки бикард чор дарё эҷод,

Аз адл даре ба чор сӯ ҳам бикушод.

То он ки биҷӯяд раҳи ҳақ аҳли башар,

Аз чор тараф чаҳор мазҳаб ҳам дод.

 

 

ПОЗАҲР

 

Некӯ масале ба қавли мардум бошад,

Ҳар дарди бад аз давои бад гум бошад.

Каждум, ки занад неш, давои заҳраш

Позаҳри  ягона боз каждум бошад.

 

 

САНГ ДИЛ ГАРДАД

 

Эй кош, дилат ба меҳр моил гардад

В-ин даст ба гарданат ҳамоил гардад.

Ағёр, ки бинанд туро дар бари ман,

Санге, ки бувад дар кафашон, дил гардад.

 

 

САМАРИ БЕСАМАР

 

Бебор чу аз бори дигар шод шавад,

Бошад ки замоне самаробод шавад.

Ҳарчанд дарахти бесамар бошад бед,

Гаҳвора вале ба тифли навзод шавад.

 

 

ШАСТИ КАҶ

 

То чанд фалак роҳи табоҳӣ гирад,

Аз мӯйи сияҳсарон сиёҳӣ гирад.

Амн аст магар ҷумла муҳите, к-он ҷо

Як шасти каҷаш ҳазор моҳӣ гирад?!

 

 

НОНИ МАРДУМ

 

Гӯё ки шумо роҳбару раҳ бурдед,

Ҷону дили худ барои мо озурдед.

Як умр сухан зи номи мардум гуфта,

Бо фанду фиреб нони мардум хӯрдед.

 

 

ОТАШИ ИШҚ

 

Ишқ аст, к-аз об оташи сӯзон созад,

Дар оташи хеш оҳане бигдозад.

Гар сарду дуруштӣ, оташаш об кунад,

Пас хӯлаи ту боз ба об андозад.

 

 

СОЯ ВА ОФТОБ

 

Хуршед, ки ҳар субҳ бадар мегардад,

Бар сар, ки расад, нури басар мегардад.

Дар рафтани офтоб аммо соя

Аз соҳиби худ дарозтар мегардад.

 

 

РӮСИЯҲУ ҶОМАСАФЕД

 

Ҳайф аст, ки армону умедат бибаранд,

Шодию фараҳ зи рӯзи идат бибаранд.

Чун зиндагии даҳр ҳама рӯсияҳ аст,

З-он гар биравӣ,  ҷомасафедат бибаранд.

 

 

ДОҒИ МАҲТОБ

 

То дил нашавад об, гиле боғ шавад,

Дар шӯразамин чаман шавад, роғ шавад?!

То доғи сиёҳи шаб бишӯяд маҳтоб,

Рӯяш зи сияҳрӯии шаб доғ шавад.

 

 

ХОҲАД МОНД

 

Баъд аз сари ман, ки шеъри ман хоҳад монд,

Шеърам ба дили халқи ватан хоҳад монд.

Аз неши халида бар дили хунинам,

Гулғунчаи рангини сухан хоҳад монд.

 

 

ҒАЗАЛ  Ё  БАҒАЛ?

 

Бар гӯши ту гӯям ғазаламро чун бод, 

Сӯйи ту кушоям бағаламро дилшод.

Чун боди сабо кунад ба зулфат бозӣ,

Бошад зи ғазал ё зи бағал орӣ ёд.

 

 

ХАТАРИ ИШҚ

 

Ин ишқу ҳавои ту маро ларзонад,

Он сон ки дарахтро сабо ларзонад.

Ларзонад агар шохаи мо, хуш бошад,

Э вой, агар решаи мо ларзонад.

 

 

ТУХМИ  ЗИНДАГӢ

 

Ин абри баҳор нолазо меборад,

Бо нола ба хоки мурда ҷон меорад.

Кӯдак ҳама гирён ба ҷаҳон меояд,

Ашк аст, ки тухми зиндагӣ мекорад.

 

 

ТАҲИ ХОКУ РӮЙИ ХОК

 

Маъюс машав, ки сур мебояд шуд,

Дар зулмати шом нур мебояд шуд.

То сабз шавӣ чу дона дар рӯйи замин,

Аввал таҳи хок гӯр мебояд шуд.

 

 

ДАСТИ АСО

 

То кай ба абас дарси вафо бояд дод,

Ин умр ба беҳуда чаро бояд дод.

То дасти мадад диҳад асоят, аввал

Дасти хиради худ ба асо бояд дод.

 

 

ГАРДУНИ БЕДОР

 

Имшаб шаби ёду чашми бехоб бувад,

Дар баҳри само заврақи маҳтоб бувад.

Чун ёр, ки бедор ба ёди  ёр аст,

Гардун ҳама бедору замин хоб бувад.

 

 

ШОДӢ ГУЗАРАД…

 

Гуфтам, гузарад умру ғамам кам гардад,

Ҳар рӯз вале ғаме ба ғам зам гардад.

Як лаҳза агар насиби шодиям ҳаст,

Шодӣ гузарад,  баробари ғам гардад.

 

 

МЕСӮЗАД

 

Ҷонам туву ҷони дигарам месӯзад,

Н-ойӣ ба барам баргу барам месӯзад.

То оташи ишқат ҷигарам месӯзад,

Аз оташи дил хушку тарам месӯзад.

 

 

СУБҲИ ДУРӮҒИН

 

Аз рӯзи азал расми ҷаҳон ин бошад,

Гар меҳр набошад ба дилат, кин бошад.

Тарсам зи шаби дарози ялдое нест,

Тарси ман аз он субҳи дурӯғин бошад.

 

 

АЗ МОСТ, КИ…

 

Ҳар ришта канад, боз ба ҳам баста шавад,

Бояд гираҳе хурад, ки пайваста шавад.

Шохе, ки бурида гардад аз банди дарахт,

То решаи худ бурад, табардаста шавад.

 

 

НИЁЗИ  ПАЯМБАР

 

Роҳе, ки тавонадат ба маҳфил бибарад,

Шояд, ки шабе ба маҳфили дил бибарад.

Баъзан натавонад, ки паямбар ҳатто

Бе маркабу курра раҳ ба манзил бибарад.[1]

 

ТОҶИ ХУРӮС

 

Доданд туро, чор арӯсат доданд,

Аз шуғл фақат канору бӯсат доданд.

Корат ҳама гирди мокиёнҳо гаштан,

Ин тоҷ магар тоҷи хурӯсат доданд?!

 

ОЙИНА БИШАВ!

 

Бар рӯй мадав, ки обрӯят резад,

Бадхӯй машав, кина ба дил омезад.

Зангори дили сиёҳи худро бизудо,

Ойина бишав, соя зи ту бигрезад.

 

ГАРМУ САРД

 

Ҷое, ки бувад сард, бувад гарм зи дард,

Фарқ аст миёни гули сурху гули зард.

Ҳоло на фақат хона, ки дунё сард аст,

Дилгарм чӣ сон шавам дар ин олами сард?!

 

 

ЧИЛЧАРОҒИ  ХУРШЕД

 

Хуршед, ки чилчароғи хеш афрӯзад,

Сӯяш назаре кас натавонад  дӯзад.

Ҳар кас, ки аз ӯ лек бигардонад рӯ,

Дар зулмати бардавом рӯяш сӯзад.

 

 

ГАРДУНИ ФИТНА

 

Ҳар кас ба фанои самараш мегиряд,

Дил об шавад, чашми сараш мегиряд.

Ғам нест, вале зи кишти худ гардунро,

Ин фитна ба домони тараш мегиряд.

 

 

ДЕВОРИ НАМКАШ

 

Кас хӯрд чу пеши по, парӯ меафтад,

Як бор афтад, аз обрӯ меафтад.

Аз ҳар чӣ вале ту нам макаш чун девор,

Девор, ки нам кашад, фурӯ меафтад.

 

 

ШИРИНУ ШАКАРЛАБ

 

Ҳар ҷо, ки шакарлабест, ширин нашавад,

Дилдодаи он, шефтаи ин нашавад.

Ин ёр, ки чун насим бар мо гузарад,

Сад ҳайф, ки дер ояду дерин нашавад.

 

 

НА БУЛБУЛУ НА ЗОҒ

 

На хандаи лолаву на доғе монад,

На сабзаи роғеву на боғе монад.

Афсӯси баҳору дай махӯр беҳуда,

На булбули зореву на зоғе монад.

 

 

ЗОҒ  БУЛБУЛ  ГАРДАД

 

Кай хори хасак шукуфтаву гул гардад,

Ё аккаи бадсигол сулсул гардад?

Бар сина дароядам вале  зоғи сиёҳ,

Аз ишқи туам шунида булбул гардад.

 

 

ВАЪДАСЕР

 

То кай гӯйӣ, ки гул ба Наврӯз дамад,

То он зи дилам оҳи ҷигарсӯз дамад.

Аз ваъдаи фардои дурахшон серам,

Хуршеди Худо барои имрӯз дамад. 

 

 

[1] Ишора ба Китоби Муқаддас, Инҷили Мато, боби 21, ояҳои 1-2:

«... Исо ду нафар аз шогирдони худро фиристод. Бад-эшон гуфт дар ин қария, ки пеши рӯи шумост, биравед ва дарҳол улоғе бо куррааш баста хоҳед ёфт, онҳоро боз карда назди ман биёваред.

Ва ҳар гоҳ касе ба шумо сухане гӯяд, бигӯед, Худованд бад-инҳо эҳтиёҷ дорад, ки филфавр онҳоро хоҳад фиристод.»